joomla
free templates joomla

Таҷлили рӯзи забон дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

     5 октябри соли 2016 дар толори  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот бо рӯзи забон ҷаласа барпо гардид. Ҷаласаро ноиби президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Кароматулло Олимов ифтитоҳ намуд.

    Дар ҷаласа ноибони президенти АИ ҶТ, академикҳо Саидмуҳаммад Одинаев ва Муҳиба Яқубова, саркотиби илмии АИ ҶТ, доктори илмҳои биологӣ Абдусаттор Саидов ва кормандони Раёсати  АИ ҶТ иштирок намуданд.

    Дар ҷаласа бо маърӯзаҳои илмӣ доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода ва аъзо-корреспонденти АИ ҶТ Мирзо Муллоаҳмад маърӯзаҳои илмӣ  намуда, иброз намуданд, ки забони тоҷикӣ дар таърихи илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ нақши босазо гузоштааст.

 

 

 

ТАҶЛИЛИ 147 – УМИН СОЛГАРДИ ЗОДРӮЗИ МАҲАТМА ГАНДӢ ДАР КИТОБХОНАИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО

    3 – уми октябри соли 2016 бо ташаббуси Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таҷлили 147 – умин солгарди зодрӯзи Маҳатма Гандӣ, ки 2 – уми октябри соли 1869 дар Порбандар таваллуд шудааст, дар толори китобхона маҳфили илмии ихтисосӣ баргузор гардид.

    Нишасти илмиро директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодимуҳаммад Сӯфизода ифтитоҳ намуда, ҳозирин ва меҳмононро хайрамақдам намуд.

    Дар маҳфил Сафири Кабири Ҳиндустон дар Душанбе, ҷаноби Сомнатҳ Гҳош ва дигар кормандони сафорат ва аъзои Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон ширкат намуданд.

    Сипас, директори китобхона Шодимуҳаммад Сӯфизода иброз дошт, ки дар таърихи сиёсии башарият нақши Маҳатма Гандӣ бағоят бузург буда, ӯро чун роҳбари маънавии Ҳидустон мешиносанд. Ӯ нахустин фарде буд, ки озодии Ҳиндро аз роҳе ба даст овард, ки барои бисёре ҳатто тасаввури он мушкил ва ғайриимкон менамуд. Рафторе, ки Гандӣ дар пеш гирифт, дар қиёс бо он чӣ акнун дар ҷаҳон мегузарад ба муъҷиза шабоҳат дорад. Ӯ роҳи ҳалеро баргузид, ки намунавор буд – ҷанг бидуни ҷанг! Бесабаб нест, ки ҳиндустониён ӯро дар Ҳинд «Мҳатма» яъне Рӯҳи Бузург лақаб доданд.

    Зиндагии Маҳатма Гандӣ мактаби бузурге барои башарият ҳаст. Ҷунбиши ҳуқуқи маданӣ дар Иёлоти Муттаҳида ба раҳбарии Мартин Лютер Кинг бар пояи усули Гандӣ буд. Фалсафаи Гандӣ муборизаи алайҳи апартеид дар Африқои ҷанубиро таҳти таъсир қарор дод ва шахсияте чун Нелсон Мандела бар асоси он фалсафа ба пирӯзӣ ноил гашт.

    Гандӣ воқеан устура буд. Чун ӯ дар таърих намунаи дигареро намешиносем. Маҳатма Гандӣ касе буд, ки бузург‎тарин инқилоб, яъне инқилоб бидуни хунрезиро, натанҳо дар таърихи Шарқ, балки дар таърихи ҷаҳон ба самар расонид.

    Сафири Кабири Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе, ҷаноби Сомнатҳ Гҳош дар баромади худ гуфт, ки бародаркушии ҳиндувону мусулмонҳо баъди 15 – уми августи соли 1947 (рӯзи соҳибистиқлол эълон шудани Ҳиндустон) низ идома дошт. Маҳатма Гандӣ дар Деҳлӣ ба хотири хотима додани бародаркушӣ боз гуруснанишинӣ эълон намуд ва ҳамон вақт қатъ намуд, ки ҳама гуна гуруҳҳои бо ҳам муқобил ваъда дода, созишномаеро ба имзо расониданд, ки дигар бародаркушӣ нахоҳанд кард.

    Профессор Ҳабибулло Раҷабов қайд намуд, ки тарзи муборизаи ғайризӯроварӣ, ки Маҳатма Гандӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ доштанаш бисёр боварӣ дошт, аз солҳои 1917 – 1918 татбиқи худро ёфт. Ҳамин тариқ, ин гуна ғояҳои Гандӣ дар солҳои 20 – уми асри гузашта тамоми Ҳиндустонро фаро гирифта буд.

    Пофессор Абдунабӣ Сатторзода дар ин нишаст аз собиқаи кориаш дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳоло робитаҳои хуби дипломатӣ доранд, ки ба шакли динамикӣ рушд мекунанд. Аммо ҳанӯз ин робитаҳо дар сатҳи олӣ нестанд. Ӯ дар ҳузури сафири Ҳиндустон изҳор дошт, ки барои табодули таҷриба байни китобхонаҳои Ҳиндустон ва Тоҷикистон заминаҳои хуби ҳамкорӣ фароҳам созанд. Ба гуфтаи ӯ дар китобхонаҳои Кашмир феҳристи 500 ҳазор намгӯй асарҳо ба забони форсӣ  вуҷуд дорад, ки он барои муҳаққиқони тоҷик дастрас  нест.

    Майрам Исоева, ҳунарманди тоҷик зимни суханронӣ дар ин маҳфил таъкид кард, ки ҳоло тамоми дунё ба чунин шахсият, яъне Маҳатма Гандӣ ниёз дорад ва мо бояд фалсафаи зиндагӣ ва фаъолияти таҷрибаи арзишманди сиёсии ӯро биомӯзем.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО

     22 – юми сентябри соли 2016 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ ва Бунёди Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ «Таҳқиқ ва таълими мероси Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар даврони муосир» баргузор гардид.


     Дар ҳамоиши илмии Академияи илмҳо шоирон, нависандагон, олимон, забоншиносон, адабиётшиносони кишвар, ҳамчунин донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо ҳузур доштанд.


     Ҳамоиши илмиро ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Кароматулло Олимов ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пур аз ҳикмату таҷрибаи рӯзгор ва санъати олии шеърӣ буда, то имрӯз ҳазорҳо шоирону адибонро тарбия кардааст. «Рӯдакишиносӣ дар ҷумҳурӣ хеле ривоҷ ёфта, баъд аз ҷашни 1100 солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ устодони бузург, аз ҷумлаи Мирзо Турсунзода, Абдулҳамид Мирзоев, Шарифҷон Ҳусензода ва дигарон асару мақолаҳои зиёди пурмазмун эҷод карданд, ки барои рӯдакишиносии оянда такони ҷиддӣ аст», гуфт Кароматулло Олимов.


     Дар ҳамоиши илмӣ олимон дар мавзуъҳои “Калимаҳои суғдӣ дар осори устод Рӯдакӣ”, “Сухане чанд дар бораи ҷилди 3 “Донишномаи Рӯдакӣ”, “Шарҳи чанд калимаи нодир дар шеъри устод Рӯдакӣ”, “Матншиносии осори бозмондаи устод Рӯдакӣ”, “Амрияздон Алимардонов – муҳаққиқи Рӯдакӣ”, “Бозтоби қиссаи Юсуф ва Зулайхо дар шеъри устод Рӯдакӣ”, “Шеъри рӯдакивор ва вижагиҳои он” баромад намуданд.
Таъкид гардид, ки Рӯдакӣ шоири соҳибмактаб аст. Бо гузашти беш аз ҳазор сол осори ӯ байни мардум побарҷост. Шоироне, чун Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Мавлавии Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Саъдию Ҳофизи Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Муҳаммад Иқбол, Садриддин Айнию Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шераливу Гулрухсор ва дигарҳо то имрӯз аз он мактаб сабақ бардоштаанд ва ояндагон низ сабақ хоҳанд бардошт.

     Ёдовар мешавем, ки бори аввал соли 1926 коллегияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 2 – 3 – юми Наврӯзро рӯзҳои Рӯдакӣ эълон карда буд. Боиси зикр аст, ки 3 – юми майи соли соли 2002 бо ташаббуси вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириву тасдиқи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Рӯзҳои ид» тайғирот ворид карда шуда, 22 – юми сентябр Рӯзи Рӯдакӣ эълон гардид ва он ҳамасола дар ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад.


     Дар охири ҳамоиш рӯнамои китобҳои “Шарҳи мунтахаби ашъори устод Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ”, “Шарҳи мунтахаби “Гулистон” – и Саъдӣ” ва “Шарҳи мунтахаби “Баҳористон” – и Абдураҳмони Ҷомӣ” ба шоирону нависандагон ва забоншиносону адабиётшиносон доир карда шуд.             

      
 

РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД ДАР АКАДЕМИЯИ ХУРДИ ИЛМҲО

    Рӯзи 2 – уми октябри соли 2016, соати 09:00 дар толори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рӯзи дарҳои кушод» - и Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар он метавонанд хонандагони синфҳои болоӣ (синфҳои 8 – 10) – и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ширкат наоянд.

    Академияи хурди илмҳои (АХИ) Ҷумҳурии Тоҷикистон сохторест, ки робитаи муассисаҳои илмӣ – тадқиқотии академиро бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба мақсади тарбияи кадрҳои илмӣ ва мутахассисони баландихтисос барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ амалӣ месозад.

    Академияи хурди илмҳои ҷумҳурӣ – ин пеш аз ҳама барои омода намудани мутахассисони моҳир, пурдон ва эҷодкор, инчунин такмилдиҳандаи фаъолияти илмии муассисаҳои илмӣ – тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда мусоидат менамояд.

    Шиори Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Эҷод кун, ҷуръат намо, ҳақиқатро муҳофиз бош!»

    Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

    Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияи ихтиёрии эҷодии толибилмон – хонандагони синфҳои болоӣ (синфҳои 8 – 10) мебошад, ки вазифадор аст, ки интихоби касб, ба эҷодиёти илмиву техникӣ ҷалб намудани хонандагон, рушди маърифат, малакаи кори илмиву тадқиқотӣ, ихтироот ва таҷрибаро дар вақтҳои берун аз дарс, таҳти сарварии олимон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таълимгоҳҳо ва мутахассисони хоҷагии халқ вусъат бахшад.

    Ҳадаф ва вазифаҳои Академияи хурди Академияи илмҳоиҶумҳурииТоҷикистон аз инҳоиборатанд:

    1. Мусоидат ба муассисаҳои таълимӣ дар тарбияи хонандагон, парвариши муносибати эҷодӣ ба меҳнат, мавқеи фаъоли ҳаётӣ.

    2. Рушди эҷоди илмиву техникӣ, малакаҳои ҷустуҷӯю тадқиқ ва таҷриба. Тавсияи шабакаҳои филиалҳои бахшҳо, иттиҳодияҳои эҷодии хонандагони синфҳои болоӣ.

    3. Таҳкими робитаҳои Академияи хурди илмҳои ҷумҳурӣ бо корхонаҳо, муассисаҳои илмӣ, мактабҳои олӣ, ба сарварии маҳфилҳо, бахшҳо ҷалб намудани олимон, мутахассисон, ихтироъкорон ва навоварон.

4. Такмили шакл ва равишҳои тарѓиби дастовардҳои илм, техника ва истеҳсолот, низоми назорат ва роҳбарӣ ба анҷуманҳои илмии хонандагон, истифодаи васеи технологияи муосири иттилоотӣ.

 

 

 

 

ПРЕСС-РЕЛИЗ оид ба Симпозиуми 3-юми байналмилалии илми-амалӣ дар мавзӯи «Мушоҳидаи Замин дар минтақаҳои хушк ва нимхушк (ISEO-2016)» 19-21 сентябри соли 2016 шаҳри Душанбе, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмӣ-техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар ҶТ барои соли 2016” аз 1.03.2016 №99 якҷоя бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин Симпозиуми 3-юми байналмиллалии «Мушоҳидаи Замин дар минтақаҳои хушк ва нимхушк (ISEO-2016)» - ро рӯзҳои 19-21 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор менамояд. Ҳадаф аз баргузории Симпозиум табодули таҷриба ва дониш оид ба дастовардҳои навин дар истифодаи технологияҳои бадасторӣ, нигаҳдорӣ ва коркарди  маълумоти мушоҳидаи Замин, аз ҷумла аксҳои моҳвораӣ  ва истифодаи системаҳои муосири геоиттилоотӣ (иттилоот оид ба Замин) дар Осиёи Марказӣ мебошад.

     Симпозиуми якуми «Мушоҳидаи Замин дар минтақаҳои хушк ва нимхушк (ISEO)», ки дар шаҳри Қашғари Ҷумҳурии Мардумии Чин соли 2012 баргузор карда шуд, исбот намуд, ки тавассути мушоҳидаи Замин аз кайҳон дар ҷабҳаҳои гуногуни таҳқиқотӣ маълумоти амиқи илмӣ ба даст овардан мумкин аст. Таҳқиқоти илмӣ дар ин самт, алалхусус барои омӯзиши равандҳои тағйирёбии иқлим ва муҳити зист дар минтақаҳои хушк ва нимхушк аҳамияти калони назариявӣ ва амалӣ доранд. Симпозиуми дуюми байналмиллалии «Мушоҳидаи Замин дар минтақаҳои хушк ва нимхушк (ISEO-2014)»  соли 2014 дар шаҳри Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардида, дар он навгониҳои илмӣ дар  технология ва назарияи мушоҳидаи Замин дар соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, захираҳои табиӣ, офатҳои табиӣ ва коҳиш додани онҳо барраси шуданд. Симпозиуми дуюм имконоти навро барои пешбурди таҳқиқот ва табодули маълумот оид  ба рушди таҳқиқоти илмӣ дар самти омӯзиши минтақаҳои хушк ва нимхушки Осиёи Марказӣ бо истифода аз технологияҳои дурсанҷии Замин ва Замини рақамӣ фароҳам овард.

     Симпозиуми 3-юми байналмиллалии «Мушоҳидаи Замин дар минтақаҳои хушк ва нимхушк (ISEO-2016)», ки 19-21 сентябри соли 2016 дар ш. Душанбе доир карда мешавад ба Шоҳроҳи Бузурги Абрешим бахшида шудааст. Кори Симпозиум 1 ҷаласаи пленарӣ ва 6 бахшро аз рӯи самтҳои зерин дар бар мегирад:

  • “Назария ва технологияҳои Мушоҳидаи Замин (Дурсанҷии Замин)”;
  • “Назария ва истифодаи Замини рақамӣ”;
  • “Мушоҳидаи Замин барои омӯзиши экология, муҳити зист, хоҷагии қишлоқ, шаҳр ва ҷангал”;
  • “Мушоҳидаи Замин барои ҳифзи мероси фарҳангӣ-таърихӣ ва коҳиши оқибатҳои офатҳои табиӣ”;
  • “Мушоҳидаи Замин ва тағйирёбии иқлим”;
  • “Мушоҳидаи Замин баҳри омӯзиши захираҳои обӣ, минералӣ ва энергетикӣ“.

     Дар кори Симпозиум олимон, аспирантон ва донишҷӯён аз 6 давлати дунё, аз он ҷумла Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, , Ҳоланд ва Ҷопон бо гузоришҳои шифоҳӣ ва постерӣ ширкат хоҳанд варзид.  Ҳамчунин дар рафти Симпозиум мизи мудаввар барои муҳокимаи масъалаҳои мубрами дурсанҷии Замин ва истифодаи технологияҳои навин дар ин соҳа барои пешбурди иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ доир карда мешавад.

     Дар қисмати ҷамъбастии Симпозиум Баёнияи иштирокчиёни он қабул карда мешавад.

     Маркази матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон