joomla

05:05, 20th November 2019
Ноябр 2019
ЯДСЧПҶШ
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
free templates joomla

Ноибони президенти АИ ҶТ

Муминов Ҳикмат Ҳалимович 

    Ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи АИ ҶТ, академики АИ ҶТ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор

  Самтҳои асосии тадқиқоти илмӣ: физикаи назариявӣ, назарияи майдон, физикаи муҳитҳои конденсӣ, физикаи математикии ғайрихаттӣ, наномаводҳо.

   Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро аз рӯи ихтисоси “физика” хатм намудааст (с. 1988), доктори илмҳои физика ва математика (с. 1996), академик (с. 2017, узви вобаста аз с. 2004, ихтисоси “физика”).

   Аспирантура (с.с. 1988-1992) ва докторантураи (с.с. 1993-1996) Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро дар Институти муттаҳидаи тадқиқотҳои ҳастаӣ (ш. Дубна, Федератсияи Россия) гузаштааст.

    Ходими пешбари Лабораторияи физикаи назариявии ба номи Н.Н.Боголюбови 

   Институти муттаҳидаи тадқиқотҳои ҳастаӣ (ш. Дубна, Федератсияи Россия, с.с.1996-1999).

   Профессори даъватшудаи Донишгоҳи Аврупои Марказӣ (ш.Будапешт, Венгрия, с. 2002).

   Профессори даъватшудаи Бунёди Фулбрайт дар Институти технологии Массачусетс (ш. Кембриҷ, Иёлоти Муттаҳида Амрико, с. 2005).

  Профессори кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (с.с. 1999-2006), директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.с. 2006-2017), мудири Шӯъбаи наномаводҳо ва нанотехнологияи ИФТ  ба номи С.У.Умаров (аз с. 2008 – то ҳозир). 

   Муаллифи 6 монография, беш аз 300 мақолаи илмӣ, 7 патент барои ихтироот.

   Мукофотҳо: Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои дастовардҳо дар соҳаи илм ва техника (с. 1998 ); медали «20-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 2012); Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015 г.).

 

Cаидов Абдусаттор Самадович

    Ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шуъбаи илмҳои биология ва тибби АИ ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои биологӣ.

Самтҳои асосии тадқиқоти илмӣ: фауна, систематика, экология ва зоогеографияи ҳайвоноти ширхӯр, ҳифзи гуногунии биологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои олами ҳайвонот.

Факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ѓафуровро хатм намудааст (с. 1983), доктори илмҳои биологӣ (с. 2012), узви вобастаи АИ ҶТ аз рӯи ихтисоси «зоология» (с. 2017).  

Аспиранти Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи АИ ҶТ (солҳои 1986-1990).

   Ходими хурди илмӣ (солҳои 1988-1995), ходими илмӣ (солҳои 1995-1997), котиби илмӣ (солҳои 1997-2002), ҷонишини директор оид ба корҳои илмии (солҳои 2002-2003) Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи АИ ҶТ.

Директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи АИ ҶТ (солҳои 2003-2015).

И.в. саркотиби илмии АИ ҶТ (солҳои 2014-2017).

Ноиби Президенти АИ ҶТ, Раиси Шуъбаи илмҳои биология ва тибби АИ ҶТ (аз соли 2017 то ҳозир).

                Муаллифи беш аз 120 корҳои илмӣ, аз ҷумла 5 монография.

         Муҳаррири масъули нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми ҳайвонот, 2015, 2017).

         Сармуҳаррири маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шуъбаи илмҳои биология ва тиб» (аз соли 2017).

         Ба медали «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 2011) сарфароз гардонида шудааст; дорандаи Ҷоизаи байналмилалии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) дар соҳаи илм ва технология (2017); Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 2015).

 Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз

       Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, ноиби  президенти АИ ҶТ, доктори илҳои сиёсӣ , профессор

      Муҳаммад  Абдураҳмон  Наврӯз (Маҳмадов А.Н.),  25 июни  соли  1958 дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё  омадааст. Ӯ соли 1984 факултети забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии Кӯлобро хатм намуда, соли 1991 ба  шуъбаи рӯзонаи  аспирантураи Донишгоҳи давлатии Белорусия дохил шуда, рисолаҳои илмияшро дар ҳамонҷо дифоъ намудааст. Аз  ноябри соли 1994 доктори илмҳои сиёсӣ ва аз соли 2006 инҷониб  профессор мебошад.

     Номбурда дар  вазифаҳои  коргари оддӣ, муаллими калон, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, сармутахасиси шуъбаи илми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, муаллими калони Колеҷи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сармутахассиси шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Декани факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Машваратчии калон, Сардори шуъбаи амнияти иттилоотӣ, пешгӯӣ ва робитаҳои байналхалқии Дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст. Ҳоло  ноиби Президенти АИ ҶТ мебошад.    

Самтҳои асосии корҳои илмию таҳқиқотии профессор Муҳаммад Абдураҳмон чунинанд:

– таҳқиқи мазмуну мундариҷаи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асоснок намудани манфиатҳои ҳаётан муҳим ва бақодории мамлакат. Натиҷаҳои таҳқиқоти мазкур дар шакли монографияи илмӣ чоп гардида, барои омӯзиши паҳлуҳои гуногуни манфиатҳои ҳаётан муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим мебошад;

–  таҳқиқу таҳлили истиқлолияти сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, риторика ва баҳси сиёсӣ, назарияҳои сиёсии муосир, муқаддимаи идеяи миллӣ, сиёсатшиносии этникӣ. Натиҷаи таҳқиқотҳои мазкур на танҳо барои баланд бардоштани ҷаҳонбинии донишҷӯён, унвонҷӯён ва аспирантон, балки барои таълими фаннҳои ҷамъиятшиносӣ муҳимияти махсус доранд. Инчунин натиҷаи таҳқиқоти мазкур дар самти  беҳтар гардонидани таълиму тарбияи миллии насли наврас  муҳимияти махсус доранд.

– ҳамзамон, натиҷаи таҳқиқоти мазкур барои дуруст ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия ва таҳқиқотҳои илмӣ арзиши назариявию амалӣ доранд. 

    Муҳаммад А.Н. аз соли 2008 то соли 2012 раиси Шӯрои диссертатсиони КМ 737.004.04, аз соли 2013 то соли 2016 раиси Шӯрои диссертатсионии Д 737.004.09 ва аз соли 2016 то инҷониб раиси Шӯрои диссертатсионии Д 047.019.03 мебошад. Дар айни ҳол,  Раиси Шурои олимон, Сармуҳаррири  Ахбори  соҳавии  АИ ҶТ мебошад. Зери роҳбарии  ӯ  30 нафар унвонҷӯён ва аспирантон рисолаҳои номзадӣ ва 4 нафар рисолаҳои докторӣ дифоъ намудаанд.

    Муҳаммад А.Н. Президенти Академияи миллии Олимпии  Тоҷикистон (2004 то 2017),  Устоди варзиши собиқ  Иттиҳоди Шуравӣ оид ба гӯштини «Самбо» ва устоди варзиши  «гуштинигирӣ»  мебошад. Таҳти сарпарастии ӯ  3 нафар устодони варзиш оид ба гуштин тарбия ёфтаанд. Муаллифи  китобчаи «Фалсафаи варзиши Ибни Сино» ва дигар  дастурҳои  илмӣ-методӣ ва варзишӣ низ мебошад.

     Дар маҷмуъ,  муаллифи зиёда аз 170 мақолаҳои  илмию  таҳқиқотӣ, 6 монографияи илмӣ, 10 брошура ва 8 китоби дарсӣ мебошад.

    Роҷеъ ба шахсияти Муҳаммад Абдураҳмон ва таълифоти ӯ як китоби шарҳиҳолӣ  ду  брошура ва зиёда аз 8 мақола  навишта шудааст. Дар  Индекси иқтибоси илмии  Руссия (РИНЦ)  32 маводҳои чопӣ , 150 иқтибос ва   индекси хиршаш-5 мебошад).

         Муҳаммад А.Н., соли 2011 бо мукофоти давлатии «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида  шудааст. Соли 2018  устод  ба   Ҷоизаи  давлатии  ба номи  Абӯалӣ  ибни Сино  оид ба  илм ва техника мушараф гардидааст.

 Телефонҳо барои тамос:

(992 37) 221 69 91

(992 37) 221 61 16

(992 37) 221 32 23