joomla

04:27, 21st August 2019
Август 2019
ЯДСЧПҶШ
123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
free templates joomla

Кумитаи иттифоқи касабаи раёсати АИ ҶТ

  Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятиву ихтиёрӣ буда, кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муттаҳид менамояд ва тобеи Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 Фаъолияти иттифоқи касабаи Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва кафолати фаъолияти онҳо”, “Дар бораи ташкилотҳои ҷамъиятӣ”, «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи илм ва сиёсати давлатии илму техника” ва дигар санаду қонунҳои ҷумҳурӣ ва Оинномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

  Мақсад ва вазифаҳои Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маънавӣ  ва зеҳнии аъзои иттифоқи касаба мебошад.

  Мақоми олии роҳбарикунанда ва назораткунандаи Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи  иттифоқи касаба мебошад.

  Сохтори Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Комиссияи назоратӣ-тафтишотӣ 5 комиссияи доимоамалкунанда иборат аст:

  1. Комиссияи ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ;
  2. Комиссияи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ;
  3. Комиссияи ташкили корҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ;
  4. Комиссияи кор бо занон;
  5. Комиссияи  ҳифзи иҷтимоӣ-маишӣ ва ҳуқуқӣ.

  Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ташкилоти ибтидоӣ иборат аст:

  1. Кумитаи иттифоқи касабаи Институти математикаи АИ ҶТ;
  2. Кумитаи иттифоқи касабаи Институти астрофизикаи АИ ҶТ;
  3. Кумитаи иттифоқи касабаи Институти физикаву техникаи  ба номи С.У. Умарови АИ ҶТ;
  4. Кумитаи иттифоқи касабаи Институти химияи  ба номи В.И. Никитини АИ ҶТ;
  5. Кумитаи иттифоқи касабаи Институти  геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ;
  6. Кумитаи иттифоқи касабаи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика  ва экологияи АИ ҶТ;
  7. Кумитаи иттифоқи касабаи Муассисаи давлатии илмӣ-таҷрибавӣ ва истеҳсолии АИ ҶТ;
  8. Кумитаи иттифоқи касабаи Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии назди АИ ҶТ;
  9. Кумитаи иттифоқи касабаи Институти ботаника, физиология ва  генетикаи растании АИ ҶТ;
  10. Кумитаи иттифоқи касабаи Институти зоология ва паразитологияи  ба номи Е.Н. Павловскийи АИ ҶТ;
  11. Кумитаи иттифоқи касабаи Институти биологии Помир  ба номи Х.Ю. Юсуфбекови АИ ҶТ;
  12. Кумитаи иттифоқи касабаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии  ба номи Дониши АИ ҶТ;
  13. Кумитаи иттифоқи касабаи Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ  ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ;
  14. Кумитаи иттифоқи касабаи Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ  ва мероси хаттии  ба номи Рӯдакии АИ ҶТ;
  15. Кумитаи иттифоқи касабаи Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ;
  16. Кумитаи иттифоқи касабаи Институти илмҳои гуманитарии АИ ҶТ.

 ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33. Телефон барои тамос: 223-06-48