НАХУСТИН ХАТМИ МАГИСТРАТУРА ДАР АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
19–уми июли соли 2016 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин ҷаласаи хатмкунандагони магистратураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки имрӯз магистрҳо дар таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал магистратураро хатм намуданд. Дарҳои муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хатмкунандагони магистратура барои идомаи фаъолияти илмӣ боз аст.
124 нафар магистратураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуданд. Аз зумраи онҳо 2 нафар аз Институти иқтисодиёт ва демография АИ ҶТ, 1 нафар аз Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ, 1 нафар аз Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ ва 1 нафар аз Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови АИ ҶТ дар ВМКБ бо дипломи аъло магистратураро хатм намуданд.
Дар анҷоми ҷаласа президети Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ба 124 нафар хатмкунандагони магистратураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.
ТАШРИФИ БОСТОНШИНОСОНИ ҶАВОНИ ДАВЛАТҲОИ УЗВИ ИДМ БА САРАЗМ
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуминитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) аз 11 то 17 июли соли 2016 дар мавзеи ёдгории кишоварзии Саразм–ёдгории меросии умумибашарии ЮНЕСКО, ки таърихи зиёда аз 5500 сола дорад, Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавони кишварҳои ИДМ–ро баргузор намуд.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ, доктори илмҳои таърих, профессор Зикриё Акрамӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуда, ба бостоншиносони ҷавон комёбӣ орзу намуданд.
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи сеюм аст, ки Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавони кишварҳои узви ИДМ–ро баргузор менамояд ва олимони ҷавони бостоншинос аз кишварҳои ИДМ ба Тоҷикистон ташриф меоранд. Дар Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон олимони бостоншиносони варзидаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ба олимони ҷавони ИДМ аз таҷрибаи кории худ ва дастовардҳои бостоншиносони тоҷик суҳбатҳо оростанд.
Дар кори Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон 26 олимони ҷавони ИДМ, аз ҷумла 5 нафар аз Федератсияи Россия, 5 нафар аз Ҷумҳурии Молдова, 5 нафар аз Ҷумҳурии Қазоқистон, 4 нафар аз Ҷумҳурии Арманистон, 4 нафар аз Ҷумҳурии Беларус, 3 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва 11 нафар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муддати 7 рӯз дар ёдгории таърихии қадимаи Саразм, Панҷакенти қадим ва ёдгории Санҷаршоҳи шаҳри Панҷакенти бостонӣ таҷрибаи корӣ омӯхтанд.
Сипас, дар шаҳри Панҷакенти бостонӣ Конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ, доктори илмҳои таърих Саидмурод Бобомуллоев дар мавзӯи “Дастовардҳои бостоншиносии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият”, сарвари экспедитсияи бостоншиносии шаҳри Панҷакент, номзади илмҳои филология Луре Павел Борисович дар мавзӯи “Панҷакенти қадим–шаҳраки асрҳои 5–8 мелодӣ”, ходими калони илмии пойгоҳи бостоншиносиии Панҷакент–Саразм, номзади илмҳои таърих Шарофиддин Курбонов дар мавзӯи “Ёдгориҳои бостоншиносии Санҷаршоҳ дар асрҳои 5–7 мелодӣ”, мудири пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент–Саразм Абдурауф Раззоқов дар мавзӯи “Саразм–ёдгории мероси умимиҷаҳонии ЮНЕСКО” маърӯза намуданд.
Меҳмонон дар баробари ёдгории таърихии қадимаи Саразм аз Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихии ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент, оромгоҳи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ, воқеъ дар деҳаи зебоманзари Панҷрӯд, оромгоҳи Муҳаммад Башорро ва осорхонаи таърихии Лоиқ Шералӣ, ки дар деҳаи Мазори Шариф аст, боздид намуданд.
Мақсади баргузор намудани Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон шиносоӣ бо таҷрибаи тадқиқотҳои бостоншиносӣ дар минтақаҳои кӯҳсор, усули ҳифз намудани мавзеъҳои таҳқиқи бостоншиносӣ дар мисоли ёдгории таърихии қадимаи Саразм, Панҷакенти қадим ва ёдгории Санҷаршоҳи шаҳри Панҷакенти бостонӣ, ошноӣ бо ёдгориҳои таърихию фарҳангии водии Зарафшон ва ҷараёни ҳафриёти ёдгории таърихии қадимаи Саразм ба ҳисоб мерафт.
Дар доираи чорабинии мазкур барои олимони ҷавони бостоншинос машғулиятҳои амалӣ доир карда шуд. Дар фарҷом ба 26 нафар олимони ҷавони бостоншиноси узви ИДМ ва 11 нафар олимони ҷавони бостоншиноси тоҷик Сертификати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.
Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон ҳамасола дар яке аз давлатҳои узви ИДМ як маротиба гузаронида мешавад.
КИТОБИ НАВИ ОЛИМОНИ ТОҶИК ОИД БА АҲАМИЯТИ ТОПИНАМБУР
Олимони Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Партоев Қ., Ясинов Ш.М., Сайдалиев Н.Х. ба муносибати 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби навро таҳти унвони «Аҳамияти топинамбур дар таъмини озўқаворӣ ва сўзишворӣ дар Тоҷикистон» ба табъ расониданд. Китоб аз 167 саҳифа иборат буда, дар он маълумотҳои нави илмии олимони тоҷик оид ба аҳамияти зироати топинамбур, ки таи солҳои охир дар шароити Тоҷикистон гирд оварда шудаанд, дар 51 расм, 27 нақша ва 25 ҷадвал нишон дода шудаанд.
Бояд қайд намуд, ки китоби мазкур бори аввал бо забони давлатӣ бо шеваи осону оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Муаллифони китоб оид ба растании нодиру серҳосил, ки нақши он дар таъмини озўқаворӣ ва сўзишворӣ дар Тоҷикистон дар оянда ниҳоят калон хоҳад гашт – топинамбур (ноки заминӣ – Helianthus tuberosus l.) маълумотҳои заруриро ба хонандагон пешкаш намудаанд. Дар китоб маълумотҳои зарурӣ доир ба таърихи пайдоиши зироати топинамбур, тавсифи морфологии он, омилҳои асосии сабзиши он, талаботи ин зироат ба нуриҳои маъданӣ ва органикӣ, инчунин роҳҳои ба даст овардани ҳосили баланд, коркард ва истифодабарии маҳсулот аз топинамбур, ҳамчун маводҳои озўқаворӣ, сўзишворӣ, хўроки чорво, табобатӣ ва тозаи экологӣ тавсияҳои илмиро ба деҳқонон ва ин растании фоиданок пешкаш намудаанд.
Муаллифони китоб инчунин чандин намуди ғизоҳо ва хўрокиҳоро, ки аз топинамбур тайёр карда мешаванд, дар китоб нишон додаанд. Махсусан, маълумот дар китоб гирдовардашуда, ки доир ба табобати касалиҳои қанд, қалб, меъда ва дигар узвҳои инсон, бо истифодабарии лўндаҳои ин растании табобатӣ нишон дода шудааст, хело муфид мебошанд.
Натиҷаҳои илмие, ки бо роҳи гузаронидани кишти омехтаи топинамбур, ҷуворимакка ва офтобпараст, ки боиси то ба 270 т/га расидани ҳосили баргу пояи сабзи зироатҳо, зиёд гаштани шири чорвои ширдеҳ аз истифодаи чунин маҳсулоти хўрокворӣ ва серҳосил будани навъи нави топинамбур - “Сарват” оварда шудаанд. Дар китоб омадааст, ки то кунун аз тарафи олимони тоҷик бештар аз 20 навъҳои серҳосили топинамбур гирд оварда шудаанд, ки онҳо дорои хусусиятҳои гуногунии биологӣ ва хоҷагӣ мебошанд.
Бояд қайд намуд, ки муҳаррири китоб ҷонишини директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технолгияҳои нави Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои кимиё, академик Ахмедов Ҳ.М. ва муқарризон ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ), доктори илмҳои кишоварзӣ, академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ) Ахмедов Т.А.; ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, Салимов А.Ф.; мушовири илмии ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ) Сардоров М.Н. низ кушиш ба харҷ додаанд, ки китоб оммафаҳм ва бо шеваи осон баён иншо гардад. Аз маълумоту тавсияҳои илмии дар китоби мазкур оварда шуда, донишҷўёни мактабҳои олии кишвар, коллеҷҳо, кормандони пажуҳишгоҳҳои илмӣ – тадқиқотӣ, олимони соҳаи кишоварзӣ ва деҳқонон дар оянда метавонанд дар таҷрибаҳои илмию истеҳсолиашон истифода баранд, ки ин баҳри рушду нумўи ояндаи топинамбурпарварӣ дар Тоҷикистон аҳамияти хоса дорад.
Китоб бо орзўҳои неки муаллифон ба ходимони илм, биологҳо, селексионерон, тухмипарварон, унвонҷўён, аспирантҳо, магистрҳо, донишҷўён, мутахассисони бахши кишоварзӣ ва деҳқонон бо камоли мамнуният пешкаш мегардад.
НИШАСТИ МАТБУОТИИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз 14–уми июли соли 2016 нишасти матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ ташкилоти ҷамъиятии “Иттилоот ва муошират” баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, саркотиби илмии АИ ҶТ, ноибони президенти АИ ҶТ, директорон, ҷонишини директорон, котибони илмии муассисаҳои илмии АИ ҶТ ва ВАО-и ҷумҳурӣ иштирок карданд.
Дар нишасти матбуотӣ президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии АИ ҶТ дар нимсолаи якуми соли 2016 гузориши мухтасар манзур намуд.
Ба саволҳои хабарнигорон оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти АИ ҶТ президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки даври заминларзаҳо 120-130 солро ташкил медиҳад ва дар ин миён такрори заминҷунбиҳои нисбатан шадид вуҷуд дорад. Ӯ гуфт, ки ба заминҷунбиҳои шадиди аввали асри 20, ки Тошканду Ашқободро хароб карда буданд, ки агар даври заминҷунбиро 120-130 сол ҳисоб кунем, эҳтимоли такрори заминҷунбиҳо вуҷуд дорад.
Академик Фарҳод Раҳимӣ таъкид кард, ки пешгӯии заминҷунбиҳо барои як ё ду сол имкон надорад ва ҳамаи изҳоротҳо дар ин бора афсонае беш нестанд. Агар чунин имкон мебуд, хисороти моддию талафоти ҷонии зиёд ҷилавгирӣ мешуд. Дар маҷмуъ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хотиррасон кард, ки замин ҳамеша дар ҷунбиш аст ва тайи 5 моҳи соли равон дар мамлакатамон 11 ҳазору 450 заминҷунбӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Дар нишасти матбуотӣ Фарҳод Раҳимӣ гуфт, лавозимоте, ки дар минтақаи Кангурттути ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ёфт шуданд, таърихи 4 ҳазорсола ё бештар аз онро доранд. Яъне тамаддуни шаҳрнишинӣ дар ин минтақа буд. Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки бозёфтҳои Кангурттутро ба марказҳои омӯзишии байналмилалӣ аз ҷумла Лондон равон кардаанд.
Қаблан Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки бозёфтҳо аз ду мавзеи Данғара ба Олмон низ барои баҳогузории илмӣ интиқол ёфта буданд. Натиҷаҳои ташхис аз Олмон нишон доданд, ки дар ҳақиқат ин бозёфтҳо хеле надир буда, аз ин пештар дар дигар бозёфтҳои тамаддуни Осиёи Марказӣ ба назар нарасидаанд.
Фарҳод Раҳимӣ афзуд, ҳафриёти бостоншиносӣ на ба хотири чор ҳазорсола эълон намудани ноҳияи Данғара, балки ба хотири ба олам нишон додани тамаддуни бостонии тоҷикон, муаррифии арзишҳои миллӣ ва исбот кардани он далелҳо, ки аз ибтидо тоҷикон мардуми бумӣ ва маскуни ин сарзамин буданд, анҷом шудаанд.
Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зикр намуд, ки дар шаҳраки Саразми шаҳри Панҷакент ва Панҷакенти қадим, ки таърихи зиёда аз 5500 сола дорад, Мактаби олимони ҷавони бостоншиноси кишварҳои ИДМ аз 12-уми июл ба кори худ шуруъ намуд. Ба иттилои академик Фарҳод Раҳимӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сеом аст, ки Мактаби олимони ҷавони бостоншиноси кишварҳои ИДМ-ро баргузор менамояд ва олимони ҷавон аз тамоми кишварҳои ИДМ ба Тоҷикистон ташриф меоранд. Ин навбат олимони ҷавони ИДМ муддати 10 рӯз аз олимони тоҷик дар шаҳраки Саразми шаҳри Панҷакент ва Панҷакенти қадим таҷрибаи корӣ меомӯзанд.
Дар нишасти хабарӣ ба саволҳои хабарнигорон директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ, академик Улмас Мирсаидов, директори муассисаи давлатии “Хадамоти геофизикӣ”-и АИ ҶТ, академик Собит Неъматуллоев, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ, доктори илмҳои иқтисодӣ Лутфулло Саидмуродов ва дигарон посух доданд.
МАҶЛИСИ УМУМИИ АИ ҶТ
4–уми июли соли 2016 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси умумии Академияи илмҳои Ҷумщурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии АИ ҶТ дар нимсолаи якуми соли 2016 ва вазифаҳо дар нимсолаи дуюми соли 2016 бо иштироки ъзои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорон, котибони илмӣ, ходимони пешбари илмии муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Академияҳои соҳавӣ, вазорату идораҳо ва намояндагони ВАО баррасӣ ва муҳокима гардид.
Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зикр намуд, ки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2016 фаъолияти илмӣ ва илми-ташкилиро тибќи супоришу дастурҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, наќшаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, наќшаи кории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2016 ва дигар санадҳои меъёрию ҳуќуќии соҳа ба роҳ монда, дар ин давра 2 маҷлиси умумии АИ ҶТ, 4 маҷлиси тантанавии АИ ҶТ, 6 ҷаласаи васеъ ва 15 ҷаласаи Раёсати АИ ҶТ–ро баргузор намуд.
Дар нимсолаи якуми соли 2016 ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1630 ҳуҷҷат, аз ҷумла 41 Ќарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29 фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 350 супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 722 мактубҳо аз вазорату идораҳои дахлдор ва 488 мактуб аз муассисаҳои илмии зертобеи Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ворид гардиданд.
Дар нимсолаи якуми соли 2016 аз ҷониби олимони муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 50 китобу монография, 640 маќолаҳои илмӣ дар дохили кишвар, 65 маќолаҳои илмӣ дар хориҷи кишвар ва 250 вокуниш ба ВАО ба нашр расонида шуд.
Дар нашриёти «Дониш»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2016 66 номгўи асарҳои илмӣ, маҷмуаи маколаҳо, маҷаллаҳои «Ахбори АИ ҶТ» ва «Гузоришҳои АИ ҶТ» дар ҳаҷми 7076 ҷузъи чопӣ бо теъдоди умумии 9800 нусха интишор гардид. Теъдоди корҳои интишоргардида дар муќоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 7 номгўй зиёд аст.
Муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2016 29 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 1 Симпозиуми байналмилалӣ, 3 конференсияи илмии байналмилалӣ, 10 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, 2 сессияи илмӣ, 10 семинари илмӣ ва 2 мизи мудаввар доир намуданд.
Дар Маҷлиси умумии АИ ҶТ вазифаҳои асосии АИ ҶТ дар нимсолаи дуюми соли 2016 муайн карда шуданд
Дар муҳокимаи маърўзаи президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии АИ ҶТ дар нимсолаи якуми соли 2016 ва вазифаҳо дар нимсолаи дуюми соли 2016 директори Институти химияи ба номи В.И.Никитин Зайниддин Муҳиддимнов, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуќуќи ба номи А.Баҳоваддинов Муҳаммад Абдураҳмон, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш Зикриё Акрамӣ ва дигарон суханронӣ намуда, фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нимсолаи якуми соли 2016 ќаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Оид ба масъалаи муҳокимагардида ќарори дахлдори Маҷлиси умумии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ќабул карда шуд.
Дар охири Маҷлиси умумӣ барои мусоидат ҷиҳати сари ваќт ва дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани маросими аз нав ба кор оѓоз намудани Расадхонаи байналмилалии «Санглох»-и Институти астрофизикаи АИ ҶТ, ки 8-уми июни соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуд, 22 нафар кормандони Раёсати АИ ҶТ бо «Ифтихорномаи АИ ҶТ» сарфароз гардонида шуд.
.