joomla
free templates joomla

Ифтитоҳи Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон баъд аз таъмир

 

     13-уми августи соли 2015 бо иштироки президенти  Академияи илмҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Фарҳод  Раҳимӣ,  сафири фавқуллода ва мухтори  Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мехмет  Мунис Дирик ва директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи  илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Зикриё Акрамов маросими  ифтитоҳи  Осорхонаи  миллии бостоншиносии Тоҷикистон баъд аз таъмир  баргузор гардид.

     Президенти  Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик   Фарҳод Раҳимӣ ва директори Осорхонаи  миллии бостоншиносии Тоҷикистон, академик Раҳим  Масов ба Сафоратхонаи Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан ба ҷаноби сафир Мехмет Мунис Дирик барои таъмири қисмати берунии  бинои осорхонаи мазкур арзи сипос намуданд.

     Бояд  қайд кард, ки соли 2004 намуди берунаи бино ва соли 2014  боми бинои осорхона аз ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия ва маблағгузории бевоситаи Ширкати туркии «Тико» таъмиру таҷдид  гардида буд. Дар давоми ду моҳи соли  равон қисмати берунии бино пурра аз таъмир баромада пешкаши  меҳмонон ва ихлосмандони осори бою қадимаи ниёгонамон гардидааст. Дар осорхонаи  мазкур ёдгориҳои беназир ва атиқаи халқи тоҷик нигоҳдорӣ мешаванд. 

Ташрифи ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардумии Чин

 

     12-уми августи соли 2015  дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик  Фарҳод  Раҳимӣ  бо ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардумии Чин Динг  Чонгли, директори Институти Синзяни экология ва географияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардумии Чин Чен Ши ва ҳайати ҳамроҳонаш баргузор гардид.

     Зимни мулоқоти ҷонибҳо дар самти ҳамкориҳои дуҷонибаи илмии ду кишвари ба  ҳам дӯсту бародар ва ҳамсарҳад сухан рафта  таъкид гардид, ки дар оянда низ робитаҳои илмӣ ва муносибатҳои илмӣ-ташкилӣ байни ду кишвар боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.

     Академик Фарҳод Раҳимӣ ба меҳмонон аз дастовард ва таҷрибаҳои илмӣ-амалии олимони тоҷик дар соҳаи таҳқиқотҳои бунёдӣ  сухан ронда, меҳмононро роҷеъ ба дастовардҳои илмии муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно намуд. Мавсуф ҳамзамон оид ба  робитаҳои хуби  илмӣ  бо муассисаҳои илмии Академияи  илмҳои  Ҷумҳурии мардумии Чин бо қаноатмандӣ изҳори сипос намуда иброз дошт, ки дар оянда низ ин гуна ҳамкориҳоро тақвият хоҳанд бахшид.

     Дар мулоқот рафти корҳо оид ба ташкил намудани Маркази байналмилалии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ, ки бо дастгирии  Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардумии Чин дар заминаи Институти геология,  сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

     Ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардумии Чин Динг  Чонгли ва ҳайати ҳамроҳонаш  аз пазироии самимона ва дӯстонаи  президенти  Академияи  илмҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, академик  Фарҳод  Раҳимӣ    изҳори сипос намуданд.

     Сипас, ҳайати намояндагони  Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардумии Чин аз  Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пойгоҳи кӯҳии ботаникии мавзеи «Кондара» воқеъ дар ноҳияи Варзоб боздид ба амал оварданд.

 

Ҳамкориҳо вусъат меёбанд

 

     28-уми июли соли 2015 мулоқоти президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ бо раиси  Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии исломии Эрон доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил доир гардид.

     Дар мулоқот ҳамзамон Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ,  намояндагони Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии исломии Эрон, докторҳои илм Алиашрафи Содиқӣ, Алоиддин Таботабоӣ, хонум Насрин Парвизӣ  ширкат варзиданд.

    Ҳадаф аз мулоқот боз ҳам таҳким бахшидани равобиту ҳамкориҳои илмӣ миёни ду кишвари ҳамзабон ва дӯсту бародар иборат буд.

    Зимни мулоқот академик Фарҳод Раҳимӣ перомуни масоили корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ ва дақиқ сухан ронда, ҳамзамон оид ба рафти фаъолияти пурсамари олимони тоҷик дар мавзеъҳои таърихӣ-кишваршиносии Саразм, Панҷакенти қадим, Фархору Ҳисор ва димнаи Карон ва экспедитсияҳои кашшофӣ-тадқиқотӣ муфассал маълумот дод.

    Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

 

“ Фарҳангнигорӣ” Семинари байналмилалӣ

 

     29- уми июли соли 2015 дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Фарҳангнигорӣ» Семинари байналмилалӣ баргузор шуд. Дар он дар баробари олимони Институт, мутахассисони донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимони шинохтаи Фарҳангистони забон ва адаби Ҷумҳурии исломии Эрон: доктор Алиашрафи Содиқӣ, Алоиддин Таботабоӣ, саркорхонум доктор Насрин Парвизӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

     Дар семинар перомуни таҷрибаи фарҳангнигорӣ дар Тоҷикистону Эрон ибдоли ҳуруф шуд. Махсусан мутахассисони эронӣ аз таҷрибаи бистсолаи луғатнависиашон маълумот дода, диққати ҳозиринро ба фишсозии компютерӣ ҷалб карданд, ки самаранокии кору вақтро афзун мегардонад.

    Роҷеъ ба масоили луғатнигории Институт Сангинов А., ва Каримов С. баромад карданд. Семинарро директори Институт Сахидод Хоркашев ҷамъбаст карда, кори семинарро босамар донист.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Осмон дар фикри Зардуштӣ: Аз ривоят ба илм

 

     28-уми июли соли 2015 бо ташаббуси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти фаронсавии пажӯҳиши Осиёи Марказӣ дар маҷлисгоҳи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон лексияи дотсенти Мактаби амалии таҳқиқоти олӣ, қисмати илмҳои динӣ (Париж) Самра Азарнӯш дар мавзӯи «Осмон дар фикри Зардуштӣ: аз ривоят ба илм» доир гардид.

    Лексияи мазкур ба мавзӯи мавқеи асотирӣ ва рамзӣ дар фазои динӣ бахшида шуда, аҳамияти ҷирмшиносӣ ва ситорашиносиро дар фикру ақоиди динии эронӣ то ислом баррасӣ менамояд.