joomla
free templates joomla

РАҲНАМОИ МИЛЛАТ

(Дар маънии ин ки миллатҳоба раҳбарисиёсие ниёз доранд, ки барояшон раҳнамобошад, тафсири шеъри Ниҳонӣбоунвони “Васфи Пешво)

       Як сухан гӯем аз андешаи аҳли назар,

       Пешво маҳбуб карда ин Ватан баҳри башар.

       Тафсири байти аввал бар ин минвол хоҳад буд: Бешубҳа тибқи андешаи саҳеҳ Пешвои муаззами миллат тариқи баромадҳо ва суханрониҳои пурмуҳтаво аз минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ Ватани моро муаррифӣ кардааст, вале омили аслии маҳбуб шудани Ватан ниҳоди ботинии Пешвост, ки дар пояи башардӯстӣ аз ҷониби хурду бузург истиқбол мегардад.

       Ин Ватан буд, ки барои халқи мо Сарвар бизод,

       Сарнавишти давлату миллат ба дасти ӯ бидод.

       Яъне шоир дар байти сонӣ иқрор мекунад, ки пайдоиш ва густариши тафаккури раҳбарӣ дар Сарвари давлат бо мурури вақт дар дохили кишвар ва дар муҳити тоҷикон суръат гирифт ва маҳз ҳамин халқ буд, ки сарнавишти хешро ба Сарвари худ боварӣ карду ӯро ба ҳайси Пешво интихоб намуд.

       Бе гувоҳ собит шуд ӯ ҳувияти миллии мост,

       Дар амал исбот кард ӯ ҳақ ҳамеша Пешвост.

       Ҳувияти миллии мову дигарон дар заминаи раҳбарии Пешво асос меёбад. Бинобар ин, шоир ин ҷо бамаврид қайд мекунад, ки ҳувияти миллӣ дар фаъолияти Сарвар инъикос ёфта, миллат тавассути роҳбар шинохта мешавад.

       Гашт меҳри халқ бар ӯ бар ӯ қуввату ҳам раҳнамо,

       Давлати тоҷик шуд поянда аз ӯ баҳри мо.

       Имрӯз афзуншавии меҳру муҳаббати халқ нисбат ба Раҳбари сиёсии кишвари худ мушоҳида мешавад, чунки дар давоми раҳбарии  худ Пешвои миллат давлати тоҷикро аз вартаи нестӣ наҷод дода, онро аз як кишвари ҷангзада ба мамлакати рушдкарда мубаддал сохт. Бинобар ин, маҳз муҳаббате, ки Пешво ба халқи худ дошт, ӯро барои ин миллат раҳнамо намуд ва маҳз давлати тоҷикон айни замон дар заминаи иқдомҳои густурдааш пояндаву устувор ва тақсимнопазир гардид.

       Офтоби нурафшон ҳасту халқаш ахтарон,

       Ҷонфидои мардум асту халқ бо ӯ ҷон ба ҷон.

       Тасвири шоир дар ин байт қиёси фарду ҷомеа аст дар мисоли халқ ва Пешвои он, аммо ташбеҳе ки шоир онҳоро ба хуршеду ахтарҳо шабеҳ медонад, хеле олӣ гуфта шуда ва маҳз тавассути нури Офтоб ахтар аз худ дарак медиҳад. Ба ибораи дигар, омили аслии бақову худогоҳии миллӣ дар дӯши Раҳбари сиёсии миллат қарор дорад. Чунки агар Сарвар ҷонфидо дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ бошад, пас бегуфтугӯ мардум ба ӯ ҷоннисор хоҳад буд.

       Риштаи меҳраш ба халқаш ҳасту мақсудаш аён,

       Гуфтааш бо кардааш, қавлу амал, бо як забон.

       Идомаи васфи Пешво аз ҷониби шоир Ниҳонӣ аз тасвири пайвандест, ки байни фард ва ҷомеа вуҷуд дорад, чунки ҳадафи Сарвар барои халқи худ ошкор буда, маълум аст, ки ӯ дар гуфтор дигару дар амал дигар нест ва ваҳдати гуфтору кирдору рафтор ӯро маҳбуб сохтааст.

       Эътимоду эътиқоду эътибори халқ беш,

       Ҳар яке хонад, шиори “Тоҷикистонам, ба пеш!”

       Айни замон, эътиқоду эътибори халқ нисбат ба Пешво беш аз пеш афзуда, кор ба дараҷае расид, ки агар фарде дар минбарҳо ғолиб ояд, ҳатман шиори “Тоҷикистон, ба пеш”-ро баён медорад. Ин ба он маъност, ки бештаринҳо рушди кишварро таманно мекунанд.

       Ҳамчу хуршед асту, аммо ҳаст шеди беғуруб,

       Шамъи қалбаш дар фурӯғ асту баланду беҳу хуб.

       Шоир ба худ иҷоза додааст, ки Пешворо чун хуршед муаррифӣ кунад, аммо боз таваққуф менамояд ва ӯро ба Офтоби беғуруб шабеҳ медонад, чунки тасвиршаванда дар ин байт бозмондагиро дар ҳеҷ сурат эҳсос наменамояд.

       Қалбу рӯҳаш гашта ҳамчун шишае шаффофу соф,

       Гашта чун ҷузъи ҳаёти халқу кишвар эътироф.

       Диданиҳову нодиданиҳояш чун шиша софу шаффоф гардидаанд. Бинобар ин, ҳар иқдоми ӯ мавриди эътиоф қарор мегиранд.

       Гуфта меҳри Меҳан ӯро бе ҳудуду сарҳад аст,

       Ҷонфидоӣ фарзи ӯву ифтихори беҳад аст.

       Шоир дар ин байт зимни шарҳ додани муҳаббати Пешво ба халқаш ҳудудҳоро ба инобат нагирифта, исбот мехоҳад кардан, ки меҳри халқаш дар замири Пешво сарҳад надорад. Аз ҳамин хотир аст, ки ӯ дар масъалаҳои Ватану Миллат ҷонфидоиро пеша кардааст.

       Бас муқаддас баҳри мо ҳаст ин замину ин Ватан,

       Ҳифзи он бошад муҳим аз ҳайси рӯҳу ҷисму ҷон.

       Шоир чунин менигорад, ки ин Ватан ва замине, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, фақат барои мо муқаддас аст ва маҳз бо дар назардошти ин ақида ҳифзи он сарзамин, ки бо номи тоҷик муаррифӣ мешавад, бароямон чун ҷон азиз аст.

       Ҷунбиши гаҳвора, набзи аллаҳои модарон

       Кард маъруф ин Ватан бисёр дар рӯи ҷаҳон.

       Ба қавли Ниҳонӣ, чун гаҳвора меҷунбад ва садои самимонаи модарон ба гӯш мерасад, ҷаҳон эҳсос хоҳад кард, ки Ватани тоҷикон чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз маъруф буду мемонад.

       Мо бузургему Ватан дорему ҳам поси вуҷуд,

       Фарру фарҳангу тамаддун, савту оҳангу суруд.

       Дар нигоҳи Ниҳонӣ сутудани Ватану халқ ва Пешво баробар сурат мегиранд, чунки шоир Пешворо бидуни Ватан тасаввур намекунад. Шояд аз ин хотир бошад, ки ватандориро дар доштани қудрат аз фарру фарҳангу тамаддун медонад, чунки қудратдорӣ дар замони муосир бидуни фарру фарҳангу тамаддун қобили қабул намебошад.

       Ин ҳама гуфто Ниҳонӣ, низ гуфт аҳли башар:

       Пешво ҳомии амн асту кафили баҳру бар.

       Тасмими Ниҳонӣ ҷиҳати як ҳарфи башар қобили истиқбол аст. Тибқи андешаи шоир, дар ҳама давлатҳо ва миллатҳо новобаста аз шакли идорашавии қудрат Сарвари давлат ҳомии амну осоиштагӣ мебошад ва ин нукта анҷоми он шеърест, ки мусаввир дар васфи Сарвари давлат нигоштааст.

       Ширин Қурбонова,

       доктори илмҳоитаърих

      

АМИТ ҒОЛИБИ ҶОЙИ ЯКУМ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКОН» - ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ»

       Возможно, это изображение 2 человека и текст
       Аз 24 - ум то 28 - уми ноябр даври хотимавии озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» баргузор гардид. Дар озмуни мазкур ходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ- Саидова Фазилатмо Сайдамировна сазовори ҷойи аввал дониста шуд.
     Ӯ дар гурӯҳи «Омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ» иштироки фаъолона намуда, дар чањор даври озмуни мазкур ҷойи якумро ишғол намудааст.
       Бояд гуфт, ки Саидова Ф. соли 2018 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси сиёсатшиносӣ бо дипломи аъло хатм намуда, рисолаи номзадиашро пеш аз муҳлат ҳимоя кардааст. Ӯ дар ҳама сабқатҳои илмии байналмилалию ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона менамояд. Ғолибият дар озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» бистумин сабқати ӯ буд, ки сазовори ҷойи аввал мегардад. Аз ҷумла, номбурда ғолиби XVI - умин озмуни байналмилалии корҳои илмӣ – таҳқиқотии «Наука и талант - 2022», озмуни байналмилалии “Успех в науке 2022”, ғолиби ҷойи аввал дар олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанни сиёсатшиносӣ дар солҳои хониши 2017 - 2018, ғолиби ҷойи якум ва барандаи Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар соҳаи сиёсатшиносӣ дар соли 2018, ғолиби ҷойи якум ва барандаи Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соҳаи сиёсатшиносӣ дар соли 2017, барандаи медали тилло ва ғолиби ҷойи аввал дар олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ аз фанни таърих дар соли 2013 ва ғайра мебошад.
Возможно, это изображение текст «чумхурии точикистон "<<точикон>> оинаи таърихи дипломи дарачаи саидова фазилатмо барои ишголи <<<точикон>>- зинахои илмиву номзадониилм озмуни чумхуриявии омузгоронихамаи адабии муассисахои аспирантон, унвончуён, исахои тахсилоти олии рдонида шуд. эмомалй рахмон соли2023 2023»
    Ҳайати кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ғолиби озмунро барои дастоварди навбатӣ табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдааш барору комёбӣ таманно менамояд. Бояд иқрор кард, ки Фазилатмо чун олими ҷавон ва бонуи суханвар дар муҳити кору хонавода мақоми хоссаро пайдо карда, новобаста аз ҷавонӣ бисёр масоили умдатаринро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Гумон дорем, ки ояндаи мавсуф дар илм ва таҳқиқоти назаррас аст, чунки инчунин ҷавонзанро бидуни пажӯҳишҳои илмӣ тасаввур карда намешавад.
 

 

 

 

 

 

 

 

Таҳким ва густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия

Муаллиф: Давлиёрова Сафаргул
   Сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 21-22 ноябри соли 2023 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ба вуқуъ пайваст.
   21 ноябр дар шаҳри Москва мулоқоту музокироти роҳбарони сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид. Сарони ду давлат иброз доштанд, ки барои ҳар ду кишвар имсол соли ҷашнӣ маҳсуб меёбад. Қобили тазаккур аст, ки 30 сол муқаддам Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ ба имзо расида буд. Ҳамзамон, аз ҷониби сарони ду кишвари ба ҳам дӯст ба таҳким ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди тарафайн баҳои сазовор дода шуд.
Дар воқеъ, аз таърихи равобиту ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия айни замон ёдовар шудан ба мақсад мувофиқ мебошад, чунки халқи сарбаланду тамаддунпарвари тоҷик тӯли чандин асрҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тиҷорат, саноат, энергетика, кишоварзӣ, фарҳангу маданият, санъат, илму маориф ва техникаву технологияи халқҳои манотиқи Осиёи Марказӣ нақши муҳим мебозад.
Ҳамзамон, ҳамзистии осоишта, барқарор намудани муносибатҳои дӯстона, дипломатӣ ва тиҷоратӣ ҳамеша ҳадафҳои асосии тоҷикон ҳамчун иштирокчиёни фаъоли равандҳои минтақавию ҷаҳонӣ боқӣ мемонад.
Аз ҷумла, равобите, ки Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо Русия ба роҳ мондааст, таваҷҷуҳи хоса дорад.
Метавон гуфт, ки ин равобит решаҳои амиқи таърихӣ доранд. Масъалаҳои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар шароити соҳибихтиёрии сиёсии ҳарду кишвар беназир арзёбӣ мегардад.
Муносибатҳои байни давлатҳои тозаистиқлол - Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илм, маориф ва гуманитарӣ нишон медиҳад, ки Русия ҳамеша дар низоми давлатҳои соҳибистиқлол яке аз ҷойгоҳҳои асосиро ишғол менамояд.
Таърих гувоҳ аст, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистон рӯйдодҳои зиёди фоҷиавӣ ва ошӯбҳоро паси сар намуд, ки ин пеш аз ҳама бо муқовимати мусаллаҳонаи бемаънӣ алоқаманд буд.
Маҳз дар ҳамин давраи душвор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид, ки бо бисёр давлатҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама бо Федератсияи Русия (соли 1992) муносибатҳои дипломатӣ барқарор намояд. Аз он вақт инҷониб равобит ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар ҳама самт рушду равнақ намуда истодааст.
Қобили зикр аст, ки бо ибтикори Федератсияи Русия ва кишварҳои дигар дар соли 1997 низоъҳои хунини шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима ёфта, сулҳи пойдор барқарор шуд ва ҳазорон гурезаҳо имкон пайдо карданд, ки ба Ватани аҷдодии хеш баргарданд.
Метавон гуфт, ки имрӯз Федератсияи Русия шарики стратегӣ ва иттифоқчии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои бисёрҷанбаи нек ба нафъи ҳарду кишвар мебошад. Тоҷикистон ба рушд, таҳким ва густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Русия хеле манфиатдор аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро робитаҳои зичи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ҳарбию техникӣ ва гуманитарӣ ба ҳам мепайвандад.
Дар баробари равобити дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҳамкориҳои онҳо дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Амнияти Созмони Паймони Дастҷамъӣ (СПАД), Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), Ҳамкориҳои Иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС), Машварат оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) идома доранд.
Боиси тазаккур аст, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар доираи сохторҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ кафили сулҳу субот ва амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Ҳамзамон, Тоҷикистон тавассути ҳамкориҳои судманд бо Русия метавонад худро аз таҳдиду хатарҳои беруна, ки тавассути терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир тавлид мешавад, ҳифз намояд.
Бо дарназардошти гуфтаҳои болозикр, рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия аҳамияти хоса касб намуда, он махсусан дар соҳаи гуманитарӣ умедбахш аст. Дар даврони соҳибистиқлолии ду кишвар ҳамкориҳои байни онҳо дар соҳаи маориф, илм, фарҳанг торафт фаъолонатар инкишоф меёбанд.
Пас аз ба даст овардани истиқлолият дар соли 1991 миёни Тоҷикистону Русия муносибатҳои наве, ки ба давлатҳои дӯст, комилҳуқуқ ва соҳибистиқлол мансуб буд, барқарор гардиданд.
Шартномаҳо ва созишномаҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба имзорасида ҳамчун тасдиқи меъёрҳои ҳамкории баробарҳуқуқии ҳарду давлат дар арсаи минтақавӣ ва байналмилалӣ хизмат хоҳанд кард. Русия ба унвони яке аз қудратҳои бузург саъй дорад ҳамкориҳояшро бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳар ҷиҳат таҳким бахшад.
Боиси зикри хос аст, ки дар рушди ҳамкориҳои башардӯстонаи ду кишвар ҷузъи иқтисодии муносибатҳои Тоҷикистону Русия аҳамияти бузург дорад.
Ҳамзамон, дар ибтидои ҳазорсолаи нав гардиши мол байни кишварҳо, маблағгузории асосии сохторҳои Русия ба сохтмон, азхудкунии конҳои нав ва дигар бахшҳои иқтисодиёти Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза меафзояд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки яке аз самтҳои асосии ҳамкории халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия фарҳанг мебошад, ки ҳукуматҳои ин ду кишвар ба ҳамкории байнидавлатӣ диққати махсус медиҳанд.
Инчунин, тарафҳо Созишномаҳоеро, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин самт қабул шудаанд, ба роҳ монда, дар тарбия ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи фарҳангу санъати ҳарду кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
Азбаски илм ба неруи бевоситаи истеҳсолкунандаи ҷомеа табдил ёфта истодааст, дар самти рушди ҳамкориҳои илмию техникии байни ду кишвар ва омода кардани мутахассисони соҳибихтисос барои Тоҷикистон, мусоидат ба рақобатпазирии онҳо дар бозори ҷаҳонии зеҳнӣ Созишномаи дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии таҳқиқоти “Институти Курчатов”- и Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва илмию техникӣ ба имзо расид.
Дар шароити кунунӣ ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи илмию техникӣ ҳам тавассути донишгоҳҳои алоҳида ва ҳам байни институтҳои тобеи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле фаъолона рушду инкишоф ёфта истодаанд.
Боиси тазаккур аст, ки муносибати байни халқҳои рус ва тоҷик таърихи дуру дароз ва бою ғанӣ дошта, аз замонҳои қадим шакл гирифта то имрӯз идома доранд. Ногуфта намонад, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ ин муносибатҳо характеру хислатҳои гуногун доштанд, ки гоҳо фаъолу пурсамар буданд, гоҳе тобишҳои манфӣ касб мекарданд, вале равандҳои мусбату таъсирбахш ҳамеша ғолиб меомаданд.
Пӯшида нест, ки баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти хеле душвори сиёсӣ ва иқтисодӣ қарор дошт. Ва дар байни ин ду кишвар дар тамоми соҳаҳо ҳамкориҳои мутақобилан судманд ташаккул ёфт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати нави сохибистиқлол эътироф гардид. 25 майи соли 1993 баста шудани Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобилаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия замина барои рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратии ду кишвар дар ҳама самтҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ гардид.
Дар тӯли 30 соли ҳамкории ду кишвар беш аз 260 созишнома, қарордод ва протоколҳои корӣ ба имзо расид, ки ба шарофати он муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия устувортар шуданд. Имрӯз қариб ҳамаи созишномаҳои дар байни ду кишвар басташуда амалӣ шуда истодаанд.
Федератсияи Русия дар рафъи муноқишаи байни тоҷикон, дар рафъи вазъи буҳронии иқтисоди Тоҷикистон, рушди энергетика, омӯзиши захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, рушди сайёҳӣ ва ғайра нақши мусбат мебозад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бисёр масъалаҳои сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавқеъи якхеларо ишғол мекунанд. Ҳарду кишвар узви фаъоли созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили ИДМ, СПАД, ЕврАзЭС, СҲШ, СММ ва ғайра мебошанд.
Дар Душанбе ва минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби ширкатҳои русӣ иншоотҳои зиёди муфиди иқтисодиву фарҳангӣ бунёд мегардад, ки ин аз шавқу рағбати зиёди соҳибкорон ва сармоягузорони рус ба рушди бозори Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.
Ширкатҳо ва мутахассисони Русия дар Тоҷикистон иншооти бузурги энергетикӣ ва иртибототӣ месозанд ва барои муайян кардани захираҳои сӯзишвории Тоҷикистон корҳои иктишофӣ анҷом медиҳанд.
Федератсияи Русия давлатест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он заминаи устувори ҳуқуқӣ дорад, ки тамоми самтҳои ҳамкории ду давлатро дар бар мегирад.
Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи фарҳанг инкишоф меёбанд. Дар ин соҳа як қатор шартномаю созишномаҳои байнидавлатӣ ба имзо расидаанд. Ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар асосан аз баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар қаламравҳои ду кишвар, гастроли дастаҳои театрӣ ва ҳунарӣ, намоишгоҳҳои аксҳои бадеӣ, боздидҳои мутақобилаи шоирону нависандагон, фестивалҳои филмҳо ва ғайра иборат мебошанд.
Натиҷаи чунин ҳамкорӣ аз наздик шинос шудан бо фарҳангу маданият ва анъанаҳои халқҳои ҳар ду кишвар мебошад. Дар шаҳрҳои ду кишвар намоиш ва табодули дастовардҳои фарҳангӣ пайваста сурат мегирад, ки ин барои ошноӣ бо дастовардҳои фарҳангӣ ва ба ҳам наздик шудани фарҳанги мардуми ҳарду кишвар таъсири мусбат хоҳад расонд.
Ҳамчунин ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва маориф, хусусан тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қаламрави Тоҷикистон кушодани донишгоҳҳои нави Федератсияи Русия, фаъолонатар омӯхтани забони русӣ аз ҷониби аҳолии Тоҷикистон, таъмини мактабҳо ва донишкадаҳои олӣ бо адабиёти таълимӣ, методӣ ва бадеӣ назаррас аст.
Нарасидани кадрҳои баландихтисос имрӯз яке аз мушкилоти муҳими Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ҳалли ин масоил Федератсияи Русия саҳмгузор аст. Дар Федератсияи Русия зиёда аз 35 ҳазор донишҷӯ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд. Аз соли 2000-ум инҷониб Федератсияи Русия барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон 900 квота ҷудо кардааст. Зимни мулоқоти сарони ду кишвар Президенти Федератсияи Русия В.В.Путин иброз намуд, ки ин квотаҳоро то солҳои 2024-2025 ба 1000 адад расониданист. Барои бо китоб таъмин намудани мактабҳои русии Тоҷикистон ҳарсола 200 миллион рубл, барои сохтмони театри ба номи В.Маяковсий 3,5 миллард рубл ва барои сохтмони Маркази кӯдакони болаёқат дар Тоҷикистон 4 миллиард рубл ҷудо менамояд.
Ҳамкориҳои мутақобила дар соҳаи илми ду кишвар дар солҳои истиқлолият аз омӯзиши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказҳои илмии Русия, аттестатсияи мутахассисони илмӣ, олимон, баргузории конфронсҳо, симпозиумҳои гуногуни илмӣ, ҳамоҳангсозии робитаҳо дар тамоми соҳаҳо иборат мебошад.
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг дар солҳои истиқлолият, сарфи назар аз баъзе душвориҳо, бомуваффақият ва пурсамар инкишоф ёфта, барои рушди минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди халқҳои Тоҷикистон ва Русия ангезаи бузурге мебошад.
Дар рафти суханронии хеш Сарвари давлат иброз намуданд, ки «Мо ин сафарро ҳамчун қадами муҳим дар роҳи тавсеаи минбаъдаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии давлатҳоямон мешуморем, чунки Ҳамкории Тоҷикистону Русия имрӯз дар тамоми соҳаҳои манфиатҳои тарафайн дорои ҷараёни устувор мебошад”.
Зимни мулоқот Сарони давлатҳо маҷмуи васеи масъалаҳои ду тарафаро муқокима намуданд. Ҳамзамон ҷанбаҳои гуногуни шарикии ҷонибҳо аз ҷумла масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодию тиҷоратӣ фарҳангию гуманитарӣ ва соҳаи амниятро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки имсол барои ҳар ду давлат соли ҷашнӣ ба ҳисоб меравад. Сӣ сол қабл шартномаи “Дустӣ ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ” ба имзо расонида шуд.
Инчунин масъалаҳои густариши ҳамкории сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Боиси зикр аст, ки барои ин ҳадафҳо дар Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, якчанд минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолият доранд. Зимни музокирот аз натиҷаҳои баланди ҳамкории гуманитарӣ, ки дар ҳоли болоравӣ қарор дорад, зикр гардид.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки моҳи октябри Соли 2022 Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия бомуваффақият доир гардида, тобистони имсол дар шаҳрҳои Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангии Русия баргузор гардид. Дар мулоқот ҳамкории судманд дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ низ мусбат арзёбӣ гардид.
Соли 2022 панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷониби Русия дар шаҳрҳои Тоҷикистон сохта, расман ба истифода дода шудаанд, ки дар он 72 омӯзгор аз Русия дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Муаллими рус дар хориҷа» кору фаъолият менамоянд ва таълим пурра ба забони русӣ мебошад.
Дар Тоҷикистон забони русӣ тибқи конститутсия забони муоширати байни миллатҳо мебошад ва дар ҳамин замина дар музокирот ба омӯзиши забони русӣ, ки забони муоширати байналхалқӣ мебошад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
Бояд зикр кард, ки омӯзиши забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми зинаҳои низоми маориф шурӯъ аз кӯдакистон дар беш аз чаҳор ҳазор муассисаи таълимӣ ба таври ҳатмӣ амал менамоянд. Дар самти нарасидани китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ бо забони русӣ, инчунин, норасоии омӯзгороне, ки ба забони русӣ таълим медиҳанд, дар ин музокирот баррасӣ гардид.
Бояд иброз намуд, ки масъалаҳои дорои хусусияти иқтисодӣ ва гуманитарӣ дошта, дар ин музокирот ба таври муфассал баррасӣ гардид.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия дар ҳузури Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид:
- Нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия;
- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия дар бораи рушди ҳамкорӣ дар тайёрӣ ва бозомӯзии мутахассисон дар соҳаи нақлиёт;
- Нақшаи амалии ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои солҳои 2023-2025;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии приставҳои судии Федератсияи Русия;
- Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия дар бораи эътирофи тарафайни мақомоти танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ;
- Ёддошти тафоҳум оид ба масъалаҳои назорати меҳнат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли аҳолии Федератсияи Русия;
- Созишнома байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази миллии таҳқиқоти “Институти Курчатов”-и Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва илмию техникӣ.
Метавон хулоса намуд, ки масоили ҳамкориҳои баррасӣ гардида, зимни музокироти сарони ду давлат дар таҳким ва густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия таконбахш буда, минбаъд низ дар доираи ин санадҳо ҳамкориҳои ҷадид рушду равнақ меёбанд.
 
 
 
 
 
 
 
 

Чанд сухан дар боби робитаҳои адабӣ

 
Муаллиф: Қодиров Ғиёсиддин
Тоҷикистони ҷавон ва мардуми куҳансоли он аз ворисони фарҳангу тамаддуни шукуҳманди бостонӣ ва бахши як миллати мутамаддину некноми дунёи қадим мебошанд, ки ватани онҳо сарзаминҳои паҳновари як хитаи бузурги оламро фаро мегирифт.
Дар тӯли умри дарози таърихӣ ва фарҳангии хеш ин мардум бо васфи сарнавишту саргузашти ноҳамвор ва замонаҳое тираву фоҷеабор ҳамбастагии таърихӣ, ягонагии фарҳангиву маънавӣ ва шукуҳу азамати фарҳангу тамаддуни ҳудро нигоҳ дошта меоянд.
Мо ба ин ҳақиқат хӯ гирифтаем ва ифтихор мекунем, ки аҷдодони мо офарандагони асосии яке аз зеботарин шеъру адаби дунё мебошанд, то ҷое, ки ҷомеаи фарҳангии ҷаҳон дар бисёр маврид моро тавассути ҳамин адабиёт ва фарзандони номдори он мешиносад. Ин адабиёт ҳамон оинаи тамомнамоест, ки ҳалкҳои дигар дар он чеҳраи фарҳангӣ ва сирату сурати маънавии моро, бидуни ороишҳои дурӯғин, ошкору равшан мебинанд ва дар хоҳанд ёфт, ки ниёкони хушному хушкори мо дар тӯли таъриҳи дуру дарози зиндагии хеш чи нақши фарҳангие дар минтақа бозиданд, чи доду гирифте бо ҳамсоягон доштанд, ба онҳо чи доданд, аз онҳо чи гирифтанд ва монанди он, ки барои шинохти миллати мо бисёр арзишманд аст.
Шояд муболиға набошад агар гӯем, ки сиришти маънавӣ ва сохтори фикрии мардуми мо чунон нарму латиф ва хаёлангезу бадеӣ бофта шудааст, ки ҳеч ангезаву эҳсосоти дигари отифӣ дар рӯҳи ӯ ба андозаи шеър нуфузу таъсир надорад. Ба қавли Зебуннисои нозукхаёл: “Ҳар ки дорад майли дидан, дар сухан бинад маро".
Ингуна суҳанпарастӣ ва қадри он бисёр сухансанҷу фарҳангшиносонро ба шигифт оварда ва онҳо дар ҳайратанд, ки ин чӣ миллатест, ки фарзандони вай аз сухан муъҷиза сохтанд?
Дар бораи чойгоҳи тоҷикон ва Тоҷикистони кунунӣ дар ин чуғрофиёи фарҳангӣ ва таърихи тӯлонӣ кофист суханони устод Саид Нафисиро ба ёд биёрем, ки гуфтааст:
"Бад - ин гуна ҳаргоҳ Тоҷикистон бигӯянд, мақсуд ҳамон сарзаминест, ки аз оғоз ориёиёни эронӣ ва порсизабонон дар он ҷо зистанд ва сарзамини аслии забони дарӣ, яъне форсии адабии имрӯз аст.
Тоҷикон ва Тоҷикистон то оғози қарни даҳуми ҳиҷрӣ (XVII), ки ӯзбекон дар Осиёи Марказӣ мусаллат шуданд, ҳамеша бо тарихи Эрон шарик буданд ва таърихи Эрон ва Тоҷикистонро наметавон аз ҳам чудо кард".[1]
Аммо тайи ду-се садсолаи ахир, чунон ки болотар шунидем, қаламрави интишори ин забону адабиёт коҳиш ёфта ва имрӯз дар он чанд давлати хурду калони ба ҳам дӯсти ором ва баъзеъҳо, мутаассифона ноором ҷойгир аст.
Бино ба муносибатҳои неки ҳамсоягӣ миёни Тоҷикистон ва Эрону Афғонистон дар замони шӯравӣ, аз солҳои 1950 - ум ба ин тараф омӯзиш ва таҳқиқи адабиёти муосири ин кишварҳо дар Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ оғоз шуд ва ба тадриҷ дар адабиётшиносии тоҷик мактаби наве ба номи шарқшиносӣ, бо риштаҳои эроншиносӣ вa афғонистоншиносӣ боз гардида, осору намунаҳои шеъри баъзе шоирони муосири ин кишварҳо ба чоп расид. Аз ин рӯ ҳонандагони тоҷик бо намунаҳои ин девони нави шеъри ҳамсоя ва бисёр гӯяндагони номдори он аз дер боз ошно буда, суруду таронаҳои дилкаши онро мехонад ва меписандад.
Аммо бо кӯшоиши боби Истиқлол дар таърихи навини Тоҷикистон муносибатҳои байни ин кишварҳо мазмуну маънои сиёсии ба куллӣ нав гирифта, ба робитаҳои бевоситаи давлатҳои мустақили арсаи байналмилалӣ табдил ёфт.
Бинобар ин таҳаввулоти нави сиёсӣ ва густариши муносибатҳои мустақими сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ заминаҳо барои таҳкими робитаҳои адабӣ миёни адабиёти ин мамлакатҳои ҳамфарҳанг фарохтар ва дарвозаҳо барои ҳамкорӣ калонтар боз гардид.
Дар натиҷа, дар андак замон теъдоди зиёди китобу рисолаҳои илмӣ дар заминаи адабиёти муосири ин мамлакатҳо ва намояндагони барҷаста ва намунаи ашъори онҳо дар саҳфаи рӯзномаву маҷаллот ва дар шакли китобҳои мустақил пешкаши хонандагон гардид, ки зикри номи ҳамаи онҳо бемуболиға дафтаре ҳоҳад шуд. Аммо ҷои ташвишу нигаронист, ки хатароту таҳдидҳои сиёсӣ ва фарҳангии асри нав барои кишварҳои ҳавзаи фарҳанг ва забону адабиёти мо на танҳо идома дорад, балки печидатар шуда истодааст.
Мисоли равшани он сарнавишти сиёсии ҳамсояи ҳамфарҳангу ҳамзабони мо Афғонистон аст. Ҷангу лашкаркашиҳои маълуми абарқудратҳои дирӯзу имрӯз, низоъҳои тӯлонии дохилӣ, фирори фавҷ-фавҷи мардум, муҳоҷирати фарҳангиён ва оқибатҳои он, роҳи нашри ҳар гуна илму донишҳои ҷадид, офариниши шеъру ҳунар ва навҷӯиву навгӯиро дар миёни сокинони ин диёри адабпарвару фарҳангзо заиф сохтааст. Ва ё ҷангҳои хунини эълоншудаву эьлоннашуда, бо номҳои мухталифу ҳадафҳои мушаххас, авҷи ҷунбишҳои ифротгароиву террористӣ аз ҳар ҷониб, ки аз оғози садаи XXI дар Шарқи Наздик, ҷараён дорад, на танҳо оромиши сиёсӣ ва истиқлолияти мамлакатҳои минтақаро таҳдид мекунад, балки аллакай ҷони одамони бешумор, ҳаёти давлатҳо ва бисёр мероси таърихӣ ва фарҳангии миллатҳоро фуру бурдааст ва монанди он.
Дар чунин авзои мураккабу хатарзои сиёсӣ ва фарҳангии минтақа, дар баробари ҳифз ва пойдору устувор нигаҳ доштани истиклолияти ватан ва ваҳдати миллӣ, фарҳанг ва забону адабиёти мо низ барои муқовимат бо ин гирдбодҳои нави таърих ниёз ба ҳамкорӣ ва таҳкими робитаҳои адабӣ бо кишварҳои ҳамзабон ва муаррифии бештари чеҳраи худ дар ин ҳавзаи васеи адабӣ дорад.
Гомҳои ислоҳпазири зерин дар ин роҳ шояд беҷо набошанд:
- Ин матлаб низ ногуфта намонад, ки агар мо дар 60-70 соли гузашта муваффақиятҳое дар шинохти адабиёти муосири кишварҳои ҳамзабон дошта будем, вале дар мавриди омӯзиши шеъру адаби тоҷикии наздиктарин ҳамсоягони Мовароуннаҳри хеш - Ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, ки таърихи фарҳангу тамаддуни ҳудро бо ҳам оғоз карда ва дар як киштии фарҳангӣ равон гаштем, кори назаррасе тақрибан сурат нагирифтааст. Бинобар ин хуб мебуд, агар осори адибони тоҷики ин мамлакатҳо бештар чоп ва ба хонандагони мо муаррифӣ мешуд, то он ки ҳам ҳамкории адабӣ бошад ва ҳам мояи ташвиқу рӯҳбаландии онҳо гардад.
- Ҳамчунин бояд дар назар дошт, ки тоҷикон бо ҳамзабонони хеш асрҳо боз дар кишварҳои гуногуни минтақа, дар шароити иҷтимоиву иқтисодӣ ва муҳити фарҳангии гуногун ва ҳатто низомҳои сиёсии мухалиф зиндагӣ карда, роҳҳои ноҳамгуни таърихиро паймудаанд.
Вобаста ба ин дар шеъру адаби онон, махсусан аз оғози садаи ХХ ба ин тараф, таҳаввулоту дигаргуниҳои зиёде рух додааст. Мактабҳои нави адабӣ, сабку шеваҳои бесобиқа падид омаданд ва суханварони барҷаста, зуҳур карда, осори гаронқадре ба адабиёти кишварҳои замони худ ва дар маҷмуъ ба ганҷинаи умумии шеъри даврони нави форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ афзудаанд.
- Бинобар ин таърихи нави адабӣ ва ин девони ҷавони рангоранг бояд баррасӣ ва намунаҳои он пешкаши ҳонандагони тоҷик гардад, то он ки ҷавонони шеърсарои мо аз дастоварду бозёфтҳои адабии онон баҳра бардоранд. Чунин доду гирифтҳои адабӣ ва ё таъсирпазирӣ дар таърихи адабиёти муштараки мо ҳамеша вуҷуд доштааст. Сухансароёни гузаштаи мо аз ҳар шаҳру деҳоти ин ҳавзаи адабӣ, ки барнахоста бошанд, барои ҳамаи мардуми ин сарзамини васеъ яксон азизу муҳтарам буданд, аз ашъори якдигар илҳом гирифта, ҳамдигарро тақлиду пайравӣ мекарданд, ки ин ҳам як навъ эҳтирому ихлос буд ва гоҳе ҳам майдони кувваозмоӣ.
- Ин огаҳиҳову ошноиҳо дар маҷмуь, манбаи илҳом, сайқали маҳорати ҳунарӣ, сабқату мусобиқа, ва кӯшишҳои баробархоҳиву бартариҷӯӣ дар байни шоирони ҷавон гардида, дар маҷмуь боиси навҷӯиву навоварӣ хоҳанд шуд.
Аз сӯи дигар, дар сурати ҷамъ омадани чунин маводу маълумот, шинохти амиқтар, муқоисаву муқобилаи ашъори муосирони суханвари ҳамзабон, чеҳраи воқеъии шеъри нави тоҷикӣ, вазъи кунунӣ, вижагиҳо ва дар маҷмуъ ҷойгоҳи он дар ҷуғрофиёи имрӯз ҳам васеи адабиёти форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ равшантар намоён ҳоҳад шуд.
- Дар ҷараёни сохтмони ин "ҷабҳаи дифоъ” албатта , ҳимоят ва ташвиқу муаррифии дастовардҳои адабиёти нави тоҷикӣ ва пешсафони он набояд фаромӯш шавад. Инҷониб бо камбуди азими дониши худ дар ин замина, дохили баҳсу доварӣ дар ин фан нашуда, ин ҳақиқатро гуфта метавонем, ки ин фасли нави китоби куҳан аз нигоҳи вусъати андеша, сабку шеваҳои адабӣ, зуҳури истеъдодҳо ва осори зебо аз фаслҳои дурахшони таърихи адабиёти мо буда, комёбиҳои зиёди ҳунарӣ, навовариҳои солим ва суҳансароёни тавоно дорад.
- Мавзӯи дигаре, ки барои адабиёти мо аҳамияти амалӣ дорад, он аст, ки шеъру адаби мо, бо вуҷуди коҳиши ҷугрофиёи он, ки болотар ёд шуд, ҳанӯз ҳам дар минтақа бозори гарми серхаридор дорад. Бино ба тахминҳо хеле бештар аз сад миллион одамони рӯи замин бо мо ҳамзабонанд ва теъдоди зиёди дигаре аз дӯстдорони шеъру адаби мо мебошанд.
- Бино ба чунин бозори гарм адабиёти мо бояд ба ин бозор колои ба истилоҳ “рақобатпазир”, ки хушбахтона дар ганҷинаи он чунин бори нафисаи бозоргир бисёр ҷамъ шудааст, пешниҳод намояд. Бо доштани чунин сарвату дороӣ мо ба ин бозори пурмуштарӣ бояд ба ҷуръат дохил шуда, маҳсулоти тару тозаи адабии худро ба намоиш гузорем ва дар ин дунёи паҳновар, қадам бебоктар гузорем, зеро ки мо ҳам дар ин куҳандиёр аз соҳибхонаҳоем.
 
 
 
 
 
 
 

АКАДМИК РАҶАБ АМОНОВ– ПАЖӮҲАНДАИ ФОЛКЛОРИ ТОҶИК

Ба муносибати 100-солагии академик Раҷаб Амонов
   Раҷаб Амонов тамоми умри пурбаракати худро баҳри гирд овардан, нашр намудан, баррасӣ кардани фолклори тоҷикон ва ҳамчунин навиштани асарҳои адабӣ ва публитсистӣ сарф кардааст. Устод ин роҳи пурмасъулро чи гуна тай намудааст? Амонов соли 1923 дар шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан), дар хонаводаи мӯзадӯз чашм ба дунё кушода, хеле зуд аз падар маҳрум шуд ва дар парвариши модарбузург монд. Аз ҳамон замони кӯдакӣ меҳр ба дунёи рангини афсона баста, ки худ дар ин бора навиштааст: “Ман, кӯдаки панҷ-шашсола, мафтуни он олами пурасрору пур аз муъҷиза будам, ки тавассути афсона дар назарам ҷилва мегардид. Ин олам маро ба ваҷд меовард, гоҳе шоду гоҳе ғамгин мекард ва мурғи хаёламро ба парвоз меовард.
  Барои шабҳои дарози зимистон беҳтарин соатҳои умр буд. Аҷаб лаззате дошт ба ҷойгаҳ, ба даруни кӯрпаи дуққати гарм даромада, аз забони ширини хешованде ва ё меҳмони хонаамон гӯш кардани саргузашти бузаки ҷингилапою бузичаҳои номашон яке аз дигаре аҷибтар: Алӯлак, Булӯлак, Хиштаки сари танӯрак... ё гунҷишкаки ҳушёру доно ва ё канаяки рӯкандаю мӯканда.
Ман он замон ҳанӯз бисёр чизҳоро намефаҳмидам, вале афсона шунида, бо дили хурдтараки худ эҳсос мекардам, ки дар дунё ду қувваи ба ҳам зид вуҷуд дорад: бад ва нек. Бад беист сайъ менамояд, ки ба нек зарар оварад, онро аз байн бардорад, нек бошад, бо ҳар восита худро муҳофизат мекунад” (Афсонаҳои халқи тоҷик, Душанбе, 2001, с.3).
Амонов дар солҳои сиюм дар мактаби зодгоҳаш таҳсил кард ва соли 1938 омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Ӯротеппаро ба поён расонида, чанд муддат ба шогирдони он мактаб дарс гуфт. Соли 1939 барои дарёфти мадраки таҳсилоти олӣ ба Институти давлатии педагогии ба номи Т.Г.Шевченкои шаҳри Сталинобод (ҳоло Донишгоҳи омӯзгории давлатии ба номи С.Айнӣ) ворид гашт. Вале ҳанӯз аз донишгоҳ фориғ нашуда, дарсҳо дар нимароҳ, ӯро аз соли 1941 барои иштирок кардан ба Ҷанги Ҷаҳони Дуюм фиристоданд. Маълум аст, ки дар ин ҷанги хонумонсӯз миллионҳо одамон кушта шуданд, ки дар байни онҳо шоирон, нависандагон, рӯзноманигорон, олимон низ буданд.
Хушбахтона, Раҷаб Амонов зиндаву саломат, соли 1945 аз ҷанг баргашт ва боз ба фаъолияти кории худ идома дод. Аввал чанд муддат дар бахши маорифи шаҳри Ӯротеппа кор кард ва баъд аз муддаи кӯтоҳ барои идомаи таҳсил ба шаҳри Сталинобод (ҳоло шаҳри Душанбе) омад. Дубора таҳсилашро ба Институти давлатии педагогӣ (ҳоло Донишгоҳи омӯзгории давалтии ба номи С.Айнӣ) идома дод ва соли 1947 бо муваффақият аз донишгоҳ фориғ ва соҳиби мадраки таҳсили олӣ шуд.
Пас аз хатми донишгоҳи мазкур як сол ба мактаби шумораи 10 дар шаҳри Сталинобод ба фаъолияти тадрис ва таълим шурӯъ кард. Аз соли 1948 то соли 1951 шомили давраи аспирантура дар бахши Тоҷикистонии фарҳангистони Иттиҳоди Шӯравӣ гардид. Маъмулан давраи таҳсил дар аспирантура се сол аст. Р.Амонов пас аз поёни давраи се солаи аспирантура аз соли 1951 то 1954 корманди хурди илмии Институти забон ва адабиёти АИ Тоҷикистон буд. Дар ҳамин муддат, дар раванди кори худ соли 1953 дар мавзӯи “Очерки эҷодиёти даҳанакии тоҷикони вилояти Кӯлоб (Сарихосор)”, бо роҳбарии узви вобастаи АИ СССР, профессор Е.Э.Бертелс, рисолаи номзадӣ дифоъ кард.
Ҳамин тавр, устод Раҷаб Амонов бештар аз 50 сол дар Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Рӯдакии Фарҳангистони Тоҷикистон кор карда, тамоми умр барои ҳарчи бештар гирд овардан, нашр кардан, пажуҳиш намудани осори адабиёти шифоҳии мардуми тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ шиносонидани он талош варзид.
Устод аз соли 1958 ба баъд наздик ба 40 сол сарвари бахши фолклори Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷик буд. Дар ҳамин пажуҳишгоҳ Амонов соҳиби унвонҳои баланди илмӣ, яъне доктори илми филология (1968), профессор (1969), узви вобастаи фарҳангистон (1976), узви пайвастаи фарҳангистони Тоҷикистон (1981) гардид.
Раҷаб Амонов аз давраи таҳсил дар мактаб мисли ҳамаи ҷавонҳои тоҷик ошиқи шеър буда, нахустин машқҳои ӯ низ аз навиштани шеър шурӯъ шудааст. Тавре ки зиндаёд Р.Амонов ба ин ҷониб гуфта буд, барои чопи ашъори худ кӯшиш накардааст. Аммо аз соли 1939 ва асосан аз соли 1947 ба баъд ба таври мунтазам ба навиштани мақолаҳо дар мавзуъҳои мухталиф, таълифи ҳикоя ва дигар осори адабӣ машғул будааст.
Фаъолияти асосии устод, то охири умр таҳқиқ ва пажуҳиши осори фарҳанги мардуми тоҷик буд. Вале дар фурсатҳои муносиб гоҳе ҳикоя, қиссса, мақолаҳо дар бораи шахсиятҳои маъруф ва ёддоштҳо низ навиштааст.
Устод Раҷаб Амонов ба таври мунтазам байни мардум мерафт, матнҳои шифоҳиро гирд меовард, нашр менамуд ва ҳамчунин онҳоро бо назари илмӣ ва диди олимона таҳлил мекард ва моҳияти аслии асарҳои шифоҳии мардумро ба хонандагон мефаҳмонд. Аз ҷумла гирдоваранда ва мураттиби маҷмуаҳои зерини адабиёти шифоҳии тоҷик мебошад: “Ҳикмат Ризо” (1950), “Эҷодиёти даҳанакии аҳолии Кӯлоб” (1956, 1963), “Афсонаҳои халқи тоҷик” (1957, 1959, 1960 бо ҳамкории Клавдия Улуғзода), “Намунаи фолклори диёри рӯдакӣ” (1958; 1963 бо ҳамкории Муҳаммадҷон Шукуров), “Таронаҳои наврӯзӣ” (1960 бо ҳамкории Сангин Норматов), “Фолклори сокинони саргаҳи Зарафшон” (1960), бозгӯии “Афсонаҳои халқи тоҷик» (1963, 1998 борҳо нашр шудааст), “Латифаҳо” (1994) ва ғ. Ҳамчунин даҳҳо матнҳои шифоҳиро дубора бозгӯӣ карда, ба диди хонандагони хурдсол наздик сохта ба нашр расонидааст, ки аз он ҳазорон-ҳазор кӯдакон ва навҷавонон ғизои маънавӣ гирифтаанд.
Устод Р.Амонов асарҳои зиёди илмӣ таълиф намудааст. Ӯ дар асарҳояш моҳияти матнҳои гуфториро ва дар ҳар муҳит чи гуна иҷро шудан ва нақл гардидани онро таҳқиқ ва таҳлил намудааст. Дар ҳар кадоме аз асарҳои илмии ӯ, ки дар шакли китоб нашр шудаанд, чандин ҷиҳатҳои муҳими матнҳои шифоҳӣ баррасӣ гардида, хонандаро бо бадеият, ҳунари гӯяндагӣ, маҳорати сарояндагӣ ва монанди ин ошно сохтааст.
Яке аз асрҳои илмии эшон “Очерки эҷодиёти даҳанакии аҳолии Кӯлоб” (Дар асоси материалҳои фолклори Сари Хосор) (1963) ном дорад. Дар ин китоб Р.Амонов роҷеъ ба муҳити ҷуғрофӣ, суруд, рубоиёт, ҳамосаи қаҳрамонӣ, намоишномаи мардумӣ, афсона, чистон, зарбулмасал сухан ронда, дар байни мардуми ин минтақа чӣ гуна маъмул будани ин матнҳоро ва дар рӯзгори маънавии онҳо чи арзише доштани онҳоро бо мисолҳо нишон дода аст. Масалан, дар бораи «сурудҳои айёми меҳнат» мушоҳидаи ҷолиби худро ба таври зерин нигоштааст:
«Дар маҳалҳои Сари Хосор ду навъи сурудҳои меҳнатро мушоҳида мекунем. Яке «Ман доғ» ва дигаре «Майдо» ном дорад. «Ман доғ» дар протсеси дарави ғалла (айёми тобистон ва тирамоҳ) дар охирҳои июл, август, сентябр ва аввали октябр иҷро карда мешуд…
Одатан дар давоми ҳашари дарави ғалла гурӯҳи ҳофизон суруди «Ман доғ»-ро месароиданд. Барои иҷро намудани суруд ҳатто аз қишлоқҳои дигар сарояндагони махсус, ки овози форам дошта, дар ҳофизӣ шуҳрат пайдо карда буданд, даъват карда мешуданд.
Вазифаи онҳо дар ҳашар танҳо бо сурудхонӣ маҳдуд мешуд. Сарояндагон аз қафои даравгарон сурудхонон оҳиста-оҳиста пеш мерафатанд ва бо ҳамин восита барои тезонидани суръати кор, сабук ва номаълум гузаштани вақт ёрӣ мерасониданд» (с.23-24).
Дар ҳар пажуҳиши Р.Амонов ин гуна мушоҳидаҳо, ки бевосита худи ӯ шоҳиди он будааст зиёданд, ки барои наслҳои имрӯз ҷолиб аст. Ҳамин гуна мушоҳидаро дар ин китоб роҷеъ ба афсона ва анвои дигари фарҳанги мардум низ метавон дид.
Китоби дигари ҳаҷман бузурги Р.Амонов “Лирикаи халқи тоҷик” (1968) ном дорад. Дар ин асар эшон он матнҳоеро, ки дар қолаби назм гуфта шудаанд ва дар байни мардум чи шӯҳрате доранд бо далелҳо мавриди таҳлил қарор додааст. Китоб бештар аз 400 сафҳа аст. Дар он роҷеъ ба рубоиёт, мавзуъҳои ишқ, хонавода шикоят аз нодорӣ, ғурбат, марг, тақдир, ҳунари бадеии рубоиёт ба монанди ташбеҳ, рамз, истиора, маҷоз, муболиға, тавсиф, такрор, сохтор, қофия, радиф, нусхаҳои гуногуни матн ва амсоли ин баррасӣ гардидааст. Дар китоби мазкур ҳамчунин анвои дигари назми гуфтории тоҷик ба монанди байти шифоҳӣ, ашӯла (тарона), суруд, бадеҳа таҳиқиқ ва таҳлил шудааст. Муаллиф бо далелҳои мустанад ҳар гуфтаи худро тасдиқ менамояд.
Китобҳои дигари устод Амонов “Эҷодиёти бадеии халқ ва замон” (1970), “Адабиёт ва бачагон”, “Адабиёти бачагонаи тоҷик” (1981), “Ҳақиқати зиндагӣ ва ҳақиқати бадеӣ” (1984), “Рубоиёти халқӣ ва рамзҳои бадеӣ” (1987) ва садҳо мақолаҳои илмии эшон ҷиҳатҳои назарраси фарҳанги мардуми тоҷикро дар асоси равиши илми фолклоршиносӣ, адабиётшиносӣ ва мардумшиносӣ мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода, барои хонандагон ва пажӯҳандагони улуми инсонӣ пешкаш намудааст. Устод тавассути ҳар кадоми ин асарҳо барои мо нуктаҳои муҳим ва муфиди таърихи адаби шифоҳии тоҷиконро ошкор сохта, розҳои матнҳои шифоҳиро, ки ҳамеша дар он ҳунари сарояндагӣ, иҷро кардан ва баёни гӯяндагон будааст, шарҳ додааст.
Устод Амонов дар китоби «Ҳақиқати зиндагӣ ва ҳақиқати адабиёт» (1984) бархе аз масъалаҳои хеле мубрами муносибати адабиёт ва фолклорро пажуҳиш намуда, барои таҳқиқ ва таҳлили минбаъда роҳ кушодааст. Унвони як бахши ин китоб «Маҳсули назари шоиронаи халқ» ном дорад. Дар ин асар эшон роҷеъ ба баъзе ҷиҳатҳои таъсирбахши рубоӣ сухан мегӯяд. Бархе нуктаҳои эшон дар бораи никоҳи маҷбурӣ, ғаму ғусса, тасвири марг ва ҳамчунин шикоят аз фалак диққати устодро бештар ҷалб менамояд. Ба гуфти устод: «Мардум дар қайди ғаму кулфат аз тақдир нолидаанд ва фалакро сабабгори ҳама фалокату нокомиҳои худ дониста, ба он сахт эътироз кардаанд:
Ситораи равшанама куҷо кардӣ, фалак?
Субҳа ай миёни шаб ҷудо кардӣ, фалак!
Моро ба фалак то қиёмат гила,
Ай акай ширинум ҷудо кардӣ, фалак!» (с.13).
Пас аз ин рубоӣ устод Р.Амонов пай дар пай чанд рубоии дигар оварда, шарҳ медиҳад, ки зулми золимон дар рӯи замин аст, на дар фалак ва мардум бар зидди зулмкорон дар сурудаҳои худ эътрози менамоянд.
Дар бахшҳои дигари ин китоб зери унвонҳои «Фоклор ва адабиёт», «Масъалаҳои насри советии тоҷик», «Оид ба назми имрӯз», «Адабиёт ва бачагон», «Чеҳраҳои аҳли адаб ва ҳунар» ба таври муфассал оид ба равобити фолкор ва адабиёти классик, фолклор ва адабиёти муосир, нуктаҳои назараси адабиёти хурдсолон мубоҳиса шудааст. Ҳамчунин устод Амонов дар бораи баъзе ҷиҳатҳои бадеӣ, ҳунарӣ ва срояндагии шахсиятҳои маъруфи адабиёти имрӯзи тоҷик ба монанди Мирзо Турсунзода, Раҳим Ҳошим, Мирсаид Миршакар, Саидалӣ Вализода, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ ва Аҳмад Бобоқулов андешаҳои худро баён намудааст.
Фаълияти Амонов хеле густурда буд. Бархе аз осори эшон навиштани ҳикоя ва қисса (повест) буд. Дар навиштаҳои ҳикоя, қисса ва хотирот низ тасвири раму оинҳои мардум ва ба хусус мавқеи истифода бурдан аз матнҳои шифоҳӣ назаррас аст. Осори адабии устод чун китобҳои “Дар доманаи кӯҳҳои кабуд” (1961), “Аз паи ҳикмати халқ” (1963), “Афсонаи сеҳазорсола” (1973), “Шарораҳои меҳр” (1983), “Дар нимароҳи умр” (1988), «Қиссаи сари кӯҳи баланд», «Қиссаи беди баланд, чанори пургул ва себи Самарқанд», «Қиссаи боло ва баланд» (1990), “Ишқи найнавоз”, “Нимкосаи таги коса”, “Арӯс ва ё қиссаи зангирии ҳамсоя” (1994), “Қиссаи диёри чашмасорон” (1995) ва ғайра хонандагони тоҷикро на фақат бо лаҳзаҳои дилнишини рӯзгори шахсони гуногун ошно месозад, балки онҳоро бо расму оинҳо, тарзи иҷро, маҳорати гӯяндагон, ҷойгоҳи истифодаи матнҳои шифоҳӣ дар рӯзгори мардум ва амсоли ин низ шинос менамояд.
Дар солҳои шастуми садаи ХХ маводи фаровоне дар бойгонии бахши фолклори Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷик ҷамъ шуд. Бо сарварии Раҷаб Амонов ва яке аз пажӯҳандагони фолклоршиноси рус Исидор Левин аз шаҳри Ленингрод (ҳоло Санкт-Петербург) ба Тоҷикистон ташриф овард. Аз ҷониби эшон пешниҳод гардид, ки матнҳои гирдоваришуда тибқи равиши илмии кишварҳои аврупоӣ табақабандӣ шавад. Устод Амонов ин кори некро зуд дастгирӣ кард. Дар муддати кӯтоҳ маводи дар бойгони мавҷуд буда, бо равиши тозаи илмӣ танзим шуд. Дар натиҷаи ин табақабандӣ каталогҳои (баргдонҳои) матнҳои зарбулмасал, байт, рубоӣ, чистон, суруд ба вуҷуд омад ва ҳамчунин дар 40 ҷилд куллиёти фолклори тоҷик бо гуфтори омиёна ва шарҳу эзоҳи илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба чоп омода шуд. То охирин лаҳзаи умри худ устод Р.Амонов талош дошт, ки ба ҳар воситае “Куллиёти фолклори тоҷик” ба нашр расад. Мутассифона, то ба имрӯз фақат панҷ ҷилди он чоп шуду халос.
Устод Амонов ба тарбияи фолклоршиносон ва тадриси ин ришта дар донишгоҳ низ машғул буд. Ӯ солҳои тӯлонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон аз фолклоршиносӣ дарс мегуфт ва ҳамчунин зери назари эшон чанд тан аз фолклоршиносони имрӯзи тоҷик рисолаҳои илмӣ навиштанд ва аз он дифоъ карданд. Дар навиштани китоби дарсии “Эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик” (1980), ки бо ҳамкории профессор Воҳид Асрорӣ таълиф шудааст ҳиссаи Р.Амонов арзанда аст. Ногуфта намонад, ки китобҳои дарсии марбути адабиёти синфҳои сеюм ва шашуми мактабҳои тоҷикиро низ устод Р.Амонов бо ҳамкории омӯзгорон таълиф намудааст, ки ин китобҳо дар давоми бештар аз 50 сол дар мактабҳои тоҷикӣ тадрис мешуданд.
Соли 2001 маҷмӯаи “Афсонаҳои халқи тоҷик”, ки борҳо бо бозгӯии Амонов нашр шудааст аз ҷониби бунёди Институти «Ҷомеаи кушода» (Бунёди мадад Тоҷикистон) ба нашр расид. Ин маҷмуа аз ҷиҳати ҳаҷм бузургтарин афсонаҳои тоҷикӣ мебошад, ки 131 матнро дар бар мегирад, ки нависандаи ин сатрҳо ифтихори виросторӣ ва кӯшиши ба нашр омода кардани ин матнҳоро дошт.
Маҷмуаи дигари афсонаҳои тоҷикӣ дар соли 2001 ба чаҳор забон (тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ, қирғизӣ) бо коғази сифатан аъло ва тасвирҳои ҷаззоб ба нашр расид, ки ин ҳам ҳадияе буд Институти «Ҷомеаи кушода» (Бунёди мадад Тоҷикистон) барои хонандагони тоҷик. Ин маҷмӯа ҳамагӣ 13 афсонаро дар бар гирифта бо виросторӣ ва кӯшиши ин ҷониб (Раҳмонӣ) ба нашр расидааст.
Ду китоби устод: “Қиссаи зангирии писари ҳамсоя” (1999) ва “Рубоиёти халқӣ ва рамзҳои бадеӣ” (2002) ба алифбои форсӣ дар Эрон ба нашр расида, пешкаши хонандагон ва пажуҳандагони ҳамзабон гардид, ки онҳо бо муҳаббат ин асарҳоро мутолиа менамоянд ва аз арзишҳои адабӣ ва адабиёти гуфтории тоҷикон лаззати маънавӣ мебаранд.
Дар таърихи 27 майи соли 2002 қалби саршор аз муҳаббати устод Раҷаб Амонов аз задан боз монд. Ҳарчанд ӯ ин дунёи фониро падруд гуфт, аммо бо осори арзишманди худ дар таърихи фарҳанги мардуми тоҷик номи хешро ба таври ҳамеша сабт намуд. Ҳамин тавр зиндаёд академик Раҷаб Амонов тамоми умр бо фаъолияти густурдаи омӯзиш ва пажуҳиши фарҳанги мардум машғул буд, ки дар таърихи илми фолклор ва адабиёти муосири тоҷик ҷойгоҳи вежаи худро доро мебошад.
Равшан Раҳмонӣ
профессори ДМТ