joomla
free templates joomla

ОБОДГАРДОНИИ МУҲИТ ДАР МУАССИСАҲОИ ИЛМӢ

      Раёсати Академияи илмхои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки нақши худро дар ободкории шаҳри Душанбе гузошта, бо ташкил намудани гуруҳҳои корӣ ва назоратӣ мавзеъҳои назди муассисаҳои илмӣ-тадқиқотиро бо нишондани гулу гулбутаҳо ороиш диҳад. Аз ҷумла дар назди Институтҳои математика, физикаву техникаи ба номи С.У.Умаров, химияи ба номи В.И.Никитин, геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология ва дигар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқӣ корҳои ободонӣ ҷараён доранд.

      Рўзҳои 31-ум, 1-ум ва рўзҳои дар пеш истода гуруҳҳои корӣ гирду акнофи муассисаҳои зертобеъ ба АИ ҶТ-ро аз гиёҳҳои худрўй тоза намуда, ҷои онро бо сабза ороиш медиҳанд. Ҳадаф аз чунин амалҳо боз ҳам зебо намудани мавзеъ ва маконест, ки дар онҳо фаъолият менамоем. Вақте чунин мавзеъро менигарем, ҳатман рўҳбаланд гардида, бо дар назардошти тозагии муҳити зист хушу хуррам фаъолият хоҳем кард.

     Инсон аз муҳит вобаста нест, балки муҳит бо дасти инсон дигаргун мегардад ва агар дарахтони сояафкан дар муҳит қомат афрохтаанд, замини атрофи он бо сабза ороиш ёфтаанд, пас чунин афзалиятҳо барои боз ҳам саҳеҳтар сохтани фаолияти илмӣ дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мусоидат хоҳанд кард.

     Дарахтони мевадиҳандаи гирду атрофи бино, ки дар он кормандони Институтҳо ба фаъолият машғуланд, авзои экологии муҳити коргоҳро беҳтар мекунанд, аммо беҳбудии муҳит аз корҳои ободонӣ вобаста аст. Аз ҳамин хотир, дар муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ пиру барно, олиму оммӣ ва фаррошу ашхоси маъмур майдонҳоро аз гиёҳҳои худрўй тоза када, ҷои он сабза кишт намуданд.   

 

 

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил мехоҳад

       21-уми июли соли 2017 дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ бо иштироки кормандони раёсати АИ ҶТ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии АИ ҶТ ва Китобхонаи илмии ба номи Индира Гандии АИ ҶТ ҷиҳати баррасии такмил додани «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» баргузор шуд.

      Ҷаласаро президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, зарурати такмил ёфтани қонуни танзимро дар мамлакат қайд намуд, ки ин андеша аз суханрониҳои Пешвои миллат ҳангоми вохўрӣ бо фаъолони ҶТ сарчашма мегирад.

      Дар ҷаласа ҷиҳати оқибатҳои муфиди танзими анъанаҳо доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдуғаффор Мирзоев  суханронӣ намуд. Номбурда танзими анъанаҳоро дар замони истиқлолият ҳатмӣ дониста, фикри худро бо далелҳои таърихӣ исбот кард. Масалан Пётри кабир, ки чун ислоҳотхоҳ дар таърих маъруф гардидааст, дар Россия ислоҳоти иҷтимоӣ гузаронида, анъанаҳои миллиро танзим намуд.

      Дар тўли 10 соли татбиқшавии «Қонуни ҶТ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» шаҳрвандон аз бори сангини хурофотпарастӣ ҳадалимкон озод гардида, авзои молиявии оилаашонро беҳтар кардаанд.

      Доктори илмҳои таърих, профессор Аскаралӣ Раҷабов ба ҳозирин пешниҳод намуд, ки барои такмил додани «Қонуни ҶТ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» аз андешаҳои маорифпарвари бузург Аҳмади Носируддин мулаққаб ба Дониш истифода кард. Ин донишманди тоҷик, ки дар асри нуздаҳум зиндагӣ ва фаъолият намудааст,  дар осори баргузидааш чун «Наводирвақоеъ», «Мейёруттадаюн» ва амсоли инҳо зарурати танзими анъанаоти миллиро таъкид менамояд. Минҷумла дар асари хеш бо номи «Наводирулвақоеъ» чунин меоварад: «Ва моро овардаанд то ҷаҳонро обод дорем ва баҳрҳо ва конҳо бикшоем ва аҷоиботи олами арконро зоҳир намоем… Ва моро аз лавозим аст, ки таҳқиқи миллали дунъё кунем ва сара аз сақат фарқ бинмоем». 

      Дар ҷаласаи васеъ ҳозирин оид ба такмили Қонуни танзим фикрҳояшонро пешниҳод намуданд.

Натиҷаи озмун барои дарёфти дараҷаи илмии узви пайваста(академикҳо) ва узви вобастаи АИ ҶТ

     Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тибқи Низомнома дар бораи интихобот дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалб намудани олимони намоёни кишвар ба фаъолияти илмии академӣ,пурзўр намудани роҳбарии таҳқикотҳои бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаҳои гуногуни дониш ва пурра кардани ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзи 14 июли соли 2017 интихоботи аъзои пайваста  (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳо доир гардид.

     Интихобот бо тартиби муқарраргардида тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оинномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома дар бораи интихобот дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ доир карда шуд.

     Дар натиҷа олимони зерин тибқи ихтисосҳои эълонгардида аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд:

 

  1. 1.    Аъзои пайваста (академикҳо)-и  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ному насаб

Ихтисоси эълоншуда

 

Муминов Ҳикмат Ҳалимович

Физика  

Раҳмонов Зарулло Ҳусейнович

Математика

Яқубов Юсуфшо

Таърих

  

  1. 2.    Аъзои вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ному насаб

Ихтисоси эълоншуда

 

Абдуламонов Қозимамад

Генетика

Абдуллоев Ҳабибулло Одинаевич

Физикаи назариявӣ

Бадалов Абдулхайр

Химияи ғайриорганикӣ

Бобоев Тошбой

Физикаи ҳолатҳои конденсӣ

Гулов Саидалӣ Маъмурович

Растанипарварӣ

Давлатзода Сайфиддин Хайриддин

Ботаника ва экология

Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода

Шарқшиносӣ

Идиев Хайридин Усмонович

Фалсафаи иҷтимоӣ

Исҳоқов Сулаймон Абунасрович

Математика

Кобулиев Зайнолобуддин Валиевич

Экологияи муҳити зист

Кўчаров Аламхон

Адабиётшиносӣ

Қоҳирова Гулчеҳра Исроиловна

Астрономия

Мадвалиев Умархон

Физикаи таҷрибавӣ

Мансури Дилрабо

Мошинсозӣ

Муҳаммад Абдураҳмон Наврўз

Сиёсатшиносӣ

Муҳаммадалӣ Музаффар

Антропологияи фалсафӣ

Назарзода Сайфиддин

Забоншиносӣ

Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин

Ҳуқуқшиносӣ

Пирумшоев Ҳайдаршо

Таърих

Раҳимзода Маҳмад Забир

Ҳуқуқшиносӣ

Раҳимов Исматулло

Химияидорусозӣ

Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло

Забоншиносӣ

Саид Нуриддин Саид

Антропологияи фалсафӣ

Саидмуродов Лютфилло Ҳабибуллоевич

Иқтисодиёт

Саидов Абдусаттор Самадович

Зоология

Салиҳов Тағоймурод Хаитович

Физикаи назариявӣ

Султонов Мирзоҳасан Баротович

Забоншиносӣ

Табарӣ Абдулло Ҳабибулло

Математика

Туйчиев Шарофиддин

Физикаи ҳолатҳои конденсӣ

Ҷумъаев Бахшулло Боқиевич

Физиология ва биохимияи растаниҳо

Шарифзода Абдуфаттоҳ Абдуваҳҳоб

Таърих

Шарифов  Худоӣ

Адабиётшиносӣ

Ятимов Саймумин Сатторович

Сиёсатшиносӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Маросими дуввумин хатми магистрҳо дар магистратураи АИ ҶТ

       18-уми июли соли 2017 дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими хатми магистратура баргузор гардид.

       Сад нафар магистрҳо аз рўи ихтисоси иқтисодиёт, фалсафа, кори бонкӣ, забоншиносӣ, таърих, физика, химия, математика ва дигар соҳаҳои тахассусии илмӣ магистратураи назди Муассисаҳои илмии АИ ҶТ-ро хатм намуданд. 15 нафар магистрҳое, ки бо муваффақият магистратураро хатм намуданд, бо дипломҳои аъло сарфароз гардонида шуданд. Ҷоиз ба тазаккур аст, ки дар АИ ҶТ соли саввум аст таҳсил дар магистратура ба роҳ монда шуда, 280 нафар мутахассисони ҷавон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

        Хатми магистратура ба мутахассисони ҷавон имконият медиҳад, ки минбаъд таҳсилро барои ба даст овардани дараҷаи доктор аз рўи ихтисос (PHD) ва аспирантураи анъанавӣ идома диҳанд.

        Дар маросими супоридани дипломҳои дараҷаи магистр ноибони президенти АИ ҶТ Абдусаттор Саидов, Муҳаммад Абдураҳмон, Ҳикмат Муъминов ва сардори шуъбаи магистратураи назди АИ ҶТ Фозил Ёрзода иштирок намуданд.

 

 

 

Нишасти матбуотии АИ ҶТ-2017

        Нишасти матбуотии АИ ҶТ13-уми июли соли 2017, соати 09:00 дар маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ бо иштироки президенти АИ ҶТ,ноибони президенти АИ ҶТ, саркотиби илмии АИ ҶТ, директорон ва муовинони директорон, котибони илмии муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии АИ ҶТ баргузор шуд.

        Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии АИ ҶТ дар нимаи якуми соли 2017 президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ суханронӣ карда, ба истифода дода шудани Расадхонаи «Санглох»-ро бузургтарин руйдоди илмии ҷомеаи Тоҷикистон муаррифӣ кард.

       Дар нимсолаи якуми  соли 2017 олимони  Академияи илмҳо таҳқиқотро аз рўйи 88 мавзўъ, аз ҷумла  47 мавзўи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ ва 41  мавзўи амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.

       Дар нимсолаи якуми соли 2017 аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 794 корҳои илмӣ, аз ҷумла 44 китобу монография ва  750 мақолаҳои илмӣ, аз онҳо 690 дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ ва 60 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва давлатҳои хориҷи дур ба табъ расонида шуд.

      Дар ин давра 9 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ва 6  қарори мусбат барои гирифтани патент ба даст оварда шуд.

      Дар нимсолаи якуми соли 2017 дар  Академияи илмҳо ҳамагӣ 25  чорабинии илмӣ, аз ҷумла 1 форуми байналмилалӣ, 20  конференсияи ҷумҳуриявӣ, 2  семинар ва 2 мизи мудаввар омода ва баргузор карда шуданд.

      Дар ин давра кормандони муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи илмҳо дар  беш аз 150 чорабинии илмӣ (симпозиум, форум, конференсия, семинар ва мизҳои мудаввари илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ)  иштирок ва суханронӣ намуданд.

      Дар ҳолати то 1 июли соли 2017 дар Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 шўрои диссертатсионӣ фаъолият намуданд. Дар 5 шўрои диссертатсионии АИ ҶТ ҳамагӣ 18  рисола, аз ҷумла  1  рисолаи докторӣ ва 17 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд. Аз ҷумлаи кормандони Академияи илмҳо 2  нафар  рисолаи докторӣ ва 7 нафар  рисолаи номзадӣ дифоъ карданд.

       Дар давраи ҳисоботӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ташкил ва гузаронида шуданд:

      Рўзи 15 марти соли 2017 дар доираи чорабиниҳои ҳукуматӣ  бахшида ба ҷашни Наврўз бо ташаббуси Академияи илмҳои чумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Мизи мудаввар дар мавзўи «Наврўз – падидаи фарҳангӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ» доир карда шуд, ки дар он  беш аз 300 нафар олимон, мутахассисон ва донишмандони Академияи илмҳо,  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон академияҳои соҳавӣ, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг  иштирок намуданд.

      Рўзи 16 марти соли 2017 бахшида ба «Соли ҷавонон» ва иди байналмилалии Наврўз бо ташаббуси Шўрои олимони ҷавони Академияи илмҳо Конференсияи  илмию амалии «Ҷавонон ва Наврўз» баргузор карда шуд.

      Рўзҳои 27 -28 марти соли 2017  бо ташаббуси ЮНЕСКО дар ҳамкорӣ бо Фонди илмии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, шўрои  муҳандисии Покистон, Федератсияи  институтҳои муҳандисии Осиё ва Уқёнуси Ором, Маркази байналмилалии илм, технология ва инноватсия, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ ваДонишгоҳи технологии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳо Форуми байналмилалии сатҳи олӣ ва семинари омодасозии харитаи роҳ дар тахассуси муҳандисии стандартҳо, аккредитатсия ва системаи касбӣ доир гардид. Дар кори Форум бештар аз 20 мутахассисони соҳа аз давлатҳои Осиё – Покистон, Малайзия, Индонезия, Хитой, Перу, Озарбойҷон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон иштирок намуданд.

      14 апрели соли 2016 дар маҷлисгоҳи АИ ҶТ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни касбии олимони тоҷик «Рўзи илм», ҳамчунин Сессияи илмии “Солонаи Айнӣ”  баргузор гардид. Дар маҷлис ба олимоне, ки дар соли 2017 соҳиби ҷоизаҳои АИ ҶТ ба номи олимони барҷаста гардидаанд, дипломҳо супорида шуданд.

      Конференсияи илмии байналмилалӣ дар мавзўи «Анъана ва меросбарии фарҳанги мусиқии театрӣ: таърих ва имрўз» бахшида ба зодрўзи Ҳунарпешаи халқии СССР, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Рўдакӣ Туҳфа Фозилова ва   Конференсияи  илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Таҳаввулоти шеъри муосири тоҷик» ба ифтихори 85-солагии зодрўзи устоди шеър, узви вобастаи АИ ҶТ, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Мукофоти давлатии СССР, Лауреати мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рўдакӣ Муъмин Қаноат  дар нимсолаи аввали соли 2017 баргузор шуданд. .

       Дар давраи ҳисоботӣ  бахшида ба Соли ҷавонон Олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Олимпиадаи мазкур аз рўи 13 самти илм баргузор гардида, дар он аз 28 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо теъдоди зиёда аз 270 нафар донишҷўён иштирок намуданд.

       Ба суолҳои рўзноманигорон президенти АИ ҶТ Фарҳод Раҳимӣ, ноиби президенти АИ ҶТ Абдусаттор Саидов, академики АИ ҶТ Муҳиба Якубова ва дигарон посўх гуфтанд.