joomla
free templates joomla

АЗ ОРИЁНИ БОСТОН ТО ТОҶИКИСТОНИ ҶАВОН

ё чанд мулоҳиза дар ҳошияҳои асари Назри Яздонӣ «Ормонҳои ориёнӣ. Аз бостон то ҷовидон»
Хуршед Зиёӣ
доктори илмҳои фалсафа, профессор
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон, ки аз зумраи наслҳои озодагони ориёитабори Осиёи Марказӣ ҳастанд, давлатдории миллии худро эҳё сохта, бо такя ба муқаддасот, ормонҳо ва арзишҳои ниёгони худ дар муҳлати хеле ҳам кутоҳ пояҳои онро таҳким бахшиданд. Ин комёбӣ, ба ақидаи мо, маҳз тавассути ҳамин арҷгузорӣ ба гузаштаи худ, махсусан аз тариқи гиромидошти арзишҳои ориёӣ муяссар гардид. Аз ин рӯ, таҳқиқ ва истифодаи ганҷҳои то ҳол ҳам кашфнагаштаи ин тамаддуни бостонӣ имрӯз ҳам мубрам буда, на танҳо арзиши бузурги илмию назариявӣ, балки манфиати зиёди амалӣ низ дорад. Бо ҳамин сабаб таҳқиқоти шоир ва ҳикматшиноси варзида Назри Яздониро, ки бо номи «Ормонҳои ориёнӣ. Аз бостон то ҷовидон» ба нашр расидааст, як амали хайру саривақтӣ дар шиносонидани мардуми Тоҷикистон бо арзишҳои хеле ҳам пурбаҳои ниёгон метавон ҳисоб намуд.
Таҳқиқоти мазкур гуногунҷанба буда, мавзуъҳои хеле ҳам мухталифро фаро гирифтааст, ки зоҳиран гусаста аз ҳамдигар ба назар расанд ҳам, вале ботинан бо якдигар пайвастагии ногусастанӣ доранд. Муаллиф дар ибтидо Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҳлил намуда, шахсияти эшонро ба хонандагон ҳамчун Пешвои маърифату ваҳдати миллӣ муаррифӣ сохтаанд. Ҳамзамон, ба шоир ва файласуфи шинохта Назри Яздонӣ муяссар гардидааст, ки нақши Пешвои муаззами миллатро дар нигаҳдошту тақвияти арзишҳои миллӣ дар даврони ҷаҳонишавӣ ба таври аёнӣ нишон диҳанд. Ё худ, чанд хотираву андешаи хешро дар бораи шахсият ва фаъолияти академик Бобоҷон Ѓафуров иброз дошта, устод Назри Яздонӣ одилона таъкид сохтааанд, ки ӯ ҳанӯз аз соли 1974, аз лаҳзаи нашри шоҳасари худ «Тоҷикон» қаҳрамони ҳақиқӣ буд. Ин ҳама хулосаҳои муаллифи китоби «Ормонҳои ориёнӣ. Аз бостон то ҷовидон» дар бораи ин ду шахсият воқеан ҳам мантиқиянд, зеро маҳз онҳо ормонҳои ориёии ниёгони моро дар даврони муосир ҳаёти дубора бахшидаанд.
Дар таҳқиқоти мазкур доир ба шахсиятҳои дигари маъруфи миллат, аз ҷумла оид ба дӯстии Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492) ва Алишери Навоӣ (1441-1501), маорифпарварии Аҳмади Дониш (1827-1897) ва Садриддини Айнӣ (1878-1954) ақидаҳои ҷолиб баён гаштааст. Назри Яздонӣ инчунин аз дӯстӣ ҳамчун арзиш сухан гуфта, муносибатҳои байни файласуфони олмонӣ Карл Маркс (1818-1883) ва Фридрих Энгелсро (1820–1895) мисол меоранд. Дар бораи робитаи таълимоти шоир ва мутафаккири тоҷикзабони покистонӣ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (1877-1938) ва файласуфи олмонӣ Фридрих Нитсше (1844–1900) сухан ронда, муаллиф барҳақ чунин меҳисобанд, ки ин файласуфи олмонӣ дар асари машҳураш номи шахсияти ориёии бузург - Зардуштро танҳо ҳамчун “реклама” истифода бурда, ҷаҳоншиносияш аз арзишҳои ниёгони мо фарсаҳо дур аст ва ин гуна мафкурае, ки ӯ дорад, тахрибкор буда, имкон медиҳад, ки шахсияти худи Нитсшеро ҳамчун «нобиғаи сиёҳ» ном барем.
Мавзуъҳои дигаре, ки дар ин асари Назри Яздонӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд, ба Наврӯзи ҷовидона, ормонҳои ориёӣ дар даврони исломӣ, парчам ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ, алифбои ватансозӣ, фарҳанг дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, мақоми дин дар ҷаҳони муосир ва амсоли он бахшида шудаанд. Муҳаққиқ инчунин ба таври муфассал масъалаи фалсафаи нур дар баррасии шарқиён ва ғарбиён ва мақоми фар ё нуру оташро дар таълимоти фалсафии ниёгони мо мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додаанд.
Мавзӯи сарнавишти ормонҳо ва арзишҳои ориёӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи шоир ва файласуф Назри Яздонӣ буда, ӯ ин масъаларо дар мисоли муҳити тамаддуни исломӣ ва аҳди манғитиён равшан сохтааст. Аз ҷумла, вожаи хароботи дар шеъри Ҳофизи Шерозӣ (1326-1389/90) омадаро ҳамчун нуробод шарҳ дода, аз истилоҳоте чун муғ, саройи муғон ва аз хоҳиши ин шоири машҳур оид ба «тоза кун аз оини дини Зардушт» ёдовар шудаанд.
Дар асари мазкур мусаввараҳо низ ҳамчун замима оварда шудаанд, ки моҳияти ормону арзишҳои ориёиро мекушоянд, аз ҷумла, нилуфар ҳамчун нишони ниёгони мо, маросими тақдими ҳадяи наврӯзӣ, гузаштани Сиёвуш аз оташ, устувонаи Куруши Кабир, нишони миллии Тоҷикистон аз соли 1924 то даврони Иистиқлолияти давлатӣ, парчами тоҷикон аз замони Кова то имрӯз, намунаи алифбоҳои ориёӣ ва ғайра.
Бори дигар таъкид мегардад, ки таҳқиқоти Назри Яздонӣ гуногунҷанба ва мухталифмавзуъ аст, ки ҳамагӣ бо ҳамдигар пайвастаанд. Аммо инҷо мо мехостем ба ду мавзуи баррасинамудаи муаллиф каме муфассалтар таваҷҷуҳ дошта бошем: ин яке мақоми нур дар ҷаҳоншиносии инсоният аст ва дигаре - алифбои ватансозӣ.
Муаллифи таҳқиқот барҳақ қайд мекунанд, ки нур, равшанӣ, оташ ҳамчун нахустманбаъ дар фалсафаи бостонии тоҷик ҷойгоҳи хосса дошта, ин ақида минбаъд дар фалсафаи асримиёнагии ниёгони мо шарҳи бештари фалсафии худро ёфтааст. Аз ҷумла, Шаҳобиддини Суҳравардӣ (1154-1191) бо такя ба ҷаҳоншиносии авастоӣ, фалсафаи Афлотун (427- 347 то мелод) ва оятҳои қуръонӣ дар бораи нур ҳикмати ишроқи худро ба вуҷуд овард, ки қуллаи баландтарини рушди фалсафаи нур аз даврони бостон то даврони мутафаккир буд. Минбаъд бошад, файласуфи олмонӣ Георг Гегел (1770-1831) низ бо такя ба хамин таълимоти тоҷикони бостонӣ нурро ҳамчун ҷавҳари субъективӣ ё рӯҳи ашё шинохтааст.
Оид ба ин мавзуъ бояд таъкид намуд, ки дар илми муосири физика фотон ҳамчун ҳиссачаи элементарӣ ё соддатарини таркиби нур ҳисоб мешавад, ки чунин хосиятҳои аҷибу ғариб дорад: он дар як замон ҳам заррача асту ҳам мавҷ; зарраи сершумортарин дар тамоми оламу афлок аст; ягона зарраи физикиест, ки зидди он низ худи он аст; аз фотон ё нур дида ягон зарраи дигаре бо суръати баландтар ҳаракат намекунад, зеро нур воқеан вуҷуд дошта бошад ҳам, вале масса-вазн надорад; бо ҳам бархӯрдани ду фотон метавонад ҳиссачаҳои дигари элементариро ба вуҷуд орад ва амсоли он. Дар баробари ин, фотон ё нур қабл аз газ, моеъ ва ҷисми сахт пайдо гардидааст ва ғайра. Ҳамаи ин имкон медиҳад, ки нурро ҳамчун нахустманбаъ эътироф намоем. Аммо чунонки дар фалсафаи нури бостонӣ, ё дар ҳикмати ишроқи Суҳравардӣ, таълимоти Гегел ва мутафаккирони дигар масъалаҳои нофаҳмо ва нокушода оид ба нур зиёд буданд, дар физикаи муосир низ чунин масъалаҳои муғлақ бешуморанд, ки таҳкиқоти минбаъдаро тақозо мекунанд. Дар ҳар сурат таъкид бояд намуд, ки фалсафаи нури ниёгони мо чи дар аҳди бостон ва чи дар асрҳои миёна заминаҳои воқеии илмӣ доштааст, ки фаҳмиши моҳияти он таҳқиқоти минбаъдаро талаб менамояд.
Масъалаи аз ҳама муҳим, ки Назри Яздонӣ дар таҳқиқоти хеш гузоштаанд ва роҳҳои ҳалли онро ба таври мушаххас пешниҳод сохта, механизмҳои роҳандозии онро равшан намудаанд, ба андешаи мо, ин алифбо ё дастурномаи ватансозист. Дар ин росто муаллиф таъкид доштаанд: «Ватанро шаҳрванд месозад. Шаҳрванд дар кадом дараҷаи сифати тараққиву рушду равнақ бошад, маълум аст, ки Ватан ҳам дар ҳамон дараҷа мешавад».
Аз ин рӯ, дар кори ватансозӣ нуктаи аз ҳама муҳимтарин ин, аз назари Назри Яздонӣ, худшиносӣ ва худсозии шаҳрванд аст, зеро чунонки адиби ирландӣ Бернард Шоу (1856-1950) гуфтааст, “Маънии ҳаёт на он аст, ки худро биёбӣ, балки он аст, ки худро бисозӣ”. Механизмҳои ташаккули худшиносиро бошад, муҳаққиқ, қабл аз ҳама, дар тарбияи дурусти шахсият «аз хонавода то донишгоҳ» ва худро шинохтани шахс тавассути ақл дар асоси ба эътибор гирифтани нахустусул ё принсипи «ҳар касеро баҳри коре сохтаанд», ба шумор меравад. Дар сурати бо чунин роҳ ташаккул ёфтани шахс ӯ ба хубӣ дарк мекунад, ки ватансозӣ ин аст: «… ободу шодобу шукуфо кардани хоки Ватан, поку беолоиш доштани оби Ватан, муътабару муаззам доштани номи мубораки модарамон, падарамон, бузургворони Ватан».
Худи мафҳуми худшиносӣ дар таъбири барҳақи Назри Яздонӣ аз чунин унсурҳо таркиб меёбад: ҳар лаҳза аз лиҳози сиёсӣ зираку ҳушёр будан; омодагии доимӣ барои ҳифзи манфиатҳои давлати хештан; дареғ надоштани ҷону тавоноии худ дар ҳифзи Ватан; танаффур аз маҳалгароӣ ҳамчун тафаккури тӯдагӣ; бунёди қалъаи пулодини ваҳдати миллӣ; пиндор, гуфтор ва кирдори муосиру замонавӣ доштан; бо ифтихор худро аз Тоҷикистон донистан, ки ҷузви ҳамон Хуросону ҳамон Ориёност.
Вобаста ба масъалаи мазкур, қобили ёдоварист, ки худшиносӣ дар маҷмӯъ чун шинохти шахсияти хештан, ки ба инъикоси худӣ дар шуур асос ёфтааст, ҷанбаҳои табиию иҷтимоӣ дорад. Табиӣ будани он аз шуури инсон ҳамчун зуҳуроти биологӣ вобаста буда, иҷтимоӣ буданаш ба тарбияи инсон дар оила ва ҷомеа марбут аст. Аз ин рӯ, худшиносии миллиро низ, ки одатан ҳамчун мансуб донистани хештан ба ин ё он миллат, давлат ва фарҳанг медонанд ва танҳо чун падидаи софи иҷтимоӣ мешиносанд, бояд бо иртибот ба решаҳои табиияш маънидод созем. Кофист барои исботи решаҳои иҷтимоӣ доштани он таъкид намоем, ки худшиносии миллӣ то андозае аз ирқу нажод, шароити ҷуғрофӣ низ вобастагиҳои зиёде дорад. Ва маҳз бо ҳамин сабаб тарбияи худшиносӣ барои ҳар халқу миллат махсусиятҳои худро дорад, ки ҷомеа, аз ҷумла ҷомеаи муосири Тоҷикистон бояд ҳатман онҳоро дар ин раванд ба эътибор гирад. Барои ҷомеаи мо имрӯз худшиносии миллие муҳим аст, ки асосан ба чунин унсурҳо, аз қабили ғояи миллӣ, эҳсоси мансубияти марзӣ ва мутааллиқӣ ба ин ё он дину мазҳаб такя мекунад.
Бояд таъкид намуд, ки тамоми андешаҳои дар боло таҳлилшуда аз ҷониби Назри Яздонӣ бо як забону услуби хосса ва дар сатҳи баланди маънипардозӣ баён гардидаанд, зеро худи муаллиф чун Ибни Сино (980-1037) ва Умари Хайём (1048-1131), Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (1207-1273) ва Абдураҳмони Ҷомӣ ва даҳҳо мутафаккирони дигари гузаштаи миллатамон ҳам файласуфанду ҳам шоир. Эшон фалсафаи Ибни Синоро ба таври амиқ таҳқиқ намуда, эссеҳои пурмуҳтавои фалсафию адабӣ эҷод кардаанд. Ашъори баландмаънӣ, вале фаҳмо ва зебою гӯёи Назри Яздонӣ дар шаш китоб ва маҷмуаҳои зиёди дастаҷамъӣ ба нашр расидаанд. Зиёда аз 50 шеъри ӯро, ки ба онҳо ҳунармандон оҳанг бастаю дар шакли тарона сурудаанд, ба хазинаи тиллоии радиои тоҷик ворид сохтаанд. Назри Яздонӣ тарҷумони забондону хушзабонест, ки асарҳои зиёдеро аз забони асл, аз ҷумла аз забони англисӣ тарҷума кардаанд.
Асари худ «Ормонҳои ориёнӣ. Аз бостон то ҷовидон»-ро эҷод карда, шоир ва ҳикматшиноси шинохта Назри Яздонӣ дар охирсухани китоб, ки охир надорад, таъкид доштаанд, ки «то инсон аст, то ҷовидон ормону арзишҳои тамаддуни ориёӣ зиндаву созандаву босубот хоҳанд монд». Мо низ ин андешаи файласуфи шинохтаву шоири мумтоз, устод Назри Яздониро комилан ҷонибдорӣ намуда, бо як байти худи ӯ иброз медорем:
Зинда бодо Ориёнам, Ориёни бостонам,
Ориёни бостону Тоҷикистони ҷавонам!..

Субҳи имрӯз узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирзо Муллоаҳмад аз дунё даргузаштанд

 Возможно, это изображение 1 человек Субҳи имрӯз узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирзо Муллоаҳмад аз дунё даргузаштанд. Раёсати АМИТ ҳамдардӣ ва ғамшарикии худро ба ақрабо ва пайвандону шогирдони олими шинохта изҳор менамояд.
  Лозим ба ёдоварист, ки Мирзо Муллоаҳмадов аз ҷумлаи олимони пуркори тоҷик буд. Ба қалами ӯ беш аз 400 асари илмӣ ва илмиву оммавӣ таълиф шудаанд. Маҷмӯаҳои ба чоп расонидаи ӯ тақрибан 200 мақола, 12 монография, 30 маҷмӯа ба масъалаҳои эроншиносӣ бахшида шудаанд. Аз ҷумла, дар Эрон беш аз 30 асару мақолаҳояш ба табъ расидаанд.

ФРИДРИХ РЮККЕРТ 1788 - 1866

  Шоир, тарҷумон ва олими олмонӣ, профессори адабиёти Шарқ дар Донишгоҳҳои Эрланген ва Берлин кору фаъолият кардааст.  
  Дар соли 1814 бори нахуст диққати хонандагонро китоби ашъори шеърии рӯҳияи ватандӯстӣ («Шеърҳои олмонӣ» Дойче Гедихте»), бахшида шудааст ба худ хонандагонро чалб кардааст. Ин китобро бо тахаллуси Ф. Реймар ки ба он «Сонетҳои зиреҳдор», дохил шуда буд, ба худ ҷалб кард.
Асарҳои аввалини Ф. Рюккерт ҳам аз ҷиҳати шакл ва ҳам аз ҷихати мазмун матолиби зиёде гузоштанд; вале баъдтар ба навиштани ашъори зебо, навозанда ва пурмазмун шуруъ кард, ки аз онҳо, масалан, дар «Баҳори дӯстдошта», ки дар он достони ишқи худро бозмегардонад ва дигар маҷмуаҳо зиёданд. Маҳорати шеър навиштани ӯ хеле воло буд. Ва ҳамчун муҳаққиқ, олим беназир буд. Яке аз ҳолноманависони Ф. Рюкерт Г. Фортлаге ӯро ҳамчун “нобиғаи забоншинос” ба маънои томаш меҳисобид. Ӯ яке аз аввалин шоир ва муҳаққиқ буд, ки тамоми назми шарқиро аз нусхаи асл тарҷума мекард. Инчунин осори гаронбаҳои Шарқро ба хонандагони аврупоӣ муаррифӣ кардааст.
Саҳми Ф. Рюккерт ҳамчун мутарҷими нотакрор аст, ки аз ибрати Гердер ва Гёте илҳом гирифта, барои бо осори адабиёти Шарқ шинос кардани аҳли ҷомеаи олмонӣ қарор гирифтааст, ки хеле бузург аст. Тарҷума ё таҳрири ӯ аз «Наля ва Дамаянти» (1845), «Рустем ва Зораб» (1846), «Тағйирёбии Абусаид» (1844), имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардаанд. Бисёре аз ашъори аслии Рюккерт, ба хусус ашъори ишқӣ низ дар ҷойгоҳҳо тобиши шарқӣ доранд ва иртиботи наздики худро бо “ғазал”-ҳои арабӣ ё форсӣ шаҳодат медиҳанд.
Пас аз даргузашти Ф. Рюккерт тарҷумаҳо аз Саъдӣ, Фирдавсӣ, Калидаса, инчунин аз Теокритус ва Аристофан осори гаронбаҳоро боқӣ гузоштааст.
«Нал ва Дамаянти» ва «Рустем ва Зораб»-ро ховаршиноси рус В.А.Жуковский аз тарҷумаи олмонии Ф. Рюккерт тарҷума кардааст. Асарҳои Рюккерт солҳои 1867—1869 рӯи чоп омаданд. (12 чилд). Шеърҳои Рюккерт аз ҷониби А.Н.Плещеев, А.А.Фет, К.Р., Федор Сологуб, Н.А.Заболотский ва дигар шоирони маъруф, инчунин тарҷумонҳо А.Казарновский, В.Куприянов, В.Флайн, С.Таск, Б.Чулков ба забони русӣ тарҷума шудаанд.
Дар Олмон 50 версияи «Шоҳномаи Фирдавсӣ вуҷуд дорад, аммо Ф.Рюккерт «Шоҳнома»-ро тарҷума ва нашр кардааст. Аммо фақат тарҷумаи «Шохнома»-и Фирдавсӣ мунаққидон ба ин ақида ҳастанд, ки тарҷумаи Ф.Рюккерт ба нусхаи асл хеле наздик аст. Ӯ инчунин муаллифи тарҷумаи «Қуръони маҷид ва Девони Ҳофиз» ба ҳисоб меравад. Барои насли имрӯзи ховаршиносони Аврупо ва ҷаҳон осори гаронбаҳои Ф.Рюккерт дар шинохти назми нозуки адабиёти классикии Шарқ инчунин тоҷикон Фирдавсӣ, Ҳофиз Саъдӣ ва дигарон беназир аст.
Воҳидова Санавбарбону
доктори илмҳои таърих, профессор
мудири шуъбаи Аврупо ва Америка

ҶАШНИ САДА – РАМЗИ НУРИ ТАМАДДУНИ БАШАР

   Аз давраҳои қадим дар сарзамини тоҷику форси бостон ҷашни Сада ва қиссаи кашфи оташ бо ҳам алоқаманд буданд. Дар таърихи бостони халқи мо Ҳушанг-шоҳи Пешдодиён нахустин касест, ки ҷашни Садаро барпо намудааст. Дар бисёр сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, ки Ҳушанг – писари чаҳоруми Одам аст, яъне ба пушти чаҳоруми Одам мерасад. Дар «Таърихи Ғурар-ус-сияр» маъруф ба «Шоҳнома»-и Соалибӣ омадааст, ки Ҳушанг фарзанди Сиёмак, набераи Каюмарс буда, ба ҳамаи мардумони кишварҳо фармонбарӣ намуд. Ў нахустин касест, ки заминро аз ҳар ҷиҳат ободон кард ва ба сохтмону шаҳрсозӣ рўй овард. Болотар аз ҳама он аст, ки оинҳо ниҳод ва дод густурд ва ба ин хотир ба ў лақаби «Пешдод» доданд ба маънои он ки нахустин шахсест, доварӣ ба дод кардааст.[1] 
   Дар «Шоҳнома»-и Фирдасии бузургвор омадааст, ки Ҳушанг – подшоҳи Пешдодиён рўзе бо сад нафар ба самти куҳе меравад, ногоҳ мори бузургҷуссае ба назараш мерасад. Азбаски ҳаргиз мор надида буд, ба шавқ омада, гуфт ҷамеи ҷонварон мутобеати мо мекунанд, ҳамоно ин ҷонвар душмани мост, ки сар аз итоат печида, сангеро бардошту ба тарафи мор андохт. Он санг хато шуд бар санги дигаре хурд, оташ аз он баромад ва бар хасу хошок афтоду мор ҳам бисухт. Чун дар он замон ҳануз оташ кашф нашуда буд, Ҳушанг бо ҳамроҳони хеш аз ба вуҷуд омадани оташ хурраму шод гардид ва гуфт ин нури худост, ки душмани моро кушт ва рафту шукр кард ва қиблаи худро сохт ва ҷашни бузурге барпо кард, ки ин яке аз ҷашнҳои Сада буд.
Аз ин ҷо, ҷашни Сада ва кашфи оташ аз тарафи Ҳушанг яке аз ҷашнҳои суннатии мардуми тоҷику форси бостон буд, ки дар миёни оммаи мардум бад-он таваҷҷуҳи зиёде мешуд. Ин ҷашн яке аз ҷашнҳои бузургтарини оташ дар замонҳои қадим хоси мардуми форсинажод буд. Зеро ки кашфи оташ ва эҷоди он дар тамаддун ва инкишофи ҳаёти инсони таъсири босазое дошта, ба ҳамин ҷиҳат хотираи кашфи он беҳтарин хотира дар зеҳни инсонӣ боқӣ мондааст.
Фирдавсии бузургвор дар шоҳасари хеш «Шоҳнома» мавзўи ҷашни Сада ва достони кашфи оташро рўи қоғаз овардааст, вале бисёриҳо достонҳои ин асари безаволро ҳамчун устура, тахаюлоту афсона мепиндоранд. Ҳол он ки вақте ки ба таърихи тамаддуни фарҳангу фалсафаи зиндагии бостони тоҷику форс шинос мешавем, мебинем, ки ҳар он чи қиссаву ривоят ва достонҳое, ки бо унвони устура муаррифӣ шудаанд, афсона не, балки ҳақиқату воқеияти зиндагии мардуми бостон ва орзую хостаҳои онҳо буд. Аҳуромаздо, Каюмарс, Зардушт, Сиёмак, Ҳушанг ва амсоли инҳо образҳои тамаддунсозе буданд, ки дар таърихи башарият барои покиву ростӣ, рушноии зиндагӣ ва ободиву пешрафти мардуму сарзамин ва маърифати онҳо дар дунёи ҳастӣ мубориза кардаанд. Онҳо аввалин хиштҳои сохтори дунёи ҳастӣ ва маърифатро барои наслҳои минбаъда боқӣ гузоштанд. Ва мисоли кашфи оташ ва ҷашни Сада – ҳамчун рамзи нуру маърифату тамаддун буд, ки инсонҳоро барои зиндагии солиму мубориза ба муқобили зулмоту бадӣ равона сохт ва ин диалетикаи устураву ривоятҳои бостонӣ то имрўза ҳам ҳамчун унсури рўҳу ҷисм ва зиндагии ҳарлаҳзаина мо идома дорад.
Ҳамин тариқ, дар давраи 40 сол подшоҳии Ҳушанг нахустин бор оташ падид омад ва роҳу равиши нигаҳдории он ҳифз карда шуд. Аз таърих медонем, ки дар замонҳои қадим мардуми форсинажод дар ҷайҳое мезистанд, ки даҳ моҳ зимистон ва ду моҳ тобистон буд.[2] Тавассути нигаҳдории оташ мардум тавонистанд бар душманони хеш - сармо ва торикӣ ғалаба кунанд. Муддате нагузашта онҳо бар гирди ин оташ хонаҳо сохту соз карданд ва по ба давраи шаҳрнишинӣ ва фарҳангу тамаддун гузоштанд ва ин неъмати бузурге буд, ки гўё ҳамчун як муъҷизае барои онҳо ато шудааст.
Пас аз он ки Ҳушанг оташро кашф кард, шаб ба поси хушҳолӣ ва шукргузорӣ оташи бузурге ҳамчун куҳ барафрухт ва худ бо ҳама даври он гирд омаданду ҷашн гирифтанд. Ҳушанг ин ҷашни бузургро «Ҷашни Сада» номгузорӣ кард:
Зи Ҳушанг монд ин сада ёдгор,
Басе бод чун ў дигар шаҳриёр.
К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард.
Ҷаҳоне ба некӣ аз ў ёд кард
Ҳамин тариқ, сада аз калимаи «сат» дар забони паҳлавӣ ва маънии он сад мебошад ва сада ҳангоме аст, ки сад рўз аз зимистон мегузашт ва ё панҷоҳ рўз ба ҷашни Наврўз мондааст. Яъне пас аз ғуруби офтоб дар оғози шомгоҳи даҳуми баҳман (зо январ) баргузор мешавад, ки ин рўзро Обонрўз меноманд. Ҷашни Сада ҷашни ҳамкорӣ, ҷашни нуру рушноӣ ва тамаддун аст, ки мардуми форсизабон, махсусан як қатор шаҳрҳои Эрон, аз ҷумла дар Аҳвоз, Шероз, Исфаҳон ва кишварҳои Аврупо (Суис), Амрико (Калифорния), Австралия бо гирд омадани мардуми форсинажод дар як нуқта аз шаҳр, ё шаҳристону деҳот дар қатори якдигар ҷамъ омада, оташи ниҳоят бузург гирён мекунанд ва ба сурудхониву пойкубӣ шурўъ менамоянд.
Сада дар забони авестоӣ ба маънои баромадан ва тулуъ кардан будааст. Аввалин рўзи зимистонро пас аз шаби Ялдо таваллуди дигаре ба Хуршед ё Меҳр донем, метавон онро ҳамоҳанг дар ҷашн гирифтан дар даҳумин ва чилумин рўзи таваллуди оини куҳан ва зиндаи мардуми форсизабон донист.
Баъзе мутафаккирони тоҷику форс номи садаро гирифташуда аз сад медонанд. Донишманди тоҷик Абурайҳони Берунӣ навиштааст, ки сада гўянд, яъне сад ва он ёдгори Ардашери Бобакон аст ва дар иллат ва сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рўзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишуморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд. Ва бархе гўянд, иллат ин аст, ки дар ин рўз зодагони Каюмарс – падари нахустин – сад тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардониданд…ва низ омада: «шумори фарзандони Одам Абулбашар дар ин рўз ба сад расид». Назари дигар ин аст, ки сада маъруф ба садумин рўзи зимистон аст, яъне аз ибтидои зимистон (аввали обонмоҳ) то даҳи баҳман, ки ҷашни Сада аст. Сад рўз ва аз даҳи баҳман, ки ҷашни Сада аст, сад рўз ва аввали баҳор 50 рўз ва 50 шаб будааст. Ва ба ин сабаб ин ки аз имрўз ба баъд инсон ба оташ даст пайдо кардааст шаб ҳам монанди рўз равшану гарм аст ин шабҳо ҳам шумурда мешаванд.
Дигар аз далоили гиромидошти ин шаб чунин аст, мардуми форсинажод ду моҳи миёнаи зимистонро, яъне дей ва баҳманро[3] замони неруманд гаштани Аҳриман медонистанд ва барои ба хайр поён ёфтани ин ду моҳ пайваста ниёишҳои зиёдеро дар муқобили шар(р) анҷом медоданд. Аз шаби чила, ки чилаи калон низ номида мешуд ва дар он айём шавқи мубориза бо Аҳриман дубора зода шуда буд, то шаби даҳуми баҳманмоҳ, ки ҷашни Сада ва чилаи хурд номида мешавад, баробари 40 рўз аст. Аз ин ҷо, ба сабаби он ки оташ мазҳари гармо ва нуру зиндагӣ дар рўзи Сада кашф шуда буд, ва дар айни ҳол василае барои мубориза бо Аҳриман буд. Оини оташ гирёнкунӣ боиси рушноии шаб монанди рўз шуд аз шаби аввали чилаи хурд, яъне аввали феврал то аввали исфанд 20 рўз ва 20 шаб (ҷамъан чил шабу рўз) аст. Шаби даҳуми баҳман оташи бузурге ба номи оташи ҷашни Сада ба чил шохаи бе баргу бори дарахтон, ки нишони чил рўзи «чилаи бузург», яъне чилаи калон аст, ки дар майдони деҳа ва ё марказҳои шаҳристонҳо оташ гирён намуда, ба хондани чунин суханҳо шуруъ мекунанд: Сада садаи деҳқонӣ, (чил кундасўзонӣ), ки аз пасмондаҳои зимистонӣ.
Меҳрдод Баҳор дар китоби «Пажуҳише дар фарҳанги Эрон» ва Ризо Муроди Ғиёсобод дар китоби «Наврўзнома» бар ин ақидаанд, ки сада дар забони авестоӣ ба маънои баромадан ва тулўъ кардан аст ва иртиботе ба адади сад надорад. Вожаи «сада» (исми муаннас), ки ба маънои пайдо ва ошкор шудан аст, дар Эрони бостон ба маънои «садок» ва дар форсии миёна «садаг» буда, дар вожаи арабӣ «сазақ» ва «навсазақ», яъне навсада омадааст.
Дар китоби «Ат-тафҳим» ва «Осор-ул-боқия» Абурайҳон Берунӣ афрухтани оташро бар бомҳо медонад, ки бо дастури Фаридун анҷом мегирад.[4]
Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон ба роҳҳои гуногун пешвоз мегиранд. Намунае аз ин ҷашн чунин аст. Дар даҳумин рўз, ё Обонрўз аз баҳманмоҳ ба оташ гирён кардани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ аз боми хонаи худ, ё аз баландии куҳистон ҷамъ оварданд, ин маросим оғоз мешавад. Ин маросими ҷашнӣ ҳамеша ба шакли дастҷамъӣ ва бо ҷамъ шудани мардуми шаҳр, маҳалла ва ё деҳот дар як ҷо ба оташгирёнии бузурге баргузор мегардад. Мардум дар ҷамъ овардани ҳезум бо якдигар ёрдам мекунанд ва ба ҳамин тартиб ҷашни Сада барпо мегардад. Ҳамин тариқ, дар ҷашни Сада маросими афрухтани оташ ва паридан аз болои он ва давр задан дар атрофи оташ анъана будааст.
Ба ҳамин минвол аз шаби таваллуди Хуршед, пас аз чил рўз ба хотири гарму сўзон шудани Офтоб, ниёкони мо ҷашни Садаро гиромӣ медонистанд. Ҳамин тариқ, чилрўзагии Хуршедро дар рўзи даҳуми баҳман (30 январ) чун ҷашни Сада пешвоз мегирифтанд ва пас аз 50 рўз, яъне 21 март замони ба балоғат расидани онро ба таври васеъ ҷашн мегиранд, ки он рўз Наврўз аст.
Мардум, махсусан мардуми деҳоту шаҳристонҳо, пеш аз ҳама деҳқонон дар ин айём аз рўи расму анъана ба кандани каналу ҷўйборҳо, тоза кардану ҷўйбору кучаҳо, кишт кардани замин ва пошидани пору ба заминҳо, тайёр намудани тухми кишт, нигоҳубини махсуси чорво ва ҳайвоноти хонагӣ барои аз фасли зимистон солим баровардани онҳо чорабиниҳои махсус меандешиданд.
Бинобар ин Сада ва ҷашнгирии он монанди дигар ҷашнҳои фарҳангиву суннатии сол дар дидгоҳи ниёкони мо, қисме аз маросим ва дигаргуниҳои воқеии зиндагонии инсонӣ ва табиату кайҳон мебошад. Ҷашни Сада ин ягона иди милливу суннатӣ дар бахши тозакунии ҷўю ҷўйборҳо, кишоварзӣ ва омода сохтани заминҳои корам барои кишту кор дар байни ҷашнҳои суннатии дигар дар давоми сол мебошад.Чунки ин ҷашнҳои суннативу миллӣ аз ибтидои пайдоишашон аз идеяҳои сиёсиву идеологӣ барӣ буданд ва замону давраҳои мухталифи фаъолияти иҷтимоӣ-меҳнатии ниёконамонро дар давоми сол ифода мекарданд. Дар баробари ин пайваста бо ҷашнҳои суннативу миллӣ дар ҳаёти мардуми ҷомеа назму низоми ахлоқӣ ва худшиносиву ҳувияти миллӣ баръало ҳувайдо мегардид. Ин ҷашнҳои суннатӣ мардумро ба тозагиву озодагӣ, ростиву ростгўӣ, некандешӣ, хайрхоҳӣ, ватандўстӣ, худшиносӣ, адлу адолат, фарҳангдўстӣ, дўстӣ, муҳаббату рафоқат даъват намуда, фазилату нурро дар муқобили разолату зулмот мегузоштанд. Аз тарафи дигар бо шарофату баракати ин ҷашну маросимҳои суннатӣ инсон метавонад дар муқобили ҳирсу ҷуши нафсонии Аҳримани хеш ғалаба кунад.
Муродова Тоҷинисо
номзади илмҳои фалсафа,
ходими пешбари ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

ҶОИЗАИ НОБЕЛ ДАР СОҲАИ ФИЗИКА ДАР СОЛИ 2022

   Ҳар сол дар Академияи Шоҳигарии илмҳои Шветсия аз кашфиётҳои барҷаста дар бахшҳои мухталифи илм таҷлил мешавад, ки ба рушд ва маъруфияти он дар ҷомеа мусоидат мекунад. Дар тӯли чанд сол пешрафтҳои илм ва техника ба физикҳо имкон доданд, ки мавҷудияти вартаҳои сиёҳ ва мавҷҳои гравитатсиониро тасдиқ кунанд, моделҳои физикии иқлими Заминро таҳия кунанд ва ҳатто сайёраҳои дурдастеро, ки ба саёраҳои атрофи ситораҳои офтоб монанданд, кашф кунанд, ҳар яке аз ин кашфиётҳо ҷоизаи Нобелро гирифтанд. 
   Дар соли 2022 Ален Аспе, Ҷон Клаузер ва Антон Зайлингер барандагони Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика мебошанд. Ба се физик барои таҷрибаҳои печидаи квантӣ бар асоси кори олимони барҷаста ба мисли Нилс Бор, Алберт Эйнштейн ва Ҷон Белл, ки ҳамаи онҳо мехостанд табиати рафтори аҷиби заррачаҳои элементариро дар ҳоле, ки аз ҳам дар масофаи бениҳоят калон буданду, аммо робита бо ҳамдигарро нигоҳ доштанд фаҳманд, мукофотонида шуданд.
Печидаи квантӣ як падидаи физикӣ мебошад, ки дар он ҳолати квантии ду ё зиёда объектҳо ба ҳамдигар вобастагӣ пайдо мекунанд. Он чизе, ки бо як зарра дар ҷуфти печида рӯй медиҳад, бо дигараш чӣ мешавад, ҳатто агар онҳо барои таъсир ба ҳамдигар хеле дур бошанд ҳам, муайян мекунад. Моҳияти он аз он иборат аст, ки ченкунии ягон параметри як зарра бо гирифтани маълумот дар бораи ҳолати зарраи дигар фавран (аз суръати рушноӣ тезтар) сурат мегирад.
Дар даҳсолаҳои охир маълум шуд, ки падидаҳои механикаи квантӣ, ки ба назар истифодаи амалӣ надоранд, бо печиданҳои квантӣ алоқаманданд, ба ҳар ҳол татбиқҳои беҳамтои амалӣ доранд. Дар айни замон, аллакай як майдони васеи тадқиқот вуҷуд дорад, аз ҷумла компютерҳои квантӣ, шабакаҳои квантӣ ва алоқаи бехатар бо рамзгузории квантӣ, ки дар он ҷо хосиятҳои квантӣ истифода мешаванд. Маълум шуд, ки ҳолатҳои квантии печида барои ба вуҷуд овардани роҳҳои нави нигоҳ доштан, интиқол додан ва коркарди иттилоот имкониятҳои калон доранд. Дар рушди ин самти тадқиқот кори барандагони ҷоизаи нави Нобел А.Аспе, Ҷ.Клаузер ва А.Зайлингер, ки бо таҷрибаҳои худ на танҳо як қатор саволҳои фундаменталии тафсири механикаи квантиро ҳал карданд, нақши бузург бозиданд, балки ба техникаи нав низ роҳ кушод. Коркарди асбобҳои таҷрибавии олимони мазкур ба технологияи ояндаи квантӣ асос гузошт. Ҳар яке аз онҳо сазовори Ҷоизаи Нобел таҳти унвони “Барои таҷрибаҳо бо фотонҳои печида, муқаррар кардани иҷро нашудани нобаробариҳои Белл ва навовариҳо дар информатикаи квантӣ” гаштанд.
Муддати тӯлонӣ саволе кушода монд: оё дар байни заррачаҳои печида ягон хел алоқаи пинҳонӣ мавҷуд аст, ки ноаён аз мо ба таври махфӣ ба онҳо иттилоотеро дастрас намояд, ки онҳо дар таҷриба чӣ гуна натиҷа медиҳанд? Аз ҷиҳати назариявӣ, ин маънои мавҷудияти тағирёбандаҳои ниҳониро дорад, ки мо дар бораи онҳо чизе намедонем. Дар солҳои 1960-ум Ҷон Стюарт Белл нобаробарии математикиро таҳия кард, ки ба шарофати ӯ номгузорӣ шуд. Он исбот мекард, ки дар сурати мавҷудияти тағйирёбандаҳои ниҳонӣ корреллятсияи (хусусияти алоқа) байни натиҷаҳои шумораи зиёди ченакҳо ҳеҷ гоҳ аз арзиши муайян зиёд намешавад. Аммо механикаи квантӣ пешгӯӣ менамояд, ки як намуди муайяни таҷриба метавонад нобаробарии Беллро вайрон кунад, ин маънои онро дорад, ки таносуби қавитар вуҷуд дорад ва дар натиҷа тағйирёбандаҳо ва робитаҳои ниҳонӣ вуҷуд надоранд.
Физики амрикоӣ Ҷ.Клаузер идеяҳои Беллро таҳия карда, таҷрибае (1972) гузаронд, ки нобаробарии Беллро равшан вайрон мекард. Ин аввалин мушоҳидаи таҷрибавии вайрон кардани нобаробарии Белл буд. Клаузер нишон дод, ки механикаи квантиро бо назария бо истифода аз тағирёбандаҳои ниҳонӣ иваз кардан мумкин нест. Бо вуҷуди ин, баъзе саволҳо то ҳол боқӣ монда буднд.
Баъзе “қисматҳои ноустувори” назария мавҷуд буданд, ки муқарриз метавонад ба натиҷаҳо шубҳа кунад: чӣ мешавад, агар дастгоҳи таҷрибавӣ зарраҳоеро интихоб намояд, ки бо ҳам хеле алоқаманд буданд (корреллятсия қавӣ доштанд) ва дигар зарраҳоро пайдо карда натавонад? Дар акси ҳол, зарраҳо метавонанд маълумоти пинҳоншударо дошта бошанд. Як физики фаронсавӣ, профессори Донишгоҳи Париж-Саклай ва Политехникии Эколе А.Аспе як дастгоҳеро таҳия кардааст, ки як холигии муҳимро мепӯшонад. Барои ин, вай тавонист механизми иваз кардани параметри андозагириро чанд миллиард ҳиссаи сонияро пас аз тарк кардани манбаи худ пайдо кунад, бинобар ин параметре, ки дар вақти партоби онҳо мавҷуд буд, наметавонад ба андозагирӣ таъсир расонад. Таҷрибаи ӯ натиҷаи хеле равшан дод: механикаи квантӣ дуруст аст ва тағйирёбандаҳои пинҳон вуҷуд надоранд.
Саҳми муҳаққиқи охирини мукофотонидашуда А.Зайлингер дар он аст, ки ӯ бо истифода аз асбобҳои пешрафта ва як қатор таҷрибаҳои тӯлонӣ ба истифода бурдани ҳолати квантӣ оғоз кард. Дар байни далелҳои дигар, гурӯҳи таҳқиқотии ӯ падидаеро бо номи телепортатсияи квантӣ нишон дод, ки имкон медиҳад ҳолати квантӣ аз як зарра ба дигараш дар масофаи калон интиқол дода шавад. Ин ягона роҳи интиқоли иттилооти квантӣ аз як система ба системаи дигар бидуни аз даст додани ягон қисми он ва қисми муҳими технологияҳои иттилоотии оянда мебошад.