Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забони давлатӣ:
Решаҳои забони мо ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасанд. Солҳои бистуми асри гузашта, яъне дар шароити барои халқи тоҷик ва забони модарии он басо ҳассосу тақдирсоз забони мо расман номи «забони тоҷикӣ» - ро соҳиб шуд ва яке аз далелҳои ҷиддии ташкил ёфтани давлати миллиамон гардид.
Бинобар ин, ба ҳамватанону дӯстдорони забони тоҷикӣ муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки барои омӯзишу таҳқиқи таърихи забонамон ҳарчи бештар талош намуда, ҷиҳати омода кардани мутахассисони таърихи забон, бахусус, донандагони забонҳои қадимаамон, ки имрӯз ангуштшумор мебошанд, инчунин, шевашиносону хатшиносон чораҷӯӣ намоянд, то ки дар асоси калимаву ибораҳои зебову шевои бостониамон нуқсу камбудиҳои забони имрӯзаамонро бартараф сохта, онро боз ҳам ғанӣ гардонем.
Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд. Бо ин забон садҳо ва ҳазорон бузургмардону нобиғагон дурри сухан суфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд. Ҳикмат ва ахлоқи инсонпарварӣ, ки ҷавҳари осори ниёгони мост, бо забони муқтадиру пурвусъат ва ширину гуворои тоҷикӣ асрҳо боз садо медиҳад ва сарвати фарҳангиву маънавии миллати мо бо ҳамин забон оламро тасхир кардааст.
Осори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар, ки ҳанӯз чандин аср пеш навишта шудаанд, имрӯз барои мардуми мо дастрасу фаҳмо ва азизу гиромӣ мебошад. Ин осори ҷовидонаро ҳар як фарзанди соҳибмаърифати миллат имрӯз ба осонӣ ва бе луғат мехонаду мефаҳмад. Масалан, ашъори устод Рӯдакӣ-зодаву парвардаи деҳаи Панҷрӯди шаҳри бостонии Панҷакент ва сардафтари адабиёти тоҷику форсро имрӯз, яъне баъди зиёда аз ҳазор сол ҳар яки мо ба осонӣ мефаҳмем ва аз маъниҳои баланди он лаззат мебарем.
Забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст ва имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст.
Тавзеҳот илова шавад
ТАШАББУСҲОИ АҲАМИЯТИ ГЛОБАЛИДОШТАИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи олам ҳамчун роҳбари ташаббускор ва нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ эътироф шудаанд. Маҳз бо шарофати сиёсати муваффақ ва пурсамар Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад.
Президенти кишвар зимни суханрониҳои худ масъалаҳои гуногуни аҳамияти глобалӣ дошта, алалхусус, пешгирӣ аз терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, баҳси кишварҳо барои обҳои байналмилалӣ, таъмини устувории ҳифзи муҳити зист, афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим, густариши бемориҳои сирояткунанда ва ғайраро баррасӣ карда, ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли ин мушкилот даъват менамоянд. Дар робита ба пешниҳоди Тоҷикистон қабул гардидани қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон кардани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо бори дигар ин амрро тасдиқ намуд.
Аҳамияти пиряхҳо ба сифати манбаъҳои асосии захираҳои об дар таъмини аҳолии сайёра бо ин неъмати табиӣ, ки сарчашмаи ҳаёт аст, хеле муҳим мебошад. Аз ин лиҳоз, обшавии босуръати пиряхҳо яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар сатҳи ҷаҳонӣ буда, оқибатҳои манфиро ба бор меорад. Бинобар ин, ташаббусҳои Сарвари давлати мо роҷеъ ба ҳифзи пиряхҳо ва рафъи норасоии об аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ саривақтӣ арзёбӣ шуда, аҳли башарро аз дигаргуниҳои ҷиддии табиат ҳушдор дод. Маҳз иқдоми навбатии Пешвои тоҷикон – сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ аз таҳдиди обшавии пиряхҳо, кишварҳои ҷаҳонро ба андешидани тадбирҳои фаврӣ ва муҳим водор намуд.
Албатта, Пешвои миллат назари худро натанҳо доир ба ҳалли мушкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ба ҳалли мушкилоти тамоми сайёра баён менамояд.
Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 декабри соли 2022 қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо басо муҳим ва боиси ифтихори ҳар як ҳамватани мост. Тавассути ин Қатънома Созмони Милали Муттаҳид ҳам Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва ҳам Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳоро эълон кард, ки он аз муҳимтарин дастоварди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ин айём аст. Ҳамчунин, соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ба нақша гирифта шуд, ки бозгӯ аз мавқеи хос ва пешсафии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ба шумор меравад.
Ҳуқуқи истифодаи об ҳамчун сарвати табиӣ, истифодаи он барои рушди ҳаёти иқтисодӣ ва коркарди нерӯи барқ, хоҷагии қишлоқ ва ҳифзи он дар сатҳи зарурӣ барои ҳаёт масъалаҳои глобалие буданд, ки маҳз тавассути Роҳбари давлати мо ба сатҳи масоили байналмилалӣ бароварда шуданд. Албатта, манфиат аз он танҳо барои миллат ва давлати мо не, балки барои кулли инсоният буд ва мемонад. Ташвишовар он аст, ки захираҳои оби ошомиданӣ ҳамарӯза кам гардида, сифати он коҳиш меёбад. Зеро ҳаёти инсонӣ он дараҷае, ки ба об вобаста аст, он миқдор ба дигар неъматҳои табиӣ ва маънавӣ тавъам нест, вале бинобар омилҳои мухталиф шинохт ва ҳифзи ин неъмат аз назарҳо дур монда буд.
Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузурге мебошанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шуда ва мешаванд:
Соли 2003 – Соли байналмилалии оби тоза, ки дар сессияи 55-ум боҚарори Ассамблеяи Генералии СММ аз 20 декабри соли 2000 таҳти №55/196 қабул гардидааст.
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки дар сессияи 58‐ум бо Қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз 23 декабри соли 2003 таҳти №58/217 қабул гардидааст.
Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об – 2013, ки дар сессияи 65-ум бо Қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз 20 декабри соли 2010 таҳти 65/154 қабул гардидааст.
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки дар сессияи 71-ум бо Қарордоди Ассамблеяи Генералии СММ аз 21 декабри соли 2016 қабул гардидааст.
Дар воқеъ, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар масъалаи об стратег ва дурандеш будани Роҳбари давлати моро дар сатҳи байналмилалӣ комилан собит сохт. Президенти кишвар масъалаҳои дохилии давлати Тоҷикистонро ҳамчун имконҳои табиии кишвар то сатҳҳои байналмилалӣ бароварда, ҷиҳати истифодаи самараноки онҳо дар олам ва Тоҷикистон пешниҳодҳои судманд намуда, диққати созмонҳои байналмилалӣ ва сармояи хориҷиро ба кишвар ҷалб сохт. Аз ин кор ҳам масъалаи самаранок истифода бурдани сарватҳои табиии кишвар ҳал гардиду ҳам проблемаи ҷиддии экологии ҷаҳон рӯ ба беҳбудӣ овард.
Тавре маълум аст, ҳар як ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои ҳимояи давлату миллати тоҷик, балки барои ҳифзи арзишҳои умумиинсонӣ нигаронида шудаанд. Ташаббусҳои оламшумули Сарвари давлат ва мақсаду мароми некашон аст, ки мардуми тоҷик дар арсаи ҷаҳон ҳамчун як миллати бузурги соҳибандеша дониста мешавад.
Қобили қайд аст, ки имрӯз дар ҷаҳон тақрибан ягон минтақае нест, ки аз мушкилоти об вобастагӣ надошта бошад ва бино ба таҳлилҳо, агар саъю талошҳои муассири муштарак анҷом дода нашавад, масоили мазкур аз ин бештар печидаву мураккаб хоҳанд шуд.
Дар баробари ин, Сарвари давлат аз минбари баланди СММ пешниҳодҳои зиёде вобаста ба эҳёи арзишҳои миллӣ кардаанд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ пайдо намуданд. Аз ҷумла, 19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумии СММ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳое, ки Иди Наврӯзро ҷашн мегиранд, қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. Баъдан, дигар арзишҳои фарҳангӣ, аз қабили таом ва либосҳои миллӣ, ёдгориҳои таърихии мо ба феҳристи ЮНЕСКО ворид гардиданд, ки ифтихори ҳар як сокини кишвар аст.
Воқеан ҳам маҳз дар заминаи ташаббусҳои байналмилалии аҳамияти глобалидоштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки имрӯз шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи Тоҷикистон макони баргузории ҳамоишҳои гуногуни байналмилалию минтақавӣ қарор гирифтааст, ки ин худ нишонаи истиқрори тадриҷии вазъ, эътироф ва эҳтироми сиёсати давлатдории роҳбарияти давлат мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пуштибонӣ аз арзишҳои дини мубини ислом низ дар арсаи ҷаҳон саҳми бузург дорад. Хизматҳои пайвастаи Пешвои миллат дар масъалаҳои арҷ гузоштан ба арзишҳои волои миллию динӣ беназиру бузурганд. Ҳимоятҳои Пешвои миллати тоҷикон аз дини мубини ислом дар арсаи байналмилалӣ ба касе пӯшида нест. Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар байни роҳбарони кишварҳо, ҳатто роҳбарони кишварҳои исломӣ, касе ба андозаи Пешвои миллати тоҷикон дар минбарҳои баланди байналмилалӣ аз покии дини мубини ислом, исбот намудани ҷудоии терроризму экстремизм аз ин дин ва муаррифӣ намудани моҳияти хайрхоҳона ва тарбиятгари дини ислом сухан нагуфтааст. Пешвои миллат дар мулоқоти худ бо намояндагони ҷомеаи кишвар иброз намуданд: “Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст. Назари қотеъонаи мо ин аст, ки ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад. Ислом дини мо, эътиқоди мо ва манбаи покизагии ҳаёти мо мебошад. Ислом бояд барои ташаккули рӯҳи инсон ва покизагии рӯзгори ӯ хизмат намояд”. Ин тамоюлоти асосии ҷаҳони муосир ва равандҳои пайваста бо онҳо зарурати дарки масъулона ва пешбурди созандаи манфиатҳои глобалиро ба миён мегузоранд.
Таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон, ки асосгузори он Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои барҳаққи миллат мебошад, имрӯзҳо вирди забони ҷомеаи байналмилалӣ гашта, ба ҷаҳониён собит намуд, ки миллати дорои фарҳангу таърихи бузург ҳамеша дар ҳолати душвор ва сарнавиштсози таърихӣ аз ин неъматҳои азалии худ истифода намуда, худро наҷот медиҳад. Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон на ҳамчун ба Сарвари давлат, балки ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмуъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигарад.
Ин аст, ки дар Тоҷикистон имрӯз ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, ин ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, истиқлолияти сиёсӣ ва фикрии миллат, низоми давлатдорӣ, суботу амнияти ҷомеа, ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад. Зеро сиришти мардумӣ, эҳсоси худӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Пешвои миллат қалби ҳар шаҳрвандро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои давлату миллат менамояд.
Зулайхо Қодирова
ходими илмии Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
ДИДОРИ НОДИРУ ПУРАРМОНИ МИРЗО АДИБ БО МУҲАММАД ИҚБОЛИ ЛОҲУРӢ
Муаллиф: Раҳмонов Мирсаид
(Ба муносибати бузургдошти Рӯзи Иқбол)
Обрӯи гул зи рангу бӯйи ӯст,
Беадаб берангу бӯ, беобрӯст.
Навҷавонеро чу бинам беадаб,
Рӯзи ман торик мегардад чу шаб.
(Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ)
Рӯзи Иқбол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1985 то ба имрӯз ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Ҳамин тариқ, ба хотири бузургдошти шоир ва файласуфи маъруфи Шарқ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ санаи 09.11.2023 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили адабӣ баргузор гардид.
Сафири навинтихобшудаи Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе Муҳаммад Саид Сарвар, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвақтзода, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонон Шералӣ, раиси ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Эрон Кароматулло Олимов, намояндагони Сафорати Покистон, муҳаққиқон аз АМИТ, донишҷӯёни покистонӣ ва ҳайати устодону донишҷӯёни факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ иштирок намуданд.
Маҳфил бо суханони ифтитоҳии ректори ДМТ оғоз гардид. Сипас сафири Покистон аз ташаббускорони маҳфил изҳори сипос намуда, зикр кард, ки Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар доираи илму адаб ва тамаддуни умумибашарӣ мавқеи хос дошта, осори ӯ бо бисёр забонҳои хориҷӣ тарҷума гардида, мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
Дар идомаи маҳфил академик Кароматулло Олимов, профессори кафедраи филологияи Ҳинду Покистони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳабибулло Раҷабов ва доктори илмҳои фалсафа, профессор Идибек Зиёев дар бораи осори шоир, ҷанбаҳои гуногуни шеър ва фалсафаи эҷодиёти Аллома Иқбол суханронӣ намуданд.
Дар мафҳил таъкид гардид, ки Муҳаммад Иқбол на танҳо забону адабиёти форсиро дар Ҳинду Покистон зинда нигоҳ дошта, онро ривоҷу равнақ додааст, балки ӯ забону адабиёти форсу тоҷикро ба мунтаҳои камол расонидааст.
Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (1877-1938) аз зумраи бузургтарин ва машҳуртарин адибони форсу тоҷик ва мутафаккири нимаи аввали қарни ХХ нимҷазираи Ҳинд мебошад, ки бо осори ғановатманду пурмазмун ва саршори ғояҳои олии инсондӯстии худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ мақоми баландеро ишғол намудааст. Ба маълумоти Фақир Сайид Ваҳидуддин, ки аз соли 1916 то охири умр бо шоир шиносоӣ дошт, таърихи таваллуди Муҳаммад Иқбол 3-юми зилқаъдаи соли 1294-и ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 9-уми ноябри соли 1877-и милодӣ буда, зодгоҳаш шаҳри Сиёлкути музофоти Панҷоби Покистони имрӯза мебошад. Ниёгони шоир аз бараҳманҳои Кашмир будаанд ва тақрибан се қарн қабл аз ин, бо сабабҳои номаълум тарки меҳан карда, ба Сиёлкути Панҷоб омада, ин ҷо иқомат ихтиёр карда, дини исломро қабул мекунанд. [1]
Мирзо Адиб дар мулоқоту мукотибаҳояш доир ба ҳама гуна мавзуъҳои адабӣ ва мубрами иҷтимоиро бо адибону дӯстонаш изҳори ақида менамуд. Дар ин зимн, мулоқоти нодири ӯ ва андешаҳояш доир ба шеъру шоирӣ дар мулоқот бо шоир ва файласуфи шарқ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ низ дар ин китоб оварда шудааст. Вай ин лаҳзаҳоро чун ёддошти таърихӣ дар ҳаёти худ дониста, бо як забони хело хубу возеҳ хотираҳояшро баён намудааст.
Замоне ки ман дар синфи шашум ё ҳафтум таҳсил мекардам, аллома Иқбол бо номи «доктор сэр Муҳаммад Иқбол” машҳур ва маъруф буд. Он замон мо барои баргузории анҷумане дар коллеҷи исломии шаҳри Лоҳур пул ҷамъоварӣ мекардем. Директори мактаб аз ман ҷиддан хоҳиш кард, ки то ман дар ин анҷуман ҳозир шавам ва таъкид карда гуфт, ки шояд туро ба минбар даъват карда таъоруф намоем.
Анҷуман оғоз шуд ва се рӯз идома пайдо кард. Банда иштирок кардам, аммо на номи маро зикр карданд ва на ба минбар даъват намуданд.
Дар яке аз рӯзҳои анҷуман ман ба тамошои намоиши фурӯши китоб, ки дар беруни маҷлисгоҳ ташкил шуда буд, ба сайру гашт баромадам ва ногаҳон чашмам ба китоби «Бонги Даро» -и аллома Иқбол мултафит шуд. Онро ба даст гирифта, варақгардонӣ карда, хостам ба хона рафта, пул дастрас карда, харидорӣ, кунам.
Аммо ёд надорам, ки арзиши китоб чанд рупия буд, вале он замонҳо як рупия арзиши баланд дошт. Ба хона баргашта, ба модарам чунин гуфтам: “Модарҷон! Ман бояд “Бонги даро” харидорӣ кунам»
Модар пурсид, ки ин чӣ ҳаст. Гуфтам: Китоб.» Бо як ғусса гуфт: “Сумкаат пур аз китоб аст-ку, боз инро мехоҳӣ”. Ба ҳар ҳол модарамро қонеъ карда гуфтам, ки дар имтиҳонот ба ман кӯмак мерасонад ва роҳбари синф барои харидан низ тавсия доданд. Ҳамсинфонам низ харидорӣ карданд, агар дастрас накунам дар имтиҳон ноком мегардам.
Ин далоил модарамро қонеъ гардонид ва ногузир бароям пул дод ва рафта китоби “Бонги даро”-ро харидорӣ кардам. Дар ёд дорам, ки рӯзи дуюм ба дарс рафта, бо чанд дӯстам, ки барояшон дар бораи китоб нақл карда будам, ба хотири дидани он шавқмандона ба хонаи мо ташриф овардем.
Он замон назмҳои кӯдаконаи аллома ба мисли “наё шаввола”, “Парранде ки фарёд”, “таронаи ҳиндӣ”, “ҳиндустонӣ”, “ҷагну” ва “шиква ва ҷавоби шиква” хело машҳур будаанд.
Ман шунида будам, ки аллома Иқбол дар шаҳри Лоҳур зиндагонӣ мекунанд ва дар дил орзу доштам рӯзе ба дидорашон мушарраф хоҳам гашт.
Идораи маҷаллаи « Шабоби урду» дар кӯчаи “Шиш маҳалл”-и Лоҳур қарор дошт ва муҳаррии он Хон Аҳмад Ҳусайнхон буд. Гоҳе назму ҳикояҳои камина дар ин рисола чоп мешуданд. Бо ин восита бо Насир Ҳусайнхон, ки писараммаи Хон Аҳмад Ҳусайнхон буд, шинос ва дӯст гаштем.
Фикри мулоқот бо аллома дар зеҳнам такроран мисли оина намоён мегашт-» ман бо аллома дидору мулоқот мекунам» .
Баъди мутолиаи китоби “Бонги даро” хаёл мекардам, ки аллома як инсони оддӣ набуда, шояд касе дигар бошад. Ба ҳар ҳол шахсияти ӯро ман болотар аз ҳама чиз мепиндорам. Медонистам, ки дар кӯчаи “Меклуд руд” зиндагонӣ мекард, вале унвони хонаашон дақиқ бароям маълум набуд. Мо бо Насир Ҳусайнхон тасмим гирифтем, ки меравем ва аз одамон пурсида, манзилашонро пайдо мекунем.
Рӯзи якшанбе буд, ки ҳама дар рухсатӣ буданд. Мо ба сафар баромадем ва фавран ба ёдам расид, ки ин самт ба сӯи кӯчаи “Меклуд руд” равона асту сафарамонро ба он самт идома додем. Ҳолот ва вазъияти Насир Ҳусайнхон ба ман маълум набуд, аммо дили ман ба ларза даромада, диқ-диқ мекард. Аз чанд нафар пурсида, хонаро ёфтем ва тапиши дил боз ҳам зиёдтар мешуд. Аммо дар фикри ворид шудан будем, ки шахсе аз ҳавлиашон берун омад ва каме таваққуф карда, пурсид: “Барои дидани ҷаноби доктор омадаед”? Ва илова карда гуфт: “Аз колеҷи боғбонпура ташриф овардед” (дертар маълум шуд, ки ин шахс Алӣ Бахш, ёрдамчии Аллома будааст, он замон донишомӯзону талабагони колеҷи боғбонпура барои машварату муколама ба назди аллома меомаданд).
“Не”, гуфта ҷавоб додам ман. Вай ба назди Аллома даромада, чанд дақиқа баъд омада, гуфт: “Марҳамат дароед, ҷаноби доктор дар дохил нишастаанд. Мо ворид шуда, дидем, ки шахсе дорои мӯйлаб, дар тан зерпироҳан, дар дасташ чандто китоб, дар болои нимкат нишаста аст. Ва ин шахс Аллома Иқбол буданд, ки ман аввалин бор дар зиндагиам ба дидорашон мушарраф гаштам. Он кас китобро як тараф гузошта, ҷавоби саломро дода, моро ишора карданд, то ба курсие ки назди нимкат буда, бишинем. Дертар ном ва синф ва маҳалли зистамонро пурсиданд. Вақте ки фаҳмид, ки Насир Ҳусайнхон писараммаи Хон Аҳмад Ҳусайнхон аст, аз аҳволи вай низ пурсуҷӯ шуд.
Мо ҳар ду дар ҳайрат будем аз аллома чиро бипурсем. Ва дар ниҳоят аз ӯ савол кардем, ки оё Ҳаким Музаффар Ҳусайн Азҳар Деҳлавӣ мактуби моро ба Шумо ирсол кард ва Шумо онро хондед» .
«Ҳеҷ мактуб ба ман нарасидааст» -ҷавоб дод аллома.
Ман воқеаро барояшон муфассал баён кардам ва табассум карда чунин гуфт: “Ҷаноби сэр Сайидхон медонистанд, як нафар хоҳиш дорад, ки номаш машҳур гардад. Ӯро ба наздашон садо карда, гуфтанд, ки бар зидди ман дар ахбороту маҷаллаҳо мақолаҳо дарҷ намо ва номаш бо ин васила машҳур гашт”. Баъзе аз одамон ташнаи шуҳратёбӣ мебошанд ва бечораи “Гӯшанишини Вазирободӣ” низ ин амалро анҷом медиҳад» -баён кард аллома.
Мо тақрибан 5 дақиқа ҳамроҳашон суҳбат доштем, ки Алӣ Бахш даромада ба гӯши аллома чизе гуфт ва аллома сар ҷунбонда, ишора карданд.
«Меравем» -гуфт дӯстам ва мо бо аллома салом карда, худо ҳофизӣ кардем. Дар беруни ҳавлӣ як мошини дарозшакл меистод, ки аз дарунаш як нафаре баромада, ба назди аллома ворид шуд.
Ин мулоқоти аввалин ва охирин нависандаи покистонӣ Мирзо Адиб (1914-1999) бо аллома Иқбол буд. Мулоқот хело кӯтоҳ, аммо пурфайзу пурармон ва чун як сармояи гаронбаҳо ба ҳисоб мерафт. Нависанда ҳамеша аз худ савол мекард, ки аллома дар шаҳри Лоҳур буду ӯ низ дар ин шаҳр зиндагӣ мекард, аммо натавонист чаро ба таври доимӣ бо аллома Иқбол мулоқот намояд... Аммо ин дидори нодиру пурармон ҳанӯз дар зеҳни нависанда чун нақш дар санг бо чунин ёддоштҳо “як кати оддӣ, дар тан зерпироҳан, дар даст китоби қадима ва шояд девони кадом шоири форсу тоҷик”, ки то ҳанӯз боқӣ мондааст, нишаста мутолиа мекард.
Дар ниҳоят бояд зикр кард, ки мардумони сарзамини Осиёи Ҷанубӣ ба Осиёи Миёна, хусусан Тоҷикистон пайванду ҳамкориҳои муштарак дошта, ҳар ду кишвар метавонанд бо чунин фарзонагони адабу сухан равобити гуногунҷанбаро тақвият бахшида, чун дипломатияи мардумӣ нақши калидӣ дониста, минтақаро озоду ободу ором нигоҳ доранд.
Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ, - Душанбе: Ирфон, 2006, - 372 с.
“Зурвония яке аз ҷараёнҳои динию фалсафии аҳди бостони тоҷику форс буда, дар густариши тамаддуни ориёӣ мақому манзалати хоссае дорад. Зурвон дар тӯли таърихи афкори маънавӣ ва мазҳабӣ дар даврони мухталиф мақому манзалати гуногун дошта, гоҳе ҳамчун мазҳаби мустақил, гоҳе дар таркиби динҳои меҳрпарастӣ ва монигарӣ арзи вуҷуд кардааст ва дар замони ҳукмронии силсилаи сосонӣ ва аҳди ислом ба ҷараёнҳои мухталифи ғоявию фалсафӣ мубаддал гардидааст. Дар Готҳо, ки бахши куҳантарини Авестост, аз ӯ ёде нашудааст. Аз мутолиаи бахшҳои дигари он чунин бармеояд, ки Зурвон дар дини маздаясно эзиде беш набуда, мақоми дуюмдараҷа дорад. Дар Зотспарам фасли аввали банди 24 ӯ офаридаи Аҳуромаздо шумурда шудааст. Вай эзиди замон аст. Дар Авесто бо ду унвон ба ӯ хитоб карда шудааст: Зрванаакарана — яъне замони бекарон ва зурвона дареғухвазота – замони каронманди худофарида. Дар яснои 24 банди 10 Зурвон бо ҳарду унвон зикр шудааст. Аз ӯ дар Авесто бо унвони хос, номи худои замони бекарон ва ба ҷои калимаю луғати замон вақт ба унвони бахше аз замон борҳо истеъмол шудааст. Масалан, дар яснои 9 банди 11, яснои 63 банди 3, яснои 8 банди 28, яшти 19 банди 26, дар Вандидод ва ғайра борҳо ба маънии замон барои таъини вақти муайян истифода шудааст. Дар яснои 72 дар баробари Зурвон ҳамроҳони доимии ӯ зикр карда шудаанд: Ром– бахшандаи чарогоҳи хуб, Андарвои забардаст, дидбони дигар офаридагонро ва он чиро, ки аз ту ай Андарвой аз Спентамайню аст (меситоем). Своши ҷовидона, Зурвони бекарона ва замонаи ҷовидонаро (меситоем). Дар Виштоспяшт банди 24 низ аз Свошаи худофарида, Зурвони бекарона, Ваюи амалкунанда дар боло ва Вотаи нерӯманди Маздоофарида ёд шуда, дар он Зардушт ба Виштосп – подшоҳи охирини каёнӣ дастур медиҳад, ки фариштагони зикршударо эҳтиром кунад ва ситойиши онҳоро баҷо биёварад. Дар забони ведоӣ Зрвана исми хунсо (дуҷинса) омада, дорои сифати беканор, абадӣ ва ҷовидонӣ мебошад. Он аз решаи зар (имрӯз дар забони тоҷикӣ калимаи зард ва муштақоти он боқӣ мондааст) буда, пир, куҳан, қадим, абадӣ, азалӣ, беоғозу беанҷом, дурахшон, азоб додан, озор расонидан ва ғайра маънӣ медиҳад. Дар Виштоспяшт (банди 27) Зурвон на танҳо бо хосияти худои замони беканор, балки ҳамчун худои сарнавишту тақдир ва маргу нестӣ низ муаррафӣ шудааст. Аз ӯ дар Авестои хурд (фасли 1 банди 8 фасли 21 банди 3), дар Вандидод (фаргарди 19 банди 12,29, фаргарди 2 банди 25, 6:1, 7:4) ва бахусус дар сарчашмаҳои паҳлавӣ зиёд ёдоварӣ шудааст. Зурвон дар Авесто худои замон буда, яке аз эзидони қадимтарини мардуми ориёӣ ба шумор меравад. Чун ҳар ашёи ҷаҳони моддӣ дар оғӯши ӯст, ба ӯ нерую тавоноии беандоза нисбат дода шудааст. Ҳамаи офариниш дар ӯ буда, қоим ба зот аст. Вай сарчашмаи ҳастӣ, модда ва ҳастии куллӣ мебошад. Вай гавҳар ва буну мояи ҳар ашёву ҳодиса аст. Ҳеҷ неруе вуҷуд надорад, ки зидди ӯ ошӯб ва ба ӯ фармонфармойӣ кунад. Хирад ва қудрату тавоноии номаҳдуд дорад. Ин ном дар сарчашмаҳои куҳан, шакл, маънӣ ва талаффузи гуногун дошта, рӯҳониёни бостонӣ онро саросари кайҳон, аҷроми самовӣ, ҳамаи осмону замин, ҳақиқати вуҷуди якто, замони азалӣ ва макони лоятаноҳӣ (бепоён) тасаввур кардаанд. Бисёре аз муҳаққиқон Зурвонро худованди қабл аз Зардушт медонанд. Масалан, Абдулазим Ризоӣ чунин мешуморад, ки оини даврони пешдодӣ аввал зурвонпарастӣ буда, сипас то зуҳури дини Зардушт худованди Меҳрро ситоиш мекарданд.[5] Воқеан аз мутолиаи яздоншиносии бахшҳои гуногуни Авесто, бахусус Яштҳо, чунин бармеояд, ки гурӯҳе аз эзидону фариштагони дини маздаясно ба замони пайдоиши динҳои ибтидоӣ марбут мебошанд ва Зардушт ҳамчун муассиси оини ҷадид, бо назардошти эътиқоду боварҳои мардуми замони худ бо тақозои шароит номи бисёре аз онҳо, ки пеш аз ӯ худовандони бузургу мустақил буданд, ба зери фармони Аҳуромаздо дароварда, вориди дини худ намояд. Меҳр, Зурвон, Аредвисура Анаҳито аз ҷумлаи онҳоанд. Роҷеъ ба зурвония ақидаҳои олимон гуногунанд. Масалан, донишманди тоҷик Х. Додихудоев чунин фикр мекунад, ки зурвония яке аз равияҳои илмӣ-фалсафӣ буда, дар натиҷаи инқирози дини зардуштия падид омадааст. Файласуфи дигари тоҷик М. Диноршоев, чунин мешуморад, ки зурвония моҳияти динӣ-мазҳабӣ дошта, дар садаҳои V-IV то м. ҳамчун яке аз шаклҳои мушаххаси ҷаҳонбинӣ ба вуҷуд омадааст. Баъзе муаррихони асри миёна низ зурвонияро фирқае аз дини зардуштӣ медонанд. Масалан, Абдулқоҳири Бағдодӣ дар «Ал-фарқ байн-ал-фирақ» чунин зикр карда: «Ва дар бораи маҷус гуфтанд, ки онон чор фирқаанд; зурвониён, масхиён (масхия), хуррамдинон ва афридиён». Аз гуфтаҳои боло чунин хулоса кардан мумкин аст, ки маҳалли зуҳур ва ташаккули худои Зурвон Осиёи Марказӣ мебошад. Вай дар ин маҳал ба вуҷуд омада, мавриди эътиқоду боварии мардуми ин сарзамин будааст ва Зардушт чорае ҷуз аз он надоштааст, ки ӯро чун эзиде вориди диёнати худ намояд. Дар ин ҷо бояд зикр кард, ки эътиқод ба замон, шинохти мардум аз замон ба унвони худои ҷаббору қаҳҳор дар миёни ақвоми ориёӣ бисёр қадим будааст. Аз ҷониби дигар мавҷудияти ду асл, ақидаи ҷавҳари дугона дар ҷаҳони ҳастӣ яке аз масъалаҳои пурмоҷаро ва ҳукмрон дар ҳикмати ориёии пеш аз Зардушт буда, худованди бузурги он Зурвон будааст. Дар марҳилаи аввал, Зардушт ҷилави мутлақияти комили бисёре аз худоёни пеш аз замони худро гирифта, ваҳдонияти Аҳуромаздоро эълон намуд ва онҳоро ба шакли эзиде ё фариштае вориди дини худ кард. Гурӯҳи дигари мардуми ориёӣ, ки дере нагузашта аз Осиёи Марказӣ вориди Эрони муосир шуданд, эътиқодоту бовариҳои куҳани ориёиро бо худ оварда, дар ватани ҷадиди худ густариш доданд. Боварӣ ба ду асл ва ду ҷавҳар бо ақидаи рӯҳониёни маҳаллии ин минтақа, бахусус муғони модӣ наздик ва ҳамоҳанг буд. Маҳз дар ин давра дини яктопарастии Зардушт аз ҷодаи ваҳдатгаройӣ бароварда шуда, ба он ақидаҳои эътиқод ба ду асл, ду ҷавҳар ворид гардид. Нейберг муътақид аст, ки муғони модӣ пеш аз пазируфтани дини Зардушт зурвонпараст будаанд. Дар рисолаи паҳлавии «Рисолаи уламои ислом», ки зоҳиран аз ҷониби пайрави оини зурвонӣ навишта шудааст, чунин омадааст: дигар бидонанд, дар офариниши ҷаҳон, ахтарон, гардиши афлок, рӯшноию торикӣ ва некию бадӣ, ки дар ҷаҳон падид аст, вале дар китоби паҳлавӣ ҷаҳонро офарида гӯянд ва пайдост, ки ҷуз аз «замон» дигар ҳама офарида аст ва офаридгори замонро ҳам гӯянд замона, замонаро карона падид нест ва бун падид нест, ҳамеша будааст ва ҳамеша бошад. Ҳар, ки хираде дорад, нагӯяд, ки замона аз куҷо омад. Дар идомаи рисола муаллифи китоб ривояти падид омадани неруи хайр – Ҳурмузд ва неруи шарр – Аҳриманро овардааст. Куҳантарин санаде, ки дар он номи Зурвон ёд шуда ва В. Виденгрен онро зикр кардааст, лавҳҳои ёфтшуда дар маҳалле бо номи Нузи воқеъ дар Байнаннаҳрайн мебошад. Дар ин лавҳҳо, ки марбут ба асри XII то м. мебошад, номи ӯ дар шакли «Ar. Zaar, wa», «it, hi. za.ar. wa» ва «Zaar-wa an» омадааст. Мардуми Шарқи Миёна ва Ғарби Эрон дар замонҳои қадим ба ин худованд эътиқод доштаанд. Чун далели дигари собиткунандаи ин ақида то ҳоло ба даст наомадааст, донишманди дигар Бэйли изҳори ақида намудааст, ки барои исботи он санадҳои бештару гӯётаре заруранд. Аз сӯи дигар, тавре ки М. Шварс зикр кардаст, номи Зурван дар лавҳаҳои тоза ба даст омадаи Тахти Ҷамшед низ дар шакли «zru (vа) taukhtam ва Jzrutukhma», яъне писари Зурвон ё Зурвондод дида мешавад. Аз ин далел маълум мешавад, ки эътиқод ба Зурвон дар замони Ҳахоманишиён ва эҳтимол пеш аз онҳо низ вуҷуд доштааст. Аз муаррихон бори нахуст номи Зурвонро Дамаский аз номи Теопомп – муаррихи Юнони қадим, ки садаи IV то м. зиндагӣ кардааст, овардааст. Вай мегӯяд, ки гурӯҳе аз муғон ба худои замон Зурвон ё макон Своша эътиқод доранд ва мегӯянд, ки аз яке аз ин ду худои зикршуда ду худои дигар ба вуҷуд омаданд, ки худои хайр Ҳурмузд ва худои шарр Аҳриман буд ва ҳар кадоме аз ин ду болои қисмате аз ҷаҳон фармон меронанд. Дар бораи парастиши худои Зурвон дар Осиёи Марказӣ дар замони қабл аз Зардушт маълумоти дақиқе мавҷуд нест. Осоре, ки асри гузашта дар Турфон ба даст омада ва марбут ба асрҳои VII-VIII аст, Зурвонро дар мартабаи худои равшаноӣ нишон медиҳад. Ин асар аз ҷониби мутахассисон осори хаттии дини монавӣ дониста шудааст. Авестошиноси англис Мэри Бойс зуҳури кеши Зурвонро дар сарзамини Эрон марбут ба охири давраи ҳукмронии Ҳахоманишиён медонад. Дар бораи ин ки дар давраи ҳукмронии силсилаи ашконӣ ва сосонӣ дар дохили дини зардуштӣ фирқаҳои гуногуне вуҷуд доштанд ва оини зурвония низ дар қатори онҳо ҳамчун шохаи ҷудогонае фаъолият мекардааст, ба иллати камбуди ёдгориҳо ва маълумотҳои муътамад кори басо мушкил аст. Вале се далел шаҳодат медиҳанд, ки дар давраи сосониён оини зурвонӣ ривоҷ доштааст. Далели аввал иборат аз он аст, ки дар миёни номҳои ин давра бо номҳои зиёде бархӯрд мекунем, ки бо Зурвон оғоз мегардад. Масалан, Меҳрнарсӣ вазири Баҳроми Гӯр номи фарзандони худро Зурвондод ва Зурвондухт гузошта буд. Омили дигар бо интишори дини буддоӣ аз Шарқ, масеҳӣ аз Ғарб ва бахусус густариши дини насронӣ дар қаламрави империяи сосонӣ мубоҳисаҳои динӣ ба авҷи камолоти худ расида, мавқеи дини расмии кишвар, дини маздаясно суст гардида буд. Ақидаи муаррихони аврупоӣ ва осори хаттии боқимонда аз ин мубоҳисаҳои мазҳабӣ нишон медиҳанд, ки дар арсаи эътиқод дар мамлакат хараҷу мараҷи комил ҳукмфармо буда, нуқтаҳои заифи дини зардуштӣ мавриди ҳамлаи динҳо қарор мегирифтааст. Далели сеюм иборат аз он аст, ки баъзе подшоҳони сосонӣ ба фирқаи зурвонӣ гаравида, омили иғтишоши мазҳабӣ гардида буданд. Маҳз дар ҳамин давра як силсила осори паҳлавӣ, аз ҷумлаи «Минуи хирад», «Бундаҳишн», «Гузидаҳои Зодспарам», «Ривоёти Дороби Ҳурмуздёр» ва ғайра мураттаб гардида буданд, ки дар зери нуфузи ақидаҳои зурвония навишта шудаанд. Масалан, чун Зурвон танҳо ба маънии замон набуд, балки мафҳуми сарнавишт, бахт ва қазою қадарро низ дошт, «Минуи хирад» (фасли 23 бандҳои 4-7) менависад: Ҳеҷ неруеро дар кори тақдир ва сарнавишт наметавон муассир донист, қазою қадар ҳатмӣ аст. Чун қадар фаро расад, доною тавоно дар кори худ дармонда мешавад ва чӣ басо нодон ва нотавон, ки кори худро ба хубӣ пеш барад, чун қазою сарнавишт фаро расад, ақлу андешаро дар он тадбире нест. Ба ақидаи зурвониҳо, ки дар «Ҳикмати хусравонӣ» ва «Ҳикмат-ул-ишроқ» -и Сӯҳравардӣ низ омадааст, ҳама чиз вобаста ба бахту тақдир аст. Таваллуду марги одамон бо хости табиату афлок ва ситорагон сурат мегирад. Вақте ки касе таваллуд мешавад, замони марги ӯро аз рӯйи ҳаракати ситорагон муайян мекунанд. Бинобар хости онҳо маргу таваллуди касе пасу пеш намешавад. Ситорагон сарчашмаи комёбӣ ва нокомӣ мебошанд. Замоне, ки ситорагон дар бурҷи хосе дар замонҳои муайян қарор гиранд, сабаби ҳодисаҳои мухталиф мешаванд. Онҳо бовар мекунанд, ки агар мусул ҳар гоҳ дар Ҳафт додарон бошад, касе ба подшоҳӣ мерасад, ҳангоме ки дар бурҷи Савр бошад, ба молу давлат мерасад ва ғайра. Масъалаи таквини ҷаҳон дар оини зурвонӣ аз оини маздоӣ сарчашма мегирад. Мутобиқи ривояти зурвониён умри ҷаҳон мисли дини маздаясно гоҳ 12 ҳазор сол ва гоҳ 9 ҳазор сол дода мешавад. Аз рӯйи матнҳои зурвония, ки оварда шуда, маълум мегардад, ки барои муборизаи неруҳои рӯшноӣ ва торикӣ 9 ҳазор сол муқаррар карда шудааст. Аз рӯйи ривояте, ки Плутарх аз номи Теопомп муаррихи садаи IV то м. овардааст, гардиши кайҳонӣ мутобиқи таълимоти зурвония 9 ҳазор сол аст. Ва низ мисли космогонияи зардуштӣ ба давраҳои сеҳазорсола тақсим мешавад. Сеҳазорсолаи аввал давраи фармонравоии Ҳурмузд, сеҳазорсолаи дуюм давраи фармонравоии Аҳриман ва сеҳазорсолаи сеюм давраи ҳукмронии муштарак ва пайдоиши сушиёнсҳоест, ки пас аз онҳо неруҳои бадӣ ва Аҳриман шикаст мехӯранд. Дар Минуи хирад омадааст: Андар замони бекарона, паймон миёни Ҳурмузд ва Аҳриман баста шуд ба муддати нуҳ ҳазор сол, ки ҳеҷ кадомро дар он тӯли замон болои якдигар пирӯзӣ набошад ва чун ин муддат сипарӣ шавад, Аҳриман барафтад, нотавон шавад ва дигар бора дар ҷаҳон сулҳу созиш барқарор гардад. Бо мурури муддати мазкур қувваҳои бадӣ нобуд гардида, Ҳурмузд ҳукмрони комили ҷаҳон мегардад. Чун дар космогонияи зурвонӣ рақами дигаре оварда нашудааст, агар ба 9 ҳазори набард ҳазор соли қурбонию ибодати Зурвонро ба хотири таваллуди Ҳурмузд илова кунем, тақвими ҷаҳони зурвонӣ 10 ҳазор солро дарбар мегирад. Аслу решаи ҳамаи фирқаҳои бавуҷудомада, аз ҷумла зурвония устураҳои дорои хусусияти ҷаҳоншиносӣ буданд, ки адёни маъмули тозардуштӣ такмил меёфтанд. Дар ин ҷо ду ривоят, ки моҳияти аслии дини зурвониро нишон медиҳад, оварда мешавад. Ин ду ривоят яке дигареро такмил намуда, манзараи умумии фирқаи зурвонияро таҷассум мекунад. Ривояти аввал марбут ба нависандаи арманӣ Езник Колби аст, ки дар садаи панҷум ва аввали шашуми мелодӣ зиндагӣ кардааст. Вай чунин овардааст; Гӯянд пеш аз он ки офариниш шавад, қабл аз он ки осмону замин ва ҳеҷ офаридае мавҷуд бошад, касе буд, ки Зурвон ном дошт ва онро фарр (фурӯғ, равшаноӣ) ё бахт тарҷума мекунанд. Вай муддати ҳазор сол ибодат кард ва қурбонӣ дод, ки фарзанде бо номи Урмузд (ав. Аҳуромаздо) зода шавад, то замину осмон ва он чӣ ки дар онҳост, биофаринад. Чун ҳазор сол ҳамин тавр сипарӣ шуд, дар дилаш андешаи шакку шубҳа падид омад, ки оё ин қурбонӣ ва ибодату риёзати ман ба натиҷа хоҳад расид ё на ва ман дорои фарзанде бо номи Урмузд хоҳам шуд? Ҳангоме, ки ин андешаи шубҳаангез дар дили ӯ мегузашт, Урмузду Аҳриманро обастан буд ва вуҷудашонро дар худ эҳсос мекард. Чун аз мавҷудияти онҳо огоҳӣ ёфт, ба худ гуфт: ҳар яке ки зудтар бурун ояд, шоҳии ҷаҳонро ба ӯ хоҳам дод. Ҳурмузд аз ин андешаи падар огоҳӣ ёфт ва онро барои бародараш Аҳриман фош кард. Он гоҳ Аҳриман ба зудӣ шиками падарро шикофт ва худро дар баробари ӯ намоён сохт. Зурвон аз ӯ пурсид: ту кистӣ? Аҳриман посух дод: ман фарзанди ту ҳастам, Зурвон гуфт: писари ман бояд дурахшанда ва хушбӯй бошад, дар ҳоле ки ту торику бадбӯ ҳастӣ. Дар ҳамин ҳангом Урмузд низ аз шиками падар бурун омад ва дар пеши ӯ намоён гардид. Зурвон ӯро дурахшон ва хушбӯ дид ва донист, ки он Урмузде, ки барои таваллудаш он ҳама қурбонӣ дода буд, дар бараш истодааст. Пас шохаҳое (ав. баресман) -ро, ки дар даст дошт ва ба он ибодат карда буд, ба ӯ дод ва гуфт: то кунун ман барои зодани ту намозу қурбонӣ мекардам, аз ин пас ту бояд барои ман қурбонию ситойиш кунӣ. Дар ин ҳангом Аҳриман назди Зурвон омад ва гуфт: ту паймон карда будӣ, ки ҳар яке аз мо пештар берун омада, дар назди ту намоён шавем, шоҳии ҷаҳонро ба ӯ медиҳӣ. Аз рӯйи он паймон бояд подшоҳиро ба ман диҳӣ. Зурвон барои он ки паймоншикан набошад ба ӯ гуфт: ай друванди палид, нуҳ ҳазор соли фармонравоии ҷаҳонро ба ту медиҳам. Аммо пас аз он фармонравоӣ аз они Ҳурмузд аст. Он гоҳ Ҳурмузд ва Аҳриман ба офариниш оғоз карданд. Ҳар чизе, ки Ҳурмузд меофарид хубу судманд ва ҳар чизе, ки Аҳриман меофарид, зишту зараровар буд. Ҷолиб аст, ки дар авохири ҳазораи аввали пеш аз мелод ва аввалҳои мелодӣ аҳолии Осиёи Марказӣ, ки аз қабилаҳои гуногуни сакоиҳои шаҳрию деҳнишин ва чорводор таркиб ёфта буданд, ба худоёни мухталиф эътиқод доштанд. Ричард Фрай дар аввалҳои асрҳои миёна эътиқодоти мардуми Суғдро тасвир карда, дар сафи худоёни бузурги оини зардуштӣ Зурвонро низ номбар кардааст. Бозёфтҳои хаттии Турфон, ки эътиқодоти мазҳабии мардуми Осиёи Марказиро ифода карда, дар авали асри ХХ кашф шудааст, аксаран марбут ба дини монавия мебошад. Тавре ки дар боло ишора шуд, миёни оини зурвонӣ ва монавӣ ҳамгуниҳои зиёде вуҷуд дорад. Осори мутазаккира аз ҷониби Коммон ва Зеҳнер мавриди мутолиаю омӯзиши амиқ қарор гирифтаанд. Зурвония ҳамчун фирқаи дини маздаясна дугонапарастиро ба вуҷуд оварда, ба динҳои монавия ва маздакия, ки дар давраи сосонӣ падид омаданд, таъсири амиқ гузошт. Агар зурвония аз ишораҳои ҷудогонаи дугонапарастии зардуштия истифода намуда, асоси таълимоти дугонапарастиро гузошта бошад, динҳои монавия ва маздакия ин ақидаро мавриди таҳлилу таҷзияи ҳамаҷониба қарор дода, аз ақидаи ду гавҳару ду ҷинс таълимоти бузурге ба вуҷуд оварданд. Дуализми зардуштия аз таълимоти ин се дин неру гирифта, маъруф гардид. Мақому мартабаи Зурвон дар дини монавия бисёр бузург аст. Вай худои бузургтарини Монӣ аст. Таълимоти дугонапарастӣ дар динҳои мутазаккира дар шакли олӣ таҷассум пайдо кард. Ривояти дуюм, ки дар ин ҷо барои муқоиса оварда мешавад, марбут ба космогонияи дини монавӣ буда, мақому манзалати баланди Зурвонро инъикос мекунад: Дар оғоз ҷаҳони мо набуд. Танҳо ду гавҳар буд: гавҳари равшноӣ ва гавҳари торикӣ. Гавҳари рӯшноӣ зебо, некукор ва доно буд, гавҳари торикӣ зишт, бадкор ва нодон. Қаламрави рӯшноӣ дар шимол буд ва поён надошт. Қаламрави торикӣ дар ҷануб буд ва бо қаламрави рӯшноӣ мепайваст. Шаҳриёри ҷаҳони рӯшноӣ Зурвон буд ва бар ҷаҳони пур аз фурӯғу сафо ва оромиш ҳукм меронд. Дар ин ҷаҳон марг, беморӣ, тирагӣ ва ситеза набуд. Ҳама некӣ ва равшан буд. Дар ҷаҳони торикӣ Оз (Ҳирсу тамаъ) — деви бадхӯю бадниҳод фармонравоӣ мекард. Қаламрави Оз пур аз девони палид, бадкор ва ситезаҷӯ буд. Ин ду унсур ҷудо аз ҳамдигар мезистанд ва ҷаҳони рӯшноӣ аз осеби девони торикӣ дар амон буд. То он гоҳ, ки ҳодисае рӯй дод: рӯзе Оз дар зимни ҳаракати девосои худ бо ҷаҳони рӯшноӣ бархӯрд. Ҷаҳоне дид равшану зебо, оростаю пероста. Бо диққат нигарист ва ба он нур дил баст ва тасмим гирифт, ки ҷаҳони рӯшноиро тасхир кунад ва гавҳари нурро аз они худ намояд. Вай бо гурӯҳе аз девон ба ҷаҳони равшноӣ ҳамла бурд. Зурвон — шаҳриёри ҷаҳони равшноӣ омодаи ҷанг набуд. Барои набард бо девони торикӣ ва боздоштани онон, ду худои дигар аз худ падид овард. Аз он ду, Ҳурмуздро, ки худованди ҷангозмо буд, барои рондани девон фиристод. Ҳурмузд панҷ унсури муқаддас — об, бод, оташ, насим ва нурро силоҳи ҷанг кард. Об, бод, ва нуру насимро ба худ пӯшид ва оташро чун шамшер ба даст гирифт ва ба набарди девон равон гардид. Аммо Ози бадкор бисёр неруманд буд ва ёрони фаровон дошт. Оз дар ҷанг ғалаба кард ва Ҳурмузд шикаст хӯрд. Оз ва девон панҷ унсури муқаддасро, ки ба ҷойи фарзандони Ҳурмузд ва мисли силоҳи ӯ буданд, фурӯ бурданд ва Ҳурмузд шикастаю беёр дар қаъри ҷаҳони торикӣ мадҳуш гардид. Пас аз замоне вай ба худ омад ва худро мағлуб ва бекасу беёр ёфт. Аз қаъри ҷаҳони торикӣ хурӯш баровард ва аз модари худ, ки яке аз худоёни офаридаи Зурвон буд, ёрӣ хост. Хурӯши Ҳурмузд сад баробар гашт ва аз пойгоҳи девон то боргоҳи худоёнро дар андак замоне паймуд ва паёми Ҳурмуздро ба модари вай расонид. Модари Ҳурмузд назди Зурвон рафт, сар фуруд овард ва гуфт: ай шаҳриёри ҷаҳони равшноӣ, фарзандам Ҳурмуздро ёрӣ кун, ки шикаставу беёвар дар дасти девон асир аст. Онгоҳ Зурвон барои раҳоии Ҳурмузд, худоёни дигар падид овард. Эзиди Меҳр нерумандтарини ин худоён буд. Эзиди Меҳр барои наҷоти Ҳурмузд ба марзи ҷаҳони торикӣ равон шуд ва вайро нидо дод. Чун аз Ҳурмузд посух расид, барои пайкор бо девон панҷ фарзанд аз худ падид овард, ки муборизтарини онон Висбуд буд. Вай силоҳ пӯшида, бо фармони эзиди Меҳр барои ҷанг бо девон рафт ва ба зудӣ ҳамаи онҳоро дарҳам шикаст. Онҳоро зери по карда пӯст аз танашон ҷудо сохт. Бисёре аз ононро дар осмонҳо ба занҷир кашид. Он гоҳ эзиди Меҳр ба бино кардани ҷаҳони мо пардохт: ёздаҳ осмонро аз пӯсти девон сохт, аз гӯшти онон ҳашт табақаи замин ва аз устухони онҳо кӯҳҳоро падид овард. Яке аз фарзандони худ Поҳрагбудро фармон дод, ки бар сари осмонҳо биншинад ва риштаи онҳоро дар даст бигирад, то фурӯ наафтанд. Дигаре аз фарзандони худ Монбудро вазифадор кард, ки табақаҳои заминро дар китфи худ нигоҳ дорад, то фурӯ наоянд. Ҳангоме ки девон бар Ҳурмузд ғалаба карда, фарзандони ӯ — об, бод, оташ, нур ва насимро, ки аз гавҳари рӯшноӣ буданд, фурӯ бурданд, бештари ин унсурҳои муқаддас вақте девон тавассути эзиди Меҳр шикаст хӯрданд, аз чанги онҳо раҳо шуда, озод гардиданд. Эзиди Меҳр аз ин унсурҳои дурахшону муқаддас ситорагони осмонро падид овард. Офтобро аз оташ, гардунаи моҳро аз боду об, ситорагони дигарро аз нуре, ки аз офати девон осеб дида буданд, ба вуҷуд овард. Аммо ҳамаи нуре, ки девон фурӯ бурда буданд, озод нашуд ва бо вуҷуди он ки аксари он нур раҳоӣ ёфт, қисмате аз он дар банди девон боқӣ монд. Раво набуд, ки пораҳои нур дар дили девон боқӣ монад. Онҳоро озод кардан лозим буд. Ҳурмузд, эзиди Меҳр ва дигар худоёни ҷаҳони равшноӣ ҷамъ омада, ба назди Зурвон – шаҳриёри олами равшноӣ равон шуданд. Ҳама пеши тахти ӯ сар фуруд оварда гуфтанд: ай шаҳриёри олами равшноӣ, ай он ки моро бо нури тавонои худ офаридӣ ва Оз, девон ва париёнро ба василаи мо дарҳам шикастӣ ва дар банд кашидӣ, ҳанӯз бахше аз гавҳари нур дар зиндони девон бо ранҷ мондааст. Чорае соз то гавҳари нур аз банди девон раҳо шавад ва ба ҷаҳони рӯшноӣ бозгардад. Он гоҳ Зурвон бори сеюм худоёни дигарро падид овард ва эзиди Равшаншаҳрро, ки аз ин худоён буд ба идораи ҷаҳони мо вазифадор намуд то тавре, ки Зурвон — шаҳриёри олами боло аст, эзиди Равшаншаҳр низ дар замину осмон ва ин ҷаҳон худованду подшоҳ бошад, ҷаҳонро равшан нигоҳ дорад, рӯзу шабро падид орад, чархҳои Офтоб, Моҳ ва ситорагонро ба гардиш дароварад ва гавҳари нурро, ки ба тадриҷ аз чанги девон раҳо мешавад, ба сӯйи биҳишти Зурвон раҳнамойӣ кунад. Эзиди Равшаншаҳр ин ҷаҳонро, ки эзиди Меҳр сохта буд, ба гардиш даровард, чархҳои Офтоб, Моҳ ва ситорагонро ба кор андохт ва ҳамин тавр, ҷаҳоне ки мо дар онем ба ҳаракат омад ва зиндагӣ оғоз гардид. Дар ин ҷаҳон он зарраҳои нуре, ки аз зиндони зулмат раҳоӣ меёбад, дар сутуни нуронӣ гирд меояд ва аз он ҷо рӯз ба рӯз ба гардунаи моҳ меравад ва дар он ҷо ҷамъ мешавад. Аз ҳамин сабаб моҳ дар аввал ба шакли ҳилол аст ва пас аз он рӯз ба рӯз нуронитар мешавад. Пас аз понздаҳ рӯз паймонаи Моҳ пур мешавад ва моҳ ба сурати доираи комил медарояд. Он гоҳ нуре, ки дар Моҳ гирд омада буд, ба гардунаи Хуршед меравад. Аз ин ҷост, ки моҳ пас аз пур шудан рӯз ба рӯз коста мешавад, то ба куллӣ аз нур холӣ мегардад ва дигар ба чашм наметобад. Зарраҳои нур, ки дар Офтоб ҷамъ мешаванд, дар охир аз он ҷо ба «биҳишти равшноӣ», ки маскани Зурвон аст, мераванд ва ба манзилгоҳи нахустини хеш пайваст мешаванд. Девону париёне, ки Висбуд — фарзанди эзиди Меҳр мағлуб карда, дар осмон ба занҷир кашид, ҳанӯз порае аз унсурҳои равшноиро дар дили худ пинҳон нигоҳ доштаанд. Эзиди Равшаншаҳр барои он ки зарраҳои нурро аз вуҷуди онҳо берун кашад, тадбире андешид. Чунон кард, ки аз ин девон мавҷудоти дигар ба вуҷуд оянд. Аз тухмаи девони нар дар замин панҷ дарахт рӯйид. Дарахтону гиёҳони дигар ҳама аз ин панҷ дарахт падид омаданд. Аз тухмаи девони мода панҷ ҷонвар падид омад. Ҷонварони ин олам аз дупо, чорпо, паранда, хазанда ва обӣ аз онҳо ба вуҷуд омаданд. Дар ҳар як аз гиёҳу ҳайвон заррае аз гавҳари нур ниҳон аст. Ин ҳамон нурест, ки девон пас аз мағлуб шудани Ҳурмузд фурӯ бурда буданд ва инак аз вуҷуди онон ба гиёҳу ҳайвон интиқол ёфтааст. Ин нур батадриҷ раҳоӣ ёфта, дар сурати сутуни нур гирд меояд ва ба Моҳ меравад. Гардиши олам барои он аст, ки зарраҳои равшноиро аз дили гиёҳон ва дигар мавҷудот бурун кашад ва ба сарманзили нахустин бозгардонад. Чун кори ҷаҳон муназзам шуд ва чархҳо ба гардиш даромаданд, эзиди Равшаншаҳр ба яке аз худоён, ки Созандаи Бузург ном дорад, фармон дод, то зиндоне дар хориҷ аз табақоти осмону замин барои девон бино кунад. Ин зиндон барои он аст, ки чун поёни кори олам фаро расад ва гавҳари нур аз вуҷуди девон комилан берун равад, девон дар он зиндон маҳбус шаванд ва аз дастрасӣ ба ҷаҳони нур то абад маҳрум бимонанд. Дар чунин рӯзе Поҳрагбуд, ки риштаи осмонҳоро дар даст дорад, риштаро аз даст раҳо мекунад ва осмонҳо фурӯ мерезанд. Монбуд, ки табақаҳои заминро ба дӯш дорад, онҳоро аз китфи худ дур мекунад ва оташи ҳавлноке дармегирад ва ҳамаи ҷаҳони мо дар ин оташ месӯзад ва аз он ҷуз теппаи хокистаре боқӣ намемонад. Девон ҳама дар банд меафтанд ва гавҳари рӯшноӣ аз чанголи зулмат раҳоӣ меёбад. Дар дини маздаясно муъмини зардуштӣ дар вақти дуою намоз, пеш аз ҳама, аз номи Аҳуромаздо оғоз карда, ситойиши Озар (оташ)-ро ба забон меронад ва сипас ба фариштаи мавриди ниёзи худ муроҷиат менамояд. Ба ақидаи Плутарх, осмони ориёиён пур аз фаришта аст. Воқеан, дар Авесто ғайр аз шаш амшоспанд – ёварони наздиктарини Аҳуромаздо дар идораи умури ҷаҳон ва фариштагони моҳ, фариштагони гоҳҳои рӯз, боз даҳҳо фариштагони дигар зикр шудаанд, ки зиндагии осуда ва ороми пайравони динро на танҳо дар тӯли ҳар соати рӯз, ҳар рӯзи моҳ, балки дар тӯли тамоми сол таъмин мекарданд. Чун дар Авесто озодии комили имон, эътиқод ва ирода тазмин карда шудааст, муъмини зардуштӣ ихтиёри комил дошт, ки дар намози ҳаррӯзаи панҷгонаи худ ба фариштаи дилхоҳи худ муроҷиат намояд. Дар дини маздаясно ҳар фариштае дар ҷаҳони моддӣ ва маънавӣ нигоҳбони унсур, аша ва хусусиятҳои гуногун буда, мазҳар ва яке аз хусусиятҳои Аҳуромаздо ҳисоб мешуданд. Вале бо вуҷуди он, ки Зардушт ба пайравони худ ситойиши худованди якто – Аҳуромаздо – офаридгори тамоми ҷаҳони моддӣ ва маънавиро тавсия карда буд, мардум то охир ваҳдониятро тасаввур карда наметавонистанд. Аз ҷиҳати дигар, фариштагони дини маздаясно, ки хислатҳои беҳтарини ахлоқӣ доштанд, дар миёни мардумоне густариш пайдо кард, ки ҳанӯз дар зинаи политеизм қарор дошта, дорои худоёни мушобеҳ бо дини зардуштӣ буданд. Аксаран хислатҳои ормонии фариштагони дини ориёӣ бар хислатҳои худоёни маҳаллӣ бартарӣ пайдо карда, онҳоро танг карда мебароварданд ва ё тавъамон ситойиш мешуданд. Ҳамин тавр гурӯҳи калони фариштагони оини зардуштӣ, бо сардории Аҳуромаздо (Меҳр, Зурвон, Аредвисура Анаҳито) аввал дар Шарқи Миёна ва Наздик ва сипас дар Осиёи Хурд таъсиру нуфузи фаровон пайдо карданд. Ф. Куман менависад: Оини митроӣ дар Италия ва ҳар сарзамини дигаре, ки роҳ меёфт, бо гурӯҳи эзидони маздаясно ҳамроҳ буд.[33] Оини Зардушт, ки ба ин фариштагон фақат нақшҳои бои ахлоқӣ ва ғоявӣ бахшида буд, дар сарзаминҳои дигар аз ҳисоби худоёни маҳаллӣ боз ҳам ғанитар гардида, дар атрофи онҳо сохторҳо, суннатҳои мазҳабӣ ва асотири ғанӣ ба вуҷуд меовард. Баъзе аз ин фариштаҳо (Меҳр, Зурвон) вориди Аврупо гардида, саросари ин қитъаро фаро гирифта буд. Мақоми Зурвон дар дини Меҳр низ калон буд. Франс Куман дар бораи ин фариштаи зардуштӣ, ки дар Аврупо мақому мартабаи баланде дошт, чунин менависад: «Зрвана акарана ё замони бекарона дар ин оин (оини Митра) дар раъси ҳамаи худоёни осмонӣ мабдаи мавҷудият қарор дорад, ки ӯро Саекулум, Кронос ё Сатурн меномиданд. Ин худо дар ҳолати ибҳом ва розу рамз қарор дорад. Номи вай пӯшида, бидуни вазифаи мушаххас ва беҷинс буда, дорои ҳеҷ навъи эҳсосе намебошад». Аввалин нақш ва ҳайкалҳои Зурвон аввал дар Осиёи Хурд пайдо шуда, сипас дар Аврупо инкишофи бештар пайдо кард. Нақшу ҳайкалҳои ӯро ҳамчун худованди замон бо воҳимаи бисёр тарсим мекарданд. Ф. Куман ба суханони худ чунин идома медиҳад: дар асоси як суннати номушаххас ва хосияти номаълум, нахустин нақши шарқӣ аз ӯ намойишест бо пайкараи инсонӣ, ҷисми бадвоҳимае бо сари шер ва бадане, ки як мор ба давраш шаш маротиба печидааст. Наққошҳои гуногун ва аксҳои мутафовит ва гуногуне бар бадану пайконҳо фармонравоии осмонро ба худ дорад. Дар ҳар даст калиде дорад, ки рамзи фармонравоии ӯ бар осмонҳо ва кушояндаи дарҳои он ва бахшандаи бахту сарнавишт аст. Болҳояш баёнгари тезпарвозии ӯст. Море, ки гирдогирди баданашро печидааст, намойишгари масири хуршед ва хусуфу кусуф аст. Нуқуши дувоздаҳ бурҷ ва низ манзараи фаслҳо, ки дар баданаш дида мешавад, нишондиҳандаи ҳодисаҳои заминӣ ва осмонӣ аст, ки гузари босуръати замону солҳоро инъикос мекунад. Ӯ ҳам офаринанда ва ҳам нобудкунанда аст. Чаҳор унсури аслӣ, ки мабдаи офариниш аст, зери фармони ӯ мебошад. Гоҳ бо равшаноӣ яке шумурда шуда, гоҳ сарнавишту тақдир ва гоҳе оташи нахустин аст. Ин ду ҳолати офаринандагӣ ва нобудгарии ӯро равоқиҳо яке дониста, муқоиса кардаанд. Ӯ ҳарорате аст, ки дар ҳамаи мавҷудот ҳулул карда, ба ҳамаи ашё тағйири шакл медиҳад ва дар ниҳоят ҳалолкунанда аст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ дар даҳсолаи охир нишон медиҳад, ки дар Осиёи Марказӣ ҳам парастиши Зурвон ҷой доштааст. Донишманди тоҷик Юсуфшоҳ Ёқубов дар ин бора менависад; «Мо дар асоси омӯзиши сарчашмаҳои хаттӣ ва маводи бостоншиносии Тӯрон бо чунин хулоса омадем, ки дар замони пеш аз ислом дини ин минтақа зардуштияи тариқати зурвония бо унсурҳои бутпарастӣ будааст». Дар ин бобат бо пуштибонӣ аз муҳаққиқ бояд гуфт, ки ҳар дине, ки пазируфта мешавад, софу беолойиш қабул карда нашуда, болои он суннатҳои писандидае, ки хусусияти мардум, сатҳи маънавӣ ва ҳатто шароити ҷуғрофии онро инъикос мекард, пазируфта мешуд. Вале масъалаҳое, ки донишманд ҷиҳати ҳалли ин нукта ба миён мегузорад, саволҳои баҳсталабро ба миён овардааст. Вале муҳаққиқ муътақид аст, ки зурвония на танҳо дар Эрон, балки дар Суғд, Бохтар, Фарғона, Чоч ва Туркистони шарқӣ пайравон дошта, инкишофи васеъ пайдо карда будааст. Дар атрофи Зурвон – ҳокими даҳру замони беканор аз даврони қадим на танҳо устураю ривоятҳои гуногунмавзӯъ ва гуногунранг ба вуҷуд омадаанд, балки андеша ва ақидаҳои фалсафӣ низ иброз шудаанд. Донишманди англис Ҷон Нос дар китоби худ «Таърихи ҷомеи адён» хусусиятҳои ирфонии ин мазҳабро ҷамъбаст карда, менависад: Гурӯҳи зиёди муғон ва пешвоёни мазҳабӣ дар қарни пеш аз мелод мабдаи ҷовиду асли нав вазъ карданд, ки шабеҳ аст ба назарияи ҷисмонии ҷадиде, ки дар фалсафа ба вуҷуд омад. Вале аксарияти зардуштиён онро напазируфта, мардуд донистанд. Дар асоси ақидаи ин фирқа, ҳарду неру, яъне сарчашмаи хайр ва сарчашмаи шарр – Аҳуромаздо ва Анграмайню, аз як манбаи азалии воҳиде, ки мабдаи ҷаҳон аст ва бо номи Зурвон маъруф мебошад, таровиш карда ва он ҳамон макон ва замон аст. Он таврест, ки яздону дев дар тӯли замон баробар ва ҳамтироз гардиданд, вале оқибат фатҳу ғалаба насиби Аҳуромаздо хоҳад шуд. Мутобиқи он мухолифату душманӣ бо шарру бадӣ муҳимтарин вазифаи ҳар одами некукирдор ва некупиндор хоҳад буд. Дар бораи афкори фалсафии зурвонӣ, ки бештар дар миёни рӯҳониён ва табақаи ашрофи замонҳои бостон маъмул буд, осори хаттие боқӣ намондааст. Вале тавре ки аз тарҳи масъала дар боло бармеояд, ҷараёни фалсафии зурвония вақт, замонро ҷавҳари ягонаи олам медонист ва чунин мешуморид, ки он моҳияти илоҳӣ дорад. Агар ҷамъбаст кунем, тафовути куллии дини Зардушт аз зурвония иборат аз он аст, ки охирӣ аз ҷониби пайравони он ҳамчун худованди неруманди тавоно унвони замону макони бекарон шинохта шуда, Ҳурмузд офаридгори некиҳо ва Аҳриман офаридгори бадиҳоро гавҳари дугонаи азалӣ ва фарзандони Зурвон медонистанд. Эътиқод ба сарнавишту тақдир ва фармонравоии 9 — ҳазорсолаи Аҳриман низ бо муҳтаво ва мундариҷоти Авесто, бахусус бахшҳои куҳани он мувофиқат намекунад. Пеш аз зуҳури ислом ақидаҳои зурвония дар Арабистон паҳн шуда, баъд аз зуҳури он густариш ёфт. Муаллифи «Ҳафтоду се миллат» ё «Эътиқодоти мазоҳиб» дар ин замина ҳикояте овардааст, ки бисёр омӯзанда аст: дар хибр аст, ки ҷамъе дар замони ҳазрати расул (с) аз парешонии вақт шикоят мекарданд ва аз шиддати замона ва машаққати айём гила менамуданд ва дар аснои шикваю гила замонаро бад мегуфтанд ва дашном медоданд. Ҳазрати расул (с) эшонро манъ фармуд ва сарзаниш кард: Даҳрро бад нагӯед, зеро ки даҳр Худост. Дар асрҳои миёна зурвония ба бисёр андешаҳои ирфонӣ таъсир расонида ба ду ҷараёни фалсафӣ – даҳрия, қадрия ва ҷабрия тақсим гардид. Бино ба маълумоти фарҳанги Деҳхудо, пайравони ҷараёни даҳрия ба қидами даҳр эътиқод доранд ва тамоми ҳаводиси ҷаҳонро ба таври куллӣ ба замон мансуб медонанд. Онҳо боварӣ доранд, ки замон қадим ва воҷиб-ул-вуҷуд аст ва он инсонро ба ҳар сурате, ки бихоҳад, месозад. Онҳо Худовандро ҳамчун холиқи даҳр ва табиат инкор мекунанд. Ба иборати дигар, онҳо ҳастии моддии оламро эътироф карда, ба вуҷуди рӯҳоният эътиқод надоранд. Аз рӯйи таълимоти онҳо олам абадӣ, бесонеъ ҳамеша буд ва ҳамеша хоҳад монд. Офарандаи ашёи ҷаҳон, ҳайвоноту табиат ва инсон фалаки абадӣ аст. Тавре ки донишманди тоҷик, академик М. Диноршоев зикр кардааст, ин нуқтаи назар ба таълимоти файласуфи маъруфи ҳолландии асри XVIII Б. Спиноза дар бораи «natura naturans» шабоҳат дошта, аз назари протсесси инкишофи олам дорои мафҳуми амиқ мебошад. Ҷонибдорону пайравони ҷараёни қадария ё ҷабария, ки дар миёнаҳои ҳукумати уммавиён неруманд шуда, густариш пайдо кард, муътақид буданд, ки иродаи одамӣ танҳо дар сухану лафз арзиш пайдо мекунад, дар ҳоле ки дар асл одамӣ ба таври куллӣ дар амал аз иродаю хоҳиш маҳрум мебошад. Инсон ҳамчун унсуре аз мақсаду хоҳиши муайян маҳрум буда, дар иҳотаи иродаи Худост ва Худованд аст, ки ҳар амалу корро, ки мехоҳад, болои инсон анҷом медиҳад. Донишмандон ҷабария ё қадарияро ба ду гурӯҳ тақсим мекунад: ҷабарияи холис, ки тибқи ақидаи онҳо инсон ҳеҷ гуна феълу қудрате надорад ва ҷабарияи мутавассит, ки дар инсон мавҷуд будани қудрати муайянеро қабул доранд” .
Давлати дунявӣ ва фарҳанги миллӣ
Муаллиф: Нозим Нурзода
Башар ҳанӯз аз бомдоди зиндагӣ дар орзуи сохтмони як давлат ва низоми сиёсие будааст, ки ниёзҳои озодихоҳию рифоҳталабӣ ва адолатписандию хирадварзии инсонҳо бароварда шаванд. Табиист, ки башар, чи дар гузашта ва чи имрӯз ба донишу хирад ва рифоҳу озодӣ ниёз дошту дорад ва маҳз сиришти ҷустуҷӯгар ва пурсишгари инсон ӯро ба офаридан вомедорад. Офаридани неъматҳои моддию маънавӣ, дар маҷмӯъ, дар қолиби фарҳанг инсиҷом меёбанд. Аз ҷониби дигар, орзу ва ормони сохтусози давлати намунавӣ (образцовое государство) аз дер боз зеҳни инсонро ором нагузоштааст ва барои амалӣ кардани ин навъ ормон саъю талоши фаровон варзидааст. Талошҳои пайвастаи инсонҳои ҷӯёву пӯё ва ба истилоҳ, қишри равшанфикрӣ дар имтидоди тӯлонии замонӣ ормонҳоро ба ҳақиқат бадал кард ва намуна-моделҳои муосири давлатдории дунявие, ки дар Ғарбу Шарқи сайёраи Замин арзи ҳастӣ мекунанд, натиҷаи ташаббусоту ибтикороти насли саршиноси инсонианд.
Мусаллам аст, ки дар бовару асотир, бовару эътиқод, дину мазҳаб, сиёсату иҷтимоъ, адабиёту фалсафа ва фарҳангу маънавиёт инъикос ёфта, боиси ба вуҷуд омадани тарҳҳои ормонӣ гардидааст. Ба ин минвол дар қолаби фикрию маънавии ҷомеаҳо модели давлат ва ҷомеаи ормонӣ тарҳрезӣ гардид ва дар соири илму адаб ва ҳунарҳо таҷассум ёфтааст. Ғараз ва ҳадаф аз ба вуҷуд овардани тарҳҳои фикрии ҷомеаи ормонӣ ҳамзистӣ ва иттиҳоди мардумӣ будааст. Мардум дар ҳамаи давру замон ба ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, осоиштагӣ, рифоҳи молию маънавӣ, ҳамзистӣ ва ҳамкорӣ ниёз дошта ва дорад. Ин гуна ниёзҳо, ки аз вуҷуди маънавӣ ва иҷтимоии инсон буруз мекунанд, асли зиндагӣ маҳсуб меёбанд ва мушаххас кардану ба тартиби муайян даровардани силсилаи ниёзҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданӣ тарҳу қолабҳои нави фикриро ба вуҷуд овард. Аз ҳама муҳим, инсон аз бомдоди зиндагӣ ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ ба ҳамбастагию ҳамзистӣ ниёз доштааст ва ин навъ биниш раванди ормонгаройиро дар таърихи тафаккури инсонӣ ташаккул додааст.
Барои он ки ба таври бояду шояд барномаҳои вежаи сиёсию иҷтимоӣ ва маданӣ, ки бар мабнои хираду дониши инсонӣ таҳия ва роҳандозӣ бигарданд, вуҷуди давлат зарурат дорад. Дар зимн, на ҳар гуна давлат метавонад барномаҳои вежаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маданӣ ва миллиро ба таври шоистаю боиста дар амал татбиқ намояд, балки давлати дунявӣ ниёзу хостаҳои инсониро бароварда месозад. Албатта, бароварда сохтани хостаю ниёзҳои ҷамъӣ (на фардию гурӯҳӣ), новобаста аз тааллуқоти нажодӣ, миллӣ, этникӣ, сиёсӣ, идеологӣ, динӣ ва мазҳабӣ дар доираи модели давлатдориҳои дунявӣ имконпазир аст. Ин аст, ки тамоми дастгоҳи расмию давлатии низоми секулорӣ (дунявӣ) дар хидмати мардум қарор мегирад ва ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда ва дар айни замон, барои ба вуҷуд овардани шароити арзандаю шоистаи зиндагӣ ҳамеша барнома ва стратегияҳо таҳия ва дар амал татбиқ менамояд.
Дар доираи фарҳанги миллӣ (манзур фарҳанги тоҷик аст) ҷустани тарҳ ва ё модели сохтусози давлати дунявӣ, ки дар он арзишҳои инсонӣ ва хираду дониш аслу асос маҳсуб меёбанд, аз аҳамият холӣ нест. Дар қадимтарин бовардоштҳои миллӣ, ки дар қолабҳои устурӣ ва мифологӣ рехта шудаанд, масъалаи сохтусози давлати дунявӣ ҷойгоҳи асосӣ дорад. Ба ин тариқ, дар асотири бостонии миллӣ, аз ҷумла устураҳои Симурғ, Ҷамшед, Фаридун, Кайхусрав масоили марбут ба давлатдории дунявӣ инъикос ёфтаанд. Барои намуна, дар устураҳои Симурғӣ, Ҷамшедӣ ва Фаридунӣ модел ва тарҳҳои давлат ва ҷомеаи дунявӣ рехта шудаанд. Сарчашма ва маншаи барномарезиҳое, ки дар заминаи сохтусози давлати дунявӣ дар қолиби устурӣ ба назар мерасанд, воқеияти сиёсию иҷтимоӣ ва фикрию мадании замон будааст. Аз ин ҷост, ки воқеияти зиндагӣ асли фаҳмиши масъалаи дунёмадорӣ дар қолибҳои устурии миллист.
Дар асотири бостонии миллӣ таърихи зиндагии инсонӣ ба ҳазораҳо тақсим шудааст. Ба ин маъно, дар фарҳанги бостонии форсу тоҷик умри ҷаҳон 12 ҳазор сол муќаррар шудааст (ниг.: Ниберг С. Динҳои Эрони бостон. Теҳрон, 1359. -С.388), ки 8 ҳазори он ба таърихи инсонӣ марбут аст ва бо ҳазораи Ҷамшед оѓоз меёбад (ниг.: Ҷомӣ Муҳаммад Маҳдӣ. Адаби паҳлавонӣ. Теҳрон, 1379. –С.18.). Ин аст, ки ҳазораи Ҷамшед ба унвони ҳазораи сиёсат, давлатмадорӣ, хирад, дод ва фарҳанги миллӣ шинохта мешавад. Дар ин ҳазора модели давлат ва ҷомеаи дунявӣ аз тарафи Ҷамшеди Пешдодӣ бунёд мешавад ва элитаи давлатӣ бар мабнои хирад ва дод ҳукуматдорӣ мекунанд. Мувофиқи устураи Ҷамшед, дар имтидоди давлатдории ӯ (ҳазораи Ҷамшед) мусибату бадбахтӣ, ки дар маргу нестӣ ва дарду ранҷурӣ таҳаққуқ меёбанд, аз байн мераванд ва сиҳатию тандурустӣ ва хушнудию рифоҳ мавқеъ ва мақом пайдо мекунанд. Даврони хушҳолию рифоҳ ва бедардию бемаргии Ҷамшедиро Ҳаким Фирдавсӣ сесад сол мушаххас карда, он муддатзамонро хеле зебо ба риштаи тасвир баркашидааст:
Чунин сол сесад ҳамерафт кор,
Надиданд марг андар он рӯзгор.
Зи ранҷу зи бадшон набуд огаҳӣ,
Миён баста девон ба сони раҳӣ.
Ба фармон мардум ниҳода ду гӯш,
Зи ромиш ҷаҳон буд пуровозу нӯш.
Ба ин тартиб, Ҷамшед ба бунёди ҷомеаи озоди мардумсолорӣ (демократӣ) ва дунявӣ (секулорӣ) камар барбаста, асос ва хишти нахустини чунин давлатро дар таърихи фарҳанги миллӣ гузошт. Ӯ бо воќеъбинӣ, андешамандӣ ва дунёпарастии худ, ки ҳамагӣ ба биниши илмӣ гироиш доранд, дар олами андешаи миллӣ соҳибмаќом гардидааст.
Ҷамшед, ки бемуҳобо, метавон аз ӯ ба унвони поягузори давлати дунявии миллӣ дар қолиби устурӣ-мифологӣ ёд ва тамҷид кард, бо такя ба ақлу хирад ва иродаю қудрат тавонист, як давлат ва ҷомеаи намунавии секулорӣ бунёд намояд. Файласуфи муосири тоҷик устод Комил Бекзода, ки дар атрофи ин шахсияти нимаустуравӣ ва ниматаърихӣ пажӯҳишу ковишҳои зиёде анҷом додааст, мавзӯи мазкурро пайгирӣ намуда, ба ин натиҷа расидааст: “Ҷамшед ҳамчун як шахси таърихӣ, дар маснади фарҳанги эронӣ ва ҳиндӣ ќарор дорад. Дар ҳарду фарҳанг ба ҷиҳатҳои дунявӣ, воќеъбинӣ ва ѓайридинии Ҷамшед таъкид шудааст. Дар ҳамин асос метавон ба ин натиҷа расид, ки асосгузори назари миллӣ ва озодандешии мардумони форсу тоҷик маҳз ҳамин Ҷам писари Вивангаҳон будааст” (ниг.: Комил Бекзода. Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ. Душанбе: Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуќуќи ба номи А.М.Баҳоуддинов, 2012. –С.50-51).
Дар модели сохтаи Ҷамшед инсонҳо бо дарназардошти донишу биниш ва ҳунару маҳорат ҷойгоҳи иҷтимоӣ касб мекунанд. Ба ин тартиб, Ҷамшед ба унвони нахустин бунёдгузори давлат ва фарҳанги дунявӣ сохтори табаќотӣ (синфӣ)-ро ба вуҷуд меоварад, ки тибќи он ҳар кас, мувофиќи донишу биниш ва ҳунару фаросаташ ба коре ҷалб карда мешавад ва бо ин тарзи мудирияту фаъолият таносуби неруҳои корӣ ва фикриро танзим мекунад. Ба сухани дигар, Ҷамшед бо назардошти воқеият ва бар мабнои истеъдод ва маҳорату малака инсонҳоро ба фаъолият ҷалб месозад. Ин нуктаро Фирдавсӣ ба забони назм ин тавр баён сохтааст:
Ки то ҳар кас андозаи хешро
Бубинад, бидонад каму бешро.
Минбаъд дар устураи Фаридун, ки баъди шикасти Заҳҳок барномарезиҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию рифоҳии Ҷамшедро идома медиҳад, мудирияти давлатӣ бар асоси хирад эҳё мегардад. Ҳаким Фирдавсӣ даврони салтанати Фаридунро, ки бар пояи мудирияти ақлонӣ ва адолати иҷтимоӣ устувор, ҳамзамон бо рифоҳу хушҳолии оммавӣ тавъам будааст, ситоиш карда, мегӯяд:
Фаридуни фаррух бинвохташон,
Зи роҳи хирад пойгаҳ сохташон.
Қолиб ва моделҳои устурӣ ва мифологии моро имрӯз метавон дар шаклу сохтори давлатдориҳои урупоӣ мушоҳида кард. Ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки урупоиён мероси сиёсӣ, фикрӣ, илмӣ, адабӣ, ахлоқӣ ва мадании моро ба худ ихтисос додаанд. Ин маънои онро дорад, ки урупоиён бо такя ба донишу мантиқу маърифати зинда (на дониши хурофотию карахту мурда) моделҳои нави давлатдорӣ ва ҷомеасолориро сохта, мавриди истифода қарор додаанд. Дар ин миён моделҳои давлатдорӣ, дунёмадорӣ, ҷомеасозӣ ва фарҳанггустарии мо ҳам мавриди омӯзиш, пажӯҳиш, корбурд ва истифода қарор гирифтааст. Гап сари ин аст, ки мо, мутаассифона, аз он мероси бузурги бостонӣ, ки дархӯри ҷаҳониён шудааст, хуб истифода накардаем ва имрӯз ҳам дар ин замина саҳлангорӣ ва бетафовутӣ мекунем. Агар мо, воқеан, ба фарҳанги сиёсӣ, ҷомеасозӣ, мардумсолорӣ ва додпарварии миллӣ ҷиддӣ таваҷҷуҳ мекардем, ниёз ба омӯзишу истифодаи дигар фарҳангҳо хеле кам медоштем. Вале тайи таърихи тӯлонӣ зеҳни хурофӣ ва тафаккури баста моро ҳамеша дунболагирӣ карда, аз масири дурусти ҳаракати фикрӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, илмӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ боздоштааст.
Хушбахтона, миллати тоҷик ва мардуми тоҷикистонӣ тайи 29 соли ахир дар масири сохтмони давлатдории миллӣ ва татбиқи низоми дунёмадорӣ гом бармедорад ва аз ин интихоб зарар надида, балки бурд кардааст. Бурд он аст, ки низоми давлатдории миллӣ ва ҷомеаи дунёмадорӣ имкониятҳои баробарро барои афроди миллат фароҳам меоварад ва ҳалли дастаҷамъонаи мушкилотро тақозо мекунад. Қатъи назар аз он ки дар самти таҳкиму тақвият додани раванди сохтмони давлатдории миллӣ мушкил дорем, вале интихоби низоми дурусту мантиқиии дунявӣ имкнияти мусоид фароҳам меоварад, ки дар ҳамбастагии иҷтимоию сиёсӣ ва эҷодию маданӣ камбуду мушкилот ҳаллу фасл шаванд.
Бояд ёдовар шуд, ки мушкилот дар тамоми давлат ва ҷомеаҳо вуҷуд доранд. Аммо дар кишвар ва мамлакатҳое, ки низоми давлатдории дунявиро интихоб карда, дар ин росто муваффақона ҳаракат мекунанд. ҳалли мушкилот ба таври дастаҷамъӣ (коллективӣ) сурат мегирад. Яъне, мардум ва табақоти иҷтимоӣ дар ҳалли мушкилот ва муаммоҳо дар канори давлат вомеистанд. Бо давлат ва ниҳодҳои давлатӣ ҳамкорӣ кардан, ҷараёни ҳамшарикию ҳамбастагии сиёсию иҷтимоиро таҳким бахшидан ва билохира дар ҳалли мушкилот ва рафъи навоқис фаъол будан асоси низоми давлатдории дунявиро ташкил медиҳад.