joomla
free templates joomla

НАҚШИ ТАШАББУСКОРОНАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶОМЕАИ РӮ БА ИНКИШОФ ДАР ҲАЛЛИ МАСОИЛИ ГЛОБАЛӢ

   Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кишвари рӯниҳода ба рушд дар асли стратегии хеш ба обу неруи барқ печида аст. Шояд дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон агар имкони ҷумҳурии моро медоштанд, бешубҳа пиряхҳоро аз зумраи нодиртарин ганҷи давлатӣ баррасӣ менамуданд ва ҷиҳати ҳифзи онҳо талош меварзиданд. Аммо пирях ва соири захираҳои обии минтақа, ки ғолибан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфузанд, ба обшавӣ майл намуда, тағйирёбии иқлим онҳоро водор сохтааст, ки шакл иваз намоянд. Бо вуҷуди ин, об манбаи аслии табиат ва ҳатто ҳар навъи ниҳодҳои биолужӣ боқӣ мемонанд. Ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қатъномаи ҳифзи пиряхҳо ва истиқболи он аз ҷониби СММ далели бебаҳс аст, ки минбаъд ҷомеаи башарӣ бештар ба буҳрони обӣ гирифтор хоҳад буд. Дар ин маврид, мақолаи академик Фарҳод Раҳимиро таҳти унвони "Ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба оби тоза ва ҳифзи пиряхҳо наҷоти оламиён аст", барои мутолеа тавсеа менамоем. Дар ин нигоштаи муаллиф, мо пажӯҳишеро ошкор мекунем, ки ба таблиғ ӣҳеҷ монандӣ надорад ва асли масъаларо изҳор намудааст. Барои мисол, ба ин далоил мутаваҷҷеҳ бошед: "Феълан зиёда аз 3 миллиард сокини сайёра аз норасоии оби тоза мушкилӣ мекашанд ва тибқи пешгӯиҳои олимон ин шумора то соли 2025 қариб ба 4 миллиард нафар мерасад. Ҳамарӯза бино ба нарасидани оби тоза дар курраи Замин аз 800 то 1000 нафар кӯдаки то 5-сола мефавтад. Бояд гуфт, ки яке аз сабабҳои асосии зудтар об шудани пиряхҳо тағйирёбии иқлим ва баландшавии ҳарорати миёнаи ҳаво буда, инчунин, бо сабаби истифодаи ғайриоқилонаи оби тоза, махсусан, дар кишоварзӣ (то 78% оби тоза барои кишоварзӣ сарф мешавад) миқдори оби тоза коҳиш ёфта истодааст". Таҳлили мазкур суолеро матраҳ мекунад, ки магар кам кардани истифодаи об дар соҳаи кишоварзӣ ҳаст? Ё худ раванди тағйирёбии иқлимро метавон пешгирӣ намуд? Ҳамагон медонанд, ки кишоварзӣ дар минтақа аз самтҳои асосии фаъолият маҳсуб мешавад ва ягона кам кардани андозаи он саноат ва ба роҳ мондани истеҳсолот маҳсуб мешавад. Ҷилавгирӣ аз тағйирёбии иқлим бошад, баръакс кам кардани истеҳсоли мавод дар саноати вазнин аст ва агар омили аввал ба кишварҳо ва ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф тааллуқ дошта бошад, омили дувум ба ҷомеаҳои рушдкарда нисбат дода мешавад. Ба ибораи дигар, имкони саҳмгузории ҳар фарде аз ҷомеаҳои зикршуда дар ҳифзи пиряхҳо ва кам кардани раванди обшавии онҳо вуҷуд дорад. Фарҳод Раҳимӣ, ки дараҷаи илмии академикиро соҳиб аст ва тибқи ихтисос дар улуми риёзӣ мутахассис мебошад, дар нигоштаи хеш мутмаин аст, ки нақши Пешвои миллати тоҷикон дар баррасии масоили сатҳи ҷаҳонӣ беандоза бузург мебошад ва бояд инчунин ташаббусоти калидӣ дар умури сиёсӣ ҳамаҷониба муаррифӣ шуда, илман матраҳ гардад. Дар воқеъ, ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати табдил додани истеҳсоли барқ ба яке аз ормонҳои асосии давлатӣ дар истеҳсолоти ватанӣ ҳануз дар оғози даҳсолаи 90-уми садаи гузашта моро водор карда буд ангушти ҳайрат газем, аммо алҳол ин ташаббуси Сарвари давлат ҳамаро ба хеш мутаваҷҷеҳ сохтааст. Академик Фарҳод Раҳимӣ низ ташаббуси навбатии Пешвои миллатро чунин шарҳ додааст: "Бояд зикр намуд, ки ташаббуси навбатӣ аҳамияти махсуси таърихӣ дошта, нисбат ба дигар иқдомҳо ҳамчун ташаббуси НОДИР арзёбӣ мегардад. Чунки дар қатори эълон гардидани соли 2025 ҳамчун "Соли байналмилали ҳифзи пиряхҳо", инчунин аз соли 2025 сар карда, ҳамасола дар сартосари олам санаи 21 март - "Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" ҷашн гирифта мешавад. Барои маблағгузории ҳифзи пиряхҳо дар сохтори Созмони Милали Муттаҳид Фонди махсус таъсис дода шуд. Ҳамзамон, барои натиҷагирии ташаббуси мазкур соли 2025 дар пойтахти кишвари азизамон-шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор ихоҳад шуд".
   Лозим ба ёдоварист, ки ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабул шудани он аз ҷониби созмони бонуфузи ҷаҳонӣ моро ҳушдор месозад, ки табиат бинобар мушкилиҳои хеш дар тафаккури мо нақш мегузорад ва ивазшавии иқлим низ гувоҳ бар он аст, ки инсон чун мавҷуди табиӣ ҳамеша дар тағйирхӯрӣ қарор дорад. Бинобар ин, мо аз афроде ҷонибдорӣ хоҳем кард, ки фикри хешро дар пояи далоили саҳеҳ изҳор менамоянд...

СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР ПАЁМИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

   23-юми декабри соли 2022 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи Ҳукумати кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми навбатии худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуданд.
Чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст, Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси     Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияи ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии тамоми Тоҷикистониён маҳсуб меёбад. Зеро дар Паём сараввал натиҷаҳои фаъолияти солонаи соҳаҳои мухталифи ҷомеаи кишвар мавриди ироа қарор дода шуда, дар заминаи он стратегия ва самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои минбаъда муайян карда мешаванд.
   Дар паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавқеъ ва нақши муосири ҷавонон дар пешбурди сиёсати босуботи Ҳукумати кишвар ва рушди устувори он ишора намуда, масъулини сохтору мақомоти соҳаҳои марбутаи кишварро ҷиҳати аз нав таҳрир намудани барномаҳои давлатӣ, ки барои ҳифзи минбаъдаи манфиати ҷавонон равона карда шудаанд, вазифодор намуданд. Барои дар оянда боз ҳам бештар ҷалб намудани ҷавонон ҳамчун қувваи кории ҷавобгӯ ба талаботҳои бозори меҳнати ҷаҳони муосир андешидани тадбирҳои зарурӣ ва истифодаи имкониятҳои мавҷудаи давлат махсус қайд гардид. Хусусан, Президенти кишвар зикр намуданд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ноил гардидан ба дараҷаи баланди касбият яке аз роҳҳои муосири такмили дониши ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳони муосирро нигарон кардааст ва дар Паёми имсолаи худ Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз он ишора намуданд, масъалаи терроризму ифротгароӣ ба шумор рафта, ташкилотҳои террористӣ-ифротгарои муосир барои расидан ба аҳдофи нопоки худ, аз қишри осебпазири ҷомеа, аз ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ба маврид истифода менамоянд. Боиси зикр аст, ки афзоиши ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва ифротгароидошта ба рушди фаъолшавии созмону ташкилотҳои террористӣ ва ифротгаро такон дода, раванди ҷалби ҷавононро ба сафи чунин ташкилот ва иштироки онҳоро дар амалиётҳои мусаллаҳона вусъат медиҳад.
Бо дарназардошти ишораҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирӣ намудани роҳҳои ташвиқу тарғиби идеологияи бегона ва тундагароии динӣ, ҷавононро дар шароити тезутунд гардидани вазъи сиёсии ҷаҳони муосир зарур аст ҳушёриву зиракии сиёсии худро аз даст надода, дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан, эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон бо шиори “Тоҷикистон ба пеш” ҳомии сулҳу субот ва марзу буми кишвар бошанд.
Салимов А.
ходими калони илмии
шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик
Турсунов Ҳ.
ходими хурди илмии
шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик

ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

   Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ва дигар шахсони фаъоли ҷомеа дар шаҳри Душанбе ироа карда шуд. Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баъди 31 соли рушду инкишофи Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон расонида шуд. Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат тамоми дастовардҳои кишвар дар тӯли 31 соли истиқлолият баён гашта, дар рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иқтисодию соҳибкорӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоришҳои мушаххас дода шуд.  
   Дар ҳама давру замон кишварҳои алоҳида ҷиҳати ҳифзи манофеи миллии худ дар арсаи байналмилалӣ, расидан ба ҳадафҳои умумибашарӣ ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ба як навъ ҳамгироиву иттиҳоди боэътимоду боварибахш ниёз доранд.
   Ба роҳ мондани чунин навъи иттиҳоди боэътимод дар шакли созмонҳои байналмилалӣ, ки яке аз ниҳодҳои пуриқтидори дастгирии сулҳ ва амнияти байналмилалӣ буда, омили асосии расидан ба марому мақсадҳои ягона дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
   Барои ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 31 соли соҳибистиқлолӣ сиёсати «дарҳои кушода» нақши муҳимро иҷро кард. Ҳамчунин гуфта шуд, ки имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд.
Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмӯъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Дар чунин шароит Тоҷикистон ба хотири таъмин намудани манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои анъанавии худ сиёсати хориҷии мутавозин ва санҷидаро идома медиҳад.
   Дар ин замина, давлати мо азм дорад, ки дар асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и хориҷии худ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманду созандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсеа бахшида, рушд диҳад.
   Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инъикоси самтҳои сиёсати хориҷӣ низ диққати махсус дода шуд. Минбаъд Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои дуҷониба барои ҳифзи амнияти худ ва минтақа бо кишварҳои ҳамҷавор бо василаҳои сиёсиву дипломатӣ барои ҳалли таҳдиду хатарҳои замони муосир тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд муносибатҳои дӯстонаи худро бо тамоми кишварҳои дунё ба роҳ монда, робитаҳои созанда ва ояндасози худро бар пояи дӯстию эҳтиром ва баробарии ҳамдигар дар арсаи байналмиллалӣ рушду инкишоф медиҳад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, эътибор пайдо кардааст.
Бо ин мақсад таъкид гардид, ки минбаъд низ сиёсати «дарҳои кушод»-ро, бо дарназардошти воқеиятҳои нави байналмилалӣ, идома дода, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳамкориҳоямонро бо шарикони стратегӣ ва минтақавию байналмилалӣ ба сатҳи сифатан нав барорем. Инчунин, рушду тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмину таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз рукнҳои бунёдии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Зикр карда шуд, ки соли 2022 Тоҷикистон сисолагии барқарор намудани робитаҳои дипломатиашро бо аксари давлатҳои ҷаҳон таҷлил намуд. Идомаи робитаҳои фаъол ва рушду таҳкими маҷмӯи муносибатҳо бо шарикони стратегӣ, анъанавӣ ва боэътимод самти муҳимми сиёсати хориҷии моро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, мо саъю талошро ҷиҳати таъмин намудани рушди устувор ва тақвияти рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимод ва дӯстии пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ идома медиҳем.
Дар ин раванд, ҳамкории мо бо сохторҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд дар сатҳи баланд қарор дошта, минбаъд низ густариш дода мешавад.
Инчунин дар Паём ироа карда шуд, ки Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамчун узви фаъол идома хоҳад дод.
Тоҷикистон дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он саҳми босазо хоҳад дошт.
Мо ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ бо роҳи муколама ҳастем ва аз тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ин раванд пуштибонӣ мекунем.
Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст.
Таъкид гардид, ки 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард.
Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.
Ҳоло бо дарназардошти пазироии гарми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббуси нави Пешвои миллат оид ба эълон гардидани “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки дар марҳилаи татбиқи ин амр Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор бештар аз ҳар вақти дигар мавриди таваҷҷуҳ хоҳад буд. Зеро таҳлилгарон ба ин боваранд, ки ташаббуси пурарзиши Пешвои тоҷикони ҷаҳон дар рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, татбиқи лоиҳаву барномаҳои хос, таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об нақши бориз хоҳад гузошт.
Инчунин, таъкид гардид, ки мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд. Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад.
Қатъномаи мазкур аҳамияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор зикр намудааст. Инчунин дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густурдаи креосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст.
Дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои муҳим ин ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад, зеро он шарт ва заминаи асосии таъминкунандаи ҳаёти наслҳои ояндаи инсониятро ташкил медиҳад. Вобаста ба ин дар фазои муносибатҳои экологӣ тамоми мушкилоти мавҷуда ба самтҳои алоҳида таснифбандӣ гардидаанд. Миёни мушкилот ва муаммоҳои экологии замони муосир масъалаи обшавии пиряхҳо, ки ҳамчун захираи бунёдии оби ошомидании тоза баромад менамояд, ба мушкилоти рақами якуми ҷомеаи башарӣ табдил ёфтааст.
Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун “Раванди оби Душанбе” пазируфта шудааст, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври хос муаррифӣ кардааст. Ҳоло иқдоми панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон – “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ хоҳад шуд. Дар ин ҳошия, масъалаи тағйирёбии ҷаҳонии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор гирифтааст.
Ҳамин тариқ, ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.
Раҳмонзода А.Ш.
н.и.т., муовини директор
оид ба илм ва таълими
Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БАРРАСИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

   Имрӯз дар санаи 27.12.2022 дар аксар ташкилоти ҳизбии воқеъ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати баррасии Паёми Сарвари давлат ҷаласаҳои мубоҳисавӣ баргузор шуданд. Минҷумла, дар ТИ "Ҷомеашинос", "Шарқшинос", "Рушди устувор" ва ғайра бо иштироки аъзои фаъоли ҲХДТ олимони шинохта Паёми Президенти кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, зеро ин ҳуҷҷати сиёсӣ тамоми паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистонро дар бар гирифтааст.
  Баъдан, ташкилотҳо ҳисоботи солонаи фаъолияти сиёсиашонро матраҳ сохта, дар анҷоми сол баъзе аз камбудиҳои рухдодаро мутазаккир шуданд.

ФАЙЛАСУФИ ҲАҚИҚӢ ДАР МУҲИТИ ВАТАНӢ

   Санаи 19 январи соли 2023 аз реҳлати сиёсатшинос Суҳроб Шарипов (Шарипов Суҳроб Ибронович; 18 апрели 1963, Душанбе — 19 январи 2015, ҳамон ҷо) 8 сол сипарӣ мешавад.
   Номбурда соли 1988 бахши фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносовро хатм карда, баъдан то соли 1990 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон омӯзгори фалсафа будааст.
   Соли 2006 директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мешавад ва то соли 2011 дар ин вазифа фаъолият кардааст. Аз моҳи декабри соли 2011 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд.
Ҷомеаи Тоҷикистон, ки ба бахши кишварҳои рӯ ба инкишоф шомил аст, Сӯҳроб Шариповро чун муҳаққиқи низомҳову вижагиҳои давлатсозӣ ва тоҷикият (таджикность) баррасӣ карда ва то кунун ба унвони таҳиякунандаи стротегияҳои аслии кишваркушоӣ матраҳ месозад. Воқеан, С.И. Шарипов аз зумраи афроди худогоҳ ва интеллектуали ҷомеаи шаҳрвандӣ буд ва нигоҳаш ба фаъолияти аксар муассисот ба тариқи манфӣ баҳогузорӣ шудааст. Масалан, дар рӯзномаҳо бештар мақолаҳои сиёсатшинос аз қонеъкунанда набудани фаъолияти ҳизбии гурӯҳҳо, ба вижа ҲХДТ пажӯҳишҳо ироа мекард. Алҳол, дар саҳифаи рӯзномаҳо мақола ва гузоришҳои интиқодиро намебинем, аммо Сӯҳроб Шарипов ҳар ҳафтае мақолае дар интиқоди соҳае пахш менамуд.
Дар мавриди сиёсатшиноси тоҷик кам навиштаанд ва пажӯҳишҳо низ ҷиҳати мероси хаттии мавсуф вуҷуд надорад. Аммо эътимод бар он дорем, ки дар оянда дар ин маврид таҳқиқоти густурда пайдо мешаванд.
Рӯҳи сиёсатшиноси ангуштшумори тоҷик шод бод!