joomla
free templates joomla

САДА - ОЙИНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТАМАДДУНПАРВАР

 
Биҳиштам биёмад зи оташкада,
Чу наздик шуд рӯзгори Сада.
***
Равшанӣ дар осмон з-ин оташи ҷашни Сада-ст,
К-аз сари хоҷа бо гардун ҳаме ҳамсар шавад.
***
Омад, ай сайиди аҳрор, шаби ҷашни Сада,
Шаби ҷашни Садаро ҳурмат бисёр бувад.
Ҷашни Сада яке аз ойинҳои бостонии мардуми куҳанбунёду тамаддунпарвари тоҷик маҳсуб меёбад. Дар воқеъ, тоҷикон ин ойини бостонии хешро дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав эҳё намудаву ҷон бахшиданд. Эҳёи ҷашни Сада шаҳодати он аст, ки мардуми фарҳангсолори тоҷик расму анъанаҳо, ойинҳо, малакаву маҳорат ва таҷрибаҳои бою ғании аҷдодони хешро, ки аз гузашти чандин қарнҳо дарак медиҳад, гиромӣ дошта, арзишҳои волои ин анъанаву ойинҳои миллиро ба наслҳои имрӯзаву оянда, ҳам дар шакли хаттӣ ва ҳам шифоҳӣ ба мерос мегузорад.
Ҷашни Садаро дар даҳумин рӯзи моҳи баҳман (баробари 29-30-юми январ) баргузор мекарданд, ки аз зимистон сад рӯз (обон, озар, дай ва даҳ рӯзи баҳман) мегузашт. Ба ақидаи ориёиҳои қадим сармо ба авҷи баланди худ мерасид ва баъдан ҳаво тадриҷан ба самти беҳбудӣ, нармӣ ва гармӣ мерафт. Аз ин рӯ, барои он ки ба кишту кори онҳо зараре нарасад ва чорвоҳояшон аз сардӣ эмин монанд, оташро ҳамчун рамзи Ҳурмузд меафрӯхтанд, то дар он қувваҳои бадӣ сӯзанду нобуд гарданд. Ба гуфти бархе аз донишмандон ҳамин ки аз зимистони бузург сад рӯз мегузашт, мардум ҷашни оташ, яъне Садаро барпо менамуданд. Онҳо бовар доштанд, ки лаҳзаҳои сармои ҷонкоҳ гузаштаасту нармию гармӣ вориди рӯзгори мардум шудааст. Аз гузаштани сармои шадад, ки неруи аҳриманӣ аст, одамон хушҳолӣ карда аз дашту саҳро ҳезум, бутта, хошок ҷамъ оварда, хирмани бузург месохтанд. Баробари расидани торикӣ он хирмани ҳезуму хасу хошокро оташ мезаданд, ки аз ин оташ ҳама ҷо фурӯзон мегашт ва дар гирди он рақсу бозию хушҳолӣ менамуданд. Дар он рӯзгорони қадим ниёгони ориёиҳо бар он бовар буданд, ки гулхан ҳамчун неруи Ҳурмузд бозмондаҳои сарморо, ки марбути Аҳриман аст, нобуд месозад.
Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷаммуи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтаанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расониданд. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти истилоҳи хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомашон ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зиндагӣ ва ҳаракат мекунад. Ҳамин хусусиятро инсонҳои замони бостон эътироф намуда, аз гармии Хуршед баҳра мебурданд. Офтобро ниёиш карда, сипас, рӯшноӣ ва оташро ба он нисбат дода, ин унсурҳои табииро кашф карданд ва ба онҳо эътиқод оварда, ба парастишашон оғоз намуданд, ки баъдҳо муҷиби пайдо шудани ҷашни Сада гардидааст.
Эҳёву ба насли ҷавону оянда муаррифӣ намудани арзишҳои волои маънавии миллати тоҷик, арҷгузорӣ ба он дар шароити имрӯзаи ҷаҳони пуртазод ва бархурдҳои манфиатҳои геополитикӣ, низоъҳои минтақавӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тағйирёбии иқлим, шиддат гирифтани рақобат, талоши кишварҳои минтақа ва ҷаҳон барои нуфузи хеш дар ҷаҳон беҳтарин василаи худогоҳиву худшиносии миллӣ мегардад. Бешубҳа, эҳё ва дар амал татбиқ намудани расму ойинҳои гузаштагони соҳибхирадамон сатҳи ҷаҳонбинӣ, маърифатнокӣ, инсондӯстӣ, фазилат ва ҳуввияти миллиамонро устувору пойбарҷо мегардонад.
Зикр намудан ба маврид аст, ки бидуни худогоҳӣ ва худшиносӣ дар шароити пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва хурӯҷи неруҳои харобиовар ҳифзи асолат, ҳуввият ва сирати миллӣ ниҳоят мушкил хоҳад гардид. Бинобар ин, зарур аст, ки дар зеҳну шуури афроди ҷомеа сатҳи мувофиқ ва муассири масъулияти иҷтимоӣ тарбия карда шавад, то ҳар фард дар назди Ватан ва сарнавишти он, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ масъулияти хоса эҳсос намуда, барои иҷрои қарзи ватандӯстии худ ҳамеша омода бошад.
Бояд гуфт, ки ҳадаф аз эҳёву дар ҳаёт татбиқ намудани расму анъана, оийнҳои ба мардуми тоҷик хос ва баргузории ин ҷашнҳо дар сатҳҳои гуногун омили асосии пешгирикунандаи ҳама гуна таҷовуз, ихтилоф, фитна ва хурофоту тақлид метавон гардад.
Чуноне ки аз омӯзишу таҳлилу тадқиқи ойини Сада бармеояд, Сада - анҷоми чиллаи калон, ба охир расидани давраи сармо, оғози корҳои кишоварзӣ, рамзи гармиву рӯшноӣ, ғалабаи инсон бар қувваҳои бадӣ, пирӯзии равшанӣ бар зулмот, некӣ бар бадӣ, гиромидошти оташ, омили таблиғу ташвиқи корҳои деҳқониву боғдорӣ, кишоварзӣ, дӯст доштани табиат буда, панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар мегирад.
Бе ягон шакку шубҳа Сада муждарасони омад-омади фасли Баҳор, фарорасии Наврӯз ва умедбахши зиндагии хушу хуррам ба шумор меравад. Аз ин сабаб пос доштани расму ойини поку беолоиши ниёгон ба хотири пояндагиву устувории миллати тоҷик муқаддас аст.
Таҷлили ҷашнҳои бостонии Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон омили иттиҳоди миллат, рамзи сулҳу Ваҳдат, бедории миллат, эҳёи арзишҳои миллӣ, пойдории суннатҳои волои аҷдодӣ ва яке аз самтҳои тафаккури миллӣ ба шумор меравад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо - мардуми соҳибтамаддуни тоҷик ҷашнҳои бостонии ниёгони хешро бо тамоми нозукиҳои бостониаш аз диду нигоҳи муосир бо ифтихор дар сатҳи шоиста таҷлил намуда, ҳамзамон ба ҷаҳониён расму ойинҳои қадимаи мардуми тамаддунпарвари тоҷику тоҷикистониёнро муаррифӣ менамоем. Дар умум метавон хулоса намуд, ки ҷашни Сада дар воқеъ бозгӯйи ёдгории қадимӣ ва таърихӣ мебошад.
Сафаргул ДАВЛИЁРОВА
ходими пешбари илмии
шуъбаи Осиёи Марказӣ
Бознашр аз рӯзномаи Баҳори Аҷам. №3-4 (624)
24 январи соли 2023

ФАЛСАФАИ ҶАШНИ САДА

   “Бовар дорам, ки таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Сада ба арҷгузориву гиромидошти расму ойинҳои миллӣ, таҳкиму густариши боз ҳам бештари ҳисси миллӣ, ҳувияту худшиносии мардуми кишварамон ва ба ин васила вусъат гирифтани раванди ободониву пешрафти Ватани маҳбубамон мусоидат мекунад”. Эмомалӣ Раҳмон
   Дар аксари сарчашмаҳои ориёиҳо мавҷудияти ҳаётро ба чор омил: ҳаво, хок, об ва оташ вобаста менамоянд. Ин чор омил ба эътиқоди мардумони ориёитабори бостонӣ,– унсурҳое мебошанд, ки “масолеҳи сохтмон”-и тамоми олами моддии табиӣ ва кайҳонӣ маҳсуб мешаванд. Оташ дар инҷо ифода аз омили гармӣ ба муқобили сардӣ буда, таҷассумгари нерўи эҳёгару ҳаётбахши табиат ва ба эътиқоди зардуштиён сифатҳои зотию феълии илоҳии аҳурамаздоист. Тавре, ки аз мазмуни сарчашмаҳои таърихӣ ва ишораҳои адибону донишмандони гузашта бар меояд, ҷашни Сада дар миёни ҷашнҳои мардумии мо мақому манзалати хоса дорад, зеро он ифодагари омодагӣ ба гардиши табиат мебошад. Ҷашни Сада марбут ба бузургдошти оташ буда, аз ин рӯ назди зардуштиён арҷманд мебошад.
Зардуштимазҳабони ҷаҳон ин ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомати хоса пазироӣ менамоянд. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки то имрӯз дар шаҳри Кирмони Эрон суннати мардумии Садасӯзӣ барҷо мондааст, ки бахусус деҳқонон якчанд рӯз пеш ба ин ҷашн омодагӣ мегиранд. Теппаи ҳезумро гирд меоранд. Замони гулханафрӯзии онҳо ба рӯзи 10-уми Баҳманмоҳ, ба ғуруби Офтоб рост меояд. Дар ҷашн ҳазорҳо нафар одам ҷамъ омада хурсандӣ мекунанд ва сайру гашти оммавӣ барпо менамоянд. Фардои рӯзи Садасӯзӣ деҳқонон қадре аз хокистари мондаро чун рамзи баракату фаровонҳосилӣ бурда ба заминҳояшон мепошанд. Ин амал маънои поён ёфтани зимистон ва оғози омодагӣ ба фарорасии баҳорро ифода мекунад. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки иди Сада баробари бузургдошти оташ яке аз чаҳор унсури мабодии ҳаёт ва нерӯҳои неки аҳурамаздоӣ инчунин рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва истиқболи Наврӯз мебошад. Шоири бузурги асри XI Фаррухии Самарқандӣ дар бузургдошти ҷашни Сада фармудааст:
Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,
Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш ба тироз.
Муҳимтарин анъанаи марбут ба ҷашни Сада – оташафрўзӣ мебошад. Ба ривояти “Таърихи Байҳақӣ”, ҳангоми таҷлили ҷашни Сада дар баробари Маҳмуди Ғазнавӣ Манучеҳрии Дамғонӣ дар васфи ҷашни Сада қасидае суруда аст:
Омад эй сайиди аҳрор! Шаби ҷашни Сада,
Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.
Оташе бояд чуноне, ки фарози аламаш,
Бартар аз доираи гунбади даввор бувад.
Оташафрўзӣ дар ҷашни Сада, бузургдошти оташ ба ҳайси як арзиш ё муқаддасоти динӣ маънои амиқи фалсафӣ дорад ва аз таълимоти ҳастишиносии дини бостонии мардумони ориёӣ – зардуштия маншаъ гирифтааст.
Чунин моҳияти ҷашнҳо ва эътиқоду анъанаҳои динӣ-фарҳангии мардумони ориёиро, ки дар таълимоти зардуштия ва китоби муқаддаси он – Авесто инъикос ёфтааст, шоири бузурги олмонӣ Гёте хуб дарк намуда, зардуштияро барҳақ “дини меҳнат ва низому тартиботи зиндагӣ” номидааст. Дар воқеъ, ҷашни Сада, ки дар ибтидо аз умқи таълимоти ҳастишиносии зардуштия маншаъ гирифтааст, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин дигар корҳои кишоварзӣ буда, ҷашне ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимӣ ва рӯйдодҳои кайҳонӣ мебошад.
Ҳамин гуна моҳият ва хусусиятҳои мусбату неки ҷашнҳои хуҷастаи ниёгонамон, аз ҷумлаи Наврӯз, Меҳргон, Сада боис шудаанд, ки онҳо дар масири тўлонии ноҳамвори таърих алорағми ҳама ҷафокориҳову бедодгариҳо, маҳфуз бимонанд ва то замони мо расида, бо рангу ҷилои беҳтар ва бошукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегарданд. Парлумони Тоҷикистон охири моҳи октябри соли 2017 ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйиру иловаҳо ворид намуд, ки дар асоси он минбаъд иди Сада дар кишвар чун рамзи гармиву нур аз ҷовидонагии хуршеди оламтоб, бо баргузории чорабиниҳои оммавӣ расман (30-уми январ) таҷлил карда мешавад.
Шоев Зиёвиддин
н.и.ф., ходими калони Шуъбаи
масъалаҳои фалсафии дини ИФСҲ АМИТ

ПАЁМ РОҲНАМОВУ РУШДИ ИЛМ АСТ

   Имрӯз, дар санаи 27.01.2023, соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ дар мавзуи "Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - роҳнамои рушди минбаъдаи илми ватанӣ"баргузор шуд. Ҳамоишро президенти АМИТ, академик ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ изҳор кард: “Паёми имсолаи Президенти мамлакат фарох ва фарогири тамоми ҷанбаҳои ҳаёти кишвар буда, Пешвои муаззами миллат аввалан тамоми фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳои мамлакатро дар муддати 5 соли охир ба риштаи таҳқиқ ва таҳлил кашиданд ва дар муқоиса бо 5-соли қаблӣ мушаххас дастоварду пешравиҳо, ободкориву созандагиҳо, воқеоту мушкилиҳоро баён намуданд ва баъдан самтҳо ва роҳҳои рушди минбаъдаи кишварро аввалан барои соли 2023 ва баъдан барои даҳ сол ва солҳои минбаъда муайян намуданд, ки онро Барномаи рушди кишвар барои солҳои оянда ҳисобидан мумкин аст. Мунтазам амалӣ гардидани саноатикунонии босуръати кишвараззами миллат буданд, ки онҳоро ҳамчун барнома ва дастури роҳнамо бояд ба роҳбарӣ гирифт ва барои иҷрои саривақтии онҳо тамоми хизматчиёни давлатӣ ва масъулини вазорату идораҳо ва кормандони тамоми сатҳҳои идорӣ муваззаф мебошем”. Ба қавли Фарҳод Раҳимӣ, феълан зиёда аз 3 миллиард сокини сайёра аз норасоии оби тоза танқисӣ мекашад ва тибқи пешгӯиҳои олимон ин шумора то соли 2025 қариб ба 4 миллиард нафар мерасад. Ҳамарӯза бино ба нарасидани оби тоза дар курраи Замин аз 800 то 1000 нафар кӯдаки синни то 5 сола мефавтад. Бояд гуфт, ки яке аз сабабҳои асосии зудтар об шудани пиряҳҳо тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва баландшавии ҳарорати миёнаи ҳаво буда, инчунин бо сабаби истифодаи ғайриоқилонаи оби тоза, махсусан дар кишоварзӣ (то 78% оби тоза барои кишоварзӣ сарф мешавад) миқдори оби тоза коҳиш ёфта истодааст. Мақсад аз зикри ин нуктаҳои муҳим, равшан шудани моҳияти ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои марбут ба об, оби тоза, сарчашмаҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо, дипломатияи об, истифодаи муассиру оқилонаи он буда, ҳадафи калидии онҳо, ба андешаи ман, ҳалли яке мушкилоти умдаи башарият, яъне раҳоӣ аз буҳрони обӣ ба ҳисоб меравад. Ба ин далел, ки ҷаҳони муосир гирифтори буҳронҳои шадиди сиёсӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ буда, буҳрони вобаста ба оби тоза аз ҷумлаи муҳимтарин ва мушкилтарини онҳост. Гарчанде танҳо Инсонҳои комил ва сиёсатмадорони барҷаста онро дарк ва роҳи ҳалли онро меҷӯянду меёбанд, Пешвои миллати мо маҳз дар ин ҷода ягонаанд.
Сипас, академики АМИТ Ҳикмат Ҳисориев ҷиҳати таъсир ва раҳнамоии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди илмҳои биологӣ сухан гуфт.
   Доктори илмҳои ҳуқуқ Бобоҷонзода Исроил дар мавзуи "Паёми тақдирсоз ва ояндабин" чунин андешаронӣ кард: “Агар Паёми навбатии Президенти ҶТ-ро мавриди омузиш ва таҳлил қарор диҳем, пас онро мумкин аст ба чор гурўҳи масъалаҳои муҳим ҷудо намуд: якум, масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ; дуюм, масъалаҳои илму маориф, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ба талаботи замон ҷавобгў; сеюм, тарбияи насли наврас ва ҷавонон, мубориза муқобили ҷинояткорӣ; чорум, масъалаҳои тандурустӣ ва таъмини доруворӣ. Ба гурўҳи якум масъалаҳо, ки дар Паём Президенти ҶТ садо доданд, пеш аз ҳама: сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт”.
Дар ҳамоиши мазкур олимони гуногунсоҳа маърӯза карда, паҳлуҳои мухталифи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ доданд.

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА

   Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин дастоварди миллии мо дар садаи ХХ мебошад, ки ба шарофати он мақоми Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ баланд рафт ва ҷумҳуриямон ба сифати як кишвари мустақили ягонаи демокративу дунявӣ шинохта шуд.
  Баъди расидан ба истиқлолият ва озодӣ дар кишварамон як қатор суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд, ки онҳо садсолаҳо аз назари халқ дур буданд, таҷлили баъзеашон манъ гардида буд ва қисми дигарашон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, танҳо дар хотираи таърихиву фарҳангии халқамон боқӣ монда буданду халос. Ҳатто таърихи халқи тоҷик мукаммал омӯхта намешуд, қисми зиёди одамон дар бораи қавму қабилаҳои ориёӣ, шоҳони пешин, давраҳои тиллоии давлати тоҷикон, муборизаҳои фидокоронаи фарзандони ин кишвари номвар ба муқобили аҷнабиён ва даҳҳо ҳодисаву рӯйдодҳои дигари гузашта маълумот надоштанд.
Бо шарофати истиқлолият ва ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани шахсияти ватанхоҳу ватандӯст ва худогоҳу худшинос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳувияти миллӣ ва эҳё гардидани таърихи куҳан, инчунин муроҷиат ба осори пешин ва зинда намудани чеҳраҳои таърихиву фарҳангии гузаштаи халқи тоҷик ба ҷойи аввал баромад. Бо таълифи асари бисёрҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забон – ҳастии миллат» ва китобу мақолаҳои зиёди муҳими хусусияти ватандӯстона дошта, Пешвои миллат исбот намуданд, ки халқи тоҷик таърихи ниҳоят куҳан дорад ва фарзандони баномус ва бузурге дар ин сарзамин умр ба сар бурдаанд, ки номашон на танҳо дар оинаи таърих, балки офаридаҳояшон барои башарият хидмат намудаанд. Дар баробари ин, Сарвари давлат ба мероси маънавии суннатии шоистаи мардум баҳои баланд дода, омӯзиш ва тарғиби ин осори гаронбаҳоро вазифаи ҳар як фарди бедордил дониста, доимо даъват ба амал меоваранд, ки таърихи гузашта ва фарҳанги пешиниёнро насли имрӯза дуруст аз бар намоянд ва ба он сидқан арҷ гузоранд.
Доир ба ҷойгоҳи Наврӯз ва Меҳргон ва нақши онҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик корҳои илмии арзишманд таълиф шуданд, аҳли ҷомеа таҷлили онҳоро ба хубӣ пазируфтанд ва ҳамасола дар мамлакат ин ҷашнҳо бо шукӯҳу шаҳомат дар саросари диёри азизамон доир мегарданд ва хурду бузург дар тантанаҳои ҷашнӣ фаъолона иштирок менамоянд. Аммо оид ба ҷашни Сада дар кишвар асарҳои илмӣ ва оммавӣ андак буда, мақоми ин ҷашни миллӣ кам шарҳ ёфтааст ва таҷлили он низ дуруст ба роҳ монда нашудааст. Ҳол он ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол муқаддам ҳангоми нахустин бор ҷашн гирифтани ҷашни Меҳргон ишора карданд, ки: «барои халқи тоҷик ҷашни Сада мисли ҷашни Меҳргон таърихи қадим дорад ва бояд аз нав эҳё гардад».
Дар асоси ҳамин ишораҳои ватандӯстона омӯзиш, таҳқиқ ва ҷустуҷӯҳои бостоншиносиву мардумшиносӣ дар ҷумҳуриямон бо диди нав оғоз шуд ва тайи ду даҳсола натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овард. Махсусан, ҷиҳати шинохти миллати тоҷик, таърихи ниҳоят қадимаи он як қатор таълифоти илмӣ арзи ҳастӣ карданд, ки онҳо барои таҳаввули тафаккури ҷомеа ва омӯзиши осори гузашта мусоидат намуданд. Ҳамин боис шуд, ки дар ин давра мардуми тоҷик ба омӯзиши таърихи халқи худ ва давраҳои ташаккули он майли бештар пайдо намуданд ва эҳсосу муҳаббаташон нисбат ба ин марзу бум ва мероси гаронбаҳои халқ бештар гардид.
Боиси сарфарозист, ки маҳз тавассути асарҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои шоистаашон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намуданд, аз нав эҳё гардиданд ва аз тарафи аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми се ҷашни миллию мардумӣ – Наврӯз, Меҳргон ва Сада хоса мебошад.
Вобаста ба ин, Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми таҷлили ҷашни Меҳргон таъкид намуда буданд, ки: «Ҷашн танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик созад».
Ҳоло аз баракати Истиқлолияти кишвари азизамон ҷашни Сада эҳё гардид. Акнун ҳамон шукӯҳи бостонии онро бояд барқарор кард. Дар оянда баробари фурӯ рафтани офтоб гулхани азиме афрӯхта шавад. Дар гирди ин гулхан корвони шодмонии Сада барпо шавад. Доирадастон, сурнайнавозон, карнайнавозон, ҳунармандон, масхарабозон, дорбозон, аскиячиҳо, раққосон, аспакбозҳо, паҳлавонон, ҳар касе, ки ҳунаре барои намоиш додан дорад, ҳамроҳ гардад.
Хуб мешуд, ки дар вақти маросими ҷашни Сада суннатҳои ин ҷашни мардумӣ риоя карда шаванд, ки қисме аз онҳо ба замони мо низ мувофиқ меоянд. Аз ҷумла, мардум метавонанд дар ҳамин рӯз, ба хотири ҷашни Сада бо ҳам биёянд, базм ороянд, хурсандӣ карда, дар боғҳои истироҳатӣ чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил намоянд. Инчунин, намоиши фурӯши ниҳолу дарахтон ва гулу гулбуттаҳоро ташкил карда, мардумро ба дарахтшинонӣ ва гулшинонӣ даъват созанд. Ба калонсолон, пиронсолон, ятимону барҷомондагон кумак расонида, ба аёдати беморон бароянд ва онҳоро дилбардорӣ кунанд. Дастархони хоксоронаи идона оро дода, дар он меваҷот гузоранд ва шукрона аз сулҳу субот намоянд. Ба хонаи ҳамсоягони худ ба қадри имкони худ ҳадя фиристанд, агар он ниҳол ва ё дарахт бошад, боз беҳтар. Дар назди ҳавлӣ ва хонаҳои худ дарахту гул шинонанд, ба тоза кардани дарахтон машғул шаванд, боғҳои худро тоза намоянд, рамзан гулхан гиронда, ҳамаи кудуратҳо, ифлосиҳо ва партовҳоро сӯзонанд ва ҷӯйу заҳбурҳоро тоза карда, дар қади роҳҳо дарахт шинонанд. Бо ҳамдигар бо меҳр салом диҳанд, хурдсолон ва наврасонро ба меҳнат кардан ҷалб намоянд ва аз ҳавлӣ ва хонаҳо чизҳои нодаркор, партовҳоро берун карда, ба тоза кардани онҳо машғул шаванд. Бегоҳ либоси тоза ба бар карда, зиёфати хонаводагӣ ва ё суфраи ҷашни Сада оро диҳанд. Хуб мешуд, ки дар ин суфра падару модар, хоҳару бародар, хешу таборони наздик бо ҳам ҷамъ оянд, аввал дар боби дӯстию рафоқат, одаму одамгарӣ, хайру саховат, эҳтироми якдигар суҳбат ороста, зиёфат хӯрда, хурсандӣ ва базму бозӣ намоянд. Якдигарро табрик карданро фаромӯш накунанд. Аз меваҳои барои зимистон нигоҳдошта ширинӣ ва шарбат тайёр карда, дар хони идона гузоранд, боз беҳтар.
Ин иддае аз суннатҳои ҷашни Сада мебошад, ки ниёкони мо онҳоро иҷро мекарданд ва хушиву хурсандӣ намуда, ҷашни Садаро таҷлил мекарданд ва барои омадани Наврӯз орзую ниятҳои худро ифода менамуданд.
Метавон ёдовар шуд, ки имрӯзҳо дар кишварҳои гуногуни олам, дар он шаҳрҳое, ки тоҷикон ва форсизабонон, курдҳо, паштунҳо, баллуҷҳо ва дигар мардуми эронитабор зиндагонӣ менамоянд, Садаро ҷашн мегиранд. Дар тарабхонаҳо ба ифтихори ҷашни Сада базми ҷамшедӣ барпо менамоянд.
Дар ҷашни Сада низ созҳои миллӣ, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, маҳорати пазандагони моҳир, навъҳои таомҳои суннатӣ, порчаҳои атласу адрасбофӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, заргарӣ, либосҳои миллии зимистонӣ, намоиши расму оинҳои мардумӣ, рақсу сурудҳо ба маърази тамошо гузошта шавад. То бо ин шодмонию хурсандӣ зимистони сарди афсунгарро гусел намуда, барои бештар ҷаҳонро мунаввар намудани Хуршеди баҳорофар мадад намоем.
Хуб мешуд, ки дар гирди ҷашни Сада арӯсакҳое чун рамзи Хуршеди тобон таҳия гардад; рамзи бобои деҳқон, ки интизори баҳору Наврӯз аст, намоиш дода шавад. Ҳангоми ҷашни Сада ҳамчун рамзи зимистони сарду ҷодугар тимсоли пиразани аҷуза сохта, бо чеҳраи масхараомези хандадор барои тамошобинон пешкаш гардад.
Садаро бояд чунин пешвоз гирифт, ки мардум гӯё ҳама ба истиқболи Хуршеди оламтоб мераванд. Тибқи суннати ниёгон даст ба сӯи Хуршед бурда, ниёиш карда, дар ин рӯзҳои сарди ҷодуовар, аз ин оташи гарми Наврӯзовар барои беҳбуд шудани рӯзгори ояндаи бахтовар мададгор шаванд.
Умед дорем, ки ҷашни Сада низ ба сифати як ҷашни миллию мардумӣ на танҳо барои дилхушиву зиёфат баргузор мешавад, балки мададгори кишоварзон шуда, барои рушди боғдориву токпарварӣ, гулкорию гулпарварӣ, чорводорию зироаткорӣ ва дар маҷмӯъ, ободкорӣ мусоидат менамояд ва минбаъд боз ҳам густариш меёбад. Дар ҳақиқат, ҷашни Сада, ба мисли ҷашни Меҳргону Наврӯз ҷашни кишоварзон мебошад, ки тамоми қишрҳои ҷомеа аз он дастгирӣ менамоянд ва маросимҳои онро риоя карда, аз баргузориаш изҳори шодмонӣ месозанд.
Ҷашни Сада аз наздик омадани баҳору Наврӯзи хуҷаста, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, покиза намудани кӯчаву хонаҳо, кандану тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо ва нигоҳубини хуби чорво барои гузарондани зимистон пайк медиҳад. Дар гузашта, сокинони шаҳр ва рустоҳо ба-рои оташафрӯзӣ ҳезум ҷамъ оварда, гулхани бузурге меоростанд ва аз болои оташ парида, дар гирди он давр гаштаву сурудхонон ме-рақсиданд. Дар натиҷа, меҳру муҳаббат, якдилӣ, дӯстиву рафоқати одамон зиёд мегардид. Дар гузарондани маросими оташафрӯзӣ, муоширати хубу самимӣ, равуо байни хешу ақрабо, ҳамсояву дӯстон, гармиву сафо бахшидан ба қалби инсонҳо ва аз тарафи инсон эҳтирому гиромидошти неъмати табиат (оташ) мунъакис меёбад.
Солҳо паси сар мешаванд, асрҳо мегузаранд, наслҳо ҷойгузини наслҳои нав мегарданд. Дар қалби инсонҳо он нуре, ки аз аҷдодон мерос мондааст: урфу одат, анъанаву оини мардум идома меёбад. Шояд дар дигар шакл бошад, муҳим ин ки эҳтироми суннати аҷдодиамон давом дорад. Анъанаи оташафрӯзӣ ҳанӯз аз байн нарафта, вобаста ба шароиту муҳит дар баъзе аз деҳаву ноҳияҳои Суғд, Бадахшон, Хатлон ва водии Ҳисор идома дорад. Мисоли ин гуфтаҳо: дар шаби тӯй, маросими гулхан афрӯхтану дар гирди оташ сурудхонон рақс карда, давр гаштани арӯсу домод аст, ки байни мардуми кишвар то ҳол роиҷ аст.
Баъди ба даст овардани истиқлолият бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни Сада аз нав эҳё гардида, ҳамасола 30-юми январ бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мешавад.
Имрӯзҳо мо тавассути истиқлолияти давлатии тоҷикистон соҳиби ҳақиқии ҷашнҳои ниёгон хеш гардидем. Бовар дорем, ки қалби ҳар як сокини кишвар аз шодиву сурур ҷӯш мезанад, зеро ки Сада дар даврони истиқлол эҳё гардида, меҳру муҳаббат, якдилӣ, сарҷамъиву хушҳолӣ ва некиву равшаниро дар худ таҷассум намудааст. Ва моро водор месозад, ки иди аҷдодиамонро мутобиқ ба замони хеш ҷашн гирифта, оини гузаштагонро давом диҳем, то наслҳои оянда аз фарҳанги бою пурғановати гузаштаи худ огоҳ шаванд ва қадр намоянд ва онро эҳтиром намоянд.
Ҳамчунин, бо умеду орзуҳои нек ёдовар мешавем, ки минбаъд суннатҳои ин ҷашн ба таври васеъ омӯхта шуда, таҷлили он дар саросари мамлакат ба ҳукми анъана медарояд ва тамоми сокинони кишвар онро дар рӯҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии халқ таҷлил менамоянд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки боз ҳам ҳувияти миллӣ қавитар гардад ва насли имрӯза аз анъанаҳои ниёкони худ бештар бархӯрдор шаванд.
Зиёева З. И.
ходими калони илмии Шуъбаи
фалсафаи фарҳанги ИФСҲ АМИТ

ЗИ ҲУШАНГ МОНД ИН САДА ЁДГОР…

 

 

 

   Дар дунёи фалсафа, тафаккур ва маънавиёти зеҳнии эронитаборон фуру рафтан ва аз он бозгаштан, корест басо сангину имконнопазир. Ин пиндорамон барои обу ранг ва ҳусни калом ҳаргиз набуда, зеро агар ба фалсафаи иҷтимоиву ахлоқӣ ва хиради ба ҷой гузоштаи аҳли илму адаби форсу тоҷик назар афканем, хоҳем дарёфт, ки ҳақиқатан хираду ҳикмати эронитаборон, ба вижа тоҷикон баҳрест бекарон ва ҳар касе агар ғаввоси моҳире бошад метавонад аз он баҳри бепоён марвориде ба даст оварад. Албатта, ба умқи ин андеша танҳо шахсиятҳое, ки аз он баҳр қатрае баҳра бардоштаанд, дарк мекунанд. Ҳазор сол қабл барҳақ, фарзона ва энсиклопедист Абӯалӣ пури Сино фармуда буд: «Агар тавоноии донишмандони Эрон аз ҷаҳони дониш гирифта шавад, чизе ҷуз сиёҳи боқӣ намемонад». Арҷгузорӣ ва омӯзиши таърих, фарҳанг, фалсафаи иҷтимоиёту фарҳанг, суннатҳои аҷдодӣ ва илму адаби гузашта барои ҳар фарди худшиносу ҳувиятшинос ҳам фарзу ҳам суннат аст. Беэътиноӣ ва нодидагирифтани рукнҳои зикргардида, инсонро ба беҳувиятӣ ва ниҳоят ба вартаи нестӣ бурда мерасонад. Пешвои миллат дар ин хусус изҳор доштаанд: «Ҳар кас, ки таърихи гузаштаи худро надонад, ояндаи худро сохта наметавонад». Имрӯз зарур аст, ки ҳар фарди миллати тоҷик беш аз пеш рӯй оварад ба осори адабиву илмӣ ва суннатҳои гузаштаи ниёгони худ ва бад-ин минвол диравшбардори илму хирад ва давомдиҳандаи кору пайкори аҷдодони хеш бошад.
Ҳоло диққати ононеро, ки ин сатҳоро мехонанд ба яке аз ҷашнҳои суннатӣ ва миллӣ, ки «Сада» ном дорад, ҷалб менамоем. Албатта, боварӣ дорем, ки ҳар кадоми шумо аз ин ҷашн воқифед ва медонед, ки чӣ гуна ҷашн аст, вале мо мекӯшем, мухтасар аз таърихи пайдоиш ва баъзе вижагиҳои ин ҷашни бостонии миллӣ, ки худшиносӣ ва ҳамбастии инсониятро талқин менамояд, маълумоте ироа дошта бошем.
Ҷашни «Сада» дар шумори сегонаи ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дохил шуда, ба гунаи ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон таърихи хеле қадимаро доро мебошад. Роҷеъ ба пайдоиш ва чигунагии ҷашни Сада аз сарчашмаҳо нисбати Наврӯзу Меҳргон маълумот камтар оварда шудааст, вале ин наонқадар аҳамияти ҷиддие дошта метавонад, зеро маълумотҳое, ки аз сарчашмаҳо оид ба ин ҷашн омадааст, то ҷое қонеъкунанда мебошанд, ки мо ин ҷашни миллиро шиносем ва барои эҳёи он ҷаҳд намоем.
Чи тавре ки дар сарчашмаҳо зикр гардидааст, таҷлили ҷашни Сада ҳамасола ба 10-уми Баҳманмоҳи солшумории шамсӣ (мутобиқ ба 30-уми январи солшумории мелодӣ) рост меояд. Чунонки гуфта мешавад, муҳтавои фалсафии вожаи Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил медиҳад. Мардуми аҳди қадим ва асримиёнагӣ ҷашни Садаро бо ниҳояти хурсандӣ ва пирӯзмандӣ ҷашн мегирифтаанд, ки аз банди сардиву торикӣ раҳо гардидаанд ва дар пеш онҳоро рӯзҳои хушу хуррам ва табиати сабзу ҳавои гарме интизор аст. Ва ҷашни Сада ҳамтаборон, ҳамкешон, ёру рафиқон ва дар ниҳоят инсонҳоро сари як суфра ё маҳфиле, ки он ҷо меҳр асту садоқат асту муҳаббати самимии инсоният ҳаст, сарҷам менамуда ва ҳамзамон, талқин менамуда, ки инсонҳо нисбат ба худу ҳамгинони худ ғамхору шодиқарину ғамқарин буда бошанд. Зеро ҷашни Сада муроду ҳосилаш умеду фаррӯхрӯзӣ ато намудан бар инсонҳо аст, ки пас аз ин сардиҳову меғу ғубор инсонҳоро фасли шукуфону гармӣ интизор аст ва аз ин хотир, гузаштагони мо бештар дар ҷашни Сада шодмониву масрурӣ менамудаанд, ки моро дар пеш фасли баҳорону табиати рӯзидиҳанда интизор аст.
Ҷашни Садаро афрӯхтани оташ шукуҳу шаҳомати дигаре зам мекунад, ки он намоди гармиву рӯшноиро ифода мекардааст, аммо бархе аз муддаиён ва радикалони адёну мазоҳиб ин оин иддао мекардаанд, ки ин ҷашни оташпарастон, яъне ҷашни Садаро хоси дини зардуштӣ медонистаанд. Вале фолклоршиноси тоҷик Дилшод Раҳимов дар китоби хеш «Фолклори тоҷик» дар ин хусус аз қавли доктор Меҳрдоди Баҳор, овардааст: «Сада ҷашни зардуштӣ нест, зеро дар Авестову мутуни паҳлавии сосонӣ аз Сада ишорае нашудааст. Саранҷом дини зардуштӣ ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргонро мепазирад, вале мӯҳтамалан иди Садаро чун ҷодуӣ меангошта, вориди дин накардааст». Барилова, ҷашни Сада ва соири ҷашнҳои устуравии эронитаборон ғолибан марбут ба ҳеч кешу оине набудаанд, балки сирф фалсафӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва эҷоди мардумист, ки сарчашмаҳо низ ин андешаро аксаран тасдиқ менамоянд.
Роҷеъ ба вожаи “Сада” дар осори Маҳмуди Гардезӣ, Абулфазли Байҳақӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Хайём, Алиакбари Деҳхудо шарҳу тавсирҳои гуногун омадааст. Баъзе гӯянд Сада баргирифта аз фарзандони Каюмарс «Машӣ ва Машиёна» аст, ки ба рақами 100 мерасанд. Баъзе гӯянд дар қиёми Коваи оҳангар бар муқобили Заҳҳок 100 нафар, ки аз марг тавассути Заҳҳок раҳоӣ ёфта ва дар кӯҳи Дамованд паноҳ бурда буданд, қиём мекунанд ва ба ёрии Фаридун меоянд. Баъзеи дигар гӯянд, ки Сада, яъне 50 рӯз ва 50 шаб ба ҷашни Наврӯз монда, ё ба иборате баъзе гӯянд 50 рӯз ва 50 шаб аз зимистон гузашта. Аммо ба ҳар ҳол, таъбир ва тафсир ба ҳар навъе, ки бошад, ҷашни Сада дар тӯли солиён байни ориёиён бисёр муқаддасу гиромӣ буда ва онро гиромӣ медоштанд ва медоранд.
Вале аз ҳама маъмултару машҳуртар дар байни мардум - «сада» баргирифта аз шумораи сад аст. Тафсироти мардумӣ аз сад бар ин андеша аст, ки пас аз панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб, Наврӯз даррасад ва маънии «Сада» ҳам аз ҳамин баргирифта мебошад. Аммо фолклоршиноси тоҷик Д. Раҳимов боз аз андешаи устурашиноси маъруфи эронӣ Меҳрдод Баҳор такя менамояд, ки ин ташреҳи истилоҳи «сада», ки гуё аз ду панҷоҳ сохта шуда бошад, иштиқоқи омиёна аст. Сада аз решаи sand-и авестоӣ, ба маънои «зоҳир шудан» аст. Яъне Хуршед пас аз чил рӯз зоҳир мешавад. Ва ин тафсироти доктор М. Баҳор аз ин ҷиҳат дуруст мебошад, ки ҷашни Сада пас аз чил рӯзи Шаби Ялдо - рӯзи мелоди эзид Митра, ки ин ҳам яке аз ойинҳои бостонии эронитабон мебошад, таҷлил мегардад. Аз ин шарҳу тафсилот бармеояд, ки ҷашни Сада ҳамчун муждарасон, пайки шодиовар бар мардум мебошад. Ҷашни Сада дар дили мардум умед, нишот меоварад ва мардум аз ин муждаи садаӣ огоҳ мешаванд, ки рӯзҳои башумор мондааст, ки аз сардиву торикӣ, яъсу ноумедӣ, дуду чанги хокистари оташ раҳо бишаванд. Ва аз ин лиҳоз, дар гузашта мардум ин рӯзро хуҷаста ва муборак медоштаанд, зеро Сада қосиди фараҳмандиҳои эшон будааст. Ва агар мо аз дидгоҳи фалсафӣ ба ин ҷашн назар афканем, хуб дармеёбем, ки гузаштагони мо дар илму фалсафаи иҷтимоӣ, ақлгароӣ, арзишшиносӣ, табиат ва амсол аз инҳо бетафовут набудаанд, балки то қадри имкон бархурдор ва ошноӣ доштаанд, бад-ин маъност, ки аз гардиши рӯзгор ва чархи фалак бетафовут набудаанд, вагарна чи тур метавон ин гуна ҷашнҳое, ки вобаста ба гардиши сол, хуршед, моҳ ва коинот аст, ҳам кафш карду ҳам офарид?
Роҷеъ ба пайдоиш ва замону макони ҷашни Сада дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ маълумотҳои гуногун омадааст. Пайдоиши ҷашнро ба давраи ориёиҳо мансуб медонанд, ки ин рафта ба замони асотир мерасад. Ҳаким Фирдавсӣ дар китоби худ «Шоҳнома» пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳ Ҳушанги пешдодӣ нисбат медиҳад, ки далели гуфтораш ҳам дар он аст, ки шоҳ Ҳушанг аввалин касе мебошад, ки оташро кашф кардааст ва ба хотири он ҷашн меорояд ва аз худ ҷашни Садаро ёдгор мегузорад. Ва ин ҷо порае аз нигоштаи Ҳаким Фирдавсиро меоварем, ки мефармояд:
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Донишвар Абӯрайҳони Берунӣ оид ба пайдоиши ҷашни Сада дар китоби худ «Ат-тафҳим» овардааст: « …Ва аммо сабаби оташ кардан ва бардоштан он аст, ки Беваросб (Заҳҳок) тавзеъ карда буд бар мамлакати хеш ду мард ҳар рӯз, то мағзашон бар он ду реш ниҳодандӣ, ки бар китфҳои ӯ баромада буд. Ва ӯро вазире буд номи ӯ Армоил, некдил ва неккирдор. Аз он ду тан якеро зинда яла кардӣ ва пинҳон ӯро ба Дамованд фиристондӣ. Чун Афредун ӯро бигирифт, сарзаниш кард. Ва ин Армоил гуфт: тавоноии ман он буд, ки аз ду кушта якеро бираҳонаме. Ва ҷумлаи эшон аз паси кӯҳанд. Пас бо вай устуворон фиристод, то ба даъвӣ аз ӯ нигаранд. Ӯ касеро фиристоду бифармуд, то ҳар касе бар боми хонаи хеш оташ афрӯхтанд. Зеро ки шаб буд ва хост то бисёрии эшон падид оянд». Аз ин гуфтори мардумшинос ва ҳаким Берунӣ бармеояд, ки пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳ Фаридун нисбат додааст. Ва дар манбаъҳои дигар ҷашни Садаро ба шоҳ Ардашери Бобакон низ нисбат медиҳанд, ки албатта, барои мо ворисони эшон пеш аз ҳама маълум гардидааст, ки ҷашни Сада ҷашнест таърихи қадим дошта, решааш дар замонҳои асотир ва асримиёнагӣ об хӯрда, то ба замони мо омада расидааст. Ифтихор ва фараҳмандии мо аз он аст, ки гузаштагони мо дар шинохти ҳамагуна ҳодисаҳои табиат ва ҷанбаҳои ахлоқиву иҷтимоии инсонӣ ба хубӣ ошноӣ дошта будаанд. Аз ҷашнҳои суннатӣ, ҳикматҳо ва рисолаву китобҳои ба ҷой гузоштаи аҷдодон, имрӯз ҳар кадоми мо бояд ифтихор дошта бошем, вале ин нуктаро ҳам бояд зикр кард, ки на ифтихори пӯчу булфузулӣ, балки бо диду назари имрӯз баррасӣ ва мувофиқа намуд, то баъдинаҳо низ аз он баҳравар гарданду дар меҳвари ифхтихори милливу ҳувияти миллиашон қарор диҳанд.
Ҷашни Сада дар Вароруду Хуросон ва дар дигар ҷойҳое, ки эронитаборон сукунат доштанд, то замони ҳамлаи муғулҳо бо шукуҳи хоса таҷлил карда мешуд. Замоне, ки муғулони бедодгару яғмогар ҳуҷумҳои пай дар пай ба сарзаминҳои тоҷикон карданду онро ғасб намуданд, оҳиста- оҳиста илму фарҳангу адаби форсу тоҷик рӯ ба таназзул овард ва аз ҷабру зулми золимон аз шаҳрҳову водиҳои гурезон шуда, ба дараҳову кӯҳҳо паноҳ оварданд. Ва золимону хунхорони ҷоҳилу таасубзада ҳама ҷашну суннат ва оини гузаштагони моро аз кешу оини зардуштӣ ва будпарастӣ дониста, барои таҷлилу ҷашнороияш муқобилият нишон дода, онҳоро то ҷое қубҳ эълом намуданд ва қисматеро ба гӯшаи фаромӯшӣ биспурданд. Вале бояд қайд намуд, ки мардум ҷашни Садаро бо тағйири ном таҷлил мекарданд ва аз ҷашнгирии он даст накашидаанд. Ба мисол ҳут, чоршанбеи охирон ва амсол аз инҳо. Ғосибони хонабардӯш ва душмани илму фарҳанг ба дарки нуктаи борик намерафтанд, ки давлатдориву шоҳигарӣ мисли илму фарҳанг, ҷашну маросим ҷовидона ва намиранда нестанд. Таърих гувоҳ аст, ки китобу рисолаҳо, ҷашну маросимҳо низ мисли соҳибонашон қисмати талхеро пушти сар кардаанд, вале ҷавҳар ва рисолати худро аз даст надода, дар ҳама давру замон хидматгузору раҳнамои натанҳо як миллат ё қавм, балки башарият будаанду ҳастанд.
Ағлаби ҷашну маросимҳои гузаштагони мо храктери гуманистӣ ва ҳамзистии инсониятро дар худ доштанд ва дар батни ҷашну оинҳои бостонии аждодони тоҷикон меҳру меҳрпарасти нисбат ба инсоният парваришу густариш ёфтааст, аз ин рӯ, ҷомеашиноси ватанӣ Нозим Нурзода низ бар ин назар аст, ки нуктаи меҳварӣ дар ҷашну ойинҳои миллӣ, аз ҷумла Сада он аст, ки ҳамагӣ ба нуру рӯшноӣ ва меҳру фурӯзандагӣ тавъаманд. Гузашта аз ин, онҳо бо замин ва аносири заминӣ - замину хок (Наврӯз), об (Тиргон), боду осмон (Меҳргон) ва оташу рӯшноӣ (Сада) робитаи ногусастанӣ доранд. Маҳз ҳамин нуктаи калидӣ - ба аносири заминӣ ва материалӣ – унсурӣ часпиши бевосита доштани иду ҷашнҳои бостонии миллӣ онҳоро миёни қавму милали ҷаҳонӣ, чи дар гузашта ва чи имрӯза зинда нигаҳ доштааст. Аз сӯйи дигар, ин ҷашнҳо тараннумгари ҳамбастагию ҳамзистии мардум, новобаста аз тааллуқоти динӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ ва қавмӣ буда, қавмияту миллиятҳои гуногунро муттаҳид мекунанд. Ҳамин махсусият ё вижагии ҷашнӣ ва маросимӣ Наврӯзу Меҳргон ва Ялдову Садаро аз як минтақа ба минтақаи дигар, аз як ҷуѓрофиё ба ҷуѓрофиёи дигар, аз як тамаддун ба тамаддуни дигар, аз як муҳит ба муҳити дигар интиқол дод ва дар либоси фарҳангҳои мутанаввеъ тобишҳои рангоранг ба бар намуд.
Нуктаи қобили таваҷҷуҳ ва андешаманд ин аст, ки ҷашнҳои бостонии мо, бахусус Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада агарчи аз ҷониби ҳушмандони тоҷику порс кашфу бунёдгузорӣ гардидааст, аммо ҷашнҳои зикргардида хоси як миллат ё қавме набуда, балки ҷашни умумибашарӣ будааст. Яъне ин ҷашнҳо ниёзбарор ва шодбошгӯи инсоният аст ва ба ҳеч кешу оине робитаи мустақим надоштааст. Аз ин лиҳоз, донишварону хирадмандони гузашта порсу тоҷик инсониятро дар мадди аввал гузошта, ҳар ихтироъ ё кашфиёте аз илм намудаанд хидматгузори як қавм ё минтақа набуда, бал яксон баҳри одамиён хидматгузор будааст.
Ва имрӯз ба шарофати истиқлолият, моро имкон даст дод, ки ҷашнҳои суннативу миллии хешро аз нав эҳё ва зинда намоем. Мутахассисони соҳаи этнография, бостоншиносӣ, фолклоршиносӣ, мардумшиносӣ мунтазам таҳқиқотҳо гузаронида истодаанд, ки албатта, то имрӯз бештари оину маросимҳои миллӣ таҳқиқу баррасӣ карда шуда, қисматҳои баҳсталаби онҳо дар пажӯҳиши илмӣ қарор дода шудаанд. Ва дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат махсусан боз зикр намуданд, ки: «Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд».
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки беш аз пеш баҳри эҳё ва зиндагардонии мероси маънавии гузаштагон камари ҳиммат бибандем.
Зоҳири Сайфулло
ходими илмии Шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ АМИТ