Конференсияи байналмилалӣ
Рӯзҳои 27 ва 28-уми майи соли 2015 бахшида ба Рӯзи кимиёгарон бо ибтикори Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Институти мазкур Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба 1150-солагии олим, қомусшинос, табиб, файласуф ва кимиёшиноси бузурги форсу тоҷик Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ доир гардид.
Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ директори Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайниддин Муҳиддинов ифтитоҳ бахшида, мухтасар аз ҳаёту фаъолияти Закариёи Розӣ ҳарф зад.Дар кори конфронс ноибони президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академикҳо Саидмуҳаммад Одинаев ва Муҳиба Яқубова ширкат варзиданд.
Дар ҷаласаи пленарии конференсия маърӯзаҳои олимони тоҷик Умаралӣ Раҷабов, Ҳоҷиён Мирзошокири Қосимпур ва Сабоҳат Ҳайдарова дар мавзӯъҳои «Корҳои илмии Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар соҳаи кимиё, тиб ва дорушиносӣ», «Нақши Закариёи Розӣ дар инкишофи илми кимиё ва илмҳои вобаста ба он», «Одоби роҳбарӣ ва идоракунӣ аз нигоҳи Абӯбакри Розӣ» баромад карданд.
Дар рафти конференсия иштирокчиён ба бахшҳои мухталиф тақсим шуда аз осори гаронбаҳои Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар соҳаи кимиё, фалсафа, тиб ва дорушиносӣ ошно гардиданд.
Кори конференсия дар 3 бахш идома ёфта дар он масъалаҳои мавқеи осори Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар соҳаи илмҳои кимиё, фалсафа, тиб ва дорушиносӣ баррасӣ ва мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Мизи мудаввар бахшида ба фаъолияти илмии номзади илмҳои таърих Ғолиб Ғоибов
27-уми майи соли 2015 дар маҷлисгоҳи Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ бахшида ба фаъолияти илмии олими шинохта, номзади илмҳои таърих, ходими пешбари илмии институти номбурда Ғолиб Ғоибов мизи мудаввар доир гардид.
Мизи мудавварро ба ин муносибат директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ Сахидод Хоркашев ифтитоҳ намуд.
Сипас, саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ Абдусаттор Саидов аз номи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғолиб Ғоибовро барои саҳми назаррасаш дар рушди илми бунёдии ватанӣ бо «Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфарз гардонида, барояш умри дароз ва дар фаъолияти минбаъдаи илмиаш комёбиҳо таманно намуд.
Амирхӯҷа Абдураҳимов – муовини директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти бисёрсолаи Ғолиб Ғоибов назди ҳозирин маърӯза кард.
Лозим ба тазаккур аст, ки Ғолиб Ғоибов, аз зумраи олимони шинохта маҳсуб ёфта, зиёда аз 140 мақолаи илмӣ-оммавӣ интишор ва муаллифи беш аз 18 китобҳо оид ба таърихи пайдоиши шаҳру вилоятҳои мухталифи кишварамон мебошад. Бо қалами мавсуф асарҳои зиёде аз қабили «Таърихи Хатлон», «Таърихи Бадахшон», «Таърихи Бухоро», «Чағониён ва пайдоиши онҳо», «Таърихи динҳо» (китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), «Панҷшер-сарзамини мардхез», «К вопросу о локализации Панджшера», «Таърихи Ҳисор», «Имом Ҷаъфари Содиқ», «Мазори Мавлоно Тоҷиддин», «Завоевание Хоросана», «Мӯъминобод», «Походы арабов в Средней Азии», «Шаҳри Кӯлоб дар асри ХVI», «Муҳаммад ибни Мӯсо Ал-Хоразмӣ», «Исмоили Сомонӣ-марди хираду сиёсат» ва ғайра мебошад.
Дар рафти маҷлис ҳамсабақон, ҳамкорон ва шогирдони устод Ғолиб Ғоибов файласуф Комил Бекзода, Сайнуриддин Шаҳобиддинов, Нурмаҳмади Амиршоҳӣ, Абдураҳмон Маҳмадов, Ғиёсиддин Қодиров, Маҳмудҷон Холов, Абдуқодир Одинаев ба сухан баромада, доир ба ҳаёту фаъолияти пурсамари соҳибҷашн хотирот ва ёддоштҳои худро иброз доштанд.
Дар фарҷом Ғолиб Ғоибов арзи сипоси худро ба Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирокчиёни мизи мудаввар баён намуда, хотирнишон кард, ки ӯ ҳоло машғули таълифи се китоби дигар аст.
Талбак Назаров – барандаи Ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод»
Академик Талбак Назаров, узви Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, ходими барҷастаи илм ва сиёсати Тоҷикистон соҳиби Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» дар бахши илму маориф гардид. Ин ҷоиза, ки муассиси он Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардўстонаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, ҳар сол ба арбобони барҷастаи Иттиҳод дар бахшҳои илму маориф, фарҳангу санъат ва фаъолияти гуманитарӣ тақдим мешавад.
Сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи 24-уми майи соли 2015 дар маҷлисгоҳи Мактаби байналмилаии президентии шаҳри Душанбе Сессияи хурд (баҳорӣ)-и Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Мақсад аз доир намудани чунин чорабинӣ натиҷагирӣ кардани фаъолияти бахшҳои Академияи хурди илмҳо ва филиалҳои онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон мебошад. Дар кори сессия Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Ф.Раҳимӣ, президенти Академияи хурди илмҳо, академик Д.Н.Почоҷонов, раиси Маркази фарҳангии Россия дар Тоҷикистон В.О.Курнушко, директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Холназаров, омӯзгорони Академияи хурди илмҳо, бештар аз 100 нафар хонандагон Академияи хурди илмҳо, директорони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар сессия хонандагони бахшҳои математика, химия, физика, астрофизика, биология, иқтисод, геоэкология, тиб, геохимия, забон ва адабиёт, равоншиносӣ ва педагогика дар мавзӯъҳои муҳим, мисли истифодаи самараноки об ва ҳифзи об, аҳолӣ ва захираҳои меҳнатӣ, ифлосшавии муҳити зист, хусусиятҳои табобатии растаниҳо, бемории норасогии қанд, муҳоҷирати меҳнатӣ, осори адабию хаттии мутафаккирони тоҷик, масъалаҳои таърих ва бостоншиносии тоҷик ва ғайра маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Дар сессия фаъолияти Академияи хурди илмҳо дар соли таҳсили 2014-2015 ҷамъбаст карда шуда, ба бештар аз 50 нафар хонандагони фаъоли академия унвони узви пайваста (академик), унвони узви вобастаи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дипломҳои дараҷаи 1, 2 ва 3, ҳамчунин ифтихорномаҳои Академияи хурди илмҳо дода шуданд.
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Нақши ҷавонон дар рушди илми ватанӣ»
Рӯзи 22-юми майи соли 2015 бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май дар кишварамон ботантана таҷлил мегардад, бо ташаббуси Шӯрои олимони ҷавони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истироҳатгоҳи Академияи илмҳо воқеъ дар дараи Ромит Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии олимон ва муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар рушди илми ватанӣ» баргузор гардид. Дар кори конференсия бештар аз 70 нафар олимон ва муҳаққиқони ҷавон иштирок намуданд.
Кори конференсияро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, кулли олимону муҳаққиқони ҷавонро самимона шодбош гуфт ва барояшон дар ҷодаи душвор, вале басо бузургу пурифтихори шоҳроҳи илм муваффақиятҳо таманно намуд.
Дар кори конференсия муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинова иштирок карда, ҷавононро ба муносибати «Ҳафтаи ҷавонон» табрик гуфт ва ба кори конференсия муваффақиятҳо таманно намуд.
Баъдан ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Кароматулло Олимов, академикҳо Мӯсо Диноршоев, Карим Ҳайдаров, Нуриддин Қаюмов баромад карда, олимони ҷавонро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва «Ҳафтаи ҷавонон» табрику таҳният гуфтанд ва аз таҷрибаи бисёрсолаи андӯхтаи худ дар ҷодаи илм табодули назар карданд.
Дар ҷаласаи пленарии конференсия се маърӯзаи олимони ҷавон баррасӣ ва мавриди муҳокима қарор гирифт.
Сипас, тибқи нақшаи кории конференсия иштирокчиёни он ба бахшҳои илмҳои табиатшиносӣ ва ҷамъиятшиносӣ ҷудо шуда, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд. Ҳамзамон дар рафти конференсия чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла мусобиқаи футбол, шоҳмот, нардбозӣ ва ғайра доир гардиданд.
Мақолаҳои дигар...
- ҶАҲОЛАТГАРОӢ ВА ХУРОФОТПАРАСТӢ – ДУШМАНИ ТАРАҚҚИЁТУ АҚЛИ СОЛИМ
- Баррасии таҳқиқотҳои бостоншиносӣ
- Конфронс бахшида ба Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945
- Осорхонаи зоологии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи АИ ҶТ номи академик Ислом Абдураҳмонович Абдусаломовро гирифт