АНДЕШАҲОИ МУТАФАККИРОН ОИД БА ПАЙДОИШИ ҶАШНИ САДА Андешаҳои мутафаккирон оид ба пайдоиши ҷашни Сада
Иди Сада яке аз идҳои дигари бостонии мардуми ориёитабор аст, ки дар радифи идҳои Наврўз ва Меҳргон қарор дорад. Ин ид ҷашни мавсими сол буда, қабл аз Наврўз таҷлил карда мешуд. Яъне, иди Сада пеш аз иди Наврўз, баъди чиллаи зимистон фаро мерасад. Моҳияти ин ҷашн аз он иборат аст, ки баъд аз Шаби Ялдо, ки он аслан рўзи таваллуди Меҳр (Митра) дар оини меҳрпарастӣ мебошад ва баъди ташаккули оини масеҳият онро ба рўзи мавлуди Исои Масеҳ табдил доданд, дароз шудани рўз ва гарм шудани ҳаво ба вуқуъ мепайвандад ва партавафшонии Хуршед ба Замин бештар мешавад. Дар қишри замин ҳодисаҳои пайвастагиҳои махсуси биологиву органикӣ рух медиҳанд, ки табиатро барои эҳё омода ва Заминро бордор месозанд. Дар ин айём деҳқонон тибқи анъана бояд ба кандани наҳрҳову заҳбурҳо, тоза намудани ҷўйборҳо, ба замин пошидани пору ва дигар корҳо машғул шаванд. Ғайр аз ин, Сада мисли дигар ҷашнҳои суннатии сол аз нигоҳи ниёгони мо ҷузъе аз ҳодисаву дигаргуниҳои воқеии кайҳонӣ мебошад, ки акси садои таҳвилу таҳаввул ва таъсири бевосиати ҳаракати ҷирмҳои мунири осмонӣ ба табиат нуфузи муассири худро гузошта метавонад.
Аммо дар хусуси пайдоииши Сада устураҳои зиёд ҷой доранд, ки мувофиқи яке аз онҳо Ҳушанг оташро кашф менамояд. Ин дар ҳоле сурат мегирад, ки Ҳушанг санге ба сўи мор мепартояд ва санг бар санги дигаре бархўрда, оташ падидор мегардад. Падид омадани оташро ҷашн гирифтанд ва онро Сада номиданд. Дар китоби “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” як қатор устураҳо дар хусуси пайдоиши иди Сада ба маврид зикр мешаванд, ки онҳо чунинанд:
-«Адади фарзандони Одам». Мегўянд Каюмарс, яъне Одам, ки нахустин инсон буд, сад фарзанд дошт. Панҷоҳ нафари онҳо аз ҷинси зан ва панҷоҳ нафари дигар аз ҷинси мард. Замоне, ки онҳо ба балоғат расиданд, он рўзро ҷашн гирифтанд;
-“Ба сад расидани фарзандони Машӣ ва Машёна ба сад мерасид”. Тибқи ишорати баъзе сарчашмаҳо ҷамъи фарзандони Машӣ ва Машёна ба сад мерасад онро ҷашн мегиранд ва Сада ном мениҳанд;
-“Шаби пирўзии Фаридун бар Заҳҳок”, ки инро Берунӣ дар асарҳои худ “Ат-тафҳим” ва “Осор-ул - боқия” муфассалтар баён менамояд. Инчунин ин масоил дар “Наврўзнома”-и Умари Хайём низ дарҷ шудааст;
-вазири Заҳҳок ҳар рўз бояд ду танро кўшта, мағзашонро ба морони душҳои Заҳҳок медод, вале ў якеро наҷот мебахшид. Чун Фаридун бар Заҳҳок пирўз шуд, теъдоди он озодшудагон ба сад расид, яъне наҷоти сад танро ҷашн мегиранд ва ҷашни Сада меноманд;
-садаро ёдбуди пирўзии Таҳмосб ба Афросиёб низ медонанд;
-чун бо гузашта сад рўз аз зимистони бузург, сармо ба поини аҷи худ мерасад ва баъд суст мешавад, ба шодии ин сустӣ ниёгони мо ҷашни Садаро барпо медоштанд;
-мегўянд, ки аз ҷашни Сада то Наврўз панҷоҳ рўзу панҷоҳ шаб аст, дар пеш аст, ки маҷмўан теъдоди он шабу рўз сад мешавад. Ба ин сабаб ҷашни Садаро панҷоҳ рўз то ба Наврўз мондан ҷашн мегирифтанд;
-аз рўзи Сада то рўзи гирдоварии ғалла дар навоҳии ҷануби Эрон як сад рўз фосила аст, ки ба ин сабаб ҷашнро Сада номидаанд.
Ҷашни Сада дар бисёре аз сарчашмаҳои таърихӣ, адабӣ ва бадеӣ зикр ёфтааст. Масалан “дар Авесто ҳарчанд аз Сада ёд намешавад, вале бахши махсусе ба номи “Хуршед-яшт” аст, ки аз мутолиаи он метавон бовар кард, ки Сада дар воқеъ ҷашни Хуршед аст ва онро бояд таҷлил намуд. Аз ҷумла дар “Авесто” омадааст: “ Ҳангоме ки Хуршед барояд, замини аҳураофарида пок шавад; оби дарё пок шавад; оби чашмасорон пок шавад; оби равон пок шавад; оби истода пок шавад; офариниши Аша Спандменуст –пок шавад”. Аммо бо вуҷуди ин суханҳо дар “Авесто” номи Сада ёд нашудааст. Бисёри донишмандон бар он назаранд, ки мардуми ниёгон Садаро бо афсуну ҷоду, сўзондани ҳайвоноту парандагон дар гулхани оташ ҷашн мегирифтанд ва ба гуфти М. Баҳор аз сабаби он ки “Авесто” китоби динӣ аст ва дар он куштани ҳайвоноту парандагон ва афсуну ҷоду мамнуъ аст, аз ин хотир дар он аз Сада ёд нашудааст.
Ҳамчунин, Абурайҳонӣ Берунӣ дар асари дигари худ «Осор –ул-боқия» қайд менамояд, ки «Асосгузори сулолаи Зиёриён Мардовиҷ бини Зиёри Дайламӣ (928-935) мебошад, ки вай лашкаркаши бо маҳорати амир Асфор будааст, ки он дар музофоти Гургон ва Табаристону Қазвин ҳокимият дошт. Мардовиҷ пас аз ҳокимиятро ба даст даровардан, чун шоҳаншоҳони гузаштаи сарзаминаш ба тахти тиллоӣ нишаста, саркардагону наздиконашро барои ба сар гузоштани тоҷҳои симин даъват менамояд. Маҳз Мардовиҷ амр мекунад, ки дар Исфаҳон ҷашни Садаро бо тантана қайд намоянд».
Таҷлили ҷашни Сада ва пайдоиши он дар аҳди бостон дар осори адибони классики тоҷик низ хеле хуб тасвир ёфтааст. Аз ҷумла, Манучеҳри Домғонӣ дар яке аз қасидаҳояш аз Исфандиёру Каюмарс ёдгор мондани ҷашни Садаро низ ишора намудааст:
Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад,
Ин ойини Каюмарсу Исфандиёр бошад.
З-он барфурўз, ки имшаб андар ҳисор бошад,
Ўро ҳисор, миро, чархи уқор бошад.
Шоири қасидасарои қарни XI Унсурӣ низ пайдоиши ҷашни Садаро ба аҳди Фаридуну Ҷамшед нисбат медиҳад. Ба гуфтаи ў гўё шаби таҷлили ин ҷашн замини шаб ба мисли кўҳи Тур аст:
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Аз Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.
Замини ин шаб гўё Кўҳи Тур аст,
К-аз ў нури таҷаллӣ ошкор аст…
Дар сарчашмаҳои таърихӣ дар бобати пайдоиши ҷашни Сада фикру ақидаҳои гуногун аст. Яке пайдоиши ин ҷашнро ба замони Ҳушанг ва дигаре ба пирўз гардидани Фаридун ба Заҳҳок ба қалам додаанд. Ховаршиноси машҳури даниягӣ Артур Кристенсен, Ҳошим Разӣ, Меҳрдод Баҳор ва дигарон пайдоши ва моҳияти Садаро дар асарҳои худ шарҳ доданд, ки баъзе онҳо сабаби пайдоши Садаро тақлид ба Хуршед (Офтоб) ва баъзеи дигар эҳтироми беандоза доштан ба оташ тасвир намудаанд. Ба андешаи Меҳрдод Баҳор, Сада марбути зардуштиён нест, балки пеш аз онҳо пайдо шудааст, вале онҳо ҳоло Садаро таҷлил менамоянд. Пас муддате дини Зардуштӣ ҷашнҳои Меҳргон ва Наврўзро мепазирад, вале иди Садаро, ки чун ҷодуӣ менигоштанд, вориди дин накарда буданд.
Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин агар аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонии Хуршед ва муқаддас донистани оташ бошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ў бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Минбаъд, маҳз бо пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардум густариш ёфт. Маҳз ҷашни Сада барои эҳтиром гузоштан ба Хуршед ва оташу рўшноӣ асос гузошт ва боиси он гардид, ки одамони қадим ба ин муқаддасот эътиқод пайдо намоянд ва онҳоро ситоиш созанд. Агар Хуршед бо нури гармии худ ва фурўзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас, оташу рўшноӣ барои мунаввар сохтани қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузошта, баъдҳо онҳо ба ду ҷавҳари муқаддас табдил ёфтаанд, ки дар устураҳо ҷанбаи парастишӣ пайдо карда, аз ҷониби мўъбадон ситоиш ва ниёиш ёфтаанд.
Хулоса, Сада ин ҷашни ихтироъ, ҳосилу кашфи оташ аст, ки ба шарофати он аҳли башар ба ҷои олоти чӯбину сангин асбобу олоти оҳанин ба даст овард ва барзгарон (кишоварзон) – и олам ҳосилро афзун гардондаанд. Сада омодагӣ ба кишту кори баҳорист. Дар ин ҳангом корҳои гуногуни кишоварзӣ: яхобмонии боғу токзорҳо, обшӯкунии хокҳои шӯр, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, дарахтбурию шаклдарорӣ, нармкунии атрофи дарахтон, таъмиру омода намудани техникаи кишоварзӣ ба мавсим, мубориза бар зидди касалию ҳашаротҳо ва ғайра сурат мегирад.
Садаф Ҷангибекова
корманди Шуъбаи фалсафа фарҳанги ИФСҲ АМИТ
Тавзеҳот илова шавад
«НАВРЎЗНОМА»-И АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ (НАВРЎЗ, ПАЙДОИШИ ОН ВА МАСЪАЛАИ СОЛИ ҚАБИСА ДАР «АЛ-ОСОР АЛ-БОҚИЯ»)
«Наврўзнома»-и Абурайҳони Берунӣ (Наврўз, пайдоиши он ва масъалаи соли қабиса дар «ал-Осор ал-боқия»)
Пайвастан ба таърихи илми ватанӣ як василаи муҳиме дар баробари усулу воситаҳои дигари таъсиррасон ба ҷаҳонбинии ҷавонони имрўза аст, ки онҳоро аз роҳи талқин аз тақлид ба ҳаракатҳои ифротиву тундрави сиёсиву динӣ берун мекашад ва барои ободкориву рушди ҷамъият сафарбар мекунад. Падидаҳои бузурги фарҳангӣ ва илмӣ ҳамонанд, ки оламшумул бошанд, онҳо сарҳадҳои сохтаро убур кунанд ва барои тамоми ҷаҳониён бе тафовут аз ирқу нажод ва забону тамоили сиёсӣ хидмат намоянд. Падидаи миллӣ ва дар айни замон ҷаҳоншумул будани илмро аз баррасии осори мутафаккироне чун Абубакри Розӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Абурайҳони Берунӣ дарёфтан мумкин аст. Ин олимони мутабаҳҳир, ки дар бештари риштаҳои дониши замони худ осори пурарзиш офаридаанд, дур аз таассуби мазҳабиву минтақавӣ дар таблиғу интишори илм кўшидаанд ва дар ба вуҷуд овардани илми сатҳи ҷаҳонӣ ҳиссаи сазовор гузоштаанд. Осори ҷовидонаи илмии онон дар Шарқу Ғарб баҳои сазовор гирифта, дар донишгоҳҳои онҷо таълим дода шуда ба ҳамин васила дар тўли асрҳои зиёд барои пешрафт ва шукуфоии инсоният хидмати босазо расонидааст. Абурайҳон Муҳаммад ибн Аҳме́д ал-Берунӣ дар шаҳри Киёти Хоразм 4 октябри соли 973 таваллуд шуда баъди умри бобаракат ва пур аз фарозу нишеб 9 декабри соли 1048 дар шаҳри Ғазнии (Афғонистоин ҳозира) ин олами фониро падруд гуфтааст. Беруни мутафаккири бузурги тоҷику форс, ки асли решаи эронии хоразмӣ дорад, ў чандин асарҳои илмӣ оид ба таърих, ҷуғрофӣ, илми адаб (филология), нуҷум, илми ҳисоб, илми механика, геология ва минералогия, ва инчунин минералогия, фармакология (дорушиносӣ), илми омўзишҳои куҳӣ (геология) ва ғ. Офаридааст. Соли 2022-2023 тибқи қарори ЮНЕСКО дунёи мутамаддин ҷашни бузургдошти 1050 солагии Абурайҳони Беруниро ботантана қайд мекунад.
Дар ин мақола тасвири пайдоиш, бузургдошти ҷашни Наврўз дар Эрони бостон ва даврони ислом, инчунин, аҳамияти масъалаи соли қабиса (високосный год) аз нигоҳи Берунӣ ба таври мухтасар баррасӣ карда мешавад. Абурайҳони Берунӣ аз ин мавқеъ осори илмии худро бо истифодаи фаровон аз тамоми манбаъҳои дастраси замони худ, ки аз юнониву сириёнӣ ва баъдан ҳиндӣ ба арабӣ гардонида шудаанд, таълиф кардааст. Дар «ал-Осор ал-боқия»-яке аз асарҳои беназири Абурайҳони Берунӣ, ки аз ифтихороти беназири фарҳангии мардумони тоҷику эронӣ ба шумор меравад, дар кулл ба илми гоҳшиносӣ (хронология) ихтисос дорад, дар бораи тақвиму иду айёми мардумони олам аз даврони қадим то замони муаллиф сухан меравад. Тарзе, ки муҳаққиқи ин асари Берунӣ Акбари Доносиришт қайд мекунад: «Пеш аз Берунӣ ин масоил (ки мавриди баҳси «ал-Осор ал-боқия» аст – А.Ҳ.) ба таври пароканда дар кутуби таворих ва дафотири нуҷумӣ навиштаҳои мазҳабии милал мавҷуд буда ва ҷамъоварии ин иттилоот ва диққату иҷтиҳод дар онҳо ва санҷидани ин ақвол бо миқёсҳои таърихӣ ва аҳёнан бо мизонҳои илмӣ ва сурати ваҳдонӣ бахшидан ба ин баҳсхо кори мардест, ки ҷаҳони фартут монанди ўро дар кўшишу ҳуши худодод ва эътиқод ба ҳақиқат камтар дидааст».
Маълумоте, ки муҳаққиқон аз «ал-Осор ал-боқия» ба даст меоранд, воқеан назирашон дар навиштаҳои дигарон нест ва қисме аз манбаъҳо, ки мавриди истифодаи Абурайҳон буда имрўз аз миён рафтааст. Барои таъкиди аҳамияти китоби мазкури Абурайҳон Берунӣ муҳаққиқи эронӣ чунин менигорад: «…мо эрониён (тоҷикон) аз Берунӣ сипосгузорем, ки нагузошт маълумоти бисёр арзанда дар бораи аъёду айём ва таворихи марбут ба Эрон фаромуш шавад ва агар кори ў набуд ин қисматҳо низ аз хотирҳо мерафт».
Дар интихоби манбаъҳо эҳтиёткории зиёд намудани Абурайҳони Берунӣ ва сараро аз носара ҷудо кардани ў аз ин навиштаҳои ў ошкор мегардад. Ба таври мисол, дар тасвири гоҳшиносии тоҷикону эрониён Берунӣ ба худи сарчашмаҳои зардўштиён муроҷиа мекунад: «Яксара он чиро, ки дар зичҳо нигоштаанд, канор мегузорем, зеро нависандагони ин дафотирро таваҷҷуҳ ва инояте ба ин айём набуда ва дар аксари ин кутуб ба нақл аз нусхаҳои фосид, ки бештари онҳо сохтагӣ аст, кифоят шуда. Ва ман он чиро, ки аз ноҳияи худи зардуштиён ба даст овардаам, ки барои эътиқоди динӣ таваҷҷуҳи хос ва инояти махсус ба ин рўзҳо доштаанд, дар ин ҷо нақл мекунам. Дар кутуби Родвайҳ ибни Шоҳвайҳ ва Хуршед ибни Зиёр – мубади Исфаҳон ва Муҳаммад ибни Баҳром матолибе дар ин баҳс ёфтам, ки маро аз дигар мароҷеъ бениёз карда ва онҳоро дар ин ҷо бозгў мекунам».
Абурайҳони Берунӣ дар «ал-Осору-л-боқия» ба ҷашни Наврўз бобҳои муфассале бахшидааст ва баргузории ин ҷашнҳоро назди эрониён, суғдиён ва хоразмиён ба тарзи алоҳида баён ва баррасӣ кардааст. Ин мутафаккири бузург бо ҷузъиёти ҳайратовар ва бо равиши илмии хоси худ ба мавзўи Наврўз мепардозад ва ҳар нуктаро дар ин баҳс бо далелҳои устувор асоснок мекунад. Аз ҷумла: «Эрониён вақте ки солҳои худро кабиса мекарданд, фаслҳои чаҳоргонаро бо моҳҳои худ аломат мегузоштанд. Ва фарвардинмоҳ аввали тобистон ва тирмоҳ аввали поиз ва меҳрмоҳ аввали зимистон ва даймоҳ аввали баҳор буд.
Бархе аз ин айём марбут ба умури дунявӣ аст ва порае марбут ба умури динӣ. Аммо умури дунявӣ идҳои муқаддасе аст ва рўзҳои бузург, ки подшоҳону бузургони дин онҳоро вазъ карда, то муҷиби шодмониву фараҳ ба василаи касби ҳамду сано ва дўстиву дуои хайри мардум шаванд. Ва барои тудаи мардум русуме қарор доданд, ки онон низ битавонанд дар чунин суруре ширкат кунанд ва тоату хизматгузории худро нисбат ба подшоҳон изҳор кунанд. Ва ин рўзҳо яке аз сабабҳоест, ки тангии рўзии фуқароро ба як зиндагонии фарох мубаддал месозад ва орзуҳои ниёзмандонро бароварда месозад ва ононро, ки наздик ба ҳалок расида ва дар гирдоби бало афтодаанд, раҳоӣ мебахшад. Аммо айёми диниро диноварон ва шоирони онон аз пешвоёни мазҳабӣ ва фақеҳону диндорон вазъ карданд ва мақсуд аз вазъи ин айём ва анҷоми суннатҳои он низ монанди мақсуд ва ғоят аз вазъи рўзҳои марбут ба умури дунявӣ буд, ҷуз ин, ки дар ин рўзҳо аҷру савоби ухравӣ низ мадди назар буд».
Дар ҷавоб ба андешаи муғризонаи баъзе аз ҳамватанони мо, ки ҷашни Наврўзро бо тамаддуни ислом муқобил мегузоранд, инҷо чанд мисол мезанем. Абурайҳони Берунӣ тазаккур медиҳад, ки суннатҳову оинҳои муайян барои ин айём вазъ карда буданд, ки аз пешиниён ба мерос расида ва онҳоро табарруку хуҷаста медонистанд. Сипас ба зикри моҳҳои эрониён ва идҳое, ки дар ҳар кадом моҳ ҷашн гирифта мешаванд, пардохта, аз Фарварвардин ва Наврўз сухан оғоз мекунад. Ба андешаи Берунӣ ҷашни Наврўз ҳам дар назди яҳудиён ва ҳам дар назди мусулмонон азиз буд.
Абурайҳон Берунӣ қиссаҳои зиёдро, ки ба пайдоиши Наврўз дар замони Ҷамшед ва оинҳои наврўзӣ алоқамандӣ доранд, баён менамояд. Аз ҷумла, оид ба пайдоиши суннати сабзондани гандум, ки имрўз дар байни мардуми мо ривоҷи тамом дорад, Абурайҳони Берунӣ дар ин робита ривояти зеринро меорад: «…Иблиси лаин баракатро аз мардум бурда буд, ба андозае, ки ҳар чи аз хўрданиву ошомиданӣ тановул мекарданд, аз таому шароб сер намешуданд. Ва низ бодро намегузошт бивазад, ки сабаби рўидани набототу дарахтон шавад ва наздик буд, ки дунё нобуд гардад. Пас Ҷамшед ба амри Худованд ва роҳнамоии Ў ба қасди манзили иблис ва пайравони ў ба сўи ҷануб шуд ва дер гоҳе дар он ҷо бимонд, то ин ки ин мушкилро бартараф намуд. Он гоҳ мардум аз нав ба ҳолати эътидол ва баракату фаровонӣ расиданд ва аз бало раҳоӣ ёфтанд. Ҷамшед дар ин ҳангом ба дунё бозгашт ва дар чунин рўзе монанди офтоби тобон шуд ва нур аз ў метофт. Ва мардум аз тулуи ду офтоб дар як рўз шигифт намуданд. Ва дар ин рўз ҳар чўбе, ки хушк шуда буд, сабз шуд ва мардум гуфтанд: «Рўзи нав». Ва ҳар шахс аз роҳи табаррук ба ин рўз дар таште ҷав кошт. Сипас ин расм дар эрониён пойдор монд, ки рўзи Наврўз дар канори хона ҳафт навъ аз ғалла дар ҳафт табақ бикоранд ва аз рўидани ин ғаллаҳо хубиву бадии зироат ва ҳосил дар ин солро муайян кунанд». Бояд зикр намуд, ки ин расми хуби сабзонидани ҳафт навъ аз ғалла пеш аз фарорасидани Наврўз то ҳанўз ҳам дар минтақаҳои кўҳистони тоҷик зинда аст.
Чун дар ин мақола мо имкони гунҷондани тамоми он чиро, ки Берунӣ дар бораи Наврўз менависад, надорем, бо овардани масъалаи марбут ба мавзўи хироҷи наврўзӣ, ки дар қадим подшоҳон аз раият меситондаанд, баррасии Наврўзро дар «ал-Осору-л-боқия» хулоса мекунем. Ин мисол аз ҷамъоварии хироҷи наврўзӣ дар замони Аббосиён аст. Дар он замон ҳокимони мусулмон аз гоҳшиносии эронӣ дур шуда буданд, шумори рўзҳоро бо ниёзмандии онҳо ба кабисаро дуруст тасаввур намекарданд, дар вақти мувофиқ ҷашн нагирифтани он ва ҷамъоварии нодурусти хироҷ мухолифати мардумро ба вуҷуд меовард. Нақл аз забони Берунӣ чунин аст:
Мутаваккили Аббосӣ дар шикоргоҳи худ машғули гардиш буд, ногоҳ ба киштзоре расид, ки ҳанўз хўшаҳои он нарасида буд ва мавқеи дарав нашуда буд. Ва гуфт: Убайдулло ибни Яҳё (вазири халифа А.Ҳ.) аз ман иҷоза хост, ки аз мардум молиёт ва хироҷ биситонад, бо он ки ҳанўз ҳосил ба даст наёмада ва ғалла сабз аст ва мардум аз куҷо биёваранд, ки то ба мо хироҷ диҳанд. Дар посух арза доштанд, ки ин кор зиёнҳои фаровон ба мардум ворид сохта ва раоё матои дастранҷи худро пешфурўш менамоянд, то хироҷи девонро бипардозанд. Ва дастае ҳам чун аз пардохти молиёт нотавон ҳастанд, аз ватани модарзоди худ кўч мекунанд ва мардум аз ин кор бисёр шикоятҳо доранд.
Мутаваккил гуфт: Оё ин кор дар аҳди ман шуд, ё пеш аз ман ҳам буд? Гуфтанд, ки ин кор аз одатҳои подшоҳони Эрон аст, ки дар аввалҳои Наврўз аз раоёи худ хироҷ меситонанд ва подшоҳони Эрон дар ин кор пешрав ва сармашқи мулуки араб шуданд.
Мутаваккил чун ин посухро шунид, бифармуд, то мубадро ҳозир карданд ва ба мубад гуфт, ки дар ин масъала бисёр гуфтугў шудааст, ман ҳам наметавонам аз русуму одоти подшоҳони Эрон по берун ниҳам. Ва бо он ки подшоҳони Эрон мардуми боотифа ва раиятпарвар буданд ва ба адл машҳури ҷаҳониён ва ҳамвора дар кори мардум назар доштанд, чаро дар аввали Наврўз, ки ҳанўз хирман ба даст наёмада, аз раияти худ хироҷ мегирифтанд?
Мубад арза дошт: Ҳарчанд подшоҳони Эрон ҳангоми Наврўз аз раият хироҷ мехостанд, вале Наврўз ҳангоме фаро мерасид, ки ҳосилот ба даст омада буд.
Мутаваккил гуфт: Чи тавр чунин чизе нишон дорад? Мубад чигунагии солҳо ва шумори рўзҳоро бо ниёзмандии онҳо ба кабиса барои Мутаваккил баён кард. Ва гуфт: Эрониҳо ҳамвора солро кабиса мекарданд ва чун дини ислом омад ва салтанати моро аз миён бурд, кабиса аз байн рафт. Ва ин аҳамият надодан ба кабиса аст, ки сабаби зиёни мардум шудааст.
Ва деҳқонон дар аҳди Ҳишом ибни Абдулмалик дар назди Холиди Қасрӣ ҷамъ шуданд ва барои ў шарҳ доданд, ки саҳлангорӣ дар амри кабиса боиси зиёнҳои бисёр шуда ва аз ў дархост карданд, ки як моҳ Наврўзро ба таъхир андозад. Холиди Қасрӣ аз баровардани ҳоҷати деҳқонон шона тиҳӣ кард ва ин хабарро ба Ҳишом ибни Абдулмалики Умавӣ навишт.
Ҳишом посух дод, ки ман метарсам ин кор дар шумори насӣ бошад, ки Худованди таоло фармуда : «Насӣ – зиёдат дар куфр аст».
Ва чун рўзгори Ҳорунаррашид расид, низ мардум ба даргоҳи Яҳё ибни Холид ибни Бармак ҷамъ шуданд ва аз ў дархост карданд, ки ду моҳ Наврўзро ақиб биандозад. Ва Яҳё тасмим гирифт, ки ҳоҷати эшонро бароварад, вале душманони Бармакӣ суиқасде ташкил доданд ва гуфтанд, ки «Яҳё барои маҷусият, ки кеши падаронаш буда, таассуб харҷ медиҳад». Ин буд, ки Яҳё низ аз ин кор сарфи назар кард ва ҳамин тавр амри кабиса бимонд.
Пас аз он, ки суханони мубад тамом шуд, Мутаваккид Иброҳим ибни Аббоси Сулиро ба дарбор даъват кард ва ўро амр намуд бо мубад дар бораи Наврўз ҳамроҳӣ кунад ва рўзҳоро бишуморад ва қонуни тағйирнопазире вазъ намояд. Ва аз тарафи Мутаваккил ба ҳамаи шаҳрҳо бинависад, ки Наврўзро таъхир биандозанд.
Ва чун Иброҳим ибни Аббоси Сулӣ бо мубад нишастанд ва ҳисоб намуданд ва бар ин азм шуданд, ки Наврўзро ба ҳафдаҳум биандозанд. Ва Мутаваккил низ ин раъйро писандид ва ба офоқу атрофи кишвар номаҳо навиштанд, ки ҳокимон низ чунин кунанд. Ва ин воқеа дар муҳаррами дусаду чилу сеи ҳиҷрӣ буд.
Абурайҳони Берунӣ дар баёни чигунагии кабиса кардан, мавзўи насӣ ва баёни маънои он назди арабҳои даврони ҷоҳилият маълумоти фаровони илмии таърихии муфид, чунон, ки ба навиштаҳои ин мутафаккири бузург хос аст, тақдим медорад.
Муайян кардани соли қубиса ва ба низом овардани тақвим аз вазифаҳои муҳими илми гоҳшиносӣ (календар) ба ҳисоб меравад. Барои муайян намудани аҳамияти чунин гузориши Абурайҳони Берунӣ ва муқоиса бо замони нав чунин маълумот меорем. 1 январи соли 45 пеш аз милод диктатори Рум Гай Юлий Сезар тақвимеро, ки дар Рум астрономҳои Искандария бо роҳбарии Сосигенес таҳия карда буданд, ҷорӣ намуд, ки ба он асос ёфтааст, ки соли астрономӣ тақрибан ба 365,25 рӯз (365 рӯзу 6 соат) баробар аст. Ин тақвими Ҷулианӣ номида шуд. Он бо мақсади баробар кардани муҳлати шашсоата соли кабиса чорй карда шуд. Се сол ҳамчун 365 рӯз ҳисоб карда мешуд ва дар ҳар сол дар моҳи феврал як рӯзи иловагӣ (29 феврал) ба чор маротиба илова карда мешуд. Қайсар пас аз ду соли ҷорӣ шудани тақвими нав кушта шуд, соли дуюми кабиса пас аз марги ӯ оғоз ёфт. Шояд ин далелро мефаҳмонад, ки коҳинон, ки барои кори тақвим масъул буданд, принсипи ҷорӣ кардани як рӯзи иловагӣ дар ҳар соли чорумро нафаҳмиданд ва ба ҷои он ҳар се сол як рӯзи иловагӣ дар моҳи феврал ҷорӣ карданд (фарз карда мешавад, ки онҳо аз соли пеш аз соли кабиса чорум хисоб карда шуд). Дар тӯли 36 сол пас аз қайсар, ҳар як соли сеюм як соли кабиса буд ва танҳо пас аз он император Август пайдарпайии дурусти солҳои кабисаро барқарор кард (ва инчунин чанд соли кабисаи минбаъдаро барои бартараф кардани тағироти ҷамъшуда бекор кард).
Барои ҷуброни хатои ҷамъшуда ва пешгирӣ кардани чунин тағирот дар оянда, дар соли 1582, Папа Григорий XIII тақвимро ислоҳ кард. Барои он ки соли миёнаи тақвимӣ ба соли офтобӣ беҳтар мутобиқ карда шавад, қарор дода шуд, ки қоидаи соли кабиса тағйир дода шавад. Мисли пештара, соли кабиса вуҷуд дошт, ки шумораи он чанд ба чор аст, аммо барои онҳое, ки ба 100 баробар буданд, истисно карда шуд. Чунин солҳо танҳо вақте ки онҳо ба 400 тақсим мешаванд, солҳои кабиса буданд. Ба ин ҳисоб солҳои охири асрҳое, ки бо ду сифр ба охир мерасанд, дар се маврид аз чор маврид солҳои кабиса нестанд. Ҳамин тавр, солҳои 1700, 1800 ва 1900 солҳои кабиса нестанд, зеро онҳо чандкаратаи 100 мебошанд ва на ба 400. Солҳои 1600 ва 2000 солҳои кабиса мебошанд, зеро онҳо ба 400 баробар мебошанд. Солҳои 2100, 2200 ва 2300 соли кабиса нест. Дар солҳои кабиса як рӯзи иловагӣ ҷорӣ карда мешавад – 29 феврал. Соли кабиса 2020 буд, соли қабисаи оянда 2024 хоҳад буд.
Хонандагони тоҷику тоҷикистонӣ, албатта, бо чопи русӣ дар Тошканд ва чопи тоҷикӣ дар Душанбе анҷом додашудаи «Осор-ул-боқия» ошноӣ доранд,[10] вале ба андешаи ин ҷониб бисёр кори шоиста аст, ки ҳар чи Абурайҳони Берунӣ дар «ал-Осору-л-боқия» ва дигар асарҳои тақвимиву ситорашиносӣ дар бораи Наврўз нигоштааст, аз ин асарҳо берун оварда шаванд ва дар шакли китоби алоҳида бо номи «Наврўзномаи Берунӣ» интишор ёбад.
Мероси фарҳангиву илмии замони гузашта дар бойгонии халқи тоҷик ва дигар мардуми эронасли замони ҳозира хеле ғанӣ аст ва зарур аст, ки ҳарчи тезтар ин мерос мавриди омўзиши амиқ ва ҳаматарафа қарор гирифта шавад то насли имрўза аз ин осор огоҳии бештар дошта бошад ва бо ин осор ифтихори миллӣ дошта бошад. Бояд иқрор кард, ки пайвастан ба таърихи илми ватанӣ як василаи муҳиме аст, ки дар баробари усулу воситаҳои дигари таъсиррасон ҷаҳонбинии ҷавонони имрўзаро васеъ намуда онҳоро аз тақлид ба ҳаракатҳои тунрави динӣ берун мекашад ва барои ободкориву рушди ҷамъият сафарбар мекунад.
Аҳмад Ҳоҷиев – н.и.ф., ходими пешбари илмии Маркази синошиносии
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов
Рушди бемайлони илм – ҳадафи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар тӯли 31 соли истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои беназир дар тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардидааст. Рушди иқтисодиёт кишвар ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ яке аз ҳадафҳои афзалияти ҳукумати давлат мебошад. Чӣ гуна Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ аз 23.12.2022 с. қайд намуд: “Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст”.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди иқтисодиёт мамлакат як қатор қонунҳо, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, барномаву стратегияҳои миллӣ, аз қабили Барномаи миёнамуҳлати рушд барои давраҳои 2016-2020, Барномаи миёнамуҳлати рушд барои давраҳои 2020-2025, барномаҳои соҳавӣ ва яке аз ҳуҷҷати муҳими давлатӣ “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”-ро таҳия намудааст, ки он ҳадафҳои дарозмуддат ва афзалиятҳои рушди кишварро дар бар мегирад.
Ҳамчунин дар даврони истиқлолият дар қатори соҳаҳои муҳими мамлакат соҳаи илм низ дастгирӣ ёфта барои рушду равнақи он як қатор корҳои назррас аз ҷониби олиму муҳаққиқон ҷумҳурӣ анҷом дода шуд. Ҳамчунин барои пешрафти он аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ кӯмаку дастгириҳо шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 21.12.2021 с. ироа гардид: “Ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардид”. Боиси қайд аст, ки пешрафти илму техника ин тақозои замони муосир мебошад, ки бе рушди онҳо рушди дигар соҳаҳоро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Вобаста ба ин аз ҷониби Президенти мамлакат солҳои 2020-2025 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқи ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуд. Ҳадаф аз ташаббуси мазкур ин вусъат бахшидани тафаккури техникии ҷомеа мебошад. Яке аз ташаббусҳои дигар дар ин замина ба ҷараён ворид намудани озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» мебошад, ки боз ҳам сарчашма аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Оли мебошад, ки мақсади асосии озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурўғи маърифат» ин пеш аз ҳама ҷалби ҷавонон ва аҳли зиёву табақаҳои гуногуни ҷомеа ба илмҳои бунёдӣ ба монанди кимиё, биология, физика, математика, информатика, география ва ихтирокориву навоварӣ мебошад ва дар рушди соҳаи илм, хусусан илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ саҳми назаррас мегузорад.
Ҳамчунин барои равнақ додани соҳаи илм тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботҳои муосир барои тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ зарур аст. Маҳз мутахассиси баландихтисос боиси рушди соҳаи худ гардида метавонад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба паҳлуҳои ҳамкориҳои судманли Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои кишвар аҳамияти хоса дода шуд. Сарвари давлат супориш дод, ки бо дарназардошти имконияту захираҳои «энергияи сабз» дар кишвар, вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Академияи миллии илмҳо бо таъсиси гурӯҳи кории байниидоравӣ масъалаи имконият ва дурнамои рушди энергетикаи водородӣ, яъне нерӯи гидрогениро ҳамаҷониба омӯхта, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди мушаххас манзур намоянд. Ин иқдом ба он мусоидат менамояд, ки мардуми кишвар маданияти истифодаи нерӯи барқ, яъне сарфакориро риоя намуда, тавассути истифодаи таҷҳизоти каммасраф ва паст кардани талафот самаранокии истифодаи онро таъмин намоянд.
Таҳияи асосҳои илиии таъмини бозори меҳнат ба таъсис додани ҷойҳои корӣ ва фарогирии пурраи аҳолӣ бо шуғл асос мегузорад.
Тавре маълум аст, таълиму таҳсилоти аҳолӣ, алалхусус ҷавонон ҷиҳати таъмини босифати бозори меҳнат дар мадди назари доимии Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аз ин лиҳоз, дар Паём қайд карда шуд, ки бо мақсади соҳибкасб намудани шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ лоиҳаи барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаро аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ таҳия ва амалӣ карда шавад. Ба вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, ҳамчунин, супориш дода шуд, ки дар асоси таҳлили ҳамаҷониба ҷиҳати самаранок гардонидани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва касбомӯзии калонсолон оид ба гузаронидани ислоҳот дар низоми идоракунии ин муассисаҳо хулосаҳои худро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Дар Шуъбаи география ва зондкунонии фосилавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти рушди илм, алалхусус илмҳои табиатшиносиро батафсил омӯхта истодаанд. Дар робита бо ин, нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии Шуъба таҳия шуда, дар он ба масоили гуногуни мубрам – таҳқиқи захоири рекреатсионии Тоҷикистон, таҳаввулои кӯлҳои кишвар, хусусиятҳои густариши равандҳои маҷроӣ ва алоқамандии муҳоҷират бо ҷараёнҳои тахриби хок ва норасогии об таваққуҳи махсус дода мешавад.
Дар соли 2023 дар Шуъба инчунин ҳимояи ду рисолиҳои номзадӣ ба нақша гирифта шудааст.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар пешбурди корҳои илмию таҳқиқотии Шуъбаи география ва зондкунонии фосилавӣ раҳнамо хоҳад буд.
Ниёзова М.А.
Ходими калони илмии
Шуъбаи география ва зондкунонии фосилавии
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
НАЗРИ ЯЗДОНӢ Намунаи таффакур ва таҳқиқи академӣ (Хотираи Соҳиб Табаров)
Зарурати навиштани ин гузориш аз он ҷост, ки таффакури миллӣ дар ҳоли содда, хеле ва хеле дур аз таффакури аср ба сар мебарад. Ин вазъияти таффакури миллӣ сабаби бисёр мушкилоти рузгор аст. Бадтарин сабабу натиҷааш ҳам ҷанги шаҳрвандист. Дар ҳар сурат вақтҳои охир ҷо-ҷо дар адабиёти илмӣ адабиёти оммавӣ, маводи журналистӣ, маводи интернетӣ суҳбатҳо, мубоҳисаҳо тадбирҷуйиҳо ба назар мерасанд, ки албатта нишонаи қадам ба шоҳроҳи таффакури асрӣ гузоштан аст. Дар баробари ин дар ҷаҳони муосир хусусан дар майдони фарҳанги оммавӣ равандҳое ҷараён доранд, ки ба истилоҳи фарҳангшиносону сиёсатшиносон то ҳади “шайтонпарастӣ” – “Сатанизм” расидааст. Формулае ки рӯзе аз чандин тариқ ( гуфторӣ, дидорӣ, навишторӣ) ба чандин забонҳо талқин карда мешавад! Ман худамро дуст медорам, “бояд худатро дуст дорӣ” мушаххасан ақидаеро тарғиб мекунад, ки комиллан зидди таълимоти ҳамдардӣ, ҳамбастагии маънавиёти миллист.
“Ту-каз меҳнати дигарон беғамӣ,
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ”.
Яъне комилан тазоди таълимоти башардустӣ – гуманистӣ ҳастанд. Ин аст яке аз нишонаҳои дегуманизатсия яъне берун рафтан аз шоҳроҳи одамият... Дақиқан ҳоло сухан дар бораи таффакури академӣ сабки таҳқиқии академӣ меравад. Нишонаи аввали таффакури академӣ дар таҳқиқ дар маърӯза бояд ақидаву мавзуъе, ки пешниҳод мешавад, бо бурҳону далелҳои мустаҳкам ироа шавад. Нишонаи дигари муҳими таффакури академӣ, ки хоси танҳо илму академия нест, бояд дар мафкурраи миллӣ ба ҳайси як равиши урфиу табиӣ варзида шавад, оддӣ ва ҳамарўза шавад, ин омухта кардани таффакур бо мақулаҳои илмӣ аст, ки “таффакури мақулавӣ”- “категоралное мыщление” ном ин гунаи таффакур он аст , ки ҷараёни фикр таҳлил на ба воситаи калимаҳои оддӣ, урфи сурат мегирад, балки ба воситаи мақуллаҳо ҷараён меёбад. Инро дар таффакури миллӣ татбиқ кардан бешубҳа мушкили мушкил аст, заҳматҳои зиёд мехоҳад, аммо зарур аст, зеро дар ҷаҳони имрӯза агар таффакури миллӣ дар ин сатҳ бошад, миллат на танҳо қафо мемонад балки пайваста ба доми найрангу фиребҳои пай дар пайи ҷаҳондорони муосир меафтад.
Устод Соҳиб Табаров мутахассиси тасаввуф набуданд. Мавсуф зарур донистаанд барои равшан кардани саргузашти Садриддин Айнӣ риштаи мафкураи авлодашонро пайдо кунанд. Ин зарурат бо сабаби дар ному насаби устод Айнӣ мавҷуд будани унвони Хоҷа ба миён меояд. Дар ин чанд саҳифаи мухтасар, ки унвонаш “ Интишори тариқати кубравия” мебошад, Соҳиб Табаров як шиносномаи бисёр муъҷас, саропо ҳуҷҷат ва далел, хронологияи дақиқ, маълумоти равшан ( боз ҳам мухтасар) додааст. Боз ҳам қайд шавад, ки Соҳиб Табаров на мутахассиси фалсафа ва на тасаффуф аст. Мавзуи тадқиқоташ ҳам на ин асту на он. Мавзуъ дақиқ кардани саргузашти Садриддин Айнӣ аст. Он чи ки дар бораи кубравияву тассавуф дар байни аҳли Бухоро аз қадим то ҳануз маълуму машҳур аст, ин аст ки бухориён ( ба маънии ҳама тоҷикзабонони Аморати Бухоро) пайравони Имом Абў Ҳанифа ҳастанд, дар тариқат, дар маслаки Баҳоввадини нақшбанд мебошанд. Ҳамин ҳаҷми шиносоиву донишро дар бораи аҳли Бухоро ҳоло ҳам чӣ дар таффакури мардум, чӣ дар адабиёти тарғибиву оммавӣ ( хусусан адабиёте ки дар Бухоро, Самарқанд, Тошканд нашр мешавад) мушоҳида мекунем.
Таффакури академӣ, сабки таҳқиқи академӣ тақозо кардааст, ки Соҳиб Табаров дар нуҳ саҳифаи фишурда оғоз аз Абулҳасан Алӣ- Ал Харақонӣ (954-1034) то Саид Баҳоввадини ан- Нақшбанд ( 717-791 ҳиҷрӣ – 1318 -1389 мелодӣ) маълумот меорад. Ҳамин нуқта ҳам қайд карданист, ки дар аксари тадқиқоти мавзуъҳои таърихӣ хоҳ адабиёт, хоҳ фалсафа ва хоҳ таърих мушоҳида мекунем, ки хронологияи ҳиҷрӣ оварда мешавад, ки барои оммаи васеъ мушкил эҷод мекунад, чунки тасаввури рушан дар ҷараёни омўзиш хираву сактадор мешавад. Дар ҳамин таҳқиқот Соҳиб Табаров қариб ҳама ҷо агар зарурати овардани таърих бошад ҳам, гунаи ҳиҷрӣ ҳам мусовии мелодиро меорад. Аз ҳамин пора овардани ин қисматҳоро зарур донистем, ки барои оммаи васеъ шояд даркор шавад.
(Ҳангоме ки Наҷмиддини Кубро (540-618 ҳиҷрӣ – 1145 -3 июли 1221) дар Миср таълим гирифта, ба ватани худ- ба Хоразм бармегардад ва дар он ҷо баҳри ташвиқи ғояҳои хеш хонакоҳ месозад, ба воситаи таълимот ва асарҳои худ, аз ҷумла “Сифат-ул- адаб”-и форсиаш, ба тариқати кубравия асос мегузорад. Наҷмиддини Кубро яке аз аввалинҳо шуда сўфиҳои машҳур Маҷдудин ал-Бағдодӣ ( қатлаш соли 1219), падари Ҷалолиддини Румӣ- Султон Валад, шайх Фариддадини Аттор ( вафоташ соли 1225), бисёр дигаронро таълим медиҳад ва тадриҷан тариқати худро ба рушду камолот мерасонад).
“Аз шохаи ҳуросонии фирқаи ҳамадония боз равияи нурбахшия, ки тамоил ба мазҳаби шиа дошт, ба вуҷуд омад. Асоси равияи нурбахшияиро Муҳаммадд бини Абдуллоҳ, ки Нурбахш лақаб дошт ва дар соли 869 ҳиҷрӣ (1464 мелодӣ) вафот намуда буд, гузошт.
Дар Мовароунаҳр тариқияти нақшбандия аз асри 12 сар карда мақоми калонро пайдо мекунад. Роҳбари маънавӣ ва сарвари асосии тариқати нақшбандия Абдухолиқ бини Абдуҷаллил- Ал Ғиждувонӣ (вафоташ соли 575 ҳиҷрӣ – 1179 - 80 мелодӣ буд) ба шумор рафта, чун яке аз асосгузорону назариячиёни тариқати дарвешияи хоҷагон, ки хоҷагони Соктаре ба он муталлеъ буданд, дар сарзамини Бухоро ном бароварда буд. Дар зери таъсири ақидаҳои Абдухолиқ Ал- Ғиждувонӣ Орифи Ривгарӣ ( вафоташ 677 ҳиҷрӣ- 1259 мелодӣ), Маҳмуд Анҷири Фағнавӣ (вафоташ соли 705 ё 721 ҳиҷрӣ- 1306 ё 1321 мелодӣ), Муҳаммад Бобо ас- Саммосӣ ( вафоташ 740 ё 755 ҳиҷрӣ -1340ё1354 мелодӣ, Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд (1318-1389), Хоҷа Муҳаммади Порсо (вафоташ 822 ҳиҷрӣ 1419 мелодӣ), ва дигарон ғояву ақидаҳои тасаввуфиву дарвешии хоҷгонро ба шакл дароварда буданд.
Саҳифаҳои 142. 162, ки бо унвони “ Вабо дар Аморати Бухоро” омадааст, дар асл як асари фоҷиавор номидан мумкин аст. Дар ин боб устоди бузургвор ба қавли худашон 12 сола ҳастанд, аммо Соҳиб Табаров бо ҳуҷатҳо, дақиқ исбот кардааст, ки ҳақиқатан 14- сола будаанд. Ин соли 1889 аст. Солест, ки шаҳри Бухоро ва умуман аморату атрофу акнофи онро вабо фаро гирифта буд. Дар ин сол бародари калонаш Саид Муродхоҷа вафот мекунад. Ба қавли Устод Садриддин Айнӣ “Мо аз падар 4 нафар мондем! Акаам Муҳиддинхоҷа ном дошта аз ман 8 сол калон буд. Ман 11-12 сола будам ( Соҳиб Табаров исбот кардааст, ки на 12 сола, балки 14 сола будааст, додари калонам Сироҷиддин ном дошта, 9 сола буд. Додари хурдиам Киромиддин ном дошта, 4- сола буд.
Тасаввур кардан сахт вазнин ва дарднок аст, ки устоди бузургвор болои сари 3 бародар ва модар ки мубталои вабо буданд, нигоҳубини онҳоро анҷом медод.Тафсилоти мурғҳои хонаашонро кушта, ба беморон шурбо пухтану дигар давутозҳои устод Садриддин Айнӣ воқеан ҳар инсонро ба риққат меорад. Ин соли 1889 -1890 солест, ки устод натавонист дар мадраса таҳсили худро идома бидиҳад.
Дар ҳар сурат 3 бародарро ба по хезонд, ҷуворизори падараш кишткардаро нигоҳубин мекард, ҷувориҳоро дона мекард, дигар шикасту рехти рузгорро анҷом медод ва ҳамин сол буд, ки модараш ҳам вафот кард. Ҳамин соли 1889 якбора аз падару модар маҳрум мешавад ва ин байте ки аз падараш дар ёд дошт, ҳамеша такрор мекард!
Эй фаромушӣ куҷоӣ то ба фарёдам расӣ?
Боз андўҳи дили ғампарварам омад ба ёд.
Хондани тафсилоте, ки як кӯдаки 14- сола ҳосили ҷувориашро, ки 15 ман шудааст ва ба 150 танга мефурушад ва 125 тангаро дар баҳои қарзи гуру кафани падараш ба Юлдошбой мепардозад, вижагиҳои иқомати нависанда дар Аморати Бухоро маҳсуб мешавад.
Ин боби китоб тафсилотеро, ки Соҳиб Табаров ҳам аз осори худи устод Садриддин Айни ва ҳам аз манобеи дигар таҳия кардааст, нуқта ба нуқта ҷо ба ҷо мегузорад. Дар баробари мусаннаду дақиқ таҳия шудани рузгори устоди бузургвор дар солҳои 1889-1890 муҳитеро на ба сабки бадеӣ, балки ба сабки академӣ тасвир мекунад, ки комилан муҳити берабти низоми сиёсӣ бешафқатӣ, бераҳмӣ, мавҷуд набудани камтарин нишонаҳои инсониятро, хоҳ ноҳоҳ равшану сареҳ мебинем. Ин як ҳақиқати талхи таърихи миллати тоҷик аст, лавҳаи равшан, мусаннад инкорнашудани ин боби китоб сахт бераҳмона руйирост ба хонанда ҳушдор медиҳад, ки вақте дар бораи инсондўстиву муъмин бародари муъмин сухан мегўем, бояд оҳиста бошем.
Чанд нуктае ки хоси таффакуру таҳқиқи академӣ аст ва ин сифатҳоро танҳо дар фаъолияти шодравон Соҳиб Табаров мушоҳида кардем, барои олимони ҷавон зарурати омухтан ва пайравӣ кардан дорад.
Яке ин аст, ки устод одате доштад, ба падидаҳои чашмрас, арзандаи адабиёти бадеи филфавр арзи ақида мекард. То ин ки ин асарҳоро дар мақолаҳояш ба таҳқиқ бигирад, ба номи ин нависандагону шоирон мактуб менавишт. Гумон мекунам дар ҳаёти адабии тоҷикон (ба истиснои мактуби устод Садриддин ба Пулод Толис) ва хусусан дар ин шакли систематикӣ, ки хоси Соҳиб Табаров буд, ин падидаи нотакрор аст. Ман шояд синфҳои 7-8 мехондам ва китобе мутолиа мекардам, ки ба гумонам муқоваи сахти зард дошт. Унвонаш дақиқ дар ёдам нест. Ҳаҷмаш аз чорсад саҳифа шояд зиёд буд ва номаш чизе ба мисли Адабиёти саветии тоҷик “.....?” бошад. Афсус ин китоб аз китобхонаи падарам гум шуд ва чанд дафъа суроғ кардаму наёфтам. Сухан дар бораи сабки таҳқиқи устод Табаров аст, - дар ин китоб хусусан мақолаҳои Соҳиб Табаров ва Ғаффор Мирзо хотирмон буданд. Он чи ки дақиқан гуфта метавонам, ин аст, ки Соҳиб Табаров дар ин мақолаҳо вақте дар бораи шоирону нависандагони номдори он рўзгор изҳори андеша мекунад, сахт беҳрамона ва руйи рост аст. Агар тассавуроти он давраамро таҳрир ҳам кунам, дар ҳар сурат ин ҳақиқатро ҳама медонанд, ки таҳлилу танқиди Соҳиб Табаров бе руву риё буд ва то охири умраш ҳамин гуна монд. Инро ҳам қайд кардан шояд як манфиате дошта бошад, ки аз адибони насли мо ва насли пештар аз мо чандин бор шунидем, ки аз танқидҳои Табаров гила мекарданд ва боз ҳам шунидем, ки аз ин танқидҳо фоида карданд.
Таҳқиқи илмӣ аслан бештар ба кори занбури асал шабоҳат дорад. Дар муқоиса ба эҷоди бадеӣ, ки бештар ба ҷушидани чашма, як тулуи ғайри интизор, пайдо кардани як хирвори кучак ё бузургтар монанд аст, заҳмати эҷодӣ гунаи дигар аст. Заҳмати таҳқиқ ба монанди заҳмати занбури асал, ки занбуршиносон ҳануз аҷоиботу муъҷизаи кори ин махлуқи шарифро то охир нашинохтаанд, резакорӣ аст .Чи резакорие, як машақати бе танаффус реза-реза пора-пора, ранг-ранг, ки ҳамаи ин агар муҳаққиқ таффакури таҳлилии паурқудрат надошта бошад, ба як низоми арзанда оварданаш мушкил аст. Намунаи натиҷаи бомувафақияти чунин фаъолият ҳамин зиндагиномаи “Садриддин Айнӣ (1875-1899)” аст.
Мукотибаи устод Соҳиб Табаров бо адибони муосираш ҳатман имруз ва дар оянда як ҳуҷҷати дақиқи илмӣ барои шинохтани вазъи тафаккури миллӣ, таҳаввули таффакури миллӣ аст.
Ҳарчи аз китобхонаву дастнависҳои Соҳиб Табаров боқи мондааст хушбахтона ба Муъминобод бурда ,як чизе ма монанди осорхона ташкил кардаанд ки иқдоми таҳсин гуфтанист. Дар ин осорхона нусхаи шахсии “ Фарҳангӣ забони тоҷикӣ” –и устод нигаҳдорӣ мешавад.Дар ҳошияи ин фарҳанг ба дасти устод Соҳиб Табаров садҳо шояд ҳазорҳо калимае илова шудааст, ки дар ин фарҳанг наомадаанд.Академи албатта ба умеди ин ки дар нашрҳои минбаъда ин фаъолияти луғатшиносиаш ба кор хоҳад омад онҳоро нигоштааст. Маълум аст, ки ҳар як вожа муҳақиқро ба суроғи чандин фарҳангҳову луғтномаҳо бурдааст.
Ман шахсан бо устод Табаров шинос набудам, аммо дар байни насли мо Соҳиб Табаров ҳамеша мисоли як шахсияти ривоятӣ буд. Дар тассавури мо як олиме буд ки ҳамеша дар гирдбоду ҷинбодҳои моҷароҳои хурду бузург, аз он ёдоштҳое ки акнун мешунавем ва пораҳое ки худи устод навиштаанд натиҷа мегирем, ки ҳамеша дар мавқеи муқовимат будааст. Як ятими парвардаи ятимхонаҳои шуравӣ ва он ҳам ятими маъюб дар вуҷуди хештан дар таффакури хештан бо муҳаббатте ба Ватанаш, адабиёташ, миллаташ зистааст, заҳмат кашидааст,ки мондагор аст намунаи пайравӣ ҳаст. Ҳақиқатан ҳам “Сахт мегирад ҷаҳон бар мардумони сахткуш”. Як ҷавоне, ки ба майдони адабиёт бо шуру шавқи бе мисл ворид мешавад ва аз шунидам бо дастгирии устоди бузургвор аломаи азизи миллат Садриддин Айнӣ бо унвони номзади илм дар сисолагӣ ба дараҷаи Аъзои корреспанденти Академияи илмҳои Тоҷикистон мерасад, тули умраш ҳамеша мавриди ҳуҷуму моҷароҳои зиёд ба сар мебарад.
“Энергияи сабз” дар ҳошияи паёми Президенти кишвар
Дар шароити муосир рушди иқтисодиёти ҳамаи кишварҳо бевосита аз афзоиши талабот ба энергия вобаста мебошад. Зеро имрӯз фаъолияти ҳамаи бахшҳои иқтисодӣ, бахусус, соҳаҳои гуногуни саноат, яъне истеҳсолоти саноатӣ, кишоварзӣ, коркарди ашёҳо ва соҳаҳои гуногуни хизматрасонӣ аз энергияи истеҳсолшуда вобаста буда, миқдори зиёди нерӯи барқ истифода мешавад. Аз ин рӯ, масъалаи истеҳсоли энергияи сабз, дар шароити кунунӣ яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад.
Имрӯз масъалаи муҳиме, ки кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, истеҳсоли энергия, бахусус, энергияи сабз мебошад. Энергияи сабз – энергияе мебошад, ки аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол карда мешавад ва аз ҷиҳати тозагии экологӣ дар ҷои аввал меистад. Манбаҳои барқароршавандаи энергия маҷмӯи захираҳои табиие, ки аз онҳо қувваи барқ ва гармӣ истеҳсол карда мешаванд.
Ба манбаҳои барқароршавандаи энергияи сабз нури офтоб, шамол, об, мавҷҳои баҳр, ҷараёнҳои биологӣ ва ғайраҳо дохил мешаванд. Дар шароити муосир аз ҳама маъмултарин манбаҳои барқароршавандаи энергияи сабз офтоб, об ва шамол мебошанд. Имрӯз дар кишвари мо манбаи асосии барқароршавандаи энергияи сабз об ба ҳисоб меравад, ки он ҳам аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ҳам ба истифодабарандагони он хеле дастрас аст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар шароити муосир яке аз сабабҳои дигаргуншавии иқлим ва ифлос гардидани ҳаво истеҳсоли энергияҳое, ки аз манбаҳои зараровар истеҳсол мегарданд. Албатта ҳамаи ин, пеш аз ҳама, ба сиёсати иҷтимоии кишварҳо, бахусус, дар самти дарозумрӣ ва солимии аҳолӣ таъсири манфии худро мерасонад.
Хушбахтона, Тоҷикистон дар истеҳсоли энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар радифи кишварҳои пешсафи ҷаҳон қарор дорад ва истеҳсоли онро танҳо аз захираҳои табиии худ, аз ҷумла оби кӯлу дарёҳо ва офтобу шамоле, ки дар фаслҳои гуногуни сол ба қадри кофӣ истифода кардан мумкин аст, ба роҳ мондааст. Чуноне дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 23.12.2022 ироа гардид, айни замон дар Тоҷикистон 98 фоизи нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне асосан дар нерӯгоҳҳои барқӣ обӣ истеҳсол карда мешаванд ва аз рӯйи ни нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли “энергияи сабз” кишвари мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.
Ҳамзамон, кишвари мо аз рӯйи кам будани ҳаҷми партовҳои зараровар, ки хориҷ карда ба солимии аҳолии сайёра таҳдид менамоянд, яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Аз ин рӯ,яке аз нишондиҳандаҳои назаррас, ки имрӯз нисбат ба дигар кишварҳои ҷаҳон дар самти солимӣ ва дарозумрии аҳолӣ ба назар мерасанд, ин истифодаи энергияи сабз ба ҳисоб меравад. Соли 2020 дарозумрии аҳолӣ дар мамлкат ба 75,1 сол баробар шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 5 сол зиёд мебошад. Нишондиҳандаҳои фавти умумӣ 40 фоиз, фавти модарон ҳангоми таваллуд 73 фоиз ва фавти кӯдакони то 5-сола 85 фоиз паст гардидааст.
Дар самти дарозумрӣ, ки яке аз сабабҳои он истеҳсоли энергияи сабз мебошад, кишвари Коста Рикаро мисол овардан мумкин аст. Коста Рика соли 2016 аллакай пурра ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия (об, шамол, офтоб ва ғайра) гузашта, аз истифодаи ҳама гуна манбаъҳои истеҳсоли энергия, ки барои муҳити зист зарарноканд, пурра даст кашидааст. Натиҷа ҳамин аст, ки ҳисоби миёнаи давомнокии умр низ дар ин кишвар хеле баланд – 77,5 сол (мардҳо – 74,9 ва занҳо – 80,3 сол)-ро ташкил медиҳад.
Бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисодиёт, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат аз ҷониби Сарвари кишвар воридоти нақлиётҳои барқӣ ва аз пардохтҳои андоз ва гумрук озод намудани онҳо борҳо садо дода шуда, дар қаламрави кишвар ҷиҳати муҳайё сохтани шароитҳои зарурӣ барои истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт ба мақомотҳои дахлдор супоришҳо дода мешаванд.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ чунин таъкид менамоянд: “Дар сурати истифодаи нерӯи барқи «тоза»-и дар кишвар истеҳсолшаванда дар воситаҳои нақлиёти барқӣ метавон талаботи мамлакатро аз маҳсулоти нафтӣ коҳиш дода, ба ин васила ба ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат мусоидат намуд. Дар робита ба ин, ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав ва нақлиёт супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дар дохили кишвар ба роҳ мондани истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ тадбирҳои мушаххас андешанд”.
Қайд кардан бамаврид аст, ки рушди соҳаи энергетика дар самти тадбиқи ҳадафи чоруми миллӣ, ки саноатикунонии босуръати кишвар мебошад, нақши муҳим дорад. Чунки бунёд ва ба истифода додани неругоҳҳои хурду бузург корхонаҳои гуногуни саноатӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, ба ин васила аҳолии кишвар бо ҷои кор таъмин мегарданд, ки ин бевосита рушди иқтисоди миллӣ таъсири назаррас хоҳад расонд.
Чуноне дар Паёми Сарвари кишвар ироа гардидааст: “Бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар идомаи корҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба анҷомрасида ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣ идома дорад.
Аз ҷумла имсол таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Сарбанд» бо тавоноии 270 мегаватт ба маблағи 1 миллиарду 360 миллион сомонӣ пурра ба охир расида, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ба маблағи 7 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ, инчунин, сохтмони неругоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи 612 миллион сомонӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва неругоҳҳои бодиву офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ бомаром идома дорад.
Бояд гуфт, ки баъди 50 соли фаъолият агрегати якуми неругоҳи «Норак» пас аз таҷдид бо харҷи беш аз 800 миллион сомонӣ бо тавоноии 375 мегаватт моҳи октябри соли 2022 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.”
Айни замон дар қаламрави ҷумҳурӣ 9 адад НБО-ҳои калон ва зиёда аз 200 адад НБО-ҳои хурду миёна амал карда истодаанд.
Бо мақсади тадбиқи нақшаю барномаҳои дар ин самт ҷойдошта, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ корҳои хеле назаррас анҷом дода шудааст. Аз ҷумла, “Оғози корҳои барқарорсозӣ ва бунёди неругоҳи барқи обии Роғун, ба кор андохтани агрегати якуми он, ба истифода додани хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и “Душанбе – Роғун”, ....мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда–1”, “Сангтӯда–2”, “Помир–1”, неругоҳи барқи обии “Тоҷикистон” дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи дурдасти Мурғоб,.....” ва дигар неругоҳҳои хурду бузург, мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки ҳамаи ин дастовардҳои бузурги кишвар дар самти истиқлолияти энергетикӣ ва истеҳсоли “энергияи сабз” мебошад.
Ба ғайр аз ин муҳтарам Ҷаноби ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат дар паёми худ супориш доданд, ки “... бо дарназардошти имконияту захираҳои “энергияи сабз” дар кишвар, вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Академияи миллии илмҳо бо таъсиси гурӯҳи кории байниидоравӣ масъалаи имконият ва дурнамои рушди энергетикаи водородӣ, яъне нерӯи гидрогениро ҳамаҷониба омӯхта, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди мушаххас манзур намоянд”.
Тибқи ин супориш Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсиси сохтори муайянеро оид ба коркарди нерӯи гидрогениро ба нақша гирифтааст.
Ҳамин тавр, гуфтан мумкин аст, ки истеҳсоли энергияи сабз, ки тавассути манбаъҳои барқароршаванда (аслан об, шамол ва офтоб) ба роҳ монда шудаанд, барои тоза нигоҳ доштани муҳити экологӣ ва таъмини амнияти аҳолӣ аҳамияти калон пайдо мекунад.
Маҷидов О.Ш., и.в. мудири
Шуъбаи география ва
зондкунонии фосилавии АМИТ,
Назирова М., ходими хурди
илмии Шуъбаи география ва
зондкунонии фосилавии АМИТ