joomla
free templates joomla

ПАЁМИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – БАЁНГАРИ САМТҲОИ РУШДИ ҲАЁТ ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ

   Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2022 ҳуҷҷати таҳлилию стратегиест, ки дар он дастовардҳои миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор ёфтааст. Дар Паём бо диди хеле амиқ таҳлили вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ, ҳаёти ҷомеа ва самти инкишофи он барои солҳои минбаъда ҷой дода шудааст. Яке аз масъалаҳое, ки дар қатори дигар проблемаҳои муосир таваҷчуҳи бештари олимону пажӯҳишгаронро ба худ ҷалб менамояд, ин масъалаи дурнамои инкишофи ҷомеаи иттилоотӣ ва аҳамияти таъмини амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.  
Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ибрози ақида намуда, қайд намуданд, ки: «Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд… Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад».
Дарвоқеъ, ҳолати имрӯза, дурнамои инкишофи ҷомеаи иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурияти таъсис додани чунин Маркази ягонаи иттилоотиро тақозо менамояд. Бояд тазаккур дод, ки таъмини амнияти иттилоотӣ дар таҳкими амнияти миллии давлат нақши муҳим дошта, бечунучаро ба инкишофи минбаъдаи кишварамон алоқамандии зич дорад. Ба ибораи дигар, иттилоотикунонӣ на танҳо рушду инкишофи тамаддунро метезонад, балки таҳдидҳои нави миллӣ, минтақавӣ ва амнияти глобалиро ба миён оварда метавонад.
Бинобар ин, имрӯз дар сиёсати миллии Тоҷикистон зарурияти омӯзиш ва таҳқиқи масъалаи терроризми иттилоотӣ аз нуқтаи назари таъсири он ба муносибатҳои байналмилалӣ муҳимияти хосса дорад. Ҳамаи инро ба назар гирифта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳануз соли 2016 таҳти №776 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020»-ро қабул намуда, нақшаи чорабиниҳоро доир ба амалишавии ин стратегия ба ҳама вазорату кумита ва мақомотҳои дахлдор барои иҷро пешниҳод карда буд.
Дар Паёми навбатӣ дарҷ гардидааст, ки «Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд. Ҳамчунин роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифадор карда мешаванд, ки риояи интизоми ҳарбӣ, низоми тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо, идоракунии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, огоҳсозӣ ва робитаи байниҳамдигариро доир ба вазъи фаврӣ пайваста такмил дода, ба масъалаи ҳифзи амнияти инфрасохтори низомӣ бисёр ҷиддӣ муносибат намоянд».
Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки терроризм барои ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, манфиатҳои ҳаётан муҳим ягон алоқамандӣ ва ё умумияте надорад. Дар бисёр ҳолатҳо террористони ифротии динӣ ё миллатгаро манфиатҳои худро ҳимоя карданӣ шуда, андеша ва хоҳиши қисми зиёди мардумро ба инобат намегиранд, вале худро чунон вонамуд менамоянд, ки гӯё барои истиқлолият, озодӣ ва баробарҳуқуқии мардум мубориза мебурда бошанд.
Мутаассифона, истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар баъзе ҳолатҳо боиси он мегардад, ки роҳҳои воридшавии идеологияи экстремистиро ба шуури ҷомеа то дараҷае наздик намуда, бештари мардум технологияи сиёсиро носанҷидаву нодида қабул менамоянд. Дар ин ҷо назарияи «тӯда»-и одамон хусусиятҳои худро роҳандозӣ намуда, лидерҳои зерипардагӣ, ҷавонони зархарид омодагӣ дида, ғояҳои интернетиро ташвиқ намуда, амнияти иттилоотии мамлакатро халалдор менамоянд.
Аз ин рӯ, дар назди олимону пажӯҳишгарон яке аз талаботҳои таҳқиқоти амнияти иттилоотӣ ин ошкор намудани таъсири терроризму экстремизм ба ҳодисаҳои рӯзмарра мебошад. Масъалаи асосӣ ин боло бардоштани ҷаҳонбинӣ ва тафаккури илмии ҷавонон мебошад. Вақти он расидааст, ки ҳар як ҷавон ба ҳодисаҳои ҳаёти худ на аз мавқеи дин ва хурофоти динию асотирӣ, балки аз нуқтаи назари илмӣ, вобаста ба дастовардҳои илм ва донишҳои илмӣ муносибат ва баҳогузорӣ намояд.
Бояд ба ҷавонон технологияи нави иттилоотӣ, амнияти зеҳнӣ, амнияти иттилоотӣ, тарзи дуруст ва фарҳанги истифода шудани технологияи коммуникатсионӣ, махсусан, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ омӯзонида шавад. Барои пешгирии фирори зеҳнҳо аз Тоҷикистон, нигоҳ доштани кадрҳои миллии болаёқат дар мамлакат ва ҳавасмандии моддию маънавии онҳо тадбирҳои саривақтӣ андешида шавад.
Ҳамин тавр, дар Паёми Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеаи тоҷикистонӣ таҳлил ёфта, муҳимияти масъалагузорӣ ва пешниҳодоти он дар бораи вазъи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани ҳолати ҳифзи манфиатҳои миллӣ аз таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолии дохилию хориҷии иттилоотӣ асоснок карда шудааст, ки ҳамаи ин, бешубҳа, баёнгари сиёсати сулҳпарваронаи кишвари мо маҳсуб меёбад.
Муҳаммад АБДУРАҲМОН,
ноиби Президенти Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон
 
 

САНОАТИ ИСТИФОДА АЗ ПАРТОВҲО

  Дар санаи 20.01.2023 яке аз кимиёшиносони маъруф академик Ҳайдар Сафиев ин ҷаҳонро падруд гуфт. Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ақрабо ва шогирдони марҳум ғамшарикии хешро изҳор намуда, ба онҳо ҷиҳати даргузашти олими тавоно сабри ҷамил таманно менамояд.

Мақолае, ки дар зер мегузорем, осори илмии кимиёшиносро баррасӣ мекунад.
САНОАТИ ИСТИФОДА АЗ ПАРТОВ
   Алюминий (арзиз) як унсури кимиёвӣ мебошад, ки дар ҷадвали даврии Менделеев аломати Al ва рақами атомии 13 дорад ва дар кишвари мо зимни истеҳсоли арзиз дар баробари роҳандозӣ шудани истеҳсолот боз олудашавии муҳити зист ба назар мерасад. Академики АМИТ, доктори илмҳои кимиёвӣ, профессор Ҳайдар Сафиев, ки солҳост дар корхонаи истеҳсол ва истихроҷи арзизи шаҳри Турсунзода ба коркарди партовҳои аз истеҳсоли алюминий пайдошуда машғул аст, ҷиҳати баррасии масъалаи фавқ маводи мавриди таваҷҷуҳро фасодкунандаи муҳит номида, ҳамчунин, онро дар саноати вазнин аз зумраи нодиртарин филиз ном бурдааст. Ба қавли кимиёшинос, арзиз дар саноат барои истеҳсоли миллионҳо маҳсулоти гуногун истифода мешавад ва унсури хеле муҳим дар иқтисоди ҷаҳонист, чунки қисмҳои сохтории аз алюминий сохташуда дар саноати авиатсионӣ ва дигар самтҳои нақлиёт аҳамияти калон доранд. Инчунин, мавҷудияти ин унсури боэътимод дар сохторҳое, ки устувории вазн ва муқовимат дар онҳо заруранд, хеле муҳим аст. Алюминий як филизи мулоим ва сабук буда, қобилиятҳои зиёдеро дорост. Вазни алюминий кариб сеяки пӯлод ё мисро ташкил медиҳад ва хеле устувор ва ба зангзанӣ тобовар аст. Илова бар ин, ин элемент ғайримагнитӣ, шарорадор нест, металли дуюми тағйирёбанда мебошад. Арзиз баъд аз оҳан фоиданоктарин филиз буда, қариб дар ҳамаи соҳаҳои саноат аҳамияти калон дорад. Алюминийи соф нарм ва заиф аст, аммо метавонад бо миқдори ками мис, магний, кремний ва дигар элементҳо хӯлаҳо ҳосил кунад, ки хосиятҳои гуногуни фоиданок доранд. Ин хӯлаҳо ҷузъҳои муҳими ҳавопаймоҳо ва ракетаҳоро ташкил медиҳанд. Вақте ки алюминий дар вакуум бухор мешавад, он қабатеро ба вуҷуд меорад, ки ҳам нури намоён ва ҳам гармии радиатсияро инъикос мекунад. Ин рӯйпӯш як қабати тунуки оксиди алюминийи муҳофизатиро ба вуҷуд меорад, ки хосиятҳои худро ба монанди рӯйпӯшҳои нуқра гум намекунад. Истифодаи дигари ин металл дар қабати оинаи телескопҳои астрономӣ мебошад.
Дар Рум ва Юнони қадим ин филизро ҳамчун устуворкунандаи ранг дар рангкунӣ ва ҳамчун бинти хуновар дар захмҳо истифода мекарданд ва ҳоло ҳам истифода мешавад, чунонки доруҳои хунгузарониро истифода мебаранд. Ҳарчанд алюминий дар ҷойи савум аз аносири фаровон дар қишри замин (18%) маҳсуб мешавад, аммо ин унсури шимиёвӣ дар ҳолати озоди худ хеле нодир аст ва замоне филизи гаронбаҳо аз тилло маҳсуб мешуд ва дар замони постмодерн низ баъзан маъдани мазкур беш аз дигарон бо арзиши муқаддам мавриди арзёбӣ қарор мегирад. Аз ин рӯ, наздикӣ ба он чун филизи саноатӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд ва дар тӯли зиёда аз 100 сол дар миқёси тиҷоратӣ истифода мешавад. Дар аввал, вақте ки ин филиз кашф шуд, ҷудо кардани он аз сангҳо хеле душвор буд ва азбаски арзиз дар таркиби табиат мавҷуд аст, аз ҳама душвортарин металл ҷиҳати омодагардӣ буд. Алюминий, ки як унсури нуқра ва чандир аст, ғолибан, чун маъдани боксит мавҷуд аст ва бо муқовимат ба оксидшавӣ, инчунин вазн ва қувваташ ҷолиб мебошад. Ба қавли кимиёшинос ва фарде, ки бевосита ба таҳқиқи партовҳои саноатӣ пардохта буд, коркарди дубораи партовҳо аҳамияти ҳам назариявӣ ва ҳам амалиро соҳиб аст. Академик Ҳайдар Сафиев мутмаин аст, ки зимни коркарди партовҳо маводи пастсифати кимиёвӣ беҳсозӣ мешаванд: “Барои коркарди ашёи хоми алюминии кремнийи баланд, усулҳои кислотаҳо аҳамияти бузурги илмӣ ва амалӣ доранд, ки дар марҳилаи якуми технологӣ ҷудокунии интихобии гилхок ва кремнийро нисбатан осон мекунанд, ки ин як навъ беҳсозии кимиёвии пастсифат мебошад. Ҳангоми бо кислота таҷзия шудани маъдани алюминий қисми дорои кремний аз ҷараёни раванд хориҷ карда мешавад ва дар маҳлул асосан ҷузъҳои фоиданок истихроҷ карда мешаванд. Интихоби дурусти шароити оптималии ин марҳила умқи истихроҷи ҷузъҳои фоиданок, сарфи реактивҳо ва хароҷоти энергия ва аз ин рӯ нишондодҳои техникӣ-иқтисодии тамоми технологияро муайян мекунад” .
Алюминий металли реактивӣ буда, онро аз маъданаш (боксит) бо усули редуксия ҷудо кардан мумкин нест. Ба ҷои ин, усули ҷудо кардани ин металл тавассути электролиз аст. Ин металлро дар маҳлул оксид мекунанд, баъд ҳамчун металли холис ҷудо мекунанд. Солҳои зиёд бокситро дар фториди натрий ва алюминии гудохта гузошта, гудозиши онро то 900 дараҷа паст мекарданд. Аммо имрӯз омехтаи сунъии алюминий, натрий ва фториди калсий ҷойи фториди натрий ва алюминийро гирифтааст. Маъдани боксит вобаста ба дараҷаи он бо роҳҳои гуногун коркард карда мешавад. Усули «Байер» барои боксити баланд истифода мешавад. Дар усули Байер, хокаи гилхок бо истифода аз обшавӣ дар ҳарорати нисбатан баланд истеҳсол карда мешавад. Барои бокситҳои дараҷаи паст усули "синтеризатсия" истифода мешавад, ки дар он маъдан дар якҷоягӣ бо мавод монанди оҳак, ангишт ва карбонати натрий дар оташдон дар ҳарорати баланд гарм карда мешавад. Маъдани боксит тавассути раванди Байер ба оксиди алюминий табдил меёбад. Барои ба вуҷуд овардани таркиби якхела ин минералро аввал омехта ва баъд майда карда, ба хок табдил медиҳанд. Ҳайдар Сафиев бинобар пажӯҳиши партовҳои саноатии марбут ба маводи пастсифати кимиёвӣ чунин натиҷагирӣ карда, оқибат ба хулосае меояд, ки зимни коркарди ашёи хом яке бар дигаре махлут гардида, дар заминаи табодули саноатӣ боз ба партов бозгашт менамоянд: “Вобастагии дараҷаи аз маҳлул бо кислотаи гидрохлорид гирифта шудани алюминий аз консентратсияи он ва давомнокии фаъолшавии механикии сиенити нефелин низ таҳқиқ карда шуд. Таъсири механикӣ баъди коркарди маъдан дар корхона аз ҳисоби зиёд шудани майдони хоси сатҳи он ва асосан аз ҳисоби вайрон шудани торҳои булурии минералҳои алюмосиликат ба амал меояд” .
Асои анодии ҷараёни электролиз аз карбон сохта мешавад, зеро карбон ба муқобили зангзании фторид тобовартарин мавод аст. Истеҳсол ва фурӯши ҳамаи маҳсулоти зикршуда мизони даромади сармояи кам дорад, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок нест. Ҳамчунин, дар сурати роҳандозии ин нақша ҳудуди 200 ҳазор тонна гилхок тавлид мешавад, ки ҳамагӣ 35% эҳтиёҷоти имрӯзаи дилхоҳ кишвареро қонеъ мекунад. Бинобар ин, бозгашти алюминий равандест, ки дар он пасмондаҳо ва партовҳо дар занҷири арзиши алюминий метавонанд дар маҳсулоти нав дубора истифода шаванд. Ин раванд назар ба истихроҷи алюминии нав бо роҳи электролизи оксиди алюминий хеле арзонтар аст, ки аввал маъдани бокситро аз конхо истихроҷ карда, баъд аз он бо усули Байер тоза кардан ва истифода бурдан лозим аст. Барои коркарди партовҳои алюминий танҳо 5% энергия барои тавлиди алюминийи нав лозим аст. Аз ин рӯ, тақрибан 31% тамоми алюминийи дар Иёлоти Муттаҳида истеҳсолшуда аз партовҳо коркард карда мешавад. Қисми зиёди партовҳои алюминийи коркардшуда дар зарфҳои нӯшокӣ истифода мешавад ва қисми зиёди он ба банкаҳои алюминӣ дубора коркард мешавад. Дар хӯлаҳои истифодашаванда ҳатто як қисми ками алюминийи аввалияро бо пораҳои беарзиш иваз кардан бидуни ин ифлосиҳо, ки ба сифати хӯла таъсир мерасонанд, аз нуқтаи назари металлургия хеле арзишманд аст. Коркарди алюминий манфиатҳои зиёди экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ медиҳад. Ин раванд энергия, вақт, кам кардани хароҷот ва захираҳои гаронбаҳои табииро сарфа мекунад. Алюминийи аввалия аз конҳои боксит ва алюминийи дуюмдараҷа аз партовҳои алюминий истеҳсол карда мешавад. Ҳаҷми зиёди партовҳои алюминий ҳамеша ангезаи коркарди он буд ва аз нигоҳи ҷанбаи иқтисодӣ нигарониҳои экологӣ, уҳдадориҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи захираҳои алюминий дар асри гузашта аҳамияти бештар пайдо карданд.
Ҳайдар Сафиев бо дарназардошти таҳқиқоти физикӣ-химиявӣ гилхокро пояи асосии дастрас сохтани арзиз мепиндорад ва дар ин поя ба хулосае меояд, ки ҷиҳати истихроҷи нефелин ва дигар аносири шимиёвӣ ҳарорати баландтар мебояд: “Ҷузъҳои асосии лойи боксит, ки дар шароити оптималии таҷзияи кислота ба даст оварда мешаванд, каолинит ва миқдори ками оксидҳои оҳан ва кварс мебошанд. Тадқиқотҳои кристаллҳои оптикии лойи нефелин нишон доданд, ки калсий дар ҳарорати 18 °C комилан нобуд шудааст, бинобар ин, барои таҷзияи нефелин ҳарорати баландтар лозим аст”. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи истихроҷ ва истифода аз партовҳои саноатии марбут ба арзиз ба КВД “Ширкати алюминийи тоҷик” воқеъ дар шаҳри Турсунзода иртибот дошта, тибқи маълумоти дастрасгардида корхонаи мазкур, ки дар замони Шӯравӣ сохта шудааст, иқтидори 517 ҳазор тонна фаро гирифта, айни замон беш аз 300 ҳазор тонна алюминий истеҳсол мекунад. Партовҳоро аз роҳи гуронидан, ё худ сӯзонидан ва чун ашёи хоми саноатӣ мавриди коркарди дубора қарор додан фақат имкон фароҳам меорад, ки онҳо истифода шаванд, аммо дар ҳеҷ сурат онҳоро нобуд карда намешавад, чунки дар сурати коркард аз партов боз партов тавлид ёфта, гуронидану сӯзонданашон муҳитро заҳролуд мегардонанд.
Рушди соҳаҳои саноат ва афзоиши босуръати аҳолӣ аз ҳисоби афзоиши масолеҳи истеъмолӣ ва дар натиҷа афзоиши партовҳои дурушт аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки вақтҳои охир боиси буҳронҳои азими ҷомеаи инсонӣ гардидаанд. Бисёре аз саноатҳо боиси ихроҷи ифлосшавии нав мешаванд ва дар баъзе мавридҳо боиси ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ба монанди моддаҳои кантсерогенӣ ва заҳролуд дар муҳити зист мешаванд. Партовҳои саноатӣ сахт, нимсахт ва моеъ буда, хеле гуногунанд. Рушди босуръати технология барои ноил шудан ба равандҳои нави истеҳсолӣ, иваз кардани маводи синтетикӣ ва пайвастагиҳои кимиёвӣ ҳаҷми партовҳои саноатиро афзоиш дод ва дар баъзе мавридҳо боиси тавлиди партовҳои хатарнок гардид. Аз ин рӯ, назорати самаранок ва идоракунии дурусти партовҳои саноатӣ барои саломатии муҳити зист ва идоракунии захираҳо аҳамияти хоса доранд. Соњањо оид ба омилњои асосии муњити зист барои пешгирї ё кам кардани таъсири зараровари муњити зист бояд дар бораи саноат ва мањсулоти он, маводи партови дар натиља ба вуљудомада ва намуди таъсири он маълумоти муфассал дошта бошанд. Алъон, дар бисьёр мамлакатҳои ҷаҳон нақшаи комплексии идора кардани партовҳои саноатӣ тартиб дода, ба амал бароварда шудааст. Дар тӯли чанд даҳсолаи охир ҷомеа ба яке аз оқибатҳои муҳимтарини рушди саноат, интиқол ва нобудсозии партовҳои саноатӣ дучор шуд, ки қисми зиёди ифлосшавии муҳити зистро ташкил медиҳад ва таъсири харобиовари он дар эҷоди бӯҳронҳои экологӣ хеле равшан аст. Бисёр кишварҳо кӯшиш кардаанд, ки технология ва усулҳои илмии мувофиқро барои идоракунии партовҳои хатарноки худ интихоб кунанд. Бо вуљуди ин, идоракунии партовњои хатарнок њануз њам пеш рафта, инкишоф ёфта истодааст ва кишвари мо низ аз ин ќоида истисно нест ва дар баробари рушди соњањо ифлосшавиро низ назорат кардан лозим аст. Дар айни замон, дар аксари соҳаҳо системаи дурусти идоракунии партовҳои хатарнок вуҷуд надорад. Ва ин дар ояндаи муҳити зист ба мушкилоти ҷиддӣ дучор хоҳад шуд. Барои ташкили ин системаи идоракунӣ, пеш аз ҳама, муайян ва гурӯҳбандии партовҳои хатарноки дар минтақаи тадқиқот истеҳсолшуда зарур аст. Зеро донистани хусусиятҳои маводи партовҳои хатарнок ва дарозии умумии муайянкунии ин мавод метавонад ба мутахассисон дар интихоби усулҳои дурусти тозакунӣ, нигоҳдорӣ ва нобудсозии ин мавод кумак расонад.
Аморати Муттаҳидаи Араб бузургтарин тавлидкунандаи алюминий дар Шарқи Наздик аст ва ба ин соҳа 22 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст. Саноати алюминий дар Шарқи Наздик ба афзоиши савдои хориҷӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва тавсеаи иқтисоди минтақа тавассути васеъ кардани миқёс ва иншооти он мусоидат кард. Саҳми ин кишвар дар тавлиди умумии ҷаҳонии алюминий 3,4 дарсадро ташкил медиҳад, ки дар миёни кишварҳои тавлидкунандаи алюминий пас аз Чин, Русия ва Канада дар ҷойи чаҳорум қарор дорад. Омори кишварҳои Шарқи Наздик нишон медиҳад, ки ин минтақа ба маблағи 7,4 миллиард доллар воридот доштааст, ки дар миёни онҳо кишварҳои Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳида аз ҳама бештар воридотро ташкил медиҳанд.
Бар асоси натиҷаҳои баъзе омори нашршуда, ҳиссаи асосии истеъмоли алюминийи ҷаҳон дар солҳои 2013 ва 2025 ба Чин тааллуқ дорад. Ҳамин тариқ, ҳиссаи Чин аз 48%-и соли 2013 дар соли 2025 ба 56% мерасад. Бар асоси натиҷаҳо, интизор меравад, ки Аврупо дар соли 2025 12 дарсади истеъмоли алюминии ҷаҳонро ташкил диҳад, ки ин фоиз дар муқоиса бо соли 2013 4 дарсад коҳишро нишон медиҳад. Ин дар ҳолест, ки тақозои Чин, Осиё, Уқёнусия ва Амрикои Лотинӣ ба истеъмоли алюминий афзоиш хоҳад ёфт, ки ин метавонад ба мавҷудияти зарфиятҳои рушди иқтисодӣ дар ин кишварҳо бошад ва дар натиҷа, дар солҳои оянда тақозо ба алюминий афзоиш хоҳад ёфт. Бинобар далели мушкилоти муҳити зист ва олудашавӣ, Чин дар пайи коҳиши иқтидори олудакунанда аст ва ҳукумати ин кишвар дар ин роҳ чораҳои ҷиддӣ андешидааст. Дар панҷ моҳи аввали соли 2018 тавлиди алюминий дар Чин 1,4 дарсад афзоиш ёфта, ба 13,6 миллион тонна расидааст. Коҳиши иқтидор дар Чин аз сабаби ифлосшавӣ метавонад маҳз ҳамон чизе бошад, ки кишварҳои ҷаҳон ҷустуҷӯ доранд.

 

 

 

Маросими супоридани таҷҳизот ба Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” дар доираи ҳамкориҳои техникии АБНА

Возможно, это изображение 10 человек и люди стоят
     19-уми январи соли 2023 дар озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бо иштироки директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода маросими расмии супоридани таҷҳизотҳои озмоиши сурат гирифт.
     Озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” дар ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахши омӯзиши изотопии пиряхҳо ва қабати барф, мушоҳида ва назорати ҳолати коҳишёбии онҳо ва инчунин муайян намудани таркиби изотопӣ ва гидрологии оби пиряху кӯлҳо ва ҳавзҳои пиряхӣ таъсис дода шудааст.
    Бояд қайд кард, ки дар маросими ба кор омода намудани таҷҳизоти лазерии “Пикаро” дар озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” байни Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва инчунин муассисаи мазкур Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, барои минбаъд боз ҳам вусъат бахшидани ҳамкориҳои муфиду судманд ибрози андеша намуданд.
Зимни баромади худ директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Илҳом Мирсаидзода аз ташаббусҳои наҷибу бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо ёдовар шуда, ҳамзамон аҳаммияти эълон гардидани соли 2025-ро ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” муфассал шарҳ дода, зикр кард, ки ташаббуси мазкур барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли масоили обу иқлим ва обшавии пиряхҳо мусоидат хоҳад намуд.
     Сипас, дар ҷараёни чорабинӣ директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”, профессор Абдулҳамид Қаюмов иброз намуд, ки озмоишгоҳи мазкур баҳри амалӣ намудани ташаббуси 5-уми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ташкил гардида, дар самти рушд ва тақвияти илми пиряхшиносӣ дар ҷумҳурӣ такони нав хоҳад бахшид. Инчунин зимни суханронии худ мавсуф қайд кард, ки бо дастгирии шӯъбаи ҳамкориҳои техникии АБНА таҷҳизоти лазерии “Пикаро” дар озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи марказ фаъол гардида, имконият медиҳад, ки минбаъд омӯзиши изотопии пиряхҳо ва қабати барф бо тарзҳои инноватсионӣ ба роҳ монда шавад.
Дар доираи лоиҳаи мазкур кормандони шуъбаи озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи марказ ба муддати як моҳ дар Донишгоҳи Инсбруки Ҷумҳурии Австрия ҷиҳати аз худ кардани тарзҳои таҳқиқоти изотопии пиряхҳо таҷриба омӯхтанд.
    Ҳамин тариқ, метавон хулоса намуд, ки чунин усули ба роҳ мондани омӯзиши пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ниҳоят кам буда, ба роҳ мондани он дар марказ як навъ навоварӣ ва ҳамзамон боиси пешрафти илми глятсиология ва инчунин тарзҳои нави ба роҳ мондани таҳқиқоти пиряхҳо ба шумор меравад, ки он ҳам бошад бо сиёсат ва иқдоми имрӯзаи пешгирифтаи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омӯзиш ва нигоҳдории пиряхҳо амалӣ шудааст.
 
 
 
 
 

 

 
 

 

 

 

СУҲРОБ ШАРИПОВ ВА САҲМИ Ӯ ДАР РУШДИ ФАЛСАФАИ СИЁСӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Возможно, это изображение 3 человека и люди стоят
      19 январи соли 2023 аз даргузашти муҳаққиқ ва сиёсатмадори тоҷик шодравон Суҳроб Ибронович Шарипов 8 сипарӣ мегардад. Бо вуҷуди умри кӯтоҳи пурфайзи худ доктори илмҳои сиёсӣ Суҳроб Шарипов дар рушди афкори фалсафӣ-иҷтимоӣ дар фазои илмиии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта, мероси илмии ӯ барои рушди минбаъдаи илмҳои ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ ва фалсафа заминаи бунёдӣ маҳсуб меёбад. Суҳроб Шарипов яке аз аввалин муҳаққиқоне дар Тоҷикистон аст,ки ба масъалаҳои мубрами фалсафаи сиёсӣ машғул гардида, монография ва мақолҳои илмӣ эҷод намудааст.
      Аслан фалсафаи сиёсӣ, ки маҷмӯи назарияҳо, мафҳумҳо, ғояҳоро дар бар мегирад, яке аз ҳадафҳо ва вазифаи худро дар маънидод, шарҳу эзоҳ намудани як низоми муайяни сиёсӣ мебинад. Дар баробари ин рисолати фалсафаи сиёсӣ аз он иборат аст, ки самти асосии инкишофи сиёсиро дар дилхоҳ ҷомеа арзёбӣ намояд. Аз ин нуктаи назар мо, агар фаъолияти файласуфи назарияшинос аз нишон додани ҳадафҳои олии давлат иборат бошад , пас вазифаи сиёсатмадори амалкунанда аз дарёфти восита ва абзор барои расидан ин ҳадафҳои олӣ ташаккул ёфтаанд. Ба ҳамин хотир, фалсафаи сиёсӣ бунёди ахлоқӣ-маънавии низоми мавҷудаи сиёсиро дар давлати соҳибистиқлол ташкил медиҳад.
Дар асарҳои илмии худ С.Шарипов ба нақши аҳли зиё ва равшанфикрон дар рушди миллати тоҷик аҳамияти аввалиндараҷа дода, ҳамеша аз онҳо даъват ба амал меовард, то дар таҳкими сулҳу субот ва ҳифзи истиқлоли кишвар пешқадам бошанд. Ӯ вазифаи зиёии точикро дар он медид, ки онҳо бояд барои аз ҷониби ҷомеа дарк намудани манфиатҳои миллии тоҷикон ва ҳифзи мақоми миллати мо дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намоянд. Ба ақидаи С.Шарипов зиёии точик бояд таҷассумгари идеяҳои миллӣ, инъикосгари манфиатҳои ҳақиқии мардум ва авангарди маънавии халқ бошад.
     Имрӯз таҷрибаи рӯзгор гувоҳ медиҳад, ки иттиҳоди аҳли зиё ва фидокории комили онҳо як омили калидӣ барои иттиҳоди кулли қишрҳои ҷомеаи тоҷик шуда метавонад ва бо ин васила иродаи халқро баҳри ободии Ватан ба маҷрои ягона ва дуруст равона месозад.
Дар таҳқиқоти худ Суҳроб Ибронович ояндаи Тоҷикистонро дар робита дар Ваҳдат арзёбӣ намудааст.Ӯ ин ақида худро дар мақолааш,ки моҳи октябри соли 1999 “Ояндаи Тоҷикистон -дар ваҳдат аст”, ки бо забони русӣ дар рузномаи “Ҷунбиш ” ба нашр расида буд,иброз намудааст.
Дар ҳақиқат дар давраҳои муайяни рушди ҳар як миллат, аз муҳити он шахсиятҳое пойдо мешаванд, ки бо афкору пешбиниҳои худ ба интихоби стратегия рушди давлат ва берун аз таъсири худро мегузоранд.
      Масалан дар давраи Эҳё дар Аврупо маҳз намояндагони фалсафаи сиёсӣ барои тараққиети ин минтақа ва раҳоиион аз ҷаҳолат бо назару диди нави худ мусодидат намуданд. Давраи Эҳё дар Аврупо по озодии давлатҳову мардуми он аз ҳукмронии догмаҳои динӣ ва руҳониён, яъне бо эъмори давлати дунявӣ иртибот дошт. Тасаввуроти динии олам, ки аз ҷониби руҳониени ҷаҳолатпараст аврупои тарғибу ташвиқ мегардид, дигар ниёзи иҷтимову иқтисодӣ ва маъанвию сиёсии мардуми Аврупоро қонеъ намекард. Барои шарҳ додани равандҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар Аврупои давраи Эҳё заминаи нави фалсафии назариявӣ лозим буд. Яъне минбаъд ғояҳои дин меҳвари калисои насронӣ табақаи нави таҳсилкардаи зиёӣ ва равшанфикронро дар ҷомеаҳои аврупоӣ қонеъ карда наметавонист. Афзоиши худшиносии миллӣ дар зеҳни миллатҳои мухталифи Аврупо ба пайдоиши давлатҳои соҳибистиқлол бо низоми муттамаркази мудирият мусоидат намуд. Ба ин хотир қисми зиёди афкори фалсафӣ-сиёсии он давра ба ташаккули давлатҳои миллӣ ва дунявӣ бахшида шуда буданд.
      Мутаффакирони асосии фалсафаи сиёсӣ ва иҷтимоии давраи Эҳё дар Аврупо Никколо Макиавелли, Жан Боден мебошанд. Онҳо ба афкори нави худ, ки моҳияти тараққихоҳ дошт ба ташаккули аввалин давлатҳои дунявӣ дар олами Ғарб асос гузошт. Агар ба таърихи рушди фалсафаи сиёсӣ-иҷтимоӣ назар афканем, хоҳем дид, ки маҳз афкори асосгузорони фалсафаи сиёсӣ ба мисли Н.Макиавелли ба рушди назарияи мудирияти давлат дар ҷаҳон таъсири амиқ расонида аст. Яъне нақши як равшанфикр, як тараққихоҳ дар рушду тараққии ҷомеаи дигаргушаванда хеле зиёд аст. Суҳроб Шарипов ба назари мо ҳамин гуна шахси тараққихоҳ ва равшанификр буд. Хусусан дар давраи баъд аз низоъ дар Тоҷикистон у кӯшиш кард, ки ба раванди таъмини сулҳу субот, бартараф намудани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо нашри мақолаҳои илмӣ саҳми худро гузорад.
     Дар ин қарина таъкид намуда ҷоиз аст, Шарипов Суҳроб Ибронович аз аввалин олимони замони соҳибистқлолии Тоҷикистон мебошад, ки ғояи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эъмори давлати миллии дунявии тоҷикон дастгирӣ ва пайравӣ намудааст. Мақолаҳои воқеънигоронаи Суҳроб Шарипов ки дар солҳои 1998-2011 эҷод гашта буданд, асосан ба ифшои нақшаҳои бадғарази тарафдорони давлати динмеҳвар ва идеологияи зиддитоҷикии онҳо, инчунин нишон додани бартарияти давлати дунявӣ бахшида шудаанд. Чунончи дар як мақолаи худ “Тоҷикистон набояд давлати динмеҳвар шавад” ӯ чунин менависад : “аз ин рӯ, мо бар ин назаре ҳастем, ки низоми давлати дунявии мо муҳимтарин омили мавҷудияти миллату давлати тоҷикон аст. Тоҷикистон танҳо ба ҳайси давлати дунявӣ мавриди таваҷҷӯҳи кишварҳои минтақа ва кишварҳои ҷаҳон боқӣ хоҳад буд. Низоми дунявии Тоҷикистон ба мо имкон медиҳад, ки имрӯз омили ҳамгироии тамоми тоҷикон ва мардуми тоҷикзабон бошем. Чунин одамон дар ҷахон даҳҳо миллион нафаранд” [Шарипов С.И. Политические процессы в таджикском обществе(сборник статьей 1998-2011): Душанбе.-2011.- С.340].
     Суҳроб Шарипов ҳамчун яке аз аввалин шогирдони мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо афкори тараққихоҳӣ худ дар таҳкими рукнҳои сиёсӣ ва иҷтимоии давлати миллии дунявӣ саҳми арзанда гузошта аст. Ӯ ба мисли миллионҳо шаҳрвандони тоҷик ба афкору ақидаҳои созандаи Пешвои миллат эътиқоду боварии комил дошт. Чунончи Шарипов Суҳроб Ибронович ҳанӯз соли 2000, яъне 23 сол муқаддам дар як интишороти худ менависад, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти демократикунонии ҷомеаи тоҷик “корҳои зиёдеро анҷом дода истодааст... ва аз ин рӯ вазифаи сохторҳои маҳаллии ҳокимият аз он иборат аст, ки барои шаҳрвандони оддӣ шароиту имконият фароҳам оваранд, то ин ки онҳо ба субъектҳои фаъоли раванди демократикунонии мамлакат мубаддал гарданд... яъне ҳадафмандии сиёсӣ ва эътимоди роҳбари давлат Э.Ш.Раҳмонов дар мавриди он, ки ояндаи Тоҷикистон танҳо давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аст , бояд дар меҳвари зеҳну андешаи кулли сокинони ҷумҳурӣ қарор гирад” [Шарипов С.И. Политические процессы в таджикском обществе(сборник статьей 1998-2011): Душанбе.-2011.- С.132].
     Ба ғайр аз он, ки Суҳроб Шарипов бо таҳлилу арзёбии масоили дохилии кишвар машғул буд, боз ӯ ҳамчун таҳлилгари масоили муносибатҳои байналмилалӣ низ ном бароварда буд. Як қисми муҳими интишороти С.Шарипов ба баррасии масоили таъмини амнияти Осиёи Марказӣ, ҳамгироии минтақа ва муқовимат ба таҳдидҳои байналмилалӣ бахшида шудаанд. Дар ин радиф бархурди манфиатҳои геополитикии абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ ва таъсири он ба вазъи дохиливу хориҷии минтақа яке аз самтҳои муҳими пажӯҳишҳои ӯро ташкил медиҳанд. Ӯ дар суханрониҳои илмии худ дар конфронсҳои байналмилалӣ пайваста таъкид менамуд,ки Осиёи Марказӣ имрӯз минтақаест, ки таваҷҷуҳи на танҳо бозигарони бузурги геополитикӣ, балки кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва ташкилотҳои террористӣ ва экстремистиро низ ба худ ҷалб мекунад.
     Ба ақидаи Суҳроб Шарипов Осиёи Марказӣ минтақаест, ки пайваста дар таҳаввулот қарор дорад. Агар қаблан, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҷомеи ҷаҳонӣ онро ҳамчун организми ягона қабул карда бошад, баъдан Осиёи Марказӣ як маҷмааи дорои муносибатҳои гуногуну мураккаб арзёбӣ гардидааст .
     Суҳроб Шарипов ҳамчун геополитики дурбин мутмаин буд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ, пас аз даст овардани истиқолол бо чанд мушкилот дучор омаданд. Нахуст онҳо бояд на танҳо ба муқовимат бо экстремизми динӣ-сиёсӣ ва терроризми байналмилалии дорои ангезаи динӣ таваҷҷуҳи махсус менамуданд , балки инчунин ба таҳаввулоти манфиатҳои бозигарони асосии геополитикии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ бодиққат бояд назорат намоянд. Ба ақидаи ӯ хавф аз он иборат буд, ки бархурди манфиатҳо ва зиддиятҳои субъектҳои геополитикии байналмилалӣ дар шароитҳои муайяну мушаххас метавонанд ба суботи минтақа мо таъсири манфӣ расонанд.
Чуноне, ки мебинем, имрӯз пешбиниҳои Суҳроб Шарипов оид ба сенарияҳои инкишофи вазъият дар Осиёи Марказӣ ва таҳаввулот дар муносибатҳои байналмилалӣ дар минтақиа пурра амалӣ шудаанд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ алъон дар қаринаи ҷаҳони сеқутба дар меҳвари таваҷҷӯҳи давлатҳои абарқудрат ва бархурди шадиди онҳо барои таъмини манфиатҳои миллиашон дар минтақаи мо боқӣ монданд. Аз тарафи дигар таҳдидҳо аз ҷониби гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ ва экстремистии динӣ-сиёсӣ дар минтақа кам нашуда, балки дар иртибот бо Афғонистони имрӯза ба худ сифати нав касб кардаанд.
    Ҳамин тариқ, шодравон Шарипов Суҳроб Ибронович дар давоми ҳаёти пурбаракати худ ҳамчун муҳаққиқ, сиёсатмадор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ барои рушду нумъи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон саҳми назарраси худро расонидааст. Дар мавриди Суҳроб Шарипов ҳамчунин гуфтан ҷоиз аст,ки аз ӯ барои миллат на танҳо мероси ғани илмӣ, балки номи нек ҳам боқӣ монд. Зиндаву ҷовид монд, ҳар ки накӯном зист!
Ҳайдаров Рустам
доктори илмҳои фалсафа

 

 

 

Фаъолияти олимони АМИТ дар соли 2022

     Дар соли 2022 олимони Академияи миллии илмҳо таҳқиқотро аз рӯйи 114 мавзуъ, аз ҷумла 71 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 16 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 27 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои мушаххаси илмиро ба даст оварданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо беш аз 3420 кори илмӣ, аз ҷумла беш аз 250 китобу монография, маҷмуаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, 3170 мақолаи илмӣ, аз онҳо 2830 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, беш аз 340 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва давлатҳои хориҷи дур ба нашр расиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, дар маҷмуъ 120 адад зиёд аст.
     Дар ин давра кормандони институтҳои илмию таҳқиқотии АМИТ дар беш аз 750 чорабинӣ: форум, конференсия, семинар ва мизи мудаввари илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштироку суханронӣ намуданд.
     Ҳамчунин, чи тавре дар боло қайд намудам, аз тарафи олимони АМИТ беш аз 1250 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ таҳия карда шудаанд, ки аз онҳо қариб 500 мақола дар матбуот нашр ва беш аз 1500 вокуниш ба навиштаҳои ВАО ва гузоришу мусоҳибаҳои телевизионию радиоӣ нашр ва пахш карда шудааст. Дар сомонаи интернетии www.ravshanfikr.tj ва дигар сомонаҳои интернетӣ 230 мақола, наворҳои аудиоӣ ва видеоӣ оид ба дастовардҳои илмӣ, пешрафтҳои илми ҷаҳонӣ, навигариҳои илму техника, фарҳангу ҳунар, маводҳо вобаста ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таблиғи ҷаҳонбинии илмӣ ҷой дода шудаанд.
      Дар давраи ҳисоботӣ 6 шумораи маҷаллаҳои илмии “Гузоришҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, шумораҳои 1, 2 ва 3 маҷаллаҳои “Ахбори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, шумораҳои 1(28), 2(29), 3(30) ва 4(31)-уми маҷаллаи илмию оммавии “Илм ва ҷомеа” ба нашр расиданд. Дар маҷаллаҳои мазкур мақолаҳои илмии олимони шинохта дар соҳаҳои гуногуни илми муосир, аз ҷумла, фалсафа, физикаю астрономия, сиёсатшиносӣ, ҷомеашиносӣ, таъриху филология, иқтисодиёт, ки мазмунашон ба дастгирии сиёсати давлатӣ ва тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ равона гардидаанд, нашр шудаанд.
      Дар соли 2022 дар 18 шурои диссертатсионии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори КОА ФР тасдиқ шудаанд, ҳамагӣ 137 рисола, аз ҷумла 22 рисолаи докторӣ ва 115 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд. Дар 7 шурои дар АМИТ амалкунанда ҳамагӣ 53 рисола, аз ҷумла 10 рисолаи докторӣ ва 43 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуданд.
     Дар 8 шурои диссертатсионии амалкунандаи АМИТ, ки бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, ҳамагӣ 22 рисола, аз ҷумла 1 рисолаи докторӣ ва 21 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шудааст.
Бар замми ин дар 8 Шӯрои диссертатсионии амалкунандаи АМИТ, ки бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, дар маҷмуъ ҳамагӣ 22 рисолаи илмӣ, аз он ҷумла 1 рисолаи докторӣ ва 21 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шудааст.
      Бояд қайд кард, ки дар ин давра муҳимтарин натиҷаҳои илмиро соҳаҳои физикаву техника, химияю биология ва дигар соҳаҳою муассисаҳои илмию таҳқиқотии АМИТ ба таври шоиста муаррифӣ намуданд, чунончӣ; дар соҳаи физикаю техника:-технологияи истеҳсоли кристаллҳои сунъӣ, ғанӣ гардондани сангҳои қиматбаҳо ва аз партовҳои минералӣ ҳосил намудани кристаллҳо коркард карда шуд. Аз ҷумла, бо усули кристаллизатсияи сунъӣ аз партовҳои Кӯҳи Лаъл якумин маротиба кристалли шпинел - лаъл, ки шафофи сурхчатоб аст, ҳосил карда шуд. Инчунин, дар натиҷаи коркарди нави технологӣ дар пайвастагиҳои оксиди празеодим ва оксиди висмут, якумин маротиба дар ҷаҳон монокристалли нави висмутит празеодим бо усули гидротермалӣ ҳосил карда шуд ва ба ин ихтироъ патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба даст оварда шуд. Дар соҳаи химия:- технологияи ҳосилкунии хӯлаҳои рехташавандаи алюминий, ки сохтори модификатсияшудаи кафолатдор доранд, бо истифода аз металлҳои ишқорзаминӣ (барий, стронсий), нодирзаминӣ (серий, празеодим, неодим) анҷом дода шуд. Аз ин хӯлаҳо метавон бо усули рехтагарӣ, қисмҳои гуногуни автомобил, трактор, насосҳои обкаш ва техникаи гуногуни дигар истеҳсол намуд.
Таъсири муқоисавии маводи доругии “Урсослит” ва “Урсафалк”, ки ба хосияти тағйирёбии миқдори туршобаҳои заҳраи талхадони калламушҳо дар шароити холелитиазӣ амалан бо усули хроматографияи газӣ тасдиқ карда шуд. Технологияи раванди ишқорронии сианидии тилло ва нуқра дар ҳарорати 25-30оС, дар қитъаи хокгардони кони Ҷилав, инчунин дар ишқорронии чалакии маъдани корхонаи “Зарафшон” татбиқ карда шуд.
      Аз консентрати ба даст овардаи фосфордор дар шароити озмоишгоҳи 40 кг нурии суперфосфати одӣ омода карда шуд. Миқдори фосфори дар нурӣ буда, 18, 27%-ро ташкил дод. Ин нурӣ ба талаботи ГОСТ 8382-57 пурра ҷавобгӯ буда, дар қитъаи таҷрибавии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ бо ду навъи пахта “Шавкат-80” ва “9326-В” аз санҷиш бомуваффақият гузашта, бо санади татбиқ ҳифз карда шуд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки пахтаҳои таҷрибавӣ нисбат ба муқоисавӣ аз ҷиҳати баргу гул ва ғӯра ба куллӣ дорои ҳосилнокии зиёд буданд.