joomla
free templates joomla

МАҲФИЛИ “ҶАҲОНИ АНДЕША” ДАР АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

     4 – уми декабри соли 2015, соати 14:00 дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” дар мавзӯи “Равандҳои муосири илми физика ва мавқеи олимони тоҷик” баргузор гардид.

     Имрӯз пешрафти тамоми соҳаҳои мухталифро технологияи навтарин, нанотехнология, электроникаи тиббиву ҳарбӣ, сатҳи истеҳсоли босуръат ва босифати масолеҳи нанотехнологиро таъмин менамояд иброз дошт директори Институти физика ва техникаи ба номи Султон Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои физикаву математика, профессор Ҳикмат Муминов.

     Вобаста ба дастовардҳои муҳими физикии асрҳои гузашта, равандҳои навини илми физикиро пешгӯӣ намуда, саҳми олимони ватаниро дар пешрафти илм ва техника назаррас арзёби намуд Ҳикмат Муминов.

     Инчунин самтҳои физикӣ метавонанд дар оянда рушд намоянд ва бо перафти илм ва истеҳсоли ватанӣ такон диҳанд, дар маҳфили мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт.

   Маркази байналмилалии омӯзиши нурҳои кайҳонии “Помир  - Чакалтай”, ки дар онҷо омӯзиши зарраҳои баландэнергия ба роҳ монда шудааст метавонанд ба пешрафти яке аз самтҳои афзалиятнокии  физика – назария ягонаи майдон мусоидат намояд. Зеро ин ҷойгоҳе, ки дар ноҳияи баландкуҳи Мурғоби ВМКБ ҷойгир аст аз ҳисоби баландии маҳал ва тозагии атмосфера дар дунё ҳамто надорад иброз намуд Ҳикмат Муминов дар анҷоми маҳфил.

 

 

 

Равандҳои муосири илми физика ва мавқеи олимони тоҷик

  Ба диққати донишмандон, пажуҳишгарон ва ҳамаи хоҳишмандон расонида мешавад, ки рӯзи 4 – уми декабри соли 2015, соати 14:00 дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” дар мавзӯи “Равандҳои муосири илми физика ва мавқеи олимони тоҷик” баргузор мегардад.

    Иштирок дар маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” озод аст.

     Дар маҳфил директори Институти физика ва техникаи ба номи Султон Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои физикаву математика, профессор Муминов Ҳикмат Ҳалимович ба ҳайси гузоришгар ва садри маҳфил сухан хоҳад ронд.

Рӯзи ҷаҳонии фалсафа ва 2600 - солагии мутафаккири дунёи атиқа Арасту

 

     Имрӯз 19 – уми ноябри соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, конфронс таҳти унвони “Мақоми таърихи фалсафа дар системаи улуми фалсафии муосир” бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии фалсафа ва 2600 - солагии мутафаккири дунёи атиқа Арасту баргузор гардид. 

   Профессор, Сайфуллоев Н. М. - Абӯалӣ Ибни Сино бузургтарин мантиқшинос, на танҳо дар Машриқзамин, балки дар мамлакатҳои асри миёнагӣ, давраи эҳё ва замони нав ба шумор меравад, зеро мантиқшиносони то замони Абӯалӣ Ибни Сино агар ба мероси ғании мантиқии Арасту такя мекарданд, пас аз Абӯалӣ Ибни Сино чӣ дар мамолики Шарқ ва чӣ дар мамлакатҳои Ғарб фақат онҳо ба асарҳои безаволи Абӯалӣ Ибни Сино, асарҳои мантиқӣ такя мекарданд, ки дар натиҷа мавқеи асарҳои Арасту каме танг шуд, - гуфт зимни гузориши худ дар масъалаи “Афкори мантиқии халқи тоҷик ва масъалаҳои мубрами мантиқи муосир”.

   Дар конфронси мазкур қайд шуд, ки мероси мантиқии мутафаккирони форсизабону араб ба таври  зарурӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор нагирифтааст. Аз ин рӯ, бояд барои кормандони шуъбаи мантиқ ва фалсафаи илм зарур аст, ки афкори мантиқии халқи тоҷик ҳаматарафа мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирад, чунки афкори мантиқии халқи тоҷик ғайр аз мантиқи Юнони қадим дорои дигар сарчашмаҳо низ аст. 

 

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ

 

     23 - уми ноябри соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

    Дар маҷлиси тантанавӣ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ афзуд, ки будани парчами миллӣ аз соҳибистиқлолии мамлакатамон дарак медиҳад. Парчами миллӣ ин далели давлатдорӣ, нангу номус, нишони ифтихор аз Ватан ва содиқ будан ба сарзамину истиқлолияти худ аст. Парчами миллӣ яке аз рукнҳои асосии муқаддаси миллӣ ба шумор меравад. Барои таҳкими худшиносии миллӣ, ваҳдату истиқлолият ва якпорчагии Тоҷикистони азиз нақши муассир мегузорад.

     Сипас, докторони илмҳои ҳуқуқ Имонқул Буриев таҳти унвони “Парчам дар таърихи давлатдории тоҷикон” ва Акмал Неъматов дар мавзӯи “Заминаҳои ҳуқуқии истифодаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмили минбаъдаи он”, инчунин номзади илмҳои таърих Абдулло Ғафуров дар мавзӯи “Аз таърихи парчамдории тоҷикон” назди ҳозирин баромад карданд.

     Зимни баромад нотиқон иброз доштанд, ки имрӯз воқеан мардуми мо ба муқаддасоти миллии худ - Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътиқоду эҳтироми хоса доранд.

 

Саҳми Аълохон Афсаҳзод дар рушди илм, фарҳанг ва худшиносии миллӣ

     18 – уми ноябри соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи АИ ҶТ бо ибтикори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон конфронси илмии байналхалқӣ таҳти унвони «Мактаби Аълохон Афсаҳзод дар рушду такомули фарҳанг ва худшиносии миллӣ» бахшида ба 80 - умин солгарди зодрӯзи адабиётшиноси маъруфи тоҷик, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи ходимони театрӣ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи байналмилалии «Баҳори озодӣ» (Ҷумҳурии исломии Эрон) Аълохон Афсаҳзод баргузор гардид.

     Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ конфронсро оғоз бахшида, роҷеъ ба фаъолияти илмии шарқшиноси шинохта, муҳаққиқи осори безаволи Абдураҳмони Ҷомӣ, профессор Аълохон Афсаҳзод мухтасар суханронӣ намуд.

     Сипас, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим мавқеи барҷастаи Аълохон Афсаҳзодро ҳамчун адиб ва муҳаққиқ дар рушду равнақи адабиёти муосири тоҷик хуб арзёбӣ намуд.

     Дар анҷоми конфронс дӯстон, шогирдон ва пайвандони Аълохон Афсаҳзод хотироти худро аз рӯзгору осори ибратомӯзи олим ва ховаршиноси маъруф баён дошта, аз роҳбарияти Академияи илмҳо дархост карданд, ки ба поси хотири шодравон ҷоизаи Аълохон Афсаҳзод дар соҳаи илми ховаршиносӣ таъсис ва ё худ кӯчае дар пойтахт ба исми мавсуф номгузорӣ гардад, амри хайре мебуд.