joomla
free templates joomla

Ташрифи ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардумии Чин

 

     12-уми августи соли 2015  дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик  Фарҳод  Раҳимӣ  бо ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардумии Чин Динг  Чонгли, директори Институти Синзяни экология ва географияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардумии Чин Чен Ши ва ҳайати ҳамроҳонаш баргузор гардид.

     Зимни мулоқоти ҷонибҳо дар самти ҳамкориҳои дуҷонибаи илмии ду кишвари ба  ҳам дӯсту бародар ва ҳамсарҳад сухан рафта  таъкид гардид, ки дар оянда низ робитаҳои илмӣ ва муносибатҳои илмӣ-ташкилӣ байни ду кишвар боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.

     Академик Фарҳод Раҳимӣ ба меҳмонон аз дастовард ва таҷрибаҳои илмӣ-амалии олимони тоҷик дар соҳаи таҳқиқотҳои бунёдӣ  сухан ронда, меҳмононро роҷеъ ба дастовардҳои илмии муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно намуд. Мавсуф ҳамзамон оид ба  робитаҳои хуби  илмӣ  бо муассисаҳои илмии Академияи  илмҳои  Ҷумҳурии мардумии Чин бо қаноатмандӣ изҳори сипос намуда иброз дошт, ки дар оянда низ ин гуна ҳамкориҳоро тақвият хоҳанд бахшид.

     Дар мулоқот рафти корҳо оид ба ташкил намудани Маркази байналмилалии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ, ки бо дастгирии  Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардумии Чин дар заминаи Институти геология,  сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

     Ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардумии Чин Динг  Чонгли ва ҳайати ҳамроҳонаш  аз пазироии самимона ва дӯстонаи  президенти  Академияи  илмҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, академик  Фарҳод  Раҳимӣ    изҳори сипос намуданд.

     Сипас, ҳайати намояндагони  Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардумии Чин аз  Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пойгоҳи кӯҳии ботаникии мавзеи «Кондара» воқеъ дар ноҳияи Варзоб боздид ба амал оварданд.

 

“ Фарҳангнигорӣ” Семинари байналмилалӣ

 

     29- уми июли соли 2015 дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Фарҳангнигорӣ» Семинари байналмилалӣ баргузор шуд. Дар он дар баробари олимони Институт, мутахассисони донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимони шинохтаи Фарҳангистони забон ва адаби Ҷумҳурии исломии Эрон: доктор Алиашрафи Содиқӣ, Алоиддин Таботабоӣ, саркорхонум доктор Насрин Парвизӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

     Дар семинар перомуни таҷрибаи фарҳангнигорӣ дар Тоҷикистону Эрон ибдоли ҳуруф шуд. Махсусан мутахассисони эронӣ аз таҷрибаи бистсолаи луғатнависиашон маълумот дода, диққати ҳозиринро ба фишсозии компютерӣ ҷалб карданд, ки самаранокии кору вақтро афзун мегардонад.

    Роҷеъ ба масоили луғатнигории Институт Сангинов А., ва Каримов С. баромад карданд. Семинарро директори Институт Сахидод Хоркашев ҷамъбаст карда, кори семинарро босамар донист.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Осмон дар фикри Зардуштӣ: Аз ривоят ба илм

 

     28-уми июли соли 2015 бо ташаббуси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти фаронсавии пажӯҳиши Осиёи Марказӣ дар маҷлисгоҳи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон лексияи дотсенти Мактаби амалии таҳқиқоти олӣ, қисмати илмҳои динӣ (Париж) Самра Азарнӯш дар мавзӯи «Осмон дар фикри Зардуштӣ: аз ривоят ба илм» доир гардид.

    Лексияи мазкур ба мавзӯи мавқеи асотирӣ ва рамзӣ дар фазои динӣ бахшида шуда, аҳамияти ҷирмшиносӣ ва ситорашиносиро дар фикру ақоиди динии эронӣ то ислом баррасӣ менамояд.

 

 

 

Ҳамкориҳо вусъат меёбанд

 

     28-уми июли соли 2015 мулоқоти президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ бо раиси  Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии исломии Эрон доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил доир гардид.

     Дар мулоқот ҳамзамон Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ,  намояндагони Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии исломии Эрон, докторҳои илм Алиашрафи Содиқӣ, Алоиддин Таботабоӣ, хонум Насрин Парвизӣ  ширкат варзиданд.

    Ҳадаф аз мулоқот боз ҳам таҳким бахшидани равобиту ҳамкориҳои илмӣ миёни ду кишвари ҳамзабон ва дӯсту бародар иборат буд.

    Зимни мулоқот академик Фарҳод Раҳимӣ перомуни масоили корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ ва дақиқ сухан ронда, ҳамзамон оид ба рафти фаъолияти пурсамари олимони тоҷик дар мавзеъҳои таърихӣ-кишваршиносии Саразм, Панҷакенти қадим, Фархору Ҳисор ва димнаи Карон ва экспедитсияҳои кашшофӣ-тадқиқотӣ муфассал маълумот дод.

    Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

 

Робитаҳо густариш меёбанд

 

     24-уми июли соли 2015 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти  роҳбари Агентии федералӣ оид ба корҳои байналхалқию башардӯстии Федератсияи Русия Любов Глебова бо Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ  баргузор гардид.

     Дар мулоқоти мазкур ҳамзамон Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин – Фролов ва роҳбари намояндагии «Россотрудничество»-и Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Владислав Курнушко ширкат варзиданд.

    Зимни мулоқот масоили ҳамкориҳо дар соҳаи илм, таҳқиқотҳои илмӣ ва истифодаи технологияи муосир дар соҳаҳои хоҷагии халқи ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар мулоқот перомуни ҷудо намудани квотаҳои таҳсилоти кадрҳои илмӣ дар Академияҳои Федератсияи Русия низ сухан рафт, ки гувоҳи ҳамкориҳои судбахши дуҷониба хоҳад буд.