joomla
free templates joomla

Ҷаласа бахшида ба рӯзи Конститутсия

1.127.jpg - 95.39 KB

   Имрӯз, 05.11.2018 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”-и ҲХДТ , бахшида ба рӯзи Конститутсия ҷаласаи умум барпо гардид, ки дар он   ноибони президенти АИ ҶТ Ҳикмат Муъминов ва Муҳаммад Абдураҳмон, муовини Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза ва дигар масъулини ҳизбӣ ширкат намуданд.

1.128.jpg - 116.12 KB
    Ҷаласаро ноиби президенти АИ ҶТ Ҳикмат Муъминов ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки Конститутсия дар зиндагии ҳар фарди кишвар нақши азимеро иҷро мекунад ва инсони бохабар аз меъёрҳои ҳуқуқӣ аз ин шоҳқонуни мамлакат фоида мебинад.
    Ҳамчунин, дар ҷаласа муовини Раиси Кумитаи ҷавонон Дилноза Аҳмадзода маърӯза карда, ҷавононро ба худогоҳӣ даъват намуд. 
   Дар анҷоми ҷаласа барои ҷавонони ба ҳизби халқии демократии кишварамон пайваста ҳуҷҷатҳои узвият тақдим карда шуданд...

1.129.jpg - 121.41 KB

 

 

 

Интихоби аъзои хориҷии Академияи илмҳо

    Имрӯз  дар ҷаласаи умумии раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ аз таърихи 22 – юми октябри соли 2018 ду нафар узви хориҷии Академияи илмҳо интихоб гардиданд:

1.120.jpg - 93.19 KB
1. Лиу Лин Шу – сарходими илмии Маркази илмӣ – таҳқиқотии Минтақаи Шарқии Хадамоти тадқиқотии кишоварзии ИМА;
2. Лихтейнштейн Гертс Илич – профессори фахрии Донишгоҳи ба номи Бен – Гуриони шаҳри Беэр – Шеваи давлати Исроил.

1.121.jpg - 109.52 KB

 

 

 

Истиқбол аз хушнавис ва шоири ширинкалом

    26 - уми октябри соли 2018, соати 10:00 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ ҷиҳати истиқбол аз150 - солагии зодрӯзи шоир ва хушнависи машҳур Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайни Хатлонӣ баргузор гардид.

    Ҳамоишро ноиби президенти Академияи илмҳои ҶТ, узви вобаста Муҳамад Абдураҳмон Наврӯз ифтитоҳ намуд. 
Дар ин конференсияи илмӣ уламои адаб ва муҳаққиқони хат ва масъулини муассисоти давлатӣ ширкат варзида, дар базм бахшида ба ашъори Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ҳамоҳангӣ намуданд. 

1.122.jpg - 85.03 KB
Ҷамоллиддин Саидзода, Низом Қосим, Муҳаммад Абдураҳмон,Сайфиддин Назарзода, Амирхуҷа Абдураҳмон ва дигарон дар таҳқиқи шеъри Ҳоҷӣ Ҳусайн маърӯзаҳо намуданд.
   Ҳамчунин, қироати намунаҳо аз ашъори шоир аз сӯи шоирон базми бахшида ба хушнависии Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлониро боз ҳам гиромитар ҷилвагар сохт.
Ҳамакнун, маълумотномаеро аз сомонаи КМТ барои мутолеакунандагон пешниҳод менамоем:

   Ў соли 1868 дар деҳаи Қарақамиши Кангурти ноҳияи Темурмалик чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Шоир таълимоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, сипас барои сайқали дониш ва касбу ҳунар ба Бухоро сафар намуда, дар мадрасаҳои Турсунҷон ва Рашидӣ таҳсили илм намудааст. Ў дар баробари аз худ намудани улуми расмии замонааш инчунин ҳунарҳои гуногуни нафиса, амсоли хушнависӣ, лаввоҳӣ, саҳҳофӣ, наққошӣ ва муҳрканиро меомўзад. Баъд аз сафарҳои тулонӣ ва касби илму дониш дар Миср, Фаронса ва Арабистон ба зодгоҳаш деҳаи Кангурт баргашта, дар он ҷо ба касби мударрисӣ машғул мешавад. Аз Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайн осоре чун манзумаҳои «Василат-ун-наҷот», «Таърихи ҷуда», рисолаи таърихии «Мунтахаб-ул-ахбор фи табақот-ис-салотин», маснавии «Комде ва Мадан» ва рисолаи «Ашколи хутути исломия» боқӣ мондааст. Ҳоҷӣ дар миёни солҳои 1917-1922 вафот намуда, оромгоҳи ӯ дар зодгоҳаш то ҳол побарҷост.

1.123.jpg - 129.59 KB

   Фардо, 27.10.2018 истиқбол аз зодрӯзи Ҳоҷӣ Ҳусайн дар ноҳияи Темурмалик давом меёбад...

 

 

 

 

Бузургдошти Шамсиддин Шоҳин дар Академияи илмҳо

    Имрӯз, 18 - уми октябри соли 2018 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 160 - солагии Шамсуддин Шоҳин конференсияи ҷумҳуриявии "Нақши Шоҳин дар такомули адабиёти нимаи дуввуми садаи XIX" баргузор гардид. 

1.117.jpg - 91.61 KB
      Конференсияи мазкур бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АН РТ ва Маркази мероси хаттии райёсати АИ ҶТ барпо шуда, дар он аз муассисаҳои гуногун намояндагон иштирок доштанд.
Конференсияро президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ қайд намуд, ки ҷашни яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти тоҷик минбаъд низ идома хоҳад ёфт ва дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Наврӯзи соли оянда инчунин пазироӣ аз 160 - солагии шоир ва мунаққиди номовар давом мекунад.

1.118.jpg - 133.82 KB
Намояндаи бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Масрур Абдуллозода нақши Шамсиддин Шоҳинро дар такмилу тадвини адабиёти нимаи дуввуми садаи XIX тазаккур дода, иброз намуд, ки барои саҳеҳтар воқиф гардидан аз сохти сиёсии Манғития моро зарур аст беш аз пеш Шоҳинро мутолиа кунем.
Раиси Иттифоқи нависандагони ҶТ Низом Қосим аз ҷашнвораи Шамсуддин Шоҳин изҳори хушнидӣ намуд, ки расми хубе ҷиҳати истиқбол аз шуарои машҳур роҳандозӣ мешавад.

1.119.jpg - 133.51 KB
     Дар конференсияи илмӣ адабиётшиносон Аъламхон Кучаров, Ҷурабек Назрӣ, Абдунабӣ Сатторзода, Аскаралӣ Раҷабов, Мирзо Муллоаҳмад ва дигарон маърӯза намуда, лаҳзаҳои ногувору гувороро аз зиндагиномаи шоири ширинкалом баён доштанд.