Эълони Академияи илмҳо дар бораи гузаронидани семинар
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати магистрҳо, аспирантҳо, унвонҷӯён ва докторантҳои муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ мерасонад, ки семинарҳои илмии Шӯрои олимони ҷавони АИ ҶТ дар соли хониши 2015-2016 ҳафтае як маротиба рӯзҳои сешанбе, соати 15:00 баргузор мегардад. Дар ин бора рузноманигори Хадамоти матбуоти Академияи илмҳо иттилоъ дода, таъкид намуд, ки семинар бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ингилисӣ баргузор мегардад. Манбаъ меафзояд, Хоҳишмандон метавонанд маърӯза ва баромадҳои худро ба Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Шӯрои олимони ҷавон ва шакли электронӣ ба почтаҳои Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. , Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. фиристанд.
Қабули беш аз 100 нафар кормадони Академияи илмҳо ба узвияти ҲХДТ
5-уми ноябри соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои Академияи илмҳо, директорони муассисаҳои илмии АИ ҶТ, муовинони директорон, котибони илмӣ, сармутахассисон ва ходимони дигари илмӣ, магистрон ва аспирантони муассисаҳои илмӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори умум маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 21 –умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин бора Шервони Умриддин, корманди Хадамоти матбуоти ин ниҳод ба мо иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, Маҷлиси тантанавиро президенти Академияи илмҳо, академик Фарҳод Раҳимӣ бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба моҳият ва мазмуни Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти он дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури техникии ҷомеа ибрози андеша намуд. Ҳамчунин дар ин маҷлис дигар кормандони Академияи илмҳо суханронӣ намуданд. Дар охир 100 нафар кормандони Раёсати Академияи илмҳо ва зерсохторҳои он ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул шуданд.
Ҷаласаи васеи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи 03 ноябри соли 2015 Ҷаласаи васеи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои Раёсати АИ ҶТ, директорон, муовинони директорон, котибони илмӣ, сарходимон ва ходимони пешбари илмии муассисаҳои илмии АИ ҶТ доир гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд:Гузориши раиси комиссия, ноиби президенти АИ ҶТ, раиси Шӯъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникии АИ ҶТ С.Одинаев оид ба арзёбии фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ; Гузориши раиси комиссия, ноиби президенти АИ ҶТ, раиси Шӯъбаи илмҳои биологӣ ва тибби АИ ЧТ М.М.Якубова оид ба арзёбии фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар гузоришҳо оид ба дастовардҳои илмии муассисаҳои зикршуда, масъалаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ тавассути магистратура ва аспирантара, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷети давлатӣ, камбудиву норасоиҳо дар фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилӣ баррасӣ гардида, нақшаҳои минбаъдаи муассисаҳо ва роҳҳои бартараф намудани камбудиву норасоиҳо муайян карда шуданд. Аз рӯйи масъалаи якум Муминов Ҳ. -директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров, Холов А. -муовини директор оид ба илм ва Кабутов Қ.- раиси Маркази таҳқик ва татбиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергия суханронӣ намуда, ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас доданд Аз рӯйи масъалаи дуюм Ҳисориев Ҳ. – директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Алиев Қ. – узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон ба саволҳои гузошташуда посух доданд.
Дар охири ҷаласа қарорҳои дахлдори Раёсати АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд.
Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рўзи Сарқонун
5-уми ноябри соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳо бо иштироки аъзои Академияи илмҳо, директорони муассисаҳои илмии АИ ҶТ, муовинони директорон, котибони илмӣ, сармутахассисон ва ходимони дигари илмӣ, магистрон ва аспирантони муассисаҳои илмӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори умум маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 21 –умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Маҷлиси тантанавиро президенти Академияи илмҳо, академик Ф. Раҳимӣ бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оѓоз бахшида, оид ба моҳият ва мазмуни Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти он дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури техникии ҷомеа ибрози андеша намуд.
Сипас, номзади илмҳои ҳуқуқ Л. Нусратов дар мавзўи “Нақши идеологии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳаввули шуури ҳуқуқии халқи тоҷик” ва номзади илмҳои ҳуқуқ Г. Маликов дар мавзўи “Таъсири ҳукумати электронӣ ба ташаккули меъёрҳои конститутсионалӣ” суханронӣ намуда, аҳамияти арзишҳои умумибашарии Сарқонунро ҷиҳати баланд бардоштани шуури ҳуқуқии мардуми тоҷик ва таъсири ҳукумати электронӣ дар амалӣ намудани муқаррароти Сарқонун баён намуданд.
« Нақши ҷавонон дар рушди илми ватанӣ»
Дар асоси қарори Шӯрои олимони ҷавони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нашриёти «Дониш» маҷмӯаи мақолаҳо ва тезисҳои Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Нақши ҷавонон дар рушди илми ватанӣ»-ро аз чоп баровард.
Дар китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо ва тезисҳои Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Нақши ҷавонон дар рушди илми ватанӣ» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ гирд оварда шудааст.
Маҷмӯаи мазкур аслан барои кормандони илмӣ, муҳандисию техникӣ, магистрҳо, аспирантҳо ва донишҷӯён тавсия карда мешавад. Маводи китоб 416 саҳифаро фаро гирифтааст.