joomla
free templates joomla

ОЛИМИ ҶАВОНИ БИОЛОГ САЗОВОРИ ҶОИЗАИ БА НОМИ ПИТЕР КАПСТИК ГАРДИД

 

 

 

      Унвонҷӯи Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассиси ҳифзи намудҳои нодири ҳайвонот ва шикоршиноси  ҷавони тоҷик Халил Каримов нахустин  намояндаи кишварҳои ИДМ аст, ки дар соли 2018 ҷоизаи бонуфӯзи мероси шикорчиён ба номи Питер Капстикро сазовор гашт.

          Маросими супоридани ҷоизаи мазкур  6 – уми январи соли равон дар шаҳри Далласи Иёлоти Техаси ИМА дар Анҷумани солонаи шикорчиён ва ҳифзи табиат баргузор гардид.

     Ҷоизаи мазкур ҳар сол ба олимоне дода мешавад, ки дар ҳифзи олами ҳайвонот саҳми бориз гузоштаанд.

        «Даллас Сафари Клуб» Халил Каримови 28 – соларо аз ин хотир шикоршиноси  тахассусӣ ва ҳифзкунандаи табиати ваҳшӣ номид, ки номбурда фаъолияти бузургро дар беҳтар намудани ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ дар куҳистони Тоҷикистон анҷом додааст. Аз ҷумла, саҳми босазои Халил Каримов дар рушду тараққии сайёҳии шикорӣ дар манотиқи куҳсори

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиз ба тазаккур мебошад.

        Ҳангоми суханронӣ дар маросими супоридани ҷоизаи мероси шикорчиён ба номи Питер Капстик Халил Каримов мутазаккир шуд, ки ҷоизаи мазкур хидмати Тоҷикистон ва масъулини ҳифзи табиати ин кишвар мебошад. Номбурда қайд намуд, ки сокинони маҳалҳои куҳистони Ҷумҳурии Тоҷикистон шикорро чун василаи фароҳамории шароити мусоид барои некуаҳволии ҳаёти  худ истифода намуда,  ҳифзи ҳайвоноти ваҳширо олитарин манфиати шахсиашон муаррифӣ менамоянд.

        Сафири мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим дар маросим ширкат намуда, қайд намуд, ки сазовори ҷоизаи мероси шикорчиён гардидани олими тоҷик барои давлати мо ифтихор аст ва беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 – ро дар кишвар соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кард. 

 

 

 

ҚАРОР Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Номгӯи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.11.2015 № 742)

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Номгӯи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавӣ дар доираи маблағҳои пешбинишудаи Буҷети давлатӣ ҷиҳати татбиқи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 тадбирҳои зарурӣ андешанд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 4 декабри соли 2014 № 765

ш. Душанбе

 

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 декабри соли 2014, № 765

тасдиқ шудааст

Номгӯи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020

Самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 аз инҳо иборат аст:

1. Бахши илмҳои табиӣ-риёзӣ, техникӣ ва технологӣ

1.1. Илмҳои риёзӣ

- физикаи назариявӣ ва математикӣ. Истифодаи моделҳои математикӣ;

- назарияи аналитикии ададҳо;

- назарияи наздикшавии функсияҳо;

- муодилаҳои интегралӣ ва дифференсиалӣ;

- лингвистикаи математикӣ.

1.2. Илмҳои физикӣ

- физикаи ядроӣ, физикаи нурҳои дорои энергияи фавқулбаланд;

- физикаи ҳолатҳои конденсӣ;

- масъалаҳои физикӣ-техникии энергетикаи алтернативӣ;

- коркард ва ба вуҷуд овардани технологияҳои инноватсионии сарфакунанда ва самараноки энергия;

- физикаи атмосфера ва метеорология;

- физикаи нанобарандаҳо, наномавод ва нанотехнологияҳо;

- автоматикунонӣ ва робототехника;

1.3. Илмҳои астрофизикӣ

- ҷисмҳои хурди системаи Офтоб, объектҳои наздизаминӣ, ситораҳо ва системаҳои ситораҳо;

- астрономияи берунигалактикӣ.

1.4. Илмҳои химиявӣ

- мониторинги радиатсионии биомуҳити Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- асосҳои физикавӣ-химиявии коркарди маъданҳои уран;

- коркарди маҷмӯи ашёи хом ва партовҳои саноатӣ;

- металлҳо ва хӯлаҳои дорои хосиятҳои махсус;

- химияи пайвастагиҳои координатсионӣ;

- химияи пайвастҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъоли органикӣ ва калонмолекулавӣ. Коркарди истифодаи доруҳои нави табобатӣ дар асоси истифодаи ашёи хоми табиӣ ва маҳсулоти синтези органикӣ.

1.5. Илмҳои геологӣ

- геологияи минтақавӣ, канданиҳои фоиданок, маъданҳосилшавӣ ва металлогения;

- петрология ва геохимия, палеонтология ва стратиграфия;

1.6. Илмҳои зилзилашиносӣ

- мониторинги сейсмологӣ ва баҳодиҳии хатари сейсмикӣ. Тартиб додани харитаи пешгӯии оқибатҳои заминҷунбиҳои сахт дар марзи Тоҷикистон бо истифода аз технологияҳои муосир;

- назария ва амалияи ба зилзила тобоварии биноҳо ва иншоот;

- моделикунонии равандҳои сейсмикӣ.

2. Бахши илмҳои иқтисодӣ

- дурнамои макроиқтисодӣ ва ҷойгиркунии оқилонаи қувваҳои истеҳсолкунанда;

- рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва демографӣ. Идоракунии сармояи инсонӣ;

- ташаккулёбии сиёсати саноатии тамоюли содиротидошта ва ивазкунандаи воридот;

- ҷанбаҳои экологию иқтисодӣ, рушди устувори минтақаҳои кишвар;

- афкори иқтисодии ватанӣ дар давраи соҳибистиқлолии давлатӣ;

- фаъолияти берунииқтисодӣ ва рушди равандҳои интегратсионӣ;

- такмили механизми идоракунии иқтисоди миллӣ;

- менеҷменти стратегӣ ва иқтисодӣ.

3. Бахши илмҳои тиб, биология ва кишоварзӣ

3.1. Илмҳои тиб

- ғизо ва солимии аҳолӣ;

- пешгирӣ ва табобати ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ва аҳамияти иҷтимоидоштаи инсон;

- ҳифзи солимии модару кӯдак;

- истифодаи оқилона ва коркарди дорувориҳои нав.

3.2. Илмҳои биологӣ

- усулҳои инноватсионӣ дар тадқиқотҳои илмию назариявӣ ва амалӣ дар соҳаи бехатарии биологӣ ва амнияти озуқаворӣ;

- гуногунии биологӣ ва идоракунии устувори захираҳои табиӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва таъсири омилҳои антропогенӣ;

- баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва устуворнокии зироатҳои кишоварзӣ тавассути истифодаи биотехнологияи муосир ва системаи интегратсионии ҳимояи растаниҳо;

- коркард ва технологияи ба даст овардани маводи доруворӣ аз ашёи хоми маҳаллии наботот ва ҳайвонот.

3.3. Илмҳои экологӣ

- технологияҳои сарфаи энергия ва роҳҳои ба муҳити зист зарар нарасонидани онҳо;

- манбаъҳои ғайрианъанавии барқароршавандаи аз нигоҳи экологӣ тозаи энергия, усулҳои табдили онҳо ва захираи энергия (аккумулятсия).

- мониторинги захираҳои обӣ ва истифодаи комплексии онҳо;

- омӯзиш ва мониторинги тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон.

3.4. Илмҳои кишоварзӣ

- селексия ва биологияи зироатҳои кишоварзӣ ва чорво;

- технологияи захирасарфакунанда ва инноватсионии ҳосилхезгардонии хок, парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати интегралии онҳо;

- бунёди генофонди маҳаллии зироатҳои кишоварзӣ, ҳайвонот ва микроорганизмҳо;

- биотехнологияи истеҳсоли маводи биологӣ бар зидди бемориҳои ҳайвоноту растанӣ ва таъмини бехатарии беҳдошти маҳсулоти кишоварзӣ;

- самтҳои баланд бардоштани самараи иқтисодии истеҳсолоти кишоварзӣ.

4. Бахши илмҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ

4.1. Илмҳои таърих

- омӯзиши таърихи мукаммали замони қадими минтақа, бо дарназардошти замина ва раванди ташаккули этногинези тоҷикон;

- дар асоси сарчашмаҳои мӯътамад ба роҳ мондани таҳқиқи воқеии мақоми тоҷикон дар замони силсиласулолаҳои бегонатабор дар асрҳои миёна ва нав;

- тарҷума ва чопи маъхазҳои таърихии Шарқ (форсӣ, арабӣ ва чинӣ) доир ба таърихи қадим ва давраи аввали асримиёнагии тоҷикон;

- тарҷума ва ба табъ расонидани асарҳои шарқшиносони рус, ки бевосита ба таърихи тоҷикон иртибот доранд;

- боздид ва таълифоти воқеъбинонаи таърихи Тоҷикистони замони шӯравӣ;

- таълифи таърихи мукаммали Ватан дар замони истиқлолияти комил, бо дарназардошти:

- таҳлили воқеии ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992-1997);

- дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидои асри навин.

4.2. Илмҳои фалсафа

- таҳқиқи ҷанбаҳои асосии таърихи афкори мантиқии халқи тоҷик (аз замонҳои қадим то кунун);

- таҳқиқи дигаргунсозиҳо ва азнавсозиҳои иҷтимоии ҷомеаи тоҷикистониён;

- таҳқиқи тағйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳқиқи масъалаҳои мубрами фалсафаи фарҳанги халқи тоҷик.

4.3. Илмҳои сиёсатшиносӣ

- самтҳои стратегии инкишофи давлат ва ҷомеа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- масоили мубрами рушди иҷтимоию сиёсии давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ислом ва равандҳои исломигароӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- равандҳои сиёсӣ ва этникӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон;

- таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ва муҳоҷират ба ҷомеаи Тоҷикистон;

- талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳаллу фасли масоили энергетикӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, рушди босуботи ҷомеа ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ;

- масоили мубрами таъмини амният ва муҳофизати манофеи миллӣ;

- сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои рушду такомули он дар марҳилаи ҳозира;

- мақом ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми байналмилалии муосир: ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ.

4.4. Илмҳои ҳуқуқшиносӣ

- такмили методологии таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва давлатшиносӣ;

- таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, истиқлолияти давлат, манфиатҳои миллӣ ва амният;

- масъалаҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус коррупсия, терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, хариду фурӯши одамон ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ;

- проблемаҳои ҳуқуқи байналмилалии об, ҳуқуқи байналмилалии нақлиёт, ҳуқуқи Аврупо ва ҳуқуқи ислом;

- масъалаҳои такмили танзими ҳуқуқии молияи давлатӣ, истифодаи мақсадноки сарватҳои табиӣ, ҳифзи рақобати озоди иқтисодӣ, дастгирии давлатии соҳибкории истеҳсолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;

- аз байн бурдани мухолифатҳои қонунгузорӣ ва таъмини ҳамоҳангӣ ва фазои воҳиди қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- проблемаҳои муносибатҳои ҳуқуқии хизматӣ ва меҳнатӣ ва имтиёзҳо дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

4.5. Илми адабиётшиносӣ

- такмили методологии таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи адабиётшиносӣ;

- таҳқиқи мероси адабӣ ва афкори назари суханварону мутафаккирони гузашта аз дидгоҳи адабиётшиносии ростин;

- даврабандии таърихи адабиёти тоҷик вобаста ба рушди адабиёт, таъини марҳилаҳои тақдирсозӣ он барои миллат ва навиштани таърихи адабиёти миллии тоҷик вобаста ба даврабандии нав, таҳқиқи он аз дидгоҳи арзишҳои миллию умумибашарӣ;

- таҳияи мероси адабиии ниёгон ба хатти кириллӣ;

- таҳкиқи адабиёти замони Истиқлолият;

- таҳқиқи адабиёти шифоҳии халқ.

4.6. Илмҳои забоншиносӣ

- таҳқиқ ва омӯзиши таърихи афкори забоншиносии тоҷик;

- такмили усули таҳқиқоти илмӣ дар бахши забоншиносӣ: компаративастика ва типологияи забонҳо;

- таҳқиқ ва омӯзиши забонҳои аз байн рафтаистодаи Тоҷикистон: забонҳои помирӣ ва забони яғнобӣ;

- таҳқиқ ва омӯзиши ҷанбаҳои фарҳангӣ ва кишваршиносии забонҳо;

- таҳқиқ ва омӯзиши забоншиносии компютерӣ;

- таҳқиқ ва омӯзиши равияҳои нави забоншиносии муосир;

- истилоҳ ва масоили истилоҳшиносӣ.

4.7. Илмҳои фарҳангшиносӣ

- такмили методологии таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи фарҳангшиносӣ;

- таҳқиқи фарҳанги моддӣ ва маънавии миллат;

- таҳқиқи фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ ва нақши халқи тоҷик дар офариниши он;

- таҳқиқи фарҳанг ва тамаддуни исломӣ ва таъини нақши тоҷикон дар рушду нумӯи он;

- таҳқиқи таъсири мутақобилаи фарҳанг ва тамаддуни тоҷикии форсӣ бо фарҳанг ва тамаддуни башарӣ;

- роҳёфтҳои фарҳангпазирии ҷомеа;

- омӯзиши масоили китоб ва корҳои китобхона (китобшиносӣ, китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.11.2015 № 742);

- таҳқиқи масоили осорхонашиносӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.11.2015 № 742).

4.8. Илмҳои педагогӣ

- равандҳои инноватсионии таҳсилот;

- такмилу таълими забони русӣ дар шароити гуногунфарҳангӣ ва бисёрзабонӣ дар Тоҷикистон;

- заминаҳои ҳуқуқӣ, равонӣ ва педагогии такмили таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- равандҳои педагогии наздикшавии таҳсилоти касбии ҷаҳонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон;

- роҳҳои таъмини сифати таълим ва сифати дониш дар муассисаҳои таҳсилоти Тоҷикистон;

- таҳқиқи педагогикаи муқоисавӣ дар раванди ҷаҳонишавии илми педагогика;

- ташаккули фарҳанги муоширати иҷтимоии шаҳрвандони Тоҷикистон.

4.9. Илмҳои санъатшиносӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.11.2015 № 742)

- таҳқиқи масоили таърихию назариявии санъати миллӣ (театрӣ, мусиқӣ, тасвирӣ, амалӣ-ороишӣ, хореографӣ, санъати кино, дизайн ва арт-менеҷмент);

- таҳқиқи таъсири мутақобили санъати миллӣ бо самтҳои гуногуни санъати Шарқу Ғарб;

- такомули методологии таҳқиқоти илмӣ дар равияи санъатшиносии миллӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.11.2015 № 742).

 

Маҷлиси умумии солонаи АИ ҶТ

  8-уми январи соли 2018   дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси  умумии солона баргузор шуд, ки дар он аъзои Раёсати АИ ҶТ, директорон, муовинон ва  котибони илмии муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии АИ ҶТ иштирок намуданд.

Дар Маҷлиси умумӣ  оид ба фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии АИ ҶТ дар  соли 2017 ҳисоботи президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ  мавриди муҳокима қарор гирифт.

         

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҳисоботӣ якчанд чорабиниҳои илмии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро ташкил ва баргузор намуд, аз ҷумла: Симпозиуми байналмилалии илмии «Ҷашни Меҳргон ва Сада дар оинаи тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ»,  Форуми байналмилалии сатҳи олӣ ва семинари омодасозии харитаи роҳ дар тахассуси муҳандисии стандартҳо, аккредитатсия ва системаи касбӣ, Конференсияи байналмилалии илмию амалии «Нақши олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия ва технология»,  Конференсияи илмии байналмилалии «Анъана ва меросбарӣ  дар фарҳанги театрию мусиқии мардумони Осиёи Марказӣ: дирӯз ва имрӯз» бахшида ба 100-солагии Тӯҳфа Фозилова, Форум ва намоиши ҷумҳуриявии навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони «Инноватсия – омили муҳими рушд дар ҷаҳони муосир», Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи ”Ваҳдати миллӣ – омили муҳими рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ғайра.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои ҶТ 1990 корҳои илмӣ, аз ҷумла 170 китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ, брошюра, 1820 мақолаҳои илмӣ, аз онҳо 1612 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 136 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 72 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба табъ расиданд.

Дар соли 2017 аз тарафи олимони Академияи илмҳои ҶТ 16 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 патенти ИМА барои ихтироот, 3 қарори мусбат оид ба додани патенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, 1 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 5 шаҳодатнома оид ба сабти давлатии захираи  иттилоотӣ ба даст оварда шуд.

Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот қариб 12 коркарди олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Дар соли 2017 дар  Академияи илмҳо ҳамагӣ 70 чорабинии илмӣ, аз ҷумла  1 симпозиуми байналмилалии илмӣ, 1 форуми байналмилалӣ, 6 конференсияи илмии байналмилалӣ, 24 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 4 сессияи илмӣ, 24  семинар (аз ҷумла, 5 семинари байналмилалӣ),7 мизи мудаввар   омода ва баргузор карда шуданд.

Дар соли 2017 дар 19 шӯроҳои диссертатсионии амалкунандаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон 178 рисола, аз ҷумла 19 рисолаи докторӣ ва 159 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд.  Аз шумораи умумии дифоъкардагон 14 шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Эрон, 1 шаҳрванди Ироқ, 2 шаҳрванди Федератсияи Россия ва 2 шаҳрванди  Ҷумҳурии Қирғизистон мебошанд.

Дар муҳокимаи суханронии президенти АИ ҶТ академикҳо Одинаев, Олимов, Ҳисориев, Тоҳиров, Исломов ширкат намуданд.

 Дар анҷоми ҷаласа Раёсати Академияи илмҳо қарорҳои дахлдорро оид ба фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии АИ ҶТ дар   соли 2017 ва вазифаҳои навбатии АИ ҶТ дар   соли 2018 қабул намуд.

Ҳамчунин, ба беҳтарин кормандони Академияи илмҳо диплом ва ифтихорномаи АИ ҶТ супорида шуданд.

  

Шайх Абдулҳайи Муҷахарфӣ 150 – сола мешавад

 

 

   26 – уми декабри соли 2017 дар соати 10:00 дар толори Хазинаи мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 150 – сологии Шайх Абдулҳайи Муҷахарфӣ (1867 – 1931) ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. 
    Бояд тазаккур дод, ки номбурда аз зумраи донишмандонест, ки дар нимаи аввали садаи XX ба тазъиқи Ҳукумати Шӯравӣ гирифтор омадааст.Шайхро ҳамроҳи писараш Абдулфаттоҳ соли 1930 чун аксулинқилобӣ айбдор намуда, сипас ба ҳукми қатл маҳкум менамоянд ва соли 1931 ӯ дар маҳаллаи Сариосиёби шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.
    Шайх Муҷахарфӣ барои муосирони ҳамзабон осори ирфониро иборат аз «Девони ашъор», рисолаҳои «Муфитуланвор», «Канзулмавоиз», маснавиҳои «Далелуссоликин», «Муфидулмуъминин» ва ғайра ба ёдгор гузоштааст, ки аз сатҳи ҷаҳонбинии илмии орифи номовари тоҷик шаҳодат медиҳад. 
Ҳамоиши илмиро ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон ифтитоҳ намуда, иқрор кард, ки адиб ва донишманди тоҷик Шайх Абдулҳайи Муҷахарфӣ қурбони бозиҳои сиёсӣ ва инқилобии аҳди Шӯравӣ гардидааст. 
Узви вобастаи АИ ҶТ Ҷурабек Назрӣ дар музокира ширкат намуда, ҳангоми баёни андеша ва афкори орифи садаи бистуми тоҷик сухан кард ва гуфт, ки Муҷахарфӣ аз зумраи олимонест, ки танҳо дар замони истиқлолият дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби доираи васеъи хонандагон истиқбол гардид.
   Алӣ Муҳаммади Хуросонӣ,Муҳиба Маҳмадҷонова, Муборакшо Шамсов, Низомиддини Муҳаммадикром, саидхоҷа Ализода. Назруллоҳи Муҳаммадюсуф ва дигарон паҳлӯҳои мухталифи осор ва амалияи тасаввуфии донишмандро дар ҳамоиши илмӣ таҳлил намуданд. 
Ҷоиз ба тазаккур аст, ки тасаввуфи исломӣ ва таърихи густариши он ба ҳайси шохаи барҷастаи илму адаби асримиёнагӣ аз ҷониби мусташриқин ҳар гуна баҳогузорӣ ёфтаанд ва аз зумраи нерӯмандтарин муҳаққиқини ирфон ҷаноби Зарринкуб маҳсуб мешавад, аммо Шайх Абдулҳайи Муҷахарфӣ ғолибан ба тасаввуфи назарӣ иртибот пайдо намуда, хештанро аз зумраи Шайх Баҳоваддини Балогардон донистааст. 
    Пӯшида нест, ки дар замони муосир аксар шохаҳо ва фирқаҳои иртиҷоии тасаввуфи амалӣ аз қабили қаландария, маломатия ва амсоли инҳо дар ҷомеа нуфӯз надоранд ва суоли матраҳ низ иборат аз он аст, ки дар садаи XXI ба тасаввуфи исломӣ чун илми амал эҳтиёҷ намемонад! Вале мо вазифадор нестем, ки тасаввуфро новобаста аз манобеъ ва авомили пайдошавии он аз саҳнаи сайри таърихии илму тамаддуни ҷаҳонӣ хориҷ намоем. Бинобар ин, дар омӯхтани ҷанбаҳои таърихии тасаввуф талош меварзем!