АҲМАДИ ДОНИШ: «МОРО АЗ ЛАВОЗИМ АСТ, КИ ТАҲҚИҚИ МИЛЛАЛИ ДУНЁ КУНЕМ ВА САРА АЗ САҚАТ ФАРҚ БИНМОЕМ».
Аҳмади Носируддин, ки бо тахаллуси Дониш маъруф мебошад, аз зумраи он мутафаккиронест, ки имрӯз низ ҷиҳати таҳқиқи осори ӯ баҳсҳо вуҷуд доранд. Бинобар риоя ва татбиқи фарҳанги музокираҳои илмӣ алҳол зарурати ташкил намудани мизҳои мудаввар пеш омадааст, ки дар онҳо муҳаққиқон ғайричашмдошт бидуни маърӯзаҳои илмӣ бо ҳамдигар баҳсҳои олимона барпо менамоянд.
Аз ин хотир, бо тасмим ва ибтикори президенти Академияи улум Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба 190 – солагии зодрӯзи мутафаккири шаҳир Аҳмади Дониш дар толори Раёсати Академияи илмҳо дар таърихи 8 – уми декабри соли 2017, соати 10: 00 Мизи мудаввар баргузор мешавад, ки дар он муҳаққиқони осори мутафаккир ширкат намуда, бе маърӯзаҳои илмӣ бо ҳам музокира ва муҷодила хоҳанд кард.
Ормонҳои дар «Наводирулвақоеъ» нуҳуфтаи Аҳмади Дониш, ки тибқи он башар фақат барои ободкорӣ халқ шудааст, ва онҳо мебоист баҳрҳову конҳову дигар воситаҳои рушду тараққиро муҳайё кунанд, имрӯз дар фаъолияти рӯзмарраи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вижа роҳбари он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба назар мерасад. Сохтану ба истифода додани конҳову нақбҳо, таҳияи баҳрҳо ба василаи сохтмони Нерӯгоҳҳои барқи обӣ бештар хусусияти ободкориро касб намудаанд, чунки фақат ободу хуррамгардонии Меҳан имкон фароҳам меоварад то мову шумо аз хушиҳои зиндагӣ бархурдор бошем.
Олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд дар ҷараёни рушду тараққии кишвар саҳмгузор бошанд ва ошкор намудани паҳлӯҳои ҳанӯз таҳқиқ наёфтаи осори Аҳмади Дониш низ аз зумраи нақшгузорӣ дар таҳаввулоти ҳамаҷонибаи мамлакат маҳсуб мешавад.
Инак, афкори донишманро ин ҷо тазаккур менамоем, ки гуфтааст: «Ва моро овардаанд то ҷаҳон обод дорем ва баҳрҳо ва конҳо кушоем ва аҷоиботи олами арконро зоҳир намоем. Ва моро аз лавозим аст, ки таҳқиқи миллали дунё кунем ва сара аз сақат фарқ бинмоем».
Вожаи “тоҷик” бешубҳа, аз тоҷ аст
Рӯҳу равони фарзанди фарзонаи халқ Бобоҷон Ғафуров шод бод, ки шоҳасари безаволи ӯ “Тоҷикон” воқеан шиносномаи миллати мо гардида, барои ташаккули худшиносии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо хидмати арзанда намуд. Ин марди бузург аз осорхонаи беинтиҳои таърих осори тамаддун ва мероси фарҳангии миллати тоҷикуро зарра-зарра ҷамъ оварда, ба риштаи таҳрир кашид, танзиму даврабандӣ кард ва ба оламиён исбот намуд, ки тоҷикон қадимтарин сокинон ва соҳибони ин марзу бум буданд ва ҳастанд... Бузургии миллати тоҷик дар он аст,ки таҳти васояти кадом империя ва халқияти зӯровар қарор надошта бошад, волояти забону фарҳанги худро аз даст надода,дами теғи ҳама гуна таассуби динию мазҳабиро бо фарҳанги оламгири хеш кунд намудааст.[1]
Маълум аст, ки забон бузургтарин сармояи фарҳангӣ ва муҳимтарин омили нигаҳдорӣ,ҳимоя ва интиқолдиҳандаи фарҳангу тамаддун ва суннату анъанаҳои ҳар миллат буда, дар ҳифзи асолати миллӣ нақши ҳалкунанда дорад.
Дар ҷаҳон, аз рӯи таҳқиқи забоншиносон, шаш ҳазор забон вуҷуд дорад, ки тахминан бо сесад забон ба таври умум, 96 дарсади мардуми ҷаҳон суҳбат мекунад. Бештар аз 100 забони дунё ба ҳайси забони давлатӣ ва расмӣ пазируфта шудаанд, ки дар байни ин забонҳо забони модарии мо-забони тоҷикӣ - забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.[2]
Чандест, аз забони баъзе мутахассисон ва муҳаққиқони соҳаҳои гуногун бармеояд, ки гӯё аз калимаи “тоҷ” маънидод шудани вожаи тоҷик илман дақиқ набошад ва барои тасдиқи ин,гӯё далелҳои мавҷуда мушаххас нестанд.Ҳамчунин ақидае мавҷуд аст, ки калимаи “тоҷик” ҳамрадиф ва ҳаммаънои “ориёӣ”, яъне наҷибзодагон будааст. Ба забони имрӯзаи тоҷикӣ маънои калимаи “тоҷик” мардуми тоҷдор,олимартаба,озодманиш аст. Ва номи имрӯзаи “тоҷик” ба ҷои номи этникии эрониёни кунунӣ ба ивази ориёӣ омадааст”[3]
Бинобар ин мо низ баъзе фикру андешахои хешро нисбати масъалаи мазкур пешниҳод намуда мегӯем, ки вожаи “ тоҷик” бешубҳа аз калимаи “тоҷ” аст ва мо бояд ифтихори онро ба мардум ва наслҳои оянда расонида тавонем. Мавҷудияти як қавми бузург, 8 млн. нафар дар Тоҷикистон, теъдоди номуайяни аз 10 то 20 млн дар Афғонистон, ӯзбекистон, Чин ва дигар мамолик, ки худро дар ҳама давру замон авлод ба авлод тоҷик - асилзода ва озода - номидаанду меноманд, бисёр далели воқеӣ ва мӯътамад буда, ҳама гуна далелҳои дигарро ба тахминҳои беасос мубаддал мегардонад.
Устод С. Айнӣ дар яке аз мақолаҳои худ аз “Равзат-ус-сафо” иқтибосе овардааст, ки чунин аст: “Чингизхон, хавонин (хонон) ва умарову нуниёнро ҷамъ карда гуфт,аз сари ҳазм азми разми вилояти Тоҷик кардӣ.”[4] Маълум аст, ки этноними тоҷик таи чанд аср мавриди омӯзиш қарор гирифта, перомуни он афкори гуногун ба миён омадааст. Инчунин, дар баробари устод С.Айнӣ, боз дигар олимону мутахассисони соҳаҳои гуногуни илм фикру идеяҳои хешро баён намудаанд, ки онҳо барои мардуми аҳли илм то ҷое маълум мебошанд.
Ҳатто дар бисёр сарчашмаҳои гуногуни илмию адабӣ, аз он ҷумла сарчашмаҳои арманӣ, на танҳо вожаи “тоҷик”, балки дигар калимаву ибораҳои форсӣ-тоҷикӣ таҳрифкорона аз худ шудаанд ва ё бо маънои тамоман ғалат арзёбӣ гардидаанд. Масалан, арманиҳо тоҷиконро (Dadji-g) барғалат аз авлодони бодиянишини курдҳою туркманҳои ҷанубӣ ҳисобида, вожаи “тоҷик”-ро аз Та-уие чиноӣ ва Тауоуёии суриягӣ мепиндоштанд. (Dulfnzier. въ. Bibl.Hist.armenienne). А.Вельтман дар китоби “Индо-германцы или Сайване” зикр менамояд, ки “Въ Boundehesch или космогонии Пареовъ значенiе названiе Таджиковъ объяснено: “...(по родоначальному ихъ Tadj) изъ страны Ирана». Яъне “Дар Бундуҳеш ё космологияи Пареов маънии номи тоҷикон чунин тафсир шудааст:...(аз вожаи аслии онҳо Тоҷ) аз кишвари Эрон омадааст. Файласуфони устурашиноси тоҷик Ҳ.Мӯъминҷонов ва К. Бекзода бошанд, вожаи тоҷро мансуб ба шахсияти мифологии қавми ориёӣ алоқаманд медонанд. Ҳамин тавр, дар ҳар сарчашмаи илмию адабие, ки ба ин вожа рӯ ба рӯ мешавем, аз таркибаш маънои озодагию тоҷбарсарӣ, кӯлоҳдорию ҷавонмардӣ ва ифтихордорӣ ба тоҷу тахт бармеояд.
Ба андешаи мо, вожаи “тоҷ” аз ибтидо таҷассумгари шахс ё минтақаест, ки мазмуни ҳувиятбахшӣ, воломақомӣ ва олитабориро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, мехоҳем баъзе андешаҳои хешро дар ин бобат иброз намоем. Аввалан, маълум аст, ки тоҷ ҳамчун нишона ё ин ки рамз аз номи ҳамин сарзамини имрӯзаи мо вориди системаи дарбории шоҳони Ҳахоманишӣ мешавад. Баъдан, ба ғайр аз шоҳону ҳукамо он нишонаи махсуси пешсафон дар артиш ва ашрофзодагон дар дигар минтақаҳои тобеи империяи Ҳахоманишӣ будааст. Дуввум, тоҷ дар оин ва ҳикмати тоҷикӣ рамзи мардонагӣ, қудратмандӣ ва адабу нишонадории авлодие мебошад, ки дар тӯли асрҳо оҳиста-оҳиста ба маънои қавм, халқ ва миллат мубадал гардидааст. Аз ин ҷост, ки А. Шишов дар китоби “Тоҷикон” соли 1910-ум калимаи “тоҷикро” аз исми форсии “тоҷ” гуфта, маънояшро “тоҷдор” шарҳ додааст. Хаников низ пайдоиши ин калимаро аз форсӣ шуморида қайд мекунад, ки “дар форсӣ калимаи “тоҷ”, “тоҷдор”, “тоҷвар” бешак, бисёр қадима аст. Тавре мо аз шаҳодати Дигиню медонем, дар солномаҳои чиноии соли 122 то мавлуди Масеҳ бо бозхости сарлашкар Тан-Киао дар бораи шоҳигарии Тяоҷӣ зикр мешавад. Баъдан дар солномаҳои чиноӣ боз ба такрор аз онҳо ёд шудан гувоҳи он аст, ки сухан воқеан дар бораи тоҷикон аст. Ғайр аз ин, тоҷ аксаран аз ҷониби арманиҳо дар шакли тагх қабул шуда, онҳо аз ин калима таговур, яъне тоҷвар сохтаанд.”[5] Сеюм, табиати забони тоҷикӣ ин аст, ки ҳангоми вожасозӣ калимаҳо бештар бо ҳамсадо ба охир мерасанд. Масалан, дар вожаи “тоҷӣ” ҳиҷои кушодаи -ӣ-, ки бо садонок ба охир мерасад, ҳамсадои “к” гирифта, ҳиҷои баста мешавад. Барои муқоиса калимаҳои тори(к), ости(н),гӯшти(н), зами(н)-ро меорем, ки ин калимаҳо аз рӯи қонунияти овозии забон, барои хушоҳанг шудан ҳамсадо қабул намудаанд. Дар асоси ин, ба фикри мо, метавон собит кард, ки калимаи “тоҷик” аз се ҷузъ (морфема) иборат аст: решаи “тоҷ”, пасванди “ӣ “ ва ҳамсадои “к”.
Бояд гуфт, ки ҳамсадои “к” дар охири ин вожа чунин вазифаҳоро иҷро мекунад: ҳиҷоро мебандад. Дар шакли аввалӣ мавҷудият доштани вожаҳои болоро мисолҳои зерин шаҳодат медиҳанд:
Ман акнун бибояд саворӣ кунам,
Ба Ковус бар рӯз торӣ кунам.
А.Фирдавсӣ
Аз ин рӯ, устод C. Айнӣ онро кофи калимабанд меномад. Воқеан, аз рӯи қонунияти овозии забон ва қонунияти калимасозӣ, ки агар вожа пасванд қабул кунад ё артикли «е» гирад, шаклҳои нозеби тоҷиҳо ё тоҷие мегирад, дар ин байн ҳамсадое лозим мешавад, ки калимаро зеб диҳад ва онро аз парокандагӣ нигоҳ дорад. Аз ин рӯ, иловатан мо онро ҳарфи зиннат меномем.
Бояд гуфт, ки сохтани аксари вожаҳои тоҷикӣ аз рӯи қонунияти ҳиҷоҳои сода, яъне як садонок ва як ҳамсадо, як садонок ва як ҳамсадо сурат гирифтааст. Омадани ду ҳамсадо ё ду садонок пайи ҳам равонии забонро халалдор мекунад. Ин аст ки дар забони тоҷикӣ, назири забонҳои дигар, ҳиҷоҳое, ки аз ду ва зиёда ҳамсадо иборат бошанд, мавҷуд нестанд. Ин қонуният дар забон комилан роиҷ шуда, дар маҷмӯъ забони ноби тоҷикиро ширину гуворотар гардонидааст.
Фирдавсии бузург дар «Шоҳнома» кулоҳро дар ёздаҳ муродиф (тоҷ, кулоҳ, афсар, дайҳим, гарзан, шора, дастор, сарбанд, тарг, худ, кулаҳхуд,) меорад. Вале аз ин миён вожаи “тоҷ”-ро бештар истифода мекунад ва ҳангоми нишон додани русуми подшоҳони Эрон ба тоҷ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ медиҳад. Маълум аст, ки дар русуми аксари шоҳони форсу тоҷик ҳангоми қабули меҳмонон мардум дар болои сар ё пешорӯи тахти шоҳӣ тоҷи бузурги боҳашаматеро меовехтанд. Ва ин расм то дараҷае маъмул будааст, ки мисраи «Биёвехт аз бари оҷ тоҷ» дар ин шоҳасар даҳҳо маротиба дучор меояд. Ҳатто ин тоҷи вазнинро ҳангоми сафарҳои хидматии подшоҳ аз ҷое ба ҷое мебурданд, то берун аз дарбор низ ин русум комил бошад.
Бояд гуфт, ки дар «Шоҳнома» либосу ашёҳои зиёде, аз қабили кафши заррин (Туси зарринакафш), зиреҳи пӯлодин (зиреҳи Сиёвуш), сипари симин, баргустувони оҳанин, тир ё камони пурқувват (камони Рустам) ва ғайра ҳастанд, ки ҳар кадоме дар мавқеи худ аҳамияти махсусро моликанд. Вале шоҳони пешин ҳеҷ яке аз ин ашёро пешорӯи тахти худ, ба таври расмӣ намеовехтанд, ба ҷуз тоҷ, ки нишонаи олии қавму миллат ва рамзи олитаборию номдорӣ мебошад.
Чуноне ки маълум аст, Фирдавсӣ «Шоҳнома» - ро бо супориши Сомониён ва барои Сомониён навишта буд. Расму оинҳо ва забону тарзи баёни ба лаҳҷаи имрӯзаи мардуми тоҷик ниҳоят наздики «Шоҳнома»-ро ба инобат гирифта, метавон ба пуррагӣ эълом дошт, ки «Шоҳнома» ин таърихномаи шоҳони форсу тоҷик ва мардумони ориёитабор аст.
Имрӯз тоҷи бузурге дар болои сари ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе гузошта шудааст, ки он қисман тасвироти Фирдавсиро пеши назар меорад.
Маълум аст, ки этноними “ тоҷик “ таърихи хеле қадим дорад. Тоҷро дар қадим tog мегуфтанд. Азбаски арабҳо овози г надоранд, онро тоҷ номиданд. Яъне тоҷ арабишуда ё муарраби tog аст. Агар чунин бошад, пас шакли таърихии тоҷик бояд togik буда бошад.
Имрӯз чанд суоле ҳаст, ки ҷавоб наёфтан ба онҳо мутахассисони соҳаи таърихи забон (аз ҷумла, этимологҳо) ва таърихнигоронро ба “тоҷдор” маънидод шудани вожаи “тоҷик” ба коми шубҳаву тардид кашидааст.
Суоли нахуст: Агар шакли таърихии тоҷик togik бошад, чаро дар дастхатҳои қадим қавме бо ин ном вонамехӯрад?
Ин суол маънои тоҷдор ё соҳибтоҷ будани этноними тоҷикро зери шубҳа мегузошт, то замоне, ки шоир Мӯҳтарам Ҳотам дар дастхатҳои кадимаи чиноӣ, ки аз ҳуҷуми ғосибон эмин мондаанд, ёдрас шудани вожаҳои togik ва tagzik-ро қайд намуд [6].
Дар «Луғатнома»-и Деҳхудо низ омадааст, ки шоҳ Ҳурмуз ба Нӯъмони араб тоҷеро тӯҳфа бурд. Арабҳо то ин дам тоҷро надида буданд ва Нӯъмонро зуттоҷ (соҳибтоҷ) хонданд: «Аз ин ки калимаи тоҷ аз эрониён ба тозиён расида шак нест ва чунин менамояд, ки тозиён нахустин бор тоҷи шоҳиро дар замони Ҳурмузи IV (578-590 мелодӣ) дида бошанд. Ҳурмузи IV аз Сосониён ҳангоми ба тахт нишондани Нӯъмони III, ки аз мулуки Ҳира ва аз подшоҳони дастнишондаи Сосониён буд, тоҷе ба ӯ бахшид, ки шаш ҳазор дирам арзиш дошт. Ин аст, ки бархе аз шуарои араб ӯро зуттоҷ хонданд».
Ҳамин тавр, ин вожаи тоҷикӣ ба забони арабӣ ворид шуд ва дар муштақоти арабӣ фаъол шуд, мисли тавваҷа – тоҷмонӣ, тиҷон – ҷамъи тоҷ, татвиҷ – тоҷгузорӣ ва ғайра.
Шакли аввали вожа, яъне togik, аз он сабаб дар адабиёти хаттии ватанӣ вонамехӯрад, ки тамоми дастхатҳои пешин бозмондаи зардуштӣ ё маҷусӣ қаламдод шуда, ба коми нестӣ рафтанд.
Устод Айнӣ гарчанде вожаи тоҷикро аз ҷиҳати этимологӣ шарҳ надода бошад ҳам, онро дуруст маънидод кардааст.
Бояд гуфт, ки калимаи тозик (араб, тозӣ ё тойӣ) аналогияи калимаи тоҷик аст, вале он ҳаммаънои калимаи тоҷик нест (чи хеле ки дар луғатҳо қайд шудааст).
Пас чӣ сабаб шуд, ки тоҷиконро дар ду луғати мӯътабар- «Бурҳони қотеъ» ва «Ғиёсуллуғот », тозик номидаанд?
Ворид шудан ба ислом, қабул намудани тамоми русуми аъроб, аз қабили суннат ва ҷамоат, иловатан нуфуз ва обрӯи ислом ва забони илм маҳсуб шудани забони арабӣ ва дигар омилҳо нависандагони моро маҷбур мекарданд, ки қавми тоҷику арабро бо кадом роҳе, ки набошад, як халқ ба қалам диҳанд. Ҳатто донишманди шинохтаи туркпараст Л.Н.Гумилев низ тоҷиконро аз рӯи шаклу сурат ба қавми араб нисбат медиҳад, ки ин далел иштибоҳи таърихӣ аст. ӯ дар ҷои дигар қайд мекунад, ки “Тоҷикони Бухорои қарни 10 аз фалсафаи Юнон ва дастовардони зеҳнии ҳиндувон огоҳӣ доштанд. Ба он тоҷикон танҳо як чиз намерасид, ки иродаи корнамоӣ, шӯҳратҷӯӣ, азхудгузаштагӣ дар роҳи ояндаи дур ва идеал аст.”[7] Ба ақидаи ӯ, тоҷикон нерӯи эҳтиросмандӣ (пассионарӣ)-и бағоят кам доштанд. Аз ин рӯ ба зӯроварии муғулу турк тан доданд. Аммо Л.Гумилев бехабар аз он будааст, ки танҳо бартарии забони тоҷикӣ ва донишмандони тоҷик буд, ки чунин пассионарҳои турку муғул дар рушду инкишофи фарҳангии хеш саҳме гузошта тавонистанд. Вагарна мардуми бодиянишини саҳроӣ ҳеҷ вақт лаззати хонаи ободу низоми шаҳрдориро дарк карда наметавонист. Аз ин рӯ, тоҷикон дар масири таърих ҷони хешро дареғ надошта, барои маданӣ гардонидани қавмҳои ваҳшисурати саҳроӣ нақши объективии роҳбаладии ақлонию фарҳангӣ бозидаанд, ки ин рисолати таърихии онҳо буд. Дар асрҳои Х-Х1 бошад, вожаи “тоҷик” мавриди истифодаи фаровоне қарор дошт, ки бисёр таърихнигорону донишмандони чиноию уйғурӣ дар асарҳояшон истифода намудаанд. Ба замми ин, дар «Таърихи Байҳақӣ» аз забони Султон Маҳмуди Ғазнавӣ оварда шудааст, ки султон ба иттифоқ будани тоҷикон ва муҳобокории онҳо ишорат мекунад: «…Ва овоз баровард, ки Абулҳасани Укайлиро бихонед, то мутаарриф бошад, ки ин тоҷикон ҳама яке бошанд ва муҳобо кунанд дар пайғоме, ки диҳам эшонро…» [8]
Аз ин ҷо саволе ба миён меояд, ки оё бо кулоҳ ё дигар зиннати сар ном ниҳодани қавму миллатҳо дар гузашта расм буд ё ин амали тасодуфии таърихист. Бояд гуфт,ки номгузории қавму миллатҳо аз рӯи зиннати узви аз ҳама болои инсон, яъне сар, аз қадим расм будааст. Чунончӣ:
1. Тоҷ +ӣ = тоҷӣ (cоҳиби тоҷ). Яъне то нишонаи мардӣ ва ашрофзодагии қавмест, ки худро бо ин ном муаррифӣ менамояд.
2. Куло +ӣ =куловӣ (соҳиби куло) – курдҳо, ки мӯи худро чун кулоҳ мекарданд:
Дар биёбон бидидам қавми курд,
Карда аз муй ҳар яке куло (аз «Тӯҳфат-ул-аҳбоб»).
3. Қизилбош – яъне сурхсар ё сурхкулоҳ. «Сафавиён … кулоҳи сурхи тоҷдор мепӯшиданд ва аз ин сабаб роҳбарони онҳо… худро «қизилбош» (сурхкулоҳ) меномиданд»[9]
4.Маънои қарақалпоқ, низ телпаксиёҳ ё кулоҳсиёҳ мебошад. Инчунин, қарақирғиз ва ғ.
Номгузории қавму миллатҳо аз рӯи зиннати узви аз ҳама болои инсон – сар дар бумиёни Амрикову Австралиё ва ҳиндуҳо бештар ба назар мерасад.
Дар баробари ин, бояд хотиррасон намоем, ки дар тамоми даврони ҳукмронии идеологияи ислом мафҳум ё калимаи арабии “миллат” ба маънои имрӯзааш вуҷуд надошт. Арабҳо барои ифода намудани мафҳуми халқу миллат аз қадимулайём калимаи «шаъб» ё ин ки қавмро ба кор мебаранд. Дар «Қуръони Карим» низ вожаи «миллат» 17 маротиба омадааст, ки дар ҳама ҳолат ба маънои «роҳу равиш «истифода мешавад.
Мувофиқи таълимоти ислом, миллати ягонаи мусулмон, ки бо номи миллати Иброҳими Халилуллоҳ ёд мешавад, тамоми қавмҳои дунёро бояд муттаҳид гардонад. Шояд таъсири ҳамин таълимот бошад, ки донишмандону бузургон ба таърихи тоисломии мо назари дигар намуда, аз ин соҳа камтар сухан кардаанд. Аммо қавму мазҳабҳо хеле зиёд буданд. Устод Айнӣ низ тоҷиконро дар гузаштаву имрӯза «халқ», «мардум» ва «қавм» номидааст. Миллат дар маънои имрӯзааш аслан хусусиятҳои хоси истифодаи илмии аврупоиро касб кардааст.
Бисёр мехостем таъкид намоем, ки дар тӯли таърих миллату халқиятҳое буданду ҳастанд, ки барои мустаҳкам намудани решаҳои таърихӣ рӯ ба хотираи таърихии дигар мардуму кишварҳои ҳамсоя оварда, кӯшиш ба харҷ медоданд, ки аҷдодони худро ба кадомин шоҳу шахсиятҳои манфию мусбиати таърихӣ бурда расонанд. Аммо тоҷикон ба ин амал ниёзе надоранд, - таърихи мо рӯшану возеҳ аст. Дигар барои кашфиётҳои нави этнонимии «тоҷик» зарурате нест. Маънои тоҷик, бешубҳа аз “тоҷ” аст ва мо бояд ба ин ифтихор дошта бошем. “Фидокории Бобоҷон Ғафуров, ки барои Ватани азизаш ҳам бо қалам ва ҳам бо кори амалӣ хизмати арзанда кардааст, чӣ тавр фаромӯш мешавад? Китоби ҷовидонаи ӯ “Тоҷикон” муосирони моро ба таърихи Ватан пайваст”[10] ва намунаи беҳтарин аз далелҳоест, ки таърихи пайдоиш ва ташаккули миллати тоҷикро баён менамояд.
Мухаммад Абдураҳмон-ноиби президенти АИ ҷТ
Саъдӣ Маҳдӣ-декани факултети журналистикаи ДМТ
Донистани таърихи фарҳанг ва тамаддун барои хурду бузург ҷоиз аст
22-юми ноябри соли 2017 дар иртибот бо фарорасии 80-умин солгарди академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфшоҳ Яъқубов дар толори Институти Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он президенти АИ ҶТ, ноибони президент, директорон ва ҷонишинони директорони муассисаҳои илмии АИ ҶТ ва муаррихони донишгоҳҳову донишкадаҳо ширкат намуданд.
Ҷаласаи тантанавиро президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ҳангоми суханронӣ қайд намуд, ки академик Юсуфшоҳ Яъқубов дар таҳаввули илми бостоншиносии миллӣ дар замони Истиқлолият нақши босазо аз худ боқӣ гузоштааст.
Олимони гуногунсоҳа дар маҷлиси тантанавӣ сухан карда, дар музокирот иштирок намуданд. Ногуфта намонад, ки суханварон аз соҳибҷашн ёдоварӣ намуда, саҳми ӯро дар ривоҷу равнақ ёфтани илми муосири таърихшиносӣ аз нигоҳи мусбат баҳогузорӣ намуданд.
Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз!
Имрӯз (23.11.2017) дар толори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Раёсати шаҳрии ҲХДТ ва Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Илмпешагон»-и АИ ҶТ Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Парчам таи унвони «Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз» баргузор карда шуд.
Сухани ифтитоҳиро ноиби президенти АИ ҶТ Саидов Абдусаттор оғоз бахшида, ҳамаи иштирокчиёнро ба Рӯзи Парчам ва дигар идҳои сатҳи давлатӣ табрик намуд.
Дар кори конференсия фаъолони ҳизбӣ аз муассисаи гуногуни ҳизбиву илмӣ ва таълимӣ иштирок намуда, дар музокирот ширкат варзиданд.
ФАРҲОД РАҲИМӢ: «МО БОЯД ФАЛСАФАИ МУОСИРРО ОМЎЗЕМ…»
«Мо бояд фалсафаи муосирро омўзем, фалсафаи истиқлолиятро омўзем, фалсафаи ҷаҳонишавиро омўзем, чунки дар асл ҷаҳонишавӣ ҷаҳонгардонист ва кишварҳои абарқудрат ин равандро аз хотири татбиқ сохтани манфиатҳои геополитикии худ ба ҷаҳониён таҳмил намудаанд» - бо чунин суханронӣ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ Конференсияи илмии бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии фалсафаро ифтитоҳ намуд, ки мавзўи он «Масоили мубрами фалсафаи муосир» номгўзорӣ шуда буд ва 21 – уми ноябри соли 2017 дар маҷлисгоҳи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимони соҳаи фалсафа баргузор гардид.
Фарҳод Раҳимӣ зимни суханронии хеш қайд намуд, ки «сўиистифода шудани бархурдҳои мазҳабӣ, динӣ ва миллӣ аз ҷониби гурўҳҳои манфиатҷў моро водор месозад, ки истиқлолияти давлатиямонро ҳифз кунем, чунки ба даст овардани истиқлолият аз ҳифз намудани он осонтар аст».
Сипас, ноиби президенти Академияи илмҳои ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ Муҳаммад Абдураҳмон ҳозиринро бо рўзи умумиҷаҳонии фалсафа табрик намуда, олимонро ба таҳқиқ намудани усулҳои навтарини ҷаҳонгардонӣ даъват намуд.
Дар Конференсияи мазкур академикҳои АИ ҶТ мусо Диноршоев ва Кароматулло Олимов суханронӣ намуда, масъалаҳои мубрами фалсафаи муосирро пажуҳиш карданд.