joomla
free templates joomla

ҚОМУСИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ХАЛҚИ ТОҶИК РӮИ ЧОП МЕОЯД

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти соли гузашта бо зиёиёни кишвар дар арафаи ҷашни Наврӯз масъулини соҳа ва олимони Академияи илмҳои ҷумҳуриро вазифадор кард, ки бо мақсади ташвиқу тарғиби арзишҳои таърихиву фарҳангии кишвар Қомуси ёдгориҳои таърихии халқи тоҷикро таҳия ва нашр намоянд.

Оё нашри  қомуси мазкур роҳандозӣ гардидааст ва ё не? Ба ин саволи мо Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (АИ ҶТ) Фарҳод Раҳимов чунин посух дод: 

-Оид ба ин масъала ҳаминро гуфта метавонам, ки гурӯҳи корӣ аз олимони варзидаи соҳаи таърих таъсис дода шудааст ва худи ман бевосита онро назорат дорам.

Вохурии Фарҳод Раҳимов бо сафири Туркманистон дар Точикистон

Нимаи дуюми дирӯз (27.03.2014 с.) дар Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимов-президенти Академияи мазкур бо сафири Туркманистон дар Тоҷикистон Аманлиев Ишонгули Хочимухамедович вохурӣ баргузор карданд. 

Нахуст ҷонибҳо ҳамдигарро бо фаррорасии иди Баҳор ва рӯзҳои Наврӯзи оламафрӯз, ки имрӯзҳо иди байналмиллалӣ ба шумор меравад, табрику муборакбод  намуданд.

Дар ҷараёни ин вохурӣ Раҳимов Фарҳод, президенти АИ ҶТ, қайд карданд, ки мамлакати мо имрӯзҳо бо ҶумҳурииТуркманистон муносибатҳои хуби ҳам сиёсӣ, ҳам иқтисодӣ ва ҳам фарҳангиро доро буда, умедвор аз он ҳастанд, ки дар оянда муносибатҳои илмиашонро низ мустаҳкамтар ба роҳ менонанд.

МАҶЛИСИ СОЛОНАИ АИҶТ ВА ВАЗИФАҲОИ СОЛИ 2014-И ОН


Дар маҷлис ҳисоботи мухтасари Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаи асосии фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии АИ дар соли 2013 ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2014» баррасӣ гардид. Натиҷаҳои муҳимтарини фаъолияти илмии АИ ҶТ дар соли 2013 Доир ба рӯзномаи маҷлис, паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти АИ ҶТ ва вазифаҳои дарпешистода ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти АИ Ҷ Т муҳокима шуд. Дар маҷлис ба 5 нафар олимони ҷавони кишвар, ки дар озмун ғолиб омадаанд, Диплом ва ҷоизаҳои АИ барои олимони ҷавон супурда шуд. Рӯзи 06 декабри соли 2013 Маҷлиси умумии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Т. Ҷабборова, вазири маориф ва илми ҶТ Н.С. Саидов, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоназаров С. иштирок намуданд.

Иди модарон дар Академияи илмҳои Тоҷикистон

Имрӯз (07.03.2014 с.) дар Раёсати Академияи илмҳои ҶТ ҷашни модарон, бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Ин чорабинӣ дар толори раёсати АИ ҶТ бо иштироки бевоситаи тамоми занони ин даргоҳи илму маърифат, ки тамоми ҳастии худро барои пешравии илм бахшида, дар ин соҳа кору фаъолият мекунанд, гузаронида шуд.
Сухани табрикотиро Фарҳод Раҳимов, президенти Академияи илмҳои кишвар оғоз намуда, таҳкид кард, ки мо бо шумораи он занҳое, ки дар пешравии ин даргоҳ саҳми худро бевосита гузошта ва мегузоранд, ифтихор менамоем.