joomla
free templates joomla

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ

 

     23 - уми ноябри соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

    Дар маҷлиси тантанавӣ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ афзуд, ки будани парчами миллӣ аз соҳибистиқлолии мамлакатамон дарак медиҳад. Парчами миллӣ ин далели давлатдорӣ, нангу номус, нишони ифтихор аз Ватан ва содиқ будан ба сарзамину истиқлолияти худ аст. Парчами миллӣ яке аз рукнҳои асосии муқаддаси миллӣ ба шумор меравад. Барои таҳкими худшиносии миллӣ, ваҳдату истиқлолият ва якпорчагии Тоҷикистони азиз нақши муассир мегузорад.

     Сипас, докторони илмҳои ҳуқуқ Имонқул Буриев таҳти унвони “Парчам дар таърихи давлатдории тоҷикон” ва Акмал Неъматов дар мавзӯи “Заминаҳои ҳуқуқии истифодаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмили минбаъдаи он”, инчунин номзади илмҳои таърих Абдулло Ғафуров дар мавзӯи “Аз таърихи парчамдории тоҷикон” назди ҳозирин баромад карданд.

     Зимни баромад нотиқон иброз доштанд, ки имрӯз воқеан мардуми мо ба муқаддасоти миллии худ - Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътиқоду эҳтироми хоса доранд.

 

Рӯзи ҷаҳонии фалсафа ва 2600 - солагии мутафаккири дунёи атиқа Арасту

 

     Имрӯз 19 – уми ноябри соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, конфронс таҳти унвони “Мақоми таърихи фалсафа дар системаи улуми фалсафии муосир” бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии фалсафа ва 2600 - солагии мутафаккири дунёи атиқа Арасту баргузор гардид. 

   Профессор, Сайфуллоев Н. М. - Абӯалӣ Ибни Сино бузургтарин мантиқшинос, на танҳо дар Машриқзамин, балки дар мамлакатҳои асри миёнагӣ, давраи эҳё ва замони нав ба шумор меравад, зеро мантиқшиносони то замони Абӯалӣ Ибни Сино агар ба мероси ғании мантиқии Арасту такя мекарданд, пас аз Абӯалӣ Ибни Сино чӣ дар мамолики Шарқ ва чӣ дар мамлакатҳои Ғарб фақат онҳо ба асарҳои безаволи Абӯалӣ Ибни Сино, асарҳои мантиқӣ такя мекарданд, ки дар натиҷа мавқеи асарҳои Арасту каме танг шуд, - гуфт зимни гузориши худ дар масъалаи “Афкори мантиқии халқи тоҷик ва масъалаҳои мубрами мантиқи муосир”.

   Дар конфронси мазкур қайд шуд, ки мероси мантиқии мутафаккирони форсизабону араб ба таври  зарурӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор нагирифтааст. Аз ин рӯ, бояд барои кормандони шуъбаи мантиқ ва фалсафаи илм зарур аст, ки афкори мантиқии халқи тоҷик ҳаматарафа мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирад, чунки афкори мантиқии халқи тоҷик ғайр аз мантиқи Юнони қадим дорои дигар сарчашмаҳо низ аст. 

 

КОНФЕРЕНСИЯ БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ФАЛСАФА

 

     Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ Шуморо барои иштирок дар Конференсияи “Мақоми таърихи фалсафа дар системаи улуми фалсафии муосир” бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии фалсафа ва 2600 - солагии мутафаккири дунёи атиқа Арасту  баргузор мегардад, даъват менамоем.

     Дар ифтитоҳии Конференсия сухани табрикии президенти  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар назар аст.

      Дар Конференсияи мазкур директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ, профессор Абдураҳмон Маҳмадов – “Арасту файласуф ва мутафаккири санъати баҳси, сиёсӣ”, академики АИ ҶТ, Олимов К. – “Фалсафа ва проблемаҳои ҷаҳони муосир”, узви вобастаи АИ ҶТ, Додихудоев Х. – “Таърихи фалсафаи тоҷик – таърих ва замони муосир”, профессор, Муҳаммадалӣ М. – “Методологияи илм аз нигоҳи илми фалсафа”, профессор Сайфуллоев Н. – “Афкори мантиқии халқи тоҷик ва масъалаҳои мубрами мантиқи муосир”, профессор, Раҳимов С. – “Дар масъалаи баҳамоии фарҳангҳо” ва дигар олимон дар мавзуъҳои гуногуни фалсафа баромад хоҳан кард.

Макон: Толори маҷлисгоҳи АИ ҶТ.

Замон: 19 – уми ноябри соли 2015, соати 10:00

Нишонӣ: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33.

 

Саҳми Аълохон Афсаҳзод дар рушди илм, фарҳанг ва худшиносии миллӣ

     18 – уми ноябри соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи АИ ҶТ бо ибтикори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон конфронси илмии байналхалқӣ таҳти унвони «Мактаби Аълохон Афсаҳзод дар рушду такомули фарҳанг ва худшиносии миллӣ» бахшида ба 80 - умин солгарди зодрӯзи адабиётшиноси маъруфи тоҷик, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи ходимони театрӣ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи байналмилалии «Баҳори озодӣ» (Ҷумҳурии исломии Эрон) Аълохон Афсаҳзод баргузор гардид.

     Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ конфронсро оғоз бахшида, роҷеъ ба фаъолияти илмии шарқшиноси шинохта, муҳаққиқи осори безаволи Абдураҳмони Ҷомӣ, профессор Аълохон Афсаҳзод мухтасар суханронӣ намуд.

     Сипас, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим мавқеи барҷастаи Аълохон Афсаҳзодро ҳамчун адиб ва муҳаққиқ дар рушду равнақи адабиёти муосири тоҷик хуб арзёбӣ намуд.

     Дар анҷоми конфронс дӯстон, шогирдон ва пайвандони Аълохон Афсаҳзод хотироти худро аз рӯзгору осори ибратомӯзи олим ва ховаршиноси маъруф баён дошта, аз роҳбарияти Академияи илмҳо дархост карданд, ки ба поси хотири шодравон ҷоизаи Аълохон Афсаҳзод дар соҳаи илми ховаршиносӣ таъсис ва ё худ кӯчае дар пойтахт ба исми мавсуф номгузорӣ гардад, амри хайре мебуд.  

АТТЕСТАТСИЯИ АСПИРАНТОНИ МУАССИСАҲОИ ИЛМӢ – ТАДҚИҚОТИИ АИ ҶТ

     Рӯзи 16 – уми ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи АИ ҶТ бо иштироки президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ аттестатсияи аспирантҳои Муассисаҳо илмӣ – тадқиқотии АИ ҶТ доир гардид.

     Дар назди Муассисаҳо илмӣ – тадқиқотии АИ ҶТ дар соли таҳсили 2014 – 2015 255 нафар аспирантҳо аз ҷумла 133 нафар аспирантҳои рӯзона ва 122 нафар аспирантҳои ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

     Ҳангоми аттестатсия натиҷаҳои ба дастовардаи аспирантон аз рӯи нақшаи инфиродӣ, ки дар Шӯрои олимони Муассисаҳо илмӣ – тадқиқотии АИ ҶТ тасдиқ гардидааст, ҷамъбаст карда шуданд.

     Аттестатсияи аспирантон нишон дод, ки дар соли хониши 2014 - 2015 аспирантҳои Муассисаҳо илмӣ – тадқиқотии АИ ҶТ дар маҷмуъ натиҷаҳои хуби илмӣ ба даст оварданд.

     Дар аттестатсия роҳбарони илмии аспирантҳо, ноибони президенти АИ ҶТ, саркотиби илмии АИ ҶТ, муовини президенти АИ ҶТ оид ба тайёр кардани кадрҳои илмӣ, директорони Муассисаҳои илмӣ – тадқиқотии АИ ҶТ, ҷонишини директорони Инистутҳо, котибони илмии Инистутҳо ва мудири Шуъбаи докторантура, аспирантура ва магистратура иштирок доштанд.

     Дар рафти аттестатсия 240 нафар аспирантон аз аттестатсия гузаштанд, ки 10 нафари онҳо хориҷ ва 5 нафарашон шартан аз аттестатсия гузаштанд.