joomla
free templates joomla

Ҷаласаи васеи Раёсати Академияи илмҳо

   15-уми январи соли 2016 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи васеи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

    Дар ҷаласа бо иштироки аъзои Раёсати АИ ҶТ, директорон, ҷонишини директорон, котибони илмӣ, ходимони пешбар, сарходимони илмӣ, сармуҳосибон ва мудирони шуъбаҳои кадрҳои муассисаҳои илмии АИ ҶТ масъалаҳои зерин баррасӣ ва муҳокима карда шуданд:

    1.Оид ба натиҷаи арзёбии фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (гузориши раиси Комиссия, мудири кафедраи физикаи ҳастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Б.И.Махсудов).

   2.Оид ба натиҷаи арзёбии фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (гузориши раиси Комиссия, доктори илми таърих Н.Мирзоев).

    3.Дар бораи натиҷаи санҷиши аудитории фаъолияти молиявию хоҷагидории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

     4.Дар бораи аз эътибор соқит донистани қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон №122 аз 28-уми декабри соли 2016.

     Дар оғози Ҷаласаи васеи Раёсати АИ ҶТ президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ба Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои тартиби ҳуқуқӣ, мудофиа ва бехатарӣ, доктори илми ҳуқуқ Маҷидзода Ҷурахон Зоир Ордени олии байналмиллалии “Ситораи тиллоӣ”-ро, ки бо қарори Раёсати Академияи илмҳои байналмиллалии маҷмааи бехатарии Россия сарфароз гардонида шудааст, тақдим намуд.

     Дар ҷаласа гузориши раиси Комиссияи арзёбии фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии Институти астрофизика ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ҶТ шунида ва муҳокима карда шуд. Аз рӯи муҳокимаи масъалаи номбурда Ҷаласаи васеи Раёсати АИ ҶТ қарори дахлдор қабул намуд, ки дар он директорони Институтҳои номбурда вазифадор карда шуданд, ки дар оянда барои беҳдошти фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии ин муассисаҳои илмӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

   Аз рӯи масъалаҳои сеюми рӯзнома президенти АИ ҶТ, академик Фарҳлд Раҳимӣ роҳбарон, сармуҳосибон, муассисаҳои илмӣ, мудирони шуъбаҳои кадрҳоои АИ ҶТ-ро ба маълумотномаи санҷиши аудитории фаъолияти молиявию хоҷагидории АИ ҶТ, ки дар моҳи ноябр-декабри соли 2015 аз тарафи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст, шинос намуд. Роҳбарони муассисаҳои АИ ҶТ вазифадор карда шуданд, ки то 25 январи соли 2016 камбудиҳои дар маълумотномаи Палатаи ҳисобии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷгардидаро ислоҳ намуда, аз натиҷаи он ба Раёсати АИ ҶТ ахборот пешниҳод намоянд.   

 

 

 

 

СЕССИЯИ ЗИМИСТОНАИ АКАДЕМИЯИ ХУРДИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

   

    15-уми январи соли 2016 Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Шуъбаи кор бо мактаббачагони Раёсати АИ ҶТ сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар толори маҷлисгоҳи Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Тоҷикистон баргузор намуд.

    Дар сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиба Муҳсиновна Яқубова, президенти Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Набиҷонович Почоҷонов, муовини директори муассисаҳои таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Наим, раиси Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Тоҷикистон Владислав Олегович Курнушко ва дигарон иштирок намуданд.

     Дар кори сессия хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳри Душанбе, ки дар бахшҳои Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми сол таҳсил менамоянд, иштирок намуданд.

     Дар 12 бахшҳои сессия 15 маъруза шунида ва муҳокима карда шуд. Ҳадаф аз чунин чорабинӣ ҷалб ва омода намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба корҳои илмӣ мебошад. Бахшҳои алоҳидаи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Институтҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои ҶТ фаъолият мекунанд. Хонандагон дар давоми сол бо олимони барастаи тоҷик тарзу усули омода намудани гузоришҳо, гузаронидани корҳои илмӣ, таҳия намудани мақолаҳои илмӣ ва маърузаҳоро меомӯзанд.

     Мақсади асоси аз ин чорабинӣ арзёбии натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии хонандагон ва баланд бардоштани малакаю маҳорати зеҳнии хонандагон аст.

 

 

 

НИШАСТИ ХАБАРИИ АИ ҶТ

    Имрӯз 14–уми январи соли 2016 нишасти матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

 Дар нишасти матбуотӣ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, саркотиби илмии АИ ҶТ, ноибони президенти АИ ҶТ, директорон, ҷонишини директорон, котибони илмии муассисаҳои илмии АИ ҶТ ва ВАО-и ҷумҳурӣ иштирок карданд.

 Дар нишасти матбуотӣ президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ “Оид ба фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии АИ ҶТ дар соли 2015” гузориши мухтасар манзур намуд.

     Ба саволҳои хабарнигорон оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти АИ ҶТ президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки таҳқиқотҳо илмӣ дар соҳаи математика дар сатҳи хело ҳам баланд ба роҳ монда шуда, доир ба физикаи ҳолати конденсӣ, оптика ва электроникаи квантӣ, акустика натиҷаҳои муҳим ба даст омаданд. Тавсияҳо доир ба амнияти ядроӣ ва радиатсионии ҷумҳурӣ коркард ва татбиқ шудааст. Дар соҳаи астрофизика бо истифода аз технологияҳои муосири компютерӣ мушоҳидаҳои метеорҳо, кометаҳо, астероидҳо ва пораҳои ҳамсафарҳои сунъии замин гузаронида шуданд. Олимони соҳаи химия натиҷаҳое ба даст оварданд, ки аз дастовардҳо дар рушди усулҳои синтези маҳсулот бо хосиятҳои муайян-моддаҳои таъйиноти биологӣ ва тиббӣ, ки барои ба вуҷуд овардани доруҳои нави табобатӣ аҳамияти калон доранд, шаҳодат медиҳанд. Олимони соҳаи геология дар таҳқиқи манбаъҳои маъданҳосилкунанда ва таъсири онҳо ба ташаккули конҳои бузурги маъданӣ, ки ба равандҳои мантийӣ алоқаманданд, маълумоти нав ба даст оварданд. Олимони соҳаи омӯзиши масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология таҳқиқи усулҳои ҳисобгирӣ ва мониторинги ҳаҷми муфиди оби обанбори Норак ва ба таври таъҷилӣ пешгӯӣ кардани ҷараёни солонаи оби дарёи Вахшро идома доданд.

    Дар нишасти матбултӣ қайд гардид, ки аз ҷониби олимони бостоншиноси Академияи илмҳо соли 2015 дар ду мавзеи ноҳияи Данғара, аз ҷумла дар Кангурттут ҳафриёти бостоншиносӣ гузаронида шуд ва дастовардҳои он барои ташхис ва баҳогузории илмӣ ба Олмон интиқол ёфт. Натиҷаҳои ташхис аз Олмон нишон доданд, ки дар ҳақиқат ин бозёфтҳо хеле надир буда, аз ин пештар дар дигар бозёфтҳои тамаддуни Осиёи Марказӣ ба назар нарасидаанд.

    Дар нишасти хабарӣ ба саволҳои хабарнигорон директори муассисаи давлатии “Хадамоти геофизикӣ”-и АИ ҶТ, академик Собит Неъматуллоев, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ, доктори илмҳои иқтисодӣ Лутфулло Саидмуродов, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ, доктори илмҳои техникӣ Зайнолобуддин Кобулиев посух доданд.

    Дар нишасти матбуотӣ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи таърих, бостоншиносӣ, забон, адабиёт, сиёсатшиносӣ, иқтисодиёт масъалаи тайёр кардани кадрҳо илмӣ, дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи сеисмология, гидроэнергетика, ташкил намудани сохторҳои нави илмӣ дар АИ ҶТ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.

    Дар охири нишасти матбуотӣ президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ аз рӯзноманигорон даъват ба амал овард, ки ба муассисаҳои илмии АИ ҶТ ташриф оварда оид ба фаъолияти онҳо суҳбату гузоришҳо дар матбуот ва радиову телевизионҳои ҷумҳурӣ таҳия намуда, дар ташаккули ҷаҳонбинии илми ҷомеа саҳм бигиранд. 

 

 

 

ҶАМЪОМАДИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИНСТИТУТИ ФИЗИКАВУ ТЕХНИКА

    15-уми январи соли 2016 дар Институти физикаву техникаи ба номи С. У. Умарови АИ ҶТ ҷаласаи ҳизбӣ доир гардид.

   Дар ҷаласаи ҳизбӣ масъалаи таъсис додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар Институти физикаву техникаи ба номи С. У. Умарови АИ ҶТ баррасӣ гардид.

    Дар ҷаласа роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Рӯзиева Ҳ.И., муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Илмпешагон”–и ҲХДТ дар АИ ҶТ Қурбонова Ш.И. ва аъзоёни дигари ҳизб иштирок доштанд.

   Дар ҷаласа директори Институти физикаву техникаи ба номи С. У. Умарови АИ ҶТ Муминов Ҳ.Ҳ. раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.

  Дар охир иштирокчиёни ҷаласа қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат”-ро якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

 

 

    

НИШАСТИ МАТБУОТИИ АИ ҶТ

   Рӯзи 14–уми январи соли 2016 соати 09:00 нишасти матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.

    Дар нишасти матбуотӣ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, саркотиби илмии АИ ҶТ, ноибони президенти АИ ҶТ, директорон, ҷонишини директорон, котибони илмӣ ва муассисаҳои илмии АИ ҶТ иштирок хоҳанд кард.

    Нишасти матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаҳои ахбори омма дар як сол ду маротиба баргузор карда мешаванд.