Конфронси илмии байналхалқӣ бахшида ба 80-умин солгарди зодрӯзи Аълохон Афсаҳзод
Раёсати Академияи илмҳо ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шуморо ба Конфронси илмии байналхалқӣ бахшида ба 80 - умин солгарди зодрӯзи адабиётшиноси бузурги тоҷик, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор, узви Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи ходимони театрӣ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи байналмилалии «Баҳори озодӣ» (Ҷумҳурии Исломии Эрон) Аълохон Афсаҳзод даъват менамоянд.
Аълохон Афсаҳзод соли 1935 дар деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷакент ба дунё омада аст. Соли 1999 дар шаҳри Душанбе аз олам гузашта аст. Аз зумраи донишмандони бузурги илми ховаршиносии ватанӣ буда, тамоми рӯзгори эҷодии пурбаракати худро вақфи соҳаи мазкур дошта, дар пешрафту равнақи бемайлон ва шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани он саҳми беназире гузоштааст.
Аълохон Афсаҳзод аз ибтидои солҳои шастум то охирҳои қарни бистум, то дами вопасини зиндагии ибратбахши созанда, дар оғӯши даргоҳи муқаддаси ховаршиносии тоҷик - Институти шӯҳратманди шарқшиносӣ ба воя расида, аз дараҷаи шогирдӣ то қуллаҳои устодӣ камолу ҷалол ёфтааст.
Аълохон Афсаҳзод дар давоми қариб чиҳил соли ҷӯйишу пӯйишҳо ва омӯзишу пажӯҳишҳои ҳадафманди илмӣ дар шохаву соҳаҳои гуногуни фарҳангу адабиёту маорифи миллӣ бештар аз 700 асару мақолаи мукаммалу муфассал офарида, зиёдтар аз 50 олими унвондори сазовор тарбият карда, дар саросари Ҷамоҳири Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз қаламрави он, ба вижа дар доираҳои илмии кишварҳои форсизабон, иштиҳори беканор ёфтааст, ки кам андар каме аз олимони ҷаҳон чунин дастоварду комёбии бемонандро шарафёб гардидааст.
БАРНОМАИ
Конфронси илмии байналхалқӣ бахшида ба 80-умин солгарди зодрӯзи Аълохон Афсаҳзод
«Мактаби Аълохон Афсаҳзод дар рушду такомули фарҳанг ва худшиносии миллӣ»
- Сухани ифтитоҳии Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ.
- Аълохон Афсаҳзод – адиби варзидаи тоҷик – гузориши Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим.
- Хотироти дӯстону шогирдони Аълохон Афсаҳзод.
- Рӯнамои китобҳои нав
Замон: 18 ноябри соли 2015, соати 10:00.
Макон: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Озмуни ҷоизаҳои АИ ҶТ барои беҳтарин монографияҳо, мақолаҳо ва патентҳо
Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷоизаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои беҳтарин монографияҳо, мақолаҳо ва патентҳо барои ихтироот эълон менамояд.
Озмун барои олимони муассисаҳои илмии Академияи илмҳо эълон карда мешавад.
Ҷоизаҳо барои 25 адад монография, 25 адад мақолаи илмӣ (аз ҷумла дар маҷаллаҳои илмии бонуфузи хориҷи кишвар), ки тайи солҳои 2015 - 2016 аз ҷониби олимон дар алоҳидагӣ ва ё муштаракан таҳия ва нашр шудаанд, ҳамчунин 25 адад патентҳои ихтироот, ки тайи солҳои 2015 - 2016 ба даст оварда шудаанд, мукаррар карда мешаванд. Монографияҳо, мақолаҳо ва патентҳо бояд дастовардҳои муҳими илмиро фаро гирифта, аз ҷониби аҳли илм пазируфта шуда бошанд.
Монографияҳо, мақолаҳо ва патентҳо барои ихтирооти пешниҳодшударо Комиссияҳои ҷоизаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (се коммиссия дар бахшҳои алоҳида) баррасӣ менамоянд. Ҳайати Комиссияҳои ҷоизаҳоро Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Монографияҳо, мақолаҳо ва патентҳо ба Комиссияҳои ҷоизаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон то 20 августи соли 2016 пешниҳод карда мешаванд.
Ҷоизаҳо ба олимон дар арафаи ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.
Ғолибони озмун бо дипломи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
10-уми ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмии байналмилалӣ таҳти унвони «Ҷойгоҳи Туғрали Аҳрорӣ дар адабиёти тоҷик» бахшида ба 150-солагии шоири маъруф Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ баргузор шуд. Дар кори конференсия донишмандон ва муҳаққиқони ашъори Туғрал аз Тоҷикистон ва хориҷи кишвар иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсия президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, доктор Иброҳим Худоёр - Раиси Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби президенти АИ ҶТ, академик Кароматулло Олимов, доктори илмҳои филологӣ, директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Сахидод Раҳматуллозода ва номзади илмҳои филологӣ Саидумар Султонов бо гузоришҳои илмӣ баромад намуданд.
Сипас кори конференсия дар се бахш: «Ҷойгоҳи Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ дар таърихи адабиёти тоҷик», «Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ва афкори фалсафӣ ва иҷтимоии замони ӯ» ва «Забон ва услуби ашъори Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ» идома ёфта муҳаққиқон ва олимони шинохта ҳаёт ва фаъолияти шоири маъруф Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ арзёбӣ намуданд. маъруза карданд.
Дар анҷоми баёния иштирокчиёни кори конфренсия зикр гардид, ки дар он идома додани таҳққиқоти ашъори Нақибхони Туғрал қабул карда шуд.
Накибхон Туғрали Аҳрорӣ шоири маъруф ва барҷастаи охири асри 19 ва ибтидои асри 20 низ ба шумор меравад.
РӮНАМОИИ КИТОБҲОИ САНЪАТИ МУСИҚИИ БАДАХШОН
12-уми ноябри соли равон, соати 16:00 дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе бо дастгирии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Фонди Кристенсен рӯнамоии китобҳои санъати мусиқии Бадахшон: “Афсонаҳо, эпос ва ривоятҳо” ҷилди 4 (бо забони русӣ), “Мусиқии инструменталӣ ва сурудҳои лирикӣ” ҷилди 5 (бо забони русӣ) зери таҳияи Низом Нурҷонов, Баҳриниссо Қобилова ва “Харитаи бостоншиносии Помири Шарқӣ (ВМКБ)” (бо забони русӣ) зери таҳияи Мира Бубнова баргузор мегардад.
Нашри ин асарҳо дар асоси ҷустуҷӯи васеъи таҳқиқоти мусиқии анъанавии Бадахшон ва омӯзишҳои бостоншиносӣ ба роҳ монда шуда, дар омӯзиш ва ҳифзи мероси таърихӣ - фарҳангии Бадахшон саҳми бебаҳо хоҳад гузошт. Китоби “Санъати мусиқии Бадахшон” - таҳқиқоти панҷҷилда буда, ба мусиқии касбии халқӣ, анъанаҳои рақсӣ ва театрии минтақаи Бадахшони Кӯҳии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар ҷилди чорум ривоятҳо, достонҳои мафтункунандаи мусиқӣ ва сурудҳои ҳаҷвии бадахшониён гирд оварда шудаанд. Дар ҷилди охирин мусиқии инструменталӣ, аз ҷумла ба тарзи яккахонӣ ва дар иҷрои ансамблҳо ва инчунин сурудҳои лирикии маҳаллӣ, ки дар заминаи шеъру таронаҳои халқӣ ва ашъори классикони форсу тоҷик эҷод гардидаанд, ба табъ расидааст.
Китоби “Харитаи бостоншиносии Помири Шарқӣ” – қисми дуюми китоби дуҷилда, ки ба таърихи ёдгориҳои бостоншиносӣ, бозёфтҳо ва усулҳои ҳифзи ёдгориҳои пурарзиши бостоншиносӣ, ки дар кӯҳистони Бадахшон дарёфт шудаанд, бахшида шудааст. Китоб дорои харитаҳои беназир ва аксҳо буда, тавсифи беш аз 300 ёдгориҳои таърихии Помири Шарқиро дар бар мегирад. Асар ҳамчунин дар бораи таърихи ҷомеаҳои Помири Шарқӣ аз асрҳои миёна то давраи муосир маълумот медиҳад.
Конфронси Академия улум бахшида ба 150-солагии Туғрал
Имруз 10-уми ноябр, дар бинои Академия улуми Тоҷикистон конфронси байналмиллалӣ, таҳти унвони “Ҷойгоҳи Туғрали Аҳрорӣ дар адбиёти тоҷик”, бахшида ба 150 солагии солгарди Туғрали Аҳрорӣ баргузор мегардад.
Дар ин бора Шервони Умриддин рӯзноманигори хадамоти матбуотии ин ниҳод ба мо иттилоъ дод.
Бино ба иттилоъи манбаъ конфронс бо ҳамдастии Академия улум ва Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ баргузор гардида, дар толори Академия улум баргузор мегардад.
Қарор аст, дар кори конфронс Президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ, академикҳо ва олимони шинохтаи дохиливу хориҷӣ ширкат ва суханронӣ кунанд.
Конфронс аз санаи 10 ноябр аз соати 10:00 то 15:00 идома меёбад.
Макон: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33.
Замон: толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Рӯзи 10-уми ноябри соли 2015, соати 10:00.