joomla
free templates joomla

Ҷашни Меҳргон дар Академияи илмҳо

   Рўзи 13-уми октябри соли 2017, соати 09:00 пагоҳирўзӣ бахшида ба ҷашни Меҳргон дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон симпозиуми байналмилалии илмӣ дар мавзўи «Ҷашни Меҳргон ва Сада дар оинаи тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.

     Дар Симпозиуми мазкур олимони шинохтаи дохиливу хориҷӣ  ширкат намуданд. 

     Симпозиуми илмиро ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ Абдураҳмон Муҳаммад ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки сегонаи ба ориёиён тааллуқдошта – Наврўз, Меҳргон ва Сада аз ҷашнҳое маҳсуб мешаванд, ки вобаста ба муҳтавои худ аҳамияти байналмилалӣ доранд.

   Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар суханронии хеш зикр намуд, ки тоҷикон аз таърих ва фалсафаи ҷашни Меҳргон бояд аз наздик ошно бошад, то  бидонанд, ки гузаштагони мо дар таҳияи фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ бо номи ориёиҳои қадим чи нақше аз худ боқӣ гузоштаанд.

   Дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ  олимони дохиливу хориҷи ба мисли Акбар Турсуну Аббосалӣ Гасанов, Муҳаммадризо Тоҷиддинӣ ва Франсис Ришар, Муҳаммадқул Ҳазратқулов ва Ямо Шароф ва дигарон ширкат намуда, аз минбар ҷиҳати пайдоиш ва ҷашнгирии Меҳргону Сада  суханронӣ карданд.

    Бояд зикр кард, ки Меҳргон ҷашни бардошти тирамоҳӣ аз ҳосили киштгардида мебошад ва месазад, ки мо онро ҷашни ҳосилғундорӣ талаққӣ намоем, аммо ҷашни мазкур боз аҳамияти фалсафиву илмӣ низ дорад ва онро беҳуда нест, ки муддати ҳазорсолаҳо пешвоз мегиранд.

     Сарчашмаҳои илмиву таърихӣ зикр намудаанд, ки  ҷашни Меҳргон ба ориёиёни аҳди бостон нисбат дода мешавад. Масалан, ҳаким Фирдавсӣ дар достони безаволи худ “Шоҳнома” ҷашни Меҳргонро ба аввалин шаҳриёри ҳамосаӣ – Фаридун нисбат додааст. Муаллифи “Таърихи Табарӣ” низ пирўзии Фаридун бар Заҳҳоки моронро, ки дар моҳи меҳру рўзи меҳр ба вуқўъ пайваста буд, оғози ҷашни Меҳргон талаққӣ намудааст. Абурайҳони Берунӣ дар “Осол-ул-боқия” ҷашни Меҳргонро шонздаҳумин рўзи моҳи Меҳр ба қалам додааст. Ў ба мисли Наврўз ҷашни Меҳргонро ба Меҳргони омма (хурд) ва Меҳргони хосса (бузург) ҷудо намуда, Меҳргони бузургро Рамрўз номидааст.

     Дар ин бора ў менависад: “Мулуки Эрон ва эрониён аз оғози Меҳргон то сӣ рўзи тамом барои табақоти мардум, монанди он ки дар Наврўз гуфта шуд, ид қарор доданд ва барои ҳар табақае панҷ рўз ид донистанд”.

     Тибқи таҳқиқоти доктори илмҳои фалсафа Муҳаммадқул Ҳазратқулов  Меҳргон ҷанбаҳои (кайҳонӣ), таърихӣ, оинӣ, кишорварзӣ ва иҷтимоӣ дорад. Оини мазкур дар асри 18 пеш аз мелод дар ҳаволии рудхонаҳои Ҷайҳуну Сайҳун ва канораҳои соҳили он ба вуҷуд омада, то аҳди Хаҳоманишиён дар мамолики Шарқ фаъолона амал мекард ва бино ба маълумоти Ксенофонт ва Плутарх, он ба сарзаминҳои Ғарб чунон босуръат интишор ёфт, ки ҳатто император Нерон онро расман қабул кард ва то асри 4 мелодӣ ба Испанияву Англияву Франсия то сарзамини Скотланд нуфуз пайдо намуд.

    Муҳаққиқони ватанию хориҷӣ зимни тадқиқотҳои худ дар бораи ҷашни Меҳргон нишонаҳои боризеро аз русуму одати он дар ҷумҳуриҳои собиқи Осиёи Марказӣ, кишвари Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Озарбойҷон ва ғайра  таъкид намудаанд.

        

 

 

 

 

Ҷашни Меҳргон дар Академия

     Рўзи 13-уми октябри соли 2017, соати 09:00 пагоҳирўзӣ бахшида ба ҷашни Меҳргон дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон симпозиуми байналмилалии илмӣ дар мавзўи «Ҷашни Меҳргон ва Сада дар оинаи тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад.

     Дар Симпозиуми мазкур олимони шинохтаи дохиливу хориҷӣ  ширкат менамоянд. 

    Сарчашмаҳои илмиву таърихӣ зикр намудаанд, ки  ҷашни Меҳргон ба ориёиёни аҳди бостон нисбат дода мешавад. Масалан, ҳаким Фирдавсӣ дар достони безаволи худ “Шоҳнома” ҷашни Меҳргонро ба аввалин шаҳриёри ҳамосаӣ – Фаридун нисбат додааст. Муаллифи “Таърихи Табарӣ” низ пирўзии Фаридун бар Заҳҳоки моронро, ки дар моҳи меҳру рўзи меҳр ба вуқўъ пайваста буд, оғози ҷашни Меҳргон талаққӣ намудааст. Абурайҳони Берунӣ дар “Осол-ул-боқия” ҷашни Меҳргонро шонздаҳумин рўзи моҳи Меҳр ба қалам додааст (Вале чун ҳоло панҷ моҳи авали сол дар тақвими кунунии Эрон 31 рўзӣ эълон шудааст, ҷашни Меҳргон мувофиқи он 10-уми меҳрмоҳ [2 октябр] баргузор мегардад, таодули тирамоҳӣ бошад, ба 22 – юми сентябр рост меояд). Ў ба мисли Наврўз ҷашни Меҳргонро ба Меҳргони омма (хурд ва Меҳргони хосса (бузург) ҷудо намуда, Меҳргони бузургро Рамрўз номидааст.

    Дар ин бора ў менависад: “Мулуки Эрон ва эрониён аз оғози Меҳргон то сӣ рўзи тамом барои табақоти мардум, монанди он ки дар Наврўз гуфта шуд, ид қарор доданд ва барои ҳар табақае панҷ рўз ид донистанд”.

   Тибқи таҳқиқоти доктори илмҳои фалсафа Муҳаммадқул Ҳазратқулов  Меҳргон ҷанбаҳои (кайҳонӣ), таърихӣ, оинӣ, кишорварзӣ ва иҷтимоӣ дорад. Оини мазкур дар асри 18 пеш аз мелод дар ҳаволии рудхонаҳои Ҷайҳуну Сайҳун ва канораҳои соҳили он ба вуҷуд омада, то аҳди Хаҳоманишиён дар мамолики Шарқ фаъолона амал мекард ва бино ба маълумоти Ксенофонт ва Плутарх, он ба сарзаминҳои Ғарб чунон босуръат интишор ёфт, ки ҳатто император Нерон онро расман қабул кард ва то асри 4 мелодӣ ба Испанияву Англияву Франсия то сарзамини Скотланд нуфуз пайдо намуд.

        

 

 

 

 

 

Рўзи забони давлатӣ

        5-уми октябри соли 2017, соати 14: 00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмиву адабӣ ва фарҳангӣ бахшида ба рўзи забони давлатӣ бо ибтикори Академияи илмҳои ҶТ ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ баргузор гардид, ки дар он дар баробари забоншиносон, боз намояндагони Иттифоқи нависандагони ҶТ, Вазорати  маориф ва илми ҶТ ва Вазорати фарҳанги ҶТ иштирок намуданд.

 Чорабинии мазкурро президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ҳангоми суханронӣ иброз намуд, ки ҳифз ва рушду тараққии забони давлатӣ дар замони истиқлолият аз омилҳои асосии пешравии илму фарҳанг дар кишвари тоҷикон маҳсуб меёбад, чунки фақат истиқлолияти маънавӣ  шароит фароҳам овард то забони миллӣ мақоми давлатиро соҳиб шавад.

       Сипас, риштаи сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дода шуд. Номбурда мушкилиҳо ва роҳҳои рафъ намудани онҳоро дар илми забоншиносии миллӣ тазаккур дода, ҳозиринро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Рўзи забони давлатӣ  табрик намуд.

      Дар чорабинии сатҳи давлатӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ, доктори илмҳои филологӣ Гавҳар Шарофзода, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ Сахидод Раҳматуллозода, олимони забоншинос Саодатшо Матробиён, мирзоҳасани Султон, Ғаффор Ҷўраев, Олимҷон Қосимов, Ш. Мансурӣ, Т. Ваҳҳобов, С. Мирзоев ва шоирон чун Аскар Ҳаким, Давлати Раҳмониён, Раънои Мубориз ва дигарон ҷиҳати таҳқиқи масъалаҳои илми забоншиносии муосир маърўзаҳои илмӣ намуда, дар мадҳи забони ноби тоҷикӣ-форсӣ пораҳои шеърӣ қироат карданд.

     Ҳеҷ забоне, ки ба василаи он таърихи тамаддун ва фарҳанги сатҳи ҷаҳонӣ аз тариқи сарчашмаҳо, дастхатҳо ва навиштаҷоти рўисангӣ то давраи муосир расидаанд, асолати хешро ҳифз накардааст, аммо  забони миллии тоҷикон ва дигар форсизабонони дунё то кунун ҳамон забонеро бидуни тағйир ҳифз намудаанд, ки бо он Рўдакиву Фирдавсӣ, Буалӣ Синову Берунӣ, Шоҳ Носири Хусраву Хайём, Саъдиву Ҳофиз, Саноиву Аттору Мавлавӣ ва ҳазорон суханварони сатҳи ҷаҳонӣ сухан офаридаанд. Пас месазад аз забони тоҷикӣ чун забони суханофаринӣ ёд бинмоем, ки новобаста аз таъқибу тазъиқ дар кишварҳои гуногун ва дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ ба коми нестӣ нарасидааст.

     Бояд иқрор кард, ки мақоми давлатиро соҳиб гаштани забони тоҷикӣ дар ватани тоҷикон ин тантанаи адолат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, чунки забони тоҷикӣ тўли ҳасорсолаҳост, ки чун лаҳни илму фарҳанг ва сиёсат мақоми байналмилалиро дорост ва ҳамакнун дар диёри соҳибони аслии хеш низ ба мақоми давлатӣ расидааст.

     Бо дар назардошти сатҳи давлатии забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ҳамаҷонибаи забони мазкур таъмин шудааст ва танҳо дар замони истиқлолияти давлатӣ пайдо кардани кишвари маҳбубамон андешаи такмили забон амалан тадбиқ мегардад.

   Дар ҳамоиш ин андеша тазаккур гардид, ки муддати садсолаҳо бузургон дар васфи забони тоҷикӣ пажуҳиш намудаанд ва имрўз низ таҳқиқу пажуҳиши донишмандони забоншиносии миллӣ идома дорад.

     Забони тоҷикӣ чун забони ҷаҳонӣ дар замони муосир ҳам нуфўзи хешро аз даст надодааст ва аксар забондонон аз гўшаву канори кураи Замин барои омўхтану аз бар кардани забони мазкур талош меварзанд.    

     Бахши фароғативу фарҳангии чорабинии бахшидашуда ба Рўзи забони давлатӣ соати 17:00 дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ» давом ёфта, дар дили ҳозирин шуълаи меҳру муҳаббати забони давлатиро афрўхт.

 

 

Таъмири копиталӣ дар Академияи илмҳо

     

       Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зимистонгузаронии солҳои 2017 – 2018 амалиёти назоратии хидматрасонӣ татбиқ мегардад.    

        Тибқи маълумоте, ки аз шуъбаи сохтмони асосии Раёсати Академияи илмҳои ҶТ ба мо дастрас гардид, биноҳои Раёсати АИ ҶТ, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ,Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶТ, Институти омўзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупо, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А. Баҳоваддинови АИ ҶТ ва Китобхонаи ба номи Индира Гандии АИ ҶТ  пурра аз таъмири копиталӣ гузаштанд.

        Ҷоиз ба тазаккур аст, ки ҳангоми сардшавии боду ҳаво ва ҳарорат дар шаҳри Душанбе муассисаҳои зикргардида бе мамониат аз оби гарми шабакаҳои гармидиҳии пойтахт истифода хоҳанд кард.

         Ҳамчунин, корҳои сохтмонӣ ва таъмиру пайваст намудани қубурҳои обгузари дигар биноҳои ба АИ ҶТ тааллуқдошта аз қабили биноҳои Институти кимиёи ба номи академик В.И. Никитин, Институти физикаву техникаи ба номи академик С.У. Умаров, Институти математикаи АИ ҶТ, Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ идома доранд ва таъмири копиталӣ дар ин биноҳо дар рўзҳои наздик анҷом меёбанд.

         Бо шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе пайваст намудани биноҳо ва аз роҳи пайвасти онҳо таъмин намудани гармӣ дар ҳуҷраҳои муассисаҳо ҳангоми сардшавии ҳарорати ҳаво аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мо, истиқоматкунандагони пойтахт аз қоидаҳои шаҳрсозӣ ва шаҳрнишинӣ бархурдор гардида, ба сўи пешравиҳо равон мешавем.

Ҷаласаи васеи АИ ҶТ

       4-уми октябри  соли 2017 дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси  ҷаласаи васеъ баргузор шуд, ки дар он аъзои Раёсати АИ ҶТ, директорон ва муовинони онҳо, котибони илмии муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии АИ ҶТ иштирок намуданд.

      Дар ҷаласаи васеъ оид ба фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии АИ ҶТ дар нуҳ моҳи  соли 2017 ҳисоботи президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ  мавриди муҳокима қарор гирифт.

      Тибқи суханронии президенти АИ ҶТ Фарҳод раҳимӣ дар нуҳ моҳи соли 2017 Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 ҷаласа доир намуд, ки дар онҳо 99 қарор ва 350 амр мансуб ба фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилӣ ва корҳои молиявиву хоҷагидории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.

      Дар ин давра кормандони муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи илмҳо дар  беш аз 200 чорабинии илмӣ (симпозиум, форум, конференсия, семинар ва мизҳои мудаввари илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ)  иштирок ва  суханронӣ намуданд.

      Маблағгузории корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ тибқи нақша  дар соли 2017 41123549 сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар нуҳ моҳи соли 2017 ҳамагӣ 28447997  сомонӣ, яъне 90% маблағгузорӣ карда шуд.  Ҳаҷми нақшавии маблағгузорӣ дар соли 2017 2575103 сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар нуҳ моҳи соли 2017 ҳамагӣ 1780706 сомонӣ, яъне 91% маблағгузорӣ карда шуд.

       Дар нуҳ моҳи соли 2017 аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 955 корҳои илмӣ, аз ҷумла 69 китобу монография ва  886 мақолаҳои илмӣ, аз онҳо 791  дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ ва 75  мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 20 мақола давлатҳои хориҷи дур ба табъ расонида шуд.

      Дар ҳолати то 1 октябри соли 2017 дар ҷумҳурӣ 20 шўрои диссертатсионӣ, аз ҷумла дар АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 шўрои диссертатсионӣ фаъолият намуданд. Дар ин давра дар шўроҳои диссертатсионии ҷумҳурӣ ҳамагӣ  117 рисола, аз ҷумла 12 рисолаи докторӣ ва 105 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуданд.

     Дар 5 шўрои диссертатсионии АИ ҶТ ҳамагӣ 32  рисола, аз ҷумла  5  рисолаи докторӣ ва 27 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд. Аз ҷумлаи кормандони Академияи илмҳо 4  нафар  рисолаи докторӣ ва 10 нафар  рисолаи номзадӣ дифоъ карданд.

    Дар анҷоми ҷаласа Раёсати Академияи илмҳо қарорҳои дахлдорро оид ба фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии АИ ҶТ дар давоми 9 моҳи  соли 2017 ва вазифаҳои навбатии АИ ҶТ дар 3 моҳи боқимондаи  соли 2017 қабул намуд.