joomla
free templates joomla

ҚУДРАТИ НБО –И «РОҒУН»

    Чун анъана ҳар рӯзи чоршанбе дар АИ ҶТ ҷаласаи илмӣ-омӯзишӣ баргузор мегардад, ки дар он олимони соҳаҳои мухталиф иштирок намуда, мавзӯеро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор медиҳанд.  Ин навбат бахшида ба кушодашавии НБО-Роғун Ҳасан АСОЕВ маърӯзаи пурмуҳтавое бо иштироки унвонҷӯёну аспирантон ва магистрон намуд, ки шакли пуррааш чунин аст:

1.134.jpg - 92.99 KB

 

ҚУДРАТИ НБО –И «РОҒУН»

    Коршиносон НБО –и «Роғун» - ро рақиби стратегӣ меҳисобанд.Ин андеша зоҳиран сода намояд ҳам, вале он печидагиҳои зиёд дошта, моҳиятан зарурати баррасии арзишҳои илмиро аз дидгоҳҳои гуногун ба миён мегузорад. Азбаски то ҳол дар илм ин масъала ба таври яклухт ташреҳи муффасли худро наёфтааст, бинобар ин, мо ин ҷо тасмим гирифтем, ки қудрати нерӯгоҳро ба таври умум баён намоем.

    Якум, НБО –и «Роғун» Тоҷикистонро ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ расонида, онро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ мебахшад;

   Дуюм, зарфиятҳои фойдабахши ин нерӯгоҳ хело бузург аст. Ин маънои онро дорад, ки зарфияти пурааш 11,8 ва фойданокиаш ба 8,6 мукааб километр баробар буда, дар он об сарфакорона ҷамъ гардида, безарар ба турбинаҳои нерӯгоҳ ба поён ҷорӣ мегардад. Об дар ин нерӯгоҳ ҳамчун манбаи таҷдиди энергия хизмат намуда сарф намегардад. Аз ин лиҳоз, барқи тавлиднамудаи он аз ҷиҳҳати экологӣ тоза ва безарар мебошад;

    Сеюм, нерӯи барқе, ки дар НБО –и Норак тавлид мегардад, ба қувваи 54 млн одам ва НБО –и «Роғун» ба 72 млн одам баробар аст. Худ қазоват намоед, Тоҷикистон бо чунин иқтидор чӣ корҳоеро ба сомон расонда метавонад;

    Чорум, бунёди ин неругоҳ имкон медиҳад, ки новобаста аз фаслҳои сол ҳама силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш бо иқтидори пуррааашон фаъолият намоянд. Далели мусаллам ин аст, ки ба туфайли бунёди ин нерӯгоҳ самаранокии фаъолияти силсиланеругоҳҳои рӯди Вахш дар маҷмуъ ҳамасола аз 0,7 то 1,1 млрд кВт\с энергия меафзояд;

    Панҷум, НБО –и “Роғун” дар баробари таъмин намудани истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон инчунин барои густаришёбии самтҳои дигари иқтисодиёти минтақа заминаи мусоид фароҳам меоварад. Далел ин аст, ки гарчанде зимни бунёди ин нерӯгоҳ 17500 га –и заминҳои ҷумҳурӣ зери об монад ҳам, аммо ба туфайли бунёди он 320 ҳазор га заминҳои кишварҳои поёноб (аз он ҷумла Ӯзбекистону Туркманистон) шодоб шуда, ҳолати мелиоративии зиёда аз 4 млн га заминҳои кишварҳои поёноб дар маҷмӯъ беҳтар мегардад. Агар сухан дар хусуси 17500 га замини зери об монда равад, онгоҳ аз ин киштзор -633 га, токзор -517 га ва бақияи онро заминҳои лалмӣ ва чарогоҳҳое ташкил медиҳад, ки на он қадар қимати баланди иқтисодӣ дар соҳаи кишоварзӣ доранд.Ба қавли муҳандиси тоҷик Б. Юнусов зарари зери об мондани қитъаи замин дар нерӯгоҳи – и Роғун он қадар калон нест. Танҳо шаш ҳазор га замини дар хоҷагии қишлоқ истифодашаванда дар минтақаи обанбор меафтаду халос.

1.133.jpg - 150.09 KB

  Шашум, мувофиқи пешгӯиҳои мутахассисон ба туфайли бунёди ин нерӯгоҳ 250 ҳазор нафар соҳиби ҷойӣ кор шуда, дар маҷмуъ сатҳи иқтисодӣ – иҷтимоии бештар аз 60 млн аҳолии минтақа беҳтар мегардад. Бархе аз коршиносон бар он назаранд, ки ба туфайли бунёди ин нерӯгоҳ дар минтақа бештар аз панҷсад ҳазор ҷойи корӣ пайдо мегардад;

   Ҳафтум, бунёди ин неругоҳ дар минтақаи Осиёи Миёна талаботро ба энергияи ҳароратӣ як дараҷа коҳиш дода, ба беҳтар гардидани вазъи экологии минтақа мусоидат менамояд;

   Ҳаштум, ин нерӯгоҳ натанҳо дар ҳудуди Тоҷикистон балки дар минтақа зарурати бунёд намудани нерӯгоҳҳои хурдро аз байн мебарад;

   Нуҳум, ин нерӯгоҳ ҳадди аққали талаботро ба нерӯи барқ дар минтақаи Осиёи Миёна таъмини менамояд;

   Даҳум, тавоноии ин нерӯгоҳ нисбат ба неругоҳи аввалини “Варзоб” 480 ҳазор, нерӯгоҳи Шаршара - 120 ва Сарбанд 17 маротиба зиёд мебошад;

   Ёздаҳум, ин нерӯгоҳ на танҳо ширкати “Алюминиии тоҷик” - ро пурра ба барқ таъмин менамояд, балки барои ташкили комплекси агросаноатии қисмати ҷанубии Тоҷикистон шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам меорад. Далолат бар ин андеша он аст, ки ҳамон вақт дар доираи тарҳи нерӯгоҳ дар ноҳияи Файзобод бунёди ширкати навӣ арзиз ба нақша гирифта шуда буд;

    Дувоздаҳум, ин нерӯгоҳ ягона иншоотест, ки норасоии барқро дар фасли зимистон дар кишварамон пурра аз байн бурда, дар беҳдошти вазъи саломатии аҳолӣ нақши муассир мебозад;

    Сездаҳум, мувофиқи маълумотҳои омории замони шӯравӣ истеҳсоли арзиши як кВт\соат энергия дар нерӯгоҳҳои обии кишварҳои болооб 0,04 сент баробар буда,  ин нишондод дар неругоҳҳои ҳароратии кишварҳои поёноб 3,5 сентро ташкил медиҳад.Дар замони Шӯравӣ мутахасиссон муайян намуда буданд, ки арзиши барқе, ки дар ин неругоҳ истеҳсол карда мешавад, нисбат ба нерӯгоҳҳои ҳароратӣ 3,75 – 5 маротиба арзонтар мебошад. Аз ин ҷиҳат, ҳамасола талабот дар сатҳи минтақаю ҷаҳон ба ин намуди барқ афзуда истодааст;

    Чордаҳум, таҳлилҳои илмӣ собит менамоянд, ки обанборҳои дар куҳсор бунёдшаванда назар ба обанборҳои дар ҳамвориҳо бунёдшаванда 5 – 10 маротиба камтар заминҳои корамро фаро гирифта, қимати баланди иқтисодӣ доранд.Мисол, гарчанде аз ҷиҳати масоҳат обанбори Қайроқум ба обанбори Норак баробар бошад ҳам, вале иқтидори НБО «Норак» аз НБО –и «Қайроқум» чандин маротиба зиёд аст;

    Понздаҳум, ҳамасола офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти минтақа мушкилоту паёмадҳои зиёдеро ба бор меоранд. Тоҷикистон низ аз ин раванд истисно нест. Натиҷагирии арзишҳои илмӣ аз он башорат медиҳанд, ки ин нерӯгоҳ як дараҷа барои пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ бахусус обхезиҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он тарҳрезӣ гардидааст. Мувофиқи хулосаҳои олимон бо бунёди ин нерӯгоҳ сарфи маблағҳо ба мақсади пешгирӣ ва рафъи оқибати обхезиҳо сарфа гардида, истифодабарии самараноки ин маблағҳо метавонад ба иқтисодиёти минтақа такони ҷиддӣ бахшад;

    Шонздаҳум, тибқи нигоришҳои илмӣ ҳар гуна олудагиҳои обовард дар ин обанбор такшин шуда, ин омил боиси таъмини фаъолияти дуру дарози дигар силсиланерӯгоҳҳои ин рӯд мегардад;

   Ҳабдаҳум, ин нерӯгоҳ дар баробари хусусияти ирригатсионӣ - энергетикӣ ва энергетикӣ - ирригатсионӣ доштан, инчунин қимати баланди иқтисодӣ дар самти рушди туризм дорад;

   Ҳаждаҳум, аз нигоҳи мутахасиссон ба туфайли бунёди ин нерӯгоҳ 75%-и заминҳои вилояти Хатлону водии Рашт ба таври худҷоришаванда обёрӣ мегарданд;

   Нуздаҳум, лоиҳаи НБО-и “Роғун” на танҳо баҳри таъмини аҳолии минтақа ба нерӯи барқ, инчунин барои идоракунии самараноки захираҳои обу замин тарҳрезӣ шудааст. Аз ин бармеояд, ки ин нерӯгоҳ на танҳо мушкилоти энергетикӣ, инчунин проблемаҳои шодоб намудани заминҳои минтақаро ҳаллу фасл намуда, ҳамзамон боиси рушди истеҳсолоти кишоварзию саноатӣ мегардад;

   Бистум, ба бунёди ин неругоҳ Тоҷикистон дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ба пуриқтидортарин кишвари тавлидкунандаи неруи барқ мубаддал мегардад;

   Бистуякум, ин нерӯгоҳ натанҳо Тоҷикистон балки минтақаро низ аз бунбасти комуникатсионӣ раҳоӣ мебахшад;

   Бистудуюм, батанзимдарории муназзами маҷрои об дар ин нерӯгоҳ имкон медиҳад, ки 6,7 км куб оби захирашаванда на танҳо барои истеҳсоли нерӯи барқ, инчунин дар мавриди зарурӣ барои қонеъ намудани талаботи кишварҳои поёноб низ, истифода гардад;

   Бисту сеюм, ҳоло аз сабаби танзими номукаммали маҷрои дарёҳо 20% -и заминҳои киштбоби кишварамон пурра обёрӣ намегарданд. Бунёди нерӯгоҳи “Роғун” дар якҷоягӣ бо неругоҳи “Норак” имкон медиҳад, ки ҳаштод дарсади маҷрои дарёи Вахш ба танзим дароварда шуда, ба ин васила дастрасии аҳолии минтақа ба об беҳтар гардад;

1.135.jpg - 138.46 KB

   Бисту чорум, бунёди ин нерӯгоҳ ба тавлиди нерӯйи барқу ирригатсия пешбини шуда, он барои тамоми минтақа зиёда аз 170 сол хизмат менамояд;

   Биступанҷум, ин неругоҳ пеш аз ҳама дар бахши истифодабарии обу энергетика дар байни кишварҳои минтақа зарурияти ҳамкориҳои муштараки илмиро ба миён мегузорад. Аз ин бармеояд, ки дар он манофеъи ҳаммаи ҷонибҳо ба инобат гирифта шудааст, биноан ба пурагӣ метавон гуфт, ки ин нерӯгоҳ дар таҳким бахшидани дустии халкҳои кишварҳои ҳамҷавор нақши бориз мебозад;

   Бистушашум, хусусияти ирригатсионӣ – энергетикӣ ва энергетикӣ – ирригатсионӣ доштани ин нерӯгоҳ, имкон медиҳад, ки обу замин дар минтақа тавъам мавриди истифода қарор ёбад;

   Бистухафтум, иқтидори ин нерӯгоҳ ба 3,6 млн квт баробар буда, он аз нерӯгоҳи Норак -0,9 млн квт зиёдтар мебошад;

   Битуҳаштум таҳлилҳои илмӣ феълан собит менамоянд, ки рушди устувори иқтисодии минтақа минбаъд ба оқилона истифодабари манбаъҳои оби кишварҳои болооб, аз он ҷумла Тоҷикистон вобастагии ногусастанӣ дорад;

   Бистунуҳум, ин нерӯгоҳ дар ҷоддаи истифодабарии об зарурияти самаранок истифода бурдани потенциалӣ илмиро ба миён мегузорад;

    Сиюм, нерӯгоҳи Роғун натанҳо шуҳрати НБО –и Норак инчунин шаъну шарафи ҷумҳуриро баланд бардошта, тавссути он давлат метавонад намоишкорона ҳадафҳои стратегии худро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон амалӣ намояд;

   Сиюякум, ба туфайли бунёди ин нерӯгоҳ дар ин мавзеъ обанбори бо дарозии 160 километр ва ҷуқурии бештар 300 метр пайдо мешавад, ки дар кишварамон барои рушди туризм имкониятҳои мусоид фароҳам меорад;

   Сиюдуюм, ҳамасола ба туфайли ин нерӯгоҳ 4 млн тонна сузишворӣ сарфа мегардад;

   Сиюсеюм, дар замони Шӯравӣ муайян намуда буданд, ки арзиши як килловат энергия дар нерӯгоҳи Норак 0,08 тин ва дар нерӯгоҳи Роғун бошад 0,07 тинро ташкил медиҳад. Аз ин бармеояд, ки арзиши аслии тавлиди нерӯи барқ назар ба нерӯгоҳи Норак дар неругоҳи Роғун боз ҳам арзонтар мегардад;

   Сиючорум, аз нигоҳи коршиносон мавқейи ҷойгиршавии неругоҳи Роғун аз нуқтаи назари истеъмолкунандагон назар ба Дашти Ҷуму Панҷи поён наздик мебошад;

  Сиюпанҷум, ин нерӯгоҳ имкон медиҳанд, ки маҷрои об дар ҳавзаи Амударё ба таври оқилонаю самаранок идора ва истифода бурда шавад;

  Сиюшашум, аз нигоҳи коршиносони соҳа дараҷаи фойданокии обанбори Роғун назар ба обанбори Норак ду маротиба зиёд мебошад.

1.136.jpg - 127.92 KB

   Агар қимати стратагии ин нерӯгоҳро бо чунин далелу андешаҳо натиҷагирӣ намоем, онгоҳ маълум мегардад, ки арзиши об аз нафт, газ, ангишт ва дигар навъҳои сӯзишворӣ камтар нест. Аз ин ҷиҳҳат, эътимоди ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба ин тарҳ ҳамсола афзуда истодааст. Чунки он аз як тараф дар минтақа зарурияти якҷоя азхудкунии захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистонро ба миён гузорад, аз тарафи дигар, он дар ҳавзаи Амударё барои амалӣ гардонидани лоиҳаҳои калонтарини ирригатсионӣ шароити мусоид мухаё месозад. Перомуни ин мсъала дар кадом шакле ҳарф назанем, ин нерӯгоҳ иншооти муҳташамтарин ва азимтарини аср буда, хусусиятҳои ба худ хос дошта, дар иртибот ба он метавон қимати рушди гидроэнергетикаро натанҳо барои Тоҷикистон балки минтақа арзёбӣ намуд. Аз ин ҷиҳҳат, бемуболиға метавон гуфт, ки ин тарҳ яке аз иншоотҳои ҳаётан муҳими стратегии Тоҷикистон буда, бунёди он як аслиҳаест, ки дар минтақа ва арсаи ҷаҳонӣ нуфузи сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистонро таъмин менамояд. Андешаи мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки халқи тоҷик бидуни анҷоми ин лоиҳа на ба зиндагии шоиста ва на ба ҳадафҳои рушди устувор ноил мегардад. Далолат бар ин андеша он аст, ки об дар ин нерӯгоҳ дар як маврид ҳамчун манбаи тавлидкунандаи қувваи барқ, дар мавриди дигар барои рушди ирригатсия ва дар ҳадди охир барои беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба он истифода бурда мешавад. Вақте ки об аз як тараф барқ ва аз тарафи дигар боиси таъмин намудани аҳолӣ ба оби нӯшокӣ ва омили рушди саноату кишоварзӣ мегардад, пас месазад бигӯем, ки нерӯгоҳи “Роғун ” на танҳо дар рушди устувори Тоҷикистон, балки минтақа саҳми муносиб гузошта метавонад. Дар ин ҳолат, вазифаи асосии олимону коршиносон ошкор намудани қимати ин иншооти гидроэнергетикӣ дар таносуби нигоҳдошти мувозинатии табиӣ мебошад. Возеҳтар гуем, онҳо бояд аз нигоҳи илмӣ собит намоянд, ки ин тарҳ дар равандҳои тағирёбии иқлим ва дар таносуби нигоҳдошти мувозинати табиии минтақа дар кадом сатҳ нақш мебозад. Аз ин ҷиҳат ҳам ин нерӯгоҳ ба Тоҷикистон қудрати минтақавӣ мебахшад. Биноан онро калиди пешрафти натанҳо Тоҷикистон, балки минтақа ном мебаранд. Мо минбаъд бояд сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳамин нуқтаи назар роҳандозӣ намоем. То ин, ки ба манфиати кӯлли кишварҳои минтақа нигаронида шуда бошаду, онҳо низ барои ҳифз ва нигоҳдошти ин ганҷинаи табии ҳиссагузорӣ намоянд. Умуман ин нерӯгоҳ нақши Тоҷикистонро дар бартарафсозии заъфҳои экологии минтақа таҷассум намуда, онро метавон намунаи барҷастаи иқтисодиёти сабз ном бурд.

Коршиноси масоили

экологии АИ ҶТ,

Ҳасан Асоев

 

 

 

 

Кашфи ду минерол дар Академияи илмҳо

    Дар доираи ҳамкорӣ бо Осорхонаи минерологии ба номи А.Е.Ферсмани Академияи илмҳои Русия олимони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ ду минерали навро таҳти унвонҳои “Фалғарит” ва “Бадахшонид” кашф намуданд.

     Тибқи маълумоте, ки ходими илмии Институти мазкур Манучеҳр Шодибеков барои мо пешниҳод намуданд, минероли “Фалғарит” дар мавзеи Куҳи Малики соҳили рости дарёи Яғноб ошкор шудааст. Минероли “Бадахшонид” – ро бошад, олимон дар натиҷаи корҳои муштараки илмӣ – тадқиқотии саҳроӣ дар қисмати шарқии ноҳияи Мурғоби ВМКБ кашф карданд.

1.130.jpg - 123.56 KB

     Номгузории минеролҳои нав ба макони ҷойгиршавии онҳо алоқа дошта, бо дар назардошти маҳали ошкоршавии минеролҳои нав номгузорӣ шудаанд. Масалан, “Фалғарит” мансуб аз Фалғар, ки бо ин ном ноҳияи Айниро фаҳм мекунем ва маҳз дар ҳамин мавзеъ минерол ҷойгир шудааст. “Бадахшонид” мансуб ба Бадахшон аст, ки бо сабаби дар ин минтақа ҷойгиршавии минероли мазкур онро чунин номгузорӣ кардаанд.

     Дар кашф гардидани минероли “Фалғарит” олимони зерин пажуҳиш намудаанд: Л.А.Паутов, М.А.Мираков, О.И.Сидра, Е.В.Назарчук, А.Р.Фийзиев, В.Я.Карпенко ва дар таҳқиқи минероли “Бадахшонид”  бошад, инҳо саҳм гузоштанд: Л.А.Паутов, М.А.Мираков, К.А.Фернандо, Е.Соколова, С.Х.Франк, М.А.Шодибеков ва В.Я.Карпенко, яъне олимони мутазаккир аз Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ ва Осорхонаи минерологии ба номи А.Е.Ферсмани АИР намояндагӣ мекунанд.

     Аммо новобаста аз усули пажуҳиш ва дастрасии олимон ба технологияҳои муосир минеролҳои мазкур дар озмоишгоҳҳои Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ мавради баррасӣ қарор гирифта, то ҳадди кашфшавӣ таҳқиқ шудааст.

1.131.jpg - 108.93 KB

     Мутобиқ ба маълумоти Манучеҳр Шодибеков, ки олими ҷавон асту ояндаи нек ӯро интизор, дастгоҳҳои озмоишию рентгенӣ ва заррабинҳои электронӣ барои кашфиёти уламо саҳмгузор мебошанд. Ба ибораи дигар, технологияҳои нави инноватсионӣ ва таҷҳизоти муосир имкони кашфиёти илмиро ба вуҷуд оварда, боиси рушди илми тоҷик мегарданд.

     Узви вобастаи АИ ҶТ, мудири озмоишгоҳи канданиҳои фоиданоки Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Абдулҳақ Файзиев, ки дар кашфи минеролҳои нав ширкат намудааст, ҳангоми суҳбат иқрор кард, ки минеролҳои нав аз рушди илмҳои дақиқ дар кишвар шаҳодат медиҳанд.

1.132.jpg - 114.08 KB

     Комиссияи марбут ба минеролҳои нав ва таснифоти Ассотсиатсияи байналмилалии минерологҳо ду минероли ба тозагӣ кашфгардидаро  18 – уми сентябр ва 8 – уми октябри соли равон тасдиқ намудааст.

 

 

 

 

Ҷаласа бахшида ба рӯзи Конститутсия

1.127.jpg - 95.39 KB

   Имрӯз, 05.11.2018 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”-и ҲХДТ , бахшида ба рӯзи Конститутсия ҷаласаи умум барпо гардид, ки дар он   ноибони президенти АИ ҶТ Ҳикмат Муъминов ва Муҳаммад Абдураҳмон, муовини Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза ва дигар масъулини ҳизбӣ ширкат намуданд.

1.128.jpg - 116.12 KB
    Ҷаласаро ноиби президенти АИ ҶТ Ҳикмат Муъминов ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки Конститутсия дар зиндагии ҳар фарди кишвар нақши азимеро иҷро мекунад ва инсони бохабар аз меъёрҳои ҳуқуқӣ аз ин шоҳқонуни мамлакат фоида мебинад.
    Ҳамчунин, дар ҷаласа муовини Раиси Кумитаи ҷавонон Дилноза Аҳмадзода маърӯза карда, ҷавононро ба худогоҳӣ даъват намуд. 
   Дар анҷоми ҷаласа барои ҷавонони ба ҳизби халқии демократии кишварамон пайваста ҳуҷҷатҳои узвият тақдим карда шуданд...

1.129.jpg - 121.41 KB

 

 

 

Ҳамдардӣ

    Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба академики АИ ҶТ Ақназаров Оғоназар бо сабаби вафоти бародараш ҳамдардии амиқ изҳор менамояд.