Шӯъбаи сохтмони асосӣ
Шуъбаи сохтмони асосӣ дар раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳануз аз даврони таъсисёбии ин ниҳоди илмӣ фаъолият мекунад.
Шуъбаи мазкур вазифадор аст ҳамаи корҳои сохтмониро ё худ ба сохтмон тааллуқдоштаро дар муассисаҳои илмии АМИТ назорат кунад.
Ҳамчунин, тамоми ниҳодҳои илмии зертобеи АМИТ - ро шуъбаи мазкур бар дӯш дошта, то кунун ҳеҷ муассисаи зертобеъ аз АМИТ бо дахолати сохтмончиёни раёсат бе таъмир намондааст.
Шуъбаро аз соли 2015 инҷониб мутахассиси соҳаи сохтмон ва меъморӣ Фаридун Раҳмонов сарварӣ мекунад.
Дар шуъба бо дарназардошти меъёрҳои вазифавӣ се нафар мутахассиси соҳаи сохтмон фаъолият доранд.