joomla
free templates joomla

Пешвои миллат дар шинохти хориҷиён ё муроҷиатномаи як ҷавон ба ҷавонони кишвар

Пешниҳод барои рақобат ҷиҳати иштирок дар беҳтарин мақола бахшида ба Рӯзи Президент дар Академияи илмҳо

      Ҷои шак нест, ки мо ҳанӯз ҳам дар марҳилаи давлатсозӣ қарор дорем ва дар ин раванд давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳама гуна абзорҳои созанда истифода  мебарад. Аз саҳифаҳои таърихи мамолики гуногуни ҷаҳон бармеояд, ки таърихи ҳар як давлату миллат ба шахсияте вобаста аст. Масалан мо ҳеҷ гоҳе давлати Сомониёнро бидуни Исмоили Сомонӣ ва ё ИҶШС-ро бидуни В. И. Ленин наметавонем тасаввур кунем. Ба ин монанд мисолҳо дар саҳифаи таърихи башарият бисёр вомехӯранд ва тақдири давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ ба сарнавишти як шахсияти таърихӣ басо вобастагӣ дорад ва тамоми бурду бохти ин миллат аз авохири садаи XX то имрӯз аз корсозиву кордонии ӯ маншаъ мегирад. Ин ҳам бошад абармарде чун Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. Дар симои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърих бори дигар собит сохт, ки наҷоти ҳар як давлату миллат дар лаҳзаҳои ҳассосу фоҷиабор ба зуҳури шахсияти бузурги миллӣ вобастагии зич дорад. Зеро маҳз шахсиятҳои бузург қодиранд инсонҳоро дар ҳалли масъалаҳои печидаву мураккаби иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ раҳнамоӣ карда, дар қалбу дидаи мардум шӯълаи умедро ба ояндаи дурахшон барафрӯзанд. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба ватан баргардонд. Чанде пеш Шафӣ Айёр, журналист ва таҳлилгари афғони муқими ИМА дар саҳифаи фейсбукии хеш навореро перомуни фаъолияти сиёсиву ҷамъиятӣ ва хислатҳои инсонии Сарвари кишвари азизамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пахш кард, ки ҳар бинандаи тоҷикро, ки агар ҳисси миллатдӯстӣ дар ӯ аланга занад, наметавонист бетараф монад. Ин таҳлилгари афғон аз хизматҳои ин абармарди тоҷик ба некӣ ёд мекунад ва ҳеҷ шакке надорад, ки тақдири миллати мо ба ин мард пайванди ногусастанӣ дорад. Ӯ ба саволи ин ки чӣ чизе Эмомалӣ Раҳмонро маҳбуби халқи тоҷик гардонид, худ посух дода мегӯяд, ки ҳадафмандиву принсипнокӣ дар кори роҳбарӣ ва муҳаббати поку орӣ аз манфиатхоҳӣ нисбати халқу мил- лат ӯро дар қалби ҳар як сокини миллаташ маҳбуб гардонидааст. Чунончи мегӯяд: “Ҳамин эҳсоси пок доштан ба ватан як ҳадафмандиро ба вуҷуд меорад. Эмомалӣ Раҳмон бо эҳсоси пок ба ватан ва ҳадафмандӣ дар кори раёсати ҷумҳурӣ ватани худро сохтааст. Як кишвари ҷангзадаву ғарибро ба чунин хушбахтӣ расонидааст. Ҳамин боис мешавад, ки кишвари Тоҷикистон дар соле чанд бор ҷашн бигирад ва Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷашн бо ифтихор ҳисса бигирад ва шоди- шарики ҳалқи хеш бошад”. Ӯ бар хилофи иддае аз танг- назароне, ки ба ҳар баҳонае аз тантанавор ва бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гаштани иду ҷашнҳои миллии кишвар эрод мегиранд, аз ин ҷашнҳо истиқболи самимӣ карда, рақсу суруд ва шодиву фараҳи миллат ва Пешвои онро дар ин ҷашнҳо ҳаққи ҳалоли эшон медонад. “Ин марди шариф хушӣ эҷод карда, зебоӣ эҷод карда, фарҳанг кишт карда ва гулҳои рангини оромиву шодӣ аз ӯ сар зада ва Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми худ мерақсад, ки ин ҳаққи ӯст”, - мегӯяд Шафӣ Айёр.
    Шафӣ Айёр пешрафти бо- суръати давлату миллати тоҷикро дар ин муҳлати кӯтоҳи таърихӣ ба тарзи тафаккури роҳбари он вобаста медонад. Ба андешаи ӯ заковату фаросат ва тафаккури созандаи Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати тоҷик аз вартаи нобудиву ҳалокат раҳо ёфт ва ба зиндагии шоиста расид. Зикр мекунад, ки “тарзи тафаккури Эмомалӣ Раҳмон аст, ки кор кунед, заҳмат кашед ва ватанро обод кунед. Вақте обод кардед, ором мешавед ва ба рақсу шодӣ дармеоед”. Зикр кардан ба маврид аст, ки ин таҳлилгари афғон ягона нафари хориҷие нест, ки нисбати созандагиҳои Пешвои миллати тоҷик нигоҳи нек доранд. Ва эътирофи Шафӣ Айёр эътирофи ягона нафари ба истилоҳ бегона нест. Дар бораи корсозиву ҷонфидоӣ ва қаҳрамонии Эмомалӣ Раҳмон чандин муҳаққиқону сиёсатмадорон адибону публитсистон ва рӯзноманигорону фаъолони ҷомеаҳои ғайр мақолаву нигоштаҳои зиёде таълиф кардаанд. Чунончи адиб, сиёсатмадор, нависанда, журналист ва публитсисти рус Александр Проханов дар мақолаи хеш, ки таҳти унвони “Бунёди тамаддуни зеризаминӣ дар Тоҷикистон” нашр шуда буд, аз хизматҳои Пешвои миллати тоҷик баҳри ободии меҳанаш мисол оварда менигорад, ки “Президент Раҳмон - сарвари маънавӣ ва сиёсӣ, ки миёни сӯхторҳо, ҷанги шаҳрвандии бародаркуш тавлид шуд ва ин ҷангро қатъ карда, кишварро барои пора-пора кардан ба ифротиёни ақлбохта надодааст. Дар замони роҳбарии ӯ тирпаррониҳо қатъ шуданд. Ӯ ғолиби қасдгир нашуд, балки мардумро барои сохтани кишвари нав муттаҳид кард ва Душанберо ба шаҳри биноҳои тасхиркунанда, донишгоҳҳо ва осорхонаҳо табдил дод”. Чун Проханов ва Айёр садҳои дигар таҳлилгарону шахсиятҳои барҷастаеро вохӯрдан мумкин аст, ки аз хизматҳои бесобиқаи Пешвои мо ба некӣ ёд мекунанд ва ӯро дар садри ин миллат ҷой медиҳанд. Подоши ин ҳама корнамоиҳо ва қаҳрамониҳоест, ки дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ анҷом додааст. Мукофоти ин ҳама заҳматҳо ҳамчунин ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон мебошад, ки мунтазам нисбат ба Сарвари донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад. Ифтихори халқ, миллати тоҷик ва ҷавонони он аст, вақте қаҳрамониҳои Пешвои миллатро бегонагон эътироф менамоянд ва устувории ӯро дар муқобили бадхоҳони миллат нишон медиҳанд. Барои мо бояд мояи ифтихор бошад, ки пешрафти Тоҷикистонро беҳтарин ва баландпоятарин шахсиятҳои маънавии хориҷи кишвар қоиланд. Ва бояд ҳар ҷавон ин корнамоиҳоро ҳамчун достонҳои қаҳрамонӣ дар ёд гирад ва онро идеали худ дар зиндагӣ донад, зеро дар ҷаҳони имрӯз на ҳар президентро ба ҳайси шахсият намояндаи як давлати дигар ва коршиносону сиёсатшиносони байналмилалӣ мепазиранд. На ба ҳар фидоие аз ҷониби бегонагон талқин мекунанд, унвони қаҳрамониву пешвоӣ диҳанд. Созмонҳои байналмила- ливу мамолики мутараққӣ на ба ҳар роҳбари давлате бовар мекунанд ва ҳамкорӣ менамоянд ва на ҳар роҳбареро ба баландтарин унвони байналмилалӣ сазовор медонанд. Ман аз шахсоне, ки тарзи тафаккуру нигоҳашон ба миллату давлати тоҷик ва роҳбари он дигаргуна аст, даъват ба амал меорам, ки агар васфу ситоишҳои са- мимонаи халқи кишварро нисбат ба Пешвои миллат намепазиранд, агар эътирофи сиёсатмадорону сиёсатшиносони дихилиро қабул надоранд, агар андешаашон ин аст, ки роҳбарони давлатҳову созмонҳои байналмилалӣ аз рӯи вазифаву мансаб бо Пешвои миллати мо бахӯрди самимона менамоянд, агар гумон доранд, ки дар нигоштаву сурудаҳои ин миллат ба Пешвои худ оҳанги тамаллуқ вуҷуд дорад, пас ба нигоштаҳову гуфтаҳои ин қабил мардум дар мисоли Шафӣ Айёр ва Александр Проханов рӯ биёранд. Зеро дар таълифоти ҳеҷ яке аз онҳо тамаллуқу хушомадро наметавон эҳсос кард. Агар ба бархӯрди эшон мантиқан ҳам назар кунем, ҳеҷ тамаллуқро наметавонем дарёбем. Зеро эшон дар баробари оне, ки аз миллату давлати мо фосилаи зиёд до- ранд, ҳеҷ манфиатеро ҳам аз мо чашмдор нестанд. Аз ин рӯ, мо ҷавононро мебояд дар баробари ҳама таззодҳову бадбиниҳои гурӯҳҳои мухолиф аз таҳлилу хулосабарориҳои амиқи мантиқӣ кор бигирем ва аз Пешвои миллат олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ёд гирем.

Хуршеди Ховарӣ

 

 

 

Шеър ва шахсияти Шоҳин

                                                                                                                                                                                      Ба ифтихори ҷашни

160-солагии Шамсиддини Шоҳин

    Дар таърихи адабиёти тоҷик мо ду гуруҳи шоир дорем; аввал шоироне, ки шеърашон болотар аз шахсияташон меистад ва дуввум шоироне, ки шахсияташон аз шеърашон барҷастатар будааст. Шоҳин аз зумраи маъдуд шоиронест, ки шеър ва шахсияташон ба таври мувозӣ рушд карда, таъсири амиқе дар афкори дӯстдорони адабу фарҳанг бар ҷой гузоштааст. Шамсиддини Шоҳин аз шоирони номовари нимаи дуюми асри Х1Х-и тоҷик буда, дар ташаккули завқи маънавӣ ва зебоишиносии даврони хеш нақши асосӣ бозидааст. Табъи равону завқи ниҳон, балоғату фасоҳати каломи Шоҳин дар айни ҷавонӣ вирди забони маҳофили адабӣ ва хосу омми Бухоро гардида, дар муддати кутоҳе роҳи ӯро ба дарбор ҳамвор мекунад. Танҳо василае, ки Шоҳини ҷавонро аз сарои узлат ба сурайёи иззат кашонид, истеъдоди фитрӣ, табъи оташбор ва ашъори гуҳарбори шоир буд. Вагарна дар замони Шоҳин шоирони зиёде фаъолият доштаанд ва ҳар кадом даъвои бузургии хешро бар рухи дигарон мекашид ва талош мекард, ки роҳаш ба дарбору маҳофили бузургони дарбор боз шавад. Вале шеъри воло ва барҷастаи Шоҳин бидуни воситагарӣ ва майли шахсии шоир ӯро ба дарбори амирони Бухоро бурда, дар садри шоирони замони хеш қарор дод. Тамоми ҳамзамонони Шоҳин, аз ҷумла шоирон, муаррихон, тазкиранависон ва аҳли адаби Бухоро дар ёддоштҳои хеш, истеъдоди беназир ва ашъори дилпазири шоирро эътироф карда, мақоми баланди ӯро дар густараи суханварӣ ситоиш кардаанд. Тазкиранависони асри Х1Х ба монанди Мирсиддиқи Ҳашмат, Афзалмахдуми Пирмастӣ, Садри Зиё ва Абдуллохоҷаи Абдӣ дар осори худ аз Шоҳин зикри хайр намуда, афкору андешаҳои ӯро сутудаанд. Яке аз шоирони номаълум дар бораи мақоми Шоҳин дар хиттаи суханварӣ фармуда:

Гул дафтари худ надид боби суханаш,

Булбул набарад номи ҷавоби суханаш.

Ҳаргиз набувад ба соф кардан муҳтоҷ,

Дар майкадаи фикр шароби суханаш [4,432].

    Табиатан, ин андеша дар зеҳни ҳар муҳаққиқ хутур мекунад, ки Шоҳин аз кадом роҳ ба ин мақому мартаба даст ёфтааст? Чӣ омилҳое сабаб шуданд, ки шоире бисёр ҷавон ин қадар қудрати парвоз дар фазои маъонӣ ба даст оварад? Бо каме таваҷҷуҳ дар ғазалиёти дилошӯби Шоҳин, ошкор мешавад, ки рози маҳбубияти шоир дар пайравии ӯ аз Ҳофиз нуҳуфтааст. Шамсиддини Шоҳин дар синни 12-солагӣ девони Ҳофизро аз бар карда буд. Бидуни шак, ин талоши шоир дар шаклгирии шеъру шахсияти ӯ бетаъсир набуд. Аз ин ҷост, ки Шоҳин аз ибтидои фаъолияти шоирии хеш ашъори худро дар пайравӣ аз ғазалиёти Ҳофизи Шероз оғоз кардааст. Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик шоирони зиёде аз хоҷаи аҳли роз-Ҳофизи Шероз пайравӣ намудаанд, аммо камтар касе дар татабӯи Ҳофиз муваффақ будааст. Аммо Шоҳин сарфи назар аз ҷавонии хеш ҳангоми пайравӣ, аз назари баён, парвози фикру хаёл, истеҳкоми абёт ва инсиҷоми мантиқу маъно аз бисёр ҷиҳат ба мақоми Ҳофиз наздик шудааст. Суннати ғазалсароиро ҳам Шоҳин дуруст дар пайравӣ аз Ҳофиз оғоз кардааст. Аввалин ғазали девони Ҳофиз чунин аст:

Ало ё айюҳа соқӣ адир каъсан ва новилҳо,

Ки ишқ осон намуд аввал вале уфтод мушкилҳо [7].

Шоҳин дар пайравии ин ғазал фармуда:

Ало ё айюҳа с-солик, даъи н-нафса ва қотилҳо,

Ки ин аммора мехоҳад ба чандин саъй ботилҳо [6,27].

    Қобили зикр аст, ки дар дастхати 785-и мавҷуд дар Ганҷинаи Маркази мероси хатии АИ ҶТ, ки тавассути Мирзо Қобили Ғиждувонӣ мутахаллис ба Савдойӣ китобат шудааст, ғазали мазкури шоир дуввумин ғазали девони Шоҳин баргузида шудааст. Савдойӣ ғазали “Ба авҷи кибриё, к-аз саъйи озодист роҳ он ҷо”, ки дар пайравӣ аз ғазали “Ба авҷи кибриё к-аз паҳлуи аҷз аст роҳ он ҷо”-и Бедил суруда шудааст, ба унвони якумин ғазали девони Шоҳин интихоб кардааст, ки иллати ин амр барои мо номаълум аст. Аммо бо таваҷҷуҳ ба ин нукта, ки Шоҳин аз пайравони содиқу муваффақи осори Ҳофиз буда ва аксари ғазалиёти шоир дар пайравӣ аз ғазалиёти ӯ суруда шудаанд, мантиқан бояд ғазали “Ало ё айюҳа с-солик, даъи н-нафса ва қотилҳо” бояд ба унвони ғазали аввали девони Шоҳин баргузида мешуд, зеро Шоҳин аксари ғазалиёти хешро дар пайравии Ҳофиз навишта, танҳо дар чанд ғазали ангуштшумор аз Бедил ҳам пайравӣ кардааст. Пайравии Шоҳин аз Ҳофиз ҳам дар шакл ва ҳам дар муҳтаво сурат гирифтааст. Аксари ғазалиёти Ҳофиз дар авзони Рамали мусаммани махбуни маҳзуф (фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фаъалан), Муҷтаси мусаммани махбуни маҳзуф(мафоъилун, фаъалотун, мафоъилун, фаъалан), Рамали мусаммани маҳзуф(фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун) Ҳазаҷи мусаммани солим (мафоъилун, мафоъилун, мафоъилун, мафоъилун), Ҳазаҷи мусаммани ахраб(мафъулу мафоъилун, мафъулу мафоъилун) ва ғ... ки дар маҷмӯъ 24 вазнро дар бар мегирад, иншо шуда ва аксари кулли ғазалиёти Шоҳин низ дар ҳамин авзон суруда шудаанд. Барои мисол, ғазалиёти “Ало ё айюҳа с-солик даъи н-нафса ва қотилҳо”, “Эй маҳви интизори ту чашми сафеди мо”, “Ман ки бошам сар кашам аз хатти фармони шумо”, “Рузгорест ба абрӯи ту ҷанг аст маро”, “Дӯш ба хоби хештан дидаам офтобро”, “Майи муғона ба бонги чағона хуш бошад”-и Шоҳин дар пайрави аз вазнҳои маъруфи ғазалиёти Ҳофиз суруда шудаанд.

Маънӣ ва муҳтавои ғазалиёти Шоҳин низ бо ғазали Ҳофиз ҳамхонӣ дорад. Ҳофиз мефармояд:

Биё, ки қасри амал сахт сустбунёд аст,

Биёр бода, ки бунёди умр бар бод аст [7].

Шоҳин дар пайравии ғазали мазкур мегӯяд:

Биё, ки вазъи ҷаҳон тарзи дигар афтодаст,

Ки ҳар ки шод дар ӯ зистаст, ношод аст [6,44].

Ё худ Ҳофизмегӯяд:

Боғи маро чи ҳоҷати сарву санавбар аст,

Шамшоди хонапарвари мо аз ки камтар аст.

Эй нозанинписар, ту чӣ мазҳаб гирифтаӣ,

К-ат хуни мо ҳалолтар аз шири модар аст [7].

Шоҳинмесарояд:

Он ҳуққаи даҳони ту ё тунги шаккар аст,

Ё чашмаи ҳаёт ва ё ҳавзи Кавсар аст.

Хунам хӯриву бок надорӣ, ки хуни ман

Гӯӣ, ҳалолтар ба ту аз шири модар аст [6,46].

Ҳофиз:

Туӣ, ки бар сари хубони кишваре чун тоҷ,

Сазад агар ҳамаи дилбарон диҳандат боҷ [7].

Шоҳин:

Эй ситонида ба ҳусн аз ҳамаи хубон боҷ,

Каҷкулоҳон паи таъзим туро дода хироҷ [6,75].

Ҳофиз:

Эй ҳама шакли ту матбӯву ҳама ҷои ту хуш,

Дилам аз ишваи ширини шакархои ту хуш [7].

Шоҳин:

Ҳама аҷзои ту хубу ҳама аъзои ту хуш,

Ҳама ҷои ту ба хубӣ зи ҳама ҷои ту хуш [6,133].

 

 

Ҳофиз:

Рӯзгорест, ки моро нигарон медорӣ,

Мухлисонро на ба вазъи дигарон медорӣ [7].

Шоҳин:

Рӯзгорест ба абрӯи ту ҷанг аст маро,

Рӯи ҳиммат ба дами теғи фаранг аст маро [6,28].

Ҳофиз:

Эй пистаи ту, ханда зада бар ҳадиси қанд,

Муштоқам аз барои худо як шакар биханд [7].

Шоҳин:

Эй ҷону дили халқ ба гесӯи ту дар банд,

Равшан зи рухи хуби ту анвори худованд [6,98].

Ҳофиз:

Ҳарчанд пиру хастадилу нотавон шудам,

Ҳар гаҳ, ки ёди рӯи ту кардам ҷавон шудам [7].

Шоҳин:

Шикастахотиру ранҷуру нотавон шудаам,

Биё, бубин, ки дилат ҳар чи хост, он шудаам [6,151].

Ҳофиз:

Ҳаргиз аз ёди ман он сарви хиромон наравад,

Ҳаргизам ёди ту аз лавҳи дилу ҷон наравад [7].

Шоҳин:

То дил андар хами он зулфи парешон наравад,

Сари шӯридаи ман бар сари сомон наравад [6,113].

Ҳофиз:

Биёву киштии мо дар шати шароб андоз,

Хурӯшу валвала дар ҷони шайху шоб андоз.

Маро ба киштии бода дар афган, ай соқӣ,

Ки гуфтаанд: Накӯӣ куну дар об андоз [7].

Шоҳин:

Гушой пардаву бар фарқи офтоб андоз,

Зи мушки бофта бар рӯи маҳ ниқоб андоз.

Ҳамеша хуни дили худ нисори дида кунам,

Ки гуфтаанд: накӯӣ куну дар об андоз [6,127].

Ҳофиз:

Гулъузоре зи гулистони ҷаҳон моро бас,

З-ин чаман сояи он сарви равон моро бас [7].

 

Шоҳин:

Марост дидани рӯи ту субҳу шом ҳавас,

Хаёли ту ба дилам бигзарад нафас ба нафас [6,129].

Ҳофиз:

Саҳар зи ҳотифи ғайбам расид мужда ба гӯш,

Ки даври шоҳ Шуҷоъ аст май далер бинӯш [7].

Шоҳин:

Дӯш омад барам афганда ду гесӯ ба ду дӯш,

Анбарин силсилаҳо рехта дар гардану гӯш [6,132].

Ҳофиз:

Забони хома надорад сари баёни фироқ,

В-агарна шарҳ диҳам бо ту достони фироқ [7].

Шоҳин:

Рафтиву сӯхт ҷони ман аз тоби иштиёқ,

Эй кош, бо висол мубаддал шавад фироқ [6,143].

Ё худ:

Касе чу ман набувад дар ҷаҳон нишони фироқ,

Ҳазор тири бало хӯрда аз камони фироқ [1].

Ҳофиз:

Эй рухат чун хулду лаълат салсабил,

Салсабилат карда ҷону дил сабил [7].

Шоҳин:

Эй гарав бурда зи маҳ ҳусни ту бар ваҷҳи ҷамил,

Пеши лаъли ту ҳаме оби ҳаёт аст сабил [6,147].

Ҳофиз:

Ба азми тавба саҳар гуфтам истихора кунам,

Баҳори тавбашикан мерасад чӣ чора кунам [7].

Шоҳин:

Шабе, ки ёд зи васли ту моҳпора кунам,

Зи ашки хуншуда доман пур аз ситора кунам [6,165].

Ҳофиз:

Чун шавам хоки раҳаш доман бияфшонад зи ман,

В-ар бигӯям дил бигардон, рӯ бигардонад зи ман [7].

Шоҳин:

Гар чунин ояд дамодам сели об аз чашми ман,

Хонаи мардум шавад охир хароб аз чашми ман [6,182].

     Ба ҳамин тартиб, феҳристи пайравии Шоҳин бар ғазалиёти Ҳофизро метавон идома дод, аммо барои аҳли назар мисолҳои боло кофист, то қабул кунанд, ки Шоҳин дар миёни шоирони нимаи дуюми асри ХХ-и Бухоро яке аз муридону иродатмандону пайравони асосии ҳазрати Ҳофиз будааст. Бояд зикр кард, ки татабуъ аз шоирони пешин як амри табии буда, ҳатто худи Хоҷа Ҳофиз ба шеъри пешиниёни худ аз ҷумла, Рӯдакӣ, Муизӣ, Анварӣ, Амир Хусрав, Хоҷуи Кирмонӣ, Саъдӣ ва дигарон дар шаклҳои мухталиф пайравӣ кардааст. Шоҳин низ дар пайрави аз суннати пешиниёни худ беш аз ҳама таҳти таъсири Ҳофиз қарор доштааст. Шоҳин агар дар баъзе ғазалиёти хеш бархе мазмунҳо, таркибҳо ва таъбирҳои Ҳофизро ба кор гирифта бошад, дар мавориди дигар аз назари вазну қофияву радиф ва дигар зарофатҳои шеърӣ низ аз Ҳофиз пайравӣ кардааст. Аммо нуктаи муҳим ин аст, ки ҳангоми пайравии Шоҳин шахсияти шоир дар сояи Ҳофиз таҳлил нарафта, балки симои наве аз ӯ ба зуҳур мерасад, ки далолат бар истеъдоди фитрӣ ва табъи гуҳарбори Шоҳин дорад. Гарчанде Шоҳин дар ғазалиёти хеш аз таркибу таъбир ва мазомини Ҳофиз фаровон истифода мекунад, бо ин васф, абёти Шоҳин дорои истиқлоли маъноӣ буда, таровату тозагии хешро ҳифз кардаанд. Далели ин амр бархоста аз шахсияти барҷастаи шоирии Шоҳин аст, ки дар ҳама гуна ҳолат, қудрати муаррифии “Ман”-и хешро дорад. Он ҷо, ки мегӯяд:

Натавон бар гули рӯи ту зад аз бим гулоб,

К-аз латофат дамадаш ойина монанди ҳубоб.

Зад рақам дар сифати ҳусни ту Шоҳин ғазале,

Ки ҷуз “аҳсанта” касеро нарасад ҳадди ҷавоб [4,18].

     Шоҳин шоири бисёр оташинсухан буда, аз қудрати тахайюли болое бархӯрдор будааст. Ӯ бар асоси таъбиру таркибҳои пешиниён маъониеро кашф мекунад, ки аз назари шеърият аз корбурди қаблии онҳо бештар медурахшанд. Шоир дар бораи ин истеъдоди фавқулодаи хеш мегӯяд:

Хирад ба шеъри ту, Шоҳин, аз он бувад вола,

Ки як ҳадису ҳазораш нукот муҳтамал аст[4,24]

     Аз ин лиҳоз шахсияти маънавии Шоҳин бо шахсияти Ҳофиз дар ғазал бисёр монанд аст. Шеъри Шоҳин он қадар баландмазмун ва баландпарвозона аст, ки худситоии шоир низ боиси малоли хотири хонанда намешавад, балки мухотаби хешро мисли оҳанрабо бештар ба худ ҷазб мекунад. Шоҳин вақте мегӯяд:

Ҳарифи табъи расои ту кас нашуд, Шоҳин,

Зи бас ягонаи офоқ дар сухандонист[

    Ба назари хонандаи ғазали Шоҳин ин худситоӣ аз ҷинси иғроқ нест, балки ҳақиқатест, ки дар матни ашъори шоир нуҳуфта аст. Аз ин рӯ, вақте Шоҳин иддао мекунад, ки:

Сухан ҳар он чи ки хуштар бувад, манаш гуфтам,

Гуҳар ҳар он чи, ки беҳтар бувад, манаш суфтам [4,103]

   Ҳаргиз боиси малоли хонандаи шеъри Шоҳин нахоҳад шуд, балки майли ӯро барои мутолиаи ашъори шоир афзунтар мекунад. Он чӣ Шоҳинро дар миёни шоирони ҳамасри ӯ мумтоз кардааст, сароҳати баён, латофати гуфтор, инсиҷоми маъно ва истеҳкоми сохтор дар ғазалиёти ӯст. Вижагиҳое, ки ғазали Ҳофизро низ дар тули таърих аз дигарон мутаойиз кардааст. Шоҳин ба унвони муриди содиқ ин хусусиятҳои хоси устодаш-Ҳофизро бо маҳорати тамом дар ашъори худ идома додааст. Шоҳин худ низ аз ин мавҳибати илоҳӣ, ки ба ӯ расидааст, огоҳ буд ва дуруст мисли пиру муроди хеш мегӯяд:

Шеъри равони ман, ки пас аз марг ҳар кӣ дид,

Гӯяд ҳазор раҳмати ҳақ бар равони ӯ.

Шоҳин, ки сити шаҳпари маънӣ бар арш бурд,

Дар пештоқи Сидра сазад ошёни ӯ [8,183]

    Абёти Шоҳин сареҳу равон ва бисёр барҷаста офарида шудаанд. Дар шеъри Шоҳин такаллуфот ва изофоти дилгиркунанда дида намешавад. Ҳангоми интихоби шоҳбайт муҳаққиқ дармемонад, ки кадоме аз абёти Шоҳинро барои мисол задан интихоб намояд, зеро шоҳбайтҳои барҷаста дар ғазалиёти шоир фаровон ба чашм мехӯранд. Шоҳин мегӯяд:

Эй ҷону дили халқ ба гесӯи ту дар банд,

Равшан зи рухи хуби ту анвори худованд.

Қанде набувад чун лаби ширини ту дар Миср,

Себе набувад чун рухи хубат ба Самарқанд [6,98].

   Ин гуна абёти равону барҷаста дар осори шоир ба вузӯҳ мушоҳида мешавад. Барои мисол ба порае аз абёти ин ғазал таваҷҷуҳ намоед:

Гар чунин ояд дамодам сели об аз чашми ман,

Хонаи мардум шавад охир хароб аз чашми ман.

Шаб ба ёди талъати ту гар ниҳам паҳлӯ ба хоб,

Мешавад равшан саҳаргаҳ офтоб аз чашми ман [4,131].

    Ба ҳамин тариқ Шоҳин ба ғайр аз Ҳофиз дар идомаи фаъолияти кутоҳи эҷодии хеш, аз дигар шоирони классикӣ низ пайравӣ намуда, дар он ҷо ҳам шахсияти тавонои шоирии хешро ба намоиш гузоштааст. Аз ҷумла, Шоҳин ба ғайр аз Ҳофиз ҳамчунин дар пайравии Бедил, Анварӣ, Саъдӣ ва Низомӣ осори мондагоре эҷод кардааст. Шоҳин асари “Лайлӣ ва Маҷнун”-ро дар пайравӣ аз Низомӣ ва асари нотамоми “Туҳфаи дӯстон”-ро дар пайравӣ аз Саъдӣ навишта, ки ҳар ду асар баёнгари қудрати бузурги шоирии Шоҳин мебошанд. Шӯҳрати Шоҳин сабаб шуд, ки Абдулқодири Парвоначӣ духтари худро ба никоҳи шоир дароварад ва ҳамсари ӯ ҳангоми тавалуди фарзанд дори фониро видоъ гуфт ва шоир дар сӯги ҳамсари вафодораш достони “Лайлӣ ва Маҷнун”- ро ба риштаи назм даровард. Дар ҳамин айём буд, ки обрӯ ва эътибори Шоҳин дар дарбор ба хотири истеъдоди баландаш дар шоирӣ, афзойиш ёфт ва ин шуҳрат, ҳасодат ва бухли дарбориёнро барангехт. Шоири нозуктабъ ин ҳама разолату тамаллуқи бадхоҳонро эҳсос менамуд ва ин вазъ дар ашъори ӯ, ки бештар оҳанги шиква ва эътироз дорад, ба равшанӣ мушоҳида мешавад.

    Беҳуда нест, ки Зуҳурӣ аз шоирони Ҳиротии тоҷик дар асри Х1Х хитоб ба Шоҳин гуфтааст: “Эй Низоминазму Ҷомитабъу Фирдавсикалом”[4,]. Дар ҳақиқат, дар ашъори Шоҳин балоғату шаҳомати сухани Ҳофиз, латофати сухани Саъдӣ, назокати баёни Низомӣ ва сароҳату ғалаёни рӯҳи Фирдавсӣ бо ҳам омехта шуда, аз ӯ шоири тавоно сохтаанд.

     Шоҳин дар айни камолоти эҷодӣ, яъне дар синни 35-36-солагӣ дори фониро падруд гуфт. Агар умр ба ӯ вафо мекард, шоир, ки ҳамзамононаш аз ӯ ба унвони “Моҳи сипеҳри суханварӣ”[4,, “шаҳбози фалаки шоирӣ”[4,424], “тутии ойинагуфтор ва булбули чамани ашъор”[4,425] зикр кардаанд, осори фаровону мондагоре барои ояндагон ба ёдгор мегузошт. Аммо муҳити тираву тор ва шароити сахти рӯзгор, ба ин шоири равшанзамир ва бедордил амон надод, то он чи дар фикру хаёли гардунсайраш мечархид, барои дустдорони аҳли адаб рӯи коғаз биёварад. Шоир худ аз тақдири ояндаи хеш шояд огоҳӣ дошт, ки фармуда:

Маро чу шона бибояд ба каф ҳазор ангушт,

Ки то барам ба хами турраи нигор ангушт.

Пас аз вафоти ту, Шоҳин, суханварон сӯзанд,

Ба ҷойи шамъ, туро бар сари мазор ангушт[4,46].

 Адабиёт:

 

  1. Дастхати №785-и Ганҷинаи Маркази мероси хатии АИ ҶТ.
  2. Дастхати №1774-и Ганҷинаи Маркази мероси хаттии АИ ҶТ.
  3. «Тазкират-уш-шуъаро»-и Абдуллоҳхоҷаи Абдӣ. Матни илмии интиқодӣ бо тавзеҳу муқаддимаи Асғар Ҷонфидо. –Душанбе: «Дониш», 1983.-243 с.
  4. Мирзозода Х. Шамсиддин Шоҳин -Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1956.- 258 саҳ.
  5. Ҳодизода Р. Шоҳин. /Тадқиқоти нав дар ҳаёту эҷодиёти шоир/. Душанбе: “Дониш”, 1974.-140 с.
  6. “Куллиёт”-и Шамсиддин Шоҳин. Душанбе: “Адиб”, 2006.- 637 с.
  7. Девон-и Ҳофиз. https://ganjoor.net/hafez/ghazal/sh263/
  8. Муҳтарам Н.Тазкират-уш-шуаро./Бо тасҳеҳ ва муқаддимаи А. Ҷонфидо ва дебочаи К. Айнӣ/.-Душанбе:Дониш, 1976.-369 с.

      Маълумот дар бораи муаллиф: Беҳрӯзи Забеҳулло Саидхоҷа - ходими илмии Маркази мероси хаттии АИ ҶТ. ш. Душанбе, куч. Хусейнзода 35, Э-майл: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. , Тел:. 937592521.

    Сведении об авторе: Бехрузи Забехулло Саидходжа -  науч. сотр. Научный Центр письменного  наследия АН Республики Таджикистан, Республика Таджикистан. г. Душанбе, ул. Хусейнзаде-35, Э-майл: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. , Тел:. 937592521.

   Information about the author: Behruzi Zabehullo Saidkhoja – Researcher at the Centre of Written Heritage of Academy of Sciences of Tajikistan. Address: Dushanbe, Huseinzoda-35, e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. , Тел.: 937592521.

 ЗабеҳуллоБ. С

Шеър ва шахсияти Шоҳин

    Шоҳин яке аз шоирони номовари нимаи дувуми асри Х1Х-и тоҷик мебошад. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки Шоҳин аксари ғазалиёти дилнишини худро дар пайравӣ аз Ҳофизи Шерозӣ эҷод кардааст. Пайравии Шоҳин аз Ҳофиз ҳам дар шакл ва ҳам дар мазмун сурат гирифтааст. Муаллиф бар ин назар аст, ки гарчанде Шоҳин дар шаклу муҳтаво аз Ҳофиз пайравӣ карда бошад, аммо бар асоси таркибу таъбирҳои Ҳофиз мазмуни тоза эҷод карда, истиқлоли шоирии хешро ҳифз кардааст.

Забехулло Б. С

Поэзия и личность Шохина

   Шамсиддин Шохин считается одним из известных поэтов второй половины Х1Х века. Исследования показали, что Шохин сочинял большинство своих прекрасных газелей подражая творчеству знаменитого Хафиза Ширази. Такое  подражание ощущается по форме и содержанию  стихотворений. Автор считает, что несмотря на подражание Хафизу по форме и содержанию, поет своим новаторством придает новое содержание подражаниям, и таким способом стремится как поет сохранить свою самобытность.

 

Zabehullo B. C

Poetry and personality Shokhin

   Shamsiddin Shokhin is considered one of the famous poets of the second half of the 19th century. Studies have shown that Shokhin composed most of his beautiful ghazals, imitating the works of the famous Hafiz Shirazi. Such imitation is felt in the form and content of the poems. The author believes that despite the imitation of Hafiz in form and content, he sings with his innovation gives new content to imitation, and in this way seeks to preserve his originality.

 

 

 

Рӯнамоии китоби “Дӯздӣ аз Эрмитаж”

         3-юми октябри соли 2018 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии китоби Абдуҷаббор Абдуҷаллилов таҳти унвони “Дӯздӣ аз Эрмитаж, ёддоштҳои муфаттиш” баргузор гардид.

1.107.jpg - 107.93 KB

     Ҷаласаро ноиби президенти АИ ҶТ Абдураҳмон Муҳаммад ифтитоҳ намуд.

     Китоб аз маҷмӯаи мақолаҳо иборат буда, сатҳи тадқиқоти тафтиширо баррасӣ менамояд. Муаллиф дар таълифи китоби мазкур кӯшидааст, ки паҳлуҳои ҳамаҷонибаи фаъолияти тафтишотиро дар маҷмӯаи мақолаҳо ошкор созад.

 

 

 

 

Ҷашни забон дар АИ ҶТ

    Имрӯз  (05.10.2018)  дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба "Рӯзи забони давлатӣ"  Конференсияи илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар кори он олимони риштаи забоншиносии миллӣ аз Академияи илмҳо, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи нависандагон ва дигар муассисаҳои давлатӣ ширкат намуданд.

1.108.jpg - 111.34 KB
    Конференсияро президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни "Рӯзи забон" табрик намуд.
Дар Конференсияи илмӣ забоншиносон дар мавзӯҳои мухталиф ва мушкилиҳои муосири забони миллӣ суханронӣ намуда, бо якдигар музокирот доштанд.
     Намояндаи бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Масрур Абдуллозода зимни сухани табрикии хеш иқрор кард, ки ҷараёни поксозии забони миллӣ амали дастаҷамъӣ маҳсуб мешавад.

1.109.jpg - 126.83 KB
   Узви вобастаи Академияи илмҳо Сайфиддин Назарзода мушкилиҳои муосири забониро баррасӣ карда, бинобар густариши технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ мушкилиҳои навро ёдовар гардид. Номбурда иқрор кард, ки забони тоҷикӣ забони илм буд ва имрӯз боз ба илм иртибот доштани забони мо, тоҷикон зарурати аввалиндараҷа мебошад.
   Зарурати таблиғ ва рушду такмили забони миллиро дар кишвар суханварони забоншинос мутазаккир шуданд.
Дигарбора ҳамаи ҳаммеҳанонро бо фарорасии ҷашни забони давлатӣ Академияи илмҳо табрик намуда, ба онҳо сухани ширинро дар гуфтугӯ ва ҳини суҳбатҳо таманно менамояд.

1.110.jpg - 150.82 KB

 

 

 

Вазъи демографии Тоҷикистон

       Дар толори  Академияи илмҳо  (02.10.2018)  Семинари  назариявӣ бахшида ба масълаҳои  рушди демографии Тоҷикистон  баргузор шуд..

  Семинари мазкурро ноиби президенти АИ ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор   Муҳаммад Абдураҳмон  оғоз бахшид.

1.105.jpg - 93.73 KB

      Дар семинар ин навбат масъалаҳои зерин муҳокима шуданд.

-вазъият ва рушди демографии Тоҷикистон ва қонуниятҳои он;

-банақшагирии оила;

- никоҳ ва парокандашавии оила;

-вазъи ҳозираи  муҳоҷирати аҳолӣ;

-Сифати аҳолӣ ва рушди он;

-сармояи инсон-нишондиҳандаи сифати аҳолӣ;

-саломатии аҳолӣ ва сабабҳои асосии он;

-диаспораҳои тоҷикон дар хориҷи кишвар ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифт.

     Дар масъалаҳои номбаршуда директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ Саидмуродов Л.Х., Исломов С.И., Бобоев А.А., Қодиров Ш., Шаропов Н., маърӯзаҳо намуда, дар охир мавриди баррасӣ қарор гирифт.

1.106.jpg - 134.24 KB