joomla

07:24, 17th September 2019
Сентябр 2019
ЯДСЧПҶШ
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930
free templates joomla

Китобхона

Китобхонаи марказии илмии баноми Индира Ганди АИҶТ

     Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қарори собиқ Шӯрои Комиссарони ИҶШС ва Президиуми Академияи илмҳои ИҶШС дар соли 1933 таъсис дода шудааст.

     Аз соли 1984 бо Қарори Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон ба Китобхона номи Индира Гандӣ дода шудааст.

Мақсад ва вазифаҳои Китобхона

     Мақсади фаъолияти Китобхона расонидани хадомоти ройгон ва ҳамаҷонибаи китобдорӣ, иттилоотӣ ва библиографӣ ба шаҳрвандон, Мақомоти Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсат, муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамагуна корхонаву ташкилотҳои илмӣ ва истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҷамъоварӣ ва ғанӣ гардонии хазинаи миллии адабиёти илмии чопӣ ва намудҳои дигари иттилоот яке аз барномаҳои асосии Китобхона аст.

     Китобхона хазинаи давлатии адабиёти илмӣ ва техникаи ватанӣ  ва хориҷӣ мебошад ва барои иҷрои ин вазифа фаъолиятҳои фавқро ба зимма гирифтааст:

- ҳамвора бо роҳи харидории адабиёти илмӣ – техникии дар Тоҷикистон ва хориҷи кишвар ба табъ расидаанд;

- ба истифодабарандагон пешниҳод намудани маҷмӯаи санадҳои ватанӣ ва хориҷии аҳамияти илмӣ дошта тавассути ҳамаи навъи воситаҳои чопӣ: анъанавӣ (нашрҳои чопӣ), электронӣ (дар компютер, компакт дискҳо), савтӣ (китобҳои гўё, овоздор), маҷозӣ (дастёбӣ ба манобеи Интернет);

- хизматрасонии китобдорӣ, иттилоотӣ, иттилоотию библиографӣ ба шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳҳо ва донишкадаҳои Тоҷикистон, корхонаҳои истеҳсолии  ватанӣ;

- коркарди илмӣ ва дастрасӣ ба фондҳои Китобхона тавассути низоми феҳристҳои анъанавӣ ва электронии муосир, фароҳам овардани китобхонаҳои электронӣ, манбаъҳои иттилоотӣ ва хазинаҳои маълумот, ташкили дастрасии озод ба онҳо ва дигар захираҳои иттилоотии ватаниву хориҷӣ, ширкат дар табодули иттилоотӣ;

- ташкил ва идораи беҳдошти депозитарии адабиёти илмию техникии ватанӣ ва хориҷӣ;

- ташкил ва пешбурди корҳои илмӣ – таҳқиқотию амалӣ дар соҳаи китобшиносӣ, китобхонашиносӣ, библиографӣ ва таърихи китоб;

- ташкилу татбиқи технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаи китобдорӣ;

- густариши робитаҳои мустақим бо китобхонаҳои кишвар ва мамлакатҳои хориҷӣ;

- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии рушди фаъолияти китобдорӣ;

- ширкат дар ҳамкориҳои байналмилилии соҳаи китобдорӣ;

- татбиқи дигар намуди фаъолиятҳое, ки ба мақсад ва вазифаҳои Низомномаи Китобхона мутобиқат мекунад.  

     Китобхона дорои дастгоҳи идорӣ буда, сохтори он аз 11 шӯъба иборат аст:

1. Шуъбаи мукаммалгардонии фонд. Вазифаи шуъба: пурракунии комили хазинаи Китобхона бо адабиёти илмӣ ва маводи иттилоотии нашрияҳои ватаниву хориҷӣ.

2. Шуъбаи феҳристнигорӣ ва мураттабсозии адабиёт. Вазифаи шуъба: татбиқи стандартҳои давлатӣ дар самти феҳристнигорӣ ва гурӯҳбандии адабиёти ба захира воридшуда, таҳияи феҳристҳои анъанавию электронӣ ва пешниҳоди онҳо барои истифодаи хонандагон.

3. Шуъбаи хизматрасонӣ. Вазифаи шуъба: роҳандозии хадамоти китобдорӣ –библиографӣ ба хонандагони Китобхона.

4. Шуъбаи маълумотдиҳии библиографӣ. Вазифаи шуъба: пешниҳоди маълумотномаҳои хаттиву шифоҳӣ ба хонандагон ва қонеъ намудани талаботи иттилоотӣ – библиографии онҳо.

5. Шуъбаи иттилоърасонӣ. Вазифаи шуъба: ҷорӣ намудани технологияи муосири иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар фаъолияти китобхона.

6. Шуъбаи адабиёти хориҷӣ. Вазифаи шуъба: фароҳамоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва тарғибу ташвиқи адабиёти хориҷӣ доир ба илмҳои математика, физика, кимиё, биология, шарқшиносӣ, санъатшиносӣ, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва дигар илмҳо, ки бо забонҳои арабӣ, форсӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ интишор ёфтаанд.

7. Шуъбаи адабиёти нодир. Вазифаи шуъба: ҳифзу нигоҳдории китобу рисолаҳои пуарзиши илмии нодиру камёб.

8. Шуъбаи ҳифзи адабиёти ватанӣ. Вазифаи шуъба: ҳифзу нигоҳдории китобҳо ва маводи ахборотӣ доир ба ҳамаи соҳаҳои дониш, ки ба забони давлатӣ ва дигар забонҳои давлатҳои ИДМ интишор ёфтаанд.

9. Шуъбаи депозитарӣ. Вазифаи шуъба: ҳифзу нигоҳдорӣ ва ба хонандагон пешкаш кардани китобҳои камталаб ва маводи иттилоотӣ, ки дар Китобхона маҳфузанд.

10. Шуъбаи хоҷагӣ. Вазифаи шуъба: таъмини беҳдошти амният ва ҳолати санитарии хазинаҳои китоб, шуъбаҳои Китобхона ва таъмин намудуни Китобхона бо васоити техникӣ ва маводи зарурии корӣ.

11. Шуъбаи маъмурӣ. Вазифаи шуъба: ба танзимдарории фаъолияти Китобхона, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо ва таъмини назорати фаъолияти онҳо дар китобхона.

     Ҳамаи шуъбаҳои Китобхона дорои нақшаҳои кори солона мебошанд ва фаъолияти мунтазами онҳо дар асоси ин нақшаҳо амалӣ мегардад ва ҳар сол ҳисоботи хешро ба Раёсати АИ ҶТ пешниҳод менамоянд.

Хазинаҳои китобхона

     Фонди умумии Китобхона 1174700 нусха ҳуҷҷатҳои чопиву электронии доир ба  соҳаҳои мухталифи илм ташкил медиҳад.

     Фонд дорои хусусияти универсалӣ буда, аз се бахш иборат аст: бахши китобҳо, бахши маҷаллаҳо ва бахши рӯзномаҳо.

      Адабиёти электронии илмӣ 130000 адад ва адабиёти бадеӣ 20000 ададро ташкил медиҳад.

    Ҷойгиршавии китобҳо дар хазинаҳо бо тартиби “мураттибӣ” роҳандозӣ шуда, китобҳои осебдида қисман тармим мегарданд.

     Адабиёти камталаб аз маҷмӯи хазинаи умумӣ  ҷудо карда шудааст ва дар хазинаи шуъбаи адабиёти депозитарӣ маҳфуз аст, ки берун аз шаҳри Душанбе (дар яке аз аз биноҳои Институти зоология ва парзитологияи АИ ҶТ) қарор дорад.

     Хазинаи адабиёт оид ба санъат аз хазинаи умумӣ ҷудо карда шудааст ва дар толори алоҳида маҳфуз аст.

   Хазинаи адабиёти нодир ва хазинаи рисолаҳои илмӣ дар байни муштариёни Китобхона бештар мавриди истифода қарор  мегиранд.

  Моҳи сентябри соли 2015 Китобхона аз хазинаи худ пеш аз 7 ҳазор нусха китобро ҷудо намуда, ба китобхонаи навбунёди шаҳри Ҳисор аз номи Раёсати АИ ҶТ эҳдо кард.

Хизматрасонӣ ба муштариён

     Дар соли 2015 шумораи умумии хонандагони китобхона ба  9000  нафар расид. аз ҷумла:

Кормандони илмӣ            8853 нафар

Докторантҳо                       12 нафар

Аспирантҳо, унвонҷӯён   90 нафар

Магистрҳо                           45 нафар

     Доман афрохтани намуди электронии манбаъҳои итиллотӣ тақозо мекунад, ки истифодаи  он зарурати рӯзмарра бошад.

     Дар ин самт Китобхона барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти хонандагон ба манобеи муҳими иттилоотӣ феҳристҳои электрониро дар низоми on-line фаъол ва дастраси хонандагон гардонидааст.

Барномаи иноватсионии китобхона

   Ворид шудани технологияи ҷадиди иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо барои ҳалли  бештари масоили марбут ба мубодилаи китобҳо ва қонеъ намудани талабу дархости хонандагони китобхонаҳои гуногун ба адабиёти ниёзи хониш мусоидат карда, имкон дод, ки новобаста аз макони нигоҳдории манбаъҳои иттилоотӣ, дастёбӣ ба онҳо озод ва саривақтӣ бошад. Ба ин васила рушди интишори китобҳои электронӣ, ташаккули манобеи электронии марказҳои иттилоотӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

   Соли 2015 натиҷаи ҳамкориҳои судманд ба роҳбарияти Китобхона имкон дод, ки феҳристҳои электронии худро дар платформаи боэътимоди интернетии Китобхонаи оммавии илмӣ-техникии  Россия (ГПНТБ) ҷойгир намояд ва ба ин васила дастрасии хонандагони аслӣ ва маҷозии Китобхонаро ба манобеи  электронӣ таъмин созад.

  Дар соли 2015 Китобхона таҳияи феҳристҳои электронии “китобҳои нодир”, китобҳои тибқи лоиҳаи “Китобхонаи Пушкин” ба Китобхона воридшуда, феҳристи электронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва феҳристҳои электронии коллексияҳои шахсии олимон (М.Осимӣ, М.Андреев ва С.Олденбург) – ро ба охир расонидааст.

   Ҳамзамон корҳои амалии вобаста бо ташаккул додани китобхонаи электронӣ,  нусхабардории китобҳое , ки ниёз ба хониши онҳо бештар аст, идома  дорад. Ин иқдом имкон дод, ки тавассути ҳомилҳои электронӣ (дискҳои компютерӣ) ва  матнҳои нусхабардоришуда (scaner шуда), захираи китобхонаи электронии Китобхона ғанӣ гардад. Ҳамаи фаъолияти Китобхона дар самти бунёд ва ташаккули китобхонаи электронӣ, мувофиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи муаллиф роҳандозӣ карда мешавад.

  Китобхона барои дастрасии мунтазам ба адабиёти илмӣ ва таълимӣ, тавассути толори интернетии худ муштариёнро бо “Китобхонаи вертуалии илмии Тоҷикистон”, ки дорои 16,5 ҳазор маҷаллаҳои илмӣ ва 12,8 млн мақолаҳои илмӣ ва “Системаи китобдории электронии Россия “Книга-Фонд”, ки дорои 152 ҳазор адабиёти илмӣ мебошад ҳамаруза мепайванданд.

     Моҳи апрели соли 2015 Китобхона дар ҳамкорӣ бо намояндаи Муассисаи истеҳсолкунандаи  Барномаи ИРБИС барои китобдорони шаҳри Душанбе семинари омӯзиширо оид ба истифодаи барномаи “Феҳрисҳои электронии ИРБИС” доир намудааст.

     Дар соли 2015 дар Китобхона беш аз 25 намоиши китоб бахшида ба ҷашнвораи олимони шинохтаи Тоҷикистон, аз ҷумла бахшида ба фаъолияти Абдуллоев Х.Х., Ашӯров Ғ.А., Каримов Х.Х., Мирсаидов У.М., Ақназаров О.А., Сангинов Б.С., Соложенкин П.М. ташкил карда шуд.

     Барои иштироки фаъол дар намоиши байналмилалии “Китоби Душанбе-2015”, Китобхонаи АИ ҶТ сазовори ифтихорномаи Вазорати фарҳанги ҶТ гардид.

     Китобхона барои муаррифии дастовардҳои илмии олимони Тоҷикистон пайваста аз воситаҳои муассири тарғиботӣ истифода мекунад. Ба ин мақсад, Китобхона дар таҳия ва интишори силсилаи дастурҳои библиографяи шарҳиҳолии олимони тоҷик саҳм мегузорад. Масалан, дар соли 2015 мутахассисони Китобхона 13 номгӯй китобномаҳои шарҳиҳолии олимон ва библиографияи “Китоби Сурхи Тоҷикистон” – ро таҳия карданд.

     Шуъбаи иттилоотӣ – библиографии Китобхона дорои хазинаи нодири маълумотдиҳӣ – библиографӣ мебошад, ки аз донишномаҳо, фарҳангҳои энсиклопедӣ, луғатномаҳои забонӣ, солномаҳо, тақвимҳо, маълумотномаҳо иборат аст.

Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии АИ ҶТ 
Суроға: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33 
Тел.: (+99237) 221-43-02, 221-42-70

Сомона:http://acadlib.org 
G-mail.com: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.