ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛ
Қавли маъруфи файласуфи бузурги олмонитабори садаи бист Мартин Ҳайдеггер (1889-1976) дар бобати «бинои ҳастӣ» будани забон ҳақиқати бебаҳс аст ва ҷойи шакку тардид надорад. Воқеан, бинои пойдори ҳастии ҳар қавму миллат дар ҳамаи давру замон забони модарист, ки на танҳо таъриху фарҳанг, одобу русум, балки дар маҷмуъ асолату рисолати ҳастии он қавму миллатро дар ойинаи тамомнамояш мунъакис мекунад.
Бинои пойдору мондагори ҳастии миллати куҳанбунёди тоҷик низ бидуни шак забони ширину шевои тоҷикист. Ба ин маънӣ, устоди зиндаёд Муҳаммадҷони Шакурӣ соли 1991 дар хусуси вазъи онрӯзаи забони модарӣ зери унвони «Забони мо ҳастии мост» китобе ба нашр расонда буд. «Забони миллат – ҳастии миллат» ном гирифтани китоби Пешвои муаззами миллат ҳам, ки ҷилдҳои якуму дувуми он (2016, 2020) саргузашти забони модарии моро аз оғози ташаккул то ибтидои асри бист дар бар мегирад, ин ҳақиқатро возеҳан таъйид мекунад.
Вале мушкил он аст, ки дар ҷаҳони муосир бақову пойдории бинои ҳастӣ, яъне забони модарии бархе қавму миллатҳои дунё бар асари сиёсатҳои нави ҷаҳонӣ ва равандҳои имрӯзаи марбут ба “ҷаҳонгароӣ” ё “ҷаҳонӣ шудан” зери хатар қарор гирифтааст. Ба баёни дигар, оташи асолатсӯзи ин сиёсату равандҳо на танҳо ба бинои ҳастии қавму миллатҳои навпайдову тозазуҳур, ки дар пешбурди тамаддуни башар камтар саҳм доранд, балки ба кохи муҳташами ҳастии қавму миллатҳои соҳибфарҳангу тамаддунофари олам низ таҳдид мекунад. Ҳамин аст, ки ба андешаи соҳибназарон ва муҳаққиқони забон дар ҷаҳони муосир танҳо ҳашт забон, яъне забонҳои чинӣ, англисӣ, испанӣ, русӣ, португалӣ, банголӣ, ҳиндӣ ва японӣ дар ҳоли рушду боландагӣ қарор доранд ва эҳтимоли қавӣ меравад, ки дар сад соли оянда 50 дар сади забонҳои зиндаи олам нобуд гардад. Натиҷаи таҳқиқи забоншиноси амрикоӣ Майкл Кравс, ки забонҳои маҳкум ба нобудиро мавриди омӯзиш қарор медиҳад, боз ҳам бештар нигаронкунанда ба назар мерасад. Ин муҳаққиқ дар заминаи таҳқиқ ба натиҷа расидааст, ки дар асри XXI ба 90 дар сади забонҳои зиндаи дунё хатари нобудӣ таҳдид мекунад.
Бино бар ин, забони модарии мо ҳам бо вуҷуди он ҳама таърихи пурифтихор ва собиқаи дерин аз шарри равандҳои ҷаҳони муосир комилан дар амон буда наметавонад. Аз ин хотир, ҳифзу нигаҳдошт ва рушду таҳкими забони модарӣ ба сифати бинои ҳастии миллат дар ҷаҳони имрӯз ба муносибату алоқамандии самимонаву содиқонаи мо ба забони модарӣ бастагӣ дорад.
Хушбахтона, Истиқлоли давлатӣ, ки мо дар таърихи 9 сентябри соли ҷорӣ 32-солагии онро бошукӯҳ таҷлил кардем, барои побарҷоию устуворӣ ва бақову пояндагии бинои ҳастии миллат, яъне забони модарии мо шароит ва имконоти мусоид фароҳам овард.
Муҳимтар аз ҳама, дар рӯзгори Истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ ба сифати бинои ҳастии миллат таҳкиму устувории бештар ёфт ва мақоми воқеии расмию давлатӣ пайдо карда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавриди истифодаи густурда қарор гирифт.
Ин нукта ҳам шоистаи таъкид аст, ки пеш аз даврони Истиқлол, дар давраи нармиши ба истилоҳ бозсозию ошкорагӯйии даврони охири давлатдории шӯравӣ, бо саъйу эҳтимоми ҷомеаи илмию фарҳангии тоҷик, дар таърихи 22 июли соли 1989 Қонуни забони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба тасвиб расида, забони тоҷикӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ забони давлатӣ эълон шуда буд ва барои рушду боландагии он заминаи созгор ба вуҷуд омад. Вале бо вуҷуди ин дастоварди бузурги таърихӣ, азбаски Тоҷикистон ҷузъи давлати муқтадири шуравӣ маҳсуб меёфт, забони тоҷикӣ дар сояи забони русӣ қарор дошт ва дар соҳаҳои муҳимми илм, ба истиснои илмҳои башарӣ, соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, низомию мудофиа, технологияи нав ва ғайра камтар истифода мегардид.
Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки забони тоҷикӣ бидуни маҳдудият дар ҳамаи соҳаҳову бахшҳои ҳаёти ҷомеа мавриди истифода қарор бигирад ва рушду боландагии бештар касб намояд. Ин воқеияти айнӣ барои бунёду ташаккули истилоҳоти соҳаҳои мухталиф заминаи созгор муҳайё кард. Фаъолияти Кумитаи истилоҳоти Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 1990 муҷаддадан шуруъ гардида буд, дар солҳои аввали Истиқлол то ба коми ҷанги таҳмилии дохилӣ кашида шудани кишвар бисёр пурсамар буд. Ба хусус, фаъолияти раёсату садорати Кумита зери раҳбарии устоди зиндаёд Муҳаммадҷони Шакурӣ ва аъзои муҳтарами раёсату садорат, устодон Муҳаммади Осимӣ, Лоиқ Шералӣ, Ҳабибулло Саидмуродов, Раззоқ Ғаффоров, Шарофиддини Рустам, Абдулқодир Маниёзов, Мусо Диноршоев, Ҷумъабой Азизқулов, Акбари Турсон, Бозор Собир, Ғаффор Ашуров, Саидҷаъфари Қодирӣ, Мақсуди Ҳоҷимуҳаммад ва ҳайати кории Кумита муассир арзёбӣ мегардад. Барои муҳаққиқони соҳа ин марҳила дар таърихи ташаккули истилоҳоти тоҷикӣ ва бунёди асосҳои илмии он марҳилаи ниҳоят муҳим ва пурбор дониста мешавад.
Ёдоварӣ мебояд, ки дар як муддати кӯтоҳ, то даргириҳо дар мамлакат, Кумитаи истилоҳот барои аксари вазоратхонаву идора ва муассисаву корхонаҳои кишвар истилоҳномаҳои кору фаъолият омода карда, барои истифода ба онҳо пешниҳод намуд. Чанд фарҳангу луғатнома ва китобу дастур бо тасвиби Кумита ба чоп расид.
Баъди ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ ва сулҳу субот дар кишвар Кумитаи истилоҳот дигарбора ба фаъолият шуруъ кард ва дар моҳи октябри соли 2009 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки то ба имрӯз ба масъалаҳои назорат ва танзими истилоҳоти тоҷикӣ машғул аст.
Бо ноил омадан ба пешравиҳои назаррас дар роҳи бунёди давлати миллӣ зарурат пеш омад, ки Қонуни забон, ки пештар аз даврони Истиқлол таҳия ва ба тасвиб расида буд, мавриди бознигарӣ қарор дода шавад. Аз ин хотир, дар таърихи 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» дар таҳрири нав ба тасвиб расид ва ин таърих рӯзи гиромидошти забони модарӣ муқаррар гардид, ки минбаъд ҳамасола дар мамлакат таҷлил карда мешавад.
Бояд таъкид кард, ки қонуни мазкур бар мабнои меъёрҳои мақбул ва эътирофшудаи байналмилалӣ таҳия шуда, вазъи ҳуқуқӣ, доираи корбурд ва дурнамои рушди забони давлатиро дар қаламрави кишвар дар давраи Истиқлоли давлатӣ ва шароити нави дигаргуниҳои бузурги сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дар ҳаёти дохилӣ ва хориҷӣ танзиму муқаррар менамояд.
Бо муҳайё шудани имкону шароити бештар дар мамлакат давра ба давра барномаҳои рушди забони давлатӣ таҳия, тасвиб ва амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки дар таърихи 29 ноябри соли 2020 аз тарафи Раиси муҳтарами Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид, дурнамои рушди забони модариро барои даҳ соли оянда дар бар гирифта, ба татбиқи бомуваффақияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» равона гардидааст. Ҳадафу вазифаҳои барномаи мавриди назар асосан нигоҳ доштани асолат ва ҳувияти забони модарӣ ба сифати омили ҳастӣ ва бақои миллат дар замони мо мебошад.
Яке аз иқдомҳои муҳим дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, дар самти арҷгузорӣ ба забону фарҳанги миллат, эҳёи дубораи номҳои таърихии ҷуғрофист, ки бар асари сиёсатҳои давр ва ҷойи худро тағйир додани қавму қабилаҳои кӯчии саҳронишин номи худро дигар кардаанд. Бидуни шак, эҳёи номҳои таърихии Суғд, Бохтар Хуҷанд, Хуросон, Леваканд ва ғайра на танҳо аҳаммияти забонию фарҳангӣ доранд, балки барои худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳёи ҳофизаи таърихӣ аз аҳаммияти фаровон бархурдоранд.
Мусаллам аст, ки дар рӯзгори имрӯз тавону иқтидори ҳар миллату мамлакат бастагӣ ба артиш ва неруҳои мусаллаҳи он дорад. Бо шарофати Истиқлол забони тоҷикӣ забони артиш ва неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қарор гирифт ва имрӯз ҳама гуна расмиёт ва машқҳои низомӣ ба забони тоҷикӣ анҷом мепазирад.
Дигар аз иқдомҳои муҳимми рӯзгори Истиқлоли давлатӣ забони илм эътироф шудани забони тоҷикӣ дар қаламрави мамлакат ва таъсиси Комиссияи Олии Аттестатсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таълифи асарҳои илмӣ дар ҳамаи бахшу соҳаҳо, бахусус, дар илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва техникӣ барои сайқал хӯрдани забони модарӣ, ҳамқадами замон рушд кардан ва ба пояи забони илми муосир расидани он беш аз пеш мусоидат менамояд.
Дар маҷмуъ, вазъу ҳолати бинои ҳастии миллати тоҷик, яъне забони тоҷикиро дар даврони Истиқлоли давлатӣ чунин метавон хулосаву натиҷагирӣ кард:
1. Забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати забони расмию давлатӣ дар паноҳи давлат қарор гирифт ва ҷойгоҳи воқеии худро дар ҳамаи идораву вазоратхона ва корхонаву муассисаҳои кишвар, қатъи назар аз шакли моликият ва дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба даст овард.
2. Муносибати аҳли ҷомеа ба забони тоҷикӣ ба гунаи мусбат тағйир ёфт ва бетафовутӣ нисбат ба ин забон, ки дар даврони шуравӣ дар байни баъзе табақаҳои аҳолӣ камобеш ба мушоҳида мерасид, комилан аз байн рафт.
3. Забони таълифи асарҳои бадеӣ, забони матбуот ва дигар воситаҳои ахбор беҳтар гардид ва лавҳаву овезаҳои шаҳру деҳоти мамлакат бештар симои тоҷикона гирифт.
3. Номҳои аслии таърихию ҷуғрофӣ, ки дар умқи таърих ва забони мо реша доранд ва бар асари сиёсатҳои давр ё тағйири макон кардани қавму қабилаҳои саҳронишини кӯчӣ дигар шудаанд, дубора эҳё гардиданд, ки дар роҳи рушду таҳкими забон ва болобурди сатҳи худшиносию худогоҳии миллии мо аҳаммияти бузург доранд.
4. Забони тоҷикӣ ба сифати забони артиш ва неруҳои мусаллаҳи мамлакат пазируфта шуд ва иҷрои ҳама расмиёту машқҳои низомӣ ба ин забон ба роҳ монда шуд.
5. Забони тоҷикӣ дар мамлакат забони илм эълон гардид. Дар баробари ин, таъсис гардидани Комиссияи Олии Аттестатсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таълифу дифои рисолаҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ барои ба пояи забони илми муосир расидани забони мо роҳ боз кард.
Забони тоҷикӣ дар зарфи бештар аз сӣ соли Истиқлоли давлатӣ муҳимтарин омили ваҳдат ва сарҷамъии миллат гардид ва бори дигар матлаби бинои ҳастӣ ва бақову пойдории миллат будани забонро ба ваҷҳи аҳсан ба исбот расонд.
Ҳосили сухан, даврони Истиқлоли давлатӣ ва бунёди давлати миллӣ воқеан рӯзгори таҳкиму побарҷоии бинои ҳастии миллат - забони тоҷикӣ маҳсуб мегардад, ки дар амри пешрафту боландагӣ, бақову пойдорӣ, устуворию мондагорӣ ва ба марҳалаи нави рушд ворид шудани он нақши Пешвои миллат ва Сарвари давлати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳварӣ арзёбӣ мешавад.
Ҳасани СУЛТОН, узви вобастаи АМИТ
Тавзеҳот илова шавад
ИНЪИКОСИ ЗАБТИ ОСИЁИ МИЁНА АЗ ТАРАФИ АРАБҲО ДАР ШОҲАСАРИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ «ТОҶИКОН»
Намоз Ҳотамов-профессор
«Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи
меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи
таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, барҳақ,
китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаъ- рифати тоҷик мебошад ва
барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо
чун обу ҳаво зарур аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давом, дар асари худ «Чеҳраҳои мондагор», дар боби ба аллома Бобоҷон Ғафуров бахшида, ки «Олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ» ном дорад, олими барҷастаро «фарзанди фарзонаи миллат номида, барҳақ таъкид намудаанд: «Агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз шебу фарози миллати худ огоҳии нисбатан пурра медоштем ва аз хатоҳои содирнамудаи ниёгонамон сабақ мегирифтем, шояд тӯфони офатбори ҷанги шаҳрвандӣ, ки мо ба он дучор омадем, чунин ранги фоҷеавӣ намегирифт.
Ин суханони Президенти мӯҳтарам ҳамаи моро вазифадор менамояд, ки таърихи гузаштаи худро бо хубӣ омӯзем, аз он барои фаъолияти ҳаррӯзаи худ сабақ гирем, то ин ки дигар воқеаҳои фоҷеабар такрор наёбад. Махсусан ҷавонони имрӯзаи мо он воқеаҳое, ки аҷдодонамон аз сар гузаронидаанд, бояд ба хубӣ аз онҳо огоҳ бошанд.
Умуман Президенти мӯҳтарам дар баромадҳо ва асарҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки махсусан ҷавонон бояд аз таърихи гузаштаи ниёгон ба хубӣ огоҳ бошанд. Маҳз, бо ҳамин мақсад, дар арафаи ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳисоби фонди Президент «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров, бо тиражи зиёд нашр гардида, ба ҳар хонадони тоҷикистониён, бепул тақсим карда мешавад. Ин як тӯҳфаи бузурги Президенти мӯҳтарам ба мардуми ҷумҳурӣ, дар соли ҷашни 30-солагӣ мебошад. Аммо дар ин соли муборак, таассуфовар аст, ки аз барномаи таълимии ғайриҷомеашиносии мактабҳои олии ҷумҳурӣ, таълими фанни таърихи халқи тоҷик гирифта шуд ва ба ҷои он фанни «Таърихи муосири халқи тоҷик», яъне таърихи замони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷорӣ карданд. Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки таърихи замони истиқлолият, бе таърихи то замони истиқлолият маънӣ надорад…
Яке аз мавзӯъҳое, ки пастию баландиҳои зиёд дорад, ин аз тарафи арабҳо забт намудани ин сарзамин ва оқибатҳои он ба ҳисоб меравад. Дар бораи забткории арабҳо дар мулки ориёӣ ва бедодгарии онҳо дар ин сарзамин, асару мақолаҳои зиёде офарида шудааст. Дар аксари онҳо сабабҳои забткорӣ, рафти амалиётҳои забткорӣ, оқибатҳои забткорӣ дар тақдири аҷдодони мо тоҷикон, ба дараҷаи муфассал акси худро ёфтаанд.
Шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон», таърихи қадимтарин, қадим, асарҳои миёна ва давраи нави таърихи халқҳои моро дар бар мегирад. Аз ҷумла забткории арабҳо дар фасли чоруми ин китоб, ки «Осиёи Миёна дар давраи тараққиёт ва устуворшавии сохти феодалӣ» ном дорад, ҷой дода шудааст. Ин фасл дар навбати худ аз бобҳо иборат аст.
Боби якуми он «Халқҳои Осиёи Миёна дар ҳайати Хилофати араб» ном дошта, аз чор зербоб, иборат аст. Зеробоби аввал «Аз по афтидани давлати Сосониён» ном дорад. Дар ҳамин зербоб, устод дар бораи вазъи Арабистон дар арафа ва ташаккулёбии дини ислом андешаҳои худро баён намудаанд.
Зербоби дуввум ва сеюм «Аз тарафи арабҳо забт карда шудани Мовароуннаҳр» ном дошта, он ба ду давра тақсим карда мешавад. Устод давраи аввалро аз парокандагии сиёсии Мовароуннаҳр дар миёнаи асри VII оғоз намуда, минбаъд, ҳамлаҳои нахустини арабҳо ба ин сарзамин, забти Бухоро, Шумон, Хоразм, Самарқанд (аниқтараш мудофиаи Самарқанд), ниҳояд, зербоб бо иттифоқи Суғд, Чоч, Фарғона ва Туркон ба итмом мерасад. Ин зербоб дар нашри соли 2008 аз саҳ.301 то саҳ.314-ро ташкил мекунад.
Зербоби сеюм бошад, ки саҳифаҳои 314-322 -ро дар бар мегирад, аз шарҳи аҳволи халқ дар мулкҳое, ки забткорони араб ишғол намудаанд, муборизаи суғдиён, фарғонагиҳо ва туркон дар солҳои 720-722, муборизаи Хатлонзамин бар зидди истилогарон, ниҳояд, дар охир оқибати ба Хилофати араб ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёнаро дар бар мегирад.
Дар Зербоби чаҳорум «Роли халқҳои Осиёи Миёна дар муборизаи байни Умавиҳо ва Аббосиён» ном дорад ва саҳифаҳои 322-329-ро фаро гирифтааст. Дар ин зербоб аввал дар бораи гурӯҳҳои мухолифи хилофат маълумот дода, сипос неҳзати Абумуслим, шӯриши Сумбоди Муғ ва неҳзати Муққанаъро таҳлил карда шудааст.
Умуман боби ҳукуматдории Хилофат араб дар Осиёи Миёна дар китоби «Тоҷикон» 29 саҳифаро ташкил менамояд. Яъне, дар ин саҳифаҳо аллома Бобоҷон Ғафуров, аз вазъи Арабистони то замони паёғамбар Муҳаммад сар карда, забткориҳои арабҳо дар мулкҳои мардуми ориёӣ, махсусан Мовароуннаҳр, ниҳояд муборизаи мардуми ин сарзамин ба муқобили забткорони араб андешаҳои худро баён намудаанд.
Бояд дар хотир дошт, ки баъди он ки забткорони араб давлати Сосониёнро барҳам доданд, сарзамини онро бо номи вилояти Хуросон ба ҳайати Хилофати араб ҳамроҳ карданд. Халифҳои араб ҳокимони Хуросонро вазифадор намуда буданд, ки сарзамини Мовароуннаҳрро забт намуда, ба ҳайати Хилофати араб ҳамроҳ кунанд. Пеш аз оғози амалиётҳои забткорӣ дар ин сарзамин, забткорони араб амалиётҳои ғосибонаи худро дар сарзамини Мовароуннаҳр бо он асоснок менамуданд, ки ин гӯё васияти пайғамбари дини Ислом Муҳаммад будааст.
Бо андешаи аллома Бобоҷон Ғафуров «арабҳо аз ҳамон рӯзе , ки ба Эронзамин қадам гузаштанд, ғасб кардани вилоятҳои дар ин сӯи Омударё воқеъгардидаи Осиёи Миёна, яъне Мовароуннаҳрро мақсади асосии худ қарор доданд». Бобоҷон Ғафуров чунин андешаҳои худро бо сарчашмаҳои зерин асоснок мекунанд. Аз ҷумла «чӣ навъе дар «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ (асри Х) ва « Мӯъҷам -ул-булдон» ном асари ҷуғрофидони араб- Ёқут (асри ХIII) дида мешавад, арабҳо аз номи асосгузори дини ислом Муҳаммад ҳадисҳо оварда, пешниҳод мекарданд, ки забт намудани Мовароуннаҳр вазифаи муққадас ва бошарафи пайравони дини ислом аст.
Чуноне мебинем Бобоҷон Ғафуров андешаҳои худро бо сарчашмаҳо асоснок менамоянд ва дар асоси онҳо хулосаҳои зарурӣ ва боварибахш мебароранд.
Бобоҷон Ғафуров ба ҳамлаи нахустини забткорони араб ба Мовароуннаҳр таваққуф намуда, таъкид мекунанд, ки «Мувофиқи ривоятҳои араб, лашкари ислом пас аз муҳорибаи назди Нахованд (с.642) қӯшуни шикастхӯрдаи сосониро таъқибкунон, гӯё то фавти халифа Умар, яъне то соли 644 бо туркони Тахористон алоқа пайдо кардаанд». Чуноне Бобоҷон Ғафуров таъкид мекунанд - «дар ҳақиқати ҳол истилои Осиёи Миёна даҳ сол баъдтар шурӯъ гардид. Соли 651 охирон подшоҳи сосонӣ - Яздигург ба Марв расид. Хост дар ин ҷо паноҳгоҳе пайдо кунад, вале бо хиёнати дастнишондаи худ-волии Марв кушта шуд (бар тибқи яке аз ривоятҳо қотил осиёбонест , ки подшоҳи гуреза ба хонаи ӯ паноҳ бурданӣ шудааст). Дар ҳамон сол арабҳо Марвро ишғол намуданд».
Дар давом Бобоҷон Ғафуров тақид намудаанд, ки «пас аз се соли ин воқеа (яъне, забти Марв -Н.Ҳ) арабҳо нахустин ҳамлаҳои худро ба Мовароуннаҳр сар карданд, аз ҷумла, дар манбаъҳо ҳуҷуми соли 654 ба Маймурғ, воқеъ дар Суғд хотирнишон шудааст. Дар соли 667 онҳо аввалин дафъа ба Ҷағониён ҳамла оварда, ба ҳайтолиҳо зарбаи сахт доданд. Арабҳо ба амалиётҳои ҳарбӣ дар миқёси васеъ ошкоро тайёрӣ медиданд. Яке аз чунин тадбироти тайёрии ҳарбию сиёсӣ аз Басра ва Куфа ба Хуросон кӯчонидани 50 ҳазор хонаводаи араб буд. Барои арабҳои муҳоҷир ба тариқи гарнизон дар панҷ нуқта истиқоматгоҳҳо ба вуҷуд оварда шуданд».
Яъне аз ин навиштаҳои аллома Бобоҷон Ғафуров маълум мешавад, ки пеш аз оғози ҳуҷуми васеъ ба муқобили Мовароуннаҳр, забткорони араб омодагии васеъ дидаанд. Албатта, забткорони араб нисбат ба худ, ба садоқати мардуми Ҳуросон боварӣ надоштанд. Бинобар ҳамин ҳам, ба ин мулк пешакӣ «50- ҳазор хонаводаи араб»-ро кӯчонида овардаанд. Агар аз ҳар як хонаводаи кӯчонида овардашудаи араб, ақалан ба ҳисоби миёна, барои қӯшунҳои забткори араб, якнафарӣ сарбоз ҷамъ кунанд ҳам, ин дар амал қувваи хело бузург буд. Барои забткорони араб ин қисм, қисми боварибахш ба хисоб мерафтанд ва дар амал ҳам ҳамин тавр буд.
Маълум аст, ки забткорони араб ба муқобили сарзамини Мовароуннаҳр зиёда аз даҳ маротиба лашкар кашидаанд, ки аксари онҳо бо мақсади ғоратгарӣ ташкил карда шуда буд. Аз ҷумла, охири соли 673 ва аввали соли 674 ҳуҷуми ҳокими Хуросон Убайдулло ибни Зиёд ба сӯи Бухоро барпо гардад. Ӯ дар ин ҳучум Рометан ва атрофи онро ғорат кард. Аммо Убайдулло ибн Зиёд ба муқобилияти сахт дучор шуд ва маҷбур гардид, ки барои сулҳ розӣ шавад. Вай дар қатори боигарии зиёдро аз маликаи Бухоро гирифтан, боз «4 ҳазор камонкашони моҳирро аз аҳолии маҳаллӣ ба ғуломӣ бурд… аз онҳо гвардияи шахсӣ ташкил кард…». Ё худ, соли 676 ҳокими нави Хуросон Саид ибни Усмон бо қувваи зиёд ба муқобили Бухоро ҳаракат кард. Вале маликаи Бухоро муқобилият накарда, «ба ивази додани сесад ҳазор дирҳам ва ба гарав гузоштани як гурӯҳ ҷавонони ашрафзодаи Бухоро ба арабҳо созиш кард».
Бо андешаи Бобоҷон Ғафуров «… то замони қоимақоми Хуросон таъин гардидани Қутайба ибни Муслим (с.705 ) он ҳама ҷангҳое, ки арабҳо дар Мовароуннаҳр кардаанд, хусусияти тасодуфӣ ва ноҷур дошта, фақат барои мақсадҳои ғоратгаронаи сардорони ҷудогонаи араб хизмат мекарданд. Қӯшунҳои араб вилоятҳои дар натиҷаи тохтутозҳои шадид ишғорлнамудаи худро тороҷ карда ва ба харобазор табдил дода, ба Марв бозмегаштанд».[7] Мо чунин тороҷгарии забткорони арабро дар мисоли ҳуҷуми ҳокимони Хуросон Убайдулло ибни Зиёд ва Саид ибни Усмон ҳамчун далел аллакай овардем.
Қутайба ибни Муслим, ки тақрибан соли 705 ҳокими Хуросон гардид аз парокандагии мулкҳои Мовароуннаҳр ва ихтилофи дохилии ашрофони маҳаллии он истифода бурда, тавонист қадам ба қадам мавқеа хилофатро дар Осиёи Миёна мустаҳкам намояд. Вай «дар соли 705 бо қувваи зиёде ба тарафи Балх ҳаракат намуда, он маҳалҳоеро, ки аз арабҳо рӯ гардонида буданд, ба худ итоат кунонид»
Аввалин муҳорибаи ҷиддие, ки дар ҳудуди Мовароуннаҳр бо забткорони араб ба амал омад, ин муҳорибаи шаҳраки сарҳадӣ Пайканд ба ҳисоб меравад. Ин муҳориба соли 706 ба вуҷуд омадааст. Бо андешаи Бобоҷон Ғафуров Пайканд «ободтарини шаҳри Моворауннаҳ ба шумор мерафт». «Қӯшуни Қутайба аввалин дафъа дар ҳамин ҷо ба муқовимати сахти аҳолӣ дучор гардид». Муҳосираи он бо як ривоят 50 рӯз, бо ривояти дигар 10 моҳ давом кардааст
Бо андешаи Бобоҷон Ғафуров, дар мудофиаи шаҳраки Пайканд, на танҳо бошандагони он, балки инчунин дигар мулкҳои Суғд, ки «пайкандиҳо барои кӯмак ба онҳо муроҷиат карда буданд, ширкат доштанд. Аввалҳо дасти онҳо боло шуда, арабҳо ба вазъияти сахте афтоданд. Суғдиҳо муддати дуру дароз қӯшунҳои арабро ба муҳосира гирифта, роҳҳои алоқаи арабҳоро буриданд. Вале маҳз ноиттифоқии байни ҳокимони маҳаллӣ арабҳоро аз ин вазъият раҳо дод. Баъзе аз ҳокимон оҳиста-оҳиста дастаҳои худро ба канор кашиданд. Сафи мудофиачиёни Пайканд торафт кам шудан гирифт. Қутайба аз ин ҳолат истифода бурда, шаҳрро гирифт, ғорат кард ва пас ба Бухоро рӯ овард».
Муҳорибаи Пайканд бо ин анҷом наёфтааст. Чуноне аллома Бобоҷон Ғафуров таъкид мекунанд, «ҳанӯз Қутайба 5 фарсах (яъне тақрибан 30 км) ҳам дуртар нарафта, аҳли Пайканд шӯриш карданд ва арабҳои дар он ҷо истодаро ба қатл расониданд. Қутайба Пайкандро дубора ишғол карда, онро тамоман ба харобазор мубаддал гардонид, ҳамаи мардонро кушта, занону кӯдаконро ба ғуломӣ дод. Арабҳо дар ин ҷо ҳамон қадар сарват ба даст дароварданд, ки то ин вақт дар ҳеҷ ҷо ин андоза ғанимат насиби онҳо нагардида буд».[11]
Баъди аз даст рафтани Пайканд, ба андешаи Бобоҷон Ғафуров, ҳокимони ҷудогонаи Суғд туркҳоро ба кӯмак даъват карда, дар атрофи Рометан қувваҳои муттаҳиди зиёде ҷамъ намуданд… «Ҷанги шадиде ба амал омад. Қӯшуни араб ба муҳосира афтод. Дар ин чо Қутайба роҳи фиребро пеш гирифт. Ӯ ба тарзи махфӣ кас фиристода, подшоҳи Суғдро аз туркон ва турконро аз подшоҳи Суғд бадгумон карда, дар байни онҳо нифоқ андохт. Дар ҳамин вақт ба Қутайба қувваи иловагӣ расид.». Вале, бо сабаби он ки Қутайба аллакай талафоти зиёде дода буд, маҷбур шуд, ки ба Марв баргардад. Соли 708 Қутайба боз ба Бухоро ҳуҷуми бебарор кард.[12] Аммо ин ҳуҷуми бебарори Қутайба, ҳукумати Хилофати араб, махсусан сарвари вилояти Хуросонро сахт ба ташвиш овард.
Соли 709 Қутайба бо қувваи хело зиёд боз ба Бухоро ҳуҷум кард. Бо андешаи Бобоҷон Ғафуров «аҳолии Бухоро, мисли собиқ туркҳо, суғдиёнро ба ёрдами худ даъват намуданд. Дар натиҷа, ин дафъа, «ҷанги хунине рӯй дод». Дар ин муҳориба Қутайба, барои ҳавасманд намудани сарбозони худ, «эълон кард, ки ҳар кас, агар сари душманеро биёрад, сад дирҳам ба тариқи ҷоиза хоҳанд гирифт». Ин тадбири Қутайба ба он оварда расонид, ки «дар қароргоҳи арабҳо аз сари ҷанговарони Мовароуннаҳр манораи бузурге ба вуҷуд омад». Ҳамон лаҳза суғдиҳо бо туркон иттифоқчӣ буданд ва якҷоя амал карда, ба забткорони араб хисорати зиёд расониданд. Аммо Қутайба боз роҳи фиребро пеш гирифта, бо кӯмаки ҷосусони худ тавонист иттифоқи зиддиарабии суғдиён ва туркҳоро барҳам диҳад.
Дар ҳақиқат ташвиши ҳокими Хуросон аз нокомии Қутайба дар назди Бухоро, бесабаб набуд. Зеро, чунин нокомии арабҳо, боиси аз итоат ба арабҳо саркашӣ намудани мардуми Тахористон, аз ҷумла ҳокими Шумон гардида буд. Бинобар ин Қутайба соли 710 қувваи тоза ва зиёдеро ҷамъ намуда, ба сӯи Шумон лашкар кашид. Бобоҷон Ғафуров ба ҷасорати мардуми водии Ҳисор таваққуф намуда, таъкид мекунанд, ки «аҳолии Шумон талабҳои таҳдидомези арабҳоро рад карда, ба муқобили қувваҳои бартаридоштаи онҳо ҷасурона ва мардонавор ҷангиданд. Дар яке аз муҳорибаҳои шадид подшоҳи Шумон кушта шуд. Қутайба шаҳрро тамоман ғорат карда, ба тарафи Насаф (дар наздикии Қаршии имрӯза) ва Кеш (Шаҳрисабзи кунунӣ) равон шуд ва он ҷоҳоро ба тобеияти худ даровард».
Ҳамон лаҳза ҳокими Самарқанд, подшоҳи Суғд Тархун бо арабҳо сулҳ имзо карда буд ва мувофиқи он ӯҳдадор шудааст, ки ба фоидаи арабҳо хироҷ медиҳад. Вақте бародари Қутайба Абдураҳмон барои гирифтани хироҷ ба Самарқанд омад, ин боиси норозигии мардум ва баҳонаи оғози шӯриш гардид. Дар натиҷа Тархун бо дасти муқаррабони худ аз тахт маҳрум гардид ва худашро нобуд намуд. Бо андешаи Бобоҷон Ғафуров ҳокими Панҷакент Дивоштак, ки яке аз намояндагони гурӯҳи арабпараст буд, баъди худкушии Тархун, сарпарастии писари хурдсоли Тархунро ба зиммаи худ гирифта, ба унвони «подшоҳи Суғд, ҳукмрони Самарқанд соҳиб шуд. Дар амал ӯ соҳиби чунин унвон, дертар, соли 719 гардидааст.
Диққати Қутайбаро ҳамон лаҳза воқеаҳои Хоразм ба худ ҷалб карда буд. Дар он ҷо бародари Хоразмшоҳ Хурзод ном шахс барои ҳокимият исён бардошт. Бо баҳонаи кӯмак расонидан ба Хоразмшоҳ, Қутайба ба сӯи Хоразм лашкар кашид ва гӯё барои хомӯш кардани исён кӯмак расонид. Чӣ тавре, ки Бобоҷон Ғафуров таъкид мекунанд, «солҳои 710-712 Хоразмшоҳ бо Қутайба муоҳидаи сулҳ баста, ба ивази он ки шӯришчиёнро ба хун оғуш намуд, ба тариқи подош 10 ҳазор сар чорво дод. Ин амалан маънии ба арабҳо сари итоат фуруд овардани Хоразмшоҳро дошт».
Ҳаракати Қутайба ба сӯи Хоразм маънои онро надошт, ки ӯ аз нияти забти сарзамини Суғд даст кашида бошад. Баръакс, бо мақсади «дар ғафлат гузаштани онҳо овозае паҳн кард, ки бо ғаниматҳои аз ғорат ба даст даровардаи худ ба Марв хоҳад рафт, лекин дар амал бо лашкари Хоразмшоҳ ва бухорхудот ба Самарқанд ҳуҷум овард». Яъне, ин дафъа Қутайба ба муқобили Самарқанд се қувваи бузург: қуввае, ки худаш дошт, бо лашкари хоразмиён ва бухороиён ҳуҷум кард. Бобоҷон Ғафуров чунин ҳолатро ба инобат гирифта, таъкид мекунанд, ки «ҷиҳати хоси вазъияти онвақтаи муборизаи зидди истилогарон на фақат набудани фронти ягона ба муқобили арабҳо, балки бадтар аз он, хиёнати ҳокимони Бухоро ва Хоразм мебошад… Бар замми ин, дар дохили Суғди Самарқанд ҳам якдилӣ ва ҳамфикрӣ набуд. Пас аз марги Тархун дар Суғд гурӯҳи нерӯманди ашрофи арабпараст боқӣ монда буд. Аз эҳтимол дур нест, ки яке аз намояндагони ин гурӯҳ ҳокиими Панҷакент – Дивоштак бошад». Ба тамоми ин душвориҳо ва хиёнатҳо нигоҳ накарда, «Самарқандиҳо яккаву танҳо бо азобу машақат ватани худро мудофиа мекарданд».
Муҳосираи Самарқанд аз тарафи забткорони араб тӯлонӣ буд, ки чунин ҳолат суғдиёнро ба ҳолати ногувор мегузошт. Аз чунин ҳолат аҳли Суғд ба ҷон омада, аз подшоҳи Чоч, ҳокими турк ва подшоҳи Фарғона ба муқобили арабҳо кӯмак хостанд. Онҳо дар мактуби худ навиштаанд, ки «агар арабҳо бар Суғд ғалаба кунанд, навбати шумо хоҳад расид». Дар натиҷа, иттифоқи чоргонаи зиддиарабӣ ба амал омад. Ҳокими Суғд Ғӯрак интизори омадани қувваҳои имдодии Ҳокими Чоч, ҳоқонии турк ва ишходи Фарғона буд. Аммо онҳо ҳанӯз муттаҳид нашуда, Қутайба бо қувваи зиёд, ногаҳон ба онҳо ҳуҷум карда, торумор намуд. Забткорони араб ашрафзода будани дастаҳои иттифоқчиёни Ғӯракро дониста, сари онҳоро бурида, ба камарбанди худ овехта, ба қароргоҳашон баргаштанд.
Забткорони араб барои забти Самарқанд 300 мошини деворшиканро истифода бурданд. Мудофиаи шаҳр як моҳ давом кард. Вале онҳо охирон маҷбур шуданд, ки таслим шаванд. Ғӯрак бо арабҳо шартномаи вазнинро имзо намуд. Мувофиқи он Ғӯрак якбора ба арабҳо ду миллион дирҳам, се ҳазор ғуломи калонсол ва ганҷи бутҳои маъбадҳои қадимаро супорид. Ба ғайр аз ин ҳама, Ғӯрак ӯҳдадор шуда буд, ки ҳар сол ба манфиати арабҳо 200 ҳазор дирҳами нақдина диҳад. Дар шаҳри Самарқанд, барои мусулмонҳо масҷид созад. Ба ивази ин ҳама Қутайба Ғӯракро ҳокими Самарқанд ва заминҳои Кешу Нахшаб таъин кард. Бо ҳамин шӯриш самарқандиён бераҳмона пахш карда шуд. Вале муқобилияти самарқандиён минбаъд ҳам идома ёфт.
Баъди пахш намудани шӯриши Самарқанд ва то андозае ҷорӣ намудани ҳокимияти худ дар ин шаҳр, забткорони араб ба сӯи Фарғона ҳаракат карда, дар муддати солҳои 713-715 ин мулкро низ ба зери тасарруфи худ дароварданд. Подшоҳи Фарғона фирор намуд. «Дар ҳамин вақт-таъкид мекунанд Бобоҷон Ғафуров, - ба тахти хилофат Сулаймон нишаст, ки душмани Қутайба буд. Қутайба бар зидди ӯ исён кард, вале ин исён ба шикаст ва марги худи вай анҷом ёфт».
Бо андешаи Бобоҷон Ғафуров, бо забти Фарғона аз тарафи арабҳо ва марги худи Қутайба, асосан ба анҷом расидани забти Осиёи Миёна аз тарафи онҳо ба ҳисоб меравад. Бинобар ин «арабҳо футуҳоти Осиёи Миёнаро анҷом дода, маркази вилояти шарқии худро, ки Хуросон ва Мовароуннаҳро дар бар мегирифт, дуртар аз Бухоро ва Самарқанди «ноором» - Марв муқаррар карданд».
Ҳамин тавр, Бобоҷон Ғафуров, андешаҳои худро оиди аз тарафи арабҳо забт намудани Осиёи Миёнаро ҷамъбаст намуди, муваффақияти асосии арабҳоро пеш аз ҳама дар «парокандагии сиёсии» ин сарзамин медиданд. Ба ғайр аз ин забткорони араб «зиддиятҳои байни туркҳои бодиянишин ва аҳолии воҳаҳои зироатии Осиёи Миёнро» моҳирона истифода мебурданд. Ниҳояд, забткорони араб «аз ҷиҳати ҳарбӣ», нисбат ба ҷанговарони осиёимиёнагӣ, «бартарии калоне доштанд».[21] Ин ҳама ба забткорони араб имконият дод, ки ин сарзаминро пай дар пай забт намоянд. Умуман, дар Осиёи Миёна ягон мулке набуд, ки ба забткорони араб муқобилият накарда бошанд.
Ҷараёни баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”: номинатсияи “Физика ва астрономия”
Чӣ тавре, ки аҳли муҳассилони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (ҳамчунин литсею гимназия ва мактабҳои хусусӣ) ва волидайну омӯзгорони онҳо, донишҷӯёни зинаи бакалвариат ва магистратура, ихтироъкорону намояндагони касбу кори гуногун хабар доранд шуруъ аз 23 октябри соли ҷорӣ даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар толорҳои муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор шуда истодааст.
Ёдрас мешавем, ки Озмуни мазкур бо ташаббуси бевоситаи Сарвари кишвар, баҳри амалӣ намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (2020-2040) алакай соли сеюм аст, ки аз руйи 7 номинатсия ва 4 давр дар саросари кишвар баргузор шуда истода, айни замон дар фазои илмию таълимӣ, ҳамчун падидаи нав дар раванди рушди тафаккури техникӣ мақоми хоса пайдо намудааст.
Раванди баргузории Озмун ҳамасола мукаммалтар, фарогирии он бошад дақиқтару дастрас ба тамоми қишрҳои аҳолии кишвар гашта, баҳри тарғибу ташфиқ илмомӯзию ихтироъкорӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои табиатшиносию техникӣ равона гаштааст.
Аз ин ҷумла, соли сеюм аст, ки физикдонҳои ҷавони институт баҳри мусоидат намудан ба ташкили мукаммалу баргузории саҳеҳи даврҳои он бо ташаббус ва дар асоси ҳиссиёти ватандӯстонаи хеш ҳамчун аъзоёни котиботи техникии Озмуни мазкур, фаъолияти ҷамъиятӣ бурда истодаанд.
Аз ҷумлаи 7 номинатсияи Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ин рузҳо номинатсияи “Физика ва астрономия” дар толори муосири воситаҳои техникии таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор шуда истодааст, ки дар он 80 нафар муҳассилону донишҷӯён рузи сеюми Озмунро бо ҳалли масъалаҳо ва озмоишҳои шифоҳӣ сипарӣ намуданд. Боиси зикр аст, ки ҳама аз иштирокчиёни даври ниҳоии озмун тибқи банди 47-уми Низомномаи Озмун (хонандагони синфи 11) дар соли ҷорӣ ба ихтисосҳои фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе озмун ба тариқи ройгон қабул карда мешаванд. Илова ба ин тибқи банди 46-ум бошад ғолибони даври чорум (ҷойҳои 1, 2, 3) ва барандаи Шоҳҷоиза баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ бе озмун ба тариқи ройгон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар қабул карда мешаванд.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба ҳама иштирокчиёни Озмун, аз ҷумла физикдонҳои ҷавону бофарҳанги номинатсияи “Физика ва астрономия” барору комёбиҳо таманно менамоем. Шумо алакай бо иштироки худ дар даври ниҳоии Озмун ба теъдоди донишҷӯёни дақиқу табиатшиносӣ ва техникӣ ворид шуда метавонед, ки ин ҳам ғолибияти назаррас аст. Ҳамзамон зикр намудан бамаврид аст, ки ҳар яке аз дастовардҳои физикдонҳои ҷавон бевосита дар асоси заҳматҳои омӯзгорону устодон ва тарбияи маърифатпарваронаи волидайни онҳо ба вуҷуд меоянд. Боиси ифтихор аст, ки қадрдонии омузгорону волидайни иштирокчиёни фаъол дар Низомномаи Озмун, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 02 феврали соли 2023 тасдиқ шудааст, бевосита инъикос ёфтаанд. Аз ҷумла, тибқи банди 43 Низомномаи Озмун волидайне, ки фарзандони онҳо миёни гурӯҳи донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва мактабҳои хусусӣ), дар даври чорум ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст меоранд, соҳиби нишони «Маърифатпарвар» ва «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳо мегарданд. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва мактабҳои хусусӣ) бошанд, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун барандаи Шоҳҷоиза ва сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мегарданд, бо мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Баъзе лаҳзаҳо аз ҷараёни баргузории рӯзи сеюми Озмун дар номинатсияи “Физика ва астрономия” – 25.10.2023с.:
БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР БОРАИ АҲАМИЯТИ ИНҚИЛОБИ ФЕВРАЛИИ РУСИЯ БАРОИ ХАЛҚИ ТОҶИК
Намоз Ҳотамов – профессор
Ғалабаи инқилоби буржуазию демократии февралӣ (соли 1917)дар Петроград. Иштироки ҳукумати подшоҳии Русия дар ҷанги якуми ҷаҳон вазъияти иқтисодию сиёсии мамлакатро хело вазнин намуд. Ҷанги тӯлонӣ хоҷагии халқи мамлакатро хароб кард. Беқурбшавии пул, гаронии нархҳо, гуруснагӣ ва зиёдшавии қашшоқии мардум ҳақиқати ҳоли давр гардида буд. Ин ҳолатҳо охири соли 1916 ва аввали соли 1917 дар Русия вазъияти нави инқилобиро ба вуҷуд овард. Ин дафъа, махсусан фаъол будани халқи мазлум зиёда эҳсос мегардид. Нооромӣ на танҳо дар корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагии қишлоқ, балки дар фронтҳо ҳам ба вуҷуд омад. Пешсафи ҳаракати инқилобӣ коргарони пойтахти Русия – шаҳри Петроград (ҳозира Санкт-Петербург) ба ҳисоб мерафтанд.
Дар Русия, дар арафаи инқилоби февралӣ 10 ҳизбҳои сиёсии асосии марказӣ вуҷуд доштанд, ки қариб ҳамаашон дар гӯшаю канори империя, аз он ҷумла дар кишвари Туркистон ҳам фаъолият мекарданд. Аз онҳо 5 ҳизбҳои буржуазӣ ва помешикӣ: иттифоқи халқи рус, натсионалистҳо, октябристҳо, прогрессистҳо ва кадетҳо тарафдори нигоҳ доштани мутлақият (қисмашон тарафдори бо баъзе тағйиротҳо дар он), 5 ҳизбҳои боқимонда: трудовикҳо, сотсиалистони халқӣ, эсерҳо, меншевикҳо ва болшевикҳо тарафдори барҳам додани мутлақият буданд. Ба ҷои мутлақият болшевикҳо бунёди ҷумҳурии демократӣ, ҳизбҳои боқимонда бошанд ҷумҳурии буржуазиро мехостанд.
17 феврали соли 1917 дар калонтарин корхонаи шаҳри Петроград – заводи Путилов корпартоӣ ба амал омад. 23 феврал (8 март) онҳо аввалин шуда ба маркази шаҳр ба намоиш баромаданд. Ба онҳо коргарони заводҳои дигар низ ҳамроҳ гардиданд. Шиори намоишчиён: “Нон!”, “Нест бод ҷанг!”, “Нест бод мутлақият!” буд. 25-26 феврал дар кӯчаҳои шаҳр задухӯрдҳо бо политсия ба амал омад. Намоиш ба шӯриши яроқнок табдил ёфта ба зудӣ тамоми шаҳрро фаро гирифт. Қисме аз аскарони гарнизони шаҳр ҳам ба тарафи шӯришчиён гузаштанд. 27 феврал шаҳр пурра дар ихтиёри шӯришчиён буд.[1]
Дар байни шӯришгарон нуфузи ҳизбҳои болшевикӣ, меншевикӣ ва эсерӣ зиёд буд ва онҳо дар рафти шӯриш роли роҳбарикунандаро мебозиданд. Меншевикҳо ва эсерҳо муқобили васеъ гардидани амалиётҳои инқилобӣ буданд. Чунин ҳолро сарварони ин ҳизбҳо барои мамлакат аз ҷиҳати иқтисодӣ зараровар ва аз ҷиҳати сиёсӣ хатарнок ҳисоб мекарданд. Онҳо интизори ҳар чи зудтар аз тахт даст кашидани подшоҳ буданд. Аммо болшевикон бошанд шӯришгаронро ба муборизаҳои боз ҳам шадиди инқилобӣ даъват карда, ҳар чи зудтар сарнагун намудани мутлақият ва ба ҷои он бунёди ҳукумати муваққатии инқилобиро мехостанд.[2]
Ҳанӯз дар оғози шӯриш, бо ташаббуси коргарон ва аскарони инқилобӣ кумитаҳо бунёд гардиданд, ки дар рафти инқилоб онҳо ба Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон табдил меёфтанд. Ҳамон шаби 27 феврал ба қасри Тавричи шаҳри Петроград аввалин намояндагони интихобшудаи коргарон ва аскарон ҳозир шуданд. Ташаббусро дар ин Шӯроҳо намояндагони ҳизбҳои меншевикон ва эсерон ба дасти худ гирифтанд.
Худи ҳамон рӯзи 27 –уми феврал аъзоёни Думмаи давлатӣ бо дастгирии ҳизбҳои буржуазӣ ва помешикии Русия, бо мақсади дар пойтахт ҷорӣ намудани тартибот, Кумитаи Муваққатиро интихоб намуданд. Ин кумита ҳанӯз мақсади гирифтани ҳукуматро надошт. Вале он ба фронт, ба назди подшоҳ Николаи II, ҳайати намояндагӣ фиристода, аз ӯ хоҳиш намуд, ки ба фоидаи писараш аз тахт даст кашад. Чунин талабро сарварони тамоми фронтҳо низ дастгирӣ намуданд. Дар натиҷа, он рӯз подшоҳ манифестеро имзо намуд, ки мувофиқи он ӯ аз номи худ ва аз номи писараш ба фоидаи бародараш – Михаил аз ҳокимият даст мекашид.
Ҳамин тавр, 27 феврали соли 1917 дар Русия ҳукумати подшоҳӣ, яъне мутлақият сарнагун гардид. Вале шӯриш дар шаҳри Петроград идома мекард ва он Кумитаи Муваққатии Думмаи давлатиро ба воҳима гузошт. Сарварони кумита маҷбур шуданд, ки бо сарварони Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарони шаҳри Петроград, яъне роҳбарони ҳизбҳои меншевикон ва эсерҳо музокира намоянд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳо сарварони меншевикон ва эсерҳо, аз номи Шӯроҳо розигӣ доданд, ки аз тарафи Кумитаи Муваққатии Думмаи давлатӣ барои идоракунии мамлакат Ҳукумати Муваққатӣ ташкил карда шавад. Вале худи сарварони меншевикон ва эсерҳо барои бевосита дар чунин ҳукумат иштирок намудан розӣ нашуданд.
2 марти соли 1917 дар асоси шартномаи байни Кумитаи Муваққатии Думмаи давлатӣ ва сарварони Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарони Петроград, бо сарварии княз Г. Е. Лвов, Ҳукумати Муваққатии ташкил карда шуд, ки дар таърих бо номи Ҳукумати буржуазӣ ҳам маълум аст. Бо ҳамин дар Русия инқилоби навбатӣ, яъне инқилоби дуюми буржуазию демократӣ бо ғалаба анҷом ёфт. Он мутлақиятро, ки ҳамчун нишонаи ҷамъияти феодалӣ – асримиёнагӣ ба ҳисоб мерафт, сарнагун намуд. Аммо дар мамлакат дуҳокимиятӣ – Ҳукумати Муваққатӣ ва Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон ба амал омад. Шӯришгарон дар симои Шӯроҳо ҳокимияти асосии худро медиданд ва фақат аз рӯи дастурҳои он амал мекарданд. Сарварони Шӯроҳо бошанд, яъне меншевикон ва эсерҳо мегуфтанд, ки ин инқилоб – инқилоби буржуазию демократӣ аст, бинобар ин ҳокимият бояд ба ихтиёри буржуазия гузарад. Вале Ҳукумати Муваққатии буржуазӣ, ки чун ҳукумати расмӣ ба ҳисоб мерафт, дар назди инқилобчиён – коргарон ва аскарон ҳанӯз обрӯ ва эътиборе надошт. Аз ҳамин сабаб ҳам дар Русия то воқеаҳои июлии соли 1917 дуҳокимиятӣ мавҷудияти худро нигоҳ дошт.[3]
Барҳам додани тартиботи подшоҳӣ дар ҳудуди кишвари Туркистон. Шӯроҳо ва иттифоқҳо. Чун дар маркази империяи Русия–шаҳри Петроград, дар гӯшаю канори он, аз ҷумла дар кишвари Туркистон ҳам дуҳокимиятӣ, яъне намояндагии ҳукумати муваққатии буржуазӣ ва Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон бунёд гардиданд.
1 марти соли 1917 хабари ғалабаи инқилоби февралӣ дар Петроград то ба Тошкент омада расид. Аммо бо тавсияи генерал-губернатори кишвари Туркистон А.Н. Куропаткин амалдорони ҳукумати подшоҳӣ ин хабарро аз мардум пинҳон нигоҳ доштанд. Танҳо 3-уми март, бо омада расидани рӯзномаҳо, ки аз ғалабаи инқилоб ва сарнагун кардани мутлақият хабар медоданд, мардум аз ҳақиқат воқиф гардид. Дар шаҳрҳои гуногуни кишвари Туркистон ҷамъомаду гирдиҳамоиҳо барпо гардиданд, ки дар онҳо Шӯроҳои намояндагии соҳаҳои гуногун интихоб карда шудаанд.
Ҳанӯз 2 март дар Тошкент, бо ташаббуси коргарони устохонаи асосии роҳи оҳани Осиёимиёнагӣ, гирдиҳамоии серодаме ҷамъ омад.
Дар он ҳозирон якдилона Шӯрои намояндагии коргаронро дар ҳайати 12 нафар интихоб намуданд. 3 март Шӯрои намояндагии коргарони Тошкент аз ҳисоби ҳайати намояндагии заводҳо, корхонаҳо ва
гурӯҳҳои сотсиал - демократӣ ташкил карда шуд. Ин нахустин Шӯрои намояндагии коргарон дар Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад. Дар он, чун дар дигар шӯроҳои минбаъдаи Осиёимиёнагӣ, аксариятро меншевикон ва эсерон (тахминан аз се ду ҳиссаро) ташкил мекарданд. Танҳо аз се як ҳиссаи боқимонда болшевикон буданд. Сарвари Шӯрои намояндагии коргарони Тошкент меншевик И. И. Белков интихоб гардид.
2 ва 3 март дар қисмҳои гуногуни гарнизони ҳарбии шаҳри Тошкент ҷамъомадҳо барпо гардида, дар онҳо аскарон кумитаҳои худро интихоб намуданд. 5 март аз ҳисоби намояндагии интихобшудагон Шӯрои намояндагии аскарони Тошкент ташкил ёфт.[4]
Моҳи марти соли 1917, дар баробари Тошкент боз дар дигар шаҳрҳои калонтарини кишвари Туркистон – Самарқанд, Хуҷанд, Андиҷон, Скобелев ва ғайраҳо, инчунин дар кони нефти САНТО, кони ангишти Кизил-кия, аз маҳаллаҳои руснишини аморати Бухоро – Бухорои Нав (Когон) Шӯроҳо ба вуҷуд омаданд.
Аз ҷумла, 5 март дар Самарқанд намоиши аскарон барпо шуд, ки дар натиҷаи он Шӯрои намояндагии аскарони шаҳр бунёд гардид. 8 март ба муносибати ғалабаи инқилоби февралӣ дар қалъаи Хуҷанд гирдиҳамоӣ бо иштироки аскарон ва шаҳриён ташкил ёфт. Рӯзи дигар, яъне 9 март дар маҷлиси умумии аскарони гарнизони шаҳрӣ интихобот ба Шӯрои намояндагии аскарон шуда гузашт. Ин аввалин Шӯро дар минтақаи имрӯзаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Шӯрои номбурда аз 14 намоянда иборат буда, ба он аскари қаторӣ Борис Черняк ҳамчун сарвар интихоб гардид.[5] Баъд аз Хуҷанд, дар моҳи март интихоби Шӯрои намояндагии аскарон дар Уротеппа шуда гузашт.
14 март коргарон ва хизматчиёни истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Хуҷанд Шӯрои намояндагии коргаронро бо сарварии коргари ин корхона Румянсов ташкил дода, барои Шӯрои шаҳрӣ вакилонро интихоб намуданд.[6] 18 март бо дастгирии Шӯрои Хуҷандӣ дар кони Сулюкта низ Шӯрои намояндагии коргарон ташкил ёфт, ки ба он болшевик Д. Т. Деканов сарварӣ мекард.
Охири моҳи марти соли 1917 Шӯрои намояндагии коргарони Тошкент бо Шӯрои намояндагии аскарон муттаҳид гардид ва минбаъд чунин муттаҳидшавӣ дар тамоми кишвари Туркистон ба амал омад.
Шикастани тартиботи ҳукумати подшоҳӣ дар шароити кишвари Туркистон, на аз барҳам додани ҳукумати марказӣ, чун дар худи империяи Русия, балки аз ташкил намудани ҳукуматҳои маҳалӣ оғоз ёфт. Ҳанӯз 6 марти соли 1917 дар Тошкент, бо ташаббуси Думмаи шаҳрӣ маҷлиси ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ барпо гардид ва дар он иборат аз 19 нафар Кумитаи иҷроияи муваққатиро интихоб намуданд, ки он идоракунии шаҳрро ба ихтиёри худ гирифт. Ба он намояндагони сармоядорон, зиёиён, амалдорон ва ғайра, аз ҷумла панҷ нафар намояндагони Шӯроҳои коргарӣ дохил шуданд. Дар Самарқанд Кумитаи иҷроияи бехатарии ҷамъиятӣ ташкил карда шуд, ки дар он амалдорон, адвокатҳо, афсарон (офитсерон), бойҳои маҳаллӣ, меншевикҳо, эсерҳо ва ғайра дохил шуданд.
Тағйиротҳое, ки дар соҳаи идоракунӣ дар маркази генерал-губернаторӣ ва вилоятҳо ба амал омаданд, ба марказҳои уездҳо низ таъсири худро расониданд. 21 марти соли 1917 дар Хуҷанд, бо талаби Шӯрои шаҳрӣ сарвари уезд Арсишевский аз вазифааш озод карда, политсия ва жандармҳоро аз шаҳр бароварданд. Бо қарори Шӯро муҳофизати шаҳрро аскарони гарнизони шаҳрӣ ба ӯҳдаи худ гирифтанд. Минбаъд бо ташкил додани милитсия муҳофизати шаҳр ба ихтиёри он гузашт. Идоракунии уезд ба ихтиёри Кумитаи иҷроияи Ҳукумати Муваққатӣ гузашт, ки он бо кӯмаки Шӯрои шаҳрии Хуҷанд бунёд гардид. Кумиҷроияи Хуҷанд аз 36 нафар аъзо иборат буд, ки ба ҳайати он аъзоёни Шӯро низ дохил шуданд. Ба он дар қатори амалдорони подшоҳӣ, инчунин намояндагони сармоядорон ҳам буданд.[7]
Генерал-губернатори Туркистон Куропаткин ҳанӯз дар сари қудрат буд. Ӯ ваъзиятро ба инобат гирифта худро намояндаи Ҳукумати Муваққатӣ эълон кард. Вай аз амалдорони вилоятию уездӣ ва волостӣ талаб намуд, ки қарорҳои ҳукумати навро бе ягон мамоният амалӣ гардонанд. Вале сарварони Шӯроҳо ба садоқати худи Куропаткин нисбат ба режими нав шубҳа доштанд. 28 марти соли 1917 дар маҷлиси муттаҳидаи Шӯрои намояндагони коргарон ва аскарон, дар қатори дигар масъалаҳо фаъолияти генерал-губернатор низ муҳокима гардид. Махсусан қарори ӯ оиди мусаллаҳ намудани мардуми русзабон, ки аввали ҳамон моҳ баҳри муҳофизати мансаби худ аз хуруҷи мардуми маҳаллӣ бароварда буд, ҳамчун амалиёти иғвогарона маҳкум гардид. Он маҷлис чунин қарорро бекор намуда, фармуд, ки аслиҳаи тақсимшуда ҳарчи зудтар баргардонида шавад.
30 марти соли 1917 дар маҷлиси васеи Шӯроҳои муттаҳидаи намояндагони коргарон ва аскарони Тошкент, бо иштироки кумиҷроияҳои ҷамъиятӣ, намояндагони Иттифоқҳои деҳқонӣ ва Шӯрои намояндагии мусулмонон масъалаи аз вазифа озод намудани генерал-губернатор Куропаткинро муҳокима намуданд. Дар он қарор қабул карда шуд, ки то гирифтани тавсияи Ҳукумати Муваққатӣ Куропаткин бо ёрдамчиаш – генерал Ерофеев ва сардори штаби округ – генерал Сиверс ба ҳабси хонагӣ гирифта шаванд. Ин қарор 31 март, соати 10-и пагоҳӣ амалӣ гардид. Худи он рӯз ба вазифаи сарварии қувваҳои ҳарбии округ коменданти шаҳр полковник Черкесро интихоб намуданд. 7 апрели соли 1917, мувофиқи қарори Ҳукумати Муваққатӣ иборат аз 9 нафар, Кумитаи Туркистонӣ, бо сарварии кадет Шепкин ташкил ёфт. Ин кумита бояд қарорҳои Ҳукумати Муваққатиро дар тамоми Осиёи Миёна (аз ҷумла дар аморати Бухоро ва хонигарии Хева низ) амалӣ мекард.[8]
Ташкил намудани Шӯроҳо дар кишвари Туркистон минбаъд ҳам, дар шаклҳои гуногун давом дошт. Мувофиқи қарори Ҳукумати Муваққатии Русия аз 5 майи соли 1917, танҳо охири моҳи май ва аввали июни ҳамон сол зиёда аз 100 ҳазор нафар коргарони соли 1916 аз кишвари Туркистон ба корҳои ақибгоҳи фронт маҷбуран фиристодашуда, ба манзилашон баргаштанд. Бо ташаббуси онҳо дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар, ҳамчун ташкилоти интихобии онҳо-Шӯрои намояндагии мардикорон ташкил ёфт. Аз ҷумла, 25 май дар майдони бозори Чоршанбеи шаҳри Хуҷанд ҷамъомади мардикорони шаҳр ва атрофи он барпо гардид. Дар он Шӯрои намояндагии мардикорони шаҳр интихоб шуд. Ба ҳайати садорати он Ҷӯра Зокиров, Абдуқодир Раҳимбоев, Ҳайдар Усмонов, Раҳимбердӣ Эгамбердиев, Ҷӯра Шокаримов ва дигар болшевикон дохил гардиданд. Охири моҳи май дар Уротеппа низ чунин Шӯро ташкил ёфт, ки ба ҳайати он 14 нафар намоянда интихоб шудаанд.
Дар шаҳрҳои ҷудогонаи кишвари Туркистон боз “Иттифоқҳо” –и гуногун ба вуҷуд омада, амал мекарданд. Аз ҷумла, ҳанӯз моҳи марти соли 1917 дар Самарқанд “Клуби исломия” ба вуҷуд омад. Яке аз ташкилкунандагони он М. Беҳбудӣ ба ҳисоб мерафт. Аз сабаби он ки аксарияти аъзоёни ин клуб камбағалон буданд, онро “Ҷамъомади камбағалон” низ мегуфтанд. Аъзоёни клуб дар байни камбағалони шаҳри кӯҳна на танҳо ташвиқоти маданию маорифпарварӣ мебурданд, балки онҳо баъзе талабҳои сиёсиро низ гузоштаанд. Фаъолони клуб, аз ҷумла масъалаи аз вазифа озод намудани тамоми амалдорони подшоҳӣ, тамоман барҳам додани дастгоҳи идоракунии мустамликавӣ ва ба ҷои он, ба монанди “шаҳри нав” иборат аз се нафар ташкил намудани кумитаро гузошта, ба зудӣ чунин Кумитаро барпо намуданд. Ин
Кумита ба ғайр аз се нафар, ки сарварони он буданд, боз зиёда аз 100 нафар аъзо дошт. Аммо 15 апрели ҳамон сол, ихтилофҳои дохилӣ боиси қатъ гардидани фаъолияти он кумита гардидааст. Ҳанӯз дар арафаи ин воқеа қисми фаъоли он (ба он қисм М. Беҳбудӣ низ ҳамроҳ буд) ташкилоти коргарони мусулмонро бунёд намуданд, ки баъдтар номи “Иттифоқ” –ро гирифтааст. 16 апрели соли 1917 онҳо органи чопии худ – рӯзномаи “Ҳуррият” –ро бароварданд. Дар нашри он М. Беҳбудӣ, А. Фитрат (аз 25 июли соли 1917 муҳаррири калони он) мавқеи асосиро бозидаанд. Дар саҳифаҳои рӯзнома бештар ақидаҳои маорифпарварӣ, махсусан аҳамияти мактабҳои усули нав чоп мешуд.
Моҳи марти соли 1917 дар Хуҷанд бо роҳбарии Е. А. Иванитский “Иттифоқи коргарони рус” ба вуҷуд омад ва он коргарони русу русзабони шаҳрро, ки дар истгоҳҳои роҳи оҳани Хуҷанду Драгомирово, заводҳои пахта ва равғани уезд кор мекарданд, муттаҳид кард. Худи ҳамон моҳ коргарону хизматчиёни маҳаллии Хуҷанд ба “Иттифоқи коргарони маҳаллӣ” муттаҳид шуданд. Дар ҳамон вақт “Иттифоқи коргарони тотор” низ ба вуҷуд омад. 29 июли соли 1917 дар Хуҷанд, дар асоси Иттифоқи коргарони русу тотор ва “Шӯрои ҳизби коргарони маҳаллӣ” “Иттифоқи меҳнаткашон” ташкил ёфт.
Моҳҳои май-июли соли 1917 дар Тошкент, Самарқанд, Қӯқанд, Хуҷанд, Андиҷон ва дигар шаҳрҳо “Иттифоқи меҳнаткашони мусулмон” ба вуҷуд омаданд. Онҳо дар кори муттаҳиду муташаккил кардани мехнаткашони миллатҳои маҳаллӣ ва ба ҳаёти сиёсӣ ҷалб намудани онҳо роли калон бозиданд. Баъди Инқилоби Октябр ин иттифоқҳо бо Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон муттаҳид шуданд.[9]
Шӯрои исломия ва Шӯрои уламо. Дар баробари Шӯроҳо ва Иттифоқҳои номбурда, дар шаҳрҳои гуногуни кишвари Туркистон, аз рӯи касбҳо Иттифоқҳои ба соҳаи худашон хос: Иттифоқи коргарони бинокори мусулмон, Иттифоқи оҳангарон, Иттифоқи ҳунармандон, Иттифоқи косибон, Иттифоқи коргарон, Иттифоқи савдогарони хурд ва ғайраҳо ба вуҷуд омаданд. Аз ҷумла, моҳи июни соли 1917 дар шаҳри Қӯқанд Иттифоқи мехнаткашони мусулмон ба вуҷуд омадааст. Дар шаҳри Хуҷанд низ чунин Иттифоқхо ба монанди: “Иттифоқи фойтунчӣ ва аробакашон”, “Кумитаи роҳиоҳанчиён ва деҳқонони истгоҳ”, дар конҳои САНТО, Шӯроб ва Сулукта “Иттифоқи коргарони саноати истихроҷи маъдан” ва ғайраҳо ташкил ёфтанд. Ин Иттифоқҳо аксаран бо болшевикон ва меншевикон ҳамкорӣ мекарданд ва аз ташкилшавии аввалин ташкилотҳои Иттифоқҳои касаба гувоҳӣ медоданд.
Дар шароити кишвари Туркистон Шӯрои исломия яке аз ташкилотҳои сернуфуз ба ҳисоб мерафт. Он 9 марти соли 1917 дар шаҳри Тошкент ташкил ёфт. Яке аз ташкилкунандагони он Мунавварқорӣ Абдурашидов буд, ки ӯ дар марҳилаи аввал ба фаъолияти ин ташкилот сарварӣ намудааст. Бо ҳамроҳии вай боз намояндагони зиёиён: Мустафо Чокаев (хатмкунандаи шӯъбаи ҳуқуқшиносии донишгоҳи Петроград) ва Абдулвоҳидқорӣ; намояндагони буржуазияи миллӣ: Миркомил Мӯъминбоев, Аҳмадхон (Аҳмадбек) Темирбеков ва дигарон аз ҷумлаи ташкилкунандагони Шӯрои исломия буданд. Худи ҳамон моҳ шӯъбаҳои он қариб дар тамоми шаҳрҳои кишвари Туркистон ва ҳатто маҳаллаҳои руснишини аморати Бухоро ташкил шудаанд. Ба Шӯрои исломия намояндагони зиёиёни миллӣ, аз ҷумла ҷадидон, буржуазияи нав ташкилшудаистодаи миллӣ, рӯҳониёни мусулмон, заминдорони калон (феодалон), коргарон, косибон, ҳунармандон ва деҳқонони маҳаллӣ дохил мешуданд.
Шӯрои исломия дар ҳайати Русия аз ҷиҳати миллӣ ва динӣ мухтор будани кишвари Туркистонро мехост, тарафдори нисбат ба замин нигоҳ доштани моликияти хусусӣ буд.
16-23 апрели соли 1917 дар Тошкент анҷумани аввалини Шӯрои исломия барпо гардид. Дар он намояндагони 42 шӯъбаҳои Шӯро иштирок доштанд. Анҷуман қарор кард, ки кишвари Туркистон бояд аз ҷиҳати сиёсию маданӣ, чун кишвари мухтор ва мустақил бошад. Анҷуман Ҳукумати Муваққатии Русияро эътироф намуда, сиёсати онро нисбати кишвари Туркистон маъқул шуморид. Дар анҷуман Шӯрои кишварии мусулмонони Туркистон дар ҳайати М. К. Абдурашидов, М. Чокаев, М Беҳбудӣ ва дигарон интихоб шуд. Аммо дар ҳайати сарварони Шӯрои исломия якдилӣ вуҷуд надошт. Муборизаи гурӯҳҳо барои ба даст даровардани сарварии шӯро мушоҳида мешуд. Махсусан намояндагони рӯҳониён аз фаъолияти он чандон қаноатманд набуданд. Зеро, онҳо мехостанд, ки шӯро танҳо дар асоси талабҳои Қуръони Шариф ва шариат амал кунад. Инчунин тамоми фаъолияти шӯроро дар зери назорати худ гирифтанӣ буданд, то ин ки шӯро бояд аз рӯи нақшаи онҳо амал кунад. Аммо аксарияти аъзоёни Шӯрои исломия Қуръони Шариф ва шариатро муқаддас ҳисоб кунанд ҳам, вале кори Шӯроро мувофиқи талаботи замон пеш бурданӣ буданд. Дар натиҷа намояндагони рӯҳониён аз амалӣ гардидани мақсадҳои худ ноумед шуда, моҳи июни ҳамон сол аз ҳайати Шӯрои исломия баромаданд ва ташкилоти мустакили худро бо номи Шӯрои уламо бунёд карданд.
Ба Шӯрои уламо намояндагони рӯҳониён, заминдорони калон, қисман зиёиён, умуман онҳое, ки мақоми динро дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ баланд бардоштанӣ ва асосҳои шариатро пурра ҷорӣ кардани буданд, дохил гардиданд. 17-20 сентябри соли 1917 онҳо низ дар шаҳри Тошкент ба анҷумани худ ҷамъ омаданд. Дар он қарор карда шуд, ки шӯъбаҳои шӯроро дар ҳама шаҳрҳои кишвари Туркистон бунёд намоянд.
Шӯрои исломия ва Шӯрои уламо оиди тақдири минбаъдаи кишвари Туркистон асосан ҳамфикр буданд. Яъне иттифоқан онҳо мухторияти маданию сиёсии кишварро тарафдорӣ мекарданд.
Ҷадидони кишвари Туркистон баробари ташкил ёфтани Шӯрои исломия фаъолияти худро ба он пайваст намуданд. Баъзе аз сарварони онҳо, аз он ҷумла М. Беҳбудӣ, дар анҷумани нахустини ин Шӯро иштирок намуда, ба ҳайати Шӯрои кишварии мусулмонони Туркистон интихоб гардидаанд.
Фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ. Ғалабаи инқилоби февралӣ дар аввал ба фаъолияти ҳизбҳои худи Русия такони ҷиддӣ дод. Махсусан он ҳизбҳое, ки тарафдори сарнагун кардани мутлақият буданд, ба мисли болшевикон, меншевикон, эсерон, сотсиалистони халқӣ ва трудовикҳо, аз натиҷаи инқилоб асосан қаноатманд буданд. Акнун онҳо фаъолияти худро ба шароити нав мутобиқ менамуданд. Аз ҷумла болшевикон дар шароити худи Русия аз фаъолияти пинҳонкорӣ баромада, бо сарварии асосгузори ҳизби худ В. И. Ленин, барои ба тарзи осоишта ба инқилоби сотсиалистӣ табдил додани инқилоби буржуазию демократӣ тайёрӣ медиданд. Ин мақсад дар тезисҳои апрелии (соли 1917) В. И. Ленин ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ пешниҳод гардид. Дар асоси он болшевикон бояд тамоми чораҳоро барои ҳарчӣ тезтар ба ихтиёри Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон гузаштани ҳокимият медиданд.
Маҳз ҳамин гуна вазифа болшевиконро минбаъд аз ҳамкорӣ бо меншевикон боз ҳам ҷудо кард. Зеро, чуноне дар боло қайд кардем, меншевикон якҷоя бо эсерон дар Шӯроҳои марказии Русия аксариятро ташкил карда, ба фоидаи буржуазия, аз гирифтани ҳокимият даст кашиданд. Акнун чӣ болшевикон ва чӣ меншевикон аз фаъолияти пинҳонкорӣ ба амалиёти рӯйрост гузашта, дар доираи ташкилоти ягонаи сотсиал-демократӣ буданд. Аммо дар шаҳрҳои марказии Русия ҳар кадоми онҳо бо роҳҳои гуногун кор мебурданд. Дар шароити кишвари Туркистон ҳам дар арафа ва рӯзҳои инқилоби февралӣ болшевикон ва меншевикон дар доираи
ташкилотҳои ягонаи сотсиал-демократӣ, албатта пинҳонӣ, амал мекарданд. Назар ба марказ ҷудоии байни болшевикон ва меншевикон дар ин ҷо бо зудӣ ба амал наомад. Ба ғайр аз ин чӣ болшевикон ва чӣ меншивикони кишвар чандон мақсади ҷудогона амал карданро ҳам надоштаанд. Махсусан меншевикони кишвар, ки нисбат ба болшевикон сершумор буданд, мақсади ягона нигоҳ доштани ташкилоти сотсиал-демократиро доштаанд.
21-27 июни соли 1917 дар шаҳри Тошкент анҷумани II кишварии ҳизби сотсиал-демократӣ барпо гардид. Дар он ба болшевикон аз 31 намоянда танҳо 11 нафарашон ва аз 22 ташкилот 12 тоаш тааллуқ дошту, боқимонда ба меншевикон. Дар анҷуман масъала “Дар бораи ягонагии ҳизбӣ” ба тарзи васеъ муҳокима гардид. Ин далолати он аст, ки болшевикони Туркистон ҳанӯз дастури “Ба муттаҳидчигӣ хотима гузоред!”–и марказро нагирифтаанд. Зеро, мувофиқи он болшевикон бояд аз ҳар гуна муросо бо меншевикон худдорӣ мекарданд. Дар ин анҷуман ақалан ягон нафар болшевик масъалаи ҷудоӣ аз меншевиконро бо миён нагузошт. Баръакс, мувофиқи қарори анҷуман муттаҳидии тамоми қувваҳо ва равияҳо зарур шуморида мешуд. Инчунин таъкид карда мешуд, ки ҷудоӣ, фраксиябозӣ боиси ҳалокати ҳаракати сотсиал-демократии Русия мегардад. Бо андешаи онҳо, гуногунии ақида, агарчанде аҳамиятнок бошад ҳам, он набояд сабабгори ҷудоии ташкилот гардад.
Анҷумани номбурда инчунин масъалаи муносибат бо ҳизби эсерҳоро муҳокима намуда, даъват намуд, ки бо онҳо танҳо дар ҳолати хеле зарур, яъне ҳангоми эҳсоси вазъияти хеле мутташаниҷ, аз ҷумла таҳдиди хавфи қувваҳои аксулинқилобӣ ва зиддидемократӣ якҷоя мубориза баранд. Ҳар гуна созиши пешазинтихоботӣ бо ҳизбҳои буржуазии марказӣ рад карда мешуд. Бо таклифи меншевикон анҷуман дар шароити мураккаб зарурияти иттифоқро танҳо бо ҳизбҳои буржуазию демократии мусулмони (миллӣ) маъқул шуморид.
Аввали моҳи июли соли 1917 дар Петроград Ҳукумати Муваққатӣ намоиши коргаронро тирборон кард ва бо ин давраи дуҳокомиятӣ дар Русия ба охир расид. Баъд аз ин ҷудоии байни болшевикон ва меншевикон чӣ дар марказ ва чӣ дар канор, аз он ҷумла дар кишвари Туркистон, боз ҳам чуқуртар шуд. Як қисми меншевикҳо мавқеи ростро ишғол карда, бо ҳизбҳои буржуазӣ наздик шуданд ва муқобили болшевикон буданд. Қисми дигари меншевикон, мавқеи чапро ишғол намуда (онҳоро меншевикони интернасионалист ҳам мегӯянд), бо болшевикон нисбатан наздик шуданд.
Ҳизби эсерҳо бошад дар кишвари Туркистон, баъди сотсиал-демократҳо, аз ҳизбҳои бонуфузтарини марказӣ ба ҳисоб мерафт.
Он солҳои 1907-1910 ба парокандагӣ дучор шуда, баъди инқилоби февралии соли 1917 фаъолияти худро, аз ҷумла дар кишвари Туркистон, аз сари нав оғоз намуд ва то июл-августи он сол бо меншевикон якҷоя амал кард. Дар шароити кишвари Туркистон эсерҳо дар Шӯроҳо аксариятро ташкил медоданд. Моҳи майи соли 1917 дар шаҳри Тошкент анҷумани эсерҳои кишвар шуда гузашт.
Эсерҳо ба қанотҳои чап ва рост тақсим шуда буданд. Дар бисёр шаҳрҳои кишвар: Самарқанд, Қӯқанд, Бухорои Нав, Хуҷанд ва ғайра нуфузи эсерони чап бештар назаррас буд. Онҳо сиёсати нисбат ба деҳқонон номаълуми Ҳукумати Муваққатиро ба зери танқид мегирифтанд, созишкории ин ҳукуматро бо заминдорон ва буржуазияи калон сарзаниш мекарданд. Чунин мавқеъ эсерони чапро бо сотсиал-демократҳо наздик менамуд. Эсерҳои рост бошанд, баръакс сиёсати Ҳукумати Муваққатии буржуазиро аз ҳар ҷиҳат тарафдорӣ мекарданд.
Аз ҳизбҳои сернуфузи буржуазию помешикии марказӣ-ҳизби кадетҳо ба ҳисоб мерафт, ки он дар шаҳрҳои гуногуни Осиёи Миёна аз солҳои 1905-1907 амал мекард. Ин ҳизб дар кишвари Туркистон гузаронидани ягон хел тағйироти ҷиддиро намехост. Зеро, кадетҳо тарафдори бетағйир нигоҳ доштани сарҳади ҳамонвақтаи империяи Русия буданд. Дар маҳалҳо, аз ҷумла ташкилоти қӯқандии ин ҳизб, танҳо баъзе гузаштҳои маданӣ, аз ҷумла оиди истифодаи озодонаи забонҳоро пешниҳод мекард. Ин гуна мавқеи кадетҳо дар байни зиёиён ва намояндагони буржуазияи миллӣ, ки тарафдори мухторияти кишвар буданд, ҳамовозӣ пайдо накард.
Ҳамин тарз, аз маълумотҳои болоӣ маълум гардид, ки бо ғалабаи инқилоби буржуазию демократии февралии соли 1917 чӣ дар маркази Русия ва чӣ дар гӯшаю канори он, аз он ҷумла дар кишвари Туркистон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ тағйиротҳои ҷиддӣ ба амал омадаанд. Баъди сарнагун шудани ҳукумати подшоҳӣ ташкилотҳои поёнии онро низ барҳам доданд. Қувваҳои мухолифин ба озодиҳои демократӣ сазовор гардида, ҳуқуқи рӯйрост амал карданро пайдо карданд. Бо ташаббуси коргарон, аскарон ва баъзан деҳқонон Шӯроҳои намояндагӣ, Иттифоқҳо ва ғайраҳо ташкил шуданд. Дар шароити кишвари Туркистон Шӯрои исломия ва аз байни ҳизбҳои марказӣ-ҳизбҳои меншевикӣ ва эсерӣ нуфузи зиёд пайдо карда буданд.
§ 3. Таъсири сарнагун намудани ҳукумати подшоҳии Русия ба аморати Бухоро ва болоравии ҳаракати ислоҳотхоҳонаи ҷавонбухороиён
Таъсири инқилоби февралии (соли 1917) Русия ба аморати Бухоро. Аз тахт маҳрум гардидани подшоҳ Николаи II аз ҳама бештар амири Бухоро-Олимхонро ба ташвиш андохт. Зеро, чӣ тавре дар бобҳои аввал қайд гардид, подшоҳи Русия барои ҳукумати амирии Бухоро пушту паноҳи асосӣ ба ҳисоб мерафт. Аз ҳамин сабаб ҳам амир Олимхон бо шунидани хабари барҳам хӯрдани мутлақияти Русия, бо ибораи С. Айнӣ, -“якбора сарриштаи кори худро гум карда, поро аз сар намешинохт ва метарсид, ки фирқаи аҳрор ва асокири Русия мабодо табдили асоси ҳукумати Бухороро хоҳон шаванд, амир ва атбоашро мисли Николай ва арконаш аз беху бунёд барҳам зананд”.[10] Бинобар ин ҳукумати амирӣ тамоми чораҳоро дид, ки дар сарзамини аморат ба хуруҷҳои халқӣ роҳ надиҳад. Ӯ дар ин амалиёт бо кормандони агентии сиёсии дар Бухоро доштаи Русия якҷоя амал мекард.
Мардуми аморати Бухоро танҳо 4 марти соли 1917, бо омадани матбуоти даврӣ, аз ғалабаи инқилоби февралии Русия ва аз тахт рафтани подшоҳ огоҳ гаштанд. Баъди ин ба агенти сиёсӣ, ғайр аз эълон намудани он, ки гӯё подшоҳ “бо ихтиёри худ” фуромадааст,чораи дигар намонда буд. Ӯ дар навбати худ даъват намуд, ки на танҳо дар қаламрави аморат, инчунин дар маҳаллаҳои руснишини он низ оромӣ ва тартибу интизомро риоя намоянд. Вале сарфи назар аз кӯшишҳои ҳукумати амирӣ ва кормандони агентии сиёсӣ дар сарзамини аморат, аз ҷумла дар истгоҳи роҳи оҳани назди дарвозаи Қаршигии шаҳри Бухорои Кӯҳна ва дар Бухорои Нав (Когон) бахшида ба инқилоби февралии Русия ҷамъомаду митингҳо барпо гардиданд. Дар худи моҳи март дар Бухорои Нав, Чорҷӯйи Нав, Каркӣ ва Термиз, Шӯроҳои намояндагии коргарон ба вуҷуд омаданд, ки аксариятро дар сарварии онҳо эсеру меншевикон ташкил менамуданд. Дар ин маҳалҳо инчунин кумитаҳои иҷроияи Ҳукумати Муваққатӣ низ бунёд гардиданд, ки дар аввал аз болои онҳо бояд агенти сиёсӣ назорат мекард.
17 марти соли 1917 агенти сиёсӣ ба резидентсияи Русия дар Бухоро табдил дода шуд. Аслан чунин тағйирот фақат дар ном буду халос. Зеро, дар иҷроиши вазифаи онҳо тағйироте дида намешуд.
Болоравии ҳаракати ислоҳотхоҳонаи ҷавонбухороиён. Ғалабаи инқилоби буржуазию демократии февралӣ дар Русия ба фаъолияти ҷавонбухороиён низ такони ҷиддӣ дод. Онҳо, ки дар натиҷаи таъқиби ҳукуматдорони аморат ба таври пинҳонӣ амал мекарданд, аз мағлубияти пушту паноҳи амири Бухоро, подшоҳ Николаи II рӯҳбаланд гардида, дар роҳи ислоҳот нисбатан ҷиддитар амал карданд. Ҷамъияти махфиашон, ки дар дохили шаҳри Бухорои Кӯҳна фаъолият дошт, дар гӯшаҳои шаҳр низ шӯъбаҳои худро кушод. Сафи ҷавонбухороиён махсусан аз ҳисоби талабагони мадрасаҳои шаҳр рӯз аз рӯз меафзуд.
Бояд таъкид кард, ки дар натиҷаи таъсири инқилоби февралии Русия, дар талаботи ҷавонбухороиён тағйироте ба вуҷуд омада буд. Онҳо дар шароити нав талаботи ислоҳоти мактабу мадрасаҳо ва усули дарсдиҳиро дуюминдараҷа ҳисобида, дар мадди аввал ислоҳоти ҳукумати амирии Бухороро гузоштанд. Ҷавонбухороиён дар ин роҳ ба кӯмаки Ҳукумати Муваққатии Русия умед доштанд. Бо ҳамин мақсад, ҷавонбухороиён ба номи он ҳукумат телеграммаҳо фиристода, дар онҳо, аввал ҳукумати навро табрик гуфта, сониян ёрмандии онро дар ислоҳи тартиботи амирии Бухоро хостаанд. Вале на ҳамаи намондагони Ҳукумати Муваққатии Русия тарафдори ислоҳи тартиботи амирии Бухоро буданд. Аз ҷумла вазири адлияи ҳамонвақтаи он ҳукумат А.Ф.Керенский (ходими ҳизби трудовикҳо ва баъд эсерӣ, аз 8 июл то 26 октябри он сол сарвари Ҳукумати Муваққатӣ), дар мавқеи ба Русия ҳамроҳ намудани аморати Бухоро будааст.[11]
Ҳамин тавр, умеди ҷавонбухороиён аз “кӯмаки” Ҳукумати Муваққатӣ барбод нарафт. Рӯзе ба кормандони резидентсия ва худи амир хабари тарафдори ислоҳоти тартиботи амирӣ будани ҳукумати нави Русия расидааст. Мувофиқи он ризоият ташаббуси гузаронидани ислоҳот ба ӯҳдаи худи “ҷаноби олӣ”- амир Олимхон гузошта мешуд.
Дар натиҷа ҳукумати амирии Бухоро дар вазъияти ниҳоят мушкиле монда буд. Зеро, аз як тараф дар дохили мамлакат ҷавонбухороиён, ҳамчун қувваи ягонаи оппозитсионӣ аз амир ислоҳот талаб мекарданд, аз тарафи дигар Ҳукумати Муваққатии Русия ҳам ин гуна ислоҳотро хоҳиш намудааст. Кормандони резидентсия бошанд, ки ҳамон лаҳза маслиҳатчии асосии амир ва ҳукумати ӯ буданд, низ тарафдори ислоҳот буданд. Бинобар ҳамин ҳам барои амир Олимхон ва ҳукумати вай ғайр аз розигӣ барои гузаронидани ислоҳот роҳи дигаре набуд. Аз ҷумла қӯшбегӣ Насрулло низ аз хусуси зарурияти ислоҳот сухан гуфтааст.
Вале муқобилони ислоҳот аз вазъияте, ки баъди инқилоби февралии Русия дар Бухоро ба вуҷуд омада буд, хулосаи дуруст набаровардаанд. Аз ҷумла Бурҳониддин қозикалон ва Мирзо Низомиддинхоҷаи урганҷӣ, ки баъд аз қӯшбегӣ аввалин ашхоси ҳукумати амирӣ ба ҳисоб мерафтанд, ба ҳар кор ҷуз “намехоҳам” ҷавобе надоштанд. Муқобилони ислоҳот амалиёти худро пинҳон нигоҳ надошта, нисбат ба тарафдорони ислоҳот-ҷавонбухороиён, ҳар гуна бӯҳтонҳоро бофта бароварданд. Онҳо динро ҳамчун аслиҳа, ба муқобили ҷавонбухороиён ба таври васеъ истифода бурданд. Чунин аҳвол вазъияти ҳукумати амириро боз ҳам вазнинтар гардонид. Бинобар ин амир ва қӯшбегӣ маҷбур шуданд, ки дар роҳи ислоҳот ҳар гуна амалиёти худро аз душманони ислоҳот пинҳон доранд.
Эълон кардани лоиҳаи ислоҳоти амирӣ. Амир ва қӯшбегӣ вазъиятро ба назар гирифта, бо мақсади наҷот додани салтанати худ, ба ислоҳоти ночизе розӣ шуда. Дар ин роҳ бо якҷоягии кормандони резидентсияи Русия лоиҳа ва дигар дастурҳои заруриро ҳозир намуданд. Ҳангоми ҳозир намудани он лоиҳа қушбегӣ Насрулло бо яке аз сарварони ҷавонбухороиён Мирзо Муҳиддин Мансуров, резидент Миллер бо дигар сарварони ҷавонбухороиён Усмонхоҷа Пӯлодхоҷаев, Абдулвоҳид Бурҳонов (Мунзим) ва дигарон сӯҳбат карда, фикри онҳоро низ оиди ислоҳот шунидаанд.
Дере нагузашта симои Ҳукумати Муваққатии Русия ба мансабдорони аморати Бухоро пурра маълум гардид. Акнун амир ва ҳукумати ӯ дар симои ҳукумати нави Русия ба худ пушту паноҳи тозаро пайдо карда буданд. Амир 10 марти соли 1917 ба номи вазири корҳои хориҷии Ҳукумати Муваққатӣ Милюков телеграммаи табрикӣ фиристода, дар он ҳукумати нави Русияро ҳамчун “ҳукумати демократӣ, ки озодии пурра ва тараққиёти ҳамаи миллат ва халқҳоро таъмин” мекарда бошад, ҳисобидааст. Мувофиқи баъзе маълумотҳо, қӯшбегӣ Насрулло бо мақсади ба тарафи ҳукумати амирии Бухоро кашидани таваҷҷӯҳи кормандони ҳукумати нави Русия хароҷоти зиёд кардааст.
Вале, фақат як вазъияти дигар амир ва қӯшбегиро каме ором намегузошт. Ин ҳам бошад аллакай ба доираи васеъ паҳн гардидани масъалаи ислоҳоти Бухоро буд. Махсусан ҷавонбухороиён бесаброна дар интизори ислоҳот буданд. Аз ин рӯ амир нахост, ки худро дар назди аҳли ҷамъият, пеш аз ҳама матбуоти давр, чун ҳокими мустабид ба қалам дихад.
Аммо амир ва ҳукумати ӯ ба қувваҳои зиддиислоҳотии Бухоро чандон баҳои дуруст надода буданд. Онҳо, дар аввал бо мақсади осудагии амалиёташон муқобилони ислоҳотро аз ҳокимияти марказӣ дур карданд. Аз ҷумла 25 марти соли 1917 Бурҳониддинро аз вазифаи қозикалонӣ озод намуда, ба ҷояш қозии Ғиҷдувон, тарафдори ислоҳот, яке аз маърифатпарварони номии аввали асри XX-и Бухоро Шарифҷон Махдуми Садри Зиёро таъин карданд. Рӯзи дигар, муқобили дигари ислоҳот, раиси Бухоро-Абдуллохоҷаро низ аз мансаб озод намуда ба ҷояш қозии Чорҷӯй, маърифатпарвари номи-Абдусамадхоҷаро, 27 март, қозии Вабкент-Орифхоҷаро, ки низ тарафдори ислоҳот буд, муфтиаскар таъин намуданд. Муфтиаскари собиқ Изамиддинхоҷаи Мусаннифро ба Ғиҷдувон, раиси собиқ Абдуллохоҷаро ба Чорҷӯй барои адои вазифаи қозигӣ фиристонданд. Дигар ашаддитарин душмани ислоҳот Мирзо Низомиддинхоҷаи урганҷиро бо баҳонаи хизмате ба Қаршӣ гуселониданд. Пас аз чунин тағйиротҳо
ҳукумати амир худро барои эълон намудани фармони ислоҳот гӯё аз ҳар ҷиҳат озод ҳис мекард. Ҳол он ки муқобилони ислоҳот низ дер боз дар мактабу мадрасаҳо ва гузарҳои аҳолинишини шаҳр ташвиқот бурда, як ҳиссаи мардумро ба тарафи худ кашида буданд.
Лоиҳаи ислоҳот, ки аз тарафи ҳукумати амир, бо иштироки кормандони резидентсия ҳозир карда шуд, баъди дар вазорати корҳои хориҷии Ҳукумати Муваққатии Русия муҳокима гардидан, 4 апрели соли 1917 аз тарафи худи ҳукумати нави Русия тасдиқ гардид. 7 апрел ин лоиҳа дар меҳмонхонаи “Раҳимхонӣ”-и Арк, дар ҳузури даъватшудагон ва меҳмонон эълон карда шуд.
Мувофиқи лоиҳаи ислоҳот амир бояд: дарбори худро дигар мекард; барои ҳамаи амалдорон аз хазина моҳона таъин мекард (то ки мардумро худсарона тороҷ накунанд); закот, хироҷ ва дигар андозҳоро ба тартиб медаровард; ба худсарию бедодгарии амалдорон хотима мегузошт; аз ҳисоби мардуми доно ва соҳиби дониши Бухоро дар назди ҳукумат як маҷлиси машваратӣ таъин мекард, харҷу дахли хазинаи ҳукуматиро ба ҳисоб мегирифт; барои маърифатнокии мардум дар Бухоро як матбаа мекушод ва ғайраҳо.
ҶАҲОЛАТ
Муаллиф: Шамсиддин Каримов
(Андешаҳо перомуни ҷанги Исроилу Фаластин)
Ҳодисаҳое, ки ахиран дар Шарқи Миёна сурат мегиранд, дар ниҳояти кор баёнгари буҳрони амиқ ва беназир дар таърихи муносибатҳои байналмилалии замони муосир ба шумор мераванд. Аз як тараф, беқурб ва беқадр шудани арзишҳо ва усулҳои аслии низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва архитектураи тартиботи замони муосир ба назар расад, аз тарафи дигар, дағалона поймол шудани арзишҳои аслии инсонӣ ва ҳуқуқи башар равшан мушоҳида мегардад. Чаро чунин як ҳолати ғайри қобили қабул ва ношоям ба амал омад? Оё роҳҳалҳои пешгирӣ аз чунин вазъи номатлуб вуҷуд доштанд? Оқибат ва паёмадҳои чунин вазъи буҳрони саросарӣ, то кадом андоза хоҳад буд?
Албатта, терроризм дар ҳама шаклаш манфур аст ва мо онро қабул надорем. Андеша ва афкори иртиҷоиву ифротгарона, махсусан амалҳои тахрибкорона, ки дар ниҳояти кор ба марги инсонҳо ва хароботи инфрасохторҳои ҳаётан муҳими иҷтимоиву иҷтисодӣ оварда мерасонанд, бешубҳа, маҳкум карда мешаванд. Масалан, новобаста ба он, ки Афғонистон на фақат кишвари бо мо ҳамсоя, балки ҳамзабону ҳаммазҳаб ҳам аст, таърих ва фарҳанги ғании муштарак моро ҳамдил сохтааст, низоми сиёсии имрӯзаи ин кишгварро мо қабул надорем ва қабул ҳам карда наметавонем. Ин маънӣ дар изҳороти таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҳол ва яқинан баъд аз чанд рӯзи ба сари қудрат омадани Толибон садо дода буд. Чунин мавқеъгирии усулӣ, албатта, шоистаи таҳсин аст.
Аммо чаро сарони як идда кишварҳое, ки дар майдони сиёсат ва арсаи ҷаҳонӣ худро яккатоз медонанд, чунин мавқеъгирӣ надоранд? Чаро аз усули “як бому ду ҳаво” кор мебаранд? Яқинан, онҳо манфиатҳои аслии тӯдаҳои васеи мардумони кишварашон, гузашта аз он, манфиатҳои умуммибашариро сарфи назар мекунанд. Ҷангҳои хонумонсӯзи садаи XXI, аз қабили Афғонистон, Ироқ, Ливия, Сирия, Судан, Украина, Яман бар дӯши ҳамин “сиёсатмадорон” аст, ки манфиатҳои шахсиву оилавӣ ва корпоративиашонро дар ҷои аввал гузоштаанд. Барои ин гурӯҳ на қонун вуҷуд дорад, на амри Парвардигор.
Дар ин қарина ҷанги Исроилу Фаластин даҳшатноктарин арзёбӣ мешавад, чун доираи он ва шаклҳои пешбурдаш қобили қабул ва фаҳмиши ақлу андешаи инсон нест. Магар як миллатро “ҳайвон” ном бурдан ҷоиз аст? Магар ин фашизм нест, пас онро чӣ ном бурдан мумкин? ХАМАС шояд гунаҳгор бошад ва, агар ҳаст, бояд дар доираи муқаррарот ва низоми қонунгузории мавҷуда муҷозот гардад, аммо мардуми оддӣ чӣ гуноҳ дорад? Аслан ҳаракати ХАМАС чаро арзи вуҷуд кард? Чаро ба ҷурми як ташкилот аҳолии муқими ин минтақа, ки шояд ҳеҷ иртиботе ба ХАМАС надошта бошанд, нобуд карда шаванд? Минтақаи Ғаза пурнуфустарин минтақаи ҷаҳон ба шумор меравад ва дар он ҷо андак кам чор миллион аҳолӣ, ки қисмати бештарашро занону кӯдакон ва куҳансолон ташкил медиҳанд, зиндагӣ мекунанд. Магар бомборон кардани онҳо ҷаҳолат ва амали ғайриинсонӣ нест?!
Мардуми Исроил, бешубҳа, арҷманд ва муҳтараманд. Аммо чаро як зумра сарони кишварҳои абарқудрат ва роҳбарони олимартабаи иттиҳодҳои бонуфузи байналмилалӣ якдафъа рӯ ба Исроил оварданд, худро ғамшарики ин кишвар эълон карданд, дар ҳоле ки дар мавриди кишварҳои дигар, миллатҳои дигар чунин амалро раво надонистанд? Магар дарду кулфат ва фоҷиаи Афғонистону Сирия, Ироқ ё ҳамин Фаластин рангу бӯи дигар дорад?
Аз назари мо, чунин амалҳои нописанд на фақат обрӯву эътибори сиёсати байналмилалии замони муосирро мерезонад, онро шармандаву шармсор мекунад, балки ба низоъҳои нав, нифоқу бадбиниҳои нав оварда мерасонад. Бо чунин як “сиёсат” доира ва ҷуғрофиёи ҷанги Исроилу Фаластиро метавон ба таври қобили мулоҳиза густариш дод, онро метавон ба ҷанги мазҳабӣ кашид. Саволи матраҳ ин аст, ки масъулияти оқибат ва паёмадҳои чунин рафтору кирдор бар дӯши кист, киро ба ҷавобгарӣ бояд кашид?
Ин ҷаҳолат аст ва он маргбор аст. Ҷаҳолат дар сиёсат ин ба ҳукми нестӣ супоридани ҳама амалҳои нек, бовари мардум ба ояндаи шукуфон, муҳаббат, эҳтиром ва умеду орзу ба зиндагии беҳтар аст. Ҷаҳолат дар сиёсат шикасти низоми мураттаб ва муқаррароти қобили қабули ҳамагон аст. Ҷаҳолат дар низоми давлатдории солим ва сиёсати башардӯстона саратон аст. Онро решакан бояд кард.