joomla
free templates joomla

Бахши ҳуқуқ ва матбуот

   Бахши ҳуқуқ ва матбуоти раёсати АМИТ бо дар назардошти ваколат ва вазифаҳое, ки бар дӯш дорад, ғолибан дар ҳамкорӣ бо васоити ахбори омма, радиову телевизионҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ қарор дошта, доимо аз фаъолияти муассисаҳои илмии зертобеи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузоришҳо омода менамояд. Масъулини бахш бинобар тадбирҳо ва чораҳои муфид фаъолияти илмии аъзои пайваста ва вобастаи АМИТ мақолаҳои ихтисосӣ таҳия намуда, дар густариши ҷаҳонбинии илмии ҷомеаи Тоҷикистон ва тарзи тафаккури техникӣ саҳмгузор мебошанд. Лозим ба ёдоварист, ки бахши мазкур дар таъмин намудани фазои иттилоотии илмӣ масъул буда, ҷиҳати рушди бемайлони иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамон маводи зарурӣ омода менамоянд. Бояд мутазаккир шуд, ки бахши мазкур дар омодасозии ҳамкориҳо байни муассисаҳои илмӣ ва иттилоотии кишвар нақши муассир гузошта, дар таблиғи андешаҳои дунявӣ ва созмон додани бархурдҳои рақобатпазир миёни ҷаҳонбинии илмиву динӣ сахткуш мебошанд.
   Дар бахши ҳуқуқ ва матбуот 3 нафар корманд (котиби матбуотӣ, сармутахассис ва мутахассиси пешбар) фаъолият менамоянд.