joomla
free templates joomla

НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ИЛМ

     Имрӯзҳо дар тамоми сохторҳои давлатӣ фаъолият намудани мутахассисони ҷавон беш аз солҳои пешин ба мушоҳида мерасад ва хушбахтона, сол ба сол сафи ҷавонони фаъол меафзояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иқдомҳоро равнақу ривоҷ бахшида баҳри рушди тафаккури миллӣ ва созанда тамоми чораҳои заруриро меандешид.

      Пешвои миллат ба рушду ташаккули тафаккури маънавӣ, ба мазмуни тарбияи миллӣ ва унсурҳои таркибии он, ба бархӯрдории ҷавонон аз воситаҳои муосири илму техникаи муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ, баҳрабардорӣ аз бартариҳои низоми тақсимоти ҷаҳонӣ ҷалби онҳо ба марказҳои инноватсионӣ, маҳфилҳои илмии мубоҳисавӣ, таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ, навҷӯиву навоварӣ ва кашфиёту ихтироъкорӣ, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эътимод ба арзишҳои миллӣ тарбия ёфтани ҷавонон диққати махсус додаанд.

      Дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», ки ҳадафи он мусоидат ба инкишофи маънавӣ, фарҳангӣ, иҷтимоию ҷисмонӣ,ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо, муҳайё сохтани шароит барои мустақилона ва бо ҳисси масъулият ширкат кардани ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва дастгирии моддӣ, молиявӣ ва иҷтимоии ҷавонон мебошад, барномаҳои давлатӣ қабул ва тадбиқ гардида истодаанд.

           Ҷалби нерӯи ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тақвияти таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, ҷалби ин табақаи нерӯманди ҷомеа ба сафҳои хеш барои устувор намудани рукнҳои давлатдории навин, ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ва мутобиқат намудан ба ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳон ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таззодҳову таҳдидҳои замони муосир мусоидат менамояд. Шаҳри Душанбе бошад чун яке аз марказҳои асосии илму фарҳанг тарбиятгари қувваҳои зеҳнӣ аст ва дар ташаккули маънавиёти ҷавонон саҳми бориз дорад. Дар шаҳри Душанбе беҳтарин марказҳои илмомӯзӣ барои ҷавонон шароит муҳайё намудаанд, ки донишҳои илмиро азхуднамоянд ва дар рушди илм дар ҷаҳони муосир саҳмгузор бошанд. Дар Душанбе беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, литсею гимназияҳо, марказҳои забономӯзи, китобхонаву осорхонаҳои замонавӣ мавҷуд аст ва ҷавонони мо аз онҳо ҷиҳати рушди иқтидори зеҳнии худ истифода мебаранд.

Душанбе шаҳри калонтарини ҷумҳурӣ, маркази илму фарҳанг пойтахти Тоҷикистон мебошад. Ин шаҳри зебову дилоро таърихи худро дорад. баъди Инқилоб, яъне соли 1924 дар Осиёи Миёна тақсимоти миллии марзӣ сурат гирифт. Халқҳои минтақа ба давлатҳои хурди миллӣ тақсим гаштанд. Аз ҷумла, тоҷикон низ пойтахти давлати худро аз Бухоро ба Душанбе оварда, онро маркази Тоҷикистон эълон доштанд.
       Халқи тоҷик аз ин бохти таърихӣ руҳафтода нашуда, баҳри эъмори Душанбеи азизаш камари ҳиммат баст. Оҳиста - оҳиста деҳаи хурди Душанбе симои худро дигар карда, тадриҷан ба шаҳри бузург мубаддал гашт. Баъди чумхурии иттифокй ном гирифтани он эьтибори Душанбе афзуда, соли 1929 номи Сталинободро гирифт. Соли 1961 аз нав номи кадимааш бар¬каpop карда шуд.

      Шурои қомат афрохта, қабои рангин дар бар кард. Хонаҳои серошёна, касру толорхои барҳаво, театр, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ҳамон солҳо сохта шудаанд. Илова бар ин, шаҳри Душанбе маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ мебошад. Дар канори ин шаҳри зебоманзар намояндагони миллатҳои мухталиф дустона зиндагӣ доранд. Онҳо аллакай ба расму русуми тоҷикон мутобик, гашта, дар чорабиниҳои миллӣ, мисли Наврӯз, Сада, Ҷуфтбаророн, Иди Қурбон фаъолона иштирок менамоянд. Душанбе маҳз бо заҳмату талош ва ҷонбозиҳои тоҷикон ва дигар миллатҳои бародар мақоми шоиста касб карда, ба ҷаҳониён чун шаҳри дилоро муаррифӣ гаштааст.
Байти машҳури шодравон Боқӣ Раҳимзода далели андешаи болост:

                         Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе,

                         Хаёлам зеби дунёӣ Душанбе.

        Халқи тоҷик дар тули таърихи чандҳазорсолаи худ шаҳру пойтахтхое бунёд кардааст, ки мавриди таваҷҷуҳи оламиён будаанд. Суннатҳои шаҳрдорӣ ва санъати меъмории онҳо, ки хусусиятҳои миллӣ ва умумибашарӣ доранд, то замони мо боқӣ мондааст.
Душанбе барҳақ меросдори онҳост. Имрӯз, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу демократӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст, масъулияти шаҳрдорӣ низ ба тадриҷ меафзояд, зеро акнун Душанбе пойтахти давлати мустақилу комилҳуқуқ мебошад. Ҳамаи моро зарур аст, ки бо қадри сарвати пойтахт ва моликияти давлатӣ - об, фазо, барқ, боғу дарахтзор, гулбоғу чаманҳо, роҳ, нақлиёт, муҷассамаҳои бузургон, оромгоҳ, зиёратгоҳҳо расида, дар ин шаҳри дилоро чароғи сидқу сафоро фурӯзон нигоҳ дорем.

  Аспиранти Институти забон ва адабиёти

ба номи Рӯдакии АИ ҶТ, Дувурова Шабнам

 

 

 

Ба таваҷҷуҳи Кумитаи рушди сайёҳӣ: Тоҷикистон имконият дорад, ки тамоми сол сайёҳии парандашиносиро ба роҳ монад

    ДУШАНБЕ, 11.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Сайёҳии орнитологӣ ё худ  парандашиносӣ як бахши сайёҳии экологӣ маҳсуб ёфта, дар дунё ҳамчун самти рушдёбанда пас аз сайёҳии пиёдагардӣ дар ҷойи дуюм қарор дорад.Ин намуди сайёҳӣ бахусус дар ИМА, Канада, Британияи Кабир, кишварҳои скандинавӣ, Франсия, Германия ва Япония доман паҳн кардааст. Даҳҳо ширкатҳои сайёҳӣ қариб дар ҳамаи нуқтаҳои олам бахшида ба омӯзиши тарзи ҳаёти парандаҳо ва мушоҳидаи онҳо дар табиат барои сайёҳон экскурсияҳо ташкил мекунанд. Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биология Абдусаттор Саидов дар бораи имкониятҳо ва дурнамои  сайёҳии орнитологӣ дар Тоҷикистон суҳбат намуд:

    АМИТ «Ховар»: Устод, бигӯед, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд намуди паранда, чанд мавзеи калидии орнитологӣ мавҷуд аст ва дар кадом фаслҳои сол ҷамъ омадани парандагони зиёд мушоҳида мешавад?

   Абдусаттор Саидов: Дар қаламрави Тоҷикистон алҳол 400 намуди парандагон ба қайд гирифта шудаанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон 18 мавзеи калидии орнитологӣ муайян шудаанд, ки дар онҳо шумораи зиёди парандагон, хусусан дар фасли зимистон ҷамъ меоянд. Тоҷикистон аз рӯи мавқеи ҷойгиршавӣ минтақаи муҳим барои ҷамъ омадани парандагон маҳсуб меёбад. Зеро дар фасли зимистон ҳангоми фаро расидани сармо дар қисмати Сибир ва Қазоқистони Шимолӣ аксар намуди парандагон ба  Тоҷикистон мекӯчанд.

Масалан, аз тарафи мутахассисони соҳаи парандашиносӣ дар минтақаи Тоҷикисони ҷанубӣ-ғарбӣ ва мавзеъҳои обию ботлоқии Тоҷикистони шимолӣ ҷамъ омадани то 150 ҳазор парандагон  ба қайд гирифта шудааст. Хусусан, дар обанбори «Баҳри тоҷик» дар қисмати шимолии Тоҷикистон ва обанборҳое, ки дар қисмати Тоҷикистони ҷанубӣ ҷойгир шудаанд. Ҳавзу кӯлҳои мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», поёноби дарёи Вахшу  Кофарниҳон мавзеъҳои калидии ҷамъ омадани парандагон дар фасли зимистон маҳсуб мегарданд.

   АМИТ «Ховар»: Имрӯзҳо дар бисёр кишварҳо олами ҳайвонот фаъолона ба як навъи сайёҳӣ табдил ёфта истодааст. Масалан, дар ИМА, Канада, Британияи Кабир, кишварҳои скандинавӣ, Франсия, Германия ва Япония сайёҳии парандашиносӣ бо суръат рушд меёбад. Сайёҳони зиёд танҳо ба хотири дидани миқдори зиёди парандагон ба ин кишварҳо сафар мекунанд.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна имкониятҳо барои сайёҳии парандашиносӣ мавҷуд аст?

   Абдусаттор Саидов: Сайёҳии орнитологӣ яке аз муҳимтарин сайёҳии экологӣ маҳсуб мешавад, ки солҳои охир дар тамоми дунё хеле маъруфият пайдо кардааст. Ин вобаста ба он аст, ки парандагон ҳамчун як гурӯҳи хеле зебои ҳайвонот диққати ҳазорон дӯстдорони табиатро ба худ ҷалб мекунанд. Сайёҳоне, ки ба ин соҳа шуғл меварзанд, барои онҳо дидани парандагоне, ки андоми зебо доранд, дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд ва нодир ҳастанд, хеле муҳим мебошад.

Дар байни парандагони Тоҷикистон намудҳое ҳастанд, ки ҳифзи онҳо аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Як хусусияти хоси парандагон аз он иборат аст, ки онҳо сарҳади маъмуриро намепарастанд. Дар байни парандагони Тоҷикистон беш аз 140 намуд парандагоне ба қайд гирифта шудаанд, ки онҳо ба категорияи кӯчанда дохил карда шудаанд. Онҳо аз қаламрави давлатҳо хеле зиёд кӯчиш мекунанд ва хусусияти транзитӣ доранд.

Баъзе парандагоне ҳастанд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон давоми чанд рӯз ба қайд гирифта мешаванд. Онҳо ҳангоми кӯчиш кишвари моро аз қисмати ҷанубии Осиё ба қисмати шимолӣ ба сифати истгоҳ истифода мебаранд. Дар ин ҷо онҳо захираи энергетикии худро барқарор мекунанд ва парвози худро идома медиҳанд.

Бисёр парандашиносон бар он ақидаанд, ки дар қитъаи Осиё Тоҷикистон дар чорроҳаи кӯчиши парандагон ҷойгир шудааст. Тавассути Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои кӯчиши парандагон мегузарад. Аз рӯи ин нуқтаи назар дар мавсимҳои гуногуни сол  парандагони зиёд аз кишвари мо муҳоҷират мекунанд. Ғайр аз парандагони кӯчанда дар Тоҷикистон парандагоне ҳастанд, ки онҳо муқимӣ мебошанд. Шумораи ин парандагон тақрибан аз 180 намуд зиёдтар аст.

Аз ин хулоса кардан мумкин аст, ки дар Тоҷикистон барои ба роҳ мондани сайёҳии парандашиносӣ имкониятҳо хеле зиёданд.

   АМИТ «Ховар»: Тавре зикр намудед, дар мавсимҳои гуногуни сол  парандагони зиёд аз кишвари мо муҳоҷират мекунанд, яъне Тоҷикистон имконият дорад, ки на танҳо мавсимӣ, балки тамоми сол сайёҳии парандашиносиро ба роҳ монад…

   Абдусаттор Саидов: Албатта, дар ҳудуди Тоҷикистон метавонем тамоми мавсимҳои сол сайёҳии орнитологиро ба роҳ монем.  Масалан, дар ҳудуди Помир дар фасли тобистон ва тирамоҳ гирд омадани парандагони зиёд ба мушоҳида мерасад. Хусусан дар ин макон бо баъзе намудҳои парандагоне, ки ҳифзи онҳо аҳамияти ҷаҳонӣ дорад, вохӯрдан мумкин аст.

Масалан, ғози ҳиндӣ як парандаи кӯчандае ҳаст, ки аз ибтидои моҳи май аз Ҳиндустон, Покистон ва қисмати шимолии Чин ба кӯлҳои Помир меояд ва дар ин ҷо фақат фасли гарми солро аз сар мегузаронад. Дар ибтидо ё миёнаи моҳи сентябр ғози ҳиндӣ боз ба Ҳиндустону Покистон кӯчиш мекунад. Дар ҳудуди Помир ба роҳ мондани сайёҳии орнитологӣ дар фасли тобистон ва тирамоҳ мувофиқи мақсад дониста мешавад.

Дар дигар минтақаҳои ҳамвори Тоҷикистон ин амалро дар ду мавсим- баҳор ва тирамоҳ ба роҳ мондан мумкин аст. Зеро дар ин мавсимҳо кӯчиши мавсимии парандаҳо ҷараён мегирад.  Дар қисматҳои кӯҳии Тоҷикистон дар фаслҳои баҳор ва тобистон гуногунии бойи парандагони муқимиро дидан мумкин аст.

Солҳои охир аз тарафи ширкатҳои сайёҳӣ барои роҳбаладӣ ба парандашиносон ба олимоне, ки дар ин соҳа фаъолият мекунанд,  муроҷиатҳо мешаванд. Онҳо мехоҳанд, ки гурӯҳи сайёҳонро танҳо парандашиносон роҳбаладӣ кунанд. Зеро он сайёҳоне, ки ба кишвари мо ташриф меоранд, мехоҳанд дар бораи орнитофауна, яъне фаунаи парандагони мо маълумоти зарурӣ пайдо кунанд. Ин корро, албатта, танҳо мутахассисони соҳаи парандашиносӣ метавонанд анҷом диҳанд. Сухан дар бораи он меравад, ки сайёҳон ба намудҳои паррандагон,  мавзеъҳои паҳншавии онҳо, нақши ин ё он намуди паранда дар табиат ва мақоми ҳифзи онҳо таваҷҷуҳ доранд.

Дар тамоми дунё дар ҳафтаи чоруми моҳи январ дӯстдорони табиат ва парандашиносон ҳисобу китоби саршумори парандагони зимистонгузаронро анҷом медиҳанд ва ин анъана солҳои зиёд аз тарафи парандашиносони тоҷик ва мутахассисони Институти зоология ва паразиталогияи АИ ҶТ амалӣ карда мешавад. Зеро маҳз дар ҳамин давра ҷамъ омадани парандагони зиёд ба мушоҳида мерасад. Ин имконият медиҳад, ки мо ҳамасола ҳисоби саршумори парандагонро гузаронем ва донем, ки дар кишвари мо чӣ миқдор ва саршумор парандагон ҷамъ меоянд ва зимистонро паси сар менамоянд.

Албатта, нисбат ба минтақаҳои шимолӣ, Сибири ғарбӣ ва Қазоқистони шимолӣ Тоҷикистон дар фасли зимистон шароити нисбатан мӯътадил барои паррандагон дорад. Зеро дар кӯлу обанборҳо ва ҳавзҳои Тоҷикистон захираи зарурии ғизо, хусусан барои парандагони обӣ ва наздиобӣ мавҷуд аст. Аз ин нуқтаи назар  ташкил намудани сайёҳии орнитологӣ дар фасли зимистон ҳам имконпазир аст.

   АМИТ «Ховар»: Бинобар тағйирёбии иқлим солҳои охир кӯчиши парандаҳои нодир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мушоҳида мешавад. Инҳо кадомҳоянд?

   Абдусаттор Саидов: Дар ҳудуди Тоҷикистон солҳои охир зиёда аз 20 намуди парандагоне ба қайд гирифта шудаанд, ки дар кишвари мо қаблан дар бораи онҳо маълумот набуд. Масалан, дар қисмати Помир, дар ҳудуди Бадахшон чанд соли охир як парандаи хеле нодир, ки бо номи сочи бронирӣ ёдовар мегардад, ба қайд гирифта шуд. Асосан масоҳати паҳншавии ин парандаи нодир ҳудуди Покистон ва Ҳиндустон ба ҳисоб меравад. Яъне имрӯз парандашиносон ба он ақидаанд, ки тағйирёбӣ ва гармшавии иқлим имконият додааст, ки баъзе парандагоне, ки ҳудуди паҳншавии онҳо қисмати ҷанубии Осиёро фаро мегирифт, ба ҳудуди Тоҷикистон низ ворид гарданд. Ин гуна мисолҳо хеле зиёданд.

Солҳои охир як намуди мусича, ки бо номи мусичаи ҳалқадор ёдовар мегардад, низ давоми 20 соли охир ба ҳудуди Тоҷикистон ворид гардид ва сол аз сол майдони паҳншавии худро васеъ карда истодааст. Аз нуқтаи назари дигар дар табиат равандҳои динамикӣ амал мекунанд. Табиат ҳама вақт дар таҳаввулот аст. Чунин ҳолатҳо, яъне динамика дар худи табиати зинда ҳам ҷой дорад. Баъзе намудҳои парандаҳо майдони васеъшавии худро паҳн мекунанд ва баъзе намудҳо сол аз сол баръакс, масоҳати паҳншавии онҳо маҳдуд мегардад ва онҳо ба қатори намудҳои нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор мегиранд.

Алҳол 43 намуди парандагони Тоҷикистон парандагони нодир маҳсуб шуда, зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд. Онҳо ба Китоби сурхи Тоҷикистон ворид карда шуда, таҳти муҳофизат қарор доранд.

   P.SБа таваҷҷуҳи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: бо вуҷуди он ки Тоҷикистон ва ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи он имконият доранд таваҷҷуҳи сайёҳони орнитологро ҷалб кунанд, алҳол  ин навъи сайёҳӣ дар кишвари мо рушд наёфтааст. Сабаби аслии инро мутахассисон аз набудани инфрасохтор ва роҳбаладони парандашинос медонанд.

Бо мақсади пеш рафти ин самти сайёҳӣ дар Тоҷикистон парандашиносон тавсия медиҳанд, ки варақаҳои тарғиботӣ бо забонҳои гуногун барои сайёҳон дар бораи парандагони кишвар таҳия ва нашр шаванд. Ҳамчунин ҷиҳати ташкили саёҳатҳои орнитологӣ мутахассисони парандашинос бояд ҷалб гарданд.

 

 

 

 

 

ПАЁМОВАРИ НИШОТ

 Барои иштирок дар рақобат ҷиҳати дарёфти ҷоизаи раёсати Академияи илмҳо дар иртибот бо Рӯзи Президент

 

     Хуршед ба якборагӣ ғуруб кард, маҳ рухи хеш дигар нанамуд, ситорагон дидаҳо барбастанд, чодари сиёҳи ғам гунбади нилуфариро пӯшонид. Ғурури шерону палангон дар куномҳо шикаста шуд, уқобу шоҳин аз парвоз бозмонданд, ҳазордастон ҷилои Ватан кард. Ҳақталошӣ ба авҷи аъло расид, пас аз гиребонгирӣ гиребонҳоро пора карданд, чун дилҳо тар нашуд, синаҳои якдигар пора карданд. Кӯҳпояҳои миллат қурбон шуданд, кӯҳсорони сар бар афлок сукут варзиданд. Роҳҳо ва дари дилҳо баста шуданд. Ҳамватанеро ҳамватан дар Ватан бе нон гузошт, ҳамватанеро берун аз Ватан мисле ки бе ҷон гузошт. Навҳа бар фалак печид, пардаи онро дарид. Ҷойи нишоти дилҳоро ғамбода, ҷойи ашки шодиро сиришки сӯзон, ҷойи озарахши баҳориро садои даҳшатзои гулӯлаву тиру туфанг гирифт. Сабзаҳо хушкиданд, қаҳтӣ ҷойи фаровонӣ гирифт. Модару хоҳар навҳагар шуд, чорагар набуд. Худованд борони раҳматашро аз сари мардум бардошт. Мулк бесарвар, мардум дарбадар, умри ҷавонон хазон, гунаҳои арғувонии дилбарон заъфаронӣ шуд. Падару модар дар сӯги фарзанд, фарзанд дар сӯги падару модар нишаст. Ғазаб ва кинаву адоват ҷойи меҳрро дар қалбу дидаҳо гирифт. Бадбахтиеро, ки давоми садсолаҳо ғосибон ба сари мо оварда буданд, худ такрор кардем ва ба гунаи мудҳиштар.Тараҳҳум, инсоф, одамият, диёнат аз байн рафт. Кибру ғурур, адоват, ғорату куштор ҳадду ҳудуд надошт. Шӯълаи умед дар дилҳо хира мешуд, чун нуре аз ҷойе намудор набуд. Зулмот кори худ кардаву торикии имон ҳамаҷоро ба шаби тор мубаддал намуда. Домани пардаи сиёҳи ғам фарох мешуд. Вале ба рағми ҳамаи ин ҷойе рӯшание фурӯзон мегардид. Он рӯшанӣ аз худафрӯзе бармеомад. Торикистонро нуристон ва қалбҳои хастаро мунаввар кардан дигар коре саҳл ва дар тавони ҳар нафар набуд. Он худафрӯз дар замини поки Яздонӣ худро бештар меафрӯхт, бештар месӯхт, то ҳадди ақал роҳеро, ки ба мақсуд мерасонад, рӯшан намояд. Роҳи худафрӯзӣ тӯлонӣ ва умеди сипарӣ карданаш аз доираи тафаккур берун шуда. Агарчи он торик буд, бар асари худафрӯзиҳои пайваста банудрат рӯшан гардид. Чодари сиёҳи ғамро ғами аз байн рафтанаш гирифт, он дигар тоби нурро, надошт, ки аз сӯхтанҳои он худафрӯз падид меомад. Оқибат ба ҳам зад. Тоҷикистон мунаввар, чеҳраҳои ғамангез--дилангез, қалбҳо моломол аз фараҳ шуданд, падар бо писар, бародар бо бародар, ҳамсоя бо ҳамсоя канори ҳам омаданд. Хуршеду маҳ дубора чеҳра барафрӯхтанд, ситорагон боз ба чодари зарнигори шаб зеб бахшиданд. Ғурури шерону палангон баргашт, уқобу шоҳин ба парвоз омаданд, ҳазордастон бо навои нав рӯ ҷониби Ватан ниҳод. Кӯҳпояҳои дигари миллат рӯ ба сабзиш оварданд, кӯҳсорони сар бар афлок аз нав қомат барафрохтанд. Он худафрӯз паёми нишот оварда буд... 

Ҷумъахон САЙИДАЛӢ, 
рӯзноманигор.

ҶАЛАСАИ ШАШУМИ ШӮРОИ ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ ИЛМҲОИ ФУНДАМЕНТАЛИИ КИШВАРҲОИ ШОМИЛИ ИДМ

    12 – уми октябри соли 2018 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи шашуми Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои фундаменталии кишварҳои шомили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

1.114.jpg - 112.11 KB

     Раиси Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои фундаменталии кишварҳои шомили ИДМ академик Фарҳод Раҳимӣ интихоб шуд.

     Дар ҷаласа президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҷиҳати фаъолият ва ҳамкориҳои байналмилалии АИ ҶТ маърӯза намуд.

1.115.jpg - 127.62 KB

     Дар ҷаласа қайд гардид, ки барои баррасии лоиҳаҳои Шартома дар бораи муносиботи байни давлатӣ дар мавриди таҳқиқоти фундаменталӣ ва таъсисёбии Фонди байнидавлатии тадқиқоти илмии кишварҳои шомили ИДМ кор идома дорад.

    Иштироккунандагони ин ҷаласа масъалаи ба муассисаҳои илмии кишварҳои шомили ИДМ додани мақоми ташкилоти асосӣ дар самти илмҳои фундаменталиро баррасӣ намуда, оқибат ба чунин хулоса омаданд, ки чунин мақом бояд ба Институти физикии Академияи илмҳои Россия ва Институти физикию техникии ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.

1.116.jpg - 134.65 KB

 

 

 

БОЗЁФТИ БОСТОНШИНОСОН

     Тавре, ки медонем тибқи маълумотҳои таърихӣ дар Осиёи Миёна дайрҳои бисёр мавҷуд буданд, ки бо мурури замон ва амри таърих қисман несту нобуд гардидаанд. Махсусан дар ҷануби Тоҷикистон дараҷаи баланди тараққиёти санъати қадима дар Осиёи Миёна ба мушоҳида мерасид. Яке аз сайёҳон ва ҳоҷии буддоии асри 8 Хой Чао пас аз сафари мулки Хуталон таассуроти худро чунин баён кардааст: «Подшоҳ, аъёну ашроф ва халқи ин сарзамин дини буддоиро мепарастанд ва дар ин мулк дайру роҳибон бешуморанд.»

Лозим ба тазаккур аст, ки Ҳайтолиён аз табори мардуми тахориён буда, гузаштагонашон дар ҳудуди Тахористону Бадахшон сукунат доштаанд.То миёнаҳои асри 5 давлати Ҳайтолиён дар Осиёи Марказӣ мақоми ҳукмронро ба даст даровард. Дар ин давра ҳудудҳои он васеъ шуданд. Давлати Ҳайтолиён дар замони ҳукмронии Хушнавоз-солҳои 50-ум ва 70-уми асри 5 боз ҳам васеътару пуриқтидортар гардид. Дар муқобили давлати Ҳайтолиён ду давлати абарқудрату пурзӯр меистод, яке Сосониён ва дигаре Хоқонати Турк буд. Дар маъхаз гуфта мешавад, ки ҳайтолиён ашхоси боҷуръат ва ҷасур буда дар майдони набард қобилияти фавқулодда доштанд.

1.111.jpg - 330.49 KB
     Ҳайтолиён усули ҷангии мудофиавии худро доштанд, аз ҷумла онҳо дар пеши роҳи лашкари Сосониён ҷоҳҳо ва ҳандақҳои зиёде кофта, рӯйи онҳоро бо хасу хошок ва шохаҳо пӯшонида ноаён мекарданд, ки онро ба истилоҳи худ «чоҳҳои гургқапӣ» меномиданд.
Ҳафтаи гузашта тибқи маълумоти аз ҷониби китобдор ва омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-и деҳаи Фахрободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Элёр Ахмедов ба унвонии маъмурияти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ расида бо ибтикори директори институт, доктори илмҳои таърих,профессор Зикриё Акрамӣ гурӯҳи бостоншиносон фавран таҳти роҳбарии олими маъруфи соҳа, доктори илмҳои таърих, директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон Саидмурод Бобомуллоев ба ноҳияи мазкур сафарбар карда шуданд.
     Дар натиҷаи таҳқиқоти бостоншиносӣ маълум гардид,ки воқеан ҳам дар деҳаи Субҳи мавзеи Фахробод воқеъ дар ҳудуди Хоҷагии деҳқонии Асадуллои ноҳияи Хуросон дайри буддоии зеризаминӣ пайдо карда шуд,ки он тақрибан ба давраи Ҳайтолиён асрҳои 5-6 мутааллиқ буда, масоҳаташ тахминан 6х5 метрро ташкил медиҳад. Шакли он ба хонаҳои зеризаминии давраи буддоӣ мансуб буда, мардуми маҳаллӣ онро ермасҷид меноманд.Дохили бино аз санги яклухт бунёд гардида, сақфаш гунбази буда аз боло равзана дошта, таҳкурсии он шакли чилпо ва аз чор сатх равоқ дорад. Равзана аслан барои даромадани рӯшноӣ мусоидат менамояд.
    Лозим ба тазаккур аст, ки дар мавзеи мазкур феълан корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз ҷониби бостоншиносони Институти таърих,бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.
    Тоҷикистони офтоби кишвари куҳанбунёд буда, то ҳанӯз дар зери талу теппаҳои он харобаҳои садҳо шаҳру қалъаҳои қадим ва қадимтарин нуҳуфтаанд,ки дорои асрори бойю пурғановат мебошанд. Ёдгориҳои санъат ва меъмориро дар аксар музофотҳои кишвари паҳноварамон дучор омадан аз эҳтимол дур нест. Иншоотҳои меъморӣ на танҳо зебою дилкаш, балки ҷозибаноку мустаҳкам сохта шудаанд. Аз замони бунёд шудани онҳо гарчанде ҳазорсолаҳо сипарӣ гардида бошанд ҳам, то ҳол аксарияташон ҳусну тароват ва шукуҳу шаҳомати худро гум накардаанд. 
    Тоҷикистони азиз яке аз давлатҳои куҳантамаддун, бостонфарҳанг, қадимҳунар ва қадимкеше мебошад, ки сари ҳар як сангу хораш таърихи ба худ хосе дорад, ки гувоҳ аз таъриху тамаддуни безаволи мо тоҷиконанд. Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарур аст, ки барои кашфи асрори таърихи ин марзу бум ба аҳли башар саҳм гузорем. Ба қавли Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикистони азизи мо кишвари дорои ганҷҳои нокушода мебошад». Яке аз ҳадафҳои ниҳоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рушду инкишофи бонизоми фарҳанги миллӣ боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба волоият ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, эҳёи анъанаҳои мардумӣ маҳсуб меёбад.
    Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари суханрониҳои худ таваҷҷуҳи бевоситаи аҳли ҷамоатчигӣ ва зиёиёну олимонро бахри чун гавҳараки чашм эҳтиёт кардани бозмондаҳои мероси ниёкон, ба хусус ҳифзу барқарорсозии ёдгориву обидаҳои таърихию фарҳангӣ ҷалб менамоянд.

1.112.jpg - 182.22 KB
   Аз ҷумла, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз санаи 23.01.2015 сол омадааст, ки: «Ҳукумати Тоҷикистон танҳо дар муддати 10 соли охир (яъне аз соли 2004 то соли 2014) барои таъмиру таҷдиди ёдгориҳои таърихӣ қариб 3 миллиард сомонӣ маблағ ҷудо намуда, аксари осорхонаҳо, қасру марказҳои фарҳангӣ, қалъаву шаҳрҳои бостонӣ, мақбараи шахсиятҳои таърихиву ирфонӣ ва дигар мероси моддиву маънавии халқамонро азнавсозӣ намуд».
Ҳамзамон тибқи моддаи 44-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дастраси халқ мебошанд. Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таъриху фарҳанг вазифаи ҳар шахс аст».
    Аз ин рӯ ҳар як фарди соҳибхирадро зарур аст, ки мероси гузаштагони худро чун гавҳараки ҳифз ва эҳё намояд, зеро гузаштаро кофтану ёфтан ва онро ба омма муаррифӣ намудан амри наҷибест. Эълон гардидани соли ҷорӣ ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» низ муаррифии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, мавзеъҳои сайёҳию боду ҳавои мусаффо ва обидаҳои фарҳангию миллӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳадафи асосии он ҳифзи ҳар як пора хоки поки муқаддаси сарзамини нозанинамон ба ҳисоб меравад.
Ҳамин тариқ, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, олимони бостоншинос имрӯзҳо пайваста корҳои таҳқиқотиро дар тамоми ҳудуди кишвар идома медиҳанд.

1.113.jpg - 80.22 KB