Роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
ПРЕЗИДЕНТИ АИ ҶТ
ФАРҲОД РАҲИМӢ
Фарҳод Раҳимӣ соли 1968 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Доктори илмҳои физика ва математика, профессор, Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Соли 1992 факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо «Дипломи сурх» хатм намудааст.
Фаъолияти кории худро ҳамчун лаборанти калони кафедраи физикаи умумӣ шурӯъ намуда, солҳои 1992-1995 дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии шаҳри Дубна ба омӯзиш ва таҳқиқи ҳодисаҳои дохилиядроӣ, ки ба ҳаракати спинии электронҳо алоқамандӣ доранд, машғул гардид ва соли 1995 рисолаи илмиашро пеш аз мӯҳлат дифоъ намудааст.
Аз соли 1995 то соли 1997 ба ҳайси муаллими калони кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Солҳои 1997-2000 ба докторантураи донишгоҳ дохил гардида, барои идомаи таҳкиқоти илмӣ ба Пажӯҳишгоҳи муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии шаҳри Дубна фиристода шуд ва рисолаи докториро дифоъ намуда, соҳиби унвони илмии доктори илмҳои физика ва математика гардид.
Аз соли 2001 то июли соли 2005 ба ҳайси сардори Раёсати ҳамоҳангсозӣ ва ояндабинии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон фаъолият намуд.
Аз соли 2005 муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2006 ба ҳайси муовини аввали вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Номбурда муаллифи 4 монографияи илмӣ, 9 китоби дарсӣ, 5 дастури методӣ ва зиёда аз 115 мақолаи илмӣ мебошад, ки дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Голландия, Эрон, Қазоқистон, Германия ва дигар давлатҳо ба чоп расидаанд.
Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илм мебошад.
Соли 2011 бо Ордени «Шараф» дараҷаи 2 қадрдонӣ шуд.
Соли 2012 аз рӯи натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва саҳми онҳо дар рушди илми ҷаҳонӣ барандаи Ҷоизаи байналмилалии ЭКО дар соҳаи «Илм ва технология» гардид.
6 декабри соли 2013 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. Аз моҳи ноябри соли 2014 Раҳимӣ Ф.Қ. аъзои пайваста (академик)-и АИ ҶТ аз рӯи ихтисоси «Назарияи физика» мебошад.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.