joomla
free templates joomla

Ҳашар дар Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АИ ҶТ

  Чун анъана ҳар рӯзи шанбе дар сохторҳои  зертобеи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳашар баҳри тозагии атрофу акнофи муассисаҳо доир мегардад.  Мақсад аз баргузории ин амали нек тозагӣ, ободӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани шаҳри азизамон мебошад.

  10-уми феврал дар Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АИ ҶТ шанбегӣ баргузор гардид. Дар шанбегии мазкур кормандони Раёсати АИ ҶТ, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М.Баҳовиддинов низ фаъолона  ширкат варзиданд.

  Бояд ёдовар шуд, ки бо ибтикори Кумитаи ибтидоии “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва  бо мақсади ташвиқу тарғиби хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар партави “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гаштани соли 2018 аз тарафи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яке аз хӯрокҳои миллии мардуми тоҷик  ба ҳашарчиён пешниҳод гардид. 

Нишасти матбуотии АИ ҶТ

Нишасти матбуотии АИ ҶТ 12-уми феврали соли 2018, соати 11:00 дар маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ бо иштироки президенти АИ ҶТ, ноибони президенти АИ ҶТ, саркотиби илмии АИ ҶТ, директорон ва муовинони директорон, котибони илмии муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии АИ ҶТ баргузор шуд.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии АИ ҶТ дар  соли 2017 президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ суханронӣ карда, қайд намуд, ки дар соли 2017 олимони АИ ҶТ ихтирооти сатҳи ҷаҳониро мушарраф гардиданд. Масъулини ВАО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз шунидани суханронии президенти АИ ҶТ ба музокира  пардохта, ҷиҳати баррасии фаъолияти илмии муассисаҳои илмӣ саҳм гузоштанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои ҶТ 1990 корҳои илмӣ, аз ҷумла 170 китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ, брошюра, 1820 мақолаҳои илмӣ, аз онҳо 1612 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 136 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 72 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба табъ расиданд.

Дар соли 2017 аз тарафи олимони Академияи илмҳои ҶТ 16 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 патенти ИМА барои ихтироот, 3 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, 1 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 5 шаҳодатнома оид ба сабти давлатии захираи  иттилоотӣ ба даст оварда шуд.

Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот қариб 12 коркарди олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Дар соли 2017 дар  Академияи илмҳо ҳамагӣ 70 чорабинии илмӣ, аз ҷумла  1 симпозиуми байналмилалии илмӣ, 1 форуми байналмилалӣ, 6 конференсияи илмии байналмилалӣ, 24 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 4 сессияи илмӣ, 24  семинар (аз ҷумла, 5 семинари байналмилалӣ),7 мизи мудаввар омода ва баргузор карда шуданд.

Дар соли 2017 дар 19 шӯроҳои диссертатсионии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 178 рисола, аз ҷумла 19 рисолаи докторӣ ва 159 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд. Аз шумораи умумии дифоъкардагон 14 шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Эрон, 1 шаҳрванди Ироқ, 2 шаҳрванди Федератсияи Россия ва 2 шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон мебошанд.

Дар 5 шӯрои диссертатсионии АИ ҶТ ҳамагӣ 49 рисола дифоъ карда шудааст, ки аз онҳо 5 рисолаи докторӣ ва 44 рисолаи номзадӣ мебошанд. Дар ин давра аз кормандони АИ ҶТ ҳамагӣ 17 рисола дифоъ карда шудааст, аз ҷумла 3 рисолаи докторӣ ва 14 рисолаи номзадӣ.

Имрӯз (31.01.2018) дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ баргузор гардид.

  Дар кори конфронс  маърӯзаи илмии доктори илмҳои тиб, профессор Юсуф Нуралиев дар мавзӯи  “Иштибоҳоте дар тиби садаҳои XX ва XXI вуҷуддошта дар оинаи низоми тиббии  Абуалӣ Сино”  шунидаву мавриди таҳлилу баррасӣ ва музокира қарор дода шуд.

  Бояд гуфт, ки дар ин семинар олимону донишмандон ва муҳаққиқон аз  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

25 соли дӯстии Тоҷикистону Туркманистон

  Аз муносиботи дипломатии Тоҷикистону Туркманистон 25 сол сипарӣ мешавад. Аз ҳамин хотир, бо ин муносибат айни замон дар толори Маркази тадқиқоти стротегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ – амалӣ идома дорад, ки дар он муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнзода Музаффар Маҳмурод, директори Маркази тадқиқоти стротегии назди Президенти ҶТ Худойбердӣ Холиқназар, Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чорӣ Отаев, ноиби  президенти  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикмат Муминов ва дигарон ширкат намуда, ҷиҳати баррасии масоили дипломатии ду кишвари ҳамсоя ва аз нигоҳи стротегӣ ҳамшарик музокира намуданд. 

   

Ҳамоиши илмӣ бахшида ба ҷашни Сада

  30 – уми январи соли 2018 дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба фарорасии ҷашни ниёгон – Сада ҳамоиши илмӣ баргузор шуд, ки дар он директорон, муовинони директорон ва ходимони илмии Муассисаҳои илми АИ ҶТ ширкат варзиданд.

Ҳамоишро президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшид.

   Дар ҳамоиши мазкур олимони АИ ҶТ Муҳаммадқул Ҳазратқулов, Аскаралӣ Раҷабов ва Рӯзӣ Аҳмадов таърихи пайдоиш, тафаккур ва омилҳои иҷтимоии ҷашни Садаро баррасӣ намуда, қайд намуданд, ки дар фалсафаи Сада бархурдҳои некиву бадӣ инъикос ёфтаанд.