joomla
free templates joomla

ПАРЧАМИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

 
Муаллиф: номзади илмҳои таърих
Ҷӯрабек Мирзоев
Дар воқеъ, мавзуи таърихи парчамдорӣ ва нақши парчам дар таърихи муборизаҳои озодихоҳонаи халқҳои ҷаҳон, аз ҷумла халқҳои ориёитабор аз зумраи мавзуотест ниҳоят доманадор ва густурда. Халқҳои ҷаҳон, хоса тоҷикон, ки дар дарозои таърих бештар аз дигарон мавриди таҷовузи бегонагон қарор гирифтааст, зимни муборизаҳои озодихоҳона баҳри расидан ба истиқлолият, ки гаронмоятарин арзиш барои ҳар миллати озода маҳсуб меёбад, таҳти парчаме, ливое ё аламе, шуруъ аз пешдомани чармини Коваи оҳангар то парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид мешуданд. Аз ин лиҳоз, парчам пеш аз ҳама, таҷассумгари муборизаҳои тӯлонии озодихоҳона ва гувоҳи руҳияи истиқлолиятхоҳонаи ҳар миллат ба ҳисоб меравад.
Бояд тазаккур дод, ки парчами тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо борҳо таҳаввул кардааст, вале рисолати истиқлолиятхоҳии хешро маҳфӯз дошта, то ба ҳади рамз ё муқаддасоти давлатӣ, ва ё рамзи истиқлолияти давлатӣ омада расидааст. Вале бо ҷурми маҳдудияти фурсат, ман ин лаҳза на дар мавриди таърихи парчамдории тоҷикон, балки танҳо дар мавриди парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чигунагии ҳамчун яке аз рамзҳои давлатӣ қарор гирифтани он, кӯшиш мекунам, ки чанд сухане гуфта бошам.
Дар ҳақиқат, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ва соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриҳои он зарурият ба миён омад, ки ҳар давлати мустақил парчами худро дошта бошад. Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул карда шуда, яке аз рамзҳои муҳимми истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзӯву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Дар таърихи 29 октябри соли 2009 дар конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷибе пешниҳод гардид, ки 24 ноябр рӯзи Парчами миллӣ эълон карда шавад ва ҳамасола ҳамчун рӯзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта шавад. Бо мақсади амалӣ намудану асоси ҳуқуқӣ бахшидан 3 ноябр ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон лоиҳаи қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи ворид намудани илова ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва 19 ноябри ҳамон сол Парламенти Тоҷикистон онро тасдиқ кард. Бояд қайд намуд, ки ин инқдоми наҷибу нек идомаи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи ҳукумат ва давлати Тоҷикистон буда, аз ҳар як сокини кишвар ҳисси баланди ватандӯстӣ ва дарки масъулиятро тақозо намуда, насли ҷавони имрӯзаро дар руҳияи баланди хештаншиносиву меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд.
Лозим ба зикр аст, ки Парчам ҳарчанд дар таъриху фарҳанги миллати тоҷик мақоми шоистаеро касб карда бошад ҳам, вале то таъсисёбии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ Тоҷикистон, кишвари мо ба таври расмӣ соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллии мустақил набуд. Ҳатто то соли 1929 дар ҳуҷҷатҳои муҳимтарини давлатию ҳукуматӣ, дар мӯҳрҳо ва варақаҳои соҳавии ташкилоту муассисаҳо акси Нишон ва Парчами Ӯзбекистон нақш баста буд. Соли 1929 баробари таъсисёби ҶШС Тоҷикистон Кумитаи Иҷроияи Марказии Шуроҳои Тоҷикистон дар бораи қабул ва тасдиқи Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон қарор қабул кард ва бори аввал ба таври расмӣ Тоҷикистон соҳиби Парчам ва Нишони давлатӣ гардид.
20-марти соли 1953 Укази Президуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба байрақи РСС Тоҷикистон интишор гардид, ки мувофиқи он матоъи байрақ аз чор рахи ранги уфуқӣ ташкил ёфта, рахи сабз даҳяк ва рахи сурхи поён панҷяки байрақро фаро мегирифт, дар рахи сурхи боло досу болға ва аз он болотар ситораи сурх акс ёфта буд ва ҳар ранг мазмунеро далолат мекард. Масалан: ранги сурх - ифодаи анъана ва муборизаи инқилобии халқи Шуравӣ буда, ранги сафед - инкишофи пахтакориро ҳамчун соҳаи асосии истеҳсолот ва ранги сабз - аз мавҷудияти боғу токзорҳо, дарахтпарварӣ шаҳодат медод. Ин рангу ифодаҳо то даврони истиқлолият боқӣ монданд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матоъи росткунча буда, дар он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст, рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар аст, рахи сафеди байн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад. Дар рӯи рахи сафед аз ҷои чӯбдаста дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Рангҳои парчам ва тасвирҳои дар он нақшгардида рамзҳои махсусро ифода мекунад. Вобаста ба рангҳо ва тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар Сардори давлат чунин қайд кардаанд: «Рангҳои парчами миллии мо ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ мебошанд. Ранги сурх - муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед- нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз - нишонаи сарсабзиву шукуфойӣ, сарбаландию хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Эълон гардидани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон масъалаи тағийр ва қабули рамзҳои давлатӣ: Парчам, Нишон ва Суруди миллиро ба миён овард. Ҳанӯз 12-ноябри соли 1991 Президуми Шурои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон бо дарназардошти эъломияи истиқлолияти давлатӣ ва дархости халқ озмун барои беҳтарин матну оҳанги Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ қарор қабул намуда, низомномаро дар бораи шартҳои асосӣ барои беҳтарин акси Нишон ва Парчам эълон намуд, ки чунин талаботҳоро доро буд.
-Парчам ва нишон бояд муҳимтарин омилҳои худогоҳиву хештаншиносӣ ва ифтихори давлатдории миллиро ифода кунанд;
-Парчам ва нишон бояд рангҳои миллии худро дошта, инъикосгари таъриху фарҳанги куҳан ва тамаддуни бузурги халқи тоҷик бошанд. Барои эҳёи миллати тоҷик мусоидат карда, пайвандгари наслҳо бошанду ба арзишҳои башарӣ мувофиқат намоянд.
Дар баробари ин қайд гардида буд, ки аз он принсипу аксҳое, ки дар Парчаму Нишони мо дар даврони Шуравӣ акс ёфта буданд, даст кашида шавад. Зеро ҷомеаи Шуравӣ арзишҳои маънавиро рад карда, бештар ба арзишҳои моддӣ ва иҷтимоиву синфӣ такя менамуд. Аз ин ҷост, ки дар Парчаму Нишонҳои даврони Шуравӣ арзишҳои моддиву истеҳсолӣ досу болға, ҳамчун асбоби кории коргару деҳқон, ки ифодагари рамзи синфӣ буд, барги току ангур, манораи нафткашӣ ҳамчун мояи ифтихори ҳар як миллат эълон гардида буд, акс ёфта буданд. Хӯшаи гандум бошад, чун асоси ҳаёти моддӣ мақом ёфта буд.
Бо назардошти талаботҳои озмун комиссияи босалоҳият ва ҳайати доварон аз 20 нафар таҳти сарварии Раиси иттифоқи рассомони Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он рассомон, наққошон, олимон, аз ҷумла академикҳо Осимӣ М.С., Масов Р.М. ва Тоҳиров Ф.Т. шомил гардиданд.
Дар натиҷа ба кори комиссия зиёда аз 200 адад тарҳи Нишону Парчам пешниҳод гардид. Аз ин ҳама пешниҳодҳо тарҳи Нишон ва Парчаме ҷои аввалро соҳиб шуд, ки сарварии гурӯҳи кории онро рассом Зуҳур Ҳабибуллоев ба ӯҳда дошта, муаллифи бевоситаи Парчам Маҳмадулло Сайдалиев буд. Парчами мазкур барои тасдиқ ва қабул ба Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо асоси давлатдории навинро гузошт, балки рамзҳои асосии давлати куҳанбунёду тозаистиқлоли тоҷиконро дар таърихи 24 ноябри соли 1992 қабул намуд.
Ногуфта намонад, ки дар атрофии аксҳои нишон, рангҳои Парчам, тоҷу ҳафт ситораи он дар ҷараёни кори сессия баҳсҳои тӯлонӣ ба миён омада бошанд ҳам, Парчами миллӣ дар шакли имрӯзи он - аз се ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора қабул гардид, ки ҳар ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора ба худ хос моҳияти таърихӣ ва аҳаммияти сиёсиро дороанд.
Ранги сурх дар Парчам - ҳамчун рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият маънидод мегардад. Зеро дар тасаввуроти аҷдоди мо ранги сурх ҳамчун рамзи шӯои офтоб, ки оламро мунаввар месозад, рамзи равшанию рӯсурхӣ таҷаллӣ меёфт. Ранги сурх Парчами моро ба дирафши Ковёнӣ мепайвандад, ки он ҳам ранги сурх доштааст.
Ранги сафед дар Парчам -ҳамчун рамзи бахту иқболи сафед, покизагӣ ифода ёфтааст, ки дар гузашта ҳамчун рамзи тозагӣ, рамзи ҳаёт ва абадият ва заволи зулматро далолат мекард.
Ранги сабз дар Парчам-ҳамчун нишонаи саъйу кӯшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани ватан ифода ёфтааст, ки дар гузашта маънои рамзи зиндагӣ ва сарсабзиро дошт.
Вобаста ба акси тоҷ ва ҳафт ситораи Парчам ҳаминро бояд қайд намуд, ки он низ дар фарҳанг ва тамаддуни мо решаи тӯлонии таърихиро дорост. Акси тоҷ дар парчами миллӣ маънои соҳибдавлатӣ ва анъанаҳои бузурги давлатдории кӯҳанро ифода мекунад. Зеро тоҷикон аз қабили он миллатҳои тамаддунофаре мебошанд, ки давлатҳои шукӯҳмандро ба майдони таърих овардаанд ва ҳақ доранд, ки имрӯз худро як халқи ифтихорманду тоҷдор бидонанд. Аз ин лиҳоз, акси тоҷ дар Парчами миллӣ аломати ҳамин ифтихори миллӣ буда, азму ирода дар роҳи устуворӣ бахшидан ба давлати миллист.
Дар масъалаи ҳафт ситораи Парчам бошад, бояд зикр намуд, ки шумораи ҳафт дар ҷаҳонфаҳмии мардуми мо шумораи бахосият ҳисобида шуда маънии он моҳияти олами ҳастиро ифода мекунад. Чунончӣ: ҳафт иқлим, ҳафт сайёра, ҳафт қабати осмон, ҳафт син, ҳафт шин, ҳафт рӯзи ҳафта ва ғайра. Аз ин рӯ, зинатбахши парчами миллӣ гардидани тоҷ ва ҳафт ситораи пурасрор боиси хӯшӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.
Бо назардошти таърихи парчамдории халқи тоҷик баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон парчами давлатиро ҳамчун рамзи давлатдорӣ муқаррар намуд. Рамзҳои давлатии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» танзим мегардад.
Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст». Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талош пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.
Бояд қайд намуд, ки Парчам рамзи ягонагии давлат ва миллат мебошад. Дар зери Парчам кормандони мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳимояи марзу бум, якпорчагӣ, таъмини ҳаёти осоишта, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ба Ватан ва ба халқ содиқона савганд ёд мекунанд. Чунин амалҳо воситаи тавонои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандустӣ, садоқат ба Ватану савганд ва ифтихор аз рамзҳои давлатӣ мебошад.
Бигзор Парчами миллӣ ҳамеша чун ҷузъе аз муқаддасоти миллӣ моро ба сӯи ягонагию ваҳдат, сулҳу субот раҳнамо бошаду дар роҳи пурпечутоби инкишофи ҷаҳони муосир барои дастовардҳои нав дар сари мо ҷилвагар бошад. Боиси ифтиҳор аст, ки имрӯз ин Парчами муқаддас ливои озодию истиқлолият, ливои сиёсати созандагиву бунёдкорӣ ва меҳнати фидокоронаи халқамон баҳри шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол раҳнамо мебошад. Бинобар ин ҳар яки мову Шуморо зарур аст, ки бо як ҳисси баланди шаҳрвандию ифтихори миллӣ ва дарки масъулият нисбат ба рамзҳои давлатӣ: Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, нисбат ба суннату арзишҳои олии давлату давлатдорӣ арҷгузорӣ намоем. Бояд ин амал ба қарзи шаҳрвандӣ ва номуси ватандории мо мубаддал гардад. Дар баробари ин бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ дар зери ҳимояи қонун ва давлат қарор гирифтаанд.
Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ, арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта, имрӯз ва фардои халқ буда, яке аз омилҳои муҳимми худшиносӣ ба ҳисоб меравад.
Бигзор партавфишонии Парчами давлатӣ дар маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ҳисси ифтихор аз ватандории тоҷикони ҷаҳон бошаду расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси ватани соҳибистиқлол қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо қарор бигирад.

ПАРЧАМ - РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

   Бо ин унвон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар санаи 22.11.2023 дар маҷлисгоҳи АМИТ Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш суханварон инҳоянд:
1. Маҳмадҷонова М., доктори илмҳои фалсафа ("Парчам-рамзи давлатдорӣ ва ватанпарварӣ");
2. Шарифзода А., номзади илмҳои таърих ("Тасвири парчами Каёнӣ дар сиккаҳои қадима");
3. Мирзоев Ҷ.А., номзади илмҳои таърих ("Парчам-рамзи истиқлоли давлатӣ");
4. Музокира ва мубодилаи афкор;
5. Дипломсупорӣ ба аъзои хориҷии АМИТ, ба профессори физика дар Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи Чунсин, директори Институти инноватсионии CQURT-BUL Чонг Генг Ма.
Мо дар саҳифаи фейсбукиамон маърӯзаҳои муаллифонро гузоштем ва афроде, ки мехоҳанд бо тарзи андешаронии онҳо ошно шаванд, метавонанд ба сафҳаи мо рӯ оваранд.

ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ҲАЙАТИ 5-НАФАРАИ ИНСТИТУТИ СИЁСАТ ВА МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲИ ЛАНДЖОУИ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ХИТОЙ

   Санаи 16 ноябри соли 2023 вохӯрии роҳбарияти Институти иқтисодиёт ва демография Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати 5-нафараи Институти сиёсат ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Ланджоуи Ҷумҳурии Халқии Хитой Цзяо Ичянг – профессори Институти сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои хориҷии Донишгоҳи Ланджоу, Динг Шучин – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори Донишгоҳи Ланджоу, Вей Цзиншен – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти Институти сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои хориҷии Донишгоҳи Ланджоу, Чжан Юян – доктори имлҳои сиёсатшиносӣ, дотсенти Институти таҳқиқоти Осиёи Марказӣ ва Институти сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои хориҷии Донишгоҳи Ланджоу, Сун Сювен – номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсенти Институти таҳқиқоти Осиёи Марказӣ ва Институти сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои хориҷии Донишгоҳи Ланджоу баргузор гардид.
  Дар рафти сӯҳбат ба масъалаҳои дурнамои ҳамкориҳои илмӣ – таҳқиқотӣ таваҷҷӯҳ дода, имкониятҳои густариши минбаъдаи равобити ҳар ду кишвар дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳ барои ҳар ду ҷониб муҳим, ба мисли таъмини рушди устувори иқтисод ва амнияти иқтисодӣ, рушди низоми инфрасохтор ва пайвасташавии хатҳои нақлиётӣ бо бозорҳои калони иқтисодӣ, арзёбӣ гардиданд. Зикр гардид, ки пояи илмию таҳқикотӣ дар баррасии масъалаҳои рушд бо таваҷҷуҳ ба ташаббусҳои умумиҷаҳонии Тоҷикистон ва Хитой метавонад саҳми худро дар ривоҷи ҳамкориҳо гузорад.
Изҳори итминон карда шуд, ки доираи ҳамкориҳои илмӣ – таҳқиқотӣ дар самти баррасии ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ва Хитой васеъ буда, метавонанд дар мулоқотҳои оянда мушаххастар асоснок карда шаванд.
Дар раванди мулоқот ҳавасмандии тарафҳо ҷиҳати тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳои илмӣ – таҳлилӣ иброз гардид.
Мулоқот дар фазои муколамаи созанда баргузор гашт.

Маҷмӯаи мақолаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ таҳти унвони "Пешвои миллат, истиқлоли давлатӣ ва илми тоҷик", ки соли 2022 дар нашрияи "Дониш" чоп шудааст, имрӯз дар санаи 21.11.2023 дар толори "Маркази омӯзиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат" муаррифӣ гард

    Возможно, это изображение текст  Дар муаррифии китоби мазкур ходимони илмии Институтҳои ҷомеашиносии АМИТ иштирок намуданд.Рӯнамоии китоб ҷиҳати баррасии фаъолияти сиёсии Пешвои миллатро ноиби президенти АМИТ Муҳаммад Абдураҳмон ифтитоҳ намуд.

   Дар ин муаррифӣ донишмандони гуногунсоҳа чун Муҳаммадалӣ Музаффарӣ, Ҳайдаршо Пирумшо ва дигарон нигоҳи худро ба китоб баён намуданд.
Мақолаҳои президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ дар мавриди рушду нумӯи илму маърифати инсонӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳми бевоситаи Пешвои бузурги миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули тафаккури илмӣ-техникии ҳамдиёронамон мебошанд ва китоби мазкур аз 10 мақола иборат аст.
Муаллиф дар сарсухани хеш қайд кардааст: "Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини бақою ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё кардани арзишҳои волои фарҳангии миллӣ хизматҳои шоиста кардааст".
  Маҷмӯаи мақолаҳо фаъолияти сиёсӣ, илмӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Пешвои миллатро дар давоми сӣ соли соҳибистиқлолӣ муаррифӣ намуда, нозукиҳои инчунин фаъолиятро дар кирдори Лидери миллат мавриди баррасӣ қарор додааст.
Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати таъмин намудани рушди илму техника ва сайқал додани ҷаҳонбинии сиёсии ҳамватанони мо ба олимони мамлакат фароҳам овардааст, ки дар самти ихтирокориву пажӯҳишҳои илмӣ сахткӯш бошанд.

 

 

 

 

ДИРАВШИ КОВАЁНӢ ‒ ТАҲКИМБАХШИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

  Дирафши Ковиёнӣ ҳамон дирафшест дар асотири Эрон, ки Коваи оҳангар пешдомани чармии худро бар сари найза ниҳод ва алайҳи зулму ситами Заҳҳоки морбардӯш бархост. Заҳҳоки морбардӯш мағзи сари 17 писари ӯ ва ҳазорон дигар фарзандони мардуми эронитаборро хӯроки морони худ сохта буд. Коваи оҳангар мардумро атрофи худ ҷамъ овард ва бо роҳбарии ӯ Заҳҳоки мордӯш аз тахт барандохта шуд. Мардум Фаридунро ба маснади шоҳӣ бармегузинанд ва ӯ дастур медиҳад, ки Дирафши Коваёнӣ бо дебоҳои зарду сурху бунафш ороста ва ба он зару гавҳар афзуда шавад ва онро Дирафш ё Парчами шоҳӣ унвон кунанд. Аз он гоҳ баъд Дирафши Коваёнӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва муқовимат ба ҳар гуна зулми дохилию хориҷӣ табдил ёфт ва дар фарҳанги сиёсӣ ва давлатсозии миллӣ зуҳур кард.
Ҷаҳонпаҳлавонони эронзамин ба мисли Рустам, Гударз, Тус, Гев, Сиёвуш ва дигарон ҳар яке диравши худро доштанд, аммо Дирафши Коваёнӣ бар садри онҳо қарор дошт ва ҳангоми дифоъ аз марзу буми ниёкон онро ба унвони иқтидори фарогири маънавӣ ва миллӣ бармеафроштанд.
   Дирафши Коваёнӣ аз ситораи дар миёни чаҳорчӯбаи бунафшранг иборат буда, бо сангҳои қиматбаҳо печонида шудааст ва дар атрофи он тасмаҳои сурх, тилло ва бунафшранг ҷойгиранд. Ситора маънои «бахт»-ро дорад ва агар дирафш аз ҷониби душман забт карда мешуд ё дар майдони ҷанг нобуд мегардид, маънои шикаст хӯрдан ё аз даст додани бахтро дошт. Тибқи иттилои муаррихон, ин Дирафши Коваёнии таърихӣ ҳазор-ҳазор (1 млн.) сиккаи тило қиммат доштааст. Мутаассифона, ин дирафш пас аз ҳамлаи аъроб ба Эронзамин дар ҷанги Ал-Қодисия ба дасти арабҳо афтод ва осеб дид. Шахсе бо номи Зерор ибни Каттоб онро барқарор кард, ки барои ин кораш аз халифа 30 000 динор гирифт. Сипас, аз Дирафши Коваёнӣ тамоми ҷавоҳирот гирифта ва худи он сӯзонида шуд.
Соли 867 Ёқуб ибни Лайси Саффорӣ даъвои мероси шоҳони Эронзамин кард ва талош варзид, ки бузургию шаҳомати онҳоро эҳё кунад. Ӯ ба халифаи Аббосиён шеъре навишт, ки бо ин суханон оғоз мешавад: «Дирафши Ковиёнӣ дар даст, ман бар онам, ки бар мардумони ҷаҳон ҳукмронӣ кунам».
Дар манобеи таърихӣ дар робита бо Дирафши Коваёнӣ маълумоти зиёде вуҷуд дорад. Масалан, дар «Таърихи Табарӣ» омадааст: «Дирафши Коваёнӣ аз пӯсти паланг дуруст шуда, дарозии он дувоздаҳ араш будааст. Агар ҳар арашро, ки фосилаи байни нӯги ангуштони даст то бандгоҳи оринҷ аст, 60 сантиметр ба ҳисоб оварем, тақрибан панҷ метр арз ва ҳафт метр тӯл мешавад».
Дар сиккаҳо сабт ёфтани Дирафши Коваёнӣ баёнгари он аст, ки парчами миллӣ дар ҳар давре аз таърихи марзу буми меҳани азизамон ҳамчун муқаддасоти давлатӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва мардумӣ муаррифӣ мешудааст.
Дирафши Коваёнии воқеӣ-таърихӣ рамзи ҳамон Дирафши Коваёнӣ буд ва дар таърихии мардуми эронинажод аз даврони бостон то поёни Давлати Сосониён ва аз он пас низ дар дарбори шоҳони эронинажод нигаҳдорӣ мешуд. Ин Даравши Коваёниро, ки мизони подшоҳии мардуми Эронзамин аст, гоҳе «Дирафши Ҷамшед», «Дирафши Фаридун» ва «Дирафши шоҳона» низ мегуфтанд. Ин Дирафши Ковиёниро метавон яке аз аввалин парчами миллии мардуми эронинажод номид ва ташаккулу такомули давлатдории ориёиёнро заминаи устувор фароҳам овард.
Диравфши Ковиёнии Давлати Сосониён
Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 июли соли 2006 № 192 мавриди истифода қарор дорад.
Бисёр рамзист, ки Дирафши Ковиёнӣ дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад, зеро мардуми сарбаланди тоҷик ба гузаштаи пурифтихори худ арҷ мегузорад ва он нишони додхоҳию адолатгустарӣ, ваҳдати миллию саодати мардумро бо худ дорад.
Парчами Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 дар маросими савгандёдкунии давраи севуми сарвари давлат ‒ Эмомалӣ Раҳмон қабул ва муаррифӣ гардид. Дар маркази Парчам Дирафши Кавиёнӣ, ки рамзи пойдорӣ ва идомаи давлатдории миллӣ мебошад, ҷойгир шудааст. Дар дохили Парчам шери болдор дар зери осмони кабуд бо тоҷи хурд ва ҳафт ситора ҷойгир аст ва яке аз рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчами миллӣ мебошад (мутобиқи моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон). Аз даврони бостон то ҳол Парчам рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор, нангу номус ва ҳувияти миллати тоҷик мебошад.
Камолов Усмоналӣ Нусратович,
ходими калони илмии Шуъбаи
таърихи фалсафаи ИФСҲ АМИТ,
номзади илмҳои фалсафа