joomla
free templates joomla

СӮФИЗОДА: ФАРҲАНГИ КИТОБХОНИРО ЭҲЁ КУНЕМ

    Шодимуҳаммади Сӯфизода Директори Китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Индира Гандӣ, доктори илми филология, адабиётшинос ва аз пажӯҳишгаронишинохтаи адабу фарҳанги тоҷикӣ- порсист. Дар остонаи «Рӯзикитоб» дар Тоҷикистон, ки ҳамасола 4-уми сентябр ҷашнгирифтамешавад, атрофи вазъи китобдорию китобхонӣ даркишварамонбо ӯ суҳбатеороста пешкаши хонанда мегардонем.

   Устод, тавре медонем, 4-уми сентябри соли 2007 ҳангомиоғозисохтмонибиноинавиКитобхонаимиллӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамонрӯзро«Рӯзикитоб»эълон карда буданд. Рӯзи китоб ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати вижае баргузор мешавад. Лутфан бигӯед, ки чи шароите дар Китобхонаи Академияи илмҳо барои алоқамандону дӯстдорони китоб вуҷуд дорад?

- Дуруд бар шумо ва тамоми шаҳрвандони кишвари нозанини мо – Тоҷикистон. Қаблан иҷоза фармоед шуморо ва дар симои шумо ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни Рӯзи китоб самимона таҳният гӯям ва орзӯ кунам, ки дар зиндагияшон китоб наздиктарин мунис ва дӯсташон бошад, зеро ба гуфтаи Ҳусайн Пажмони Бахтёрӣ.

                                                                               Он ёр, ки хомушу сухангӯст, китоб аст,

Он кас, ки накӯхоҳу накӯхӯст, китоб аст.

Он дӯст, ки бе ранҷу таманнову таваққуъ

Бошад ба ҷаҳон аз дилу ҷон дӯст, китоб аст.

   - Устод, тибқи мушоҳидаҳои Шумо, кайфият ва каммияти китобхонӣ дар кишвари мо чӣ гуна аст?

- Қаблан дар ҷои кор, дар хона, дар роҳ, дар истгоҳ, дар дохили троллейбусу автобус одамоне ба чашм мехӯрданд, ки машғули мутолиаи китоб, рӯзнома ва ё маводи дигари чопӣ буданд. Чунин саҳнаҳое хеле хурсандиовар ва дилгармкунанда буд. Шигифто, ки чунин саҳнаҳо имрӯзҳо банудрат ба чашм мерасад. Дар ҷомеае, ки алоқа ба китобу китобхонӣ камтар аст, бемориҳои иҷтимоие мисли бетаҳаммулӣ, ифротгароӣ, хушунат ва дигар рафторҳои номатлуб хеле зиёд аст. Аврупоиён муътақид бар онанд, ки миллате, ки китоб намехонад ва китобро муътабар намедонад, аз пешрафту рушд дар канор хоҳад монд ва маҳкум ба такрори саҳифаҳои торики таърих аст. Кишварҳои мутараққӣ пешрафту тавсеаи хешро мадюни хониш, омӯзиш ва дониш медонанд. Теъдоди чопи китоб ва мизони китобхонӣ дар ин кишварҳо хеле болост. Китоб дӯст ва аниси ҳамешагии онон аст: дар дохили мошин, ҳангоми мусофират, ҳангоми истироҳат, яъне як лаҳза китоб аз онҳо дур нест. Аврупоиёну амрикоиҳо аз ҳар фурсате барои хондан ва маърифат андӯхтан ба таври босамар истифода мекунанд. Пажӯҳишҳои оморӣ нишон медиҳад, ки дар Англия шабонарӯзӣ якуним соат сарфи китобхонӣ мешавад, дар давлатҳое чун Туркия ва Малайзия мардум панҷоҳу панҷ дақиқа дар шабонарӯз машғули китобхонӣ ҳастанд. Худатон шоҳиди ҳамарӯзаи зиндагии мо ҳастед, қазоват кунед, ки мизони китобхонӣ дар кишвари мо чигуна аст! Китобхонӣ бештар дар миёни донишҷӯён ва таҳсилкардагон роиҷ аст, қишрҳои дигари ҷомеа аслан ба истилоҳ китоббадбин ҳастанд. Барои баланд бардоштани сатҳи китобхонии мардум бояд фарҳангсозӣ кард. Дар ин замина пажӯҳишҳои ҷиддие бояд анҷом дод ва омилҳои асосии ин ваъзи ногуворро биёмӯхт. Теъдоди нашр, қимати китоб ва омилҳои дигар дар сатҳи мутолиаи мардум таъсир надорад, зеро бо вуҷуди он ки китобҳо бо шуморагони кам чоп мешаванд, ба фурӯш намераванд. Мизони истифода аз китобҳои ройгони китобхонаҳо низ дар муқоиса бо солҳои гузашта паст аст, намоишгоҳҳои миллию байналмилалии китоб дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои кишвар натавонистаанд ба вазъияти китобхонӣ дар кишвар беҳбуд бахшанд. Ҳарчанд давлат ба ин намоишгоҳҳо ҳусни ният дорад, вале онҳо ба ҷуз сару садои таблиғотӣ чандон муассир нестанд. Шояд таҷрибаҳои дигаре лозим бошад. Масалан, хеле хуб мешуд, агар шаҳрдории пойтахт дар яке аз биноҳое, ки дар хиёбони марказии шаҳр сохта мешаванд, маркази бузурге бо номи «Шаҳри китоб» таъсис бидиҳад ва дар ин замина барномаҳои васеъеро дар роҳи таблиғи китобу дониш ба роҳ монад.

   - Ба назари Шумо,  вазъи китобдорӣ дар замони истиқлол дар чӣ сатҳ аст, бахусус дар Китобхонаи марказии АИ ҶТ? Ва чӣ бояд кард, ки вазъият беҳтар шавад?

- Хушбахтона, сарфи назар аз норасоиҳо дар таблиғу тарвиҷи китоб ва китобхонӣ ба ҳиммат ва роҳнамоиҳои павастаи Пешвои муаззам, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 сол пеш бузургтарин китобхонаи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе сохта шуд, ки бо таҷҳизоти наву пешрафта таъмин гардид ва ҳамаи шароитҳоро дорост. Ҳатто моҳонаи кормандони ин китобхона, ки унвони «миллӣ»-ро дорост, аз моҳонаи кормандони китобхонаҳои дигари кишвар баландтар аст. Китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳо чунин шароите надорад. Моҳонаи кормандони мо камтар аз маоши кормандони Китобхонаи миллист. Дар замони шуравӣ Китобхонаи марказии Академияи илмҳо беш аз 120 корманд дошт. Аз тарафи кормандон чандин маҷаллаву фаслномаву солномаҳои тахассусию китобшиносӣ таҳия ва чоп мешуд. Дастурамалу роҳнамоҳои библиографӣ мунтазам таҳия ва мунташир мешуд. Ин мавод кумаку роҳнамоии хубе барои муштариёни Китобхона буда, дар сатҳу сифати таҳқиқоти онон, ки аксарашон кормандони соҳаҳои илму маориф ҳастанд, таъсири мусбат мерасонд. Аммо, имрӯз шумораи кормандони Китобхона панҷоҳ нафар аст, ки ин теъдод барои хадамоти китобхонаро мутобиқи тақозои замон ва талаботи хонандагон ба сатҳи лозима боло бурдан кофӣ нест. Сарфи назар аз моҳонаи кам, мо бо истифода аз нерӯҳои кории андаке, ки дорем, кӯшида истодаем, ки сифати хидматрасониро мувофиқ ба хоҳишу ниёзи рӯзафзуни хонандагон беҳтар кунем.

Китобхона таърихи ҳаштоду панҷсола дошта, дар хазинаи он беш аз якуним миллион китоб мавҷуд аст. Шумори зиёде аз онҳо китобҳои нодиру камёби илмӣ мебошанд. Бояд арз кунам, ки шароити нигаҳдории китоб хуб нест. Хазинаи Китобхона хеле хурд аст, рафҳои китобро ҳатто дар роҳравҳо гузоштаем. Китобҳои наверо, ки ҳамвора ворид мешаванд, бо мушкилиҳои зиёде дар хазина ҷой мекунем. Ба ғайр аз ин, бино бар сиёсати созандаи раҳбарияти олимақоми кишвар дар ростои таблиғи илму дониш ва китобхонӣ ҳамасола шумори хонандагон дар ҳоли афзоиш аст, аммо шароити Китобхона ва ҳифзи ганҷинаи он на он қадар хуб аст. Азбаски барои сохтани бинои нав дар замони буҳронҳои шадиди молиявии ҷаҳонию минтақавӣ имконот маҳдуд аст, роҳи бисёр муносиб он аст, ки бо дастури муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат бинои Китобхонаи Фирдавсии собиқ, ки аз ҳамон оғоз ҳамчун китобхона сохта шуда буд ва дорои имконоти лозима барои ҳифзу нигаҳдорӣ ва хидматрасонии китоб аст, ба ихтиёри китобхонаи Акдемияи илмҳо супурда шавад. Дар ин сурат, тамоми мушкилоти мо ҳал ва амонати бебаҳову беназири илмии миллат эмину солим ба насли оянда супурда хоҳад шуд.

Китобхона дорои чаҳор толори хониш буда, ҳамаи шароитҳоро дорад. Ҳамасола то ду ҳазор хонанда, ки бештарашон олимону муҳаққиқон ва унвонҷӯён ҳастанд, аз хадамоти он баҳра мебаранд. Яке аз толорҳои хониши Китобхона бо роёнаҳо (компютерҳо) муҷаҳҳаз ва ба шабакаи интернет пайваст аст ва хонандагон бе маҳдудият аз он истифода мекунанд.

         - Дар бораи сабабҳоикитобнахонданимардумчиандешадоред?

- Солҳои охири фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ба рушду тавсеаи донишомӯзию китобхонӣ рост омад. Ҷавонони ташнаи дониш аз озодии фароҳамшуда барои такмили донишҳои хеш истифода мекарданд. Даст ёфтан ба тамоми маводи чопӣ, ки берун аз сарҳадҳои Иттиҳоди Шуравӣ тавлид мешуд ва мо орзӯи дасрасӣ ба онро ҳам наметавонистем бикунем, бозори чопу интишори китобро равнақ бахшид. Ҷавонон бештар китобҳои фалсафӣ ва иҷтимоию сиёсӣ мехонданд. Таноқузро бибинед, ки дар солҳои 70-уму 90-уми қарни бист, ки шумори шаҳрвандони Тоҷикистон ҳудудан панҷ миллион буд (ки ду миллион аз ин теъдод ғайри тоҷикизабонон буданд!), китобҳои бадеӣ бо шуморагони ҳафт то чаҳордаҳ ҳазор нашр мешуд. Масалан, ду очерки адабию таърихии устод Садриддини Айнӣ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ва «Исёни Муқаннаъ» дар як ҷилд сад ҳазор нусха ва маҷмӯаи ашъори устод Лоиқ «Дасти дуои модар» панҷоҳ ҳазор нусха интишор ёфт. Аммо, имрӯз шумори шаҳрвандони Тоҷикистон ба нуҳ милион расидааст ва шигифтовар аст, ки ҳадди аксари теъдоди нашри китоб аз як ҳазор бештар нест. Ба сабаби ба доми даҳшатзои ҷанги шаҳрвандӣ уфтодани тоҷикон ҳаёти фарҳангию илмии кишвар бакуллӣ рӯ ба таназзул овард. Мардум танҳо барои як луқма нон кор мекарданд. Мафҳумҳои китобу китобхонӣ ва маърифатомӯзӣ фаромӯш гардид. Санъати чопи китоб қариб ба нобудӣ расид. Хушбахтона, имрӯз вазъият дигар аст. Дар саросари мамлакат фазои сулҳу оромӣ ҳукмфармост. Моро лозим аст, ки аз сиёсатҳои Пешвои миллат дар ростои таҳкими пояҳои давлатдории миллиямон ҳамаҷониба пуштибонӣ намуда, бар фақру нодории аҳолии кишвар, чи моддӣ бошад, чи маънавӣ, чи иқтисодӣ бошад ва чи фарҳангӣ, пирӯз оем.

   - Устод, ба назари Шумо, китоб дар масири сулҳу ваҳдати миллӣ чӣ нақш дорад?

- Китоб, хониш ва дониш дар рушди ҷамъияти инсонӣ мақоми барозандае дорад. Ин муҳим дарахти андешаву ахлоқи инсонро борвар месозад. Чи тавре ки дар боло зикр шуд, бо таваҷҷуҳ ба аҳаммияти китобу китобдорӣ, аз ҷониби Пешвои миллат  дастур дода шуд, ки минбаъд ҳар сол 4-уми сентябр ҳамчун Рӯзи китоб дар тамоми гӯшаю канори кишвар бо шукӯҳи хоса ҷашн гирифта шавад. Ин тасмими ишон ишқ ба китоб ва шавқи китобхониро дар ҳаёти сокинони сарзаминамон дубора эҳё намуд, мақоми онро дар тавсеа ва рушди фарҳанги ҷомеа ба унвони воситаи таъсирбахшу коромаде баланд бардошт. Раҳбари мамлакат хоҳони пешрафти ҳамаи соҳаҳои кишвар буда, ҳамеша дар суханрониҳояшон ҷавононро ба омухтан ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ даъват менамоянд, зеро танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ба пешрафту тараққии камоли матлуб ноил гардем.

   - Бархе мегӯянд, ки имрӯз ҷавонон китоб кам мехонанд, шояд чунин бошад. Фикри Шумо дар ин масъала чист?

- Медонед, ҳазорон дареғ, ки на танҳо ҷавонон, балки бисёре аз муҳаққиқон, муаллимони донишгоҳҳои олию миёна ва мактабҳо, адибону фарҳангиён ва намояндагони қишрҳои дигари ҷомеа низ китоб намехонанд. Китоб дӯсти беғараз аст, ҳеч гоҳ касро фиреб намедиҳад, гапи дилашро ба рӯят мегӯяд, дурӯягӣ намекунад. Назарашро ба зӯрӣ ба сари одам бор намекунад, ҳукми қазоват ва тасмим гирифтанро ба худи шахс вомегузорад, аз ҳамнишинӣ бо ӯ хаста намешавед. Насиҳатгарест, ки роҳнамоиҳояш касро ба суруру нишот ва бахту саодат мерасонад.

   - Бибинед, кишвари Бразилия тасмим гирифтааст, ки ҳар чи бештар мардумро ба китобу китобхона ҷалб созад. Барои мисол, дар он кишвар урфе ҳаст, ки муҳлати ҳабси зиндониён дар ивази хондани як китоб чаҳор рӯз кам карда мешавад. Шунидам, ки дар зиндонҳои Русия ҳам китобхонҳо аз имтиёзоте бархурдоранд. Дар мо чӣ? Агар дар кишвари мо ҳам чунин расме роиҷ шавад, оё ба манфиати кор нахоҳад буд?

- Дар кишварҳои демократӣ мафҳуми «зиндон» вуҷуд надорад, чунин ниҳодҳоро «муассисаҳои ислоҳотӣ» меноманд. Вазифаи асосии муассисаҳои ислоҳотӣ тарбияи одамонест, ки бо сабабҳои гуногун қонунро нақз кардаанд. Муҳлати дар муассисаи ислоҳотӣ будан фурсатест, ки одамон иштибоҳоти хешро фаҳмида, барои бозгашт ба зиндагии росту дуруст тасмим мегиранд. Дар дарки иштибоҳот ва ислоҳу тасмимгириҳои онҳо муҳити фарҳангӣ, аз ҷумла китобхонаи муассисаи ислоҳотӣ ва масъулони фарҳангии он нақши бузурге мебозанд. Агар ин гуна тадбирҳое, ки дар Бразилия ба роҳ мондаанд, дар кишвари мо низ анҷом шавад, ба фоидаи миллат хоҳад буд.

   - Мо иттилоъ ёфтем, ки дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби кадом соҳибкоре нахустин китобхонаи сарироҳӣ таъсис ёфтааст. Ин хеле хуб аст, агарчи кори ҷиддию бузурге нест. Қоидаи ин китобхонаи хурдак чунин будааст, ки хонанда китобро дар сари роҳ ё дар истгоҳ хонда ва боз дар ҷояш мегузорад, то дигарон ҳам онро бихонанд. Ин соҳибкор гуфтааст, ки дар сурати зарурат чунин китобхонаҳои сарироҳиро дар дигар ҷойҳо низ таъсис медиҳад. Устод, ин кор на он қадар харҷи зиёд дорад. Пас чаро соҳибкорони шаҳри Душанбе ҳам чунин иқдоменамекунанд? Ё шояд ба шаҳрдори Душанбе пешниҳод шавад, то...?

- Ин кори савоб бояд дар саросари кишвар роҳандозӣ шавад. Ёд дорам, ки соли 2016 дар Бадахшон созмони ҷамъиятие бо номи «Умедвор» барои дастрасии бештари сокинони деҳаҳои дурдаст ба китоб китобхонаи сайёре таъсис дода буд, ки хидмати беғаразу арзандае дар ташвиқи мардум, алалхусус насли ҷавон, ба донишомӯзию маърифатандӯзӣ буд. Масъулони ин созмон ният доштанд, ки минбаъд ин кори хайрро идома дода, шумори китобхонаҳои сайёрро бештар намоянд. Аммо тайи ду соли охир хабаре аз онҳо нашунидам. Умедворам, ки дар амали хайрашон муваффақ шуда бошанд. Барои анҷоми ин кори хайр бояд ниҳодҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ даст ба дасти ҳам бидиҳанд ва дар эҳёи фарҳанги китобхонӣ бо ҳам ҳамкорӣ кунанд.

   - Устод, мо нависандагони зиёде дорем, профессору академик, шоиронамон низ зиёданд. Ва албатта ҷои шукргузорӣ ҳам ҳаст, вале боиси нигаронист, ки чаро дар замони муосир «Гулистон»-нависи дигаре надорем. Фикри Шумо дар ин бора чист? Оё вақти он нарасидааст, ки нависандагони мо дар бораи офаридани «Гулистон»-ҳои наве андеша намоянд? Ба ҳар сурат, назари Шумо, ба ҳайси як устоди адабиётшинос, чист?

- Мақоми Мавлонову Саъдию Ҳофиз ва дигар абармардони адабиёти куҳанамон бидуни тардид пеши мо хеле баланд аст. Чи тавре, ки устод Шафеъии Кадканӣ месарояд:

Офоқ аз чароғи садои ту рӯшан аст,

Хомӯшият мабод, ки фарёди меҳанӣ!

Ин бузургон бидуни тардид ойинаи тамомнамои ҳастии миллати моянд. Осори бузургони адаб мояи ифтихори мост ва ҳамеша хонданист. Қариб ҳазор сол аст, ки мо аз панду андарзҳо ва каломи ширину шоиронаи бузургони адабиётамон лаззат ва баҳра мебарем. Аммо, ба назари ман, Шумо саволи хеле дуруст ва огоҳонаеро дар бораи Саъдии Шерозӣ матраҳ кардед.  Чаро адибони дигар неву маҳз роҷеъ ба Саъдӣ савол кардед? Дар ин пурсиш ман ниёзмандии шадиди ҷомеаи моро ба Саъдӣ, аз як тараф ҳамчун намоди насиҳатгарӣ ва содиркунандаи дастурҳои ахлоқӣ, аз тарафи дигар, чун адибе амалгаро ва воқеънигор мебинам. Худи Саъдӣ низ дар «Бустон» ва «Гулистон»-аш аз мақоми як устоди ахлоқ бо хонанда суҳбат мекунад. «Гулистон» асаре беназир дар адабиёти мост. Ҳеҷ асаре ҳампаҳлӯи он нашуда ва наметавонад бишавад. Гарчанде садҳо асари насрию назмӣ баъд аз Саъдӣ навиштаанд, ҳеч кадом ҳампояи «Гулистон» нашуд ва, ба бовари ман, минбаъд ҳам нахоҳад шуд. Чи тавре ки мо тоҷикон мегӯем, коми адабиёти моро бо панду андарзу насиҳат бардоштаанд. Қариб ҳар саҳифаи ин адабиёт панду андарзи фаровоне дорад. Бар гӯши пандношунави мо на танҳо Саъдӣ, балки ҳамаи шоиронамон панд хондаанд. Аз ин рӯ, бузургии «Гулистон»-и Саъдӣ на дар панду насиҳат, балки дар сабки зебо ва шеваи баёни муассиру ҳунармандонаи вай аст. Ҳамин зебоии калому лутфи суханаш аст, ки «Гулистон» ҳамвора дар тӯли садсолаҳо дар мактабу мадрасаҳои қаламрави забони порсии тоҷикӣ тадрис мешудааст. Дар муқоиса бо Фирдавсӣ ва Ҳофизи Шерозӣ, ки бештар ормонгаро ҳастанд, Саъдии Шерозӣ адибе воқеънигор ва амалгарост. Аз ин рӯ, дар ин давраи ҳассос, ки бо тағйироти ҳайратангези технологӣ рӯбарӯ ҳастему фановарӣ лаҳза ба лаҳза дар ҳоли пешрафт аст, ба гумонам, бештар ба бузургоне чун Абӯрайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ, Ибни Сино ва албатта Саъдии Шерозӣ бештар ниёз дорем.

   - Вақте ки имрӯз ба китобхонаҳои электронӣ рӯ меорем, шигифтзада мешавем. Зеро касе фикр намекард, ки замоне истифода аз китоб дар чунин шакле сурат мегирад. Ба фикри Шумо, истифода аз китоб ё китобхонаҳо баъди даҳсолаҳо чигуна хоҳад шуд?

- Дар замони мо, ки бидуни истифода аз фановарии иттилоот дастёбӣ ба дониш ғайримумкин гардидааст, муносибати мо ба манбаъҳои суннатии иттилоот бояд дигар шавад. Дар қарни XXI, бино бар инкишофи басуръати фановарии иттилоот, ҳама гуна шароит ҳам барои китоб хондан ва ҳам барои китоб нахондан фароҳам шудааст. Фановарии иртиботии ҳушманд ҳамарӯза нақши бештаре дар зиндагии мо иҷро мекунад ва роҳу равиши маъмулиро ба ҳошия рондааст. Албатта, барои шахсе, ки ба нусхаи коғазии китоб хӯ гирифтааст, китоби электронӣ ба ҳеч ваҷҳ наметавонад ҷойгузини он шавад, зеро дар тӯли таҳсилаш, чи дар мактаби миёна ва чи дар донишгоҳ китобҳои дарсӣ дар шакли суннатӣ буданд ва аз ин рӯ ӯ ба чунин навъи китоб бештар алоқа дорад. Он ҳисси оромиш, ки ҳангоми хондани китоби коғазӣ ба кас қаблан даст медод, китоби электронӣ наметавонад ба вуҷуд оварад. Шахсан ман аз хондани китобҳои коғазӣ хотироти хубе дорам. Дар бораи бартарии китобҳои коғазӣ нисбат ба китобҳои электронӣ ва баръакс пажӯҳишҳое анҷом шудааст. Таҳқиқи ин масъала дар яке аз донишгоҳҳои аврупоӣ нишон дода, ки истифода аз китобҳои электронӣ сатҳи омӯзишро пойин мебаранд. Дар ин пажӯҳиш як гурӯҳи 25-нафарӣ китобе иборат аз бисту ҳашт саҳифаро ба воситаи сахтафзори электроникии Амазон Киндл, ки барои хондани китобу асноди электронӣ ба кор меравад, мутолиа карданд. Як гурӯҳи биступанҷнафарии дигар ҳамон китобро дар нусхаи коғазияш хонданд. Сипас, аз онҳо хоста шуд, то муҳтаво ва мундариҷаи китобро батартиб ривоят кунанд. Ин пажӯҳиш нишон дод, ки натиҷаи хонандагони китобҳои коғазӣ беҳтар аст. Чунин пажуҳишҳо зиёд анҷом шудааст ва натоиҷаш бештар ба фоидаи китобҳои коғазист. Аммо насли ҷавон, ки дар даврони ривоҷи густардаи технологияи муосири диҷитолӣ зода ва парварда шудааст, назараш ба китоби электронӣ дигаргуна аст. Ин насл муътақид аст, ки бо доштани китобу китобхонаи электронӣ имконоти хонанда бештар мегардад, зеро, аз як ҷиҳат китобхонаи электронӣ ҷои зиёдеро дар хона ё дафтари корӣ намегирад. Аз тарафи дигар, онро ба осонӣ мешавад таҳвил дод ва ё ҳамеша, сарфи назар аз он, ки дар куҷо қарор доред, метавонед бо худ дошта бошед. Илова бар ин, имконоти истифодаи самаранок аз китобҳои электронӣ бештар шудааст. Бо ёрии нармафзорҳои компютерӣ ҳар параграф, ҷумла, вожа ё истилоҳи мавриди назар дар як матни электронии китобро метавон ба зудию осонӣ пайдо намуд ва аз он истифода кард. Мутолиаи китоби коғазӣ чунин имконоте надорад. Хонанда маҷбур аст, ки барои пайдо кардани маълумоти ночизе вақти зиёди хешро ба хондани тамоми китоб, аз оғоз то анҷом, сарф кунад. Аз назари зистмуҳитӣ низ китоби электронӣ афзалияти бештар дорад, зеро чунон ки медонед, коғаз аз дарахт истеҳсол мешавад ва технологияи тавлиди коғаз барои муҳити зист зиёновар аст. Интишори китобҳои электронӣ ба ҷойи китобҳои суннатии коғазӣ агар аз як тараф мӯҷиби сарфаҷӯйӣ дар масрафи коғаз шавад, аз тарафи дигар ҷилави аз байн бурдани дарахтони сабзро мегирад ва ба муҳити зист осеби камтаре ворид мешавад. Шояд дар нигоҳи нахуст ин мавзӯъ камаҳаммият бошад, аммо дар густараи ҷомеаи башарӣ барои чопи китобҳо ва махсусан рӯзномаҳову ҳафтаномаҳои сертирож масрафи коғаз хеле зиёд хоҳад буд. Интишори китобҳои электронӣ ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба ҳазинаҳои болои коғазу чоп аз китобҳои коғазӣ арзонтар аст. Аз ин рӯ, китобҳои электронӣ хонандаи бештаре доранд. Илова бар ин, қонунҳои баъзе аз кишварҳо иҷоза медиҳад, ки китобҳои электронӣ ба таври ройгон нашр шаванд, дар ҳоле ки дар мавриди китобҳои коғазӣ ин кор ғайримумкин аст. Бартарии дигари китоби электронӣ ин аст, ки он ҳаҷм ва вазни физикӣ надорад. Чандин миллион нусха китоб метавонад дар хотираи телефони ҳамроҳ ё компютерамон ҳифз шавад ва ҳамеша ҳамроҳи мо бошад. Истифода аз китоби электронӣ бо таваҷҷуҳ ба имконоти барномаҳои китобхон (Book Reader) кори хонанда ва алалхусус пажӯҳандаро, ки ҳамвора аз нарасидани вақт ранҷ мебарад, осон мекунад. Навиштани ёддоштҳо дар саҳифаҳо ва ҳошияҳои китоб, нишонагузории масъалаҳои мавриди назар, оморгирии истифода аз мафҳумҳо, вожагон ва истилоҳот ва даҳҳо имкони дигар, китоби электрониро ба ёвари беминнате табдил медиҳад. Муҳим аз ҳама ин аст, ки китобҳои электронӣ, махсусан донишномаҳову луғатномаҳо ва васоили иттилоърасонию китобшиносии электронӣ пайваста рӯзомад (апдейт) мешаванд ва чопҳои нави онҳо бидуни пардохти изофӣ дар ихтиёри хонанда қарор мегирад. Дар мавриди китоби коғазӣ чунин имконоте мавҷуд нест. Аммо китоби электронӣ ҳам аз камбудиҳое орӣ нест. Пайваставу тӯлонӣ нигоҳ кардан ба сафҳаи роёна нуқсону бемориҳоеро мисли хастагию осеби чашм, афсурдагии зеҳнӣ, бедорхобӣ, заъфи асаб ва ихтилолоти дигар ба ҳамроҳ дорад, аммо дар хондани китоби коғазӣ бо ин мушкилот камтар рӯбарӯ мешавед. Ба ғайр аз ин, бартарии китоби коғазӣ бар китоби электронӣ он аст, ки хондани китоби коғазӣ ба ҷуз худи китоб, ниёзе ба василаи дигар надорад. Дар ҳама ҷой, чи кӯҳу чи саҳро, метавон китоби коғазиро хонд,  аммо барои хондани китоби электронӣ мавҷуд будани барқ ё иртиботи роёнаӣ ё телефонӣ муҳим аст.

         Хулоса, як бори дигар таъкид мекунам, ки китоби коғазӣ ва китоби электронӣ ҳар кадом фазилатҳо ва костиҳои хешро доранд ва наметавон якеро беҳтар аз дигаре донист. Бартарии ҳар кадом ба шароити маконию замонии хониши китоб ва завқу салиқаву таҷрибаи фардии хонанда вобаста аст.

   - Имрӯз интернет ҷойи китобхониро то андозае танг кардааст. Оё ягон барномае нест, ки то андозае аз ин амр монеъ гардад ва оё вақти он нест, ки дар кишвари мо китобхонаҳои интернетӣ фаъол шаванд ва ба-дин васила дастраси муштариён гарданд?

- Дар даврони ҷаҳонишавӣ иттилоот арзиши хеле баланд дорад. Бо таваҷҷуҳ ба аҳаммияти донишу иттилоот дар даврони муосир, бавижа нақши он дар зиндагии ҷавонон, бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишвар, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон шуда буд. Дар он сол ҳамарӯза чи дар суханрониҳои пурмуҳтавои Президент, чи дар саҳифаҳои матбуот ҷавонон ба хондан, донишу маърифат омӯхтан ва рӯй овардан ба илмҳои муосири техникӣ ва табиатшиносӣ ташвиқ мешуданд. Мутаассифона, гурӯҳе аз ҷавонони камсаводу нохондаи мо таҳти таъсири инсонҳои палиду ноаҳл ва аз донишу маърифати воқеӣ дур қарор гирифта, бо амру фармоиши хоҷагони муғризи хеш, ки душманони миллати мустақилу якпорчаи мо ҳастанд, ба амалҳои зиддиинсоние даст мезананд. Ин гуна рафторҳои носолиму ҷоҳилона ғаразҳо ва эҳсосоти беморгунаи иддае худнашиносу худоношиносро бармеангезад. Чунин нодониҳову бемаърифатиҳо боис шуда, ки гурӯҳе аз ҷавонон ба созмонҳои ифротию терористӣ пайвастаанд, ки зарари онро на танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва пайвандони худи онҳо, балки аксарияти бошандагони сайёра дида истодаанд.

         Аз ин рӯ, чи тавре ки раҳбари давлат ҳамвора таъкид мекунанд, ҷавонон ояндаи миллатанд. Акнун фурсате беназир ба мо даст додааст, то дар амри мустаҳкам кардани пояҳои истиқлоли кишварамон аз донишҳои муосир истифода намуда, фарҳанги меҳанпарастию миллатдӯстиро дар мағз-мағзи устухони имрӯзиёну ояндагон ҷой кунем. Ба ин ҳадаф танҳо бо роҳи китобхонӣ, донишомӯзӣ ва маърифатандӯзӣ метавон даст ёфт. Бо шинохти огоҳонаи нақши китоб ва илм дар таҳкими пояҳои давлати миллии тоҷикон ва бо ҳадафи ҳамтирози кишварҳои дигари дунё сохтани Тоҷикистон Ҷаноби олӣ бо умед бар ояндаи дурахшони ҳаммеҳанонамон бузургтарин китобхонаро дар қалби пойтахтамон бунёд карданд. Аз ин рӯ илмомӯзию китобхонӣ бояд аз вазифаҳои асосии миллии мо бошад. Имрӯз дар кишвари мо ҳама гуна шароит фароҳам аст, то китобхонию донишомӯзӣ ба як фаъолияти ҳамешагию пойдорамон мубаддал шавад ва на танҳо ҷавонон, балки намояндагони ҳамаи табақаҳову қишрҳои ҷомеа бо ишқу алоқаи самимӣ ба он рӯй биёваранд.

   - Ба назари Шумо, адабиёт ба забони тоҷикӣ кай электронӣ мешавад?

- Сарфи назар аз имконоти маҳдуд Китобхонаи АИ пайваста ба электронӣ кардани хазинаи хеш машғул аст. Мо то ҳол шуморе аз китобҳоро электронӣ кардаем. Аммо барои ба ин кор суръати бештар бахшидан бояд васоил ва таҳҷизот, аз ҷумла сканерҳои муосири ҳирфаӣ дошта бошем. Мутаассифона, қимати чунин дастгоҳҳо хеле гарон аст ва чунин имконотеро китобхонаҳо надоранд. Бояд таъкид кунам, ки имрӯз зарурати хеле шадид ба нусхаҳои электронии китобҳои Китобхонаи Академияи илмҳо ба миён омадааст, зеро коғази аксари китобҳо, ки сад-дусад сол қабл чоп шудаанду ҳанӯз мавриди истифодаи хонандагон қарор доранд, бо гузашти замон хеле фарсуда ва куҳнаву осебрас шудааст. Барои ҳифзи чунин хазинаи воқеъан бебаҳо талошҳое карда истодаем ва умедворам, ки кӯшишҳоямон бар абас нахоҳанд рафт. Дар робита бо электронӣ кардани нусхаҳои китобҳо масъалаи нозуке вуҷуд дорад, ки дар кишвари мо ҳанӯз ба он таваҷҷуҳи лозим сурат намегирад. Ин масъала ҳифзи ҳуқуқи муаллиф мебошад. Бидуни иҷозаи расмии муаллифи китоб ҳеч нафаре ва ниҳоде ҳақ надорад, ки китоби уро бознашр ва ё таксир кунад. Ин тарафи масъала низ монеае барои нусхабардории электронии китобҳост.

   - Барои баланд бардоштани сатҳи ишқуалоқаи навҷавононудонишомӯзон ба китобу китобхонӣ чикорҳоеробояданҷомдод?

- Китобу китобхонӣ зербинои асосии рушди фарҳангу тамаддун аст. Дар бораи китоб нахондану китоббадбинии мардум суханҳои зебову шоиронаи зиёде гуфтаанд ва пайваста мегӯянд. Чунин суханпардозиҳову шиорпароканиҳо натиҷае намедиҳад, магар ин ки заминаву шароити лозим барои рушду тавсеаи китобхонӣ фароҳам шавад. Барои ниҳодина кардани фарҳанги китобу китобхонӣ, ба назари инҷониб, ду корро бояд анҷом дод: нахуст он, ки таҳқиқоти ҷомеъу жарфи илмӣ роҷеъ ба вазъияти китобхонӣ дар Тоҷикистон сурат бигирад, то омилҳои паст шудани сатҳи китобхонию китобдӯстӣ муайян шавад; дувум ин, ки баъд аз анҷоми таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин масъала бо ҷалби мутахассисони китобдорию донишшиносӣ барномаи вежаи тавсеаи фарҳанги китобхониро дар ҷомеа бояд таҳия кард ва барои иҷрои он ҳамаи шароитро муҳайё сохт. Вазорату идораҳои зидахли кишвар бояд барои таблиғу тарвиҷи китобу китобхонӣ корҳои амалию таъсирбахшеро анҷом диҳанд. Масалан, дар мактабҳои миёна бояд ҳафтае як соат барои китохонӣ ҷудо карда шавад, то бачагон аз хурдӣ  бо фарҳанги китобхонӣ ошно шаванд. Илова бар ин, мақоми китобро дар ҷомеа бояд боло бурд. Бо муаррифии шахсиятҳои барӯманди миллати тоҷик, ки мавқеи китобу дониш дар зиндагии онон хеле барозанда аст, бояд доштани китобхонаи шахсӣ чун яке аз нишонаҳои мусбати ҳаёти хонаводаҳо аз ҷониби расонаҳо, бавижа телевизионҳои давлатӣ, таблиғ шавад. Бо дастуру фармонҳои созандаи сарвари давлат барои истиқболи сазовор аз ҷашни 30-юмин солгарди истиқлоли кишварамон дар ҳамаи ноҳияҳо бунгоҳҳои иҷтимоию фарҳангӣ, аз қабили марказҳои тиббӣ, ҳаммомҳо, майдонҳои варзишӣ сохта мешаванд. Ба гумонам, эҳё ва рушди китобхонаҳои маҳаллӣ ва таҳҷизи онҳо бо китобҳои нав ва муфид, чи коғазӣ ва чи электронӣ, ҳам бисёр саривақтист. Бояд таблиғоти китобҳои хонданию фоидаовар дар расонаҳо, бахусус дар шабакаҳои радиою телевизионӣ хеле густарда ба роҳ монда шавад. Барномаи телевизионӣ дар бораи китобҳои тозанашри кишвар, ки пахши он батозагӣ ба ибтикори Корхонаи давлатии таъминот ва савдои китоб ва роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба китоб шуруъ шуд, иқдоми хеле муҳимме дар ин ростост. Ба ин барнома, ки моҳе ду маротиба пахш мешавад, бояд муаллимону олимон ва фарҳехтагону андешамандони миллат, ки дар тавлиди китобу дониш саҳми бевосита доранд, даъват шаванд, то бинандагон дар бораи нақшу мақоми китобу дониш дар зиндагии инсон таассуроти хубе дарёфт кунанд.

Мутолиаи китоб аз сӯи  падару модар дар хона дар тарғиби китобу китобхонӣ дар миёни фарзандон таъсирбахштарин омил аст. Баррасии китобҳои мутолиашуда дар ҳалқаи оила, мактаб ва донишкадаву донишгоҳҳо дар бедор кардани шавқу иштиёқ ба китобхонию донишандӯзӣ бисёр самаровар аст. Албатта қишрҳо ва гурӯҳҳое дар ҷомеа ба далоиле чун пуркорӣ китоб намехонанд ё камтар мехонанд, аммо ҳайратовартар ин аст, ки  иддае аз аҳли илму адабамон, ки вазифаи асосияшон китоб хондану дониш андӯхтан аст, низ имрӯзҳо алоқа ва иштиёқе ба китоб надоранд. Худи фарҳангиён бояд дар китобхонӣ пешгом бошанд, то мардум аз онҳо пайравӣ кунанду сабақ бигиранд. Имрӯз муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа ё кишвар доштани дониш ва иттилооти фаровон аст ва ин иттилооту донишҳо фақат аз роҳи хондани китобу нашриёт ва васоили дигари илмию адабӣ ба даст меояд. Ҳарфҳоямро бо порае аз шеъри зебову дилнишини як шоири китобдор ба поён мебарам, ки фармудааст:

Китоб панҷараи бози рӯ ба доноист,
Пуле миёни ману дурдасти зебоист.

Китоб хоҳари ман, модарам, бародарам аст, 
Китоб мояи фахр асту тоҷ бар сарам аст.

Китоб хост, ки ман ҳам пур аз баҳор шудам,

Барои хотири ӯ як китобдор шудам.

Китобдор шудам, то аз ӯ ҷудо нашавам,

Дар ин замона ба ҳоли худам раҳо нашавам.

Китобдории ман эътибори ман шудааст, 

Ҳувийятам шуда, дору надори ман шудааст.

Тамоми доштаҳоям китобҳои мананд,

Китобҳои азизе, ки мисли ҷон ба тананд.

Худо зиёд кунад лутфи ин азизонро,

Шукуфаҳои китобу гули гулистонро.

 

   Барои чунин як суҳбати пурмуҳтаво аз Шумо сипосгузорам.

Суҳбаторо: Умед Пудинаев,

  рӯзноманигор

 

 

 

 

 

ДАҲ ДАСТОВАРДИ БЕНАЗИРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

    Дар таърихи 9 сентябри соли 1991 дар ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шӯрои Олии ҶТ), қарор ва изҳорот «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд. Минбаъд ҳамасола ин рӯз ҳамчун рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

   Истиқлолият  ҳаммаъно бо вожаи  немисии «суверенитет»,  («Souveränität») буда,  ба  маънои  ҳокимияти  олӣ,  волоият ва ҳокимият далолат  мекунад,ки истиқлолият ва   волоияти  он  дар  умури  дохилӣ  ва  хориҷӣ мебошад.

   Истиқлолияти  давлатӣ — сифати ҳуқуқии  ҷудонопазири  истиқлолияти  давлат аст, ки рамзи  мухторияти  ҳуқуқӣ-сиёсӣ,  масъулияти  олӣ доштан  ва ҳамчун арзиш субъекти аввалини   ҳуқуқи  байналхалқӣ буда,  волоияти ҳокимияти давлатӣ ва итоат   накардан ба  кишварҳои  дигарро   мефаҳмонад.

   Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун   мафҳуми   илмӣ  ҳанӯз  дар  асри  XVI  аз ҷониби  сиёсатмадор  ва  олими  франсуз Жан Боден  (1529— 1596) ба таҳқиқоти  илмӣ  ворид  гардидааст.   Махсусан  дар   асари  ӯ бо  номи  «Шаш  китоб  дар бораи  давлат» ин  мафҳум  таҳлил гардидааст.

   Дар  Оинномаи СММ ва дигар  санадҳои ҳуққии  байналхалқӣ  омадааст,  ки эҳтиром  намудани  истиқлолияти  як  кишвар аз ҷумлаи  принсипҳои  асосии  ҳуқуқи байналхалқӣ ва   муносибатҳои байналхалқӣ  мебошад. Дар  ҳуқуқи  байналхалқии муосир, ба  ғайр  аз  истиқлолияти  давлатӣ,  мафҳуми  истиқлолияти  миллӣ   низ истифода  мегардад,  ки  он ҳуқуқи худшиносии ҳар  як  миллат дар масири  давлатдорӣ  мебошад.  Истиқлолияти  миллӣ -  ин  таъмини  ҳуқуқи  давлатдории  як  миллат,  ба даст  овардани  ҳуқуқи сиёсии  ташкилоти  давлатӣ-ҳуқуқӣ  ва   шакли  муносибатҳо бо  дигар   миллатҳо мебошад. Моҳиятан  истиқлолияти  миллӣ-  ин  принсипи демократӣ  аст,  ки амалишавии  он   аз   дарки   дурусти   манфиатҳои  ҳаётан  муҳими  як миллат   иборат мебошад. Принсипи истиқлолияти   миллӣ як  миллатро  бар дигар  миллатҳо  афзалият  надода,  балки ба   истиқлолияти  давлатӣ  воқеан  сифати  нав  зам  мекунад.  Ҳуқуқи  ба  даст  овардани  истиқлолияти  давлатӣ дар  давраи  муайяни таърихӣ ин  ҳуқуқи  як  миллат  дар  ин   давраи  таърихӣ  мебошад,  ки он  дар  марҳалаи  ташкил  намудани  давлати  миллии хеш мебошад.

   Дар  баробари  ин истиқлолияти  мардумӣ  вуҷуд  дорад,  ки  ин  консепсия  аз  ҷониби  мутафаккири  франсуз  Руссо ҳанӯз  дар  асри 18 роҳандозӣ  шудааст. Тибқи он истиқлолият  ин  мавҷудияти  гурӯҳӣ буда,  аз   нафарони  алоҳида  таркиб  ёфтааст.

   Ҳамин   тариқ,  дар  сиёсатшиносӣ  мафҳумҳои   «истиқлолият» ва  «соҳибихтиёрӣ» ба  ҳамдигар   ҳаммаъно  буда,  то  андозае  якдигарро  такмил  медиҳанд.  Истиқлолият ва   соҳибихтиёрии  давлат,  иҷро  намудани  вазифаҳои  давлатдорӣ  дар  ҳудуди  кишвар   ва   берун  аз  он  мебошад. Давлати  соҳибихтиёр  бевосита  шакли  давлатдории  худ, сохти  давлатдорӣ,  органҳои  ҳокимияти  давлатӣ  ва   маҳаллиро  муайян  мекунад. Давлати  соҳибихтиёр ба  таври  ихтиёрӣ низоми  молиявӣ, асъор,  бонкӣ  ва ҳудудии  худро  муайян  менамояд. Давлати  соҳибихтиёр кафили  амният  дар   кишвар   аст, дорои  артиши  миллӣ  мебошад,  ки  ҳимоятгари  сохти  конститутсионӣ  ва  якпорчагии   давлат  мебошад.

   Хусусияти  асосии  давлати соҳибихтиёр ҳуқуқи  баромад   намудан   дар  арсаи  ҷаҳонӣ  ва  шомил  гардидан   ба   ташкилотҳо  ва  созмонҳои  минтақавӣ,  фароминтақавӣ  ва  ҷаҳонӣ  мебошад,  ки  дар  он   бевосита   манфиатҳои  миллӣ  ва   давлатии  кишвар ҳимоя  карда   мешаванд.

Нишонаҳои  асосии давлати  соҳибистиқлол аз инҳо иборат  аст:

1.Тамомияти  арзӣ  ва  ҳудудӣ.

2.Истиқлолияти  давлатӣ

   Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон —  ин  рамзи  барҷастаи  пойдории давлат, дастоварди муқаддас ва бузургтарин таърихи навини халқи Тоҷикистон буда, ҳамчун ифодакунандаи соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти давлат шароит фароҳам овард, ки дар арсаи байналмилалӣ ҷойи худро пайдо намояд.

   Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. «Истиқлолият» мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калидие мебошанд, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар шавад ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шаванд.

   Бар роҳ мондан ва татбиқи се ҳадафи стратегӣ дар даврони истиқлолият барои кишвар имконият фароҳам овард, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар рушд ёбад ва такони ҷиддие дар сатҳи некуаҳволии ҷомеа ба амал ояд.

   Албатта, истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки таърихи 27 сола дорад, ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар дастоварҳо ва комёбиҳои беназир ба даст оварда шавад. Ҳамаи дастовардҳоеро, ки мо дар ин муддат ноил гардидем, номбар намудан ғайри имкон аст, вале ба назари мо муҳимтарини онҳо аз инҳо иборатанд:

 1.     Давлатдории миллӣ

    Яке аз дастовардҳои сиёсии истиқлолияти давлатӣ ин ба даст овардани давлатдорӣ мебошад. Маҳз дар сатҳи давлатдорӣ як миллат ё халқ метавонад сохти ҳаёти иҷтимоӣ, низоми сиёсӣ ва шакли идоракунии давлатро нишон диҳад ва дар навбати худ низоми ҳуқуқии миллиро таъсис диҳад. Аз ин лиҳоз, дар таърихи муосири Тоҷикистон ба даст овардани давлатдории миллӣ падидаи нодир буда, дастоварди беназири истиқлолият мебошад.

   2.     Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа

   Раванди ба даст овардани истиқлолият дар ҷумҳурии мо назар ба дигар ҷумҳуриҳои осиёимиёнагӣ бе қурбониҳо ва душвориҳои сангин ба даст наомад. Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад, ки билохир ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Хушбахтона, фарҳанги бузурги тоҷикона ғалаба кард ва дар тафаккури шаҳрвандон ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан аз ҷурми якдигар ба умеди шукуфоии оянда боло гирифт. Сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид. Маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳ нуктаҳои калидие буданд, ки истиқлолияти давлатиро таҳким бахшиданд ва роҳро барои бартараф намудани рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар кушоданд. Инчунин сулҳ имкон дод, ки ихтилофҳо дар кишвар барҳам дода шуда, тамоми гурезаҳо ба Ватан баргардонда шаванд ва як заминаи воқеӣ барои ҷомеаи амну субот дар кишвар муҳаё карда шавад.

   3.     Истиқлолияти давлатӣ ва арҷгузорӣ ба забон, таърих ва фарҳанги миллӣ.

    Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёкони худ аҳамияти махсус диҳем. Чунки забони миллии мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳими вуҷудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳуввияти ӯ дар тӯли асрҳо ба шумор меравад. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳифзу гириромидошт ва тозагии он вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар мебошад.

   Бояд қайд намуд, ки дар даврони истиқлолият баҳри бедории худшиносии ва ҳуввияти миллӣ, назари амиқ намудан ба таърихи миллати тоҷик ва расму оинҳои миллӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва ғ. корҳои зиёде ба амал бароварда шуданд.

   Инчунин баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ баҳри бузургдошти фарзандони бузурги миллат бо ҷалби олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ низ дастоварди азими даврони истиқлолият ба шумор меравад. Ин ҷашнҳо аз як тараф бозгӯкунандаи он ҳастанд, ки насли муосир бидонанд, ки чунин таърихи воло ва аҷдодони барӯманд доранд ва аз тарафи дигар, омили тақвиятбахшандаи ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии шаҳрвандон дар зери парчами давлати мустақил бар зидди таҳдидҳои ҷаҳони муосир мебошад.

   4.     Истиқлолияти давлатӣ – заминаи воқеии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар

    Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити хуб фароҳам овард. Амалӣ гардондан ва тақвият бахшидани барномаҳои се ҳадафи стратегӣ – «баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ», «таъмини амнияти озуқавории кишвар» ва «ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ» вазифаҳои аввалиндараҷа буда, муҳаё намудани заминаҳои воқеӣ дар кишвар оид ба рушди соҳибкорӣ ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани иқтисодиёт муҳим мебошад.

   Рушди иқтисодии кишвар омили муҳим барои тақвияти ваҳдати миллӣ дар даврони истиқлолият низ мебошад. Дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ корхонаҳои нав бунёд мегарданд ва ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меоянд, ки боиси рушди ин ё он маҳал ва баланд гардидани сатҳи иқтисодии аҳли ҷомеа мегардад. Гурӯҳҳои иҷтимоӣ-этникӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми худро мегузоранд. Аз тарафи дигар, дар даврони истиқлолият муҳоҷирати дохилӣ низ тақвият пайдо кардааст, ки боз ҳам такони ҷиддие барои ҳамгироии намояндагони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва ваҳдати миллӣ мегардад.

   Бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард ба монанди «Роҳи мошингарди Бадахшон», «Нақби Истиклол», «Роҳи охани Хатлону Кулоб», таҷдид намудани бунёди нерӯгоҳи бузурги аср - НБО-и Рогун, Сангтудаи-1, Сангтудаи-2 қадами бузург баҳри иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва омили муҳим баҳри ҳамгироии ҷомеа мебошанд.

   Ба ғайр аз ин, ба таври куллӣ дар сохтори иқтисодиёти кишвар дигаргунӣ ворид карда шуда, дар он асоси боэътимоди меъёриву ҳуқуқӣ таъсис дода шуда, фазои муътамади инвестиосионӣ фароҳам оварда шуд. Масалан мувофиқи «Нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» агар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2010, 107% бошад, пас ин нишондиҳанда дар 2017, 121,3%-ро ташкил дод. Ҳамчунин содироти маҳсулот ба кишварҳои дигар, ки дар соли 2010 - 77% буд, ва ин нишондиҳанда дар соли 2017- 146,3%-ро ташкил дод.(Основные макроэкономические показатели Республики Таджикистан.(1995-2017). http://www.cisstat.com/rus/macro/tad.htm. Рӯзи муроҷиат – 31.08.2018).

   5.Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ – дастовард ва таҷрибаи бузурги истиқлолият

      Ироа гардидани паёмҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ ин ҳам яке аз дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва мебошад.

    Ҳамин тариқ, Паёмҳое, ки дар давоми 17 сол ба Маҷлиси Олии ҶТ ва метавон гуфт ба мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод мегарданд, ифодакунандаи вазъи воқеии ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷии кишвар мебошанд. Албатта ироаи Паёмҳо талаби замон буда, зарурати воқеиеанд, ки масъалаҳои асосии ҷомеаро дарбар мегиранд. Аз ин рӯ, метавон чанд масъалаи усулии онро баён намуд:

    Якум, Паёмҳои сарвари давлат дар худ ҷанбаи сафарбаркунандагӣ доранд. Яъне Паёмҳо ҳама сола ба Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод мегарданд ва худ ифодакунандаи ҳамон се ҳадафи стратегӣ мебошанд.

   Дуюм, дар Паёмҳо хусусияти раҳнамоикунанда ифода ёфтааст. Воқеан дар Паёмҳо фаъолияти яксолаи тамоми сохторҳои ҷомеа таҳлил ва ҷамъбаст мегарданд ва вазифаҳои нав барои рушди соҳаҳо пешниҳод мегарданд.

Сеюм, Паёмҳо ҷанбаи барномавӣ доранд. Паём ҳамчун барномаи яксола барои Мақомоти ҳокимияти давлатӣ баромад менамояд.

Чорум, Паём ҷанбаи ҳамгироикунандагӣ ва таҳкимбахши Ваҳдати миллӣ доранд. Дар онҳо нуқтаҳои асосӣ ва масъалаҳои калидии ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа ифода меёбанд, ки онҳо ба ҳаёти ҳар як фарди ҷомеа мусоидат менамояд. Ин омил метавонад баҳри муттаҳидӣ ва ҳамгироии тамоми қишрҳои ҷомеа хидмат намуда, дар зери як ҳадаф муттаҳид гардидан ва баҳри ҳаёти солиму созанда камари ҳиммат бастан баҳри рушди босуботи кишвар мусоидат менамояд.

     6.Қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхо» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

   Қабул гардидани Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхо» иқдоми бузург ва роҳи башардӯстона баҳри ҳифзи вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа буда, пеш аз ҳама, баҳри барқарор гардидани адолати иҷтимоӣ равона гардидааст. Таҷрибаи амалӣ гардидани Қонуни танзим нишон дод, ки дар ҷомеа сатҳи маърифатнокии мардум нисбат ба расму оинҳо баланд гардид, аҳли ҷомеа хурофотро аз маросимҳои воқеан муҳими милливу динӣ фарқ намуд, як муҳити воқеан равонии баробарӣ дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа барқарор гардад. Ҳамзамон дар ин муддат як раванди омили тарбиявӣ доштани қонун падид омад, ки метавонад кирдорҳои номатлуби худнамоӣ ва зоҳирпарастиро аз байн барад.

   Бояд зикр намуд, ки ҷашну маросимҳо ва анъанаҳо аз насл ба насл омадаанд ва онҳо дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо ҳамчун омилҳои зарурии иҷтимоӣ зуҳур намудаанд. Аксари ҷашну маросимҳо баёнгари арзишҳо ва асолатҳои фарҳангии мо бошанд ҳам, вале онҳоро ба як низоми муайян даровардан ва тибқи талаботи замони муосир амал намудан хеле зарур аст.

   Ҳамчун таҷрибаи беназир ва дастоварди бузург метавон Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳисоб намуд, ки мақсад аз қабул гардидани тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ мебошад. Дар даврае, ки ҷомеаи моро хатарҳои зиёд таҳдид менамояд, бояд ҳар як падару модар дар тарбияи фарзандон масъул бошанд, ки онҳо бояд ба ҷомеа фарзандони руҳан ва ҷисман солимро диҳанд.

     7. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон – сиёсати хориҷии муваффақ

      Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро рушд диҳад ва бо аксар давлатҳои минтақа ва фароминтақавӣ муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ барқарор намояд. Махсусан бо пешбурди «сиёсати дарҳои боз», ки аз соли 2003 роҳандозӣ шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ гардид, ки мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ устувор созад. Аз ҷумла, яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон «сиёсати дарҳои боз» мебошад.

    Инчунин дар давоми 27 соли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷумҳурии демократӣ, мустақил, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррафӣ намуда, бо аксар кишварҳои дунё ва созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ барқарор намудааст. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои як қатор созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва фароминтақавӣ ба монанди – СММ, ОБСЕ, Созмони Конфронси исломӣ, ЭКО,Созмони ҳамкориҳои амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди давлатҳои мустақил,Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва ғ. мебошад.

   Падидаи муҳими дигар дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин қабул гардидани пшниҳодешниҳодҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ин пешниҳодҳо бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳифзи манфиати миллӣ ва дарки баробариву ҳамкории судманд дар сатҳи байналмилалӣ манзур гардиданд. Махсусан дар соҳаи об аз ҷониби Сарвари давлат ин ташаббусҳо - Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003, Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 пешниҳод гардиданд, ки Созмони Милали Муттаҳид онҳоро дастгирӣ ва доир ба онҳо қатъномаҳо қабул намуд. Бояд зикр кард, ки ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 22 марти соли 2018 оғоз гардид. Ба ин муносибат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 72-юми СММ суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки масъалаи об ва таъмини он яке аз масъалаҳои муҳими инсоният ба шумор рафта, фаъолияти дастҷамъона ва муносибати ҷиддиро тақозо менамояд.

    Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ доир ба масъалаҳои актуалии ҷаҳони муосир пешниҳодҳои худро иброз намуда, мавқеи худро муайян менамояд.

      8.      Рушди маориф – дастоварди бузурги сиёсати дохилӣ

    Бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таҳсилотӣ ва тиббӣ, аз ҷумла мактабҳо, беморхонаҳо, литсейҳо, донишкадаву донишгоҳҳо дар саросари кишвар аз ҷумлаи         амалӣ намудани барномаҳои маърифатноккунии ҷомеа ба шумор меравад. Дар ин самт вазифаи асосӣ на танҳо сохтмон, балки ба талаботи замона ҷавобгӯ будан ва муҳаё намудани шароити муосири таълим ва таҷҳизоту лавозимоти замонавӣ, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ ва дигар васоити техникӣ мебошад. Ҳамаи ин барои тарбияи дурусти насли наврас,баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омӯзиши илмҳои дақиқ ва забономӯзӣ ҳидоят намудани хонандагон, дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва арзишҳои милливу умумибашарӣ мусоидат хоҳад намуд.

    9. Истиқлолиятватаъминиозодиивиҷдон

      Рушди минбаъдаи давлатдорӣ дар Тоҷикистон як қатор масъалаҳоро дар муносибат бо дин ба амал овард, ки бевосита машрӯияти ин муносибатҳо ба вуҷуд омаданд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои ҳамаи шаҳрвандонро новобаста аз ҷинс, миллат, забон ва муносибат ба дин кафолат медиҳад. Конунҳои дар ин раванд қабулгардида бо қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи башар дар ҳеҷ ваҷҳ мухолифат намекунанд. Ба ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои динӣ мақоми ҳуқуқӣ дода шуд, ки бо риояи қонунуниятҳои амалкунанда фаъолияти худро пеш баранд. Албатта, принципи конститутcионии давлати дунявӣ водор мекунад, ки давлат аз ташкилотҳои динӣ ҷудо бошад. Ҳамин тариқ, қонунҳои мансуб ба озодии виҷдони шаҳрвандони кишвар дар асоси принсипи муайян ба низом дароварда шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, ин ҳуқуқ ва озодиҳо низ дар асоси принсипи ҷудо будани ташкилотҳои динӣ аз давлат ба роҳ монда шудаанд. Дар асоси Конститутсияи ҶТ ва қонунҳои амалкунанда, озодии виҷдони ҳар як шаҳрванд кафолат дода мешавад. Ҳар кас метавонад ба ин ва ё он дин пайравӣ кунад ва ё накунад. Дар моддаи 26 Конститутсия чунин омадааст:«Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».

      Ҳамин тариқ, Модели ҳамзистии муваффақи пайравони дину мазҳабҳо дар ҷумҳурии мо аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Дар ҷумҳурӣ пайравони динҳои гуногун ба масҷидҳо ва ибодатгоҳҳои мазҳабии худ озодона мераванд.

     10. Ҷавонон ояндаи миллатанд

      Дар даврони истиқлолият таваҷҷуҳи хосса додан ба насли наврас ва ҷавон аз ҷумлаи дастовардҳои беназири истиқлолият мебошад. Чунки ин насл ояндаи миллат буда, бақои давлат ва Ватан мебошад. Аз ҷониби Ҳукумати ҶТ барномаҳо ва консепсияҳо оид ба маърифаткунонии насли ҷавон ҳамчун насли солим ва бомаърифат қабул гардидаанд. Бояд зикр кард, ки Соли 2017 – Соли ҷавонон эълон гардида буд.

    Ҳамин тариқ, дар даврони истиқлолият дастовардҳо зиёд бошанд хам, муҳимтаринашонро зикр намудем. Албатта дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини амнияти миллӣ дар кишвар муваффақиятҳои зиёде ба даст омада бошанд ҳам, вале барои рушди кишвар корҳои зиёдеро бояд ба анҷом расонд. Дар ин раванд яке аз иқдомҳои муҳим мубориза бо фасод, хурофот ва дигар амалҳои нангин бояд бошад. Танҳо низоми афзалиятноки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи камбизоатии мардум воситаи муҳим барои ба роҳ мондани ислоҳоти бузурги иқтисодӣ, таҳкими суботи ҷомеа ва тақвияти ваҳдати миллӣ буда, омили муҳимест барои давраи гузариш ба ҷомеаи шаҳрвандӣ.

    Маром ва мақсади ҳар як фарди ҷомеа бояд таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, масъалаи рушди ҷомеа, ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, тарзи ҳаёти солим ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва ватандӯстӣ бояд бошад.

        

 

          Нусратулло ЗОКИРОВ,
котиби илмии Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А. Баҳоваддинови
АИ ҶТ,
номзади илмҳои фалсафа

 

 

 

 

 

Дарси сулҳ ва дониш

     Кормандони илмӣ-таҳқиқотӣ, аспирантону магистрон ва докторантони Академияи илмҳо дар толори раёсати АИ ҶТ ба тамошои суханронии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бахшида ба 1-уми сентябр “Рӯзи дониш ва сулҳ”бо хотири хуш ва рӯҳияи баланд  ҷамъ омадаанд.  Суратгузориш аз рафти он!

1.83.jpg - 100.21 KB

1.84.jpg - 132.39 KB

1.85.jpg - 130.95 KB

1.86.jpg - 129.07 KB

 

 

 

Мутахассиси техникӣ - бунёдгар ва равнақдиҳандаи саноату иқтисодиёти ҷумҳурӣ

    Мавсими интихоби касби оянда барои хатмкунандагони макотиби таълимоти умумӣ  фаро расид ва ҳазорон наврасон бо умеди амалӣ намудани орзуҳои худ дар ин ҷода ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази миллии умумиҷумҳуриявии санҷиши дараҷаи дониши дохилшавандагони донишгоҳу донишкадаҳо пешниҳод намуданд. Мушоҳидаҳои солҳои пешина нишон медиҳанд, ки бисёр хатмкунандагони макотиби умумитаълимӣ дар интихоби касбу ихтисоси оянда тавакаллӣ рафтор менамоянд, зеро таълимоти умумимактабии ҳозира имконияти тайёр намудани ҳар як хатмкунандаро барои интихоби ихтисоси ба характеру  миҷози ӯ мувофиқбударо надорад. Бесабаб нест,ки бисёр довталабон хоҳони шудани  ҳуқуқшинос ё иқтисодчӣ, духтур, дар ҷодаи техникӣ бошад барномасоз, энергетик, корманди БДА ва амсоли инҳо ҳамагӣ чанд ихтисоси дигар, ҳастанд. Ин хоҳиши онҳо инъикоскунандаи талаботи ҷамъиятамон ба ин ихтисосҳо нест, зеро дар ин ихтисосҳо аллакай даҳҳо ва ҳатто метавон гуфт садҳо маротиб зиёд хатмкардагони макотиби олӣ нисбати шумораи лозима диплом гирифтаанду дар соҳаҳои марбута аз набудани ҷои корӣ имконияти фаъолият намуданро надоранд. Дар навбати худ эҳтиёҷоти иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба мутахассисони ихтисосҳои дигар, хусусан ихтисосҳои муҳандисӣ- техникӣ, хеле зиёдаст, вале дарк карда натавонистани хатмкунандагони мактабҳои умумитаълимӣ дар фаҳмиши авзалияти ин ихтисосҳо барои дар оянда таъмин будан бо ҷои кору маоши пурарзиш, онҳоро дар интихоби ин ихтисосҳо маҳдуд мегардонад. 

   Равнақи иқтисодиёти ҳар мамлакат пеш аз ҳама аз равнақи истеҳсолот бо истифодабарии техникаву технологияҳои босамари  тавлиди молу маҳсулот дар он вобаста мебошад. Равнақи истеҳсолот ва истифодабариии  технологияҳои босамарро  метавонанд фақат одамони босавод ва донишу малакаи амиқ ва тахассусӣ дошта амалӣ намоянд. Агар мактаби таълимоти умумӣ ба шахси наврас саводнокшавиро омӯзонад, донишгоҳу донишкадаву омӯзишгоҳҳо дар таълимгоҳҳои худ ҷавонони доништалабро барои омӯхтани дониши тахассусӣ ҳидоят намуда онҳоро барои мутахассиси ояндаи ягон соҳаи истехсолот шудан  тайёр менамоянд. Мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ ба истиснои ягон-ягони онҳо барномаҳои якхелаи таълимӣ доранд, ки сабақомӯзии якрангу якхеларо таъмин менамоянд. Дар натиҷа  мактаббачагон яххела сабақ гирифта,  фақат бо дараҷаи азхуднамоии ин сабақ аз якдигар фарқ мекунанд.  Ва ин таври таълимдиҳӣ ва сабақомӯзӣ дуруст аст, зеро дар мактабҳои умумитаълимӣ мактаббача саводнок шуда,  дар вуҷуди худ бояд қобилияти донишомӯзиро асос гузорад, зеро дар мактаби олӣ ин қобилият ба ӯ барои аз худ намудани фанҳои тахассусӣ зарур аст, агар чунин қобилият дар вуҷуди донишомӯз бошад,  аз ӯ мутахассиси хуб ва донишманд пайдо мешавад, вагарна ҳарчанд ӯ тавонад макотиби олиро хатм карда диплом гирад ҳам,  вале ӯ чун мутахассиси тавоно ба камол намерасад.

   Барои хатмкунандагон хуб аст, агар ихтисоси ояндаи худро вобаста ба мавҷудият ё нақшаҳои барпошавии корхонаҳои саноатӣ дар шаҳру навоҳиҳои ҷумҳурӣ бо назардошти макони зисташон интихоб намоянд, чунки мавҷудияти корхонаи саноатӣ ва ё нақшаи сохтани он дар солҳои оянда эҳтимолияти бо ҷои кор таъмин шудани ин мутахассиси ҷавонро таъмин менамоянд. Ҷумҳурии мо асосан дар сарзамини куҳӣ ҷойгир шудааст, вале аз  сарватҳои табиии Худодод хеле бой мебошад. Обҳои дарёҳои хурду калон, ки қувваи  бузурги гидроэнергетикӣ доранд, маъхазҳои ангишт дар тамоми ноҳияҳои мамлакат, захираҳои тиллову нуқра, сангҳои қиматбаҳову ороишӣ  амсоли лаъли Бадахшону мармару хорову конгломерати сифати ҷаҳонӣ доштаи дар бисёр ноҳияҳои сарзаминамон мавҷудбуда, конҳои симобу қурғошиму дигар металлҳои ба таври васеъ дар истеҳсолот истифодашаванда, маъхазҳои оҳаксангу гаҷу хокҳои дар саноатҳои масолеҳи сохтмонӣ, чиниворӣ, истеҳсолоти алюминий ва ғ. сарфшаванда, ҳатто маъхазҳои маводи ядроӣ, ки ашё барои истеҳсолоти стантсияҳои барқтавлидкунандаи атомӣ мебошанд, ва бисёр захираҳои табиии дар ин ҷой номбар нашуда, боигарии сарзаминамон ҳастанд ва ин боигарии беҳамтои ҳеҷ гоҳ камнашаванда насиби наслҳои имрӯзаву ояндаи мамлакатамон гардидаанд. Ин сарватҳои табиӣ интизори коркард ва самаранок истифодабарии онҳо ба нафъи халқу Ватанамон мебошанд ва ин коркардро фақат мутахассисони донову аз илмҳои техникиву технологӣ бархурда метавонанд амалӣ созанд. Таваҷҷуҳе, ки бисёр мамлакатҳои бузург нисбати мамлакати мо доранд, ин пеш аз ҳама таваҷҷуҳ ба ин боигариҳои сарзамини мо мебошад. Бо ёрии бархе аз мамлакатҳои қудратманди аз ҷиҳати техникӣ тараққӣ карда, аз ҷумла Русия, Чин, Туркия, Ҳиндустон ва ғ., дар ноҳияҳои гуногуни мамлакатамон корхонаҳои истеҳсолии тавлидкунандаи молу маҳсулот рӯз ба рӯз зиёд сохта мешаванд ва шумори ин корхонаҳо дар солҳои ояндаи наздик хеле меафзоянд. Корхонаҳои коркарди захираҳои мавҷудаи сарзаминамон асоси саноат ва иқтидору тавоноии иқтисодиёти мамлакатамонро ташкил ва таъмин менамоянд. Метавон номбар намуд он корхонаҳои азими мавҷуда ва дар солҳои дар пешоянда сохташавандаро, ки барои таъмини фаъолияташон ба мутахассиси варзидаи донишҳои техникӣ дошта  ниёз доранд: корхонаи "Алюминии тоҷик", корхонаи тиллои "Зарафшон", корхонаи маъданбойгардонии Анзоб, заводҳои кимиёвии дар Ёвону Исфара,  Леваканду Бӯстон, Панҷакенту Истиқлолу Табашару Адрасмон ва ғ. ҷойгиршуда, корхонаҳои мавҷуда ва сохташавандаи тавлиди семент ( Сементи тоҷик, Ғаюрсемент ва ғ.) дар Душанбе, Ёвон, Данғара, Ваҳдат, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, заводҳои истеҳсоли хишт, гаҷ, оҳак, шиша, маводи асбесту сементӣ, фарфор, керамзит, нахи сунъӣ (нахи санги базалтӣ) ва ғ. дар ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ, заводҳои сохташавандаи истеҳсоли кислотаи сулфату криолит дар Ёвон, корхонаҳои металлтавлидкунанда дар Ҳисору Истиқлол ва коркарди нафт дар Турсунзодаву Данғара, корхонаҳои тавлиди газу гармӣ аз ангишт (ТЭС), ки  дар Душанбе сохта шудаасту боз дар Душанбе, Хуҷанду Шӯроб (Исфара) сохта мешаванд, корхонаҳои тавлиди газу сӯзишвориву спиртҳо аз рустаниҳо (биогаз, этанол), корхонаҳои коркарди нахи пахта дар ноҳияҳои Фархор, Данғара, Вахш ва Ҳисор, чопхонаҳои китобу рӯзномаву маҷаллаҳо  ва боз бисёр дигар корхонаҳои мавҷудаву бунёдшаванда. Ҳамаи ин корхонаҳои номбаршуда, ки аксарияти онҳо дар Паёмҳои Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар шудаанд, дар асоси технологияҳои кимиёвии тавлиди маводу маҳсулот аз ашёи табииву сунъӣ фаъолият мекунанд ва ниёз ба мутахассисони соҳаҳои технологияи кимиёвӣметаллургӣ, мошинсозӣ, энергетикӣ, экологӣва амсоли онҳоро доранд. Чунин мутахассисонро фақат дар донишгоҳу донишкадаи таълимоти техникиву технологидиҳанда тайёр намудан мумкин аст. Дар Тоҷикистон маркази  тайёркунии чунин мутахассисон Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, амиқтараш факултаҳои "Технологияҳои инноватсионӣ",  "Энергетикӣ" ва дигарон мебошанд.

   Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ калонтарин ва асоситарин маркази тайёркунии муахассисони баландихтисоси техникиву технологӣ дар ҷумҳурӣ аст.  Соли 2016   ба бунёди донишгоҳ 60 сол пур шуд ва дар ин муддат онро ҳазорон мутахассисон хатм кардаанд ва мумкин мамлакате набошад, ки хатмкардаи ин донишгоҳ кору зиндагонӣ намекарда бошад. Дар донишгоҳ 9 факултет, зиёда аз 50 кафедра, ки бо устодони варзида  ва озмоишгоҳҳою дарсхонаҳои ҳозиразамон таъминанд, мутахассисонро дар сатҳҳои бакалавр, магистр, номзад ва доктори илм тайёр мекунанд. Инчунин дар филиали донишгоҳ дар шаҳри Хуҷанд бо номи "Донишкадаи политехникии Тоҷикистон" ва Колеҷи техникии ш.Душанбе, ки узви таркибии донишгоҳ ҳастанд, мутахассисон тайёр карда мешаванд. Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии техникии Белоруссия факултаи муштарак ташкил намуда оиди баъзе ихтисосҳои нодир, вале барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ хеле зарур, бо ташкили аввали  таҳсил дар Душанбе, идомааш  дар шаҳри Минск, якҷоя мутахассис тайёр менамояд. Бархе устодони донишгоҳи техникӣ  академикон, профессорон, дотсентон ҳастанд, ки мактабҳои илмии онҳо дар миқёси байналхалқӣ маълуму машҳур буда натиҷаҳои тадқиқотҳои илмии онҳо дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон чоп шуда боиси қадрдонӣ гардидаанд. Бисёр вазирони феъливу гузашта, сиёсатмадорону депутатҳои халқӣ, соҳибкорони муваффақ ва сарварони корхонаҳои ҷумҳурӣ хатмкардагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мебошанд. Аз байни хатмкардагони донишгоҳ бисёр олимони барҷаста тарбия ёфтаанд. Фақат зикри он, ки  аз шаш нафар  президентони собиқи Академияи Улуми Тоҷикистон се нафарашон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон камолот ёфта буданд, кифояи тасдиқи ақидаи болоӣ мебошад.  Ташкилкунанда ва аввалин ректори Институти политехникии Тоҷикистон (номи пештараи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон) академик Осимӣ М.С. ва дастпарварони донишгоҳ академикҳо Неъматуллоев С. ва Мирсаидов У. дар вақти сарвари Академияи Улум буданашон пажӯҳишгоҳҳои зиёди  илмиро ташкил намуда ин боргоҳи илму маърифатро ба сатҳи умумиҷаҳонӣ бароварданд. Ин амал барои он ба онҳо муваффақ шуд, ки мутахассисони соҳаи техникӣ буданд ва тавонистанд илми тоҷикро низ дар сатҳи мавҷудаи илму техникаи ҷаҳонӣ равнақ диҳанд.

   Мутахассиси соҳаи техникӣ шахси дақиқкор бояд бошад, зеро амалиёти вай бо воҳид ва ченакҳои муайян ва амиқ  баҳогузорӣ мешаванд. Дар амалиёти мутахассиси соҳаи техникӣ ва технологӣ таваккалӣ рафтор кардан номумкин аст, зеро тамоми ускунату иншоотҳо, биноҳо, роҳҳо, хатҳои обгузарону барқрасон, дастгоҳҳо, мошинҳо, киштиҳо, васоили алоқаву иттиллоотӣ, хӯроку пӯшок, дорувориву нӯшокӣ  ва ғайраву ва ҳоказо, ки зиндагонии имрӯзаи мардумро таъмин мекунанд, бояд таркиб, сохт ва сифати муайян дошта талаботи одамонро ҷавобгӯй бошанд. Ва маҳсулоту маснуоти ба талабот ҷавобгӯйро фақат мутахассиси аз илмҳои дақиқ бархурдор метавонад тавлид намояд. Имконияти тайёр намудани чунин мутахассис дар   Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо таъмини тамоми шароитҳои омӯзиши фанҳои лозима фароҳам оварда шудааст.

Шарифов Абдумумин, доктори илмҳои техникӣ, профессор,

Шодиев Ғолибҷон Ғаюрович,

Субҳонов Далержон Қосимович унвонҷӯёни

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ

 

 

 

 

 

ИСТИҚЛОЛИЯТ- ГАВҲАРИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

    «Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик мебошад, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш менависад, яъне низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян менамояд.».

                                                                                                                                                                                     Эмомалӣ Рахмон

   Таърихи куҳандиёри тоҷикон саршор аз воқеоти бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст, ки дар сарнавишти халқи мо нақши тақдирсоз бозидаанд. Муҳимтарин ва волотарин воқеаи даврони навини таърихи тоҷикон, дастёбӣ ба истиқлолияти давлатист. 9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи 12 ғайринавбатии Шӯрои олӣ Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Ин санад роҳу равиши ояндаи ҷомеа ва сарнавишти халқи тоҷикро ба куллӣ дигаргун сохт. Тоҷикон баъди ҳазор сол аз нав соҳибдавлат гардиданд ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав -Ҷумхурии Тоҷикистон падид омад. Тавлиди давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушҳолӣ истиқбол намуд ва дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ, фаъолияти мустақилона бурдани ҷумхурии соҳибистиқлоли мо оғоз ёфт.

    Бисту хафт сол мукаддам халқи куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба дастоварди бузурги таърихӣ - истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардид, ки ҳоло мо ин рӯйдоди бузургро бо эҳсоси ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем.
       Хосияти ҳар як ҷашн, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки моро ба таҳлил ва ҷамъбасту хулосабарориҳои рӯйдодҳои гузашта, мушаххас сохтани вазифаҳои имрӯза ва ҷашмандозӣ ба оянда водор мекунад.
Аз ин нуқтаи назар истиқлолияти давлатӣ барои миллати соҳибтамаддуни мо падидаи бемислу боазамати таърихиест, ки силсилаи воқеаҳои сарнавиштсозро дарбар мегирад ва мо бояд онро аз дидгоҳи фарохтару баландтар баҳо диҳем.

   Дар ин росто, қабл аз ҳама, дарк бояд кард, ки истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад. Тоҷикистон маҳз бо шарофати истиқлолият ҳамҷун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки бо дар назардошти мушкилиҳои солҳои 90-ум миллати куҳанбунёди мо аз ӯҳдаи он бо сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои миллат, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромадааст.

   Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯй ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.

   Роҳи таърихие, ки халқи тоҷик  дар бист соли охир тай намудааст, шоҳроҳи ҳамвор набуд ва ёфтани миёнроҳи тиллоӣ низ амри маҳол менамуд. Тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла мову шумо хуб огоҳ ҳастем, ки то расидан ба дастовардҳои имрӯза мо ҷӣ қадар мамониату маҳрумият ва мушкилоти сахту сангинро паси сар кардаем.
Аз нахустин қадамҳои истиқлолият доираҳои муайяни бадхоҳ бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсие, ки бар асари онҳо ҳанӯз ҳазор сол пеш давлати бузурги Сомониён завол ёфта буд, тавонистанд миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, баъдан давлати тозабунёди Тоҷикистонро дуҷори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд. Дар натиҷа беш аз 150 ҳазор шаҳрвандони мо ҷони худро аз даст доданд, қариб як миллион нафар иҷборан хонаву дари худро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуданд.

   Ҷанги таҳмилӣ ба иқтисодиёти мамлакат дар маҷмӯъ беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зиёни моддӣ расонид. Даҳҳо ҳазор хонаҳои истиқоматӣ сӯзонда шуда, ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ харобу валангор гардиданд. Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надорад. Зеро бар асари он даҳҳо ҳазор модарон аз фарзандонашон, даҳҳо ҳазор занон аз шавҳарашон маҳрум гардида, зиёда аз 50 ҳазор кӯдакон ятим монданд. Зиёда аз ин, миёни доираҳои сиёсии беруна ва шарикони дохилии онҳо нақшаи қисмат намудани Тоҷикистон, пароканда сохтани миллат ва бо ҳамин роҳ аз байн бурдани давлатдории тоҷикон тарҳрезӣ мешуд.  Вале бар хилофи азму талошҳои гурӯҳҳои бегонапараст, нерӯҳои тундрави дохилӣ ва баъзе доираҳои манфиатдори хориҷӣ қувваҳои солими ҷомеаи мо таҳти роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ зери парҷами нангу номус ва ягонагии миллӣ ба ҳам омада, роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллиро интихоб карданд.

    Бо ташаббус ва кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунидҳои ҳукумат бо мухолифин ба хотири ҳамдигарфаҳмӣ ва истиқрори сулҳ оғоз гардид. Дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ, ки зиёда аз 40 моҳ идома ёфтааст, ба мо муяссар гардид, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи худ 21 маротиба бо иттиҳоди мухолифини миллати тоҷик музокира анҷом дода, 40 ҳуҷҷати барои миллат муҳимро ба имзо расонем. Баъди зиёда аз панҷ соли мухолифати мусаллаҳона “Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид, ки дастоварди олӣ ва нодиртарини халқи тоҷик дар даврони истиқлолият ба ҳисоб меравад ва ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст, ки ин ифтихори мост.

   Дар ҷахоряки асри 21 мо падидаву омилҳои сиёсиву таърихӣ ва иҷтимоиву фарҳангии миллиро дар марҳалаҳои гуногуни таърихи халқамон омӯхта, бо дар назардошти таҷрибаи давлатсозиву давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифтем. Дар ин давра бори нахуст аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 6-ноябри соли 1994, Конститутсияи нави мамлакат қабул гардида, дар асоси он парламенти касбии иборат аз ду палата ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин замина фаъолияти мақомоти олии қонунгузор ва иҷроияи мамлакат таҳким ёфта, аввалин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллӣ гузошта шуданд.
     Маҳз дар ҳамин давра мо ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки тамоми халқу миллатҳои мутамаддин барои эъмори он талош меварзанд, шурӯъ намудем. Имрӯз аз ҷониби ҳукумати кишвар барои рушду такомули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар ин замина таъмин намудани фаъолияти озодонаи ҳизбу созмонҳо ва воситаҳои ахбори омма тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.

   Ба шарофати соҳибистиқлолӣ халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парҷам, Нишон ва Суруди Миллӣ гардид. Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар муқаррар гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуд. Дар ин давра инҷунин Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадӣ таъсис додашуда, таъмини амният ва ҳифзи марзу буми давлат таҳти назорати онҳо қарор дода шуд.
      Бо дарназардошти роҳи пуршебу фарози дар тӯли ин солҳо тайшуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доим таъкид месозанд, ки “сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамҷун арзишҳои бисёр азизу муқаддас аҳамияти ниҳоят калон доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон мебошад” ва мо вазифадорем, ки барои таквият ва тахкими бештари мавқеи минтакавӣ ва байналмилалии Ватани махбуби худ –Тоҷикистони азиз пайгирона ва муназзам талош намоем.

Хуҷаста бошад иқболи тоҷик,
Ба парвози навин шаҳболи тоҷик.
Гар аз истиқлолаш истиқбол дорад,
Ҳумоюн бод истиқлоли тоҷик.

   27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар фарди соҳибдилу ватандӯсти кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осудаву комёбиҳои беназир оварад! Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз хам қавитар гардидани соҳибистиқлолии он кушишу гайрат намоем. Поянда бод соҳибистиқлоли давлати тоҷикон!

 

Ходими илмии Институти омӯзиши

 масъалаҳои  давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ,

 Хабибҷон Мирзоев