joomla
free templates joomla

Шуъбаи география

Маълумотномаи Шуъбаи география ва
зонди кунии фосилавии назди Раёсати АМИТ
   Таъсисёбии Шуъба. Шуъбаи географияи дар оғози таъсисаш соли 1961, ҳамчун Шурои омӯзиши қувваҳои истеҳсолӣ бо 86 воҳиди корӣ таъсис дода шуда буд. Шуъбаи мазкур, соли 2010 баста шуда боз соли 2011 ҳамчун Шуъбаи географияи назди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав бо 10 воҳиди корӣ ба фаъолият оғоз кард.
Бо қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, №89 аз 23. 08. 2021 сол, бо мақсади ташкил ва гузаронидани таҳқиқот бо истифода аз усулҳои кайҳонӣ Шуъбаи географияи назди Раёсати АМИТ номи Шуъбаи география ва зондикунонии фосилавро (отдел географии и дистанционного зондирования) гирифт.
Вазифаҳои асосии Шуъба чунинанд:
омӯзиши минтақаҳои (ноҳияҳои) табиӣ, ҷузъҳои муҳити зист, сарватҳои табиии Тоҷикистон;
- таҳқиқоти физикӣ-географӣ ва ландшафтӣ;
- баҳисобгирии пурраи картографии сарватҳои табиии Тоҷикистон;
- иштироки фаъолона дар таъсиси Энсиклопедияи Миллии Тоҷикистон, Атласи Миллии Тоҷикистон, кори Ҷамъияти географии Тоҷикистон;
- гузаронидани таҳқиқоти антропометрӣ;
- омӯзиши шакли ташаккули захираҳои обӣ (кӯлҳо) дар шароити тағйирёбии иқлим;
- омӯзиши масъалаҳои пиряхшиносӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва тахриби табиат, хусусиятҳои паҳншавии минтақаҳои яхзада дар қаламрави ҷумҳурӣ;
- омӯзиши таърихи табиат, сарватҳои табиӣ ва топонимияи қаламрави Тоҷикистон;
- ташвиқ ва тарғиби маърифати географӣ, сайёҳӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ;
- рақамикунонии маводи харитасозӣ, GIS-харитасозии захираҳои рекреатсионии Тоҷикистон;
- тайёр кардани кадрҳои баландихтисос (магистрҳо, номзадҳои илм, PhD-докторҳо, докторҳои илм) дар соҳаҳои география, картография, антропометрия ва дигар илмҳои ҳамрадиф;
- таҳия ва нашри монографияҳо, маҷмӯаҳои мавзӯӣ, брошюраҳо, инчунин китобҳои дарсӣ барои донишгоҳҳо, мактабҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ;
- дигар фаъолияти илмӣ, методӣ ва таълимӣ.
     Самтҳои фаъолияти илмӣ.
- омӯзиши минтақаҳои (ноҳияҳои) табиӣ, ҷузъҳои муҳити зист, сарватҳои табиии Тоҷикистон;
- таҳқиқоти физикӣ-географӣ ва ландшафтӣ;
- баҳисобгирии пурраи картографии сарватҳои табиии Тоҷикистон;
- иштироки фаъолона дар таъсиси Энсиклопедияи Миллии Тоҷикистон, Атласи Миллии Тоҷикистон, кори Ҷамъияти географии Тоҷикистон;
- гузаронидани таҳқиқоти антропометрӣ;
- омӯзиши шакли ташаккули захираҳои обӣ (кӯлҳо) дар шароити тағйирёбии иқлим;
- омӯзиши масъалаҳои пиряхшиносӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва тахриби табиат, хусусиятҳои паҳншавии минтақаҳои яхзада дар қаламрави ҷумҳурӣ;
- омӯзиши таърихи табиат, сарватҳои табиӣ ва топонимияи қаламрави Тоҷикистон;
- ташвиқ ва тарғиби маърифати географӣ, сайёҳӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ;
- рақамикунонии маводи харитасозӣ, 018- харитасозии захираҳои рекреатсионии Тоҷикистон;
- тайёр кардани кадрҳои баландихтисос (магистрҳо, номзадҳои илм, PHD -докторҳо, докторҳои илм) дар соҳаҳои география, картография, антропометрия ва дигар илмҳо.
- таҳия ва нашри монографияҳо, маҷмӯаҳои мавзӯӣ, брошюраҳо, инчунин китобҳои дарсӣ барои донишгоҳҳо, мактабҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ;
дигар фаъолияти илмӣ, методӣ ва таълимӣ.
Сардор: Маҷидов О. Ш. Ходими калони илмӣ, и.в. мудири Шуъба. Тел: 2210189.
Кормандон: Раҳматова Т. У., Котиби илмӣ.
Муҳаббатов Х., Ходими пешбари илмӣ.
Муртазоев У., Ходими калони илмӣ.
Ниёзов А. С., Ходими пешбари илмӣ.
Убайдуллоев У., Ходими калони илмӣ.
Самиев Ш., Ходими калони илмӣ.
Ниёзова М., Ходими калони илмӣ.
Раҳмонова Ф., Ходими хурди илмӣ.