joomla
free templates joomla

ПАЁМИ ТАҚДИРСОЗ ВА ОЯНДАБИН

   Дар санаи 23-уми декабри соли 2022 дар парлумони кишвар ироа шудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» яке аз воқеаҳои муҳими ин давра ба ҳисоб рафта, дар он дастовардҳо, натиҷагириҳо ва дурнамои ояндаи рушди давлатдории тоҷикон пешбинӣ карда шуд. 
   Сарвари далат қайд намуданд, ки: «Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад». Аммо ба андешаи Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда: «Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд».
Паёми Президенти ҶТ ҳамчун ҳуҷҷати расмӣ ва санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ имрўз мақому манзалат ва эътибори бештарро касб намудааст. Зеро дар заминаи ҳар як Паёми Президенти ҶТ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуда…, дигар масъалаҳои ҳаётан муҳимми мамлакат ҳаллу фасл мегарданд, ки барои беҳтар гардидани шароити иҷтимоии аҳолии кишвар, таъмини адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат, муқовимат ба терроризму экстремизм, коррупсия ва дигар ҷиноятҳо, инкишофи қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии мамлакат, рушди илму маориф ва амсоли инҳо мусоидат менамояд[1].
Дар ҳақиқатан ҳам Паёми Президенти ҶТ ҳуҷати басо муҳими давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, дар бораи аҳамият ва мақоми он дар рушди давлатдорӣ ва ҷомеа, сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмии миллӣ муҳаққиқони зиёд ибрози ақида намудаанд[2].
Аз ҷумла, Маҳмудзода М.А., Ятимов С.С., Насриддинзода Э.С. Паёми Президенти ҶТ-ро ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз, санади стратегӣ, ояндасоз ва дурнамо номидаанд. Чунончи, Маҳмудзода М.А. зикр менамояд, ки «Паёми Президенти ҶТ ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз ва санади стратегии ҳадафманд бо тарзи масъалагузорӣ ва шарҳи зарурати он, таҳлили мушаххас ва хулосабарориҳо, санади муҳимтарини ҳар як сол аст ва албатта ҳамаи мо вазифадорем, ки барои дар амал татбиқ намудани он саъю кўшиш намуда, он вазифаҳое, ки ба зиммаи ҳамагон гузошта шудааст, сарбаландона ва бо масъулияти том иҷро намоем»[3]. Ятимов С.С. Паёми Президенти ҶТ-ро мавриди таҳлил қарор дода, онро ҳамчун «ҳуҷҷати барномавӣ», «ҳуҷҷати барҷастаи таърихӣ», «ҳуҷҷати стратегӣ», «санади ояндасоз», «санади ҳидояткунанда» меномад[4]. Насриддинзода Э.С. бошад, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишварро, ки дар заминаи паёмҳои Президенти ҶТ таҳия ва тасдиқ гардидаанд, таҳлил намуда, таъкид мекунад, ки Фармони Президенти ҶТ дар бораи «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар ҶТ барои солҳои 2015-2017» аз 5-уми январи соли 2015; қарорҳои Ҳукумати ҶТ дар бораи «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омўзгорӣ барои солҳои 2011-2016» аз 2-юми октябри соли 2010; дар бораи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» аз 3-юми декабри соли 2011; дар бораи «Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҶТ барои солҳои 2012-2020» аз 30-юми апрели соли 2012; дар бораи «Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар ҶТ барои солҳои 2013-2017» аз 1-уми августи соли 2012 ва дигарҳо дар заминаи дастуру супоришҳо ва талаботи паёмҳои Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олии кишвар таҳия ва тасдиқ гардидаанд[5].
Чи тавре қайд намудем, Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23-уми декабри соли 2022 садо дод. Сарвари кишвар дар паёми навбати худ ҳамчун давоми мантиқии паёмҳои солҳои гузашта қадамҳои навбатии давлат ва ҷомеаи моро ба сӯи бунёди ҷомеаи одилона, бомаърифат, давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар паҳнои амалкардҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ масъалагузорӣ намуд. Ҳадафҳои бузурги сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвари моро вобаста ба шароиту талаботи муосир муайян намуда, имкони ба нуктаҳои муайяни самтҳои муайяни иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ майл намудани сиёсати давлатиро дар соли 2023 ва солҳои дигар масъалагузорӣ намуд.
Президенти ҶТ вазъи сиёсию иқтисодии ҷаҳонро таҳлил намуда, иброз намуданд, ки: «Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид.
Инчунин вобаста ба ҳамаи ин Президенти ҶТ назари нигаронӣ намуданд, ки: «Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.
Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд».
Дар ин раванд Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки: «Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад».
Дар ҳақиқатан ҳам бузургтарин неруи муҳофизи манфиати миллӣ дар чунин раванди таҳоҷуми иттилоот ва торҳои печидаи сарчашмаҳои маълумотӣ ва ахборӣ, ки тафовут миёни ҳақиқат ва ботил беранг шудааст, фаҳми дуруст, бехато ва возеҳияти асли иттилоот аст. Бале, фаҳми дуруст ва дарки ҳақиқати маълумот имрӯз қуввати бузурги созанда ва ҳифзкунанда аст. Фаҳми дурусти танҳо иттилооти моҳвораӣ, интернетӣ не, инчунин фаҳм ва дарки дурусти талаботи қонунҳо, директиваҳо, паёмҳо, консепсияҳо ва дигар иттилооти хосияти оммавӣ доштаи чи дохилию чи хориҷӣ низ дар ин асно истисно нестанд[6].
Дар ин ҷода фаҳм ва дарки аслҳои маънавӣ ва моддии Паёмҳои ҳарсолаи Президенти мамлакат, ки як навъ ҳисоботу таҳлилу дурнамои рушди миёнадаврии давлати мост, дорои қудрати азими созандагӣ ва бунёдкорист. Таҷрибаи беш аз бистсолаи паём ҳамчун падидаи сиёсии Роҳбари давлат гувоҳи он аст, ки давлатдории миллии мо ба ин санади муҳимми сиёсӣ мазмун ва мундариҷаи миллӣ бахшида рукн ва қубҳи онро дар ҳамбастагӣ ба манфиатҳои моддӣ ва маънавии миллат ва давлатсозии халқамон такмил дод. Ин симати такмилёбии падидаҳои сиёсию ҳуқуқӣ вобаста ба шароити замону макон ва талаботи даврӣ аломати муътадил ва раванди қобили қабули рушди падидаҳои иҷтимоӣ ва сиёсии халқҳои давлатдор аст[7].
Агар Паёми навбатии Президенти ҶТ-ро мавриди омузиш ва таҳлил қарор диҳем, пас онро мумкин аст ба чор гурўҳи масъалаҳои муҳим ҷудо намуд: якум, масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ; дуюм, масъалаҳои илму маориф, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ба талаботи замон ҷавобгў; сеюм, тарбияи насли наврас ва ҷавонон, мубориза муқобили ҷинояткорӣ; чорум, масъалаҳои тандурустӣ ва таъмини доруворӣ.
Ба гурўҳи якум масъалаҳо, ки дар Паём Президенти ҶТ садо доданд, пеш аз ҳама: сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.
Дар Паём қайд карда шудааст, ки танҳо дар соли 2022-юм беш аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ва барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 фаъолият намуданд. Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфтааст. Дар ин давра 1382 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 15 ҳазор ҷойи кории нав сохта, мавриди истифода қарор дода шуда, шумораи корхонаҳо ва ҷойи корӣ аз 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ дар соли 1991, дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, соли 2022-юм 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷойи корӣ
Яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоие, ки дар паём роҳандозӣ шудааст, ин масъалаи дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва баланд бардоштани стипендияҳо, музди кор ва нафақапулиҳо мебошад. Дар назар дошта шудааст, ки аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ, аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз, дигар кормандони ин мақомот, кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад. Ҳамзамон аз 1-уми июли соли 2023 андозаи нафақаи заминавӣ, дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад.
Маҳз ҳамин нишондиҳандаҳо давлати иҷтимӣ будани Тоҷикистонро бори дигар исбот менамоянд. Дар ин ҷода нақши иҷтимоӣ доштани Қонуни ҶТ аз 8 июни соли 2007, №272 «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»[8]-ро қайд кардан бамаврид аст, ки мақсади он пеш аз ҳама аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Маҳз бо амалишавии муқаррароти ин Қонун як дараҷа сатҳи камбизоатии аҳолӣ паст карда шуда, пеши хароҷотҳои зиёдатӣ гирифта шуданд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳанӯз ҳам риояи баъзе аз меъёрҳои қонун дар минтақаҳои ҷудогона мушкилиҳои худро дорад. Мушкилии аслӣ дар мафкураи шаҳрвандони тақлидгару худнамо аст, ки онҳо озодиҳои худро дар доираи манфиатҳои аслии худ истифода карда натавониста, зери таассубу хурофот зарар ба дороии хеш ва наздиконашон расонда даҳҳо таъкидоди каломи осмониро дар масъалаи он ки «Худованд сарфакоронро дӯст медорад» сарфи назар менамоянд. Мушкилии мавҷуда дар асл сунъӣ буда, ба табиати қонун ва асли шариат рабте надорад, қонун ҳам аз назари динӣ ва ҳам ақлонӣ ихтилофоте надорад, ягон меъёри он зидди боварҳои асли динӣ ва ақлонӣ нест[9].
Пас онҳое, ки ба чунин корҳо даст мезананд, хароҷоти барзиёд дар маъракаю маросим карда ба исроф роҳ медиҳанд дар асл ба хурофот ва таассуб гирифторанд. Ин ва дигар ҳолатҳо дар кишварҳои мусулмоннишин гувоҳи он аст, ки мардуми мусулмон аз даричаи таассуб ва хурофот чунон боварҳои худро қавӣ ва серпаҳлу намудаанд, ки озодиҳо ва паҳнои ақли созандаро ба маротиб ба танг овардаанд. Ақли иддаи мо агар имрӯз аз як ҷониб таҳти таъсири таассубу хурофот аз бесаводӣ азият кашад, аз ҷониби дигар аз тобеияташ ба омилҳои нафсонӣ ва худравиҳои беҷо низ мушкилзо гаштааст[10].
Ба гурўҳи дуюм, масъалаҳои илму маориф, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ба талаботи замон ҷавобгў ворид мешаванд, ки он дар Паём ҷойи махсусро ишғол менамояд. Чунки бе таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон, омода намудани кадрҳои баландихтисос, бе баланд бардоштани нерўи зеҳнии аҳолӣ, кадрҳои ба сатҳи байналмилалӣ ҷавобгў ва шуури ҳуқуқии одамон пешрафти давлату ҷомеаро таъмин намудан имконнопазир мебошад. Вобаста ба ин Сарвари давлат дар паём иброз намуданд, ки: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем.
Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад.».
Ҳамзамон, таҳлили ҳолати муосири фарҳанги ҳуқуқӣ нишон медиҳад, ки дар ин самт ба инобат гирифтани шароити иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва тамоюлҳои нав зарур аст. Бо мақсади бартараф намудани мушкилоти маҷмӯӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти маърифатнокии ҳуқуқӣ зарурати тағйир додани муносибатҳо мавҷуд аст. Дар робита бо ин нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар маърифатнокии ҳуқуқӣ ва фаъолияти маърифатпарварии хусусияти иттилоотӣ-ташвиқотидошта бояд баланд бардошта шавад, зеро имрӯз ташаккули сатҳи баланди маърифатнокии ҳуқуқӣ бе иштироки фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, тамоми хизматчиёни давлатӣ ва ҷомеаи ҳуқуқшиносони ҷумҳурӣ номумкин аст. Аз ин рӯ, дар ин самт тағйироти куллӣ, ки дигаркунии ҷиддии модели институтсионалиро дар татбиқи сиёсати маърифатнокии ҳуқуқӣ талаб менамояд, зарур аст. Ҳамчунин маърифатнокии ҳуқуқӣ бояд талаботи гурӯҳҳои мақсаднокро ба инобат гирифта, расмиёти баҳодиҳии сифат ва натиҷанокии ин фаъолиятро пешбинӣ намояд[11].
Дар ин ҷода қабул ва амалишавии Қонуни ҶТ аз 2 августи соли 2011, № 762 «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»[12] аз аҳамият холи намебошад. Мақсади Қонуни мазкур, ки пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад, ба раванди таълиму тарбия нақши арзандаи худро гузошта, вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеаро дар таълиму тарбияи фарзанд мушаххас намуд.
Дар замони муосир муҳимтарин роҳи баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон ин баланд бардоштани маърифатнокии онҳо ва истифодаи имкониятҳои онҳо дар ҷустани чораҳои ҳуқуқӣ ҳангоми танзими низоъҳои ҷамъиятӣ мебошад. Бахусус донистан ва фаҳмидани самаранокии расмиёти ғайрисудӣ ва тосудии танзими баҳсҳо рафтори махсусро оид ба амалигардонии воситаҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеа ташаккул хоҳад дод. Дар натиҷа тафаккури ҳуқуқии ҷомеа ташаккул ёфта, дар навбати худ нигоҳи ҷомеаи Тоҷикистонро куллан тағйир медиҳад. Аз ин лиҳоз тарғиби воситаву механизмҳои ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа бояд яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифатнокии ҳуқуқӣ гардад.
Сарвари давлат вазъи имрӯзаи илми кишварро таҳлил намуда, иброз нмуданд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҳақиқатан ҳам имрўз илми тоҷик чӣ аз ҷиҳати ташкилӣ ва чӣ аз ҷиҳати омодагӣ таҷдиди назарро талаб менамояд. Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии ҶТ аз 12 майи соли 2001, №28 «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳунрии Тоҷикистон» Ҳукумати ҶТ пешбурди сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи илм, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ таъмин намуда, самтҳои асосии рушду такомули онҳоро муайян менамояд ва Ҳукумати ҶТ ин салоҳияти худро ба Вазорати маориф ва илми ҶТ вогузор намудааст. Аммо Вазорати маориф ва илми ҶТ имконияти пурраи назорат ва амалӣ намудани ин масъаларо надорад. Чунки Комиссияи олии аттестатсионӣ ва мақоми назоратии мақомоти маориф ва илм дар назди Президенти ҶТ таъсис дода шудаанд, ки ин якдараҷа пайвастагии ин масъаларо мушкил мегардонад. Ҳол он ки таҷрибаи дигар давлатҳо собит месозанд, ки ин мақомотҳо бояд дар назди Вазорати маориф ва илми ҶТ бошанд, ки он сиёсати далатиро дар ин соҳаҳо амалӣ менмояд.
Ба гурўҳи сеюм, тарбияи насли наврас ва ҷавонон ворид мегарданд, ки Президенти ҶТ ба онҳо умеди калон доранд. Сарвари давлат қайд намуданд, ки «Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд. Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст.». Ҳоло дар ҶТ вобаста ба ин якчанд барномаҳо қабул карда шудаанд, ки онҳо бо мақсади рушди иҷтимоии ҷавонон, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ва таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон равона карда шудаанд. Аз ҷумла, «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026», «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027» ва «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030», ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27 ноябри соли 2019, таҳти №599 тасдиқ шудааст, қабул шудаанд.
Мо умедворем, ки имрўз падару модарон, устодону омузгорон ҳар кадоме барои амалишавии ин ҳадафҳои дар Паём овардашуда вобаста ба таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон саҳми арзандаи худро мегузоранд ва ояндаи давлату миллати худро бо боварӣ ба наслҳои оянда месупоранд.
Ба гурўҳи чорум, масъалаҳои тандурустӣ ва таъмини дорувориро ворид крдан мумкин аст. Дар Паём Президенти ҶТ ибрози ақида намуданд, ки «Барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он бунёди муассисаҳои нав, азнавсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо зарур мебошад. Бо ин мақсад, танҳо дар ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба муассисаҳои тандурустии кишвар ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ беш аз 200 номгӯй таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир дастрас карда шудаанд. Бо вуҷуди он ки дар самти пешгирӣ кардан ва табобати беморон дастоварду пешравиҳои муайян ба назар мерасанд, вале ҳанӯз масъалаҳои тарбияи кадрҳо, хусусан, дар коллеҷҳои тиббии чи давлатӣ ва чи хусусӣ, аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳо бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ ва сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳбудӣ металабанд. Вобаста ба ин, бори дигар хотиррасон менамоям, ки рушди саноати дорусозӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад.».
Бо ин мақсад соли 2017 да Тоҷикистон Кодекси тандурустӣ қабул карда шуд, ки он зиёда аз 16 қонунҳоро мутаҳид намуда, низоми ягонаи тандурустиро якдараҷа ба танзим даровард. Аммо ба ин нигоҳ накарда, на ҳамаи масъалаҳои ин соҳа то имрўз ҳалли худро наёфтаанд. Масалан, низоми иҷозатдиҳи дар ин соҳа таҷдидро талаб менамояд, ки дар ин бора дар паём низ ибрози ақида карда шуд. Илова бар ин Қонуни ҶТ аз 18 июни соли 2008 №408 «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»[13] қабул гардида, он танҳо 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор дода шуд, ки то имрўз муқарраротҳои он ба пуррагӣ амалӣ нашудааст. Ин ҳам якдараҷа ба сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ таъсири худро мерасонад. Мо боварӣ дорем, ки баъд аз дастурҳои Президенти ҶТ дар паём фаъолият дар ин самт низ ҷоннок мегардад.
Дар маҷмў бояд хулоса намуд, ки дар Паёми Президент ҶТ сухан дар бораи ҷаҳони муосир ва таҳоҷуми иттилоотӣ, дар заминаи манфиатҳо ба ҷанги фарҳангҳо, ҳастии маънавии давлатҳои миллӣ, бунёди сиёсӣ ва ҳуқуқии соҳибихтиёрии халқҳо, заминаи инқилобҳои илмии биотехнологӣ ва иттилооти рақамӣ дар қатори ҳама дастовардҳояш ба рафторҳои мо, ба аслҳои ахлоқию ҳуқуқии мо, ба фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ ва таваҷҷуҳ ба аслҳои мафкуравии ҳимояи истиқлолияти сиёсии халқ ба масъалаҳои ҳалталаб ва мубрами рӯз меравад. Фаҳм ва дарки аслҳои маънавӣ ва моддии Паёмҳои ҳарсолаи Президенти мамлакат, ки як навъ ҳисоботу таҳлилу дурнамои рушди миёнадаврии давлат аст, дорои қудрати азими созандагӣ ва бунёдкорист. Таҷрибаи беш аз бистсолаи паём ҳамчун падидаи сиёсии Роҳбари давлат гувоҳи он аст, ки давлатдории миллии мо ба ин санади муҳимми сиёсӣ мазмун ва мундариҷаи миллӣ бахшида, рукн ва қубҳи онро дар ҳамбастагӣ ба манфиатҳои моддӣ ва маънавии миллат ва давлатсозии халқамон такмил дод. Ин симати такмилёбии падидаҳои сиёсию ҳуқуқӣ вобаста ба шароити замону макон ва талаботи даврӣ аломати муътадил ва раванди қобили қабули рушди падидаҳои иҷтимоӣ ва сиёсии халқҳои давлатдор аст.
БОБОҶОНЗОДА ИСРОФИЛ ҲУСЕЙН
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, мудири шуъбаи масоили назариявии
давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
[1] Ниг.: Сайнозимзода Фирўз Сайнозим. «Табиати ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ». Дисс. барои дарёфти ун. илмии н.и.ҳ. Душанбе, 2022. –С. 5.
[2] Ниг.: Тохиров Ф.Т. Политико-правовое значение Послания Президента. Народная газета. – 2005. – 20 июля. –№ 29 (19479).; Маҳмудзода М.А. Конститутсия заминаи ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ (маҷмуи мақолаю маърузаҳо). – Душанбе: ЭР-граф, 2014. – 596 с.; Маҳмудзода М., Сотиволдиев Р. Ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аҳамияти онҳо дар рушди давлати соҳибистиқлол. Нашри 2-юм. – Душанбе: ЭР-граф, 2016. – 192 с.; Насриддинзода Э.С. Нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа // Ваҳдат, Давлат, Президент. Ҷилди XXXШ. – Душанбе: Ирфон, 2021. – С. 6-20; Насриддинзода Э.С., Сайнозимзода Ф.С. Таҳлили таърихӣ-ҳуқуқии Паёми Президенти ҶТ // Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон. – Душанбе, 2021. – № 2 (22). – С. 6-19; Насриддинзода Э.С., Сайнозимзода Ф.С. Сиёсати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ дар паёмҳои Президенти ҶТ // Қонунгузорӣ. – Душанбе, 2021. – № 3 (43). – С. 5-12; Насриддинзода Э.С. Инъикос ва баррасии масъалаҳои маориф ва илм дар паёмҳои Пешвои миллат // Маҷаллаи академии ҳуқуқ. – Душанбе, 2022. – №2 (42). – С. 62-68.; Сотиволдиев Р., Маҳмудзода М. Ташаббусҳои қонунгузории Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва аҳамияти онҳо дар рушди давлати соҳибистиқлол. Нашри 2-юм. – Душанбе: ЭР-граф, 2016. – 192 с.; Ятимов С.С. Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди давлат // Ҷумҳурият. – 2019. – 29 январ. – № 21-22 (23 624-625).; Диноршоев А.М. Правовая природа Послания Президента Республики Таджикистан // Государствоведение и права человека. – Душанбе, 2016. – № 1 (01). – С. 55-60.; Раҳмон Д.С., Шерзода Б.С. Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ // Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон. – Душанбе, 2021. – № 2 (22). – С. 20-33.; Имомов А.И. Послание Президента и его влияние на совершенствование деятельности Маджлиси Оли // Правовая жизнь. – Душанбе, 2017. – №4 (20). – С. 46-57.; Раҳимзода Р.Ҳ. Дурнамои иқтисоди мамлакат дар Паёми Пешвои миллат // Садои мардум. – 2020. – 7 январ. – № 3-4 (4109-4110).; ХолиқзодаА.Ѓ., Бобоҷонзода И.Ҳ., Шосаидзода Ш.Ш. Бардоштҳои маънавӣ-ҳуқуқӣ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи бунёди давлати миллӣ. «Маҷаллаи Академиявии ҳуқуқ». 2022, №2 (42). С. 26-37.; Раззоқов Б.Ҳ. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари ҳокимияти иҷроия: монография. – Душанбе: «Ирфон», 2010. – 356 с.; Гадоев Б.С. Политико-правовое значение Послания Президента Республики Таджикистан в жизни общества // Известия Института философии, политологии и права им. А. Баховаддинова Академии наук Республики Таджикистан. – Душанбе, 2015. – № 1. – С. 89-94; Гадоев Б.С. Послания Президента Республики Таджикистан и их роль в политическом курсе развитии страны // Правовая жизнь. – Душанбе, 2021. – №4 (36). – С. 74-82.; Саъдизода Ҷ., Сайнозимзода Ф.С. Нақши паёмҳои Президенти ҶТ дар таъсиси вижаниҳодҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд // Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон. – Душанбе, 2021. – № 3 (23). – С. 30-42.; Мухторов К.Т. Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олӣ: хусусиятҳои сиёсӣ-барномавии он // Паёми Донишкада / Махзани илмӣ. (Маводи Конфронсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Паёми Пешвои миллат – оинаи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва мадании Тоҷикистон» 19 марти соли 2019 дар Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент). – Панҷакент, 2019. – №1/1. – С. 484-491; Мухторов К.Т. моҳияти сиёсиву ҳуқуқии паёми президенти ҷт ба маҷлиси олӣ // Паём – қутбнамои рушди устувор (маҷмуаи мақолоти илмӣ). – Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. – С. 228-240.; Каримзода К.М. Паём – муҳимтарин ҳуҷҷати барномавӣ // Ҷумҳурият. – 2019. – 28 декабр. – № 259 (23 602) ва ѓ.
[3] Ниг.: Маҳмудзода М.А. Конститутсия заминаи ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ (маҷмуи мақолаю маърузаҳо). – Душанбе: ЭР-граф, 2014. – С. 98.
[4] Ниг.: Ятимов С.С. Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди давлат // Ҷумҳурият. – 2019. 29 январ. – № 21-22 (23 624-625).
[5] Ниг.: Насриддинзода Э.С. Фарҳанги ҳуқуқӣ. – Душанбе: ЭР-граф, 2016. – С. 128-233.
[6] Муфассалтар ниг.: ХолиқзодаА.Ѓ., Бобоҷонзода И.Ҳ., Шосаидзода Ш.Ш. Бардоштҳои маънавӣ-ҳуқуқӣ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи бунёди давлати миллӣ. «Маҷаллаи Академиявии ҳуқуқ». 2022, №2 (42). С. 26-37.
[7] Ҳамон ҷо.
[8] Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, №6, мод. 428; с. 2008, №6, мод. 448; с. 2010, №7, мод. 568; Қонунҳои ҶТ аз 30.05.2017 с., №1428; аз 28.08.2017 с., №1461.
[9] Муфассалтар ниг.: ХолиқзодаА.Ѓ., Бобоҷонзода И.Ҳ., Шосаидзода Ш.Ш. Бардоштҳои маънавӣ-ҳуқуқӣ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи бунёди давлати миллӣ. «Маҷаллаи Академиявии ҳуқуқ». 2022, №2 (42). С. 26-37.
[10] Ҳамон ҷо.
[11] Банди 13 Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27 ноябри соли 2019, таҳти №599 тасдиқ шудааст.
[12] Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, с. 2011, №7–8, мод. 616; Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 с., №1294.
[13] Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №6, мод. 466; с. 2010, №12, қ. 1, мод. 836; с. 2014, №3, мод. 155; Қонуни ҶТ аз 02.01.2018 с., №1490.

ПАЁМ ВА РУШДИ БОМАРОМИ ҶОМЕА

Шоисматуллоев Ш. – узви вобастаи АМИТ, д.и.с., профессор,
мудири шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ;
Миров Ф.С. – ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи
А.М. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баёнгари вазъи кунунии ҳаёти иҷтимоии ҷомеа буда, ҳамчун дастурамали рушди минбаъдаи кишварамон баромад менамояд. Дар Паёми имсола низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои иҷтимоӣ, мушкилоту дастовардҳо ва дурнамои онҳоро таҳлилу арзёбӣ намуда, дар назди мақомоти масъули соҳа вазифаҳои нав ва муҳимро гузоштанд. Яке аз бахшҳои муҳимтарини Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши иҷтимоии он мебошад, зеро ба ҳаёти иҷтимоии аҳолӣ робитаи бевосита дошта, барои ҳамзистии осоишта ва зиндагии шоистаю сазовори шаҳрвандони Тоҷикистон нигаронида шудааст. Маъмулан, бахши иҷтимоии Паём соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, занон, ҷавонон ва дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ-демографиро фаро мегирад.
Дар оғози Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки соли 2022 барои Тоҷикистони азизи мо соли бобарор буд, зеро дар шароити мураккаб гардидани вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърих, бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона татбиқ ва амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла даромади пулии аҳолӣ ва музди меҳнати шаҳрвандон афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатии аҳолӣ то 22,5% коҳиш ёфт ва вазъи шуғли аҳолӣ беҳтар гардид. Ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2022 аз буҷети давлатӣ 14,7 миллиард сомониро ташкил дод, ки қариб ними ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро дар бар мегирад.
Дар ҳар як Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва маориф таваҷҷуҳи бештар дода мешавад ва ғамхорӣ кардан ба илму маорифро сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ меҳисобанд. Сарвари давлат ҳамеша ба омӯзгор эҳтироми хосса доранд ва омӯзгорро ҳамчун шахси мафкурасоз ва тарбиятгари насли наврас меҳисобанд, саводи мардум, бунёди миллати мутамаддин, оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва рушди давлатро ба омӯзгор, мактаб ва маориф нисбат медиҳанд. Дар Паём зикр гардид, ки дар давоми истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд, ҳол он ки дар 70 соли даврони то истиқлоли давлатӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд, инчунин шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот сеюним баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудааст.
Бояд ёдовар шавем, ки рушди бонизоми соҳаи илму маориф ва мақому манзалати олиму омӯзгор яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳисобида шуда, барои рушди соҳаи илму маориф ва беҳтар гардонидани шароити зиндагии кормандони соҳаи илму маориф ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд. Дар ҷавоб аз ин ғамхориҳо аз кормандони илму маориф даъват ба амал оварданд, ки кашфиёту ихтироотро ба анҷом расонанд, усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосирро ҷорӣ намоянд, фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олиро мутобиқ ба равандҳои ҷаҳони имрӯза ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ монанд, мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи муосири бозори меҳнат тарбия кунанд ва дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд.
Бахши дигари афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишварамон соҳаи тандурустӣ мебошад, ки барои ҳифз ва барқарорнамоии саломатии шаҳрвандон нигаронида шудааст ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он, бунёд ва азнавсозии муассисаҳои тиббӣ, инчунин бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд. Дар Паёми имсола қайд гардид, ки дар давоми истиқлоли давлатӣ 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуд, ҳол он ки дар 70 соли даврони то истиқлоли давлатӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд бунёд гардида буд. Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 ҳазор расидааст.
Сарвари давлат ба сохторҳои масъул супориш доданд, ки барои ҳифз ва барқарор намудани тандурустии аҳолӣ “таъсис додан ва ба кор андохтани корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ва боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дорувориро таъмин намоянд”. Инчунин бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани шароити зиндагонии кормандони соҳаи тандурустӣ пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои тандурустӣ 20 фоиз зиёд карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуданд, ки дар самти пешгирӣ кардан ва табобати беморон дастоварду пешравиҳои муайян ба назар мерасанд, аммо омода намудани кадрҳои соҳаи тандурустӣ, бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ ва сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳбудӣ металабанд.
Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзандаю сазовор ва рушди озодонаи шахсию касбиро фароҳам меорад. Сарвари давлат дар ҳар як суханронии худ махсус қайд менамоянд, ки ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон мебошад. Бо ин мақсад барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ маблағҳои зиёде ҷудо карда мешаванд. Дар Паём қайд карда шуд, ки “то охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад ва ба ин мақсад 285 миллион сомонӣ равона мегардад”.
Сарвари давлат бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки “ҷиҳати аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо чораҷӯӣ намояд”. Ҳамчунин пешниҳод карда шуд, аз 1-уми июли соли 2023 андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз, нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин ва пардохт мегарданд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на кам аз 16 фоиз индексатсия ва дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ зиёд карда шаванд.
Масъалаи дигари иҷтимоие, ки дар Паём баррасӣ гардид, дастрасӣ ба манзили зист мебошад. Маълум аст, ки аҳолии Тоҷикистон босуръат зиёд мегардад ва моҳи июли соли 2022 аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар рафта расид. Табиист, ки бо зиёд шудани аҳолии Тоҷикистони камзамин талабот ба манзили зист низ афзуда, ба масъалаи муҳими иҷтимоӣ табдил меёбад. Дар Паём қайд гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то имрӯз дар самти дастрасӣ ба манзили истиқоматӣ корҳои зиёд ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла “Бо мақсади беҳтар кардани шароити зиндагии мардуми кишвар танҳо дар 10 соли охир 7,2 ҳазор гектар заминҳои наздиҳавлигӣ барои бунёди беш аз 14 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба аҳолии мамлакат ҷудо гардидааст”. Ҳамзамон, дар давоми истиқлоли давлатӣ барои бунёди манзили истиқоматӣ ба 1 миллиону 450 ҳазор оила 139 ҳазор гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда дода шудааст, ки барои таъмини аҳолӣ ба манзили зист ва беҳтар гардонидани шароити истиқоматии шаҳрвандон мусоидат намуд. Сарвари давлат барои сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла пурра ба роҳ мондани истихроҷ ва коркарди сангҳои ороишӣ, риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон ҳангоми бунёди иншооту биноҳо ба мақомоти масъул супоришҳои саривақтӣ доданд.
Масъалаҳои шуғлмандии аҳолӣ, таъсис додани ҷойҳои корӣ, ба ҷойи кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ, махсусан, ҷавонон ва касбомӯзии шаҳрвандон пайваста дар зери назари Сарвари давлат қарор доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш қайд намуданд, ки таъсис додани ҷойҳои корӣ ва бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани ҳамаи аҳолии қобили меҳнат яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ва вазифаи аввалиндараҷаи тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ҳар як роҳбари сохтору мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон ба ҳисоб меравад. Роҳбари давлат мақомоти масъулро вазифадор карданд, ки барномаҳои миёнамуҳлати рушди шуғл, тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаро аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ омода ва амалӣ намояд. Бори дигар таъкид гардид, ки “Ҳукумати мамлакат то соли 2026 бо истифода аз тамоми имкониятҳо дар бобати ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ чораҷӯӣ намояд”.
Дар анҷоми Паём Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамватанони азиз даъват ба амал оварданд, ки софдилона, содиқона, бо иқдому ташаббусҳои созанда ва ҳисси баланди масъулият ба Ватан ва халқ хизмат намоянд, барои таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон, рушди давлат ва ободии Ватан бо ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстӣ саҳми назарраси хешро гузоранд.
Умуман, дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» як қатор пешниҳодҳо, супоришҳо ва вазифаҳо ба миён гузошта шуданд, ки ҳамчун дастурамал ва роҳнамои фаъолияти ҳар як шаҳрванд ва муассисаю ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ баромад намуда, барои рушди устувори ҷомеа, тағйири сифатии вазъи иҷтимоии ҷомеа, беҳтар гаштани шароитҳои зиндагии арзандаю сазовори шаҳрвандон таъсири бунёдӣ расонида, барои расидан ба ҳадафҳои асосии стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

СЕССИЯИ ЗИМИСТОНАИ АХИ ҶТ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАҚВИЯТ ПАЗИРУФТАНИ ДОНИШҲОИ АҚЛИИ ХОНАНДАГОН

   Имрӯз дар санаи 7-уми январи соли 2023 дар маҷлисгоҳи АМИТ Сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. 
Сессияро президенти АХИ ҶТ, академик Ҳикмат Ҳисориев ифтитоҳ намуда, хонандагонро зимни воридшавӣ ба раванди зимистонаи Академияи мазкур хайра мақдам гуфт.
  Дар Сессияи мазкур ноиби президенти АМИТ Саидов А.С. маърӯза намуда, зимни суханронӣ қайд кард, ки Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи беш аз 50-сола дорад ва айни замон ин ниҳоди илмӣ-омӯзишии Академияи миллии илмҳо бо дарназардошти баргузор намудани Сессияҳои зимистонаву тобистона ва Рӯзи дарҳои кушода барои тақвият додани донишҳои ақлии хонандагон мусоидат менамояд. Хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе ва атрофи он бинобар пешниҳоди муаррифии кори амалӣ баромад намуданд. Беҳтаринҳо бо Ифтихорнома сазовор дониста шуданд.
   Ҳадаф аз таъсис додани Академияи хурд дар Шуравӣ омода намудани мутахассисони бомаърифат аз ҳисоби хонандагони мактабҳо, литсейҳо ва гимназияҳо буд. Яке аз иштироккунандагони Сессия Мубина Хотамова дар бахши биолужӣ ҷиҳати баррасии муарифии кори илмӣ таҳти унвони "Саратони шири пистон" пардохта, иброз намуд, ки қисми муайяни занону бонувони кишвар ҳатто аз мавҷудияти бемории мазкур воқиф нестанд. Ба қавли мавсуф, агар бонувон аз беморӣ воқиф бошанд, пас имкон пайдо мешавад, ки ҷиҳати пешгирӣ ва табобати он чораҳо андешида шаванд. Иштирокчии дигар Гулбарги Камолиддин аз Литсейи инноватсионии "Душанбе" ҷиҳати баррасии мавзуи "Таҳлилу баррасии боби ҳафтуми "Гулистон" - и Саъдии Шерозӣ маърӯза намуда, қайд кард, ки намунаи ҳикоёт дар китобҳои дарсӣ бо шарҳҳои оммафаҳм бояд мавҷуд бошанд ва яке аз омилҳои мутолиаи осори адабии классикон низ бо дарназардошти ҷалби хонандагон мазмуну муҳтавои онҳост. Ба қавли номбурда, таассуроти мо аз осори классикии тоҷикон бештар маҳсуб мешавад, чунки дар онҳо андеша дар сатҳи хеле баланд баён ёфта, аҳамияти ҷаҳонӣ доранд.
Хонандаи Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқат Тағозода Фирдавс таҳти унвони "Лоиҳаи инноватсионии барномаи мобилии АМИТ, 400 - луғати серистеъмол ва Dushanbe Guide" маърӯза пешниҳод намуд. Номбурда таклиф пешниҳод сохт, ки барои ҷавонон омӯхтани илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ муфид буда, маҳз АХИ ҶТ моро дар ин ҷода роҳнамоӣ ва дастгирӣ менамояд.
Иштирокчии дигари Сессияи зимистонаи АХИ ҶТ Маҳкамова Раъно, ки дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 71 ноҳияи Шоҳмансур таҳсил мекунад, дар мавзуи "Усули синтези гидрогел дар асоси полемилизатсияи акриламит" маърӯза кард. Мавсуф мутмаин аст, ки гидрогел агар дар замини камоб ва дар вақти зимистону баҳор пошида шавад, пас инчунин амал боиси баланд бардоштани ҳосилнокии зироат гардида, ҳамчунин ба сарфаи об мусоидат мекунад.
Хонандаи Муассисаи давлатии таълимии литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Ҳасан Раҳмонов дар мавзуи "Гиёҳҳои асосии шифобахши Тоҷикистон" маърӯза пешниҳод намуда, қайд кард, ки тибби халқи тоҷик гиёҳдармонӣ маҳсуб мешавад. Номбурда дар ин маврид пажӯҳиши илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом дода, барги зуфро ҷиҳати табобати дарди устухонҳо малҳам сохтааст. Ғайр аз ин, ҷиҳати ҳафт гиёҳ аз қабили сипанд, қоқу, бобуна, газна, зуф, гули хайрӣ ва хандал маълумот пешкаш кардааст.
Тарзи тафаккури хонандагон, ки дар Сессияҳои АХИ ҶТ ширкат меварзанд, шаҳодат медиҳад, ки гурӯҳе аз онҳо қобилияти назаррасе дар улуми табиӣ доранд ва бегумон сарнавишти онҳо дар оянда бо илм ва пажӯҳиш рабт пайдо мекунад. Аз ин хотир, идомаи ҳамкориҳо бо хонандагони макотиби мутавассита ва литсейю гимназияҳо Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор хоҳад кард, ки фаъолияти хешро дар сатҳи густурда анҷом диҳанд.
Ҳамасола дар моҳи октябр қабули хонандагон ба АХИ ҶТ баргузор мегардад. Ҳамчунин, "Рӯзҳои дарҳои кушода" доир карда мешаванд.
Дар моҳи июн бошад, Сессияи баҳории АХИ ҶТ барпо шуда, дар он корҳои илмии мактаббачагон натиҷагирӣ мешавад. Ҷиҳати таҳияи аъзои ҳакамон олимони Институтҳои илмӣ-тадқиқотии АМИТ, Донишгоҳҳо ва Донишкадаҳои мамлакат даъват мешаванд. Дар давоми 50 сол АХИ ҶТ - ро беш аз 8 ҳазор хонандагони синфҳои болоӣ хатм намуда, 8421 кори илмӣ дифоъ кардаанд. Аз байни хонандагони боистеъдод 401 нафар аъзои пайваста ва 1028 узви вобаста гардидаанд.

ПАЁМ. РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ВА ДАСТГИРИИ ҶАВОНОН ФИШАНГИ ПЕШРАФТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ХОҲАД БУД

   Ҷомеаи ҷаҳон ва кишвари Тоҷикистон ҳоло дар марҳалаи тақдирсоз ва хеле мураккаби таърих қарор дорад, вале чун мардуми мо ба ҳалли ҳаргуна падидаҳои мушкилзои оянда хушбин аст, медонад, ки роҳҳои аз ин гуна вазъият оқилона ва бо хушї баромадан ва ҳар гуна чолишҳои сиёсиву иқтисодиро ба имконияти рушди муваффақона табдил додан вуҷуд доранд. Ин нуктаҳоро Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ, ки дар таърихи 23 декабри соли 2022 ироа гардид ва онро тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон якдилона ва бо диққати том тариқи васоити ВАО-и кишвар тамошо намуданд, тасдиқ мекунад. 
   Паёми имсолаи Aсосгузори сулҳу вaҳдaти миллӣ – Пешвои миллaт муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон бо фарогирии ҳамаи самтҳои фаъолияти давлат дар соли сипаригардида ва як қатор нақшаву ташаббусҳо барои ҳалли муваффақонаи масъалаҳои мубрам пешниҳоди ҷомеи кишвар гардид. Чун солҳои қабл соли ҷорӣ Пешвои миллат тамоми дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро бо таҳлили амиқ ва муқоисагузорӣ ба саҳми аҳолӣ расониданд. Aз ҳaр нуқтaи Пaёми Пешвои миллaт бaрмеояд, ки тaсмимҳои дaр он ниҳоишудa бо вуҷуди мушкилиҳои вақт нaтиҷaбaхш будa, сaмтҳои aсосии сиёсaти дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нaтиҷaгирӣ мекунaнд.
Дaр Паёми имсола aз бурду бохту пешрaфти кишвaр вa нaқшaҳо бaрои боз ҳам рушд додaни тaмоми соҳаҳои ҷумҳурӣ гуфтa шуд, алахусус, тaшкил нaмудaни ҷойҳои нaви корӣ, рушди бештари соҳаи маориф, истифодaи сaмaрaбaхши неруи бaрқ, ҳифзи aмнияти озуқaворӣ вa дaстрaсии aҳолии мaмлaкaт бa ғизои хушсифaт, вусъaтдиҳии шуғли пурмaҳсул aз мaсъaлaҳои меҳвaрии Пaёми Пешвои миллaт мебошaнд
   Ҳaмчунин Пaёми Пешвои миллaт дaрбaргирaндaи тaмоми мaсоили дохилию хориҷӣ оид бa пешбурди мaнфиaтҳои сиёсaти хориҷӣ вa тaъмини пешрaфти соҳaҳои иқтисоду сaноaт, энергетикa, роҳу нaқлиёт, aмнияту мудофиa, тaндурустӣ, фaрҳaнг, илму мaориф, ҳифзи иҷтимоии aҳолӣ, ҷaвонон, вaрзиш вa сaйёҳӣ дaр дохили кишвaр мебошaд. Хусусан Пешваои миллат ба илму маориф бештар диққати ҷиддӣ медиҳанд. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад.
    “Мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем. Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад.Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад”.- таъкид намуданд Пешвои миллат.
   Таъкид гардид, ки соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.
Бо истифода аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодааст, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд. Таҷрибаи дар заминаи илму технология пешрафт кардани давлатҳои тараққикарда, ба мисли Олмон, Ҷопон, Сингапур ва Малайзия ва дигарон аз он шаҳодат медиҳад.
   Ҳамин тариқ, муҳимтарин нуктаи дигари Паёми имсолаи Пешвои миллат дар соҳаи илму маориф ин аст, ки аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда мешаванд.
Бо истифода аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат барои аҳли илм ва маориф фароҳам овардааст, моро зарур аст, ки дар роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузорем ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.
   Аз мӯуҳтавои Паём бармеояд, ки дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илм ва маориф мавқеъ ва манзалати хоссае дорад, зеро бидуни маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли наврас бунёди ҷомеаи солиму мутараққӣ имконнопазир аст.
Давлату Ҳукумати мамлакат соҳаи маорифро соҳаи афзалиятноки фаъолияти худ қарор дода, бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат тамоми нерӯю тавоноии хешро ба ин самти ҳаётан муҳими кишвар равона карда, барои таълиму тарбияи босамари хонандагону донишҷӯён дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ иқдомҳои заруриро рӯйи кор оварда истодааст.
Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як фарди огоҳ, махсусан аҳли илму маорифро водор месозад, ки дар фаъолияти рӯзмарраи хеш нуктаҳои ироашудаи Паёмро сармашқи кору фаъолияти худ қарор бидиҳад ва баҳри татбиқу амалигардониҳои онҳо масъулияти баланди шаҳрвандиро эҳсос намояд. Пешвои миллат борҳо дар баромаду суханрониҳояшон таъкид намудаанд, ки “ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷои аввал мегузорам” ва гуфтаҳо исботи он аст.
Рушди Илм нерӯ ва қудрати бунёдкоронаи ҷавононро тақозо дорад. Дар ҳама давру замон ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва пешбари ҷомеа эътироф шудаву ҳамеша дар маркази диққати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Дар замони ҷаҳонишавӣ, ҷавонон бояд кӯшиш намоянд, ки худшинос, ватандӯсту бомаърифат бошанд, то дар ҳамаи ҷабҳаву самтҳо ташаббус нишон дода, барои мардуми хеш хизмат намоянд ва нуфузу обрӯи Ватани худро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.
Дар ҷомеаи имрӯз дар самти пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисодиёт буда, истифодаи васеи технологияҳои муосирро дар истеҳсолот метавонанд ба хубӣ таъмин созанд. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати калон медиҳад.
Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии мамлакат қайд мекунанд, ки мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем.
Басо рамзист, ки сиёсати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати ояндабинона ва ҷавонпаварона мебошад ва ба нерӯи ҷавонони кишвар боварии бузург дошта, ҳанӯз аз нахуст суханонаш дар ҷаласаи шонздаҳуми таърихии Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд дар дили ҷавонон бо пайкори созандааш ҳамчун пайкари осоиштагию амният, таҳкимбахши сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон таҷаллӣ гардида, мавқеи хоса касб кардааст.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, ҳамчунин, қайд намуданд, ки “Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.”.
Тоҷикистон, ки кишвари ҷавон аст ва 70 фоизи аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, аз мадди назари Роҳбарияти олии мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дур намонда, ояндагони Ватан ва идомадиҳандаи амалҳои созандаи падарону бузургон ва созандагони фардои ҷомеа эътироф гардидаанд. Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Чунки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Аз ин хотир, ҷавононро зарур аст, ки аз амалҳои наҷибу ҷавонмардонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи инсондӯстӣ, хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, ифтихор аз миллату давлат ва арзишҳои миллӣ доштанро омӯхта, онҳоро дар зиндагии ҳаррӯзаи хеш истифода намоянд. Барои ба боварию эътимоди Пешвои миллат сазовор гардидан, ҳар як ҷавони кишварро мебояд бо амалҳои нек, баҳри андӯхтани илмҳои муосир, донистани фанҳои дақиқ, донистани техникаву технология ва забонҳои хориҷӣ аз қабили русию англисӣ чораҳои зарурӣ андешида, дар оянда ҳамчун донишманд ва мутахассиси арзанда дар раванди давлатдории навин мавқеи хосаро касб намояд.
Умеди давлат ва миллат ба ҷавонон бар он аст, ки онҳо табиати нотакрори худро низ ба шакли асл барои наслҳои оянда нигоҳ медоранд. 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард. Ин шаҳодати эътирофи эътибори давлат ва миллати тоҷик ва ҷавонони илмдӯсти он дар ҷаҳон аст.
Наврӯзова Мавлуда,
корманди илмии Маркази синошиносии ИФСҲ-и АМИТ

АКАДЕМИК А.М. БАҲОВАДДИНОВ ВА РУШДИ АФКОРИ ФАЛСАФИЮ СИЁСИ ДАР ЗАМЕНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ (МАҶМУИ МАҚОЛАҲО)

  Дар маҷмуа мақолаҳои илмии муҳаққиқони соҳаҳои фалсафа ва сиёсатшиносӣ. инчунин дастовардҳои таҳқиқотии унвонҷӯён пешниҳод карда шудааст. Дар мақолаҳо баррасии масъалаҳои мубрами таърихи фалсафа, арзёбии афкори муосири фалсафӣ, таҳқиқи масъалаҳои иҷтимоӣ ва сиёсиро фаро гирифтааст.
Дар қисми якуми маҷмуа мақолаҳое ҷой дода шудаанд, ки ба ҳаёт ва фаъолияти академик А.М. Баҳоваддинов, мақоми ӯ дар таҳқиқи афкори фалсафии халқи тоҷик ва густариши фалсафаи навин бахшида шудаанд.
   Дар қисми дуюми маҷмуа мақолаҳое пешниҳод шудаанд, ки ба баррасии масъалаҳои рушди фалсафа, илм ва фарҳанг, инкишофи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ бахшида шудаанд.
  Муҳтавои аксари мақолаҳои илмии мазкур дар семинарҳои илмӣ, мизи мудаввар, маҳфилҳои олимони ҷавон ва конференсияҳои илмию амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ мавриди муҳокимаҳо қарор гирифтаанд.
Маводи мазкур ба олимони ҷавон, унвонҷуён, магистрантҳо ва алоқамандони адабиёти фалсафӣ ва сиёсӣ пешниҳод мегардад.
Академик А.М. Баҳоваддинов ва рушди афкори фалсафию сиёси дар замени соҳибистиқлолӣ (маҷмуи мақолаҳо). - Душанбе, «Империал-Групп», 2022. - 246 саҳ.
Ҳайати таҳрир:
Саидҷафарова П.Ш., Шамсов М., Ҷонбобоев С.
Мураттибон: Аскардаев К. Бандалиева Ш.