joomla
free templates joomla

НАВРӮЗӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

      Сол то сол ҷашнгирии  НАВРӮЗ дар ватани азизи мо –ТОҶИКИСТОН  шуҳрату шаҳомати хосро соҳиб мегардад.  Имсол бо дасгириву барномаҳои фарҳангпарваронаи  ҳукумати кишвар дар тамоми муассисаҳову идораҳои давлатӣ,  шаҳру ноҳияҳо ва маҳаллу  кӯчаҳои кишвар бо ҷалб ва иштироки сайёҳону  меҳмонони хориҷӣ ҷашни ниёгон   хеле боҳашамат баргузор гардид.

      Дар пайи ҳамин анъанаҳои  наку санаи 30-юми март дар бӯстонсарои Академияи илмҳо воқеъ дар дараи зебоманзари https://www.viagrageneriquefr24.com/viagra-generique-belgique-2/ РОМИТ   бо иштироки ходимону кормандони  муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии назди АИ ҶТ ва меҳмонон аз хориҷи кишвар  ҷашни наврӯзӣ гузаронида шуд.    

Суратгузориш аз РОМИТ.

1.196.jpg - 135.82 KB

2.2.jpg - 144.95 KB

 

1.199.jpg - 165.13 KB

2.1.jpg - 189.47 KB1.197.jpg - 144.42 KB

1.198.jpg - 139.54 KB

 

 

 

ДАР ҶОДАИ ИЛМ

1.195.jpg - 94.55 KB     

Сухане чанд перомуни фаъолияти 36-солаи академики маъруф ва шахсияти  шинохта Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА

 

    Илмат ба амал чу ёр гардад,

   Қадри ту яке ҳазор гардад.

     

         Абдуҷаббор  РАҲМОНЗОДА 15-уми марти соли 1959 ба дунё омадааст.Соли 1978 ба факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1983 бомуваффақият хатм мекунад.

     Замони донишҷӯйи донишгоҳ буданаш  устодонаш Шарифҷон Ҳусейнзода,Баҳриддин Камолиддинов, Додоҷон Тоҷиев, Соҳиб Табаров, Воҳид Асрорӣ, Худоӣ Шарифов, Толиб Хаскашев, Худойназар Асозода, Мукарамма Қосимова, Саъдоншо Имронов, Асадулло Саъдуллоев, Мадиброҳим Норматов, Ҳуснигул Талбакова, Давлатбек Хоҷаев, Абдунабӣ Сатторзода, Абдулҳай Маҳмадаминов, Иброҳим Усмонов, Абдусаттор Нуралиев, Ардашер Каримов ва дигарон дар симои ӯ шогирди донишманду бофарҳанг ва шахсияти ояндадорро тасаввур менамуданд.

      Роҳи тайкардаи Раҳмонзода аз донишгоҳ то дастгоҳ хеле   доманадор мебошад. Дар баробари машғул будан ба корҳои давлатию илмӣ, инчунин олими шинохтаву донишманди соҳа низ мебошад.

        Лозим ба тазаккур аст,ки Абдуҷаббор Раҳмонзода солҳои 1985-1987 дар Республикаи Демократии Афғонистон ифои вазифа намуда моҳи ноябри соли 1987  ба  аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1991 дар мавзӯи «Консепсияи замон дар насри солҳои 70-80-уми тоҷик» рисолаи номзадии худро муваффақона ҳимоя кардааст.

        Пас аз ҳимояи рисолаи илмӣ  ба ҳайси ассистент, муаллими калон ва дотсенту профессори кафедраи адабиёти навини форсии тоҷикӣ ва баъдан аз соли 1995 то соли 1999 ба сифати мудири Шуъбаи таълими Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст.Бо мақсади ба анҷом расонидани рисолаи докторӣ ба рухсатии эҷодӣ баромада, соли 1999  дар мавзӯи «Манбаъҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷики нимаи аввали асри ХХ» дар Шӯрои илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи доктории худро муваффақона дифоъ намудааст.

        Соли 2000 ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор даъват шуда, то соли 2002 ба сифати мудири Шуъбаи тарҷима (ба тариқи гузариш) баъдан то соли 2004 ба ҳайси мудири Шуъбаи фарҳанг адои вазифа кардааст.

        Соли 2004 Раиси Кумитаи давлатӣ оид ба телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, сипас аз моҳи марти соли 2005 то моҳи январи соли 2012 дар вазифаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пурмаҳсул кору фаъолият кардааст. Соли 2013 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул гардидааст.

         Аз моҳи январи соли 2012 то моҳи декабри соли 2014 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  таъин  шудааст.

          Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми декабри соли 2014 инҷониб ба ҳайси Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин гардида, то ҳоло бомасъулияти  том ва содиқона ифои вазифа  менамояд.  

    Мақолаҳои зиёди илмӣ ва оммавии Абдуҷаббор Раҳмонзода дар мавзӯъҳои мухталифи адабиётшиносӣ тариқи матбуоти даврӣ пайваста интишор мешаванд. Ҳамзамон оид ба муаммоҳои назму насри тоҷик, баъзе масоили нақди адабӣ мақолаю рисолаҳои пурмуҳтавое таълиф  намудааст.Нигоштаҳои ӯ дар рушди соҳаҳои илму маорифи кишвар дастури муфид буда, аз онҳо муҳаққиқону омӯзгорон ба таври васеъ истифода мебаранд.Мавсуф бо рисолаҳои  «Маърифати замон» (1996), «Пиндорҳои асотирӣ дар  адабиёти тоҷик», «Назария ва сайри таърихии устурасозии форсӣ-тоҷикӣ» (1999), «Заминаҳои асотириву маросимӣ дар адабиёти нимаи аввали асри XX» (2004) нахустин шуда, дар адабиётшиносии тоҷик доир ба назарияи устура ва устурасозӣ таҳқиқоти муфид ва пурарзиш ба анҷом расонид.

     Инчунин дар таҳия ва ба чоп омода намудани «Куллиёт»-и  шоири шаҳири нимаи дувуми садаи XIX Шамсиддин махдуми Шоҳин саҳми арзанда гузошта,ки муқаддимаи он ба қалами ӯ мутааллиқ аст.Дар ҳамин асос соли 2006 номбурда рисолаеро таҳти унвони «Шамсиддин Шоҳин ва анъанаи ғазалсароӣ дар адабиёти тоҷики нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри  XX» таълиф намуд. Доир ба муаммоҳои назму насри тоҷик ва бархе аз масъалаҳои нақди адабӣ  ба монанди «Насри муосири тоҷик ва диди эстетикии Абдураҳмони Ҷомӣ», «Дар роҳи ҷустуҷӯ» (оид ба повести«Дар орзуи падар»-и нависандаи маъруф Кароматулло Мирзоев), «Нуқтаи тирнамо» (доир ба повести «Тақвими раҳгум»-и адиби шинохта Урун Кӯҳзод) ва перомуни “Масъалаҳои қаҳрамони мусбат дар повестҳои Фазлиддин Муҳаммадиев” ва ғайраҳо мақолаҳои пурмуҳтаво иншо намудааст.

     Ҳамчун муҳаққиқ ва донишманди фарҳехта дар мақолаҳои худ аз қабили «Масъалаи гуманизм аз назари Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ»,«Мавзӯи ишқ дар ғазалиёти Абдураҳмони Ҷомӣ», «Замони асотирӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ” роҷеъ ба муаммоҳои таърихи адабиёт,тарзи тафаккур ва ҷаҳонбинии адибони гузашта ва баъзе аз вежагиҳои эҷодӣ-бадеии онҳо изҳори ақида намуда, дар ин ҷода низ ба як идда бозёфтҳои илмӣ ноил шудааст.

     Лозим ба тазаккур аст, ки Абдуҷаббор Раҳмонзода дар вазифаҳои масъул ва роҳбарӣ ба таври шоиставу боиста фаъолият карда, дар раҳнамоию ҳидояти як идда қаламкашони варзида ва чеҳраҳои шинохтаи соҳаи радиою телевизиони тоҷик саҳми муносибу барҷаста дорад.Замони Раиси Кумитаи давлатии радио ва телевизиони тоҷик фаъолият карданаш рӯзноманигорони ҳирфавӣ ва соҳибистеъдоду бомаҳоратро ба кор ҷалб карда,пайваста эшонро маънаван дастгирӣ менамуд. Бо дастуру тавсияҳои ӯ сатҳу сифати барномаҳои телевизиону радиоӣ беҳтару хубтар шуда, ҳамзамон бо пахши намоишҳои пурмуҳтавову номҳои зебову ҷолиби таваҷҷуҳ мақбули бинандагону шунавандагон мегардиданд.

    Абдуҷаббор Раҳмонзода инчунин солҳои вазири маориф буданаш низ корҳои зиёдеро ба субут расонид, ки басо мондагор аст. Минҷумла, ӯ муаллифи рисолаи «Дирӯз ва имрӯзи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст, ки доир ба таърихи ташаккули маориф ва рушди он дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот медиҳад. Бо ибтикори мавсуф лоиҳаи китоби «Муқаддимаи низоъшиносӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ амалӣ ва соли 2006 интишор шудааст, ки муқаддима ва боби «Фарҳанг ва низоъ»-и он  ба қалами ӯ мутааллиқ аст.Инчунин номбурда муаллифи китобу дастурҳои таълимии «Стандарти фанни адабиёти тоҷик» (барои синфи XI),«Одоби салом»,«Одоби муошират ва рӯзгордорӣ» (бо ҳаммуаллифии Хуршед Зиёев ва Ёқуб Одинаев мебошад.

    Аҳли маорифи кишвар  ҳамеша аз ин марди накӯном ва инсони наҷиб ҳамчун вазири оқилу одил ба некӣ ёд карда, дар симои ӯ шахсияти меҳрубону қадршинос ва устоди соҳибмаърифату роҳнаморо мебинанд. Маҳз дар даврони вазирии Абдуҷаббор Раҳмонзода биноҳои фарсудаи мактабҳои замони Шӯравӣ ба шарофати дастгирии бевоситаю тарғиби  сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо ва таъмиру таҷдид  гардида, инчунин  таъминот бо мизу курсӣ, китобҳои дарсию дастурҳои таълимӣ ва ҳамзамон бо комютеру таҷҳизоти техникии муосир  таҷҳизонида шуданд. Ҳамкорӣ бо матбуоти даврӣ, ҷорӣ кардани либоси ягонаи хонандагони мактабҳои миёнаву олӣ ва хонандагону омӯзгорон, таҳияю қабули ”Дастуруламали махсуси низоми либоспӯшӣ” ва ҳоказои дигар ба туфайли роҳбарии ӯ ба роҳ мондаву дар амал ҷорӣ карда шуданд.

 

                          Чун  чароғи  маърифат  тобандаи  афкор  шуд,

                  Шамъи маҳфилҳо шуду сарчашмаи анвор шуд.

 

        Инсони бомаърифат табиатан он вақт миёни ҷомеа соҳибмақому соҳибэҳтиром мегардад, ки кору пайкораш боиси намуна ва рафтори накӯяш дар қалбҳои мардум мавқеъи хосаи худро ошён гузошта бошад. Абдуҷаббор Раҳмонзода мудом ва дар ҷомеа чун инсони ғамхору меҳрубон шинохта шуда, мавсуф меҳрубон, дилсӯз, ҳақиқатбаён ва соҳибтаҷрибаю дурандеш мебошад. Аз ҷумлаи инсонҳоест, ки ба қадри сухану суханвар мерасад ва онҳоро ҳамеша дастгирию қадрдонӣ менамояд.Воқеан Абдуҷаббор Раҳмонзода бо ҳамин гуна рафтору аъмоли накӯяш  маҳбуби қалбҳои мардум гардидааст.Абдуҷаббор Раҳмонзода солҳои тӯлонист, ки дар таблиғу ташвиқи сиёсати бунёдкоронаву созанда ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадору давлатмарди асил нақши барҷаста гузошта, дар ҷомеа обрӯю эътибори сазовор пайдо кардааст.

     Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамчун адабиётшинос ва муҳаққиқ, доктори илмҳои филология, профессор, узви пайвастаи (академики) Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ маҳсуб меёбад.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро бо нишони ифтихории «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 1977, ордени «Шараф» соли 2006, медали «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2011, «Ифтихорнома»-и Кумитаи иҷроияи кишварҳои аъзои ИДМ соли 2012, «Диплом»-и Агентии Федералии ҳамкориҳо бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Федератсияи Русия соли 2014  мукофотонидааст.

      Мавсуф дар ҷараёни зиндагӣ ҳар бозёфте пайдо кардаву ба ҷое расидааст, танҳо тавассути меҳнати ҳалол ва бедорхобиву худафрӯзиҳои худ ба даст овардааст. Тавре бузургонамон гуфтаанд, ҳамаи бурду бохти инсон ва қисмату сарнавишти он пеш аз ҳама аз дилу нияти поку беолоиши ӯ марбут аст. Зеро, дар  ин дунёи гардун ҳеҷ амал бе садоқату ҷаҳду талош ба даст намеояд. Ба гуфти орифи шаҳир ва алломаи Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ:

 

                               Ҳаст доим салтанат дар маърифат,

                              Ҷаҳд  кун, то  ҳосил ояд ин сифат.

    

Ширин ҚУРБОНОВА,

номзади илмҳои таърих,

 

Мухбирҷон КЕНҶАЕВ,

рӯзноманигор

Олимпиадаи донишҷӯён дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (14.03.2019) бори  7-ум аст, ки Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ  барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба кори худ оғоз кард.

1.191.jpg - 103.89 KB
      Мақсади асосии баргузории Олимпиадаи мазкур, пеш аз ҳама - ин баланд бардоштани шавқу завқи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба омӯзиши илмҳои муосир, ташаккули тафаккури илмию техникӣ, бедор намудани шавқу завқи онҳо доир ба ҳалли масъалаҳои мураккаби илмӣ, озодона баён намудани фикр, инкишофи қобилияти эҷодӣ, истифодаи комёбиҳои соҳаҳои гуногуни илму техникаи муосир ва инчунин, муайян намудани донишҷӯёни лаёқатманд, бо мақсади дар оянда ҷалби онҳо ба соҳаҳои мухталифи илм ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ мебошад. 
    Тибқи талаботи «Низомномаи олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», олимпиадаи мазкур, ки аз рӯи 13 соҳаи илм (математика, физика, астрономия, химия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ) гузаронида мешавад дар он донишҷӯёни зинаи бакалавр ва мутахассиси курсҳои 1–5-уми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок карда метавонанд.
    Даври якуми Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ моҳи феврал баргузор гардида, 1 нафарӣ ғолибон аз ҳар як соҳаи илм барои иштирок дар даври ниҳоӣ, ки дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, пешниход карда мешаванд. 

1.192.jpg - 124.59 KB
    Даври ниҳоии Олимпиадаи мазкур 14 -15 марти соли 2019 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Барои шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани Олимпиада ҳайати ҳакамон аз ҳисоби олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки онҳо ба сатҳи донишандӯзӣ ва иҷрои корҳои амалии довталабонро баҳогузорӣ менамоянд. 
    Тибқи Низомномаи Олимпиадаи мазкур барои ғолибон дар ҳар як соҳаи илм ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм муқаррар карда шудааст. 
Ғолибони ҷойи якуми Олимпиада бо «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Дипломи дараҷаи якум сарфароз гардонида мешаванд. Ғолибони ҷойҳои дуюм ва сеюми Олимпиада бо дипломҳои дараҷаи 2-юм ва 3-юм сарфароз гардонида мешаванд. 
    Ба иштирокчиёни фаъоли Олимпиада, ки дар самтҳои мухталифи илм ҷойҳои чорум ва панҷумро соҳиб гардиданд, бо «Ифтихорнома»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешаванд.

1.193.jpg - 121.57 KB

   Аз ҷониби роҳбарияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони Олимпиада имтиёз дар намуди дохил шудан ба зинаҳои магистратура ва докторантура PhD дода мешавад. 

Айни замон ба унвонии Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати иштирок дар даври ниҳоии Олимпиада аз ҷониби 27 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 248  нафар довталабон пешниҳод гардидаанд.

 

 

 

 

ОЛИМИ МУМТОЗ ВА ИНСОНИ КОМИЛ

1.194.jpg - 60.21 KB

Илмат ба амал чу ёр гардад,

Қадри ту яке ҳазор гардад

    Олимҷон ҚОСИМОВ  15-уми январи соли 1959 дар шаҳри бостонии  Панҷакент, дар оилаи  зиёӣ  ба дунё омадааст. Дастпарвари Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вадоктори илмҳои филологӣ - яке аз мутахассисони шинохтаи риштаи забоншиносии тољик ба шумор меравад. Аз соли 1982 инҷониб ба омӯзиши масъалаҳои калимасозӣ ва вожашиносии забони тоҷикӣ, маданияти гуфтор, фарҳанги номгузорӣ ва дигар паҳлӯҳои забони адабии тоҷик машғул аст. Номбурда, мувофиқ ба номаш олими маъруф ва инсони комил буда, дар рушди илму фарҳанг ва маорифи кишвар хидматҳои зиёд карда меояд. 

       Қосимов Олимҷон Ҳабибович муаллиф ва мураттиби зиёда аз 300 рисолаву мақолаҳои гуногуни илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад. Фаъолияти илмии мавсуф аслан масоили муҳим ва мубрами забони тоҷикӣ, вижагиҳои  луғавии  “Шоҳнома”-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, таърихи вожаҳо ва номвожаҳои тоҷикӣ, таҳқиқи меъёрҳои вожагузинӣ ва истилоҳсозии забони тоҷикиро фаро мегирад.

     Нигоштаҳои илмӣ-интиқодии ӯ хусусан роҷеъ ба омӯзиши хусусиятҳои сохториву маъноии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ басо ҷолиби таҳқиқу таваҷҷуҳ мебошанд. Рисолаҳои номзадӣ ва доктории ӯ ба таҳқиқи калимасозӣ ва вожашиносии “Шоҳнома”- и Фирдавсӣ бахшида шудаанд, ки аз ҷониби аҳли тадқиқ мавриди эътироф қарор гирифтаанд. Мондатарин асарҳои илмии Қосимов О.Ҳ. ба забонҳои руси зери унвонҳои «Деривация в «Шахнаме» Фирдавси» (соли 2006), “Картина животного мира в «Шахнаме» Фирдавси” (с. 2011), “Лексика растений в “Шахнаме” Абулкасима Фирдавси” (с.2011),“Лексика и словообразование в “Шахнаме” Абулкасима Фирдавси” (с.2016)  ва 6 номгӯи китобу беш аз 300 мақолаҳои илмиву таълимӣ дониста шудаанд. Ҳамзамон Қосимов Олимҷон муаллифи китоби дарсии “Забони давлатӣ” барои синфҳои 5-уми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон (с.2018), муҳаррири масъули  ҷилди 2-юми “Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ” (ҳарфи Б), яке аз мураттибон ва муҳаррирони “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” (с.2008-2010, дар 2 ҷилд), “Фарҳанги русӣ ба тоҷикӣ” (ҷилди 1, с. 2018) мебошад. Бар замми ин муҳаррири чандин асарҳои илмӣ, аз он ҷумла, муҳаррири илмии нашри тоҷикии китоби дарсии «Таърихи фалсафа»-и (муаллифон-олимони норвегӣ Г. Скирбекк ва Н. Гиле, М., 2000 с., 887 с.) аст, ки дар шаҳри Тошканд соли 2004 ба забони тоҷикӣ  ба табъ расидааст.

     Лозим ба тазаккур аст, ки  дар асарҳои худ муаллиф бар асоси матни комили “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва дигар осори насрию назмии адабиёти тоҷикии форсӣ масъалаҳои ташаккул ва таҳаввули вожагони забони тоҷикиро дар мисоли забони “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ мавриди баррасӣ қарор додааст. Қосимов О.Ҳ. дар натиҷаи тадқиқоти чандинсолаи худ дар асоси матни “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба хулосае омадааст, ки забон ва  назми Ҳаким Фирдавсӣ намунаи беҳтарини забони адабии тоҷик дар асрҳои IX–X мебошад. Он чун забони бою пурғановат  дорои хусусиятҳои зиёде буда, дар асоси омӯзиши амиқ чандин паҳлӯи забон ва услуби шоирро муайян кардан мумкин аст.

    Муҳаққиқи маъруф ҳамзамон  зимни баррасии вижагиҳои луғавии забони шоир яке аз масоили мубрами забон -баромади таркиби луғавии “Шоҳнома” –ро дар маркази пажӯҳиши худ қарор додааст. Ба андешаи муҳаққиқ асоси таркиби луғавии   “Шоҳнома” -ро бештар калимаҳои аслии тоҷикӣ ташкил мекунанд ва ин шаҳодат бар он аст, ки Абулқосим Фирдавсӣ дар эҷоди асари безаволи  худ ба забони зиндаи мардум ва осори гузаштаи ба забони паҳлавӣ ва форсии қадиму миёна, ки аз таъсироти унсурҳои бегона эмин буд, такя намудааст. Дар натиҷа “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ намунаи барҷастаи забони ноби тоҷикӣ эътибори баландро соҳиб гардидааст.

    Қосимов О.Ҳ. дар асоси чунин  хулосаҳои ҷолиби илмӣ 19-майи соли 1988 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Калимасозии пасвандии исм дар “Шоҳнома”- и Абулқосим Фирдавсӣ” таҳти роҳбарии узви вобастаи АИ ҶТ Шарофиддин Рустамов бомуваффақият  ҳимоя намудааст.

    Зимнан бояд қайд кард, ки Олимҷон Қосимов  дар тарбияи муҳаққиқони ҷавони соҳаи забоншиносӣ низ  саҳми хеле арзандаи худро  гузоштааст. Аллакай, чандин  нафар шогирдони ӯ дар соҳаи мазкур рисолаҳои номзадӣ дифоъ кардаанд. Ӯ дар давоми панҷ сол (солҳои 2007-2012) масъулияти котиби илмии Шӯрои ҳимояи Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакиро  ба ӯ уҳда дошт ва дар ин давра ҳимояву танзими санадҳои бештар аз 60 нафар унвонҷӯёнро муваффақона созмон додаву ба анҷом расонидааст.

     Феълан дар корњои љамъиятии якчанд мактабҳои олии кишвар ва институтҳои мухталифи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок мекунад. Бо Шўроњои илмии муассисањои гуногун њамкории қавӣ дорад, чандин экспертизаҳои забоншиносӣ ва коршиносии лоиҳаҳоро анҷом додааст.  Узви сексияҳои забоншиносӣ ва узви Шўрои дифои рисолањои номзадӣ ва доктории ИЗА ба номи Рӯдакӣ, ДМТ ва ДДОТ ба номи С. Айнӣ мебошад.

            Тавре, ки дар фавқ иброз доштем, олими мумтоз  Олимҷон Қосимов солиёни зиёдест, ки ба масъалаҳои калимасозиву вожашиносии забони тоҷикӣ дар заминаи   воҳидҳои луғавии “Шоҳнома”  машғул мебошад ва дар ин бобат  як қатор асару мақолаҳои илмӣ - назариявӣ  ва илмӣ- таҳқиқотӣ низ ба нашр расонидааст.  

Рисолаи доктории мавсуф зери унвони «Лексикаи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ», ки мавзӯи он дар Шӯрои илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ  таҳти суратҷаласаи № 5 аз 18.05.2004 сол               тасдиқ гардида буд,  дар таърихи 22.12.2011 сол аз рӯйи ихтисоси   10.02.22.-“Забонҳои халқҳои кишварҳои хориҷии Аврупо, Осиё, Африқо, бумиёни Амрико ва Австралия (забонҳои эронӣ)” бомуваффақият дифоъ гардидааст.

      Олими маъруф дар заминаи вожашиносии “Шоҳнома” даҳҳо мақолаҳои илмӣ роҷеъ ба вожа ва номҳои хоси ин асари безавол таҳия ва нашр кардааст, ки тадқиқот роҷеъ ба шоҳмот ва истилоҳоти он, номҳои бурҷҳои осмон, номи растаниву ҷонварон, номвожаҳои топоними Суғду Бохтар, Марв, Урганҷу Урметан, Хутан, Фароб,  Ҳинд, Ганг, Чину Мочин ва истилоҳоти марбути он ва чандин номҳои дигар дорои иттилооти ҷолиб буда, намунаи беҳтарини мақолаҳои ӯ ба ҳисоб мераванд.

     Олимҷон  Қосимов дар чандин конфронсҳои байналмилалӣ, аз он ҷумла дар шаҳрҳои Ереван, 1989; Ленинград, 1989; Самарқанд, 2003; Улан-Батор, 2010; Ашқобод, 2010, 2011, 2012, 2013, 2014; Теҳрон, 2010, 2011; 2012; Қарочӣ 2011; Машҳад, 2011; Табрез, 2014 (Эрон); Урумчӣ, 2014 (Чин); Қизил-Ӯрда (Қазоқистон) (2015), Қазон (Россия, 2017), Деҳлӣ (2018), Душанбе (1985 -2016)  бо гузоришҳои ҷолиби илмӣ тадқиқотии хеш иштирок намудааст, ки маводи онҳо ба шакли маҷмӯа низ ба табъ расидаанд.

     Зиёда аз 100 мақолаи илмӣ-интиқодии мавсуф ба масъалаҳои назариявиву амалии забоншиносии тоҷик бахшида шуда, дар “Донишномаи Рӯдакӣ” ва дар ҷилдҳои аввали нашри нави “Энсиклопедияи миллии тоҷик” ба чоп расидаанд. Ӯ дар ҷашни 1150-солагии Рӯдакӣ фаъолона ширкат варзида, роҷеъ ба вожашиносии  осори Рӯдакӣ беш аз 60 мақола ба нашр расонида,  дар таҳрири мақолаҳои ба масоили забони осори Рӯдакӣ бахшидаи “Донишномаи Рӯдакӣ” саҳми бориз гузоштааст. Мақолаи ӯ бо номи “Юсуф дар шеъри устод Рӯдакӣ”, “Вожаи “бӯй” дар шеъри устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Шайх Камоли Хуҷандӣ” дар маҷмӯаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расидаанд. Номбурда инчунин дар ҳамоишҳои байналмилаливу ҷумҳуриявие, ки ба масоили забони шеъри Рӯдакӣ ва даврони ӯ бахшида шудаанд, бо гузоришҳои илмӣ фаъолона  иштирок намудааст. 

     Қосимов О. дорои чандин ифтихорномаҳои Вазоратҳои маориф, илм, фарҳанг, саноат, Ҳукумати шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент  мебошад. Ӯ дабири масъули маҷаллаи илмии “Ахбори Академияи илмҳои ҶТ, Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ”, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи  Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ “Суханшиносӣ”, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии “Маҷмӯаи таҳқиқотҳои фарҳангии Осиёи Марказӣ”-и Донишгоҳи Кангнами Ҷумҳурии Корея мебошад.   

      Мавсуф  ҳамчунин узви Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ва Конфедератсияи байналмилалии журналистон, Ҳаками (судяи) ҷумҳуриявии судҳои ҳакамӣ ва  узви Шӯрои ҷанговарони интернатсионалисти ИДМ  буда, соҳиби медалҳои “Ветерани амалиёти низомӣ”, медали ҷашнии 5-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, ифтихорномаҳои КМ ЛКСМ Тоҷикистон (1987), Кумитаи иқтисодиёт ва саноат (1994), Вазорати маориф (1997), Вазорати фарҳанг (1998), Академияи  илмҳои ҶТ (2017), Ҳукумати шаҳри  Панҷакент (1998, 2000)  мебошад. Инчунин муддати мадиде сардабирии нашрияи бонуфузи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент – рӯзномаи шаҳрии “Зарафшон”-ро ба уҳда дошт.

   Аз тањќиќоти ў маълум аст, ки дар соњаи лексикология имрўз дар ҷумњурӣ яке аз мутахассисони варзида маҳсуб ёфта,  нигоштаҳои ӯ барои рушду таблиғи забони давлатӣ ва эҳёи арзишҳои асили он нақши муҳим доранд. Фаъолияти ӯ чун олими сермаҳсули соҳаи забоншиносӣ сазовори эътироф аст,  дар ин самт рисолаву мақолаи арзишманд дар маљаллањои илмии муътабар ба табъ расонидааст.

     Таълифоту мақолаҳои, ки ӯ ба забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ, кореягӣ ва забонҳои туркӣ тарҷума шудаанд, барои муаррифии арзишҳои асили забони миллӣ, хусусан, забони “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ  ва паҳлӯҳои фарҳангии он нақши муҳим мебозанд.

     Соли 1997 моҳи апрел аз рӯи барномаи мубодилаи мутахассисони Авруосиё дар Донишгоҳи Небраскаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамроҳи гурӯҳи устодон машғули коромӯзӣ будааст.

     Дар тӯли понздаҳ соли охир дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои гуногуни ватаниву байналхалқӣ дар рушди соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ сохтани бисёр барномаҳои омӯзишӣ, аз қабили “Усулҳои фаъоли таълим” ва “Усулҳои таълими калонсолон” дар ҳамкорӣ бо созмонҳои номбаршуда ҳиссаи сазовори худро гузоштааст.

     Аз соли 1985 дар вазифаҳои гуногуни соҳаи илму маорифу фарҳанг фаъолияти густурда  намуда, аз моҳи октябри соли  2006 вазифаи мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ, аз соли 2017 вазифаи мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ба уҳда дорад.

      Фаъолияти омўзгории Қосимов Олимҷон низ васеъ буда, дар давраҳои гуногун дар вазифаҳои мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ, сардори Департаменти фанҳои башарӣ, декани факултет (Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат), мудири кафедраи илмҳои иҷтимоӣ, ноиби ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи озоди Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент кор кардааст.  Айни замон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода барои магистрҳо ва аспирантҳо аз фанҳои гуногуни соҳаи забоншиносӣ дарс мегӯяд. Инчунин   дар ДМТ (2013-2014), ДДОТ (2017) ва Донишгоҳи давлатии Данғара (с.2018) ба ҳайси раиси Комиссияи имтиҳони хатм фаъолият кардааст.

     Меҳнатдӯстӣ, рушди мунтазами маънавӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ ва муносибати некбинона бо ҳамкорону ҳамкасбон заминаи обрўю эњтироми ӯ дар байни ҷомеа гаштааст. Дар тарбияи оила ва фарзандон низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад, ки ҳамаи 4 нафар фарзандаш таҳсилкардаи макотиби олӣ ва пайрави падари хеш ҳастанд.

     Олимҷон Қосимов аз ҷумлаи шахсонест, ки сифатҳои шарифи инсонӣ насибаш гаштаанд.  Ӯ бо шарофати фитрати азалӣ ва хислатҳои илмдӯстию заҳматкашии хеш ба қуллаҳои баланди илми забоншиносии тоҷик расида, пайваста машғули таҳияи осори гаронбаҳои илмию таълимӣ буда, дар баробари сертараддуд буданаш дар қалби шогирдону ҳампешагони худ ҳамчун инсони комил ва намунаи ибрату пайравӣ маъво гирифтааст.

    Ӯ фардест, ки дорои сифатҳои шоистаи инсонӣ, аз қабили ҳалимию фурӯтанӣ, хоксорию дақиқкорӣ, серталабӣ, эҳтироми инсон, новобаста аз миллату маҳаллу  мазҳаб ва амсоли инҳост, ки манзалату эътиборашро дар байни шогирдону ҳамкасбони сершумораш мақому нуфузи ӯро боз ҳам афзун менамоянд.

    Дар анҷом мо нигорандагони ин сатрҳо, ки бо ӯ насиби ҳамкорӣ дорем зиёд сабақ омӯхтаему аз маслиҳату раҳнамоиҳои беғаразонааш зимни иҷрои корҳои илмӣ баҳравар гардидаем, аз мавриди муносиб истифода бурда ҷашни зодрӯзашро самимона шодбош менамоем:

                              Эй дӯст таваллудат муборак бодо,

                              Шодӣ ба ману худат муборак бодо.

                              Хуршед ба хидмати ту бархостааст,

                              Ҳар лаҳза буду шудат муборак бодо!

Мухбирҷон КЕНҶАЕВ,

                                                                                                                                                                                                                                                                Шодиҷони РАМАЗОН

Васфи зан-модар дар ашъори урду ва форсӣ-тоҷикии Муҳаммад Иқбол

ба муносибати Рӯзи Модарон, 8-уми март)

        Зан мавҷудест, ки вуҷудаш саршор аз муҳаббат, меҳр, каромат, шарофат ва латофатест, ки барои ҳар ҳастии сайёра чун сутуни устувор бори зиндагиро таҳаммул менамояд. Ин мавҷуди олам дорои сиришту сармояест,ки ҳар ҳар лаҳза инсониятро ба суи такомули ҳаёт ҳидоят менамояд.Ӯ чун фариштаест,ки боли пурмеҳру нозашро  барои башарият мекушояд.  Вай аз арзишмантарин ва қиматтарин неъмати  дунёст,ки манбаи муҳабатти  беканору чашмаи мусаффояш  ҳамчун махзани ганҷ барои башарият мебошад. Аз ҳамин хотир аст,ки меҳри бепоён ва зебоиву навозишҳояш мо инсонҳоро ба муҳаббати оламу одам ошно месозад. Мо мардҳо дар канори ҳамин фариштаи замин  бо олами рангинмоя ба воя мерасему аз вай дарси меҳру латофат,садоқату инсондӯстиро меомўзем.

   Бешак васфу сифоти ин олиҳаи латофату садоқат дар китобҳои осмонӣ аз ҷумла Қурони Карим бо зикри сураи хос зери унвони "Аннисо"(занхо) омадааст,ки далолат аз фазилату шаҳомати зан дарак медиҳад.Хуллас дар васфи  ӯ хело навиштанду боз менависанд ва хоҳанд навишт.Месазад гуфт,ки тамоми адабиёти олам бо ҳар забону гуишҳо дар бораи симои зан ва мавқеи ӯ дар ҷомеа  мисолу масалҳои хуберо халлоқона баён кардаанд,ки дар байни онҳо олимону суханварони минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ё Шибҳиқораи Ҳинду Покистон низ мавҷуданд.Қобили зикр аст,ки қораи мазкур пур аз суханварону шоироне мебошад,ки тарвиҷгару таблиғгари забон ва адабиёти мо мардуми Тоҷикистон буда,тавассути эҷодиёти пурмояи худ тамаддуну маърифати илмии моро бозҳам ғанитар мегардонанд.

   Зимнан яке аз маъруфтарини онҳо шоир ва файласуф Муҳаммад Иқбол (1877-1938)  мебошад. Инҷо ба маврид аст то назару андешаҳои Муҳаммад Иқболро   дар шинохт ва эҳтироми зан барои хонанда  руи коғаз оварем,то ёди ин ёри меҳрубон ва шарики ҳаёти мардон дубора зинда ва поянда монад.Шоир ва файласуфи шарқ Муҳаммад Иқбол  дар осораш ҷойгоҳи занро латофатона баррасӣ карда, дар  маҷмуаи ашъори урдуаш  қисмтатеро зери унвони "Аврат"(зан) тахсис додааст,ки аз бузургӣ,фарзонагию шарофати зан моро хабардор мекунад. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ чун инсони бо маърифат қадру қимати ин олиҳаро дарк карда, ӯро дар шеъраш бо забони урду чунин васф мекунад:

 Вуҷуди зан си ҳе тасвири коинот ме ранг,

Иси ка соз си  ҳе зиндаги ка сузи дарун.

       Яъне,аз вуҷуди зан тасвир  коинот рангин мешавад ва аз ҳамин олиҳаи ҳусн зиндагиву сузи дарун  пайдо мегардад. Муҳаммад Иқбол ҳусну зебоии ҷаҳонро дар симои ин ҷинси латиф мебинад ва ёдрас мекунад,ки ӯ тавлидкунандаи ҳаёт барои  башарият мебошад. Вай занро чун хазинае медонад,ки дар дарунаш ҷавоҳироти пуразамат нуҳуфтааст. Дар ҷое дигар  дар васфи ин олиҳаи латифу меҳрубон чунин менигорад:

Не парда,на таълим,наҳе ки пуронӣ,

Нисванияёти зан ки нигаҳбон ҳе  фақат  мард.

   Шоир дар ин ҷо занро  чун модар ва тарбиятгар дониста,аз мардон тақозо мекунад,ки муҳофизатгари он бошанд,то ба ӯ осебе нарасад.Зеро ҷомеаи хубу солим ба вуҷуди занони покдоман вобастагӣ дошта,ононро чун сутуни хонавода ва ҷамъият медонад.Мо бояд дониста бошем,ки барои зан ҳамчун модар фарзандон ва тарбияи онон дар зинаи аввал меистад.Дар  тақвияти ин сухан Муҳаммад Иқбол дар байте ба забони форсӣ- тоҷикӣ ширину форам чунин баён мекунад:

Қавмро сармоя,эй соҳибназар,

Нест аз нақду қимошу симу зар.

Моли ӯ фарзандҳои тандуруст,

Тардимоғу сахткӯшу чоқу чуст.

     Инҷо Муҳаммад Иқбол  ба инсоният хитоб карда,таъкидан мегӯяд,ки сармояи аслӣ дар ҷомеа ин тавлид ё доштани фарзандони солиму тандуруст мебошад.Бо доштани фарзандони  ҳушёру сахткӯшу чоқу чуст,метавон сармояи  миллатро фароҳам овард ва  илло  симу зар барои қавми соҳибхирад манфиати ҳамешагӣ намеорад. Зеро ин фарзандони солиму тандуруст метавонанд,сармояҳои  нуҳуфтаеро кашф намоянд,ки дар рушду нумуи ҷомеа  кӯмак ва фоида меоранд.

   Аз гуфтаҳои Муҳаммад Иқбол метавон чунин хулосабарорӣ кард,ки зан чун модар  ягона олиҳаест,бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро меҷунбонад ва ҳамеша хоҳони онаст,ки тифлаш бе нуқс ба воя расида, мададгори ӯ гардад. Домону болину ӯ дар даврони тифли биҳиштеро мемонад,ки замонеки ба синни булуғ расидан, шахс аз набуди он сарсону саргардон мемонад.

 

 Шоир баҷо фармудааст:

 

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст, 

Чун ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.

 

   Модар дар ҳама ҳолат оромиву сиҳатмандӣ ва хушгуфтории фарзандро дида, руҳия тоза гирифта,меболад. Вале  мутаассифона, на ҳама вақт мо ба шарафу иззати ин ганҷи бебаҳо расида метавонем. 

Дар ниҳояти калом мо  бояд қадри ин ганҷи бебаҳоро бидонем ва чунонеки гуфтаанд:

Ҷаннат ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми Модарон аст.

Хоҳӣ ки ризои мо биёбӣ,

Он кун ки ризои Модарон аст.

 Хулоса, арҷгузорӣ ва эҳтироми модарон қарзи фарзандии ҳар яки мо буда, доимо омодаи хидматашон бошем. Ва лизо неку  муборак бод бузургдошти рӯзи Модар ва Илоҳо ҳамеша  бо  ин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканор, ки тамоми бузургони олам пеши модарон  сар фуруд меоранд,зиндаву саломат бошанд.

 

Мирсаид Раҳмонов

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Аврупо ва Осиёи АИҶТ