joomla
free templates joomla

ИЛМ ВА МАОРИФ - ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА ДАР ПАЁМ

 

 

 

   Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар Паём ироа мегардад, ки дар он масъалаҳои тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Дар Паёми имсолаи хеш Пешвои миллат аз бурду бохти 30 соли давраи соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, оид ба мушкилоти сиёсиву иҷтимоии 70 соли асри гузашта ва 30 соли давраи соҳибистиқлолӣ ва дастовардҳои соли 2022-юм дар самтҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар андешаронӣ намуданд.
Дар ибтидои ироаи Паём Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд, ки “Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд” ва ин маънои онро дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ба марҳилаи нави рушд ва инкишофи давлати миллӣ, ба раванди устувори давлатдорӣ ворид шудааст, ҳарчанд, ки вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб, ҳассос ва ногувор аст.
Ба андешаи Роҳбари давлат, сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расонида шуда, ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфтааст. Дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ афзуда, сатҳи некуаҳволии мардум рушд ёфта, даромади пулии аҳолӣ зиёд гардида, камбизоатӣ коҳиш ёфтааст. Ин баёнгари он аст, ки иқдому талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаем.
Дар ин робита, талошҳои пайгиронаи Роҳбари давлат боис гардидааст, ки сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш ёбад.
Дар асоси Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 дар ҷумҳурӣ сатҳи камбизоатӣ боз ҳам поён бурда шуда, сатҳи зиндагии мардум беҳтар карда хоҳад шуд. Аммо, дар ёд дошта бошем, ки барои амалӣ намудани Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 кӯшишу талоши ҳар шаҳрванд, новобаста аз он ки дар кадом мақоми иҷтимоӣ қарор дорад, муҳим ба ҳисоб меравад.
Ба андешаи Пешвои миллат “соли 2022 дар баробари ҳамаи мушкилотҳои ҷойдошта барои миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон яке аз солҳои хотирмон мебошад. Новобаста аз коҳиш ёфтани тиҷорати ҷаҳонӣ ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама ба тандурустӣ ва инчунин дигар хароҷоти пешбининашуда 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардидааст” ва “дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард”. Ин худ як ғамхории бепоёни Сарвари давлат дар муносибат ба соҳаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама ба тандурустӣ ва маориф аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат бо дарки масъала ва мутобиқ намудани маорифи кишвар ба рӯҳияи давру замон нисбати ин соҳа бештар ғамхорӣ намуда, мекӯшанд, то системаи маорифи мо пешрафта бошад.
Дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буданд. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва ин нишондиҳанда дар соли 1991 ҳамагӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод. Дар панҷ соли охир бошад аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Муҳимтарин нуктаи дигари Паёми имсолаи Пешвои миллат дар соҳаи илму маориф ин аст, ки аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда мешаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ дар ин масъала чунин таъкид намудаанд, ки “ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад” ва “бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад”.
Инчунин, вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоянд, ки “сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем”.
Гарчанде дар Паёмҳои ҳарсолаи Роҳбари давлат масъалаи соҳаи илму маориф ҳамчун мавзӯи мавриди баррасӣ қарор мегирифт, аммо дар Паёми имсола нисбат ба ҳар масъалаи дигар рушди илм ва соҳаи маорифи миллӣ аз ҷониби Роҳбари давлат мавриди таҳлили амиқ қарор дода шуд. Пешвои миллат зикр намуданд, ки “мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад”.
Соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.
Такрор ба такрор атрофи мавзуи рушди маориф, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои миёна ва олӣ сухан намудани Пешвои миллат далели он аст, ки ҳалли мушкилоти соҳаи мазкур дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар қарор дорад ва аҳли илму маорифро зарур аст аст, ки дар раванди таълим нисбати баланд бардоштани сатҳи маърифат, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, илмҳои дақиқ ва технологияи муосир диққат дода, насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва арҷ гузоштан ба мероси ниёгон тарбия намоянд.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи ҷавонон мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, таъкид намуданд, ки ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.
Воқеан бе кадрҳои баландихтисос ва ҷавонони ватандӯсту худогоҳ рушди минбаъдаи давлат ва боз ҳам боло бардоштани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ номумкин аст. Бинобар ин, Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш ба масъалаи таълиму тарбия ва соҳибкасб намудани ҷавонон таъкидҳои махсус намуданд, аз ҷумла “бо мақсади соҳибкасб намудани шаҳрвандон, ба хусус ҷавонон Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ лоиҳаи барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаро аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ таҳия ва амалӣ намояд.” Яъне, ба андешаи Пешвои миллат соҳибкасб будани шахс омили на танҳо пешрафту ободии ҷомеа, боло рафтани сатҳи зиндагӣ мегардад, балки боиси обрӯву эътибори махсус пайдо намудани шахс дар байни аъзоёни ҷомеа мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ бо мисолҳои равшан ба Ҳукумати мамлакат ишора намуданд, ки то соли 2026 бо истифода аз тамоми имкониятҳо дар бобати ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ чораҷӯӣ намояд. Дар ин самт зарур аст, ки ба беҳтар гардонидани сифати таҳсилоту касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ба омӯзиши ихтисосу ҳунарҳои барои бозори меҳнат зарурӣ фаро гирифтани аҳолӣ, хусусан, ҷавонон ва занону бонувон тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд.
Дар ин зимн, Пешвои миллат ба Вазорати маориф ва илм ва ба дигар идораҳои дахлдор супориш доданд, ки “дар асоси таҳлили ҳамаҷониба ҷиҳати самаранок гардонидани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва касбомӯзии калонсолон оид ба гузаронидани ислоҳот дар низоми идоракунии ин муассисаҳо хулосаҳои худро дар муҳлати ду моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд”.
Вазъи имрӯзаи илми кишвар тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Бо истифода аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат барои аҳли илм ва маориф фароҳам овардааст, моро зарур аст, ки дар роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузорем ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.
Аз муҳтавои Паём бармеояд, ки дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илм ва маориф мавқеъ ва манзалати хоссае дорад, зеро бидуни маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли наврас бунёди ҷомеаи солиму мутараққӣ имконнопазир аст.
Давлату Ҳукумати мамлакат соҳаи маорифро соҳаи афзалиятноки фаъолияти худ қарор дода, бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат тамоми нерӯю тавоноии хешро ба ин самти ҳаётан муҳими кишвар равона карда, барои таълиму тарбияи босамари хонандагону донишҷӯён дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ иқдомҳои заруриро рӯйи кор оварда истодааст.
Ба ин нуктаҳои ироанамудаи Пешвои миллат амиқтар назар афканем, дармеёбем, ки аҳли илму маорифи мамлакат барои иҷрои ин дастуру ҳидоятҳо дар солҳои минбаъда аз солҳои гузашта ҳам бештар масъулияти баландро бояд эҳсос намоянд. Ҳар як нуктае, ки дар Паём таъкид гардидааст, фарогири масоили хеле васеъ ва муҳим барои рушду инкишофи илму маорифи кишвар, низоми таълиму тарбия ва дурнамои он ба ҳисоб меравад.
Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як фарди огоҳ, махсусан аҳли илму маорифро водор месозад, ки дар фаъолияти рӯзмарраи хеш нуктаҳои ироашудаи Паёмро сармашқи кору фаъолияти худ қарор бидиҳад ва баҳри татбиқу амалигардониҳои онҳо масъулияти баланди шаҳрвандиро эҳсос намояд. Пешвои миллат борҳо дар баромаду суханрониҳояшон таъкид намудаанд, ки “ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷои аввал мегузорам” ва гуфтаҳо исботи он аст.
Чуноне ки Пешвои миллат иброз медоранд, “танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон наздик мерасонанд”, “яъне мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву нақшаҳои бунёдкоронаи барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезикардаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем” ва ба халқи азизи Тоҷикистон софдилонаву содиқона хизмат кунем.
ҚУДРАТЗОДА КОМРОН АБДУНАБӢ
н.и.т., мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо

 

 

 

ОСИЁИ МАРКАЗӢ – ХАЛИҶИ ФОРС: ТАЛОШҲОИ ҲАМКОРӢ ВА ДУРНАМО

 

 

 

   Бозгашт ба нахустин ҷаласаи муштараки вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷи Форс дар пойтахти Арабистони Саудӣ шаҳри Риёз 7 сентябри соли 2022 метавон мулоҳиза кард, ки ин ҷаласа мавриди таваҷҷуҳ, таҳлилу тадқиқи марказҳои тадқиқотӣ ва арзёбии коршиносони араб дар воситаҳои ахбори умум гардидааст.
  Масалан, рӯзномаи бонуфузи Амороти Муттаҳидаи Араб “ал-Халиҷ” тафсилоти ҷаласаро манзури хонандагон карда, аз ҷумла менависад:
Вазирони корҳои хориҷии давлатҳои арабии Халиҷ ва ҳамтоёни онҳо аз давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷонибдори худро барои барқарор кардани шарикии қавӣ дар асоси арзишҳо ва манфиатҳои муштарак ва робитаҳои амиқи таърихии байни халқҳояшон ва ҳамкориҳои мавҷуда дар сатҳи дуҷониба ва бисьёрҷониба дар соҳаҳои муҳталиф таъкид карданд.
Дар ин бора дар баёнияе, ки дар поёни нахустин нишасти муштараки вазирони муколамаи стратегӣ мунташир шуд, гуфта шудааст.
Вазирон аз даъвати нахустин ҷаласа истиқбол намуда, қайд карданд, ки онҳо оид ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуда, аҳамияти ҳамоҳангсозии мавқеъҳои ду ҷонибро тавассути механизмҳои стратегӣ таъкид карданд.
Вазирон ҳамкории муштаракро ҷиҳати таҳкими талошҳои ҷаҳонии барқарорсозии иқтисодӣ ва рафъи мушкилоте, ки дар натиҷаи пандемияи Ковид-19 ва барқарорсозии занҷирҳои таъминот, нақлиёт ва коммуникатсия, амнияти озуқаворӣ, амнияти энергетикӣ ва обӣ, рушди манбаъҳо ва технологияҳои энергияи сабз ва муқовимат бо мушкилоти муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, омӯзиш ва табодули таҷриба дар ҳама соҳаҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои тиҷоратӣ ва дастгирии сармоягузорӣ, аз ҷумла тавассути механизмҳои дахлдори тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Вазирон ҳамчунин аҳамияти робита байни усулҳову ҳадафҳо ва афзалиятҳоро дар консепсияи ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби бисёрҷониба, ки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 21 июли соли гузашта дар Чолбон-Отаи Қиргизистон ва карорҳои Шӯрои хамкории давлатҳои арабии Халиҷ барои ба роҳ мондани хамкорӣ бо кишварҳои Осиё Марказӣ омадааст, таъкид карданд.
Чи тавре дар баёния омадааст, Тарафҳо ҷиҳати ноил шудан ба ин ҳадафҳо Нақшаи чорабиниҳои муштаракро оид ба муколамаи стратегӣ ва ҳамкорӣ барои солҳои 2023-2027, аз ҷумла муколамаи сиёсӣ ва амниятӣ ва иқтисодӣ ва роҳандозии ҳамкориҳои самарабахши соҳибкорони ҳарду минтақа, андешидани чораҳои заруриро ҷиҳати татбиқи босуръати ин нақша дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба қабул карданд.
Вазирон аз даъвати Қазоқистон барои баргузории нахустин Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Халиҷ дар шаҳри Остона моҳи июни соли 2023 истиқбол карданд.
Вазирон ҳамчунин аз даъвати Ӯзбекистон барои баргузории нишасти дувуми вазирон барои муколамаи стратегӣ миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷ дар шаҳри Самарқанд дар соли 2023 истиқбол карданд.
Рӯзномаи “ал-Халиҷ” суханони Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳонро дар ифтитоҳи нишасти ар-Риёз меорад, ки баён доштааст:
"Кишварҳои Халиҷ ва Осиёи Марказӣ дорои имконоти фаровоне ҳастанд, ки ба рушди мутақобила мусоидат мекунад."
Номбурда ба мавқеъи стратегӣ ва гуногунии захираҳои табиӣ, инчунин сармояи инсонии кишварҳои минтақа ишора карда, ҳавасмандии кишварҳои Халиҷ ва Осиёи Марказиро барои баррасии имконоти мавҷуд дар бахшҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, энергетика ва дигар соҳаҳо бо назардошти он, ки онро нуқтаи ибтидоӣ дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои муштарак, шукуфоӣ ва рушди кишварҳову мардуми ду минтақа мебошанд, баланд арзёбӣ кард.
Шоҳзода Файсал ибни Фарҳон аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои Халиҷ ва Осиёи Марказиро дар баробари чолишҳои таъхирнопазири ҷаҳонӣ, аз қабили амнияти озуқаворӣ, амнияти энергетикӣ, мубориза бо эпидемияҳо ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим таъкид карда, иброз дошт, ки нишасти вазирони корҳои хориҷии ин ду минтақа барои табодули афкор роҷеъ ба таҳаввулоти минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи муштарак ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва таҳкими пояҳои амният дар Халиҷ ва Осиёи Марказӣ ва дар миқёси байналмилалӣ аҳамияти бузург хоҳад дошт.
Дар баробари даъват ба идомаи ҳамкориҳои кишварҳои Халиҷ ва Осиёи Марказӣ, Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ изҳори умедворӣ мекунад, ки Нақшаи амалиёти муштарак барои солҳои 2023-2026, ки дар ин нишаст таҳия шудааст, ба амалӣ шудани ормонҳо ва саъйю кӯшиши кишварҳои ҳарду минтака ва мардуми он заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Дар ин росто, таҳлили коршиноси араб, мудири кулли Агентии расонаии Eurabia, муҳаррири рӯзномаи «Ал-Ватан ал-Арабӣ» Холид Абузаҳр роҷеъ ба аҳамияи ҳамкориҳои давлатҳои арабии Халиҷи Форс ва Осиёи Марказӣ дар марҳилаи кунунӣ ҷолиб ба назар мерасад.
Номбурда дар гузорише, ки дар https://arab.news/r8g5c нашр кардааст, аз ҷумла менигорад:
«Дар тӯли чанд соли охир ҷаҳон ба макони нав табдил ёфтааст, ки баъзеҳо онро поёни савлати Амрико ва болоравии нақши Чин меноманд. Бо вуҷуди ин, оё мо бояд ба ҷаҳон аз дидгоҳи рақобати абарқудратҳо нигоҳ кунем? Қудратҳои миёна ё қудратҳои минтақавӣ дар ин муодила дар куҷо қарор гирифтаанд?
Ман бовар дорам, ки бар хилофи замонҳои қаблӣ қудратҳои минтақавӣ барои ташаккули ояндаи ҷаҳонӣ тавоноии бештар доранд. Дар ин макони нав давлатҳои Шарқи Наздик ва Халиҷ нақши бузургтаре хоҳанд бозид.
Сарфи назар аз ҳама пешрафтҳои инсоният, ҷомеа ва технология, танҳо як чиз абарқудратҳоро нигоҳ медорад: қобилият барои харобкорӣ. Маҳз истифодаи зӯроварии мутлақ ва қонунигардонии яккатозӣ иродаи онҳоро қувват мебахшад. Масалан, Ҷанги Дуюми Ҷаҳон байни Олмони фашистӣ ва Ғарбу Шӯравӣ харобиҳо овард. Ин ба ғолибон имкон дод, ки як чизи нав созанд, гарчанде дар он вақт ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ модели алоҳидаи худро доштанд.
Бархурди ин ҳарду модел дар давоми Ҷанги сард ба миён омад ва он пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун ҷаҳонишавӣ ба воқеият табдил ёфт. Бо вуҷуди ин, имрӯз мо ба як маъно ба тақсимоти байни Шарқ ва Ғарб бармегардем. Украинаро метавон ҳамчун хати демаркатсионӣ донист. Ман онро ба ибтидои мусобиқаи бокс муқоиса мекунам, вақте ки рақибон дар аввал бо чанд зарба якдигарро месанҷанд. Ин як дарс ҳаст, ки онро хеле зуд омӯхтан лозим меояд - чанд гардиш дар байни абарқудратҳо метавонад харобии мутлақро ба вуҷуд орад ва боиси тамоман нобуд шудани қудратҳои миёна гардад.
Русия қудратманд аст, аммо дигар дар сатҳи Чин ё ИМА нест. Он бар хилофи он ки дар ибтидо фикр мекард, ба як муноқишаи бузургтаре фаро гирифта шудааст. Украина бо пуштибонии қавии низомии ИМА ҳоло Русияро мехоҳад боздорад. Бо вуҷуди ин, бар хилофи аксари қудратҳои ғарбӣ, Русия ҳанӯз ҳам иродаи комил барои зӯроварии мутлақро дорад ва ин метавонад иродаи ҳам Украина ва ҳам Ғарбро аз байн барад. Ғарб бояд дар хотир дошта бошад, ки ба Русия иҷоза дод, то нерӯи худро барои мағлуб кардани ДИИШ дар Сурия истифода барад. Ҳоло Ғарб дигар намехоҳад, ки чунин корро нисбати Украина кунад. Бо вуҷуди он, тағйирот дар динамика бархӯрди эҳтимолии ИМА ва Чинро суръат бахшид.
Ҳоло назари дигари стратегии ҷаҳон вуҷуд дорад. Воқеан, Украина бештар ба як буфери аввал ё шояд аввалин задухурдҳои байни Шарқу Ғарб ё, ба ибораи дигар, байни ИМА ва Чин монанд аст. Аз ин рӯ, қудратҳои миёна бояд ба хатари гузаштани ИМА ва Чин аз душманӣ (дӯстӣ ва асосан душманӣ) ба душмании комил мутаваҷҷеҳ бошанд. Барои пешгирӣ аз ин ва муҳофизати худ бояд стратегияи фарогире вуҷуд дошта бошад, ки берун аз минтақаи Ховари Миёна мегузарад ва ин стратегия бояд Осиёи Марказиро дар бар гирад. Ман боварии комил дорам, ки равобит ва ҳамкории қавитар миёни давлатҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ омили калидӣ барои расидан ба ин субот аст.
Вазъият дар Украина дар ояндаи наздик ҳамчунон боқӣ хоҳад монд, гарчанде метавонист аз он канорагирӣ кард, агар Аврупо ва Украина қодир ба ҷилавгирӣ аз Русия дар мувозинат бо сиёсати ИМА мебуданд. Ин бепарвоии даҳсолаи тӯлонӣ ба ин фалокат оварда расонд. Бо вуҷуди ин, ин як машқи душвор аст ва сиёсати мутамаркиз ва муттасилро на танҳо дар сатҳи низомӣ, балки дар сатҳи иқтисодӣ ва энергетикӣ тақозо мекунад.
Ин аст, ки барои Халиҷ ва Осиёи Марказӣ рушди робитаҳои мутақобила муҳим аст. Онҳо, азбаски бо хатарҳои монанд рӯ ба рӯ ҳастанд, зарурати сиёсати мутавозинро дарк мекунанд ва ба корҳои дохилии кишварҳо эҳтиром мегузоранд. Аз ин рӯ, байни ҳарду минтақа ҳамгироии бештари сиёсӣ ва иқтисодӣ зарур аст. Он инчунин як имконияти таърихӣ барои сохтани моделҳои муваффақ ҳангоми омӯхтани хатогиҳои дигарон мебошад. Ин метавонад сокинони ҳарду минтақаро ба шукуфоӣ ва субот оварда расонад.
Боз як нуқтаи назари бадбинӣ вуҷуд дорад. Абарқудратҳо метавонанд чизҳои зиёдеро таҳмил кунанд, вақте ки он танҳо ба як минтақа дахл дорад, аммо онҳо ду бор фикр мекунанд, дар ҳолате агар масъала ба ду минтақаи муҳим дахл мекунад. Аз ин рӯ, имрӯз қудрати бештар барои маҳаллисозӣ вуҷуд дорад. Бори дигар, ин ҷои нав муносибати хамелеонро тақозо мекунад. Ва ин маънои онро дорад, ки Халиҷ ва Осиёи Марказӣ метавонанд роҳҳои ҳалли масъаларо ба вуҷуд оранд ва бад-ин васила ба ташвиқи ҳамкорӣ байни абарқудратҳо мусоидат кунанд. Ҳар қадар, ки қудратҳои маҳаллӣ тобеъи қудратҳои бузург шаванд, ҳамон қадар хатари афтодан ба ин бархӯрди ғайримустақим бештар мешавад, ки он ногузир ба бархӯрди мустақим мунҷар хоҳад шуд.
Қудратҳои миёна иқтидори худро барои миёнаравӣ дар мушкилоти душвори дипломатӣ исбот карданд. Нақши Қазоқистон дар музокироти Остона, нақши Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар табодули асирон байни Русия ва ИМА, инчунин Украина ва Русия шаҳодати ин нақши эҳтимолӣ мебошанд. Таваҷҷуҳи ахир ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқоти таҳсилоти олӣ ва инноватсия дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба Арабистони Саудӣ ва АМА имкони шукуфоии бештар ба ҳарду минтақаро нишон медиҳад.
Имрӯз ҳамгироӣ ва ҳамоҳангсозии бештар байни кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ метавонад як мувозинати хеле заруриро эҷод кунад, ки Шарқ ва Ғарб аз он баҳра баранд. Абарқудратҳо бояд ин корро ба хотири худ ва суботи ҷаҳон ташвиқ кунанд».
Манбаъ:
Рӯзномаи “ал-Халиҷ”, Амороти Муттаҳидаи Араб, 8/9/2022, https://www.alkhaleej.ae/
ARAB NEWS, Khaled Abou Zahr, GCC and Central Asia have the power to help keep the peace
December 23, 2022
таҳия ва тарҷумаи:
Шаҳлохон Муродалӣ
ходими хурди илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик

 

 

 

ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ДАР РОБИТА БА ОБИ ТОЗА ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО НАҶОТИ ОЛАМИЁН АСТ

Фарҳод Раҳимӣ – - академик, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ
ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ДАР РОБИТА БА ОБИ ТОЗА ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
НАҶОТИ ОЛАМИЁН АСТ
Илм собит намудааст, ки дар манзумаи офтобӣ аввалин нишонаҳои ҳаёт пас аз таркиши нахустин дар Коинот 13,7 миллиард сол қабл ба вуҷуд омада буд, ки ин рақамро донишмандон “умри Коинот” таъбир кардаанд. Аз ҷумла, яке аз унсурҳои асосии ҳаёт – об дар сайёраи Замин тақрибан 4-4,5 миллиард сол пеш аз ин дар натиҷаи бархӯрди Замин бо сайёраи дигар пайдо шудааст, ки феълан 71 дарсади онро об ташкил медиҳад. Агар мо маҷмӯъи обҳои Заминро ба ҳиссаҳо ҷудо кунем, онҳо дар чор бахш маҳфузанд: 1) уқёнусҳо, 2) пиряхҳо, 3) обанборҳо ва обҳои зеризаминӣ. Тибқи ҳисоби муҳаққиқон обҳои шӯри уқёнусӣ - 96,4% обҳои гидросфера, пиряхҳо – 1,86%, обҳои зеризаминӣ - 1,68% ва обҳои рӯизаминӣ ва обанборҳо – 0,02% - ро ташкил медиҳанд. Ҳамзамон бо ин, обҳо дар гидросфера, асосан дар шакли моеъ -– 98%, сахтӣ (пирях ва барф) -– тақрибан 2% ва дар шали буғӣ - 0,001% мавҷуданд. Вале, бо вуҷуди ҳамаи ин, дар сайёраи мо танҳо 2,5-3%-ро оби тоза, яъне обе, ки намаки он аз – 0,5 зиёд нест, ташкил медиҳад. Мусаллам аст, ки пиряхҳо 90 дарсади оби тозаи сайёраи моро таъмин мекунанд ва бахши боқимондаи он дар дарёҳо, кӯлҳо, чашмаҳо ва абрҳо маҳфузанд.
Феълан зиёда аз 3 миллиард сокини сайёра аз норасоии оби тоза танқисӣ мекашад ва тибқи пешгӯиҳои олимон ин шумора то соли 2025 қариб ба 4 миллиард нафар мерасад. Ҳамарӯза бино ба нарасидани оби тоза дар курраи Замин аз 800 то 1000 нафар кӯдаки синни то 5 сола мефавтад. Бояд гуфт, ки яке аз сабабҳои асосии зудтар об шудани пиряҳҳо тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва баландшавии ҳарорати миёнаи ҳаво буда, инчунин, бо сабаби истифодаи ғайриоқилонаи оби тоза, махсусан дар кишоварзӣ (то 78% оби тоза барои кишоварзӣ сарф мешавад) миқдори оби тоза коҳиш ёфта истодааст.
Мақсад аз зикри ин нуктаҳои муҳим, равшан шудани моҳияти ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои марбут ба об, оби тоза, сарчашмаҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо, дипломатияи об, истифодаи муассиру оқилонаи он буда, ҳадафи калидии онҳо, ба андешаи ман, ҳалли яке мушкилоти умдаи башарият, яъне раҳоӣ аз буҳрони обӣ ба ҳисоб меравад. Ба ин далел, ки ҷаҳони муосир гирифтори буҳронҳои шадиди сиёсӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ буда, буҳрони вобаста ба оби тоза аз ҷумлаи муҳимтарин ва мушкилтарини онҳост. Гарчанде танҳо Инсонҳои комил ва сиёсатмадорони барҷаста онро дарк ва роҳи ҳалли онро меҷӯянду меёбанд, Пешвои миллати мо маҳз дар ин ҷода ягонаанд.
Тавре ки шумо огоҳ ҳастед, 14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 154 кишвари узви СММ пазируфта шуд.
Қабули чунин як Қатъномаи муфид боиси ифтихору сарфарозии ҳамаи мо олимони тоҷик ва инчунин аҳли ҷомеа маҳсуб мешавад.
Дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:
• Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
• Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
• Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
• Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.
Дар қатъномаи мазкур аҳаммияти пиряхҳо ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳо ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор ба сароҳат дарҷ гардидааст. Инчунин дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густардаи креосфера гардида, дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани сифат ва миқдори маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст. Теъдоди зиёди ҳаммуаллифони қатъномаи мазкур бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳалли чолишҳои ҷаҳонӣ эътимод дорад.
Афзун ба ин, бо ҳамоҳангии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар доираи муқаррароти қатъномаи мазкур Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимод ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис дода мешавад, ки ҳадафи усулии он таҳқиқоти бунёдӣ оид ба масоили омӯзиши пиряхҳо мебошад. Бидуни шубаҳа, қабули ин гуна қатънома барои ба вуҷуд омадани палатформаеро замина мегузорад, ки олимон, сиёсатмадорон ва аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонанд масъалаи роҳҳои омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро коркард ва онҳоро татбиқ намоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати пайгирона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҳалли масъалаҳои дохилию сатҳи минтақавӣ, инчунин баҳри ҳалли масъалаҳои глобалӣ, бахусус масоили вобаста ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, ҳанӯз аз оғози солҳои 2000 таваҷҷуҳи махсус намуда, пайваста иқдому ташаббусҳо пешниҳод менамояд.
Албатта, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат оид ба мушкилоти об бо роҳи осон не, балки дар асоси далелу мушоҳидаҳои амиқ ва илман асоснокшуда хулосабарорӣ гардида, баҳри рафъи мушкилоти инсоният нигаронида шудаанд. Маҳз дар асоси ин иқдомот бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ – Созмони Милали Муттаҳид оид ба рафъи мушкилоти об танҳо давоми 20 соли охир панҷ Қатънома қабул намуд, ки нишонаи баланди эътирофу эҳтиром ва далели раднопазиру мавқеи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ нишон медиҳад. Илова бар ин, бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат масъалаҳои беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, ки дар идора, истифода ва ҳифзи захираҳои обӣ афзалияти аввалиндараҷа дорад, инчунин дигар масоили марбут ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳоро ба рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ворид намудаанд, ки ин худ яке аз дастовардҳои муҳими чанд соли охири ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб шуда, дар таърихи рушди инсоният саҳифаи наверо зам хоҳад намуд.
Мусаллам аст, ки яке аз масъалаҳои ҳалталаб ва мубрами рӯз, ки тамоми аҳли сайёраро ба ташвиш овардааст, таъсири тағйирёбии глобалии иқлим ба захираҳои обӣ ва ҳолати зудобшавии пиряхҳо мебошад. Бояд зикр кард, ки масъалаи мазкур ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, оид ба ҳалли ин масоил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои бонуфузи дунё иқдомҳои наҷибро ироа доштанд ва ин ташаббусҳо аз ҷониби тамоми мамолики ҷаҳон дастгирӣ ёфтанд. Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид намудаанд, ки масъалаҳои вобаста ба мушкилоти об дар қатори дигар таҳдиду хатарҳо, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта аст.
Чунончи, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (1 октябри 1999) дар саросари ҷаҳон соли 2003 - Соли оби тоза эълон карда шуд. Дар асоси ин ташаббус дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе соли 2003 Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид. Дар ин замина дар саросари олам тадбирҳои судманди зиёде амалӣ карда шуданд. Соли 2023 аз ташаббуси якуми ҷониби Тоҷикистон 20 сол сипарӣ мегардад, вале масъалаи бо оби тоза таъмин намудани аҳолии сайёра рӯз ба рӯз муҳим арзёбӣ мегардад.
Сипас, санаи 23 декабри соли 2003 бо ташаббуси дигари Пешвои муаззами миллат Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015 - ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон кард. Дар раванди татбиқи даҳсолаи мазкур, ҷониби Тоҷикистон мизбони якчанд ҳамоишҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ гашт.
Масъалаи тақсимоти захираҳои обӣ байни кишварҳои олам дар баъзе ҳолатҳо ба сар задани муноқишаҳо таҳдид менамуд. Вобаста ба он, ки дар миқёси ҷаҳон беш аз 240 дарёи байнидавлатӣ мавҷуд аст, ки аз онҳо зиёда аз 170 кишвари мухталифи дунё истифода менамояд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи мазкурро дарк намуда, 21 июни соли 2012 дар шаҳри Рио-де-Жанейро (Бразилия) дар чорабинии муштараки ЮНЕСКО ва механизми «СММ - об» оид ба масоили истифодаи оқилона ва самараноки об суханронии пурмуҳтаво намуда, оид ба эълон намудани соли 2013 ҳамчун Соли дипломатияи обро пешниҳод намуданд. Маҳз ҳамин ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба назар гирифта, Маҷмааи Умумии СММ 20 декабри 2010 соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об эълон кард, ки он аз ҷониби 190 кишвари олам дастгирӣ ва пуштибонӣ ёфт.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу ғайрати хешро баҳри ҳалли на танҳо мушкилоти кишвар, балки проблемаҳои минтақавию ҷаҳонӣ сафарбар намуда, ҳамеша тадбирҳои судманд меандешанд. Таҳлили натиҷаҳои амалишавии ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон собит намуданд, ки оид ба ҳалли мушкилоти об барои ҳарчи дастаҷамъона сафарбар намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ иқдомоти дигаре зарур аст.
Пешниҳоди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 декабри соли 2016 зимни ҷаласаи пленарии Маҷмааи Умумии СММ бо ҳаммуаллифи 177 кишвари аъзои ин созмон таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қабул гардид, нишонаи бебаҳси ин гуфтаҳост. Дар асоси ташаббуси мазкур, Пешвои муаззами миллат бештар роҳбарони сиёсии кишварҳои оламро ҷиҳати дастаҷамъона амал намуданро баҳри ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим таъкид намуданд.
Ҳамчунин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси мушоҳидаю омӯзишҳои ҳамаҷонибаи масоили марбут ба иқлим ва захираҳои обии Осиёи Марказӣ:
1) таъмини кардани мамолики Осиёи Миёна бо оби тоза тавассути таъсис додани Консортсиуми байналхалқӣ доир ба истифодаи об кӯли Сарез, ва
2) Бунёди байналмилалии ҳифзи паряхҳоро пешниҳод намуданд, ки ташаббусҳои мазкур ба ҳалли мушкилоти минтақавӣ равона шудаанд. Масъалаи таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллати мо буда, 31 август - 4 сентябри соли 2009 дар Форуми сеюми ҷаҳонӣ оид ба иқлим (ш. Женева) ва 7-8 декабри соли 2009 дар конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим (ш. Копенгаген) пешниҳод гардидааст. Зеро, Тоҷикистон аз ҷумлаи он кишварҳоест, ки бинобар ифлосшавии атмосфера ва дигаргун гаштани иқлим аз солҳои шастуми асри гузашта бо суръати баланди обшавии пиряхҳо дар ҳудуди худ мувоҷеҳ аст. Албатта, ин маънои онро надорад, ки обшавии пиряхҳо танҳо манфиат ё зарари Тоҷикистон аст. Имрӯз дар ҷаҳон ин раванд суръати бесобиқа дорад ва бетафовутӣ нисбат ба он барои оянда даҳшатбор хоҳад буд. Аз рӯи ҳисоби мутахассисон, агар тамоми пиряхҳои ҷаҳон об шаванд, сатҳи об дар рӯи замин 64 метр баланд мешавад, ки ин ба фано гаштани ҳаёт дар як қисмати аъзами сайёраи мо оварда мерасонад.
Ба ин мушкилот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар интиҳои солҳои 90-ум диққати махсус дода, паҳлуҳои мухталифи онро дар мақолаи хеш - «Тоҷикистон дар остонаи асри XXI» (рӯзномаи «Независимая газета»-и ФР, аз 07.12.2000), мавриди тадқиқи ҳамаҷониба қарор додаанд. Дар мақолаи мазкур Президенти ҷумҳурӣ сатҳи экологии Осиёи Марказиро дар мисоли Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода, навиштаанд, ки дар натиҷаи гармшавии ҳарорати сатҳи сайёра дар давоми 50 соли охир 1/3 ҳиссаи захираи оби яке аз пиряхҳои калонтарини Осиёи Миёна - Федченко кам шудааст. Илова бар ин, Пешвои миллат дар мақолаи таҳлилии худ таъкид намудаанд, ки табиати сайёра силсилаҳои зиёди гарму сардшавии иқлимро медонад, вале мо алҳол давраи гармшавиро аз cap мегузаронем ва агар ин тамоюл идома ёбад, гумон аст, ки дар сад соли наздик аз пиряхи Федченко чизе боқӣ хоҳад монд.
Боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки санаи 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Миллаи Мутаҳҳид ташаббуси навбатӣ, ташаббуси панҷуми ҷониби Тоҷикистон дар бораи эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” қабул гардид.
Бояд зикр намуд, ки ташаббуси навбатӣ аҳаммияти махсуси таърихӣ дошта, нисбат ба дигар иқдомҳо ҳамчун ташаббуси НОДИР арзёбӣ мегардад. Чунки дар қатори эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, инчунин аз соли 2025 сар карда, ҳамасола дар саросали олам санаи “21 март – Рӯзи байнамилалии ҳифзи пиряхҳо” ҷашн гирифта мешавад. Барои маблағгузории ҳифзи пиряхҳо дар сохтори Созмони Милали Мутаҳҳид Фонди махсус таъсис дода шуд. Ҳамзамон барои натиҷагирии ташаббуси мазкур соли 2025 дар пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор хоҳад гардид.
Ҳамин тавр, аз ин навиштаҷоти илман мустанади Сарвари давлат бармеояд, ки масоили асосии экологии ҷаҳони муосир ва таъсири онҳо ба захираҳои обии кишвар хеле хатари бузург дошта, на танҳо ба захираҳои гидрографӣ, балки ба тамоми сарватҳои табиӣ таъсири манфии худро мерасонанд. Аз ин рӯ, баҳри бартараф сохтани масъалаҳои ҳалталаби умумибашарӣ тадбирҳои аввалиндараҷаро андешидан зарур аст, ки яке аз онҳо кам кардани партовҳои саноатӣ (газҳои гармхонаӣ, аэрозолҳо), таъсироти инсонсириштӣ ва истеҳсоли «энергияи сабз» (нерӯи аз ҷиҳати экологӣ тоза) мебошад. Дар ин радиф, бояд тазаккур дод, ки тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рӯи миқдори истеҳсоли «энергияи сабз» ба қатори шаш мамолики пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз тавлиди ин гуна энергия дар меҳани мо 98 дарсадро ташкил медиҳад. Ин саҳми Тоҷикистон дар пешгирӣ кардани оқибатҳои харобиовари гармшавии иқлим ва татбиқи чорабиниҳои экологӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошад.
Дар айни замон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвар ва роҳбари ташаббускор, пешсафу фаъъоли ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидаанд, ки ин боиси ифтихори ҳар тоҷикистонӣ аст.
Имрӯз дар олам маконе ё минтақае нест, ки дар масъалаи нигоҳдорӣ ва истифодаи манобеи об мушкиле надошта бошад ва ба нақши ин неъмати бебаҳои табиат дар рушди устувор аҳаммияти махсус надиҳад. Тамоми самтҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсонӣ бо манобеи об робитаи ногусастанӣ доранд, зеро обу ҳаёт гуфтаанд. Аз ин зовия, метавон гуфт, ки манобеи об на танҳо неъмати беҳамтои табиат, балки меҳвари асосии рушди устувор ба ҳисоб меравад ва ин амр, бешубҳа, фаъолияти дастҷамъона ва муносибати ҷиддиро ба истифода ва ҳифзи ин манобеъ ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад. Яъне, об на танҳо ҳамчун категорияи иҷтимоӣ, балки фишанги муҳимми рушди устувор арзёбӣ мегардад.
Тоҷикистон аз рӯи манобеи об ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Дар қаламрави кишвар 64 км3 манобеи оби Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд. Мутобиқи ҳисобҳои пешакӣ то соли 2030 тамоюли раванди зиёд шудани истифода об дар Осиёи Марказӣ то 15-20 дарсадро ташкил медиҳад. Илова ба ин, агар боз коҳиши миқдори ҷараёни дарёҳоро дар натиҷаи тағйирёбии иқлим баҳисоб бигирем, вазъи ба вуҷудомада хатарбор арзёбӣ мегардад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамагӣ 20 дарсади миқдори оби дар ҳудуди кишвар ташаккулёфта ё ин, ки 10 дарсади ҷараёни бисёрсолаи дарёҳои ҳавзаи баҳри Аралро истифода мебарад ва аз ин миқдор қариб 40% оби аз сарчашмаҳо гирифташуда, боз бо ҳавзаҳо бармегардад. Аз ин лиҳоз, аз сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво то солҳои 2030-2050 бо андозаи 1–20С, талаботи растаниҳоро ба об то 10-15% зиёд мегардонад.
Истифодаи оқилона ва самараноки об яке аз мушкилоти муҳимми на фақат соҳаи кишоварзӣ, балки тамоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба ҳисоб меравад. Зиёда аз 92 % оби дар хоҷагии халқ истифодашаванда ба соҳаи кишоварзӣ мансуб буда, 90 фисади даромади асосии соҳаи растанипарвариро ташкил медиҳад.
Дар айни ҳол қариб 98 %-и тамоми заминҳои обёришаванда бо тарзи худҷараёни рӯизаминӣ обёрӣ карда мешавад. Вале, чунин ба мушоҳида мерасад, ки ин тарзи обёрӣ аз бисёр ҷиҳад муфид нест, зеро ба ҳосилнокии зироатҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Дар ин замина ҷорӣ намудани техника ва технологияи ҳозиразамон барои истифодаи самараноку сарфакорона ва идораи муассири маноебеи обӣ, бахусус тавассути технологияҳои муосири сарфаи об, навсозии шабакаҳои обрасониву мелиоративӣ ва татбиқи усулҳои нави обёрӣ ниҳоят муҳим ва ба мақсад мувофиқ мебошад.
Проблемаҳои мавҷудаи марбут ба об олимони соҳаро вазифадор менамояд, ки дар асоси консепсияҳои ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои илмию техникии соҳавӣ ҳалли онҳоро илман асоснок пешниҳод намоянд.
Бояд зикр кард, ки дар асоси иқдомоти Пешвои муаззами миллат танҳо дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, инчунин Муассисаи давлатии “Маркази омӯзиши пиряхҳо” таъсис дода шуд, ки таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар самти идораю истифода ва ҳифзи манобеи обӣ, инчунин ҳолати обшавии пиряхҳо гузаронида мешаванд.
Дар ҳақиқат, манобеи обӣ, хусусан пиряхҳои Тоҷикистон як мавзеи нотакрор ва майдони нодире ҳастанд, ки таҳқиқоти муштараки байналмилалиро тақозо доранд.
Феълан барои ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар якчанд асноди меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, дар ҷараёни татбиқ қарор доранд:
• Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав (2020 с.);
• Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини оби ошомиданӣ ва рафъи обҳои партов (2019 с.)”
• Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030;
• Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030;
• «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025» (35 чорабинӣ);
• Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030;
• Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи ошомиданӣ барои солҳои 2008-2020.
Танҳо дар соли 2020 дар доираи беш аз 28 лоиҳаи сармоягузорӣ корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони иншооти хоҷагии об ба маблағи қариб 351 млн. дол. ИМА амалӣ гардидааст.
Дар айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ, кишвар ва роҳбари ташаббускоре эътироф гардидаанд, ки тамоми масъалаҳои марбут ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо танҳо бо иштироки ҷониби Тоҷикистон қабул хоҳанд гардид.
Даҳсолаи охир дар 150 соли охир гармтарин дар мизони ҷаҳонӣ буд ва ҳарорати рӯи сайёраи мо қариб 1°С афзуд . Тибқи арзёбии Панели бонуфузи байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим (IPCC), агар чунин раванд идома ёбад, ҳолати ояндаи ҷаҳон метавонад боз ҳам бадтар шавад,
Таъсири манфии тағйирёбии иқлим то кунун ба бисёр минтақаҳои сайёраи мо, аз қабили Арктика, Антарктика ва Осиёи Марказӣ ба таври қобили мулоҳаза эҳсос мешавад. Тибқи андозагирии моҳвораӣ, қабати ях дар уқёнуси Арктика пайваста коҳиш меёбад ва дар солҳои 2019-2021 ба ҳадди ақалли рекордии худ расидааст.
Чунин тамоюл дар дигар митақаҳои ба Тоҷикистон наздиктар дар Осиёи Марказӣ низ мушоҳида мешавад. Дар шимоли баҳри Хазар дар даҳсолаи охир кам шудани яхбандии зимистона мушоҳида мешавад.
Пиряхҳо дар кӯҳҳои Осиёи Миёна ва дигар манотиқи ҷаҳон хеле кам шуда, бо суръат об мешаванд. Дар натиҷа, нигарониҳо зиёд мешаванд, ки тағирёбии иқлим метавонад норасоии обро афзоиш диҳад ва ба экосистемаҳо, истеҳсоли ғизо ва саломатӣ таъсири манфӣ расонад.
Конфронси байналмилалии об дар Душанбе дар моҳи июни соли 2022 робитаи байни зуд-зуд ва харобиовари офатҳои табиӣ ва тамоюлҳои тағирёбии иқлимро таъкид кард. Воқеан, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар бисёр гӯшаҳои дигари дунё обхезӣ, сел, хушксолӣ, хуруҷи ҳашароти зараррасон, сӯхтор ва ғ. ба тағйирёбии иқлим иртиботи ногусастанӣ дорад.
Мувофиқи моделҳои ҳозира то солҳои 2030-2050 пиряхҳои майда, ки то 1 км2 масоҳат доранд, тамоман аз байн рафтанашон эҳтимол дорад. Сатҳи ин гуна пиряхҳо ҳамин ҳоло пур аз кафидагиҳо ва кӯлҳост ва ин ҳолат далели костагию деградатсияи он ба шумор меравад.
Пажӯҳишҳои экспедитсионии саҳроӣ, маҳвораӣ, истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Маркази омӯзиши пиряҳои АМИТ нишон доданд, ки суръати зуд коҳиш ёфтани пиряҳои Тоҷикистон нисбат ба солҳои қаблӣ ба мушоҳида мерасанд. Тамоюли суръати коҳишёбии пиряхҳо дар болооби Зарафшон ва Кофарниҳон нисбат ба дигар минтақаҳо зиёдтар аст, чунки суръати обшавии миқёси пиряхҳои аз як километри квадратӣ хурд нисбатан зиёд буда, сатҳи ҷойгиршавии онҳо дар муқоиса бо пиряхҳои Помири Шарқӣ поёнтар аст.
Мутахассисони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо дар муддати моҳҳои июн-августи соли равон ҷиҳати таҳқиқу омӯзиши пиряхҳои Федченко, Хирсон, РГО ва пиряхҳои ҳавзаи кӯлҳои Қароқӯл ва Искандаркӯл корҳои муҳимми пажӯҳишӣ анҷом доданд. Аз ҷумла, аз ҷониби Маркази омӯзиши пиряхҳо дар доираи Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон дар экспедитсияҳои муштарак ташкил намуданд, ки дар мутахассисони пажӯҳишгоҳҳои Швейтсария низ ширкат варзиданд.
Мувофиқи маълумоти метеостансияи назди пиряхи №139-и ҳавзаи Қароқӯл, ки аз ҷониби МДИ «Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ» насб шуда буд, ҳарорати ҳавои максималии минтақа соли 2020 -14°С, соли 2021 — 16°С ва соли 2022 — 18°С-ро ташкил намуд. Ин нишондиҳанда далели он аст, ки соли 2022 ҳарорати ҳаво дар ин минтақа нисбат ба соли пешин 2°С зиёд шуда, сабаби аз ҳад зиёд об шудани барфи болои пирях гаштааст.
Дар сатҳи ҷаҳонӣ барномаҳои тадқиқоти илмӣ, тадбирҳои сиёсӣ ва техникӣ оид ба мубориза бо тағйирёбии иқлим таҳия шудаанд ва амал мекунанд. Дар ин бахш чор пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба об назаррас мебошанд. Бо вуҷуди ин, саҳмгузории бештар талаб карда мешавад. Зарур аст, ки ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон ба муҳофизати пиряхҳо ва сайёра саҳмгузор бошанд.
Бояд гуфт, ки ҳанӯз соли 2009 дар Копенгаген дар ҷаласаи тарафҳо оид ба тағйирёбии иқлим, инчунин дар ҷаласаҳои сатҳи баланд дар Фаронса, Шветсария, Амрико ва баъдан моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи роҳбарони Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида карда буданд, ки об шудани босуръати пиряхҳо дар канори истеъмоли аз меъёр зиёди об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Аз он ҷумла, таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши пиряхҳо ва қабати барф дар сатҳи ҷаҳонӣ, хусусан дар манотиқи кӯҳсор мебошад.
Аз ин лиҳоз, ташаббуси навбатии Президенти кишвар дар миқёси сайёра ва сатҳи ҷаҳонӣ эълон шудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21-уми ҳар сол таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки барои наҷоти башар нигаронида шудаанд, боиси дастгирии ҳамаҷониба буда, роҳ ба сӯи ояндаи дурахшони сайёра аст.

ПАЁМИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» – РОҲНАМОИ РУШДИ КИШВАР

   ПАЁМИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» – РОҲНАМОИ РУШДИ КИШВАР
Санаи 28 декабри соли 2022 дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи васеъ вобаста ба таҳлилу баррасии нуктаҳои созандаи Паёми Сарвари кишвар доир гардид. Дар ҷаласа ҳамчунин намояндагони Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва олимону кормандони институтҳои илмӣ-таҳқиқотии шаҳраки академӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаро директори институт ифтитоҳ намуда, вобаста ба мавзуи ҷаласа сухан дар ибтидо ба муаллима Ш.Қурбонова, муовини КИИ “Хирадмандон” – и ҲХДТ дар АМИТ дода шуд. Мавсуф оид ба ташаббусҳои созанда ва бунёдии ҳамасолаи Сарвари кишвар ҳам дар миқёси ҷумҳурӣ ва ҳам дар миқёси байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ оғоз аз солҳои ба даст овардани соҳибистиқлоли то ба даврони имруза маърӯза намуд. Махсусан муҳимияту мубрамият ва дурнамои бандҳои асосии Паёми Сарвари кишвар аз санаи 23.12.2022 ба таври муфассал барои ҳозирин маънидод карда шуд.
Баъдан, директори институт Ф.Шокир доир ба нуктаҳои асоси Паёми Сарвари кишвар вобаста ба илму маориф ва махсусан рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ маърӯза намуд. Аз ҷумла потенсиали бузурги муҳтавои бандҳои Паёми Сарвари кишвар ба таври муфассал барои олимону кормандон ва меҳмонон таҳлил карда шуд оид ба:
амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф, баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй;
оид ба истифода дода шудани 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда дар 31 соли истиқлоли давлатӣ, ки бори дигар ои ба сиёсати маорифпарваронаи Сарвари кишвар шаҳодат медиҳад;
оид ба имконияту захираҳои «энергияи сабз» дар кишвар, коркарди пешниҳод вобаста ба амалӣ намудани масъалаҳои соҳаи энергетикаи гидрогенӣ;
масъалаи истихроҷу коркарди металлҳои ранга, аз ҷумла сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо ва ғ.
   Дар раванди ҷаласа устодон ва кормандони илмӣ баромад намуда, қайд карданд, ки нуктаҳои асосии Паёми Сарвари кишвар бояд ҳам дар муассиса ва ҳам дар зерсохторҳои он ҳамчун дастурамал ба таври доимӣ амалӣ гарданд.

 

 

 

Баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии

Имрӯз дар санаи 28-уми декабри соли 2022 баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар дар ташкилотҳои ибтидоии "Зилзиласанҷ", "Риёзӣ", "Фотон", "Кимёгарон" - и КИИ "Хирадмандон" - и ҲХДТ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд . Муовини Раиси КИИ "Хирадмандон" Ширин Қурбонова суханронӣ намуда, вазъи кунунии ҷаҳони муосирро бо дарназардошти мушкилиҳо ва буҳронҳои табииву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ тибқи нишондоди Паёми Президенти мамлакат мавриди таҳқиқ қарор дод. Номбурда баррасии илмро дар Паёми Президенти кишвар муаррифӣ карда, аз аъзои ҳизб, ки ғолибан олим ҳастанд, талаб намуд, ки таваҷҷуҳ ба улуми муосир ва ба усули таҳқиқ пардохтани олимони кишвар имкон фароҳам меорад, ки ҳадафҳои дар Паёми Президент дарҷгардида амалан роҳандозӣ шаванд. Алҳол, чӣ дар улуми табиатшиносӣ ва чӣ дар илмҳои ҷомеашиносӣ андешаҳои замони постмодернизм бештар мавриди пажӯҳиши олимон қарор дошта, таълимоти нави фалсафӣ аз қабили антропологияи фалсафӣ ва чун татбиқи физикаи квантӣ нақшгузор мебошанд. Бинобар ин, олим пеш аз ҳама бояд мунаққиди илм буда, дар заминаи интиқод бояд дастовардҳои илмиро баррасӣ намояд. Тарзи андешаронии Ширин Қурбонова аз ҷониби уламои табиатшинос пазируфта шуд...