joomla
free templates joomla

Истиқбол аз 110 –солагии академик Б.Ғафуров

  Ховаршинос ва садри Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Шӯравӣ,  

Бостоншинос ва муҳаққиқи таърихи аҳди бостон,

  Мардумшинос ва шахсияти таърихӣ,  

Муаллифи китоби машҳуртарини Шӯравӣ дар мавриди тоҷикон ва бо номи "ТОҶИКОН",

   Яке аз шаш нафар Қаҳрамонони Тоҷикистон, ва билохира сиёсатмадори аҳди Шӯравӣ Бобоҷон Ғафуров аз санаи зодрӯзаш 110 сол сипарӣ мешавад.

 Ба ин муносибат ҳоли ҳозир дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки олимон, сиёсатмадорон, шоирону нависандагон ва ҷавонону рӯзноманигорон Ҳамоиши байнулмилалии илмӣ идома дорад...

1.143.jpg - 119.43 KB
     Дар ин ҳамоиш муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, муовини Вазири корҳои хориҷии ҶТ Зоҳидӣ ва ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва кор бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо ҳамтоёни хеш аз Федератсияи Россия маърӯза намуда, дӯстии ду кишварро дар суханрониҳояшон тазаккур доданд.

1.144.jpg - 100.94 KB
      Сипас, дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳамоиши илмӣ кори худро идома дод. 

1.145.jpg - 142.10 KB
Олимони ду кишвари бо ҳам дӯст дар музокираҳои илмӣ Бобоҷон Ғафуровро пайвандгари дӯстию рафоқат миёни Тоҷикистон ва Русия муаррифӣ карданд.

1.146.jpg - 158.43 KB

 

 

 

БУНЁДИ РОҒУН АЗ НИГОҲИ ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ИҚТИСОДӢ ИГОР ТОМБЕРГ РЕМУАЛЬДОВИЧ

 

 

 

 

   Хидмати Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёд ва ба истифода додани НБО Роғун боиси ифтихору сарфарозии миллати тоҷик аст.

  Имрӯз мавзӯи бунёди Кохи нури Тоҷикистон бо шиори рӯз табдил ёфтааст. Ҳар сокини кишвар новобаста аз миллату нажод ва дину оин ба ин масъалаи ҳаётан муҳими диёр тавваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад. Саҳифаҳои матбуоти даврӣ, намоишу гуфторҳои телевизион ва радио пайваста доир ба рафти корҳои ин сохтмони мӯҳташам маводи ҷолиберо ба мардум пешкаш  менамояд. Нерӯи зеҳнии Ҳукумати кишвар мисли шамси тобон мунаввар гашта, фазои афкори оммаро равшан намуд.

  Халқ зарурияти Роғунро хело хуб дарк намуда, ҳамраъйии худро ба Ҳукумати кишвар ба таври аниқ нишон дод. Мардуми Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён қудратмандии хешро нишон дода, аз рисолати созандагӣ дарак доданд. Ҳазорон фидоии роҳи дурахшони мамлакат шабу рӯз дар майдони кори нерӯгоҳ заҳмат кашида, бо ғурури милливу ватандорӣ ҷиҳати дар фурсати кӯтоҳ ба истифода додани Роғун тадбирҳои муассир меандешанд.

   Онҳо хуб медонанд, ки бунёди Роғун барои рушди ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад. Дарки оқилонаи масъала, ки имкон намедиҳад пирони кор хастагиро эҳсос кунанд. Баръакс, парчами номуси миллат фазои фароғати эшонро зиннат медиҳад.

   Дар  маҷмӯъ,  бунёди НБО Роғун барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа хеле муҳим ва дорои аҳамияти  бузург аст, ки чархаи нахустини ин иншооти  бузурги аср моҳи ноябри соли равон, ба кор даромад ва агрегати дуюмаш моҳи апрели соли 2019 ба  истифода дода мешаванд.

   Кишварҳои минтақа сохтмони ин иншооти муҳимро ҷонибдорӣ намуданд, зеро  дар оянда аз он баҳра мебинанд. Бо сохтмони НБО Роғун об захира гардида, барои  обёрии  бахши кишоварзӣ, танзими об ва таъминоти неруи барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус ҳамсоякишварҳо   ва рушди иқтисоди миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши калидӣ мебозад.

   Гуфтаҳои болоро натанҳо миллати барӯманди тоҷик ҷонибдорӣ менамояд, балки донишмандону таҳлилгарони хориҷӣ, аз ҷумла мутахассисони русси ҳамин соҳа низ таъйид менамоянд. Яке аз чунин мутахассисон сарходими илмии Институти Шарқшиносии Академияи илмҳои Федератсияи Россия, доктори илмҳои иқтисодӣ Игор Томберг  Ремуальдович андешаҳои воқеъӣ ва ҷолибе нибат НБО Роғун ироа доштааст. Чунончи ӯ дар мусоҳиба бо телевизиони “Мир 24” қайд мекунад: «Баъд аз ба пуррагӣ ба истифода додани НБО Роғун Тоҷикистон http://viagra-onlinetop.com/ метавонад дар ҷаҳон ҷойи 8-умро дар тавлиди қувваи барқ касб кунад.  Давлатҳои ҳамсарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон, монанди Афғонистону Хитой ва Ҳиндустон интизори харидории қувваи барқи Тоҷикистон мебошанд. Имрӯз аксари таҳлилгарон дар масъалаи захираи оби зиёди НБО Роғун чунин андеша доранд, ки захираи об ҳеҷ зарару мушкилоте эҷод намекунад. Дар ин даврон масъалаи норасоии об яке аз проблемаҳои глобалии ҷаҳонӣ гардидааст, ки ҳатто дар баъзе кишварҳо арзиши об аз нафт ҳам гаронтар аст». Игор Томберг  дар охири мусоҳаба қайд мекунад, ки «Ман аз рафиқони тоҷик хеле хушҳолам, ки бо вуҷуди мушколоти ҷойдошта ин корро анҷом доданд».

 

Ходимони Маркази  

мероси хаттии АИ ҶТ,

Исроилов Раҳматшо

Холов Аълохоҷа

 

 

 

 

 

Олимони мо БУНЁДГУЗОРИ БОҒИ НАБОТОТИИ ПОМИР

    Табиати пурасрор ва нотакрори кӯҳистони Бадахшон аз қадимулайём таваҷҷуҳи олимон ва сайёҳони мамолики оламро ба худ ҷалб   намудааст. Аз давраи ташрифи сайёҳи машҳури  венетсиагӣ Марко Поло сар карда, то ин дам садҳо нафар олимону сайёҳонигуногунмиллату   гуногунзабон аз гӯшаҳои  мухталифи дунё  ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар карда  релефу иқлим,  пиряхҳо, кӯҳу дарёҳо, набототу ҳайвонот, тарзи зиндагии  мардуми кӯҳистон, забонҳои мардуми маҳаллӣ, урфу одати  сокинони онро мавриди таҳқиқот қарор медиҳанд.  

   Ҷустуҷӯи роҳҳои беҳтар намудани ҳосилнокии чарогоҳҳо аз солҳои панҷоҳуми асри гузашта бо истифода аз усулҳои аз ҷиҳати илмӣ асосноки соҳаи  кишоварзӣ  ва мелиоратсияи  заминҳои  баландкӯҳро аз миёни олимони тоҷик нахустин шуда академик Худоёр ЮСУФБЕКОВ ба зимма гирифта буд. Таҳқиқотҳои  бисёрсолаи ин олими шинохта дар рушди минтақаҳои  гуногуни  Помир натиҷаҳои  дилхоҳ доданд.

   Аввалин кори илмии пурарзиш, ки академики маъруф Х. Юсуфбеков  доир ба растанипарварӣ ба  анҷом расонида буд, ин усулҳои  ба марғзор табдил додани чарогоҳҳои биёбони Помири Ғарбӣ бо роҳи кишт намудани  алафҳои бисёрсола ва обмонӣ буд. Ӯ бо роҳбарии профессор А.В. Гурский тақиқотҳо  доир ба мустаҳкамкунӣ, азхудкунии  регзорҳо ва қумзорҳои  кӯчандаи водии Вахон ва Ғундро бо истифода аз 30 намуд алафҳои бисёрсола, буттаю нимбуттаҳо таҷрибаҳои саҳроӣ гузаронида натиҷаҳои муҳими амалӣ ба даст овард, ки  онҳо  дар рушди илми тоҷик аҳамияти  бунёдӣ ва амалии худро доштанд.

    Соли 1962 ӯ ҳамчун директори Пойгоҳи биологии Помир корҳои таҳқиқотӣ доир ба беҳтар намудани маҳсулноки чарогоҳҳо ва алафзорҳоро дар ноҳияҳои ВМКБ ва водии Олойи Қирғизистон бо истифода аз усулҳои муосири таҳқиқот хеле васеъ ва пурзӯр намуда, паҳншавии набототро дар баландиҳои гуногун, нишондиҳандаҳои  ҳосилнокии растаниҳои хӯроки чорворо вобаста ба баландии  макони расиш, усулҳои  беҳтар намудани  ҳосилнокии  чарогоҳҳоро дар шароити  экологии маҳал ҳамаҷониба  таҳлил намуд.

   Натиҷаи ин таҳқиқотҳои бисёрсолаи мавсуф соли 1968 дар рисолаи  калонҳаҷм  дастраси хонандагон гардид. Соли 1969 ин таҳқиқоти пурарзиш аз тарафи  олимони соҳа баланд  арзёбӣ  шуда,  онро ҳамчун  рисолаи докторӣ  барои дифоъ дар Пажӯҳишгоҳи  растаниҳои хӯроки чорвои  ба  номи В. Р. Вилямси шаҳри   Москва пешниҳод  намуданд ва он сазовори  баҳои баланд гардид.

   Х.Юсуфбеков ба омӯзиши захираҳои биологии Помир низ  таваҷҷуҳи  хоса зоҳир намуда, маводи таҳқиқотии бисёрсоларо доир ба ҳифз, барқароркунӣ ва азнавсозии наботот гирд овардааст. Ӯ захираҳои  минтақавии мавзеъҳои  алоҳидаро  ҳамаҷониба  таҳлил намуда,  хулосаҳои илмии  худро  дар китоби  «Набототи  Помири Ғарбӣ ва таҷрибаи азнавсозии онҳо» ҳамчун модели нави  комплексии  азнавсозии қумзорҳо, регистонҳо, заминҳои нишеби серсанги кӯҳдоман, селроҳаҳоро  пешниҳод намуд. Усулҳои  аз ҷиҳати  илмӣ  асоснок доир ба растанипарварӣ  дар китобҳои  Х. Юсуфбеков «Усулҳои парвариши растаниҳои  фоиданок дар Помир», «Терескен дар Помир» ва даҳҳо  китобҳо ва тавсияномаҳои  дигар ба нашр  расидаанд.

  Худоёр Юсуфбеков муаллифи  зиёда аз 150 асарҳои  хурду бузурги илмӣ, аз он ҷумла  чор монография  мебошад.  Хизмати мавсуф дар кори ташкил намудани муассисаҳои нави илмӣ дар Помир хеле калон аст.    Ҳангоми директории ӯ дар  Пойгоҳи биологии Помир  се лабораторияи нав; лабораторияи физиология ва биохимияи растаниҳо, лабораторияи интродуксияи растаниҳо ва лабораторияи геоботаникаи  таҷрибавӣ таъсис дода шуданд. Бо ташаббуси Х. Юсуфбеков соли 1969 дар заминаи се муассисаи илмӣ - Пойгоҳи биологии Помир, Боғи набототи Помир ва Бунгоҳи таҳқиқотии Ишкошим Институти биологии Помир ташкил карда шуд, ки ҳоло номи академик Худоёр Юсуфбековро дорад. Дастовардҳои илмӣ ва қобилияти ташкилотчигии Х. Юсуфбеков ба назар гирифта, ӯро соли 1968 узви вобаста ва соли 1976 академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон  интихоб намуданд. Ӯ ҳамчун директор сохтори Институти биологии Помирро мувофиқи талаботи замон  муайян намуда,  ғайр аз  самтҳои  пештара  корҳои  илмиро  дар соҳаи  генетика ва селексияи растанӣ, зоология, ҳифзи муҳити зист, гуногуннамудии биологии олами ҳайвонот  ва рушди мевапарварӣ оғоз намуд.  Барои рушди минбаъдаи заминаи илмӣ, ҳудуди Боғи набототи Помир аз ҳисоби заминҳои ғайрикорами  гирду атроф иловатан ба андозаи  600 гектар васеъ  карда шуда ба ҳудуди боз 19 га заминҳои обёришаванда ҳамроҳ карда шуданд. Дар ноҳияи Дарвоз бунгоҳи нави таҳқиқотӣ доир ба омӯзиши интродуксия ва акклиматизатсияи  растаниҳои субтропикӣ ва ситрусӣ дар майдони 8 гектар  ташкил карда шуд.

    Лозим ба тазаккур аст, ки Х. Юсуфбеков ҳамчун олими шинохтаи соҳаи растанипарварӣ дар омӯзиши хусусиятҳои биологии растаниҳои хӯроки чорво саҳми бориз гузошта, инчунин дар пешбурди корҳои ободонии боғи наботот, беҳтар намудани парвариши коллексия низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудааст.

   Азбаски коллексияи нодири Боғи набототи Помир аз беобӣ танқисӣ мекашид, сохтмони шабакаи обкаши пуриқтидор масъалаи ҳалталаб буд, соли 1972 сохтмони шабакаи обкаш ба охир расид, ки он оби дарёи Шоҳдараро ба баландии 180 м бардошта ҳудуди боғро аз об таъмин намуд. Ин барои зиёд намудани ҳудуди обёришавандаи боғ ва се маротиба зиёд намудани коллексияи нодири он шароити хуб фароҳам овард.

   Худоёр Юсуфбеков аз соли 1965 то соли 1981 директори илмии Боғи набототи Помир буд. Ӯ нахустин маротиба нақшаи кулли азнавсозӣ ва рушди Боғи набототи Помирро бо истифода аз усулҳои муосири интродуксияи растаниҳо, яъне ба шароити маҳал мутобиқ гардонидан коркард намуда, онро дар Шӯрои  илмии боғҳои набототи Осиёи  Миёна тасдиқ кард. Ин имконият дод, ки минбаъд ҷобаҷокунонии коллексияи нодири боғ бо назардошти хусусиятҳои биоэкологии ҳар як намуди растанӣ амалӣ карда шавад. Дар ҳудуди боғ шуъбаҳои нави наботот ташкил ёфта, теъдоди коллексияи боғ қариб ба чор ҳазор намуд ва зернамуди растаниҳои яксолаю бисёрсолаи растаниҳои алафӣ, буттаҳою нимбуттаҳо дарахтони мевадору сояафкан ва ҳамешасабз расонида шуд.

   Моҳи майи соли 1981 Худоёр Юсуфбеков ректори Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур) таъин гардид. Дар ин вазифа ӯ қобилияти ташкилотчигӣ ва маҳорати кории баланд зоҳир намуда, ба беҳтар намудани корҳои таълиму тарбияи донишҷӯён бо ғайрати дучанд машғул шуд.

   Моҳи майи соли 1986 Худоёр Юсуфбеков ба вазифаи академик- котиби Шуъбаи илмҳои биология ва тибби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ӯ фаъолияти шуъбаи номбаршударо тадриҷан ба талаботи замон мувофиқ намуда, барои баланд бардоштани сатҳи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мустаҳкам кардани таъминоти моддӣ-техникии институтҳо тадбирҳои мушаххас андешид. Ӯ барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои  илмии олимон доимо мусоидат  мекард.

   Академик Худоёр Юсуфбеков ҳамчун ходими ҷамъиятӣ  хеле фаъол буд. Ӯро  се маротиба депутати Шӯрои халқии вакилони  ноҳияи Мурғоб ва ВМКБ, аъзои  узви вилоятии КМ ҲК  Тоҷикистон интихоб намуданд. Ӯ дар кори шӯроҳои илмӣ, ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои илмӣ, аз ҷумла аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии Шуъбаи биологияи умумии АИ ИҶШС, шуъбаҳои илмии Боғҳои ботаникии ИҶШС ва Осиёи  Миёна  ва дигар иттиҳодияҳои  илмӣ фаъолона иштирок менамуд. Барои хизматҳои  бисёрсола дар рушди илми биология,  академик Худоёр Юсуфбеков  бо  якчанд ордену медалҳо, инчунин унвони фахрии «Ходими хизматнишондодаи  илми РСС  Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

   Қобили қайд аст, ки натиҷаи таҳқиқотҳои бисёрсолаи академик Худоёр Юсуфбеков дар соҳаи растанипарварӣ, баланд бардоштани  маҳсулнокии чарогоҳҳои баландкӯҳ, усулҳои барқароркунии  чарогоҳҳои харобгашта, коркарди технологияи растаниҳои алафии  яксолаю бисёрсола ҳоло ҳам арзиши баланди  илмӣ ва амалӣ дошта  дастури муфид барои олимони  соҳа  мебошанд.

    Ҳамин тариқ, дар бораи шахсияти барҷастаи илми биологияи тоҷик метавон суханҳои зиёде гуфт. Аммо, нақши академик Х. Юсуфбеков дар рушди илм, таҳқиқоти гуногунамудии биологии набототи Помир ва соҳаи рустанипарварию самаранок мавриди истифода қарор додани чарогоҳ ва заминҳои бекорхобидаю лалмии ин манотиқи баландкӯҳ коркарди навъҳои мухталифи растаниҳои шифобахшу парвариши дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда басо назаррас аст.

   Агар умр вафо мекард, шодравон Худоёр Юсуфбеков соли равон ба синни мубораки 90-солагӣ қадам мегузошт ва ҷашни мавлудашро дар ҳалқаи пайвандон, шогирдон таҷлил менамуд. Ҳарчанд, ки имрӯз устод дар миёни мо нестанд, аммо ёди некашон дар дилу дидаҳои мову наслҳои имрӯза ҷовидон боқӣ хоҳад монд.

Мард намирад ба марг, марг аз ӯ ком ҷуст,

Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост.

  

                                                                             Абдусаттор САИДОВ,

                                                          ноиби  президенти  Академияи

                                                     илмҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон

                                                           Оғоназар АҚНАЗАРОВ, академик Қувватбек ОДИЛБЕКОВ,        

                                                                               номзади илмҳои биология

             

 

 

 

Бунёдгузори боғи набототии Помир

   Имрӯз (21.11.18)  дар толори Академияи илмҳо бахшида ба 90-солагии академик Худоёр Юсуфбеков  Конфронси илмии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Захираҳои биологии Помир: ҳолати омӯзиш ва дурнамои таҳқиқот” баргузор гардид.

 Сухани ифтитоҳиро президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ оғоз бахшида, аз хизматҳои бузургу нотакрори мавсуф ёдоварӣ намуд.

1.142.jpg - 112.70 KB

   Ҳамчунин суханронии ноиби президенти АИ ҶТ, раиси шуъбаи илмҳои биология ва тиб, узви вобастаи АИ ҶТ Саидов А.С. ва Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Акрамшо Фелалиев шунида шуд.

1.140.jpg - 125.67 KB

    Конфронс кори худро дар бахшҳо то бегоҳ идома дода,  маърӯзаҳои илмии 10 нафар шунида ва мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

1.141.jpg - 109.59 KB

 

 

 

 

Таҷлили Рӯзи Президент ва кушодашавии НБО-и Роғун дар АИ ҶТ

    Имрӯз  (15.11.2018) дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ва кушодашавии чархи аввали Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳамоиш бо иштироки директорон, муовинони директорон ва ходимони илмии муассисаҳои илмии АИ ҶТ баргузор гардид.

   Ҳамоишро президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии ифтитоҳи чархи аввали НБО Роғун табрик кард. Номбурда ҳангоми суханронӣ қайд намуд, ки саҳми Пешвои сиёсии тоҷикон дар барқарории сулҳ, бозоварии гурезаҳо ва раҳонидани ҷомеаи Тоҷикистон аз нестшавӣ ва рукуду инҳитот бағоят бузург мебошад.

1.137.jpg - 90.21 KB
Сипас, ноиби президенти АИ ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ Муҳаммад Абдураҳмон аз буҳронҳои сиёсии ҷаҳони муосир ва таҳияи инқилобҳои рангин сухан намуда, истиқрори сулҳро дар ҶТ бузургтарин дастоварди сиёсӣ номид.
   Доктори илмҳои таърих Ҳамза Камол аз таърихи замони истиқлолият ва нақши роҳбари сиёсӣ дар инчунин таърих пажуҳиши илмии худро қироат намуд.

1.138.jpg - 127.53 KB
   Дар анҷоми ҳамоиш директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ Илҳом Оймуҳаммадзода нақши босазои Президенти мамлакатро дар рушди илмҳои табиатшиносӣ муфассал изҳор намуда, яке аз роҳҳои рушду тараққиро дар ҷилавгирӣ аз обшавии пиряхҳо муаррифӣ намуд.

1.139.jpg - 130.80 KB