joomla
free templates joomla

АЗ ТАЪРИХИ АТЛАС ВА АДРАСБОФӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

  Атлас як навъи матоъи абрешимӣ мебошад, ки он матоъро аз давраи хеле қадим тоҷикони мо ба бар мекарданд. Ин матоъ матоъи тоҷикӣ буда, то ҳол дар тани духтари тоҷик бо тахти шинам дӯхта мешавад. Лавозимоти атласро солҳои аввали баромаданашон, ранги онро аз давлати Ҳиндустон мегирифтанд, ки ин ранг намерафт. Ҳоло бошад ҳамаи маҳсулотро аз давлати худамон Тоҷикистон истифода карда мебарорем. Дар Тоҷикистони мо бошад ҳоло якчанд намуд атлас истеҳсол карда мешавад аз қабили; атлас, адрас, заратлас, хонатлас ва ғайраҳо. Новобаста аз ин ки қарни Х1Х давраи мушкилии санҷиш барои абрешимбофӣ мебошад, абрешим дар низоми фарҳанги маънавии мардуми тоҷик яке аз рамзҳои фарҳанг ба ҳисоб рафта, меъёри зебоиписандии муайяншуда ба ҳисоб меравад. Дар даҳсолаҳои охири қарни ХХ дар атласбофӣ намудҳои: «Пирӯзӣ», «Ҳамроҳ», «Кайҳон», «Кремл», «Олимпиада», «Чашма», «Ҷашнӣ», «50-сол», «Шодиёна», «Гули баҳор», «Ҷонона», «Одмӣ», «Мурғобӣ», «Лола», «Гули намошом», «Гули шоҳмот» ва ғайра ба миён омадаанд. Дар солҳои охир дар шаҳри Хуҷанд «Иди атлас» ва озмуни «Атласи тоҷик» баргузор мегардад, ки дар он беҳтарин навъҳои атлас бо тарҳу дўхти либосҳо ба намоиш гузошта мешаванд.[1]
   Адрасбофӣ яке аз ҳунарҳои маъмулии тоҷикон маҳсуб меёбад, ки то ба имрўз маъруфияти зиёд дорад. Адрас матои мунаққашест, ки тораш аз абрешиму пудаш аз ресмони пахтагин буда, дар дастгоҳи махсус бофта мешавад. Аз матои адрас сару либоси занона, ҷомаҳои мардонаву бачагона ва баъзе ашёи рўзгор, ба монанди кўрпаву болишт ва дастархону рўйпўши бистар медўзанд, ки дар ҳаёти маишии мардум васеъ истифода мегарданд.
Ҳунари адрасбофӣ таърихи тўлонӣ дошта, то ба имрўз қариб дар тамоми минтақаҳои кишвар маъмул аст. Дар замони муосир корхонаҳои адрасбофӣ дар ҳар як шаҳру деҳаҳои кишвар мавҷуданд ва талаботи мардум низ ба матоъи гуногуннақши адрас бештар шудааст. Солҳои пештар адрасро аз абрешими нисбатан дурушт мебофтанд, ки нахи он аз 15-20 пиллаи даҳбанда иборат буд ва ҳар банд 200 нах дошт. Андозаи бари адрас се хел мешуд: муқаррарӣ («одмиёна») – 40 см, сербар («олчинбар») – 70 см, камбар («якбара») – 26 см. Бофандагон барои рангубори риштаи адрас рангҳоро аз рўян, пўстлохи анор, испарак ва ғайра тайёр мекарданд. Дар замони муосир аксари муассисаҳои таълимӣ – истеҳсолии адрасбофӣ риштаҳои рангкардаи тайёрро харидорӣ менамоянд.
Усули бофтани адрас дар ҳама ҷо як хел буда, аз ҷиҳати ранг ва нақшу нигор тафовут дорад. Чунончи: адраси бунафш, зангор, пудсафед, хумӣ, шона, мурғобӣ, барги карам, пудавлон ва ғайра. Ороиши адрас дар дастгоҳҳои махсус сурат мегирад, ки ин амали гулпартоиро абрбандӣ меноманд.
Атласбофӣ низ мисли адрасбофӣ навъе аз ҳунарҳои суннатӣ мебошад, ки ба он бештар занон машғул мебошанд. Атласбофӣ дар байни мардуми тоҷик ҳамчун як бахши бофандагӣ таърихӣ тўлонӣ дошта, барои пешрафти абрешимбофӣ мусоидат кардааст. Атлас матои абрешимӣ ва нимабрешимӣ аст. Абрешимиашро асосан барои либоси занона, нимабрешимиашро барои абраи кўрпаю кўрпача ва ғайра ба кор мебаранд. Атлас матои рангаю сернақшу нигорест, ки аз рўзи пайдоиш то имрўз сифат ва мавқеи хоси худро гум накарда, дар байни газворҳои дигари бофандагӣ «шоҳи матоъҳо» ба ҳисоб меравад.
Офаридан ва танзими нақшу нигори атласу адрас заҳмати зиёдеро талаб мекунад. Матои атласро дар дастгоҳҳои чорпопўшалӣ (4-педалӣ) ва ҳаштпопушалӣ (8-педалӣ) мебофанд.
Ҳоло дар корхонаҳои абрешимбофии шаҳру ноҳияҳои кишвар беш аз 30 навъи атласро истеҳсол менамоянд. Атласҳои машҳур бо номҳои «Баҳори Тоҷикистон», «Ҷавонӣ»,«Туҳфа», «Тўёна», «Муҳаббат», «Дилором», «Тирукамон», «Хосиятхон» ва ғайра номгузорӣ шудаанд. Атласи тоҷик берун аз кишвар низ обрўю шуҳрати зиёд пайдо кардааст.
Атласу адрас маҳсули меҳнати ҳунармандони халқӣ буда, чун воситаи муҳими эстетикию ороиш бо зиндагӣ ва завқи бадеии мардум робитаи ногусастанӣ дорад. Дар саросари кишвар атлас ва адрас имрўзҳо аз матоъҳои серхарид маҳсуб мешаванд. Хосатан дар даврони соҳибистиқлолӣ занону духтарони тоҷик дар ҷашну маросимҳои анъанавӣ аз матоъҳои мазкур ба таври васеъ истифода мекунанд. Дар солҳои охир дар шаҳри Хуҷанд «Иди атлас» ва озмуни «Атласи тоҷик» баргузор мегардад, ки дар он беҳтарин навъҳои атлас бо тарҳу дўхти либосҳо ба намоиш гузошта мешаванд.
Ҳамин тариқ, дар ҳошияи ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми “Тоҷикона мепӯшем” дар ҳавлии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон як чорабинии тантанави аз тарафи бонувони Раёсати АМИТ, инчунин институтҳои илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ хеле фаъолона иштирок карданд. Махсусан Институти Осиё ва Аврупо матоҳои миллӣ, ороиши занона аз сангҳои қиматбаҳо аз ҷумла нуқра, фирӯза, ақиқ, лаъли Бадахшон, ҷуробҳои Помирӣ, тоқиҳои дастдӯзӣ, камзулчаҳо, куртаҳои чакан ва тоқиҳои дастдӯзӣ ба намоиш гузошта шуда буданд.
Ин чорабиниро бо карнаю сурнай ва рақсу суруд пешвоз гирифтанд.
Ин тараннумгари худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба фарҳангу анъанаҳои неки аҷдодӣ махсусан алласу адрас ва чакан мебошад, ки ин ба симои кормандони илмии АМИТ боз ҳусни зебогӣ зам мекард.
Дар охири ҷаласа аъзои ҳакамон, аз ҷумла узви вобасти АМИТ Абдураҳмон Наврӯз, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Акмал Неъматов, доктори илмҳои фалсафа, профессор Мамадҷонова Муҳиба ба ин чорабинӣ баҳои баланд доданд.
Сарчашмаҳо
1. Ершов Н.Н. Домашныие промыслы и ремесла // Таджики Каратегина и Дарваза. – Душанбе, Вып. 1, 1966;
2. Ершов Н.Н. Каратаг и его ремесла. – Душанбе, 1984.
3. Турсунов Н. Из истории городского ремесла северного Таджикистана (Ткацкие промысли Ходжента и его пригородов в конце XIX – начале XX вв.). – Душанбе, 1974
Санавбарбону Воҳидова
доктори илмҳои таърих, профессор
Мудири шуъба

РАФТИ КОРҲОИ БОСТОНШИНОСӢ ДАР МАВЗЕИ ЧИЛТАНБОБОИ НОҲИЯИ ФАРХОР ВА ДАР МАВЗЕИ ЗОЛИ ЗАРИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА

   Дар ёдгории аҳди биринҷии Чилтанбобои ноҳияи Фархор экспедитсияи муштараки Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия аз 1 майи соли ҷорӣ идома дорад. Дар он муҳаққиқон аз Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ доктори илмҳои таърих С. Бобомуллоев (роҳбари гурӯҳ), антрополог М.Наврӯзбеков ва М. Шарипов ва аз ҷониби Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия доктори илмҳои таърих Н.М. Виноградова иштирок доранд.
Дар натиҷи ҳафриёт ба бостоншиносон муяссар гардид, ки як чанд қабрҳои замони маданияти Вахшро пайдо намоянд, ки ҷасадҳо бо хусусияти хоси маросимӣ дафн карда шудаанд.
   Корҳои бостоншиносӣ дар ин ёдгорӣ то 30 майи соли 2023 идома ёфта, аз натиҷаи дастовардҳои илмӣ дар ин ёдгорӣ хабар дода мешавад.
Аз 29 апрели соли 2023 инҷониб дар ёдгории таърихии Золи Зари ноҳияи Данғара экспедитсияи муштараки Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Миссияи бостоншиносии Маркази миллии илмҳои Фаронса рафта истодааст. Дар он муҳаққиқон аз Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ академик Яқубов Ю., номзади илмҳои таърих Филимонова Т.Г., Қараев А. ва Ашурмадов И. ва аз ҷониби Миссияи бостоншиносии Фаронса Матилд Желен, Валер Бомбо, Реми Ламбер, Албан Сантеноа, Герман Жозеф Зейен ва Марк Песел иштирок доранд.
Корҳои бостоншиносӣ дар ёдгории Золи Зари ноҳияи Данғара аз соли 2021 идома дорад. Аз натиҷаи ҳафриётҳо маълум шуд, ки ёдгории Золи Зар ба давраи Юнону Бохтар тааллуқ дорад. Дигар ёдгориҳои таърихии мансуб ба ин давра дар мавзеъҳои Пушинг, Ғиҷовак, Паркамчӣ, Ёхсу, Маликова, Мазори Мавлоно Тоҷиддин ва Мавлоно Обиддин ёфт шуда, анҷом додани корҳои бостоншиносӣ дар онҳо ба нақша гирифта шудааст.
Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар ёдгории Золи Зар то 7 июни соли ҷорӣ идома хоҳанд ёфт.

ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ ВА АҲАМИЯТИ ОН ДАР ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

   Мусаллам аст, ки модели давлати дунявӣ нисбат ба дигар шаклҳои мавҷудаи сохтҳои давлатдории муосир бартариҳои зиёдеро доро аст. Бояд қайд намуд, ки танҳо ҳамин шакли давлатдорӣ ва принсипҳои он дар раванди дигаргуниҳои ҷаҳони муосир, ки ҳифзу нигоҳдошти арзишҳои миллӣ ба яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва ҳалталаби рӯз мубаддал гаштааст, имкон дорад роҳи халли дурусти масъаларо пешниҳод намояд ва ҳамзамон пайи ҳифзи арзишҳои миллӣ гоми устуворе бошад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мефармоянд: «Давлати мо давлати дунявист, аз ин рӯ на пайравони тариқати атеистӣ, на пайравони дин, на пайравони демократияи дурӯғин, на тарафдорони ҷомеаи коммунистӣ ва на муътақидони ягон шакли дигари ақоиду афкори сиёсӣ ҳуқуқ надоранд ба хотири густариши режими сиёсиву динӣ Конститутсия ва дигар қонунҳои мавҷудаи ҷамъиятиро сарфи назар намоянд». [1,19]
   Дар шароити таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ ва тамоюли ҷаҳонишавии босуръату таҳоҷуми фарҳангҳои бегона ҳифзу нигоҳдошти арзишҳои миллии аҷдодии фарҳангию мадании кишварҳо вобаста ба таҳаввул ва тағйироти замон шакли тоза касб мекунад ва аз ҳарвақта дида аҳамияти хоса касб менамояд. Дар ин замина эҳёи фарҳанги миллӣ ва арҷгузорӣ ба ёдгориҳои таърихиву бостонӣ ба ҳар фарди миллатдӯсту ватанпараст воҷиб мегардад, зеро шароити мавҷуда барои амалишавии манфиатҳои миллии кишварҳо, хусусан кишварҳои тозаистиқлол ва кишварҳои аз нигоҳи иқтисоди-сиёсӣ рушднаёфта ва аз нигоҳи фарҳанги-маданӣ таъсирпазир монеаҳо эҷод менамояд, бино бар ин бо дарназардошти ҳамин вазъият барои беҳтаргардонии шароити амалишавии манофеъи миллӣ, мебояд омӯзишу таҳқиқи самти ин таҳдиду хатарҳо ва роҳу усулҳои ҳифзи манфиатҳои миллӣ аз ғояҳо ва мафкуроту фарҳангҳои бегона коркард карда шавад ва пайи эҳёи фарҳанги миллӣ, арҷгузорӣ ба ёдгориҳои таърихиву бостонӣ, инчунин ҳифзи арзишҳои миллӣ аз ғояҳои бегона ҷиддан мавриди эҳтимом қарор гирад, то таъсироти ин зуҳуроти номатлуби аср яъне таҳоҷуми фарҳангӣ дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ ба фарҳангу маданият ва тафаккури аҳли ҷомеа ба хусус ҷавону наврасон ва қишрҳои осебпазири ҷомеа (шахсони аз воқеияти сиёсӣ ноогоҳ ва ба воқеату падидаҳои ҷаҳони муосир ба таври бояду шояд баҳо дода наметавонистагӣ ё ба таҳдиду хатарҳои ҷахони муосир беэътинои зоҳир менамуда) таъсири манфӣ нагузорад. Барои амалисозии ин ҳадаф моро мебояд тарбияи ватандӯстӣ ва илмиро дар ҳама зинаҳои таҳсилот аз боғча то сатҳи макотиби олӣ ва дигар зинаҳои таълиму тарбия дар самти гиромидошти арзишҳои миллӣ, ифтихор аз фарҳангу маданият ва таъриху адабиёти миллати худ, парваридаи ҳувияти баланди миллӣ дар ҳар шахс, ҳар фарди ҷомеа ба роҳ монем. Мувофиқи мақсад мебуд, ки барои огоҳонидани муҳассилину толибилмон аз хатарҳову таҳдидҳои воқеии ҷаҳони муосир, ки мутаасифона дар кулли соҳаҳои ҳаёт сар карда аз биогенноинжинерия то киберҷинояткорӣ мавҷуданд, омӯзгорон хизмати амалие анҷомдиҳанд то ҳар фарди ҷомеа ин хатару таҳдидҳоро дарку фаҳм намуда тавонад. Танҳо дарку фаҳми масъала ба шахс ва дар умум ба аҳли ҷомеа имкон медиҳад, ки ҳама дастаҷамъона бар муқобили он истодагӣ намоянд ва дар ин поя ваҳдати миллиро, ки бузургтарин арзиши инсонӣ ва ормони миллати тоҷик ба шумор меравад, ҳамаҷониба таҳким ва густариш бахшанд. Албатта, дар кишвари мо дар ин самт корҳои зиёде ба роҳ мода шудааст. Дар Тоҷикистон аз оғози истиқлолияти давлатии худ аз эълони ғояи Ваҳдати миллӣ, бузургдошти намояндагони илму адаби хеш, ҷаҳонишавии ҷашнҳои бузурги миллии тоҷик аз қабили ҷашни Наврӯз ва Меҳргон, Шашмақом ва Чакан, бузургдошти рӯзи забони давлатӣ, эълони озмунҳои гуногуни фарҳангӣ монанди “Тоҷикистон ватани азизи ман” “Фуруғи субҳи донои китоб аст” ва садҳо озмунҳои соҳавӣ ва корҳои фарҳангӣ-равшаннамоӣ пайваста ба рпоҳ монда шудааст, ки ин боиси ифтихор ва дастгирист. Ҳамзамон тарафи дигари масъаларо набояд фаромӯш сохт, ки дар шароити зудтағйирёбандаи авзои сиёсии ҷаҳони муосир ҳаёти ҷамъияӣ низ бетағйир намемонад. Ин тағйиротҳо хеле босуръат рух медиҳанд ва дар фазои маҷозӣ дар андак вақт ҳама фазоро фаро мегиранд, бахусус дар соҳаи фарҳанг ин амал метавонад хеле назаррас бошад. Давлатҳои абарқудрат барои тарғиби тарзи ҳаёти худ аз нигоҳи “идеологӣ” тавассути синамо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба чи корҳое даст намезананд. Дар ин саҳнаи қудратнамоӣ барои баланд бардоштани нуфузи (имиҷи) сиёсии худ ва камранг нишон додани нуфузи рақибони сиёсию-иқтисодии худ ҳатто аз дурӯғу буҳтон ва таҳдиди ошкоро низ худдорӣ намекунанд. Малоҳат ё латофати гуфтори сиёсиро қариб фаромӯш кардаанд. Аз ин ҷо метавон хулоса намуд, ки дар ин набардҳои шадиди геополитикӣ ва иқтисодӣ-фарҳангӣ танҳо ҳамон кишварҳое дар амон хоҳанд монд, ки таъриху фарҳанги куҳан доранд, ба он содиқ ҳастанду арҷ мегузоранд, аз нигоҳи сиёсӣ-иқтисодӣ муқтадир ё мутавозин ҳастанд ва аз ҳама асосаш – ваҳдати миллӣ доранд.
Дар идомаи сухан қайд бояд намуд, ки маҳз консепсияи давлати дунявии миллӣ бо принсипҳои қонунии он дар ҳифз, нигоҳдошт ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аз ҳар гуна хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, сиёсати “дарҳои боз”, ҳамкории судманд миёни дину мақомоти давлатӣ баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба давлати тозаистиқлоли мо имкон медиҳад, ки бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси қонунҳои эътирофгардидаи байналмиллалӣ дар алоқа ва ҳамкории судманд бар нафъи худ ва ҷомеаи башарӣ бошем. Танҳо модели давлати дунявӣ дар шароити имрӯза имкон медиҳад, ки ҳамаи манфиатҳои миллии мо ҳифз гардад ва барои рушди устувори бардавоми ҷомеаи тоҷик замина фароҳам орад, зеро принсипҳои кунунии амалишавандаи он бо ҳадафҳои стратегияи миллии мо созгор аст ва маҳз дар ҳамин замина нақши дунявияти давлат дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва нигоҳдоштану арҷгузории ба ёдгориҳои таърихиву бостонӣ басо муҳим ва шоён арзёбӣ мегардад.
Холов Ш.А.
мудири Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Адабиёт
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии шаҳри Душанбе, 14 феврали соли 1997.// “Дин ва ҷомеа”. -Душанбе, 2013. – с. 5.
Эмомалӣ Раҳмон. Уфуқҳои Истиқлол. - Душанбе, 2018.
Абдуллоев Ш. Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар пиёдасозии модели нави давлати дунявӣ. // “Набзи замон”, № - Душанбе, 2013.
Wilson B. Religion in secular society: a sociological comment. London: Watts, 1966. P. XIV. 11. Stark R., Bainbridge W. S. A Theory of Religion. Bern: Lang, 1987.
Декларация прав человека. Франция // Конституции государств Европы: В 3 т. Т.3.
Билль о правах 1789г.// Мишин А.А. Конституционное (государственное) право зарубежных стран. Приложение. М., 2004.
Понкин И.В. Современное светское государство: Дис. … д-ра юрид. Наук. - М., 2004.
Словарь иностранных слов. М. Русь. 1982
Рӯзномаи «Омӯзгори ҷавон» аз 5-уми ноябри соли 2005.
Мирзоев Г. Дж. Соотнощение религиозного и национального сознания в современных процесах стран Центральной Азии. // Известия АН РТ Серия: Философия и право.-2009. №3.-с. 115-119.
Мирзоев Г. Дж. Общечеловеческие принципы гуманизма и справедливости и концепсия «исламской уммы» в современных в религиозных толкованиях // Известия института философии, политологии и права АНРТ,-2016,- №4 (1).-с. 37-43 (в соавторстве)

Физикдонҳои ҷавони институт дар машғулиятҳои лексионии Мактаби тобистонаи байналмилалии шаҳри Хеваи Узбекистон иштирок менамоянд

 

 

 

   Дар ҷаҳони муосир бо баробари зиёд шудани талабот ба энергияи электрикӣ таваҷҷӯҳ ба истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавии барқароршавандаи энергия ба маротиб афзоиш ёфта истодааст. Нури офтоб яке аз манбаъҳои энергияи барқароршаванда мебошад, ки олимону мутахассисон ва ширкатҳои саноатии кишварҳои ҷаҳон барои босамар истифода бурдани потенсиали он таҳқиқоти интенсивӣ бурда истодаанд. Маводи гуногуне, ки дар асоси онҳо лавҳаҳои композитӣ энергияи офтобро ба энергияи гармӣ ва электрикӣ табдил медиҳанд, яке аз объектҳои марказии таҳқиқоти соҳаи маводшиносии муосир мебошад. Ҳоло технологияи лавҳаи офтобии насли нав дар асоси яке аз маводҳои маъмул – перовскитҳо коркард мешавад, ки нисбати лавҳаҳои офтобӣ дар асоси силитсий ба маротибҳо арзиши паст доранд ва нурҳои офтобии ба сатҳашон афтандаро якчанд маротиба бештар ба энергияи электрикӣ табдил медиҳанд. Яъне гузариш ба лавҳаҳои офтобӣ дар асоси перовскитҳо арзиши энергияи электрикиро ба таври назаррас паст намуда, раванди истеҳсоли лавҳаҳо низ содда ва дастрас мегардад. Ёдрас мешавем, ки маводи перовскитӣ гарчанде ҳанӯз соли 1839 аввалин маротиба ошкор карда шудааст, вале татбиқи инноватсионии он дар лавҳаҳои офтобии насли нав танҳо даҳсолаи охир кор карда баромада шудааст.
Бо баробари ин, бояд зикр намуд, ки яке аз масъалаҳои мубрами рушди соҳаи энергетикаи сабз – омода намудани кадрҳои илмии баландихтисос ва муҳандисони касбии соҳа мебошад. Ин масъала таҳти таваҷҷӯҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, вобаста ба ҳалли масъалаи ба маротибҳо зиёд намудани теъдоди кардҳои донишманду соҳибтахассус чораҳои созанда дида мешаванд. Аз он ҷумла бевосита бо ташаббус ва аз ҷониби Сарвари кишвар “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф дар соҳаи илму маориф” эълон шудани солҳои 2020-2040 яке аз иқдомҳои бунёдӣ дар миқёси байналмилалӣ вобаста ба таври куллӣ боз ҳам баланд баровардани сатҳи илму донишандӯзии миллати тоҷик шинохта шудааст.
Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои бистсолаи мазкур аз ҷониби ташкилому муассисаҳои илму маорифи кишвар чораҳои мушаххас андешида мешаванд. Аз он ҷумла дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба омода намудани кадрҳои муосири илмӣ ҳамкориҳои судманди байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло 3 нафар аз олимони ҷавони институт дар лабораторияҳои донишгоҳи Ҷопон ва Лаҳистон дар таҷрибаомӯзии 2 моҳа қарор дошта, дар самти коркарди технология ва синтези нанокристаллҳои перовскитӣ бо пажуҳишу таҷрибаҳои илмӣ машғул ҳастанд.
Дар ин рӯзҳо бошад, бо ташаббуси бевоситаи ИФТ ба номи С.У.Умарови АМИТ санаҳои 14-21 майи соли ҷорӣ, иштироки 4 нафар физикдонҳои ҷавони институт ва 3 нафар олимони ҷавони донишгоҳҳои кишвар дар Мактаби тобистонаи байналмилалии ш.Хеваи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти унвони “Дурнамои унсурҳои офтобии перовскитӣ: табдили энергияи камкарбон бо маводҳои пешрафтаи функсионалӣ” пешбинӣ мешавад. Мактаби мазкур аз ҷониби Ҷамъияти физикаи ин кишвар бо дастгирии Маркази байналмилалии физикаи назариявӣ (воқеъ дар Италия) ва фонди илмии Фолксваген (Олмон) ташкил карда мешавад. Бояд зикр намуд, ки имкониятҳои мазкур барои олимони ҷавони кишвар дар асоси дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории бевосиати Институти физикаю техника бо донишгоҳу ташкилоти илмии кишварҳои Ҷопон, Полша ва Узбекистон баҳри омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.
БОЗНАШР ДАР АСОСИ МАВОДИ АМИТ “ХОВАР” АЗ САНАИ 12.05.2023:

 

 

 

Низоми Вестфалӣ Муаллиф: Ҷаҳонгир Нарзиев

   Имсол аз имзои Шартномаи, ки сулҳи Вестфалиро муқаррар кард, 375 сол пур мешавад. Худи ҳуҷҷати асосӣ аз якчанд созишномаҳое иборат буд, ки аз моҳи май то октябри соли 1648 дар шаҳрҳои вилояти Вестфалияи Олмон баста шуда буданд. Дар воқеъ, сулҳи Вестфали хунинтарин ҷанги сӣ-солаи диниро дар Аврупо (1618–1648) ҷамъбаст карда инчунин харитаи сиёсии давлатҳои Аврупоро ба куллӣ тағйир дод.
   Дар соли 1648 Низоми Вестфалӣ ё ин ки Сулҳи Вестфалӣ яке аз рӯйдоди муҳим ва таърихӣ дар Аврупо ба шумор меравад. Солҳои 1618-1648 миёни империяи Рими Муқаддас (Салтанати Габсбургҳо) ва эътилофи “зидди Габсбургҳо” (Чехия, Дания, Шветсия, Фаронса ва дигарон) ҷанги сӣ сола сурат гирифта, дар натиҷаи он ду созишномаи асосӣ Мюнстер ва Оснабрюк, ки мутаносибан 15 май ва 24 октябри соли 1648 ба имзо расида буданд, хотима бахшид.
Низоми Вестфалӣ натиҷаи якумин конгресси умумиаврупоӣ буда, он ҳамчун яке аз намунаи ибрат бо роҳи дипломатӣ ва гуфтишунид ҳалли низоъҳо дар асрҳои минбаъда гардид. Дар ин конгресс аввалин маротиба асоси принсипҳои сохибихтиёрии давлатӣ, масъулияти коллективӣ, ҳуқуқи худмуайянкунии халқҳо ва дигар принсипҳои муҳиме ки асоси сохти Аврупои муосиро ташкил медиҳанд гузошта шуданд. Солҳои 1618-1648 ҷанги сӣ сола - номи таърихнигории як қатор муноқишаҳои низомӣ дар ҳудудҳои империяи Рими муқаддас ва умуман тамоми Аврупоро фаро гирифта буд, таъсири худро расонид.
Бояд қайд кард, ки омилҳои оғози ҷанг бо як силсила задухӯрдҳои динӣ-мазҳабӣ, яъне байни протестантҳо ва католикҳо дар Империяи Рими муқаддас буд. Аммо задухӯрдҳои динӣ баъдан боиси муборизаи қувваҳо халқиятҳои ҳудуди империя дар Аврупо бар зидди мавқеъи бартаридоштаи Салтанати Габсбургҳо (Рими муқаддас) табдил ёфт.
Ин ҷанг охирин низоъи бузурги динӣ дар Аврупо буд ва ба низоми Вестфалии муносибатҳои байналмилалӣ оварда расонид. Дар натиҷа тарафдорони бузургтарин ҷараёнњои насронӣ дар ҳудуди Империяи Рими Муқаддас (католикӣ, лютеранизм ва калвинизм) дар он ҳуқуқҳои баробариро ба даст оварданд, ки ин шикасти қувваҳои консервативии католикӣ буд. Яке аз натиҷаҳои ҷанги 30-сола хеле суст шудани таъсири омилҳои динӣ ба ҳаёти давлатҳои нав дар Аврупо буд.
Дар таърихи 23 майи соли 1618 аз шаҳри Прага оғоз ёфта, ҷанг пас аз дифоъ, ки ин ба шӯришҳо дар мулкҳои Чехия алайҳи кӯшиши дубора католикикунии кардани аҳолӣ аз тарафи шоҳи Богемия (Чех) Фердинанд II, ки ба хонаи Габсбургҳо тааллуқ дошт, оғоз ёфт. Ҷангҳои минбаъда ба чор давраи асосӣ тақсим мешаванд, ки ба номи мухолифони асосии император гузошта шудаанд: Чехӣ, Даниягӣ, Шведӣ ва Франко-Шведӣ. Ду кӯшиши хомӯш кардани низоъ- соли 1629 “Сулҳи Любек” ва 1635 “Сулҳи Прага” бемуваффақият анҷом ёфт, зеро онҳо манфиатҳои ҳамаи тарафҳои манфиатдорро ба назар нагирифтанд.[1] Ба ин, танҳо конгресси умумиавропоии сулҳи Вестфал солҳои 1641-1648 муяссар гардид.
Дар натиҷаи гуфтушидҳо принсипҳои асосии Вестфалӣ тартиб дода шуданд, ки чунин мебошад:
1. Муҳимияти манфиатҳои миллӣ;
2. Принсипи тавозуни қувваҳо;
3. Афзалият додан ба давлатдории миллӣ;
4. Соҳибихтиёрии давлат;
5. Ҳуқуқи талаб ва дахолат накардан ба корҳои дохилии як дигар;
6. Баробарқуқуқии давлатҳо;
7. Ӯҳдадории иҷроиши шартномаҳои имзошуда;
8. Амалисозии хукуки байналхалкй ва истифодаи дипломатия.
Сулҳи Вестфал 24 октябри соли 1648 мувозинати нави қудратро байни Императори Рими муқаддас ва мулкҳои императорӣ муқаррар кард ва чаҳорчӯби конститутсиониеро, ки дар империя то фурӯпошии он дар соли 1806 амал мекард, муайян кард. Ҷумҳуриҳои музофоти муттаҳидаи Нидерландия ва Иттиҳоди Швейтсария ба давлатҳои мустақил табдил ёфтанд ва аз империя хориҷ шуданд. Қудрати асосӣ дар Аврупо ба дасти Фаронса гузашт ва таназзули Испания аён гардид. Шведсия дар давоми зиёда аз ним аср ба яке аз давлатҳои бузург табдил ёфт.