joomla
free templates joomla

ПАРЧАМ РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ВАТАНПАРВАРӢ

Маҳмадҷонова М.Т.,
доктори илмҳои фалсафа
  Парчами давлатӣ барои мо-тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон. 3.9.2011.
(Суханронӣ ба муносибати барафрохтани Парчами миллӣ, шаҳри Душанбе)
Рамзҳои сиёсӣ, ки парчам яке аз муҳимтарини онҳо ба шумор рафта, дар баробари нишони миллӣ, суруди миллӣ таҷассумгари маҷудияти давлат дар арсаи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба ҳисоб меравад, рамзи озодӣ ва истиқлолияти миллӣ буда, арзиши муҳиме барои ҳар як миллат мебошад.
Масъалаи истиқлолияти сиёсӣ дар ҷаҳони муосир истиқлолияти давлатеро ифода менамояд, ки мавҷудият ва амалу идоракунӣ, ҳудуд ва хусусиятҳои миллӣ-иҷтимоии аҳолии он, дарк ва ифодаи манфиатҳои миллиаш аз ҷониби ҷомеаи умум ба таври расмӣ қабул шуда бошад. Хусусан соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва эътироф гардидани он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, яъне зиёда аз яксаду навад кишвари ҷаҳон-узви Созмони Милали Муттаҳид, таҷассуми ташаккули истиқлоли сиёсии он буда боиси ифтихору эхтироми шаҳрвандони кишвари мо мебошад.
Истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон мавқеи онро дар ҳаёти сиёсии дохилӣ ва байналмилалӣ тағйироти куллиро ба миён овард, ки пеш аз ҳама дар ҷой ва мақоми муайянро соҳиб гардидани кишвар дар арсаи байналмилалӣ зоҳир гардид. Дар муддати кутоҳи таърихӣ Тоҷикистон мебоист ба истиқлолияти давлатӣ ва истиқлолияти иқтисодӣ ноил гардад, ки дар шароити солҳои 90 ва нобасомониҳои дар пай овардаи он яке аз корҳои хеле мушкил ва заҳматталаб буд. Имруз мо бо ифтихор мегуем, ки таҳти роҳбарии пурсамар ва дурбинонаи Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ватани мо ҳамаи мушкилотро паси сар намуда ба истиқлоли воқеии худ дар ҳамаи самтҳо ноил ва бо қудрату тавоноии ҷавонмардона онро таҳкиму истеҳком бахшида истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба туфайли ташккули истиқлоли худ ҳудуди сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян намуданро пайдо кард. Сарвари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анҷуманҳои бонуфузи байналмилалии сатҳи олӣ чун намояндаи аввали миллат иштирок ва суханрониҳо намуда ба ҷаҳониён оид ба пайдоиши давлати нав, сиёсати дохиливу хориҷии он ахборот дод, бо ташаббусҳои наҷиби сатҳи глобалӣ баромад карда ҳувияти сулҳдустона, хирадпарварона ва озодидусти тоҷиконро муаррифӣ кард.
Истиқлолияти сиёсии кишвар дар ҳаёти сиёсии ҷомеа тағқироти куллиро ба миён оварда зарурати ба таври фаврӣ барқарор ва ё эҷод намудани рамзҳои сиёсии давлатиро ба миён овард. Рамзҳои сиёсӣ муаррифгари кишвар, хатти пешгирифтаи сиёсӣ ва орзуву ормонҳо, яъне идеологияи давлатро дар дохил ва хориҷи он ифода менамоянд. Онҳо барои барҳам додани қафомонии иҷтимоиву иқтисодӣ, аз байн бурдани ҳар гуна зулму истибдод ва дигар раванду падидаҳои ҷомеаи инсонӣ заминаи воқеӣ муҳайё менамоянд.[1]
Рамзҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон арзишҳои олӣ, муқаддасотеанд, ки нишон, парчам, суруди миллӣ буда дахлнопазирии онҳо тариқи қонун ҳимоя карда мешаванд. Рамзи давлатӣ ин нишонаи махусест, ки дар он хусусияти таърихӣ, фарҳангию сиёсб ва миллии ифодакунандаи мазмуни ғоявӣ ва ҳувияту соҳибистиқлолӣ таҷассум ёфтааст.[2] Парчами давлатӣ дар байни нишонаҳои дигари давлатӣ мақоми махсус дошта, ҳамчун рамзи давлатӣ метавонад ҷузъҳои муайяни нишони миллиро дар бар гирад.
Дар ҳама давру замон парчамдорӣ чун нишонаи истиқлолхоҳӣ, озодӣ ва мубориза маънидод мешуд. Рисолати парчамдорӣ пуршараф буда, миллатҳое соҳиби парчам мешаванд, ки тавонистаанд дар ҳамаи печу тоби таърих аз ҳувият ва ягонагии худ дифоъ намуда онро дар парчами худ ифода намоянд.
Таърихи парчамдории тоҷикон гарчанде бо таърихи бостонии миллат вобастагии қавӣ дошта он бо дирафши ковиёнӣ марбут дониста мешавад, рамзиёти парчамҳои таърихи навтарини Тоҷикистон онро ифода намекард. Агар ба парчами давлатии Тоҷикистони даврони шуравӣ, ки камаш 7 маротиба тағйири шакл кардааст, рамзиёти таърихӣ дида намешавад. Ин чунин маънӣ дошт, ки ҷумҳурии навтаъсис аз таърихи пешинаи худ даст кашида ба истилоҳи Мавлоно, пайрави нав буда аз куҳна даст мекашид ва ба истилоҳи Ҳофизи Шерозӣ олам ва одами навро месохт. Дар ин олами нав, ки давлати коргару деҳқонро таҷассум мекард, рамзиёти меҳнати ин ду қишри ҷомеа, боигарии деҳқонӣ-пахта ва гандум, рамзи ситора ва ҳудудҳои ҷуғрофӣ ифода шуда буданд. Дар нишони давлатии то соли 1992 ситораи осмонии пешина ба ситораи сурх табдил шуда бо рамзиёти давлатҳои дохили Иттифоқ ҳамгун карда шуд. Дигар рамзи парчам ва нишон албатта офтоб ва нурҳои тиллоии он буд, ки аз табиати офтобии кишвар дарак дода рамзи ояндаи дурахшони онро ифода мекард. Дар парчами солҳои 1924 то 1953 номи ҷумҳурӣ бо расми хатти қабулшуда дарҷ карда шуда бошад, баъди соли 1953 номи кишвар дар парчам дарҷ карда намешавад.
Муҳаққиқи рамзиёти давлатии Тоҷикистон Муҳаммад Саъдӣ хеле дуруст қайд карда аст, ки дар рамзҳои сиёсӣ фаозия ва сохтори мафҳумии онҳо вазифаи коммуникатсиониро ба ҷо меоваранд, ки ҳадаф-ҷалби диққати шумораи бештари ҳамфикрону тарафдорон аст.[3] Аз ин лиҳоз, дар парчами соли 1991, ки дар он танҳо рангҳои миллӣ мавҷуд буда ягон ишорати дигаре ба чашм намерасад, таъсири муҳорибаи неруҳои мухталифи сиёсии навтаъсиси солзои 80-90-ум таҷассум ёфтааст. Дар ин давра дар муддати кутоҳ беш аз 8 ҳизби сиёсӣ, беш аз 12 ҷунбишҳои мардумӣ, созмон ва иттиҳодияҳои халқӣ 13 ҷамъияти маданию миллии халқҳои ғайритаҳҷоӣ ба миён омада ҳар яке ба ҳокимият, раванди идораи ҷомеа таъсир ворид карда, манфиатҳои худро пеш мебурданд. Онҳо новобаста аз мақом ва нақше, ки дар ҷомеа ва раванди идораи корҳои давлатию ҷамъиятӣ доштанд ба сиёсати калон даст мезаданд ва саъи тақсими ҳокимиятро доштанд.[4] Ин ваъияти ногувор дар шаклу намуди парчами он давра ифода гардид, ки дар он ваҳдату ягонагӣ, мақсаду мароми умум, ғояи муттаҳидгари амиқ дида намешавад ва танҳо ишорате ба мавҷудияти кишвар боқӣ мондааст.
Ҳамин тавр, дарки ҳуқуқу озодиҳо, масъулиятдорӣ аз арзишу манфиатҳои милливу давлатӣ аз ҷониби ҷомеа дар замони соҳибислиқлолӣ хеле муҳим аст. Масъалаи истиҷлолияти сиёсӣ бошад бо макон, замон ва низоми арзишҳо ва рамзҳои сиёсӣ пайвасти ногусастанӣ дорад.
Парчами миллӣ рамзи фарқкунандаи давлаӣ, ҳудудҳои марзии давлатии он мебошад, ки бо рангу нишонаҳои махсус ифода ёфта бо санадҳои қонунгузории махсус танзим карда мешавад.[5]
Иҷлосияи 16-ми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини кишвар нақш ва мавқеи ҳалкунанда дошта барои ҳалли фаврии масоили истиқрори сулҳ, инчунин тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми бесобиқа гузоштааст. Дар он сароғози таҳаввули бунёдӣ дар зиндагии иҷтимоӣ ва низоми идории кишвар гузошта шуда бо тасдиқ ва пешниҳоди Парчами давлат чун муқаддасоти миллӣ, роҳбарияти олии ишвар оид ба нияти неки зери он муттаҳид кардани тамоми қишрҳои ҷомеа ва ба шоҳроҳи тамаддун ворид намудани Тоҷикистони тозаиистиқлол эълом дошт. Азбаски вазъи кишвар хеле ноором буд, танҳо дар соли 1999 низомномаи марбут қабул ва тартиби афрохтан ва тасвири он муқаррар карда шуд. Бо истифода аз ташаббуси қонунгузории хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуда дар он тартиби афрохтани Прачам ва ҷойгиркунии тасвири он пешбинӣ гардид. Дар ин Қонун ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди кишвар будани Парчами давлатӣ эътироф гардида, худи Қонун 12 майи соли 2007 қабул гардид. Дар пешгуфтори қонуни мазкур гуфта мешавад: “Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди Миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”.[6]
Эътироф гардидани Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ рамзи ватандорӣ ва самимона дуст доштани Ватани маҳбуб, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва муҳтараму азиз донистани ҳар қатра хоку оби он ба шумор меравад. Меҳру муҳаббат ба Ватан эҳсоси олӣ аст ва алоҳаи шадидтар аз меҳри Ватан вуҷуд надорад. Тавре Мавлонои бузургвор мегуяд:
Дар сафар гар Рум бинӣ ё Хутан,
Аз дили ту кай равад ҳуббулватан?[7]
Парчами парафшон ифодаи обоодии ватан буда, акси он – нишонаи таназзули ҳар гун мамлакат аст. Парчам ифодаи нангу номи ҳар шаҳрванд, баёнгари истиқлоли мамлакат, ифодаи иззату икроми миллат, таҷассумгари ормонҳои миллӣ, инъикосгари фарҳангу тамаддун, азму иродаи устувори мардум, пайвандагари дирузу имруз, қутбнамои фардои нек ва ҳидоягари иттиҳоду ҳамбастагии мардуми кишвар ба шумор меравад. Маҳз ҳамин арзишҳо дар мазмуну муҳтавони рамзии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфта, аввалин маротиба дар таърихи навини он пайванди миллатро бо таърихи куҳани худ ифода менамояд.
Парчами миллии мо таърихи бою ғании чандинҳазорсоларо дар худ бо рамзи шери паррони ниёкони ориёӣ ва тоҷи заррини Исмоили Сомонӣ таҷассум намуда моро бо қавмҳои ориёӣ, ки яке аз аввалин қавмҳои олам буда ойини парчамдориро ҷорӣ кардаанд, пайванд медиҳад. Он моро бо аввалин давлати комили миллӣ, ки тавонист рушду нумуи фарҳангӣ, илмӣ, иҷтисодии кишварро таъмин намуда пойдевори миллати тоҷикро гузорад, тавъам месозад. Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзуб ормонҳои ҳар як миллату давлат аст. Ливои миллӣ қувваи сафарбар ва муттаҳидгари қавӣ дорад, ки барои муттаҳиду воҳид шудан даъват менамояд. Он ифодагари ватандустиву миҳанпарварӣ буда илҳомбахши ҷидду ҷаҳди мардум барои дифои марзу буми муқаддаси ватан, эъмори ҷомеаи адолатпарвари оянда мебошад. Он нишонаи бақоми давлат, ваҳдау ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ мебошад. Ҷорӣ кардани оини наҷиби парчамдории ниёгор дар байни ҷавонон дар онҳо ҳисси ифтихори ватандорӣ ва дарки масъулияти онро мепарварад.
Тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар руҳияи ватандустӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ аз ҷумлаи нуктаҳои муҳими стратегияи давлат ба шумор меравад. Насли ҷавон, ки даҳшат ва вазнинии тоқатфарсо ва маҳрумиятҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-умро надидааст, метавонад таҳти таъсири фарҳангҳои ғайр қарор гирад. Бинобар ин дар байни ҷавонону наврасон мебояд аз синну соли томактабӣ ва мактабӣ то таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҳисси муҳаббат ба Ватан ва ватанпарастӣ ташаккул дода шуда онҳоро дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, махсусан Парчами давлатӣ тарбия намуд.
24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХУ1- таърихии Шурои Олии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистонро таъсис дода минбаъд ин санаро ҳамчун Рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуд. Дар ин руз аҳолии кишвар худро бори дигар ҳамдилу ҳамнабзи он рузҳои таърихӣ дониста садоқати худро ба ин муқаддасоти олӣ ифода менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам бою ғанӣ гардонидани ҳисси ватандориву ифизори миллӣ 30ми августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе –пойтахти кишвар Парчами давлатии Тоҷикистонро бо тамоми шукуҳу ҷалоли нотакрораш, бо баландии 165 метр парафшон намуданд. Минбаъд ин иқдоми наҷибро мардуми кишвар ба роҳбарӣ гирифта, дар ҳар маркази воҳиди маъмурии худ Парчами давлатии Тоҷикистонро бо обод кардани боғу гулгаштҳои зебо бо тарзу намуди беҳтарини меъмориву шаҳрсозӣ эъмор намуда дар он ҷо бо арҷгузорӣ ва эҳтиром ба ин анъанаи ниёгон чорабиниҳои муҳими давлатӣ, тарбиявиву фарҳангӣ баргузор ва лаҳзаҳои нотакрори ҳаёташонро қайд менамоянд. Дар ин ҷои муқаддас кудакони мо аввалин дарси сиёсии худро бо дарки рамзиёти парчам меомузанд, ки онро Президенти кишвар хеле хуб шарҳ додаанд: “Рангҳои парчами миллӣ ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарзанги миллӣ ва сиёсӣ буда, Ранги сурх-рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед-нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабх- нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррумӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.[8]
Аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мо Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар маркази он тасвири Дирафши Ковиён иъикос ёфта он рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад. Шери болдор, ки дар маркази Дирафши Ковиён ҷойгир шудааст рамзи қудрат, нерумандӣ ва шукуҳи давлат буда он дар руи осмони кабул инъикос ёфтааст. Тоҷ ва ҳафт ситора ифодагари асоси Нишони давлатии кишвар буда дар қисмати болоии чубдасти Ливо лавҳаи заррин бо номи насаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри муҳлати салоҳияти конститутсионии ӯ ҳаккокӣ шудааст. Нуги ҷубдасти Ливо шакли гунбази зариинро дорад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани эҳтироми он ҷавобгарӣ муайян намудааст. Дар он таҳқири рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар шакле ки набошад манъ карда шудааст.
Хулоса, парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ таърихан дар тамаддуни башарият ифодагари арзишҳои муҳими фарҳангт, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва аз ҳама муҳим, ҳарбии миллатҳои соҳибистиқлол мебошад. Парчам матое мебошад, ки аксаран дар қисмати болоии чуб ва ё дигар воситае, амсоли нуги найза, ҳамеша барои намоён будан бо бардоштан ба баландии муайян, нигоҳ догтан дар қисмати болоии қасрҳо ва жар хаймаи размгоҳ парафшон мегашт. Парчам мутамарказии ғояи сиёсӣ буда, ду вазифаи асосӣ огоҳонии аҳолӣ ва ифодаи ҳокимиятро таҷассум менамояд.

ФОЛКЛОРШИНОС 100-СОЛА МЕШАВАД

   Дирӯз бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ дар толори Шурои олимони Институт ба муносибати 100-солагии фолклоршиноси тавоно, академик Раҷаб Амонов Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Раҷаб Амонов ва рушди фолклоршиносии тоҷик” баргузор гардид. 
   Дар конференсия директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ доктори илмҳои филологӣ Шарифзода Фарангис дар мавзуи “Корномаи илмии академик Раҷаб Амонов”, академик Носирҷон Салимӣ дар мавзуи “Рамзошнои маънӣ”, академик Кароматулло Олимов дар мавзуи “Муҳаққиқи варзидаи фолклори тоҷик”, профессори ДМТ Равшан Раҳмонӣ дар мавзуи “Академик Раҷаб Амонов ва масъалаҳои фолклоршиносии тоҷик”, мудири шуъбаи таҳрири Энсиклопедияи миллии тоҷик Шамсиддин Орумбекзода дар мавзуи “Садоқати устоду шогирд (академик Раҷаб Амонов ва профессор Нисор Шакармамад”, мудири шуъбаи фолклор, номзади илмҳои филологӣ Абдуламин Мажнунов дар мавзуи “Саҳми академик Раҷаб Амонов дар таъсис ва ташаккули шуъбаи фолклор дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ”, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти ДДОТ ба номи С.Айнӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саъдӣ Қосимӣ дар мавзуи “Нақши Раҷаб Амонов дар таҳияи китобҳои дарсии фолклоршиносӣ”, мудири Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ дар мавзуи “Шинохти рубоӣ ва рамзҳои он дар таҳқиқоти академик Раҷаб Амонов”, декани факултети филологияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдулмаҷид Қурбонов дар мавзуи “Раҷаб Амонов муҳаққиқи фолклори мардуми Кӯлоб” суханронӣ намуданд.
Дар музокира Шамсиддин Муҳаммадиев, Равшан Раҳмонӣ, Дилшод Раҳимӣ ва Шодигул Умарова суханронӣ намуданд. Дар анҷоми конференсия чунин пешниҳодҳо ироа гардиданд:
Дар шаҳри Душанбе кӯчае ба номи академик Раҷаб Амонов гузошта шавад.

ПАРЧАМ - РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

   Бо ин унвон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар санаи 22.11.2023 дар маҷлисгоҳи АМИТ Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш суханварон инҳоянд:
1. Маҳмадҷонова М., доктори илмҳои фалсафа ("Парчам-рамзи давлатдорӣ ва ватанпарварӣ");
2. Шарифзода А., номзади илмҳои таърих ("Тасвири парчами Каёнӣ дар сиккаҳои қадима");
3. Мирзоев Ҷ.А., номзади илмҳои таърих ("Парчам-рамзи истиқлоли давлатӣ");
4. Музокира ва мубодилаи афкор;
5. Дипломсупорӣ ба аъзои хориҷии АМИТ, ба профессори физика дар Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи Чунсин, директори Институти инноватсионии CQURT-BUL Чонг Генг Ма.
Мо дар саҳифаи фейсбукиамон маърӯзаҳои муаллифонро гузоштем ва афроде, ки мехоҳанд бо тарзи андешаронии онҳо ошно шаванд, метавонанд ба сафҳаи мо рӯ оваранд.

ПАРЧАМИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

 
Муаллиф: номзади илмҳои таърих
Ҷӯрабек Мирзоев
Дар воқеъ, мавзуи таърихи парчамдорӣ ва нақши парчам дар таърихи муборизаҳои озодихоҳонаи халқҳои ҷаҳон, аз ҷумла халқҳои ориёитабор аз зумраи мавзуотест ниҳоят доманадор ва густурда. Халқҳои ҷаҳон, хоса тоҷикон, ки дар дарозои таърих бештар аз дигарон мавриди таҷовузи бегонагон қарор гирифтааст, зимни муборизаҳои озодихоҳона баҳри расидан ба истиқлолият, ки гаронмоятарин арзиш барои ҳар миллати озода маҳсуб меёбад, таҳти парчаме, ливое ё аламе, шуруъ аз пешдомани чармини Коваи оҳангар то парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид мешуданд. Аз ин лиҳоз, парчам пеш аз ҳама, таҷассумгари муборизаҳои тӯлонии озодихоҳона ва гувоҳи руҳияи истиқлолиятхоҳонаи ҳар миллат ба ҳисоб меравад.
Бояд тазаккур дод, ки парчами тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо борҳо таҳаввул кардааст, вале рисолати истиқлолиятхоҳии хешро маҳфӯз дошта, то ба ҳади рамз ё муқаддасоти давлатӣ, ва ё рамзи истиқлолияти давлатӣ омада расидааст. Вале бо ҷурми маҳдудияти фурсат, ман ин лаҳза на дар мавриди таърихи парчамдории тоҷикон, балки танҳо дар мавриди парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чигунагии ҳамчун яке аз рамзҳои давлатӣ қарор гирифтани он, кӯшиш мекунам, ки чанд сухане гуфта бошам.
Дар ҳақиқат, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ва соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриҳои он зарурият ба миён омад, ки ҳар давлати мустақил парчами худро дошта бошад. Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул карда шуда, яке аз рамзҳои муҳимми истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзӯву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Дар таърихи 29 октябри соли 2009 дар конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷибе пешниҳод гардид, ки 24 ноябр рӯзи Парчами миллӣ эълон карда шавад ва ҳамасола ҳамчун рӯзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта шавад. Бо мақсади амалӣ намудану асоси ҳуқуқӣ бахшидан 3 ноябр ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон лоиҳаи қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи ворид намудани илова ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва 19 ноябри ҳамон сол Парламенти Тоҷикистон онро тасдиқ кард. Бояд қайд намуд, ки ин инқдоми наҷибу нек идомаи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи ҳукумат ва давлати Тоҷикистон буда, аз ҳар як сокини кишвар ҳисси баланди ватандӯстӣ ва дарки масъулиятро тақозо намуда, насли ҷавони имрӯзаро дар руҳияи баланди хештаншиносиву меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд.
Лозим ба зикр аст, ки Парчам ҳарчанд дар таъриху фарҳанги миллати тоҷик мақоми шоистаеро касб карда бошад ҳам, вале то таъсисёбии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ Тоҷикистон, кишвари мо ба таври расмӣ соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллии мустақил набуд. Ҳатто то соли 1929 дар ҳуҷҷатҳои муҳимтарини давлатию ҳукуматӣ, дар мӯҳрҳо ва варақаҳои соҳавии ташкилоту муассисаҳо акси Нишон ва Парчами Ӯзбекистон нақш баста буд. Соли 1929 баробари таъсисёби ҶШС Тоҷикистон Кумитаи Иҷроияи Марказии Шуроҳои Тоҷикистон дар бораи қабул ва тасдиқи Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон қарор қабул кард ва бори аввал ба таври расмӣ Тоҷикистон соҳиби Парчам ва Нишони давлатӣ гардид.
20-марти соли 1953 Укази Президуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба байрақи РСС Тоҷикистон интишор гардид, ки мувофиқи он матоъи байрақ аз чор рахи ранги уфуқӣ ташкил ёфта, рахи сабз даҳяк ва рахи сурхи поён панҷяки байрақро фаро мегирифт, дар рахи сурхи боло досу болға ва аз он болотар ситораи сурх акс ёфта буд ва ҳар ранг мазмунеро далолат мекард. Масалан: ранги сурх - ифодаи анъана ва муборизаи инқилобии халқи Шуравӣ буда, ранги сафед - инкишофи пахтакориро ҳамчун соҳаи асосии истеҳсолот ва ранги сабз - аз мавҷудияти боғу токзорҳо, дарахтпарварӣ шаҳодат медод. Ин рангу ифодаҳо то даврони истиқлолият боқӣ монданд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матоъи росткунча буда, дар он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст, рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар аст, рахи сафеди байн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад. Дар рӯи рахи сафед аз ҷои чӯбдаста дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Рангҳои парчам ва тасвирҳои дар он нақшгардида рамзҳои махсусро ифода мекунад. Вобаста ба рангҳо ва тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар Сардори давлат чунин қайд кардаанд: «Рангҳои парчами миллии мо ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ мебошанд. Ранги сурх - муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед- нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз - нишонаи сарсабзиву шукуфойӣ, сарбаландию хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Эълон гардидани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон масъалаи тағийр ва қабули рамзҳои давлатӣ: Парчам, Нишон ва Суруди миллиро ба миён овард. Ҳанӯз 12-ноябри соли 1991 Президуми Шурои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон бо дарназардошти эъломияи истиқлолияти давлатӣ ва дархости халқ озмун барои беҳтарин матну оҳанги Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ қарор қабул намуда, низомномаро дар бораи шартҳои асосӣ барои беҳтарин акси Нишон ва Парчам эълон намуд, ки чунин талаботҳоро доро буд.
-Парчам ва нишон бояд муҳимтарин омилҳои худогоҳиву хештаншиносӣ ва ифтихори давлатдории миллиро ифода кунанд;
-Парчам ва нишон бояд рангҳои миллии худро дошта, инъикосгари таъриху фарҳанги куҳан ва тамаддуни бузурги халқи тоҷик бошанд. Барои эҳёи миллати тоҷик мусоидат карда, пайвандгари наслҳо бошанду ба арзишҳои башарӣ мувофиқат намоянд.
Дар баробари ин қайд гардида буд, ки аз он принсипу аксҳое, ки дар Парчаму Нишони мо дар даврони Шуравӣ акс ёфта буданд, даст кашида шавад. Зеро ҷомеаи Шуравӣ арзишҳои маънавиро рад карда, бештар ба арзишҳои моддӣ ва иҷтимоиву синфӣ такя менамуд. Аз ин ҷост, ки дар Парчаму Нишонҳои даврони Шуравӣ арзишҳои моддиву истеҳсолӣ досу болға, ҳамчун асбоби кории коргару деҳқон, ки ифодагари рамзи синфӣ буд, барги току ангур, манораи нафткашӣ ҳамчун мояи ифтихори ҳар як миллат эълон гардида буд, акс ёфта буданд. Хӯшаи гандум бошад, чун асоси ҳаёти моддӣ мақом ёфта буд.
Бо назардошти талаботҳои озмун комиссияи босалоҳият ва ҳайати доварон аз 20 нафар таҳти сарварии Раиси иттифоқи рассомони Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он рассомон, наққошон, олимон, аз ҷумла академикҳо Осимӣ М.С., Масов Р.М. ва Тоҳиров Ф.Т. шомил гардиданд.
Дар натиҷа ба кори комиссия зиёда аз 200 адад тарҳи Нишону Парчам пешниҳод гардид. Аз ин ҳама пешниҳодҳо тарҳи Нишон ва Парчаме ҷои аввалро соҳиб шуд, ки сарварии гурӯҳи кории онро рассом Зуҳур Ҳабибуллоев ба ӯҳда дошта, муаллифи бевоситаи Парчам Маҳмадулло Сайдалиев буд. Парчами мазкур барои тасдиқ ва қабул ба Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо асоси давлатдории навинро гузошт, балки рамзҳои асосии давлати куҳанбунёду тозаистиқлоли тоҷиконро дар таърихи 24 ноябри соли 1992 қабул намуд.
Ногуфта намонад, ки дар атрофии аксҳои нишон, рангҳои Парчам, тоҷу ҳафт ситораи он дар ҷараёни кори сессия баҳсҳои тӯлонӣ ба миён омада бошанд ҳам, Парчами миллӣ дар шакли имрӯзи он - аз се ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора қабул гардид, ки ҳар ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора ба худ хос моҳияти таърихӣ ва аҳаммияти сиёсиро дороанд.
Ранги сурх дар Парчам - ҳамчун рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият маънидод мегардад. Зеро дар тасаввуроти аҷдоди мо ранги сурх ҳамчун рамзи шӯои офтоб, ки оламро мунаввар месозад, рамзи равшанию рӯсурхӣ таҷаллӣ меёфт. Ранги сурх Парчами моро ба дирафши Ковёнӣ мепайвандад, ки он ҳам ранги сурх доштааст.
Ранги сафед дар Парчам -ҳамчун рамзи бахту иқболи сафед, покизагӣ ифода ёфтааст, ки дар гузашта ҳамчун рамзи тозагӣ, рамзи ҳаёт ва абадият ва заволи зулматро далолат мекард.
Ранги сабз дар Парчам-ҳамчун нишонаи саъйу кӯшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани ватан ифода ёфтааст, ки дар гузашта маънои рамзи зиндагӣ ва сарсабзиро дошт.
Вобаста ба акси тоҷ ва ҳафт ситораи Парчам ҳаминро бояд қайд намуд, ки он низ дар фарҳанг ва тамаддуни мо решаи тӯлонии таърихиро дорост. Акси тоҷ дар парчами миллӣ маънои соҳибдавлатӣ ва анъанаҳои бузурги давлатдории кӯҳанро ифода мекунад. Зеро тоҷикон аз қабили он миллатҳои тамаддунофаре мебошанд, ки давлатҳои шукӯҳмандро ба майдони таърих овардаанд ва ҳақ доранд, ки имрӯз худро як халқи ифтихорманду тоҷдор бидонанд. Аз ин лиҳоз, акси тоҷ дар Парчами миллӣ аломати ҳамин ифтихори миллӣ буда, азму ирода дар роҳи устуворӣ бахшидан ба давлати миллист.
Дар масъалаи ҳафт ситораи Парчам бошад, бояд зикр намуд, ки шумораи ҳафт дар ҷаҳонфаҳмии мардуми мо шумораи бахосият ҳисобида шуда маънии он моҳияти олами ҳастиро ифода мекунад. Чунончӣ: ҳафт иқлим, ҳафт сайёра, ҳафт қабати осмон, ҳафт син, ҳафт шин, ҳафт рӯзи ҳафта ва ғайра. Аз ин рӯ, зинатбахши парчами миллӣ гардидани тоҷ ва ҳафт ситораи пурасрор боиси хӯшӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.
Бо назардошти таърихи парчамдории халқи тоҷик баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон парчами давлатиро ҳамчун рамзи давлатдорӣ муқаррар намуд. Рамзҳои давлатии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» танзим мегардад.
Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст». Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талош пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.
Бояд қайд намуд, ки Парчам рамзи ягонагии давлат ва миллат мебошад. Дар зери Парчам кормандони мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳимояи марзу бум, якпорчагӣ, таъмини ҳаёти осоишта, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ба Ватан ва ба халқ содиқона савганд ёд мекунанд. Чунин амалҳо воситаи тавонои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандустӣ, садоқат ба Ватану савганд ва ифтихор аз рамзҳои давлатӣ мебошад.
Бигзор Парчами миллӣ ҳамеша чун ҷузъе аз муқаддасоти миллӣ моро ба сӯи ягонагию ваҳдат, сулҳу субот раҳнамо бошаду дар роҳи пурпечутоби инкишофи ҷаҳони муосир барои дастовардҳои нав дар сари мо ҷилвагар бошад. Боиси ифтиҳор аст, ки имрӯз ин Парчами муқаддас ливои озодию истиқлолият, ливои сиёсати созандагиву бунёдкорӣ ва меҳнати фидокоронаи халқамон баҳри шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол раҳнамо мебошад. Бинобар ин ҳар яки мову Шуморо зарур аст, ки бо як ҳисси баланди шаҳрвандию ифтихори миллӣ ва дарки масъулият нисбат ба рамзҳои давлатӣ: Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, нисбат ба суннату арзишҳои олии давлату давлатдорӣ арҷгузорӣ намоем. Бояд ин амал ба қарзи шаҳрвандӣ ва номуси ватандории мо мубаддал гардад. Дар баробари ин бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ дар зери ҳимояи қонун ва давлат қарор гирифтаанд.
Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ, арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта, имрӯз ва фардои халқ буда, яке аз омилҳои муҳимми худшиносӣ ба ҳисоб меравад.
Бигзор партавфишонии Парчами давлатӣ дар маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ҳисси ифтихор аз ватандории тоҷикони ҷаҳон бошаду расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси ватани соҳибистиқлол қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо қарор бигирад.

Маҷмӯаи мақолаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ таҳти унвони "Пешвои миллат, истиқлоли давлатӣ ва илми тоҷик", ки соли 2022 дар нашрияи "Дониш" чоп шудааст, имрӯз дар санаи 21.11.2023 дар толори "Маркази омӯзиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат" муаррифӣ гард

    Возможно, это изображение текст  Дар муаррифии китоби мазкур ходимони илмии Институтҳои ҷомеашиносии АМИТ иштирок намуданд.Рӯнамоии китоб ҷиҳати баррасии фаъолияти сиёсии Пешвои миллатро ноиби президенти АМИТ Муҳаммад Абдураҳмон ифтитоҳ намуд.

   Дар ин муаррифӣ донишмандони гуногунсоҳа чун Муҳаммадалӣ Музаффарӣ, Ҳайдаршо Пирумшо ва дигарон нигоҳи худро ба китоб баён намуданд.
Мақолаҳои президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ дар мавриди рушду нумӯи илму маърифати инсонӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳми бевоситаи Пешвои бузурги миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули тафаккури илмӣ-техникии ҳамдиёронамон мебошанд ва китоби мазкур аз 10 мақола иборат аст.
Муаллиф дар сарсухани хеш қайд кардааст: "Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини бақою ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё кардани арзишҳои волои фарҳангии миллӣ хизматҳои шоиста кардааст".
  Маҷмӯаи мақолаҳо фаъолияти сиёсӣ, илмӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Пешвои миллатро дар давоми сӣ соли соҳибистиқлолӣ муаррифӣ намуда, нозукиҳои инчунин фаъолиятро дар кирдори Лидери миллат мавриди баррасӣ қарор додааст.
Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати таъмин намудани рушди илму техника ва сайқал додани ҷаҳонбинии сиёсии ҳамватанони мо ба олимони мамлакат фароҳам овардааст, ки дар самти ихтирокориву пажӯҳишҳои илмӣ сахткӯш бошанд.