joomla

04:53, 22nd November 2019
Ноябр 2019
ЯДСЧПҶШ
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
free templates joomla

Китобхонаи марказии илмии ба номи И. Ганди

Китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1933 таъсис дода шудааст. Вазифаи асосии китобхона хизматрасонии иттилоотию библио-графӣ ба олимон, мутахассисон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аспирантҳо, донишҷӯёни курсҳои боло ва як қатор категорияҳои дигари хонандагони Тоҷикистон мебошад.

Дар айни замон хазинаи ягонаи китобхона бештар аз миллион нусхаро ташкил медиҳад.

Китобхона дорои китобҳои илмӣ ва илмии оммавӣ буда, ба хонандагони худ китобҳоро оид ба математика, физика, химия, геология ва илмҳо оид ба Замин, сейсмология, тиб, биология, таърих, филология, фалсафа, иқтисоди-ёт, ҳуқуқ, сотсиология, сиёсатшиносӣ, мардумшиносӣ ва илмҳои дигар пешниҳод менамояд. 


Хазинаи китобии китобхона аз китобҳо бо бештар аз 20 забонҳои дунё, ҳамчунин китобҳои нодир иборат аст. Ифтихори китобхона осори коллексияҳои шахсии олимон С. Олденбург, М.Андреев, Е.Павловский, И.Нарзикулов, М.Осимов ва дигарон мебошанд.

Китобхонаи академӣ маҷаллаҳои илмии Академияи илмҳои Россия, давлатҳои ИДМ ва хориҷи дурро дастрас намуда, ҳар сол авто-рефератҳоро мегирад ва хазинаи худро бо диссертатсияҳо пурра мегардонад. Афзалияти асосии Китобхонаи академӣ ин - бо сарчашмаҳои асосӣ ҳам дар шакли анъанавӣ ва ҳам дар шакли электронӣ пурра таъмин будани он ва  рушди ҷӯстуҷӯи шабакавии масофавӣ мебошад.

Дар айни замон китобхона ба бештар аз 14 ҳазор хонанда хизмат расонида, қироатхона, ҳамчунин 20 адад компютер бо дастрасӣ ба Интернетро соҳиб аст. Дастгоҳи ҷӯстуҷӯии анъанавии китобхонаро ҳоло бештар аз чаҳор миллион карточка, каталогҳо ва картотекаҳо, ҳамчунин хазинаи адабиёти иттило-отию библиографӣ бо бештар аз 15 ҳазор нусха ташкил медиҳад. Тавассути Интернет китобхона ба истеъмолкунандагон имконияти гирифтани иттилоотро аз маҷаллаҳои илмӣ бо бештар аз 7 ҳазор номгӯй бо забонҳои гуногун фароҳам овардааст.

Дар рушди хизматрасонии иттило-отию библиографӣ афзалиятнок он аст, ки ба хонандагон маводҳои иттило-отии байналмилалӣ пешниҳод карда мешавад ва бо ин мақсад версияҳои электронӣ бо матни пурра истифода мегарданд. Дар ин замина ҳамчунин захираи иттилоотии ватанӣ ба вуҷуд оварда шудааст.

Ба мақсади мукаммалгардонии хазинаи китобӣ ва мӯътадилгардонии истифодаи биноҳои китобхона дар китобхона шӯъбаи ҳифзи депозиторӣ амал мекунад, ки дар он адабиёти камталабот ҷойгир карда шудааст. Ҳар сол китобхона як қатор намоиш-гоҳҳоро бахшида ба санаҳои ҷашнии арбобони илм ва фарҳанг, робитаҳои дӯстонаи ҷумҳурӣ бо давлатҳои дигар доир менамояд. Мисоли ингуна фаъолият дар соли 2010 гузаронидани намоишгоҳи маҷаллаҳои Россия мебошад, ки онҳоро ширкати калон-тарини «Информнаука» пешниҳод намудааст. 


Яке аз муҳимтарин вазифаҳои китобхона оммавӣ гардонидани донишҳои илмӣ, ташвиқи даст-овардҳои илм дар Тоҷикистон мебошад. Ба ин мақсад китобхона маводҳоро ба Библиографияи олимони Тоҷикистон ба нашр омода менамояд. Умуман, Библиографияи олимон 102 шумора нашр карда шуд.

Дар соли 2011 китобхона таъсиси версияи электронии библиографияи асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро анҷом дод.

Китобхона олимон ва мутахас-сисонро аз хориҷа қабул мекунад, ба баланд шудани сатҳи касбии кормандони худ мусоидат менамояд, барои таҷрибаомӯзии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ замина мебошад, конференсия ва семинарҳо мегузаронад. Масалан, соли 2009 семинари байналмилалии «Китобхона дар фазои ҳамкориҳои гуманитарӣ»-ро гузаронид.

Дастрасӣ ба Интернет имконият дод, ки хазинаи виртуалии китобхона афзун гардад, дар Интернет ҷойгир намудани каталогҳои электронӣ китобхонаро дар қолаби ИРБИС таъмин намуд, ки аз онҳо каталогҳои диссертатсияҳо ва авторефератҳо серталабот мебошанд. Китобхона барномаи GREENSTONE-ро барои рушди китобхонаи электронии захираҳои хусусӣ, ки дар Интернет ҷойгиранд, татбиқ намуд. Махсусан зикр кардан мебояд, ки ин таъминоти барномавӣ барои густариш ва татбиқ дар Тоҷикистон ояндадор мебошад.

Аз соли 2004 Китобхонаи академӣ дар лоиҳа оид ба ҳифз ва дастрасӣ ба китобҳои нодири дар китобхона маҳфузбуда бо роҳи рақамгузорӣ кор мекунад. Дар айни замон 7 диски компютерӣ бо версияҳои электронии китобҳои нодир ҷамъоварӣ карда шудааст.

Китобхонаро Интернети фахрӣ бо ҷоизаи «Барои беҳтарин сайти маърифатӣ»-и Тоҷикистон сарфароз гардонид. Ин шаҳодати афзудани имконияти китобхона ба техноло-гияҳои иттилоотӣ мебошад.

Дар Тоҷикистон равиши истифодаи фаъолонаи технологияҳои иттилоотии телекоммуникатсионӣ дар таъмини таҳқиқоти илмӣ, дар фаъолияти китобхонаҳо зоҳир шуда истодааст. Миқдори дархостҳо ба каталоги электронӣ зиёд мешавад, ҳамчунин миқдори истифодабарандагон ба китобхонаи электронӣ, аз ҷумла истифодакунандагон аз хориҷа афзуда истодааст.

Китобхона бошуурона сиёсати амалисозии лоиҳаҳои электрониро ташаккул медиҳад. Истифодаи версия-ҳои электронии манбаъҳои иттилоотӣ имрӯз зарурат пайдо намудааст ва китобхона тамоми кӯшиши худро барои таъмини дастрасӣ ба онҳо дар реҷаи online равона мекунад. Барои тавсиаи дастрасии вертуалӣ ба сарчашмаҳои аснодии ватанӣ китобхона ба лоиҳаи байналмилалии Китобхонаи ҷаҳонии рақамӣ ҳамроҳ шудааст.

 

734025, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, хиёбони Рӯдакӣ, 33,

т. (99237) 221-43-02