joomla
free templates joomla

ДАРГУЗАШТИ АКАДЕМИКИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОТАХОНОВА ХУРШЕДА (02.09.1932 – 23.06.2016)

    Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андуҳи гарон хабар медиҳад, ки 23 июни соли 2016 дар синни 84 – солагӣ қалби адабиётшинос ва мунаққиди шинохтаи тоҷик, академик Хуршеда Отахонова аз тапиш боз монд.

    Академик Хуршеда Отахонова 2 сентябри соли 1932 дар шаҳри бостонии Истаравшан ба дунё омадааст. Солҳои 1948 – 1953 дар факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таҳсил намудааст. Соли 1953 ба аспирантураи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда то лаҳзаҳои охирини ҳаёт дар ин даргоҳи бонуфузи илм ва маърифат дар вазифаҳои гуногун ифои вазифа намудааст. Ӯ маҳз дар ҳамин даргоҳи илм ба камол расида, аз унвонҷӯи оддӣ то ба дараҷаи академики АИ ҶТ расидааст.

    Академик Хуршеда Отахонова дар давраи фаъолияти кории худ дар вазифаҳои гуногун мудири шуъбаи адабиёт ва санъати рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», корманди хурди илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ, ходими калони илмии шуъбаи адабиёти советии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ, мудири шуъбаи матншиносӣ ва нашри осори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ, мудири шуъбаи адабиёти Институти забон ва адабиёт ба номи Рӯдакии АИ ҶТ, муовини академик-котиби шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶТ кор кардааст.

     Хуршеда Отахонова соли 1968 ба аъзогии узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуда, соли 1991 узви вобастаи АИ ҶТ ва соли 2008 узви пайвастаи АИ ҶТ интихоб гардидааст.

    Мавсуф соли 1994 бо унвони фахрии «Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушарраф гардида, ва инчунин соли 2012 сазовори  Ҷоизаи АИ ҶТ ба номи академик М.С.Осимӣ гардидааст.

    Нахустин китоби тадқиқотии Хуршеда Отахонова «Абулқосим Фирдавсӣ» (соли 1960) унвон дорад. Баъдан силсилаи китобҳои илмии ӯ бо номи «Раҳим Ҷалил ва эҷодиёти ӯ» (соли 1962), «Падидаҳои навҷӯӣ» (соли 1972), «Аз рӯйи меҳр меҳр» (соли 1972), «Таҳаввули жанри достон дар назми муосири тоҷик» (соли 1983), «Масъалаҳои матншиносии адабиёти муосири тоҷик», «Чеҳраҳои шинохта» (соли 2004), «Ду адиби номвар» (соли 2002), «Тадқиқи матншиносии осори адибон» (соли 2010), «Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ» (соли 1978), Лоҳутӣ А. «Куллиёт» (соли 1987), Абулқосим Лоҳутӣ «Номаҳо» (соли 2004), Пайрав Сулаймонӣ «Куллиёт» (соли 2006), Лоҳутӣ А. «Куллиёт» (соли 2010), Деҳотӣ А. «Куллиёт» (соли 1965 ҷ. 1), Суҳайлӣ Ҷавҳаризода. «Девон» (соли 1968),«Ҳусни инсон» (1975, 1984, 2016) ва ғайраҳо ба чоп расиданд.

    Хотири неки академики АИ ҶТ Хуршеди Отахонова дар қалби ҳамкорон, шогирдон ва пайвандони маҳрум абадӣ боқӣ мемонад.

 

 

 

Ҷойгоҳи зан дар ҷомеа

     28 – уми июни соли 2016 соати 1400 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” баргузор мегардад.

     Дар маҳфил мавзӯи Ҷойгоҳи зан дар ҷомеа мавриди баҳс қарор дода мешавад. Гузоришгари маҳфил коршиноси масъалаҳои гендерӣ Маҷидова Таҳмина дар назар аст.

     Ба диққати кулли донишмандон, пажӯҳишгарон ва ҳамаи хоҳишмандон расонида мешавад, ки маҳфили “Ҷаҳони андеша” ҳар ҳафта як маротиба дар толори Академияи илҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

     Иштирок дар маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” озод аст.

     Макон: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, толори АИ ҶТ, ошёнаи 2.

 

 

 

 

 

 

 

БАЁЗИ ШАШМАҚОМ

     16 – уми июни соли 2016 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии китоби “Баёзи Шашмақом” бо иштироки шоирону нависандагон, олимону адибон, шашмақомхонон ва аҳли фарҳанги кишвар доир гардид.

     Ҷамъомадро ба ин муносибат президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки соли 2000 бо Фармони таърихии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду нумӯи санъати волои Шашмақом шароит ва имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуд.

     Мусиқии Шашмақом дар тӯли зиёда аз ҳазор соли рушду такомули хеш ҳамеша бо шеъри классикии тоҷику форс пайвандӣ дошт ва дар ҳар марҳалаи навпардозии хеш қабл аз ҳама аз дастовардҳои шоирони бузургамон истифода мекард. Ғазал, тарона, мухаммас, мустазод, рубоӣ ва байтҳо, ки аз ҷониби сухансароёни замон эҷод карда мешуданд, тавассути илмҳои хоса ва ҳунари танбӯриёну муғанниён вориди сохтори Шашмақом мегардиданд.

     Ҳунари шашмақом аз қадимулайём дар минтақаҳои мухталифи Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик тарғиб гардида буд ва устодони мақомхони тоҷик ин падидаи нодирро ба Хоразму Чин, Ироқу Мағриб интиқол доданд. Аммо бояд бо ифтихор эътироф намуд, ки асри тиллоии санъати Шашмақом маҳз ба замони Истиқлоли Тоҷикистон – ватани аслии ин ҳунар ва сарзамини офаридгорони он тааллуқ дорад.

     Сарояндагони мақомҳо зимни ин амал кӯшиш менамуданд, ки беҳтарин намунаҳои назми замонаашонро ба оҳанг дароварда, пешкаши аҳли адабу ҳунар созанд. Ин аст, ки аз замонҳои қадим то охирҳои асри 19 анъанаи мураттаб намудани дафтарҳои махсуси шеър барои сарояндагон ё худ “Баёзҳои Шашмақом” васеъ маъмул гардида буд. Имрӯз дар хазинаи дастхатҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз бисту панҷ номгӯи баёз ва рисолаи вобаста ба Шашмақом маҳфузанд, ки бештари онҳо таҳқиқ ва нашр шудаанд.

     Сипас, Кароматулло Олимов, Аслиддин Низомӣ, Саидқул Билолов ва Алии Муҳаммадӣ Хуросонӣ оид ба таърихи пурғановати “Шашмақом” сухан гуфта, иброз доштанд, ки китоби интишоршуда армуғони хубест барои дӯстдорон ва мухлисони Шашмақом.  

     Лозим ба тазаккур аст, ки китоби мазкур бо ибтикор ва зери назари президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ва қарори Шӯрои илмии табъу нашри Академияи илмҳо аз тариқи нашриёти “Дониш”– и АИ ҶТ бо теъдоди 200 нусха аз чоп баромад.

     Муҳаррирони китоби мазкур Алии Муҳаммадӣ Хуросонӣ, Аслиддин Низомӣ, Маҳмадёри Шариф ва муҳаррирони он Кароматулло Олимов ва Абдунабӣ Сатторзода мебошанд.

     Китоб аз 600 саҳифа иборат буда, бо ашъори тозаи шоирони классик ва муосири тоҷик тањия намудани маҷмӯаи нав зери унвони “Баёзи Шашамақом” имкон медиҳад, ки минбаъд таҳти навоҳои мусиқии асили аҷдодонамон ва ғазалу таронаҳои дилнавози он садои меҳри беандоза ва ватани соҳибистиқлоламон ва ифтихори миллӣ танинандоз гардад.

     Дар таҳияи китоби “Баёзи Шашмақом” ҳамчунин ҳамаи намунаҳои ашъори шоирони классик, ки қаблан дар нашри аввалини панҷҷилдаи Шашмақом ворид карда шуда буданд, комилан истифода гардидаанд.        

     

 

 

 

 

 

 

 

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – КАФИЛИ ПОЙДОРИИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

     22 – уми июни соли 2016 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Хирадмандон” – и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – кафили пойдории сулҳу Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид.

     Конференсияро Раиси Кумитаи ибтидоии ҳизбии “Хирадмандон” – и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшид.Номбурда зикр намуд, ки боиси ифтихор аст, ки имрӯз халқи сулҳхоҳу ватанпарасти Тоҷикистон нуздаҳумин солгарди рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ таҷлил мекунад. Ин рӯзи таърихӣ воқеан ба марҳалаи нави такомули давлати соҳибистиқлоламон оғоз бахшида, барои татбиқи раванди созандагии давлат заминаи устувору мусоидро фароҳам овард ва миллати сарбаланди тоҷик зери роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу субот ба созандагӣ ва ободкорӣ машғул аст.

     Сипас, Раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Руқия Қурбонова, узви Комиссияи оштии миллӣ, ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Кароматулло Олимов, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳаммад Абдураҳмон, магистри бахши дуюми Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ Олифтаева Имомдод баромад намуда, саҳми сарвари давлатро дар пойдории сулҳу Ваҳдати миллӣ баррасӣ карданд. Зикр гардид, ки мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилиҳои зиёди давраи ҷанги шаҳрвандиро бартараф карда, Тоҷикистонро ба кишвари рӯ ба инкишоф ва пешрафтаву рақобатпазир мубаддал сохтанд. Дар Конференсия нақши шахсияти Пешвои миллат чун барқароркунандаи низоми сиёсӣ, сохти конститутсионӣ ва демократӣ, пойдории сулҳ ва рушди бемайлони соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

     Маърузачиён изҳор намуданд, ки бо дарназардошти авзои мураккаби сиёсии ҷаҳони муосир ва бинобар хатарҳое, ки аз берун ба якпорчагии давлатамон таҳдид мекунанд, моро зарур аст, ки ҳамагон дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид шавем.

     Аз ин хотир, иштирокдорони Конференсияи илмӣ – амалӣ ба ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, қарор карданд:

     1. Ваҳдати миллӣ омили асосии фаъолият ва таъмини бехатарии ҳар як нафар шаҳрванд маҳсуб мешавад ва бо истифода аз фурсат ҳамаи мо, иштироккунандагони Конференсия барои пойдории ваҳдат ва сулҳу суботи кишвари азизамон ҳамаҷониба саҳм гузорем.

     2. Барои баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсӣ ва худогоҳии миллӣ аз асарҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон васеъ истифода бурда, ғояҳои онро ҳарчи бештар дар байни мардум таблиғ намоем.

     3. Ба ҳамаи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавсия мешавад, ки барои баланд бардоштани нуфузу эътибори ҳизб ва таҳкими робитаҳои он бо ҳамаи қишрҳои иҷтимоии ҷомеа саҳм гузорем.

     4. Нерӯи илмии аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷомеа равона созем.

     

     

Меъёрҳои интисобии арзишҳои миллӣ

     17–уми июни соли 2016, соати 09:00 дар толори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳси илмӣ таҳти унвони “Меъёрҳои интисоби (атрибутсия)–и арзишҳои миллӣ (адабӣ, илмӣ, фарҳангӣ, таърихӣ)” бо иштироки донишмандон, адибон, суханшиносон, фарҳангшиносон ва коршиносони варзида баргузор мегардад.

     Гузоришгари баҳс доктори илмҳои филология, профессор Абдунабӣ Сатторзода аст.

     Иштирок дар баҳс озод аст.

     Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21.