joomla
free templates joomla

МУАРРИФГАРИ ҲАҚИҚАТИ ТАЪРИХИИ МИНТАҚА

 

 

 

       Имрӯз дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки донишмандони дохиливу хориҷӣ Конференсияи байналмилалии илмӣ доир гардид.
Ҳамоишро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханрониии кӯтоҳ иқрор намуд, ки нақши китоби "Тоҷикон" дар рушди илми тоҷик бағоят густурда арзёбӣ мешавад.
       Дар ҳамоиш афроде низ суханронӣ намуданд, ки китоби мазкурро бо забонҳои гуногуни олам тарҷима намудаанд.
       Бояд мутазаккир шуд, ки новобаста аз сипарӣ шудани муҳлати муайян аз нашри "Тоҷикон" китоб то кунун аҳамияти илмии худро гум накарда, мавқеи басе густурда доштани худро дар рӯйхати адабиёт зимни нигориши диссертатсияҳои илмӣ исбот менамояд.

 

 

 

Эмомалӣ Раҳмонов. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. Китоби якум (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ), - Лондон, - 240 с.

Возможно, это изображение 1 человек и текст
     “Дар ҷараёни тӯлонии таърихи миллати мо нуфузи тамаддун ва фарҳанги истилогарони аҷнабӣ борҳо боло гирифта, раванди бегонапарастӣ ва носипосӣ нисбат ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангии деринаи ниёгон, алалхусус қадр накардани рӯҳи бузурги фарзандони бузурги миллат моро борҳо ба кӯчаи сарбастаи тангназариҳо ва парастиши кӯр-кӯронаи аҷнабиён бурда бошад ҳам, дар ниҳояти кор баъди гузаштани даҳсолаву садсолаҳо боз адолати таърихӣ пирӯз гаштааст. Мо раванди бегонапарастиро бештар дар лаҳзаҳое дучор меоем, ки тақдири таърихии халқи тоҷик бо амри ҳаводиси таърихӣ ба империяҳои бузурги аҷнабиён – империяи абарқудрати Искандари Мақдунӣ, империяи арабҳо, империяи муғулҳо, империяи темуриён ва ғайра мепайваст. Вале раванди бегонапарастӣ ҳар қадаре авҷ гирифта, арзишҳои миллиро пахш накунад, охируламр дар муқобили тангтозиҳои хеш қувваи солиму тавонои ҷунбиши миллӣ ва ватанпарастии ошкорову ниҳониро ба бор овардааст”.

Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. Бобоҷон Ғафуров - олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ

 

 

 

     Возможно, это изображение текст
     Дар таърихи ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум фаромӯш намешавад. Хушбахтона, чунин шахсиятҳо дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик низ кам нестанд, ки онҳо ифтихори на танҳо миллати мо, балки боиси сарфарозии мардуми олам гардидаанд. Ин бузургон бо осори гаронбаҳо ва ғояҳои инсонпарварии худ дар инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштаанд. Ҳар як марҳилаи таърихи халқи тоҷик чунин шахсиятҳои барҷастаро ба арсаи ҷаҳонӣ овардааст. Ҳар кадоми ин бузургон дар соҳаҳои гуногуни илму маърифат, сиёсат ва таърих, адабиёт ва санъат чеҳраи тобноке дошта, бо осори пурқимати худ машҳури ҷаҳон шудаанд. Асри XX низ дорои чунин бузургони зиёде мебошад.
     Фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба гирдоварӣ ва бузургдошти таърихи миллати тоҷик ва манзури ҷаҳониён гардонидани он сарф намудааст. Солҳои тӯлонӣ ӯ ба таҳқиқи таъриху тамаддуни мардуми Машриқзамин машғул буд. Ҳамзамон созмондиҳандаи моҳири соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла, шарқшиносӣ буда, барҳақ яке аз бунёдгузорони илми муосири тоҷик ба ҳисоб меравад.
     Хизмати ин олими забардаст инчунин дар интишори силсилаи осори хаттии халқҳои Шарқ басо бузург буда, бо ташаббуси ӯ аз хазинаи осори классикӣ беҳтарин офаридаҳои олимону шоирон ва нависандагони Шарқи қадим ва асрҳои миёна дастраси ҷаҳониён гаштанд. Таҳлили фаъолияти илмиву созмондиҳандагии академик Бобоҷон Ғафуров нишон медиҳад, ки ӯ дар роҳи ба ҳам наздику ошно намудани тамаддуни халқҳои Шарқу Ғарб саҳми арзанда гузоштааст.
     Воқеан, яке аз дастовардҳои пурарзиши олим, ки ӯро абадан дар радифи алломаҳои бузурги миллат ҷой дод, шоҳасари безаволи ӯ «Тоҷикон» мебошад, ки соли 1972 дар Маскав ба табъ расид. «Тоҷикон» ба забонҳои японӣ ва полякӣ тарҷума ва нашр шуд, ҳамчунин дар Афғонистон ва Эрон ба табъ расид. Ин асар аз тарафи маъруфтарин мутахассисони тамаддуни халқҳои Шарқ, аз ҷумла, Осиёи Марказӣ, эътироф шуд ва ба таври сазовор арзёбӣ гардид. Китоби «Тоҷикон» барои болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо дар ҳақиқат такони ҷиддие гардид. Маҳз аз ҳамин хотир ба Бобоҷон Ғафуров унвони олии Ватан — «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
     Бобоҷон Ғафуров ҳамчун шахси покзамир ва олими дурандеш аз таърихи гузаштаи халқҳо пеш аз ҳама лаҳзаҳоеро меҷуст, ки ба созандагӣ, дӯстӣ ва қаробати миллатҳову тамаддунҳо мусоидат карда тавонанд. Таҳқиқоти ӯ доир ба омилҳои болоравӣ ва заволи давлати Сомониён, саҳми Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Муҳаммад Иқбол ва амсоли инҳо дар тамаддуни башарият мисолҳои равшане мебошанд, ки ба густариши равобити илмиву фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақаву ҷаҳон ва дар айни замон таҳкими худшиносии миллии тоҷикон мусоидат намудаанд.

 

 

 

Эмомалӣ Раҳмонов. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. Китоби якум (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ), - Лондон, - 240 с.

Возможно, это изображение 1 человек и текст
     “Дар ҷараёни тӯлонии таърихи миллати мо нуфузи тамаддун ва фарҳанги истилогарони аҷнабӣ борҳо боло гирифта, раванди бегонапарастӣ ва носипосӣ нисбат ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангии деринаи ниёгон, алалхусус қадр накардани рӯҳи бузурги фарзандони бузурги миллат моро борҳо ба кӯчаи сарбастаи тангназариҳо ва парастиши кӯр-кӯронаи аҷнабиён бурда бошад ҳам, дар ниҳояти кор баъди гузаштани даҳсолаву садсолаҳо боз адолати таърихӣ пирӯз гаштааст. Мо раванди бегонапарастиро бештар дар лаҳзаҳое дучор меоем, ки тақдири таърихии халқи тоҷик бо амри ҳаводиси таърихӣ ба империяҳои бузурги аҷнабиён – империяи абарқудрати Искандари Мақдунӣ, империяи арабҳо, империяи муғулҳо, империяи темуриён ва ғайра мепайваст. Вале раванди бегонапарастӣ ҳар қадаре авҷ гирифта, арзишҳои миллиро пахш накунад, охируламр дар муқобили тангтозиҳои хеш қувваи солиму тавонои ҷунбиши миллӣ ва ватанпарастии ошкорову ниҳониро ба бор овардааст”.

БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА НАҚШИ Ӯ ДАР РУШДИ ИЛМ

 

 

 

      Бобоҷон Ғафуров 31 декабри соли 1908 дар рустои Исфисор, ҳоло ш. Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омад. Дар ташаккули ӯ, чун инсони комилу хоксор, ватандӯст, олими нуктасанҷ оилаи меҳнатдӱст, падараш Сангинов Ғафур деҳқон ва коргари роҳи оҳан (соли вафот 1935) ва хусусан модари маърифатпарвари ӯ шоира Розия Озод (Розия Бойматовна Ғафурова) таъсири мусбӣ расонидаанд. Давраи ҷавонии ӯ дар вазъияте мегузашт, ки ҷараёни сиёсӣ-иртиҷоии туркпарастон (пантуркистҳо) вуҷуд доштани халқи тоҷикро инкор карда, Осиёи Миёнаро ба империяи «Туркияи бузург» пайваст карданӣ буданд. Фаъолияти илмӣ-эҷодии Б. Ғафуров дар шароите оғоз гардид, ки дар афкори ҷамъиятӣ бояд исбот мешуд, ки халқи тоҷик бо меҳнати шоёнаш дар тамаддун аз давраҳои қадим маълум ва машҳур аст.
      Бобоҷон Ғафуров cолҳои 1928-1930 шунавандаи курсҳои олии ҳуқуқшиносии ш. Самарқанд ва cолҳои 1931-1935 Институти умумииттифоқии рӯзноманигории ш. Москва буд. 1930-1931 дар Комисариати халқии адлияи ҷумҳурӣ, рӯзномаи «Қизил Тожикистон». Солҳои 1935-1938 ҷонишини муҳаррир, муҳаррири «Қизил Тожикистон» кор кардааст. Солҳои 1938-1941 аспиранти институти таърихи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил намуда соли 1941 рисолаи номзади илмро дифоъ намудааст. Аз соли 1941 то 1944 котиби КМ ҲК (б) Тоҷикистон оид ба пропаганда ва агитатcия (ташвиқ ва тарғиб), Аз 1944 то 1946 вай дар вазифаи дабири дуввум ва аз соли 1946 то 24 майи соли 1956 дар вазифаи нахустин дабири Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон буд. Дар баробари кори ҳизбӣ Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ мағул шудааст. Аз соли 1936 то соли 1938 дар Мактаби олии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон омӯзгори иқтисоди сиёсӣ буд. Аз соли 1939 то соли 1940 дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Сталинобод таърихи халқҳои ИҶШС таълим медод. Аз соли 1942 то соли 1948 мудири сектори таърихи Инстиути таърих, забон ва адабиёти шӯъбаи тоҷикистонии АИ СССР ва дар соли 1951 аъзои ҳақиқии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст. Аз соли 1956 то поёни зиндагиаш Б. Ғафуров вазифаи вазифаи директори Пажуҳишгоҳи шарқшиносии (Фарҳангистони Улуми Иттиҳоди Шӯравӣ) ва сармуҳаррири маҷаллаи “Осиё ва Африка” – ро бар ӯҳда дошт. Бо сарварии Б. Ғафуров Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1948), Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951) ташкил дода шуд.
Ташаккули олим
      Ҳанӯз дар солҳои 30-юми асри XX, ӯ ба омӯхтани таърихи халқи тоҷик шурӯъ намуда, соли 1941 дар мавзӯи «Таърихи тариқати исмоилия аз ибтидои асри XIX то ҷанги якуми ҷаҳон» рисолаи номзадӣ дар соли 1941 ва 25 феврали соли 1952 рисолаи докториро дар мавзӯи «Таърихи халқи тоҷик» аз Муассисаи Таърихи Фарҳангистони Улуми Иттиҳоди Шӯравӣ (АИ Иттиҳоди Шӯравӣ, Москва) ба даст овард. Дар соли 1958 аъзо-корреспонденти АИ СССР интихоб шудааст.[1]
      Фаъолияти илмӣ
      Бо кӯмаки амалии ӯ гурӯҳи муаллифон бори аввал таърихи халқи тоҷикро дар се ҷилду панҷ китоб навишта, солҳои 1963-1965 дар нашриёти «Наука»-и Москва чоп намуданд. Академик Бобоҷон Ғафуров муаллифи қариб 400 асару мақолаҳо оид ба таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумиҷаҳонӣ мебошад, ки дар нашрияҳои гуногуни дунё чоп шудаанд. Асарҳои ӯ бо забонҳои гуногун дар Деҳлӣ, Берлин, Рим, Теҳрон, Пекин, Афина, Кобул, Париж, Қарочи, Варшава ва ғ. бо теъдоди зиёд ба табъ расидаанд. Бо ташаббус ва зери таҳрири ӯ танҳо бо забони англисӣ қариб 30 асар дар мавзӯъҳои муҳими таърихи мамлакатҳои Шарқ нашр гардидаанд. Профессор, мактаби калон ва эътирофшудаи шарқшиносиро асос гузошт. Дар байни осори вай китобҳои бисёрҷилдаи чун “Таърихи халқи тоҷик” ва «Тоҷикон» ҷо мегиранд, ки ба тоҷикӣ ва русӣ мунташир шудаанд. Аллома Бобоҷон Ғафуров барои навиштани шоҳасари худ «Тоҷикон» миқдори зиёда аз 2000 сарчашмаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро самаранок истифода кардааст. Ин китоб дар баробари Шоҳномаи А. Фирдавсӣ, «Таърихи Бухоро»-и Абӯбакри Наршахӣ, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк чун шиносномаи халқи тоҷик барои асрҳои оянда хизмат менамояд.
      Ба шарофати некдошти фарзанди баруманди миллат, олими шинохта, донишманди бузург устод Бобоҷон Ғафуров дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳраки Б. Ғафуров ва ноҳияи Б. Ғафуров дар Вилояти Суғд номи ӯро доранд.
Соли 1997 Бо қарори Ҳукумати ҶТ ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд номи академик Бобоҷон Ғафуров дода шуд.
Соли 1997 Бобоҷон Ғафуров бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз шудааст.
Соли 1998 дар ш.Ғафуров вилояти Суғд Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъсис дода шудааст.
Якчанд нимпайкараву (назди АИ Тоҷикистон ш. Душанбе ва диг.) хиёбонҳои шаҳру рустоҳо ба номи ӯ сохтаву гузошта шудаанд.
Соли 1998 Ҳукумати вилояти Суғд Нишони ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро таъсис додааст, ки мунтазам барои саҳми арзанда дар соҳаи илму маориф ба ғолибони озмун тақдим карда мешавад.
      Осор
История секты исмоилитов. – М., 1941;
Таърихи мухтасари халқи тоҷик. – Сталинобод, 1947;
История таджикского народа в кратком изложении, т 1. С древнейших времён до Великой Октябрской социалистической революции 1917г.. – М., 1949, 1952, 1955;
Исторические связи Средней Азии со странами Арабского Востока. – М., 1963;
Особенности культурной революции в советской Средней Азии. – М., 1963;
Кушанская эпоха и мировая цивилизация. – М., 1968;
Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история, – М., 1972;
“Тоҷикон”. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна. Китоби 1. – Душанбе, 1973; Китоби 2, Душанбе, 1985;
“Тоҷикон”. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1,2. – Душанбе, 1998. – 870 с.;
“Тоҷикон”. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1,2. – Душанбе, 1998. – 870 с. ва диг.