joomla
free templates joomla

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори мукофот аз рўи номинатсияи Springer Nature «Муассисаи дорои теъдоди зиёди маводи чопӣ» гардид

       Дар соли 2017 аз ҷониби ширкати Springer Nature Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мукофот аз рўи номинатсияи нашриётии «Муассисаи дорои теъдоди зиёди маводи чопӣ», сазовор дониста шуд.

     Ширкати   Springer Nature нашриёти байналмилалии илмии ҷаҳон буда, аз соли 1842 фаъолият менамояд ва  шуруъ аз соли 2015 фаъолияташро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият бахшидааст.

      Бояд зикр намуд, ки ширкати Springer Nature ва олимони кишварҳои Осиёи Марказӣ муддатҳост, ки шарикони стратегӣ маҳсуб мешаванд. Ба платформаи Springer Link маводи чопии зиёди давлатҳои Осиёи Марказӣ шомил гардидааст. Аз соли 1958 то кунун дар ин платформа  аз ҷониби муаллифон беш аз 7000 ҳуҷҷат ба табъ расидааст.

 

     6-уми октябри соли 2017 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон маросими супоридани мукофот аз рўи номинатсияҳои «Муассисаеи  дорои теъдоди зиёди маводи чопӣ» ва «Муаллифони  теъдоди зиёдтарини маводи чопӣ» баргузор мегардад. Академики АИ ҶТ Ғаниев Иззатулло аз ҷониби ширкати Springer Nature ба мукофот аз рўи номинатсияи «Муаллифони дорои  теъдоди зиёдтарини маводи чопӣ» сазовор дониста шудааст.

 

      Дар айни замон Springer Nature аз зумраи ширкатҳои рақами 1 оид ба теъдоди нашри мақолаҳо ва китобҳо аз давлатҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб дониста мешавад ва назар ба дигар нашрияҳо дар чопи мавод пешдастӣ менамояд.

 

      Дар чорабинии мазкур олимон ва намояндагони вазоратҳо аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ширкат менамоянд. Бояд тазаккур намуд, ки дар солҳои  2015 ва 2016 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон олимон Солиев Лутфулло ва Шабозов Мирганд  сазовори мукофот аз рўи номинатсияи «Муаллифони дорои теъдоди зиёдтарини маводи чопӣ»  шудаанд. 

 

 

 

 

 

 

Семинари байналмилалии гуногунии табиӣ

 

      Рўзи 2-юми октябр дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои ҶТ  бо ибтикори Шўрои олимони ҷавони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Семинари байналмилалии  «Гуногунии табиӣ дар пойгоҳи куҳӣ-ботаникии Кондара» бо иштироки олимони ҷавон аз муассисаҳои илмӣ-таълимии мамлакат ва меҳмонон аз кишварҳои ИДМ баргузор гардид. 

       Семинари мазкурро президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ   ҳусни оғоз бахшида,  нақши ҷавононро дар рушди илми муосир иқрор намуд. 

   Дар семинар  ноиби президенти Академияи илмҳои ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ Абдусаттор Саидов, директориИнститути ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ Акобир Мирзораҳимов, раиси Шўрои олимони ҷавони Академияи илмҳои ҶТ Мену Маҳмадюсуфова  барои меҳмонон аз воқеияти табиати Тоҷикистон маърўзаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.

  Дар семинар олимони ҷавон аз кишварҳои пасошўравӣ чун Россия, Арманистон, Белоруссия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Молдова ва ғайра ширкат намуда, оид ба масъалаҳои гуногунии табиат ва дигар мушкилиҳои илми ботаникӣ маърўзаҳои илмӣ  карда, ҳозиринро аз вазъи гуногунии табии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон воқиф намуданд.

 

 

 

 

Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои табиати иҷтимоии забон»

 Дар арафаи ҷашни бузурги  « Рӯзи забони  давлатӣ» имрӯз дар таърихи 29.09.2017  бо ибтикори Институти забон ва адабиёти  ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ ва Донишгоҳи  омӯзгории Тоҷкистон ба номи С.Айнӣ  дар толори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Масъалаҳои табиати иҷтимоии забон» баргузор    шуд.

 Дар Конфронси мазкур, ки аз  бахшҳои  ифтитоҳӣ  ва   илмӣ иборат буд, зиёда аз  35 маърӯзаҳои илмӣ- амалӣ дар мавзӯъҳои гуногуни забон  баррасӣ гардиданд.

 Дар кори конфронс  нахустсухани ифтитоҳиро  директори Институти  мазкур,  узви вобастаи АИ ҶТ,  профессор Раҳматуллозода Сахидод ҳусни оғоз бахшида, ҳозирини аз дуру наздик омадаро ба  «Рӯзи забони давлатӣ»  табрику муборакбод гуфт. Баъдан сухан ба муовини аввали  президенти АИ ҶТ доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Муҳаммад Абдураҳмон дода шуд. Мавсуф дар идомаи суҳбати хеш  аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ изҳори ақида карда, қайд карданд, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар ин росто  хеле  назаррас  мебошад.

 Сухани баъдӣ  ба доктори илми филология, профессор Ғаффор Ҷӯраев дода шуд, ки бо маърӯзаи илмии хеш дар мавзӯи « Муродифҳои лаҳҷавӣ ва байнилаҳҷавӣ» баҳси гармеро ба миён овард.

 Инчунин дар қисмати охири бахши аввал устодону шогирдон ва ҳамкасбони доктори илми филология, профессор Ғаффор Ҷӯраевро ба муносибати  ҷашни мубораки 80-солагиаш  табрику  муборакбод гуфта, ба ӯ тани сиҳат ва умри дарози пурмаҳсулро орзу намуданд.

 

«Рўзи Мавлоно» дар саҳни Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ

  Чун анаъна ҳар сол  30-юми сентябр  дар кишвари азизи мо- Тоҷикистон «Рўзи  Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ» бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Имсол ҳам ин рўз  дар тамоми минтақаҳои  ҷумҳурӣ,  махсусан назди Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд. Ташкилкунандагони  ин маҳфили фараҳбахш  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ, Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ буданд.

  Сухани ифтитоҳиро ёрдамчии  Президенти  ҶТ  оид ба масъалаҳои иҷтимои ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода  ҳусни оғоз бахшида,  ба иштирокчиёну маърузакунандагон барору комёбӣ орзу намуд. Ҳамчунин дар рафти чорабинии мазкур баромади илмии  Ходими калони илмии шуъбаи адабиёти классики Институти забон ва адабиёти ба  номи  Рўдакии АИ ҶТ Ҷамолиддин Саидзода   ва узви Раёсати Иттифоқи нависандагон Рустами Ваҳҳоб дода шуд, ки ҳар кадом доир ба   корномаҳои эҷодии Мавлонои Балхӣ изҳори ақида намуданд.

    Баъдан қироати шеър аз ашъори  Ҷалолиддини Балхӣ аз  тарафи шоирони  халқии Тоҷикистон Муҳаммад ғоиб,  Ато Мирхоҷа,  Муҳаммадалии Аҷамӣ ва суруду мусиқиҳои дилхушкунанда аз эҷодиёти шоирро  Ҳунарпешаҳои  халқии Тоҷикистон  Қурбоналӣ Раҳмон, Ҷурабек Назрӣ ва  Муродбеки Насриддин  ба иҷро расониданд, ки  хеле таъсиргузор буданд.

      Мавлавии Балхӣ дар садаи 21 ягона нобиғаи Машриқзамин аст, ки башар бидуни шакку шубҳа осори арзишманди ўро дар сартосари ҷаҳон мутолиа мекунад. Бахусус, «Маснавии маънавӣ» аз зумраи асарҳоест, ки ҷаҳониён новобаста аз мансубияти милливу динӣ онро таҳқиқ мекунанд ва барои наздикону ақрабои хеш ин асари арзишмандро барои мутолиа тавсия медиҳанд.

      Мавлавӣ дар  «Маснавии маънавӣ»  хеле ба маврид тазаккур медиҳад:

                              Кори поконро қиёс аз худ магир,

                              Гарчи бошад дар набиштан шер шир.

    Мавлоно Ҷалолуддин васиятномае ба мо боқӣ гузоштааст ва аз тариқи ин васиятнома моро ба беҳтарин амал даъват менамояд: «Шуморо сифориш мекунам ба кам хўрдану кам гуфтану кам хуфтан… ва ҳамоно беҳтарини шумо касест, ки барои мардуми хеш  муфид бошад» .

    Рўзи Мавлавӣ ба ҳамаи ҳаммеҳанон муборак бошад!

     

      

    

    

        

 

 

 

 

 

НАМОИШИ ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМОНИ ҶАВОН

     

    Субҳи 23-юми сентябри соли 2017 бо ибтикори Шўрои олимони ҷавони Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Академияи хурди илмҳо ва Раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе Намоишгоҳи  дастовардҳои олимони ҷавони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон дар Боғи Ирами пойтахт доир гардид.

  Зимни баргузории чорабинӣ масъулини Институтҳои   Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дастовардҳои илмии худ аз ќабили Патент оид ба ихтироот,Диплом ва китобу дастурҳои худро ба маърази намоиш гузоштанд.Дар ҷамъомад ноибони соҳавии президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикмат Мўминов, Абдусаттор Саидов ва Муҳаммад Абдураҳмон Наврўз  ширкат варзиданд. Ҳамзамон президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ шахсан аз намоишгоҳи мазкур боздтд ба амал овард.

  Дар рафти баргузории намоишгоҳ базми мусиќӣ дар иҷрои ҳунармандони Ансамбли «Базморо»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид,ки хотири ҳозирин ва ҷавононро шод намуд.