joomla
free templates joomla

ФАРҲАНГИ ҲИФЗИ ОИЛА ДАР ЗАМОНИ ҶАҲОНИСОЗӢ

     Айни ҳол дар санаи 24.05.2023 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинори илмӣ-оммавӣ дар мавзуи "Фарҳанги оиладорӣ: рушду пасравӣ дар низоми барпо кардани оила ва ҳифзи он дар шароити муосир" баргузор гардид. Барандаи семинор доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳиба Маҳмадҷонова ҷиҳати воридшавии занону бонувон ба низоми оиладорӣ ва бархурди онҳо бо волидайн дар заминаи нофаҳмиҳо ва хусумати модаршӯ маърӯза кард. Номбурда зимни суханронии бардавом таъкид намуд, ки аввалан, занону бонувон ҷиҳати ҳифзи оила омода гардида, баъдан бо истифода аз технологияҳои муосир чун телфунҳои мобилӣ байни аъзои оила ба сифати "хабаррасон" хидматрасон нагарданд, ки тибқи таҷрибаи зиндадилон ҳар рушду тараққӣ боз пасрафту инҳитот маҳсуб мешавад. Дар вайронии муносиботи зану шавҳар тибқи маърӯзаи олим на занро ва на мардро гунаҳкор бояд донист. Агар марду зани ҷавон дар умури оиладорӣ ихтиёр дошта бошанд, онҳоро даъват кардани дигарон ба ҷудошавӣ таъсир намекунад. Бинобар ин, бояд ҷавонони муосир дар ҳалли масоили оилавӣ озод бошанд, чунки бидуни озодӣ ва озодандешӣ мустаҳкам намудани низоми оиладорӣ номумкин аст.

Возможно, это изображение 3 человека, помост и текст

      Баъдан, доктори илмҳои таърих Ширин Қурбонова дар идомаи мавзуъ баромад намуда, иқрор намуд, ки занону духтарони мо бояд дар вазъияти феълӣ анъанаҳои хуби оиладории гузаштаи халқи моро дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳифз карда, ҷиҳати дифоъ аз манофеи миллӣ омода бошанд.
Сипас, дар семинор мубоҳиса барпо гардид, ки дар он доктори илмҳои таърих Ширин Қурбонова, корманди ИОМОА Мирсаид Раҳмонӣ ва дигарон ширкат дошта, ба барандаи семинор суолҳои муҷаз доданд.

Возможно, это изображение 2 человека, люди учатся, офис и текст

     Дар анҷом вазифадор ҳастем тазаккур диҳем, ки аксар иштирокдорони семинор занону бонувон буданд.
Возможно, это изображение 8 человек и помост
 

 

 

 

 

 

 

 

Ҷавонон аз дидгоҳи Иқболи Лоҳурӣ (ба муносибати Рӯзи ҷавонони кишвар)

Муаллиф: Раҳмонов Мирсаид
Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони шумо,
Эӣ ҷавонони Аҷам, ҷони ману ҷони шумо!...
Иқболи Лоҳурӣ
   Ҷомеаву миллатҳо бо доштани неруву хирад ва донишманддону донишдӯстон паӣваста рушд мекунанду мардумони худро ба сӯи фардои нек роҳнамоӣ менамоянд. Дар ин зимн,бузургони забону адаб, аз ҷумла Аллома Иқболи Лоҳурӣ ҷавононро заминагузори асосии ҷомеа медонад ва муносибату мукотибаи онҳо дар масоили корбудрди давлатдорӣ муҳим ва зарурӣ ҳисобида мешавад. Муҳаммад Иқбол ба ҷавонони ғаюр ва озодихоҳ дар шеърҳои урду ва форсӣ-тоҷикиаш хос хитоб карда, аз онҳо даъват менамояд, ки гирди ваӣ халқа зананд, то ки ӯ бо оташи ниёконашон паӣкарони аз обу гил сиришташудаи онҳоро чун сафоли кӯзаҳо бипазанду истеҳком бахшида дар ҷодаи худшиносӣ такомул ёфта, сарзамини худро озоду ободу ором нигоҳ доранд. Аз нигоҳи Иқбол чун марди фозилу фаӣласуфи Шарқ ҷавонон бо саводнокӣ ва фаросату фасоҳати забониву адабии худ масоили мубрами ҷомеаашонро ҳаллу фасл карда, монеаҳоро бо хираду зиракии сиёсӣ убур карда, аҳдофу арзишҳои озодиву истиқлол, бахту саъодатро барои мардумони худ фароҳам меоваранду Ватанро аз чамши ҳасудону зиёноварон ҳимояву ҳифозат мекунанд. Нигоҳи ӯ ба таълиму тарбия ва ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон низ бо ифодаи зебои шоирона бофта шудааст.
Ба гуфтаи Иқбол, ҳадафи таълим аз як сӯ интиқоли муассири мероси фарҳангӣ, низомҳои эътиқод ва салоҳиятҳо аз як насл ба насл ва аз сӯи дигар роҳи тавонбахшӣ ва таҳкими зеҳни инсон аст. Иқбол тавассути илму донишу таълим мехоҳад, ки ҷавонон раванди тафаккури интиқодӣ, таҳлили амиқ ва пурсишҳои доимӣ ба худшиносӣ комёбӣ ҳосил намоянд. Иқбол ҷавононро ташвиқ мекунад, ки тафаккури саволу пурсиш таълиму тарбия гирифта, баҳсҳои боандеша дошта бошанд. Ба эътиқоди Иқбол, таҳсилот бояд ҷавононро барои амалӣ сохтани нерӯи эҷодии худ, ки метавонад ба манфиати бештари ҷомеа истифода шавад, илҳом бахшад. Маҳз ҳамин дастёбӣ ба фардият ё худшиносии онҳо заминаҳо гузошта, онҳоро бо донишу малака ва хирад ба фардои нек омода месозад. Илова бар ин, Иқбол ҷавононро ташвиқ мекунад, ки ҳамчун донишманди эҷодкор тарбият ёфта, ба тавоноии шуури инсон ва бештар ба динамизми чавонии худ боварӣ дошта бошанд[1].
Шоир бовар дорад, ки ҷавонон имрӯзу ояндаанд ва хитоби зиёди ӯ барои ҷавонон, бахусус ҷавонони Ватансоз бештар буда, дар ашъораш аз боварии комил онҳоро ба ибораҳои оғози баҳор, дамидани субҳ умеди фардо, шоҳини баландпарвоз ҳамчун нерӯи асосии ҷомеа мешуморад.
Ӯ аз ҷавонони бо хираду зираку сиёсатшиносу муҳибби Ватан навмед нашуда, бо боварии комил фардои рӯшанро дар дасти онҳо дониста, андешаҳояшро барои рушду такомули онҳо хело хубу возеҳ баён кардааст. (Ниг. Холид Амирхон. Фарзанди номбардори Ховарзамин, Иқболнома, саҳ. 9).
Собиқ сафири Покистон дар Тоҷикистон Холид Амирхон низ таъкид кардааст, ки ҳама орзуву умеди Муҳаммад Иқбол навҷавонони миллат мебошанд. Вай бо ашъори диловез ва афкори баландмазмуни худ дар пайравии бузургони адабиёти оламгири форсу тоҷик, бахусус пир ва муршиди бузургаш Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ оташ дар дили ҳамагон мезад.
Дар ин зимн, ба андешаи донишманди пурмаҳсули тоҷик Алии Муҳаммадии Хуросонӣ: «Муҳаммад Иқбол дар эҷоди бадеӣ ва рӯҳи созандагӣ дар тарбияи Инсони комил ба ҳар паҳлӯе, ки мегардад, ба ҳар дурие, ки назар меафканад, ба ҳар самту тарафе, ки мавриди наззора баҳри кашфи асроре қарор медиҳад.
Ба қавли Хуросонӣ Муҳаммад Иқбол ба Ҷалолуддини Румӣ рӯй меорад ва бо ҷозибаи даруни шӯрҳо дар ниҳоди хеш дарк мекунад ва ё ба қавли ӯ:
Аз найи он найвози покзод,
Боз шӯре дар ниҳоди ман фитод[2].
Ҳамин аст, ки Муҳаммад Иқбол аз як тараф бо оҳанги омиронаи ватандӯстонаву меҳанпарастона, аз ҷониби дигар хайрхоҳонаву мададгорона илтиҷо менамояд, ки баҳри озодиву ободиву оромӣ бо дили гарму дидаи бедор бошем».[3]
Муҳимият ва қадру манзалати ҷавононро Иқбол хело хуб дарк кардааст, ки дар ин замина шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ Ҳақназар Ғоиб бузургии ӯро дар асараш «Дар таҷаллии офтоби Аллома Иқбол», овардааст, дарвоқеъ манзумаи нав ва ҷадиду мондагоре аст, ки бо илҳом аз андешаҳои мутараққӣ ва шарқгароёнаи Аллома тамаддунҳои Шарқ ва Ғарбро мекушояд.[4] Ӯ дар мавриди шеъри Иқбол мегӯяд:
Буд ӯ чашму дили бедори Шарқ,
Офтоби рӯҳи исёндори Шарқ.
Ҳамин тариқ, масоили ҷавонон ва нақши онҳо дар рушди давлатдорӣ ва ҳимояи Ватун сарзамин бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла Президенти кишвар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, соли 2017-ро ҳамчун «Соли ҷавонон эълон кардан аз ҷониби Пешвои миллат аз хирадмандию дурандешии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон шаҳодат медиҳад.
Дар ин замина, форуму чорабаниҳои муҳим оиди ҷавонон сурат гирифта, онҳо дар шароити феълии ҷомеаи Тоҷикистон, неруи пешбарандаи кишвар муҳим шуморида шуда, фаъолият ва ҷойгоҳи онҳо дар рушди бахшҳои муҳими ҷомеа ва дурнамои рушди соҳаҳои иқтисодиёти кишвар хеле муҳим арзёбӣ гардидааст. Ҳамин тариқ, санаи 19-уми моҳи майи соли 2022 дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар асоси нақша чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар ҳамбастагии Созмони кор бо ҷавонони донишкада Мизи мудаввар таҳти унвони “Ҷавонон давомдиҳандаи ҳадафҳои олии кишвар” баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки таблиғи омӯзиши мероси таърихӣ дар баӣни ҷавонон ҷиҳати ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ аз таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, доимо таъкид менамоянд, ки «Мо бояд аз умқи таърих шуъла бардорем на ин ки хокистар». Зеро таърихи ниёгони мо пур аз саҳифаҳои қаҳрамонӣ дошта, дар натиҷаи мутолиа намудани онҳо ҷавонон нисбати Ватан- Модар нигоҳи дигар паӣдо карда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки номбардори гузаштагони хеш гарданд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ ҳамеша таъкид месозанд, ки «Ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанд», то ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ, ватандӯстиву масъулиятшиносӣ тарбият ёфта, рушд намоянд.
Дар хулосаи калом бояд таъкид кард, ки дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 48-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи сентябри соли 1993 Тоҷикистон оғози яке аз давраҳои муҳим дар ҷодаи пешбурди сиёсати байналмилалии он маҳсуб меёбад. Дар партави суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъдан борҳо аз минбари баланди СММ ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ оид ба масоили муҳимтарини байналмилалӣ ва таҳдиду хатарҳо ва амнияти умумиҷаҳонӣ суханронӣ намуда, роҳи ҳалли онҳоро аз нигоҳи Тоҷикистон арзёбӣ намудаанд. Яке аз масоили муҳим нақши ҷавонон ва дастгирии онҳо дар пешбурди ҷомеа ва давлат мебошад, ки ҳама ифтихор аз он дошта, аз сарфарозии кулли мардуми Тоҷикистон ва минтақа мебошад. Аз ин рӯ ҳамаи мо, махсусан ҷавонон бояд дар ин самт зираку ҷасур бошанду нисбати фарҳанги миллии худ эҳтиром дошта, онро пос доранд. Дар ин зимн, мо ҳама якҷо метавонем, Ватанро дар партави мактаби сулҳу созандагӣ ва формулаи эҷодшудаи камина аз ибораи англисӣ зери унвони “PEACE” маъхаз мегираду ҳар ҳарфи он мафҳуми хосе дорад, ки шарҳу тавсифи ибораи мазкур бо пешниҳоди камина ба таври зайл маънидод шудааст кишварро ОЗОДУ ОБОДУ ОРОМ нигоҳ дорем:
Promotion-тарвиҷу тарғиби сулҳу субот
Economization-сарфаҷӯии иқтисодӣ
Activation-фаъолсозии барномаву лоиҳаҳо
Cooperation-ҳамкорӣ
Elimination-маҳву бартарафсозии хатарҳои ҷомеа
Ва ё аз забони камина,
Имсоли соли борон,
Мева шудаст фаровон.
Аз он хӯред дӯстон,
Кунед шукри Раҳмон.
Диёри Тоҷикистон,
Ҳама гаштааст гулистон.
Зи Ваҳдату дӯстӣ,
Ватан шудаст нуристон.
Ҳар кас донад қадри он,
Монад доим дар амон.
В-агар онро надонад,
Бошад доим дар зиён.
Мирсаид Раҳмонов,
ходими калони илмии
шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ
[1] Доктор Фотима Реҳан. Иқбол, таълим ва ҷавонон.Рӯзномаи Nation https://www.nation.com.pk/09.../iqbal-education-and-youth November 09, 2017
[2] Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Куллиёти Форсӣ. «ПАЁМИ ОШНО» ДУШАНБЕ - 2008 ББК Муҳаррири масъул: Қиёмидин Сатторӣ Ҳуруфчин ва саҳифабанд: Ҳамидуллоҳи Азиз с.17-17
[3] (Ниг. Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. Мавлоно Румӣ, аллома Иқбол ва Халилуллоҳи Халилӣ. Алманахи «Боргоҳи сухан», китоби 9, Маскав, 2007, саҳ. 7).
[4] Муҳаммадризо ТОҶДИНӢ. Маорифшоире аз табори Рудакиву Фирдавсӣ. Садои Мардум/ №2 - 3 (3796 -3797) 06.01.2018

“ҶАВОНОН ҚУВВАИ БУЗУРГ, НЕРӮИ СОЗАНДА ВА ОЯНДАИ МИЛЛАТАНД”

 

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Возможно, это изображение текст
    Дар бунёди давлати демократию дунявӣ мақоми ҷавонон бағоят бузург аст. Зеро дар тамоми кишварҳои дунё махсусан ҷавонон ба сифати як нерӯи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудааст.
    Ҷавонони кишвари мо аз рӯзҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои ватандӯстона нишон дода, барои ҳифзу якпорчагии Ватани маҳбуб ҷоннисориҳо карданд, дар ҳаёти сиёсии кишвар иштироки фаъолона карда, ҳамеша ҷонибдори сулҳу амният ва оромиву осудагии давлату миллати хеш мебошанд.
Дар даврони соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш ва мақоми ҷавонон боз ҳам пурсамар ба назар мерасад. Ҳар гуна тадбирҳое, ки дар кишвар андешида мешавад, пеш аз ҳама, ба манфиати ҷавонон ва барои беҳбудии ҳаёти онҳо амалӣ мегардад.
    Боиси сарфарозист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат баъд аз 70 рӯзи сарварии Роҳбари давлат 2 феврали соли 1993 бо намояндагони ҷавонони кишвар вохӯрии судмандро анҷом доданд. Пешвои миллат, аз ҳамон лаҳза шуруъ карда, пайваста ба дастгирии ҷавонон эҳтимол варзида, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон дастгирӣ менамоянд ва шароити мусоиди кору фаъолиятро барои онҳо пайваста таъмин месозанд. Ба ҳамин мақсад Пешвои миллат таъкид менамоянд: “Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд”.
    Сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои калидии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Зеро кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ба ин қишри ҷомеа дар сиёсати худ таваҷҷуҳи асосиро равона месозанд. 23 майи соли 1997 дар мулоқот бо ҷавонон Пешвои миллат қайд намуда буданд, ки “Ҷавонон, ки 70 фисади аҳолии ҷумҳурианд, неруи такондиҳанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷамъият буда, ҳама чиз вобаста ба он аст, ки аз неруи азим чи тавр истифода бурда мешавад. Ин неру метавонад ҳам созанда бошад ва ҳам сӯзандабоз ҳам” [6, с. 139].
     Дар Паёми Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 таъкид гардид, ки «Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд» [4, с. 28].
        Дар шароити муосир сиёсати давлатии ҷавонон бо дарназардошти на танҳо вазъият ва равандҳои хоси дохили давлатӣ, балки дар заминаи омилҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба амал бароварда мешавад.
       Ҷавонон, ки қисми ҷудонопазири ҷомеа маҳсуб меёбанд, барои тақдири имрӯз ва ояндаи давлати худ масъуланд. Масъулияти насли ҷавон дар асоси аз худ намудан ва такмил додани низоми арзишу меъёрҳо ва истифодаи онҳо дар рафтору фаъолияти хеш, ки ба тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад, амалӣ карда мешавад.
       Пешвои миллат ҳангоми суханронӣ дар маҷлиси ботантана бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи ХХ Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳанӯз гуфта буданд: «Мо бояд дар замири насли ҷавон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро талқин намоем, то онҳо тавонанд, дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш, Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд».
       Маҳз сиёсати сулҳпарварона ва ҷавонпарваронаи Пешвои миллатамон буд, ки дар самти дастгирии ҷавонон санадҳои муҳими давлатӣ қабул ва самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян карда шуданд. Аз ҷумла, 13 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ба тасвиб расонида шуд, ки бо мурури замон қонуни мазкур дар таҳрири нав бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз 15 июли соли 2004 қабул гардид.
      Сиёсати ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ нисбат ба ҷавонон аз рӯзҳои нахустини Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, он дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 1992 «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» инъикос гардидааст.
       Дар қонуни мазкур қайд шудаааст, ки «сиёсати давлатии ҷавонон бахши ҷудонопазири сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз низоми тадбирҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқие иборат мебошад, ки онҳоро мақомоти давлатӣ бо мақсади фароҳам овардани шароиту имкониятҳо ва кафолатҳо барои ташаккули иҷтимоию инкишофи ҷавонон ва ҳарчӣ бештар амалӣ намудани нерӯи эҷодии онҳо барои манфиатҳои тамоми ҷомеа татбиқ менамоянд» [1, с. 3].
Аз рӯзҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар тадбирҳои амалӣ андешида истодааст. Дар ин муддати кӯтоҳ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҷавонон, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти онҳо, инчунин татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла
       Барои дар амал татбиқ намудани қонуни мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра, аниқтараш 5 маротиба Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон», 3 маротиба «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатиии ҷавонони Тоҷикистон», 2 маротиба «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2013-2015 ва 2016-2018, «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» қабул гардидаанд, ки дар маҷмӯъ, барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва барои ба ҳадафҳои ниҳоии сиёсати давлатии ҷавонон расидан заминаи мусоидеро фароҳам оварданд.
      Омӯзиш ва таҳлили татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки онро ба якчанд марҳилаҳои таърихӣ ҷудо намоем. Замина ва меъёрҳои ҷудо намудан ба марҳилаҳо ин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» (13 марти соли 1992), имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни соли 1997), қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» (15 июли соли 2004), таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (19 июли соли 2015) ва эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» мебошанд.
       Марҳилаи якуми татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон моҳи марти соли 1992 – моҳи июни соли 1997-ро дар бар мегирад. Ин марҳила бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» сарчашма гирифта ва бо имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ хотима меёбад. Маҳз дар ҳамин марҳила Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 1992 «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» саҳифаи навро дар рушди ҳаракати ҷавонон оғоз намуд.
        Рушди минбаъдаи сиёсати давлатии ҷавононро метавон пас аз Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд намуд. 17 марти соли 1994 дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон иштирок намуда, ҷавононро аз хатогиҳои гузаштаи таърих дарси ибрат гирифтан, муттаҳид ва якҷоя амал намудан ва ба роҳи Ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ даъват намуда, қайд карданд, ки: «Идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пешрафти Ватани азизамон мебошад» [5, с. 207]. Бешубҳа, ин вохӯрӣ дар ҳаёти ҷавонон ва умуман дар ҳаракати ҷавонони кишвар ҳамчун рӯйдоди муҳими таърихӣ ворид гардид.
        Таърихи воқеан фаромӯшнашвандаи ҷумҳурӣ ин мулоқоти Пешвои миллат бо ҷавонон мебошад, ки 23 майи соли 1997 баргузор гардида буд. Ин вохӯрӣ дар арафаи ба даст овардани ризояти комили миллӣ рост меояд. Раванди нобоварӣ ва низоъ ба марҳилаи ҳамкорӣ дар роҳи бунёди давлатӣ демократӣ табдил ёфт.
Бо мақсади татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» 23 майи соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармон «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба беҳтар намудани кор бо ҷавонон» ро имзо намуданд, ки дар натиҷа 27 майи ҳамон сол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор «Дар бораи таъсис намудани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расонид. Дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати сиёсати ҷавонон ба фаъолияти худ оғоз намуд. Таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин оғози як марҳилаи нав дар ҳаллу бартараф намудани масъалаҳои ҷойдоштаи сиёсати давлатии ҷавонон буд.
      Марҳилаи дуюми татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аз давраи ба имзо расидаи Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияити миллӣ то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири навро фаро гирифт.
     Муҳимтарин нишонаи ин марҳила – таъйини ҷавонон ба мансабҳои гуногуни роҳбарикунанда дар мақомотҳои давлатии минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ буд. Тибқи қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ» намояндагони қишри ҷавонон сазовори курсии вакилонро сазовор гаштанд.
      Бояд зикр намуд, ки маҳз дар ана ҳамин марҳилаи рушд бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 май, ҳамчун «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» эълон карда шуд.
      Марҳилаи сеюми татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули Қонун «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав (июли соли 2004) оғоз меёбад ва то таъсис ёфтани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад.
Марҳилаи чоруми татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъсис ёфтани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (19 июли соли 2015) оғоз меёбад.
        Ҳайати Шӯро аз ҳисоби роҳбарони ниҳодҳои сохтори алоқаманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон иборат буда, онро бевосита Пешвои миллат роҳбарӣ менамоянд.
       27 майи соли 2016 иштирок ва суханронии Пешвои миллат, Президенти дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонони дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як саҳифаи навро дар таърихи ҳаракати ҷавонони кишвар кушод. Дар назди аъзои Шӯро, Пешвои миллат суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳадафи ин сохтор – баррасии масъалаҳои марбут ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва ҷалби ҷавонон ба корҳои муҳимми давлатӣ ва ҷамъиятӣ, амалӣ намудани усулҳои самараноки ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои ҷавонон мебошад.
        Дар рафти ҷаласаи мазкур Пешвои миллат ба масъалаҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар ҷомеа, дуруст эҳсос намудани набзи ҷомеа, эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз таъсири ҳама гуна омилҳо ва ақидаҳои носолим, инчунин тарғиби тарзи дурусту мақсадноки ҳаёти ҷавонон мавриди баррасӣ қарор доданд.
         Марҳилаи панҷуми татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ироаи Паёми Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 декабри соли 2016 баргузор гардида буд, оғоз ёфт ва то ин ҷониб идома дорад.
       Бояд тазаккур намуд, ки дар рафти ироаи Паёми худ Пешвои миллат зикр намуданд, ки: «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорд. Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад».
Эълон гардидани соли 2017, ҳамчун «Соли ҷавонон» ин ифтихор ва сарбаландии тамоми ҷавонони ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад ва ин маънои онро дорад, ки ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори боварии Пешвои миллат гардидаанд.
        Дар баробари ин, ҷавононро зарур аст, ки ҳарчи бештар аз манфиатҳои сиёсии кишвар истифода намоянд, забонҳои хориҷиро омӯзанд, донишҳои замонавӣ азбар намоянд ва саҳми худро дар рушду устувории кишвари азизамон – Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоранд.
       Пешвои миллат дар паёми навбатии худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 23.12.2022 ироа гардид, борҳо таъкид намуданд, ки баҳри ҳимояи ватани хеш аз ҳеҷ чиз ва ҳеҷ кас натарсед, далер бошед, ҷавононро дар руҳияи ватандустӣ тарбия намоед. Президенти кишвар иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо шарикони байналмиллалӣ, аз он ҷумла Созмони миллалӣ муттаҳид, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба баҳри пешравӣ ва таъмини амнияти марзу бум идома медиҳад. Қайд кардан зарур аст, ки аъзоёни ин созмонҳо баробари имзо гузоштан ва аъзо шудан ӯҳдадорӣ мегиранд, ки ҳангоми ба вуҷуд омадани таҳдид ба амният ва марзу буми аъзои дигар кӯмаки саривақтии худро мерасонанд.
Пешвои миллат бо дарки он, ки ҷавонон қувваи асосӣ ва ояндаи давлат мебошанд, дар ҳар як суханронӣ ва баромадашон такрор ба такрор зикр мекунанд, ки ҷавонон ояндаи миллатанд. Президенти кишвар қайд намуданд, ки имрӯзҳо гуруҳҳои гуногуни экстремистиву террористӣ ба вуҷуд омадааст, ки гаравидани ҷавонон ба онҳо хатари зиёд дорад. Бинобар ин "Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027" қабул карда шуд. Мо ҷавононро мебояд ватандӯст бошем ва баҳри ҳифзи марзу буми кишвар ҷони худро дареғ надорем.
       Хулоса, сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали бадастовардани истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз такмил ёфта истодааст ва Ҳукумати кишвар баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси меҳанпарастии ҷавонон, тақвият бахшидани корҳои ҳарбию ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати ахлоқии ҷавонон ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо дар замони ҷаҳонишавӣ, пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷинояткорӣ, паст кардани бегонапарастӣ миёни ҷавонон, ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи диёр, таҳкими робитаҳои дӯстона, ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи комил ва муқаддас доштани арзишҳои миллӣ, ташаккули идрок, зеҳн, малака ва савияи дониши наврасону ҷавонон баҳри ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқат ва соҳибилму маърифат тамоми нерӯи худро равона намудааст.
      Имрӯз ҷавонони саодатманди миллат, пеш аз ҳама, бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунанд ва аз ташаббусҳои Пешвои миллат нисбати ҷавонон ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо бағоят миннатдор ҳастанд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо мо ҷавононро мебояд, ки барои омӯзиши илму дониши муосир кӯшиш намуда, саҳми худро дар роҳи беҳбудӣ бахшидани ҳаёти ҷомеа ва рушди устувории кишвари азиз ба маротиб афзоем. Чуноне, ки Пешвои миллат таъкид медоранд: “Шумо ҷавонон умеду орзуи мо, татбиқкунандагони нақшаву ниятҳои неки насли калонсол ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик мебошед ва вазифадоред, ки ин масъулияти бузургро содиқонаву сарбаландона иҷро намоед”.
АДАБИЁТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсти давлатии ҷавонон» // Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – 1992. - №9. – С.3
Маҷмуаи мақолаҳои олимони ҷавон дар конференсияи илмӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Тарбияи ҷавонон дар ҷомеаи муосир: пешравиҳо, муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо». Хуҷанд, ДДҲБСТ, 28 феврали соли 2017. 352 с.
Набиев В. Президент Эмомалӣ Раҳмон ва ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон / В. Набиев. – Хуҷанд: Меъроҷ, 2013. – 48 с.
Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. ш.Душанбе, 22 декабри соли 2016. – Душанбе: Шарқи озод, 2016. – 40 с.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23.12.2022 http://www.prezident.tj/node/29823
Эмомалӣ Раҳмон. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат / Эмомалӣ Раҳмон. – Ҷилди аввал. – Душанбе: “Ирфон”, 2002, - 512 с.
Эмомалӣ Раҳмон. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат / Эмомалӣ Раҳмон. – Ҷилди 2. – Душанбе: “Ирфон”, 2002, - 512 с.
                                                                                                                                                                                   Раҳмонзода Азимҷони Шералӣ,
                                                                                                                                                                                   муовини директор оид ба илм
                                                                                                                                                                                   ва таълими Институти Осиё
                                                                                                                                                                                   ва Аврупои Академияи миллии
                                                                                                                                                                                   илмҳои Тоҷикистон

 

 

 

Гузориши мухтасар доир ба сафари хизматии академик Мамадшо Илолов

 ва муовини директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ Раҳматов Ҷ.Ш. ба музофоти Гансуи Ҷумҳурии Халқии Хитой дар давраи 5-12 майи соли 2023
Мувофиқи Амри Президенти АМИТ, академик Ф. Раҳимӣ аз ------ таҳти рақами --- ва бо даъвати роҳбарияти Институти бизнес ва технологияи Гансуи ҶМХ, рӯзҳои 5-12 майи соли 2023 дар сафари хизматӣ будем. Сафари мо мутобиқи барномаи аз ҷониби мизбонон таҳияшуда баргузор гардид.
Нимаи аввали рӯзи 6 май аз лабораторияҳои илмии Институти бизнес ва технологияҳои Гансу дидан кардем.
Нимаи дуюми рӯзи 6-уми май дар коллоквиуми Раёсати илм ва технологияи музофоти Гансу иштирок намудем ва бо гузоришот дар фасли ҳамкориҳои илмии Марказ ва муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои музофоти Гансу сухан рондем.
Рӯзи 7-уми май ба истгоҳи моҳипарварии (aqua culture) ташриф оварда бо бозёфтҳои илмии олимони чинӣ дар самти парвариши гулмоҳии тиллоӣ аз наздик шинос шудем. Мавриди қайд аст, ки натиҷаҳои бадастовардаи мутахассисони чинии ин соҳа ба осонӣ татбиқи худро дар бассейнҳои моҳипарварии Тоҷикистон ёфта метавонанд.
Рӯзи 8-уми май дар машғулиятҳои техникӣ ва коммуникатсионии Донишгоҳи касбӣ-техникии захираҳо ва муҳити зисти шаҳри Ланҷоу ширкат варзидем. Дар донишгоҳ зиёда аз 21 ҳазор донишҷӯ аз ҶМХ ва кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, таҳсил мекунанд. Донишгоҳ дар самтҳои метеорология ва климатология, коркарди сангҳои ороишӣ ва қиматбаҳо, робототехника ва ғ. мутахассисҳои дараҷаи олии касбиро тайёр менамояд. Шурои олимони Донишгоҳ дар робита ба ҳузури олимони тоҷик ҷаласаи махсусро созмон дод ва дар он ректори Донишгоҳ ба академики АМИТ М.Илолов унвони профессори фахрии Донишгоҳро супорид.
Нимаи аввали рӯзи 9 май ба Институти энергияи табии Гансу ташриф овардем. Дар ҷаласаи назди директори Институт академик Илолов М. бо маърӯза таҳти унвони “Потенсиали энергетикии Карокӯл (Помири Шарқӣ)” баромад кард. Олимони институти номбурда ба пешниҳодҳои илмии олимони тоҷик мароқ зоҳир намуда, доир ба ҳамкориҳо дар ояндаи наздик майли худро изҳор доштанд.
Нимаи дуюми рӯзи 9-и май олимони тоҷик ба Донишгоҳи Ланҷоу ба Лабораторияи базавии системаҳои муҳити зисти Хитои Ғарбӣ, ки тобеи Коллеҷи илмҳо дар бораи замин ва муҳити зист мебошад, ташриф оварданд. Дар байни олимони тоҷик ва ҳамкорони хитоии онҳо мубоҳисаи хеле муфиди илмӣ рух дод. Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки бояд миёни Донишгоҳи Ланҷоу ва Марказҳои илмӣ ва донишгоҳҳои Тоҷикистон робитаи илмӣ ва мубодилаи кадрҳои илмӣ ташаккул ёбад.
Рӯзи 10 майи соли 2023 дар толори асосии Институти бизнес ва технологияи Гансу ҷаласаи ҷамъбастӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҷонибҳо доир ба вохӯриҳои баргузоргардида ва хулосаҳои худро аз сӯҳбат ва мусоҳибаҳо изҳор намуданд. Инчунин дар ҷаласа ду ҳуҷҷат доир ба ҳамкорӣ (Протоколи ҳамкорӣ оид ба давом додани кори лабораторияи муштараки Тоҷикистону Хитой доир ба санҷиши маводи хӯрока ва Ёдошшти тафоҳуми Марказ бо Институти бизнес ва технологияи Гансу ва Институти энергияи табии Гансу) ба имзо расид.
Бо хурсандии комил қайд мекунем, ки ҷониби Хитой саъйю кӯшиши комил ба харҷ дод, то ки сафари мо бобарору пурмаҳсул бошад. Дар баробари шароити хуби корӣ, мизбонон тамоми шароити зарурии маиширо низ таъмин намуданд. Боварӣ дорем, ки нақшаҳои дар Протокол ва тафоҳумнома нишондодашуда дар вақташ ҷомаи амал мепӯшанд ва ҳамкории судманди тарафайн миёни олимони АМИТ ва олимони марказҳои илмии музофоти Гансуи Хитой ба сатҳҳои баландтар бардошта хоҳад шуд.
Академики АМИТ Илолов М.
Муовини директори Марказ Раҳматов Ҷ.Ш.

Осорхонаҳо оинаи пурҷилои таърихи халқу миллатҳо (дар ҳошияи Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо)

     Ҳамасола дар нимаи охири моҳи май ё дақиқтар санаи 18-уми май ҳамчун рӯзи байналмилалии осорхонаҳо солиёни дароз аст, ки пазирфута шуда, таҷлил мегардад. Тоҷикистони муосир низ дорори тамаддуни қадима буда, нақши осорхонаҳои он хело муҳим арзёбӣ мегарданд. Инҷо хостем матлаберо дар ҳошияи мақолаи чопшудаи рӯзномаи Минбари халқ санаи 17-уми май 2023 зери унвони “Осорхона-китоби хотираи инсоният” андешаронӣ намоем.Дар мақола муаллифи он Дурахшон Бобоева корманди Осорхонаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент оиди осорхона ва нақши бузургони мо дар таҳаффузу истифодаи он хело маълумотҳои муфид оварда шудааст. Дар ин зимн, иқтибосе аз сӯханони Президенти мӯҳтарами кишвар ба чунин матн оварда шудааст, ки аз нақш ва муҳиммияти осорхонаҳо гувоҳӣ медиҳад:
“Осорхона оинаи пурҷилоест, ки ҳаёт ва таърихи халқ, пирӯзиҳо ва нокомиҳои он, дастовардҳои илму фарҳанг ва сарнавишти фарзандони номдору ифтихорманди миллатро инъикос мекунад.”
    Дар ҳақиқат осорхонаҳо чун хотираи инсоният буда, коркарду кашфиёти олимон дар онҳо маҳфуз монда, барои истифодаи башар дар рушди илму адаб кӯмак мерасонанд. Мавриди зикр аст, ки дар фарҳанги луғатшиносӣ вожаи осорхона аз калимаи юнонии museion гирифта шудааст, ки маънои қасри музейҳо буда, чун муассисаи илмӣ ва маърифатие, ки кори гирдоварӣ, омӯзиш, нигаҳдорӣ ва ташвиқу тарғиби ёдгориҳои таърихӣ ва осори маданияти моддию маъниваиро дар он ба роҳ мемонанд, омадааст. Айни замон 150 кишвари олам ва 30 000 осорхонаҳо ҳамасола ин иқдомро амалӣ менамоянд, ки Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ, Осорхонаи адабию ёдгории М. Турсунзода аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
    Барои банда ҳам мояи ифтихор аст, ки дар ҳамин рӯзҳои ҷашни осорхона бо ҳамроҳии роҳбарияти Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ, Осорхонаи адабию ёдгории М. Турсунзода, аз ҷумла Директори он Абдураҳимов Амирхӯҷа ва тими кориашон аз наздик ба хондани беш аз 150 китобу дастхатҳои нодири форсӣ-тоҷикӣ машғулият доштем. Ҳамаи дастхатҳои нодир бо ташаббуси фарзанди меъмори адаби тоҷик, аввалин президенти Академияи илмҳои тоҷик Садриддин Айнӣ (1878-1954), Камолиддин Айнӣ (1928-2010) мебошад, ки бо кӯмаки наберагони устод Айнӣ, аз ҷумла Эраҷ Айнӣ дастрасӣ хонандагон гаштанд.
     Ҳамаи он аз заҳматҳои фарзанди бо камоли устоди Айнӣ, Камолиддин Айнӣ буда аз 95 соли умрашон сипарӣ шудааст, вале кори хайрашон то ҳанӯз боқӣ мондааст. Оиди бузургиву донишмандии Камолиддин Айнӣ яке аз донишмандон покистонӣ, устоди забону адаби форсу тоҷик доктор Орифи Навшоҳӣ дар китобаш зери увнони “Аз Панҷоб то Панҷрӯд” андешаҳояшро хело хуб овардааст.
    Доктор Ориф Навшоҳӣ дар китобаш қайд мекунад, ки феҳристи корҳои таҳқиқии Камол Айнӣ тӯлонӣ буда, эшон чанд матни форсии қадимро мураттаб намуданд, ки “Шоҳнома-и Фирдавсӣ ва масанвиёти “Гули Наврӯз ва “Ҳумой ва Ҳумоюн”-и Ҳоҷуи Кирмонӣ аз ҷумлаи онҳост. Донишманди покистонӣ қайд кардааст, ки ӯ аввалин маротиба Камол Айниро дар конфронси байналмилалӣ дар оиди Фирдавсӣ моҳи декабри соли 1990 дар Эрон мулоқот кардааст. Ҳар ду бо ҳам унс гиритфа, мубодилаи афкор намуданд.Донишманди покистонӣ қайд менамояд, ки тибқи маълумоти Камол Айнӣ волидааш ё оилаи устод Садриддин Айнӣ аз авлоди Мирсаид Алии Ҳамадонӣ будаанд. Мулоқоти дуввуми Ориф Навшоҳӣ бо Камол Айнӣ дар таърихи 22 моҳи июни соли 2006 дар меҳмонхонаи Бунёди эроншиносӣ дар Теҳрон сурат гирифт.Дар ин замон умри Камол Айнӣ ба ҷое расида, шунавоиаш сангин шуда буд. Ҳар ду бо ҳам оиди сафари Камол Айнӣ ба Покистон ва шиносоиш бо доктор Аҳмад Ҳасан Донӣ ва Пир Ҳисомиддин Рошидӣ сӯҳбатҳо намуда, хотираҳои худро шод карданд.
    Ҳамин тариқ, донишманди покистонӣ дар сафари худ ба Тоҷикистон соли 2009 бо Камол Айнӣ мулоқот намуд, ки ӯ андешаҳояшро дар бораи волиди худ (Садриддин Айнӣ) барои доктор Ориф Навшоҳӣ бо шеъре баён мекунад, ки дар ҳини сакароти марг замзама кардааст:
Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад,
В-ин тифли нозпарвари ман дар ба дар шавад.
     Тибқи овардаи Ориф Навшоҳӣ дар вақти хондани шеър Камол Айнӣ аз падараш мепурсад, кадом ғам бошад, ки падар дар ҷавоб мегӯяд: “Ғами миллат”.
Дар ҳақиқат устод Айнӣ барои миллат як гавҳари ноёбро фароҳам оварда, то охири умраш онро ҳифз намуда ва аз нобудшавии он доимо ғам мехӯрд. Дар воқеъ қаҳрамони Тоҷикистон, адиб ва олими барҷаста устод Садриддин Айнӣ барои илм, равнақи адабиёт ва худшиносии миллии мо хизмати зиёд кардааст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ин фарзанди фарзонаи халқи тоҷик барҳақ гуфтаанд: «Садриддин Айнӣ мавҷудияти халқи тоҷикро ҳамчун миллати қадимаи Осиёи Миёна исбот намуд, ҳаққу ҳуқуқҳои қонунии ин миллатро барои ташкил додани давлатдории миллии худ ба миён гузошт».
    Бо чунин ёдовариҳо ва саргӯзаштҳои ширину хотирмон мулоқоти нодиру таърихӣ миёни доктор Ориф Навшоҳӣ ва зиндаёд Камолиддин Айнӣ бо навишти шеъре аз ҷониби ӯ дар дафтарчаи адиби покистонӣ хотима меёбад:
Дидори ёри ғоиб донӣ, чӣ завқ дорад,
Абре, ки дар биёбон бар ташнае биборад.
     Хулоса, бузургонро бузургон мешисонанду таърих ному осори онҳоро гиромӣ медорад. Барои нависандаи сатрҳо мояи ифтихор аст, ки бо чунин мардони бузурги адабу забон ва таърих аз наздик мулоқот карда, сӯҳбатҳои хотирмон доштем.
    Ҳамин тариқ, метавон зикр кард, ки осорхонаҳо ва ҳомиёни онҳо чун китоби хотирот буда, рамзи ҳамдиливу ҳамоҳангиву ҳамкорӣ мебошанд. Роҳбарияти осорхонаҳо метавонанд барои боздидагону дилбохтагон барномаҳои махсус, аз ҷумла гузаронидани чорабаниҳо, фароҳам оварии маълумотҳои тозаву нодиру хотирмон, ҳамкориҳои зич бо музейҳои ҷаҳон ва маҳфили саволу ҷавоб барои таърихшиносону таърихдӯстон ташкил намуда, хадамоти худро бештару беҳтар фароҳам созанд. Лиҳозо мо олимону ходимони илму адабро лозим меояд дар ҳифзу нигоҳдории нодири онҳо саҳм гӯзошта, дар рушду модернкунонии онҳо кӯмак расонем.
Мирсаид Раҳмонов
Ходими калон ва таҳлилгари
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ