joomla
free templates joomla

БАЪЗЕ МУЛОҲИЗАҲО оид ба зарурати таҳқиқи фалсафии масъалаҳои ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

академик Кароматулло Олимов
27.03.2008.
(Маърӯзаи илмӣ дар Рӯзи байналмилалии фалсафа - 17.11.2023)
Истиқлолияти давлатиро аз нигоҳи фалсафӣ баррасӣ намудан яке аз вазифаҳои муҳими илми фалсафаи имрӯзи тоҷик мебошад, зеро он проблемаҳои муҳимми онтологӣ, гносеологӣ, ахлоқӣ, методологӣ, иҷтимоӣ ва идеологиро дар бар мегирад. Масъалаҳои истиқлол ва озодии сиёсӣ, нақши шахс дар таърихи миллат ва таносуби он бо ҷомеа, худшиносӣ ва нақши он дар истиқлоли давлатӣ, нақши дин дар давлати миллӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва дунявӣ ва ғайра аз масъалаҳои муҳимтаринанд, ки ба доираи таҳқиқоти фалсафӣ тааллуқ доранд.
Таҳқиқи ин проблемаҳои мураккаб аз он ҷиҳат муҳим аст, ки истиқлолияти давлатӣ ҳамчун падидае, ки ҷомеаи муайянеро дар доираи як низом бо ҳадафҳои муайян, пеш аз ҳама озодии сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва динӣ муттаҳид месозад, дар сарнавишти ҳар миллат нақши сарнавиштсоз дорад.
Ин озодӣ, албатта мутлақ набуда, хислати ҷавҳарӣ ва умдаву якпорча будани ҷомеаро дар муҳавватаи як қаламрави ҷуғрофӣ, ки барои муайян кардани сарнавишти халқ ва роҳу самтҳои инкишофи он имкон медиҳад, дар назар дорад.
Истиқлолияти давлатиро аз нигоҳи онтологӣ ҳамчун ҳаракати ҷавҳарии мавҷудияти воқеии миллат, халқ, қавм ё гурӯҳҳои дигари этникӣ ва хостҳои инкишофи иҷтимоъи кул, ки дар ботини гурӯҳ, қавм, халқ ё миллат табиатан мавҷуд аст, бояд фаҳмид. Зеро такондиҳандаи ботинии истиқлолиятхоҳӣ дар ҳар мавҷуди зинда, ба хусус инсон, хос аст ва дар доираи зарурати табиӣ ва таърихӣ он метавонад амалӣ гардад.
Агар нирӯи ботинӣ бар омилҳои берунии мавҷуда, ки монеъи амалишавии ин нирӯ ҳастанд, ғолиб ояд, дар ин сурат ин ҷомеа метавонад давлати соҳибистиқлолро соҳиб гардад. Дар давлати соҳибистиқлоли солим худогоҳии миллӣ бе дарки масъалаҳои умдаи фалсафӣ, ки мазҳари сатҳи инкишофи интеллектуалии ҷомеа мебошад, мушкил ба назар мерасад.
Гегел бесабаб нагуфта буд, ки ҷамъияти ҳақиқӣ ин давлати солим буда, худшиносии воқеии он фалсафа мебошад. Файласуфони бузурги аҳди бостон ва асрҳои миёна, махсусан мутафаккирони бузурги халқи тоҷик аз Зардушт то давраи исломӣ ва дар замони пирӯзии ислом ба усули таълим ва тарбия таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамуданд. Мадинаи фозилаи Форобӣ, тадбири манзили Ибни Сино, Насируддини Тӯсӣ ва дигарон кӯшише дар фаҳмидан ва ислоҳи камбудиҳои ҷомеаи замонашон буданд. Бинобар ин таҳлили масъалаҳои умдаи тараққиёти давлат дар доираи назарияҳаърихи фалсафа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими илми фалсафа дар давраи истиқлол мебошад.
Заминаҳои ақидатии соҳибистиқлолии халқи тоҷик аз тарафи маорифпарварон, махсусан маорифпарварони давраи баъдӣ, ё худ ба истилоҳ ҷадидон, возеҳ гузошта шуда буд. Ва дар замони шӯравӣ соҳибдавлат шудани тоҷикон дар марҳалаи аввал дар шакли ҷумҳурии худмухтор натиҷаи мубориза, мутобиқ шудан ва ҳамоҳанг омадани идеал ва кӯшиши миллат барои соҳибдавлат шудан дар дохили давлати шӯравӣ буд.
Дар марҳилаи дуюм, яъне ташкили ҷумҳурии иттифоқӣ ҳаракати ҷавҳарии миллӣ бар муқовимати шадиди берунӣ – пантуркизм ғолиб омада, як шакли нави давлати миллиро дар доираи Иттиҳоди шӯравӣ, ки албатта истиқлолияти халқи тоҷик дар он маҳдуд буд, ба вуҷуд овард. Маҳз ҳамин давлати истиқлолияташ маҳдуд, вале танҳо тобеъ ба марказ, муҳимтарин заминаи истиқлолияти давлатӣ гардид.
Аз шарҳи тафсилоти таърихӣ дар ин мақола сарфи назар намуда, бояд бидонем, ки барои бунёди як давлати соҳибистиқлоли миллӣ ҳуввияти миллӣ, худогоҳӣ ва худшиносӣ аз нигоҳи таърихӣ ва фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ ниҳоят муҳим аст. Бинобар ин ин масъала пеш аз ҳама масъалаи фалсафа мебошад. Дар айни замон худшиносии миллӣ аз заминаҳои таҳкими истиқлол мебошад . худшиносӣ дар сатҳи давлатӣ масъалаҳои ахлоқиро низ дар бар мегирад. Дар осори Форобӣ, Ибни Сино, Хоҷа Самандари Тирмизӣ, Аҳмади Дониш ва баъзе мутафаккирон тоҷик ҷомеа, махсусан, афроди сатҳҳои гуногуни роҳбарии давлатӣ, аз боло то поин, бояд дорои хислатҳои муҳимми ахлоқӣ бошанд ва бо покию боинсофӣ, ғуломи нафси амморра набудан, манфиатҳои аввалиндараҷаи миллиро дар мадди назари худ қароро додан, кадрҳои босаводу ватанпарастро дастгирӣ кардан, аз маҳалгароӣ, қавмпарастӣ ва фасод дур будан намунаи ибрат ба ҷомеа мегарданд. Таҷрубаи таърихӣ нишон медиҳад, ки риоя нашудани ин аслҳои муҳими ахлоқӣ боиси исёнҳо ва ошӯбҳо шудаанд ва ҳатто ҳукуматҳоро барҳам додаанд.
Бесабаб нест, ки дар давраи истиқлолияти давлатӣ баланд бардоштани сатҳи худогоҳии таърихӣ ва миллӣ, аз ҷумла тарбияи ахлоқии ҷомеа ба ҷузъи муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Дар ин самт чорабиниҳои бузурги илмию фарҳангӣ ва оммавӣ, ки дар ҷумҳурӣ баргузор шудаанд, нақши муҳим дар болоравии сатҳи худшиносии миллӣ доштанд. Маҳз худогоҳӣ ифтихори миллиро ба вуҷуд оварда, дар сурати такя ба ҳақиқати таърихӣ намудан, раванди солим ва оқилонаро касб мекунад. Таҷлили 1100 солагии давлати Сомониён, 1000-мин солгарди “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, 3000 солагии фарҳанги зардуштӣ, 2500 солагии Истаравшан, 2700 солагии Кӯлоб, 1025-солагии Абӯалӣ Сино, 800 солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва ғайра аз ҷумлаи тадбирҳое буданд, ки на танҳо аз мероси қадим ва гаронбаҳои халқи мо гувоҳӣ медиҳанд, балки барои тарбияи ҳисси ифтихори миллии солим ҳамчун ҷузъи сиёсати давлатӣ таъин шуда буданд. Ғайр аз ин ин чорабиниҳо барои беҳтар омӯхтани проблемаҳои таърихӣ ва ба вуҷуд омадани як силсила асарҳои таҳқиқотӣ сабаб гардиданд.
Ин сиёсат ҳамон вақт натиҷабахш ва фарогир мегардад, ки худшиносӣ дар заминаи ҳақиқати таърихию фарҳангӣ, бе инкори саҳми миллатҳою халқҳои дигар, бе муболиға ва бе таҳрифи (деформатсияи) ташаккули шуури миллӣ ташаккул ёбад. Дар ин сурат фарҳанги сиёсии воқеъӣ бо ҳақиқати таърихӣ айният пайдо карда, заминаи рушди солими ҷомеаро фароҳам меорад.
Дар мавриди ифтихори миллӣ ва аз таҳрифу такаббури ноҷо озод ташаккул додани он сухан ронда, зикр кардан ба маврид аст, ки гурӯҳе аз олимон, адибон ва сиёсатмадорони баъзе кишварҳо бузургманишии имрӯзаашонро аз ҳисоби таъриху фарҳанги дигарон ё ба таври сунъӣ “дароз” кардани таърихи маданияташон тобиши илмӣ доданӣ мешаванд.
Вале донишманди воқеъбин ва ба ҳақиқати илмӣ садоқат дошта ҳеҷ гоҳ ҳақиқатро ба хоҳиши матлуби худ ё як гурӯҳе иваз намекунад.
Намунаи бархурди илмӣ ва ҳақиқатнигарона дар асари олимони қазоқ Масанов, Абиложин ва Ерофеева возеҳ шудааст. Онҳо яке аз олимони ҳамватанашон Е.Омаровро, ки кӯшиши “қадим” кардани миллати қазоқ ва ба маданияти қадимаи шаҳрнишинӣ тааллуқ доштани онҳоро дошт, хеле ҷиддӣ танқид мекунанд. Онҳо ба хубӣ исбот кардаанд, ки фарҳангу маданияти ҳар халқ хусусияти хос ва арзишманд дошта, намадизм, ё худ зиндагии кӯчӣ низ худ навъе аз фарҳанг аст. Бинобар ин ҳеҷ зарурате надорад, ки аз он даст кашида ба “қадимгардонии” миллати қазоқ кӯшанд. Ин олимон консепсияи “Тоҷикистони таърихӣ”-и академик Н.Неъматовро низ мавриди интиқод қарор додаанд. Дар ин бора ақидаи мо ин аст, ки фикри Н.Неъматов дар мавриди ҷуғрофиёи таърихии тоҷикон асосан дуруст аст. Зеро тоҷикон ҳамчун миллати ба ҷаҳон эҳдокардаи фарҳанги бузурги хаттӣ, яъне адабиёту назми оламгир, фалсафа ва осори ҳунару санъати қадима, таъриху фарҳанги худро танҳо дар қаламрави имрӯзаи Тоҷикистон наофаридаанд. Дар сарзамини Хуросону Мовароуннаҳр тоҷикон аз сокинони бумӣ ва аслӣ буданд, бинобар ин ақидаи Н. Неъматов асоси ғайриилмӣ ва миллатгароёна надорад. Вале барои боз ҳам мушаххастар ва дақиқтар ифода кардани мазмун шояд истифодаи “қаламрави таърихию фарҳангии тоҷикон” мувофиқтар бошад. Чунки истилоҳи Тоҷикистон, ба мафхуми давлати мустақил, то замони шӯравӣ вуҷуд надошт, гарчи миллати тоҷик соҳибдавлат буда, таърихи басо қадим дорад.
Дар робита ба миллати тоҷик баъзе ба ном олимони аз хориҷ, ҳатто аз “ғасби” мероси фарҳангӣ фаротар қадам ниҳода, мавҷудияти тоҷиконро ба ҳайси миллат инкор мекунанд. Даъвои ин гуна олимтарошҳо, албатта бунёде надорад ва ҳатто ба номбар кардани номи чунин иғвоангезон ниёзе нест. Устод Айни ҳанӯз дар асараш “Намунаи адабиёти тоҷик” тоҷиконро “халқи муаззам” номида, ба инкоркунандагони ин миллат ҷавоби қотеъ ва илмӣ дода буд.
Ҳувияти миллӣ пеш аз ҳама дар заминаи ваҳдати миллӣ ташаккул меёбад ва баръакс таҳкими ваҳдати миллӣ барои тақвияти ҳувияти миллӣ мусоидат менамояд. Бинобар ин ҳар ду омил дар алоқамандии диалектикӣ қарор доранд. Дар солҳои охир ин масъала ва вобаста ба он идеяи миллӣ ҳамчун проблемаи илмӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифт.
Истиқлолияти давлатӣ бидуни таҳкими асосҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангию идеологӣ номумкин аст. Ғайр аз ин таъсири мутақобилаи омилҳои дохилӣ ва беруниро ҳамчун проблемаи фалсафӣ ва таъсири онро ба ташаккулу таҳкими истиқлолияти давлатӣ дар назар гирифтан амри зарур аст.
Давлат ҳам ба мисли фард ва оила бо риштаҳои аёну ноаён бо олами хориҷ алоқа дорад ва ба таъсири омилҳои зиёд вобаста мебошад. Дар ҳар марҳалаи таърихӣ муайян кардани ҷойгоҳ ва роҳҳои ҳалли проблемаҳои аввалиндараҷа ва дар ин замина муваффақ шудан ба ҳалли онҳо имкони сар задани низоъҳоро хунсо карда, ба таъсири манфии қувваҳои берунӣ низ монеъ мегардад.
Баъзе муҳаққиқон истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба пошхӯрдани якбораи Иттиҳоди шӯравӣ, ҳамчун ҳодисаи тасодуфӣ вобаста менамоянд ва инро сабаби асосии соҳибдавлат шуданамон ҳисоб мекунанд. Таҳлили амиқтар ба он далолат мекунад, ки заминаҳои маънавии ин истиқлолият аз солҳои бистум оғоз гардида, аз нимаи дуюми солҳои панҷоҳуми асри гузашта ба баъд аз тарафи олимони бузурги соҳаи фалсафа, таърих, филология ва баъзе адибони бузург ба мисли Б.Ғафуров, М.Турсунзода, А.Баҳоваддинов, А.Мирзоев, Зариф Раҷабов, Б.Искандаров, Х. Мирзозода, Р.Ҳодизода, Ш. С. Улуғзода,Ҳусейнзода, С.Табаров ва дигарон вусъат дода шуд.
Ва солҳои 60-ум ва 80-ум бо таҳқиқи муҳимтарин проблемаҳои афкори ҷамъиятӣ, фалсафӣ, таърихии халқамон ҳамзамон болоравии худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ хеле ривоҷ ёфт.
Бояд гуфт, ки ин раванди дар илмҳои ҷомеашиносӣ ба вуҷуд омада, ба ташаккули андешаи миллии роҳбарони ҷумҳурӣ, ки манфиатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳуриро ҳимоя мекарданд, нақши муҳим бозид.
Баъзе ҷавонон ва ҳатто аз донишмандон, бар асари эҳсосот ва ноогоҳӣ, рӯҳияи манфӣ ба сиёсат ва сиёсатмадорон доранд. Ва ин дар ҳамаи давру замонҳо ҷой дорад. Вале воқеият тақозо мекунад, ки ба фаъолияти сиёсатмадорон ва сарварон низ хизматҳояшонро фаҳмида, баҳои муносиб бояд дода шавад.
Масалан, вақте сухан дар бораи Т.Ӯлҷабоев ё Ҷаббор Расулов, Абдулаҳад Қаҳҳоров, Раҳмон Набиев, Қаҳҳор Махкамов меравад, нақши ҳар кадоми онҳоро дар вобастагӣ ба имкониятҳои ҳамон давра баҳо додан лозим аст. Масалан, дар яке аз вохуриҳо раиси собиқи Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон Назаршо Додхудоев нақл карда буд, чи талошҳое аз тарафи Ӯлҷабоев барои сохтмони НОБ-и Норак, ё сохтмони Комбинати маъдани Анзоб сурат гирифта буд, ки аз ватанпарастии ӯ гувоҳӣ медихад. Чунончи, Н. Додхудоев нақл мекунад, ки Комбинати маъдани Анзобро дар қаламрави ҷумҳурии ҳамсоя сохтанӣ будаанд ва Т.Ӯлҷабоев бо вазири саноати Иттиҳоди Шӯравӣ даст ба гиребон шуда, исбот карда буд, ки имкони сохтани ин комбинат дар Тоҷикистон мавҷуд аст ва ба КМ ҲКИШ рафта суханашро маъқул мекунонад ва оқибат ба ӯ муяссар шудааст, ки корхонаи мазкур дар Тоҷикистон сохта шавад. Ин гуна фаъолиятҳо, ки ба таҳкими иқтисодиёти ҷумҳуриамон ва саноатӣ кардани он нигаронида шуда буд, барои ташаккули синфи коргар ва васеъ шудани ҷаҳонбинии аҳолӣ нақши муҳим бозиданд. Бинобар ин омӯхтан ва таҳқиқ кардани заминаҳои иқтисодии истиқлолияти давлатии тоҷикон ва таъсири он ба шуури миллӣ дар давраи шӯравӣ низ аз масъалаҳои муҳими илм ва аз ҷумла фалсафа низ мебошад. Бинобар ин дар илмҳои фалсафа, таърих, ҷомеашиносӣ зарур аст, ки ба истиқлолияти давлатии Тоҷикистон назари амиқтар андохта, онро на танҳо маҳсули сирф пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, балки дар баробари он ва ё бештар аз он вуҷуд доштани заминаи сиёсию маънавии истиқлолияти давлатӣ ва аз қувваи имконӣ ба қувваи феълӣ ё худ актуалӣ табдил ёфтани он бояд донист. Таҷрубаи Тоҷикистон дар оғози истиқлолияти давлатӣ нишон дод, ки андешаи истиқлолият ҳангоми аз қувва ба феъл гузаштан таҳти таъсири қувваҳои беруна ва ифротиии дохилӣ метавонад аз маҷрои солим берун омада, ба самти экстремизм ва худфиребӣ гароиш пайдо кунад. Дар ин ҳолат қувваҳои тахрибкунанда фаъол гардида, маҷрои инкишофи табиӣ ва эволютсионии истиқлолияти давлатиро метавонанд ба сӯи нобудӣ раҳнамун созанд. Аз ин лиҳоз таҳқиқи проблемаи нақши шахсиятҳо дар давраи пуртаҳаввул ва сарнавиштсози таърихӣ ( чи нақши мусбат ва чи нақши манфӣ) барои муайян кардани роҳи солим ва бефоҷиа дар оянда хеле муҳим аст. Наршахӣ аз корҳои муҳими Исмоили Сомонӣ ва хислатҳои накӯи ӯ иттилоъ додааст. Карл Маркс дар яке аз асарҳои ҷолибаш “Ҳаждаҳуми брюмераи Луи Бонапарт” шахсият ва нақши Наполеонро дар инқилоби солҳои 1848-1852-и Франсия хуб таҳлил карда буд. Ё худ Атомалики Ҷувайнӣ дар “Таърихи ҷаҳонкушой” бо вуҷуди таърифу тавсифи чингизиён симои хунхоронаи онҳоро тасвир карда буд. Аҳмади Дониш бар “Таърихча”-аш шахсияти амирони манғитро дар давлатдории аморати Бухоро ба вазоҳат ба қалам дода буд. Таърих ибратгоҳи бузург аст, ки онро аз нигоҳи фалсафӣ баррасӣ кардан ва хулосаҳои илмӣ баровардан амрест наҷиб ва зарур. Дар баъзе асарҳо дар солҳои охир нақши Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҳизби коммунистии Тоҷикистонро қариб, ки дар назар намегиранд, ё танҳо ба фаъолияти он баҳои манфӣ медиҳанд. Аз ин ҷиҳат таҳқиқи фалсафаи замони Иттиҳоди Шӯравӣ зарур аст. Ҳарчанд корҳое дар ин самт иҷро шудаанд, вале дар иртибот бо шароити нави муосир таҳқиқ ва назари тоза мехоҳанд. Агар кӯшишу муборизаи фарзандони огоҳи миллат ва дастгирии ҲКИШ намебуд, гумон буд, ки халқи тоҷик соҳиби ҷумҳурии иттифоқӣ шавад. Сохтмони роҳхо, саноати асрӣ, чи вазнин ва чи саноати сабук, муассисаҳои бузурги илму маориф ва фарҳанг, ки дар замони шӯравӣ эҷод шуда буданд, озодии занон, таъсиси ҷойҳои кории зиёд ва ғайра чашм пӯшидан нишони беинсофист. Албатта тақсимоти ҳудудӣ, ки дар Осиёи Миёна сурат гирифт, комилан бар зарари тоҷикон буд. Кабл аз он теша ба решаи тоҷикон аз тарафи империализми Англия ва Россияи подшоҳӣ зада шуда буд, ки барои аз дарёи Панҷу Омӯ ҷудо кардани ҳудуди Мовароуннаҳру Хуросон мувофиқа намуда буданд ва халқи тоҷикро пора намуданд. Имрӯз низ ин сиёсат идома дорад ва пешбурди он ба воситаи пантуркизм ва панисломизми ҷадид сурат гирифта истодааст, ки муҳаррики он нирӯҳои навколониализми ғарбӣ мебошанд.
Ба назари ман сабаби асосии шикасти таърихии тоҷикон номуттаҳидӣ, дар гузашта надоштани лидери умумимиллӣ, аз ҳад зиёд ба таассуби динӣ дода шудан, арзишҳои диниро аз манфиатҳои миллӣ боло гузоштан будааст. Кам касоне будаанд аз рӯҳониён, ки мисли Шайх Наҷмуддини Кубро, нотарсона, огоҳона ба дифои Ватан камар баста бар зидди муғулон рӯ ба рӯ ҷанги тан ба тан карда бошанд. Вақте муридонаш ба ӯ гуфта буданд, ки дуо кунад, ки пеши роҳи ҳуҷуми муғулон гирифта шавад, ҷавоб дода буд, дуо коргар нест, бояд ҷанг кард. Вале ӯ дар Хоразм танҳо бо чанд тан аз пайравонаш бар зидди муғулон бархоста буданд. Дар Хуҷанд Темурмалик сарвари мубориза қарор гирифт ва то метавонист барои Ватану халқ бо ҳамраҳонаш мубориза бурд. Халқ дар ҳама ҷо ба муғулон муқовимати шадид мекард, вале қувваи муттаҳидгару сарвари умумӣ набуд. Ин ҳолат дар ҳамаи давраҳои таърихи тоҷикон ба мушоҳида мерасад, зеро идеологияи умумимиллии муттаҳидсозанда ва пешбарандаи миллати тоҷик ба вуҷуд наомада буд. Дар асрҳои Х1Х ва ХХ низ нирӯи муттаҳидсози миллати тоҷик, ки бо пантуркизм баробар бошад, мардуми тоҷикро зери шиори миллӣ муттаҳид намояд, ба вуҷуд наомад. Ошкоро бояд гуфт ва эътироф кард, ки тоҷикони берун аз ҳудуди Тоҷикистон имрӯз дар ҳолати асорат ва фишори сиёсию фарҳангӣ умр ба сар мебаранд, дар баъзе давлатҳо сершумор бошанд ҳам, ба таври сунъӣ онҳоро ба қатори аққалиятҳои ночиз ворид мекунанд, бо истифода аз саркӯбии маънавыӣ фарҳанги онҳоро аз они худ карданӣ мешаванд, ҳатто баъзе шовинистон вуҷуди тоҷиконро ҳамчун миллат инкор месозанд. Дар Тоҷикистон муттаҳидии ому томи миллати тоҷик дар ҷараёни пойдоршавӣ аст, ҳарчанд гоҳо эҳсос мешавад, ки дар ҳаракатҳои баъзе унсурҳо психологияи маҳал бар психологияи умумиллӣ бартарӣ меҷӯяд. Нирӯҳои зиёди интеллектуалии миллат зарурати иттиҳоди қавии миллиро эътироф мекунанд, садоқати худро изҳор менамоянд, сиёсати давлатро дастгирӣ доранд, вале гоҳо гумон меравад, ки унсурҳое огоҳона ва махсус пинҳонӣ ва қисме ноогоҳона бар асари камдонишӣ ё манфиатпарастӣ ин равандро халалдор мекунанд, ки хилофи сиёсати давлати соҳибистиқлол мебошад. Кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои наҷоти давлату миллат нақши бузург бозиданд. Бинобар ин ин шахсият баъди Исмоили Сомонӣ барои соҳибистиқлол ва соҳибдавлат шудани халқи тоҷик ягона намунаи ибрат аст, ки эътои таърих метавон ҳисоб кард. Таҷрубаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки шахсиятҳои ғайриоддӣ, ки масъулияти бузургро ба зимма гирифта ҷомеаро ба роҳи созиш ва наҷот аз бадбахтӣ ҳидоят мекунанд, нақши сарнавиштсоз мебозанд.
Дар шахсияти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин лидери умуммиллӣ пайдо шуд, ки нирӯи асосии ҷомеаро барои муттаҳидӣ ва ҷорӣ шудани сулҳ сафарбар намуд. Дарки зарурати сулҳу ваҳдат барои пешгирии миллат ва давлат аз парокандагӣ ҷониби дигарро бо сарварии Саид Абдуллоҳи Нурӣ водор кард, ки барои ба ҳам наздик шудани мавқеъҳо ва аз низоъи харобиовар ба сулҳи созанда гузаштан иқдом намоянд. Вале як қисме аз ҳамсафону ҳамфикрони ӯ баъд аз истиқрори сулҳ низ аз амалҳои зиддидавлатӣ рӯ нагардонданд ва ҳатто баъзе аз намояндагони онҳо, ки дар сохторҳои низомӣ мақоми баланд доштанд, ба табаддулоти давлатӣ даст заданд.
Истиқлолияти давлатӣ ҳамон вақт ба арзиши воқеъии сиёсӣ ва иҷтимоӣ табдил меёбад, ки озодии шаҳрвандон дар чаҳорчуби қонун ва меъёрҳои ахлоқӣ амалӣ гардад. Озодӣ дар сатҳи фардӣ ҳамон вақт эҳсос мегардад, ки агар имкониятҳои воқеии шаҳрвандон дар ҷомеа ба кӯшиши ботинии онҳо ва фаъолияташон дар амал мувофиқат кунад. Агар аксарияти кулли шаҳрвандон чунин имкониятро дошта бошанд, дар ин сурат истиқлолияти давлатӣ ҳар чи бештар дорои мазмуни реалӣ мегардад ва пояҳои он қавитар мешавад. Дар айни замон масъалаи муҳоҷирати меҳнатиро низ ҳамчун яке аз проблемаҳои зарури фалсафӣ, сотсиологӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ кардан зарур аст. Дар ин самт таҳқиқотҳои ба анҷом расида ҳанӯз нокифоя ҳастанд. Дар робита ба ин масъала аз ҷиҳати сиёсӣ ва иқтисодӣ аз тарафи Ҳукумат чораҳои таъхирнопазир низ дида шудааст. Ин раванд махсусан баъд аз эълони ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатисозии кишвар, суръат гирифт. Ва барои пешгирии тазодҳои иҷтимоӣ ва кам кардани фарқияти табақаҳои иҷтимоӣ мусоидат хоҳад кард. Бояд гуфт, ки муборизаи байни капитали бузург ва сармояи миёна ва хурд низ тафовути иҷтимоиро бештар карда, боиси ба тадриҷ шиддат гирифтани зиддиятҳо мешаванд.
Дар айни замон бояд дар назар дошт, ки озодӣ дар ҷомеа мутлақ буда наметавонад, зеро озодии номаҳдуд барои гурӯҳи имтиёздор доираи амали субъективиро қавитар мегардонад ва ба истилоҳ “камзӯрон”, яъне онҳое, ки соҳиби сарвату моликияти калон ва ё мансабҳои имтиёздор нестанд, наметавонанд имконияташонро ба воқеият табдил диҳанд. Ва дар ин ҳолат хатари хаос ба ҷомеа таҳдид хоҳад кард. (Чунончи, аз интихоботи президентии соли 1991 медонем, либерализми идоранашаванда яке аз омилҳои асосии хаос ва беназмиҳои оянда гардида буд. Ва натиҷаи он, тавре ки маълум аст, на танҳо ба маҳдуд шудани озодӣ, балки боиси чанд муддат аз байн рафтани озодӣ барои аксарият шуд).
Дар солҳои 90-ум дар Россия мӯътақидоне буданд, ки назарияи Николай Бердяевро дар бораи “озодии мутлақ” эътироф ва амалӣ карданӣ мешуданд. Лекин ин ақида ғалат буданашро зуд собит кард.
Масъалаи дигари фалсафаи истиқлолияти давлатӣ “плюрализми демократӣ” ё “демократияи плюралистӣ” аст. Бо ҷорӣ шудани низоми бисёрҳизбӣ ва рушди созмонҳои ғайриҳукуматӣ ташаббуси фардӣ афзуда, имконияти интихоби барномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ бештар мегардад. Вале дар айни замон дар кишварҳои рӯ ба инкишоф рақобат, фишори ширкатҳои трансмиллӣ бештар шуда, тобоварии истеҳсолкунандагони дохилӣ ба рақобат камтар мегардад. Ва мушкилиҳои иҷтимоию сиёсӣ ба ҷомеа метавонанд таҳдид намоянд.
Барои ҳалли ин проблемаҳои мушкил омилҳои айнӣ ва зеҳниро дуруст истифода кардан, манфиатҳои қишрҳои гуногуни ҷомеаро дар назар гирифтан ва таносуби нирӯҳои сиёсиро саҳеҳ муайян карда, чораҳои мувофиқ андешидан амри зарур аст. Ва табиист, ки ҳалли бомуваффақияти ин проблемаҳо таҳлили назарӣ ва чораҳои амалиро тақозо менамояд. Нақш ва масъулияти мақомоти давлатӣ дар ин самт хеле муҳим ва калидӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамоҳанг шудани таҳқиқотҳои илмӣ, аз ҷумла фалсафию сотсиологӣ ва психологияи иҷтимоӣ бо чорабиниҳои ҳукумат ва пешниҳодҳои илмии амалишаванда, имрӯз беш аз пештар заруранд.
Истиқлолияти давлатӣ мафҳуми абстрактӣ нест. Робитаҳои сиёсию иқтисодӣ бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, дар назар доштани таносуби қувваҳо ва манфиатҳои кишварҳои дигар, мутобиқ кардани манфиатҳо ва ниёзмандиҳои давлати худро бо давлатҳои дуру наздик зарур мегардонад. Бинобар ин ҳамчун мавзӯи фалсафаи иҷтимоӣ ва сиёсатшиносӣ таҳлил кардани ин масъала ҷиҳатҳои муҳимми раванди муносибатҳои давлат ва созмонҳои мухталифи ҷомеаи шаҳрвандии кишвари моро бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дигар муайян намуда, тавсияҳои муфиди илмиро пешниҳод хоҳад кард. Дар ин самт хеле корҳо сурат гирифтаанд ва пеш аз ҳама асарҳои Пешвои миллат намунаи таҳқиқ мебошанд.
Яке аз масъалаҳои хеле ҷиддии замони муосир муносибати давлат ва дин аст. Ин масъала актуалӣ буда, мутолиаи ҳамешагӣ ва ҳамаҷонибаро тақозо мекунад. Фаъол шудани ҳаракатҳои динӣ аз як тараф ба вуҷуд омадани шароити озодро барои эътиқод фароҳам оварда бошад, аз тарафи дигар, унсурҳои оппозитсионӣ ва тундрави созмонҳои мазҳабӣ ва динӣ фаъол гардида аз имкониятҳои мавҷуда сӯистифода низ мекунанд. Файласуфи бузурги олмонӣ Ҳегел масъалаи муносибати калисо ва давлатро дар давлатҳои аврупоӣ таҳқиқ карда, навишта буд: “...давлат ва калисо бо ҳамдигар бевосита ҳамраъй мешаванд ва ё муқобили ҳам қарор мегиранд. Калисо тафовути ин ду соҳаро метавонад ба антагонизми шадид расонад, ки дар натиҷа вай (яъне калисо) ба ҳайси дар худ дорандаи мазмуни мутлақи дин рӯҳониётро умуман ва соҳаи ахлоқро инчунин ҳамчун соҳаи худ ҳисоб мекунад”.
Аз баъзе нишонаҳои дар давраҳои ахир ба назар расандаи ҷараёни ҳар чи густариши фаъолияти сиёсӣ шудани дин дар Тоҷикистон ба василаи таблиғоти сиёсӣ табдил ёфтани байни занон ва ҷавонон аст. Албатта, ҳар кас, аз ҷумла духтарону занон дар пӯшидани либос озоданд. Ин ҳуқуқи қонунии онҳост. Вале ҳиҷобпӯшие, ки имрӯз дида мешавад ва барои он таблиғ васеътар шудааст, дар гузаштаи сад сол бештари миллати мо ба мушоҳида намерасид. Дар шаҳрҳо то солҳои ҳафтодуми асри гузашта баъзе занони калонсол аз фаранҷӣ истифода мекарданд. Дар деҳот ва минтақаҳои кӯҳистонӣ занону духтарон фаранҷию ҳиҷобро тақрибан намедонистанд ва бо либоси миллиии худ мегаштанд. Аз ин ҷиҳат метавон гуфт ҳиҷобпӯшие, ки дар байни занону духтарон дар кишвари мо баъзе созмонҳои динӣ ҷорӣ карданӣ ҳастанд, ба анъанаи либоспӯшии миллати мо бегона аст ва ба навъе таблиғоти сиёсӣ ва идеологӣ самт гирифтааст. Бинобар ин таҳқиқоти этнографию фалсафӣ барои муайян кардани сабабҳои дар ин солҳои ахир рӯ овардан ба ҳиҷоб ва моҳияти сиёсию фарҳангии он ва роҳхои ғайрисиёсӣ кардани он муҳим аст.
Аз назари фалсафӣ таҳқиқ кардани паҳлӯҳои гуногуни проблемаҳои фалсафаи истиқлолияти давлатӣ ҳам аз нигоҳи илмӣ ва ҳам аз нигоҳи сиёсию иҷтимоӣ хеле зарур аст, зеро танҳо илм метавонад таҳкурсии тавонои дурбинии сиёсӣ бошад ва роҳҳои аз фалокатҳои имконпазири иҷтимоӣ раҳоӣ ёфтанро нишон диҳад.

Парчам ҳамчун дирафши фатҳу иршоди нек

  Парчамро аз замонҳои қадим дар ҷангу муҳорибаҳо парчамбардорон пешопеши лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтодани парчам нишони шикасту мағлубияти давлат ба ҳисоб мерафт. Ин калима ба ин маънӣ дар адабиёти гузаштаи мо корбурди фаровон дорад. Аз ҷумла, мегӯянд, ки чун овозаи ҳамлаи лашкари муғул ба Хоразм расид, хоразмиён ба пеши орифи маъруф Шайх Наҷмиддини Кубро, ки дар он айём муқими Хоразм буд, омаданд ва гуфтанд, ки Шайх дуо кун ва ин балоро аз сари мо рафъ соз. Шайх гуфт, ки ин балои бузург аст ва рафъи он ба дуо наметавон кард. Пас гуфтанд, сари худ гиру бо муридон аз Хоразм берун шав, ки кофарони муғул чун ба Хоразм пирӯз шаванд турову муридони туро амон нахоҳанд дод. Шайх Наҷмиддини Кубро гуфт, ки ман дар рӯзи шодию нишот ҳамроҳи мардум будам, дареғам ояд, ки дар рӯзи сахти мардум аз Хоразм берун равам. Гуфтаанд, ки чун лашкари муғул ба Хоразм ҳамла кард Шайх аз нахустин касоне буд, ки домани худро аз санг пур кард ва ба ҷанги муғул бархост. Чун сангҳои доманаш ба охир расид аз дасти парчамбардори муғул парчами муғулро кашида гирифт. Лашкари анбӯҳи муғул ба сари Шайх рехта, ӯро куштанд ва ҳафт сарбози муғул ба душворӣ панҷаи шайхи шаҳидро боз карда, парчами худро берун оварданд. Аз он, ки Мавлоно мегӯяд: Дар дасти дигар парчами кофар дорем, ишора ба ҳамин парчами муғул аст. Ниёкони мо ҳамчунин ба маънии “парчам” бештар аз калимаи дирафш ё дирафши ковиёнӣ истифода кардаанд.
Дирафши ковиёнӣ – парчами давлатии шоҳони қадими эронинажод, аз Пешдодиён то Сосониён буд. Бархе муаррихон нахустин парчами миллии мо, яъне дирафши ковиёниро марбут ба парчами чармии Коваи оҳангар донистаанд, ки бо он Кова бар зидди беадолатиҳои Заҳҳоки морон бархост ва пешдомани чармии оҳангарии худро ба найзае овехта, онро парчами муборизаи дод бар бедод қарор дод. Ба қавли ҳаким Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” Фаридуни Отибин пас аз шикасти Заҳҳок парчами чармии Коваро бо зару гавҳар орост ва онро диравши ковиёнӣ ном ниҳод. Ба пиндори бархе забоншиносон Ковиёнӣ ба номи Коваи оҳангар мансуб набуда, балки ба калимаи ковӣ, яъне шоҳ алоқамандӣ дорад. Дар ин сурат дирафши ковиёнӣ байрақи шоҳӣ маҳсуб мешавад. Дирафши ковиёнӣ то давраи охирин ҳукмрони сосониён Яздигурди 3 вуҷуд дошт ва пас аз ҷанги эрониён бо арабҳо дар Қодисия ба дасти сипаҳдори лашкари араб Саъди Ваққос ғанимат афтод ва Саъди Ваққос ин ғаниматро ба халифа Умар ибни Хаттоб ҳадя фиристод. Халифа Умар ин ҳадяро напазируфт ва ба гуфтаи сарчашмаҳо бо амри ӯ ин парчамро пора карданд ва зару гавҳари онро миёни сарбозон тақсим намуданд.
Тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо соҳиби парчамҳои гуногун буданд, вале ҳанўз дар хусуси парчамҳои аҳди Сомонӣ ва давлатдориҳои минбаъда маълумоти дақиқ ба даст наомадааст. Ҳатто соли қабули парчами Аморати Бухоро равшан нест. Парчами аморати Бухоро аз ду ранг – сабзу сурх, моҳу ситора ва як навиштаҷоти зарин иборат буд ва дар канори чапи он рӯи хати сабз “Султон сояи Аллоҳ дар рӯи замин аст”ҳаккокӣ шуда буд. Соли 1921 парчами Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро қабул шуд, ки ҳамранги ҳамон парчами амирӣ буд. Танҳо ба ҷойи навиштаҷоти “Султон сояи Аллоҳ дар рӯи замин аст” чор ҳарф “Б.Н.С.Р.” дар рӯи он нақш гардид, ки мухаффафи “Бухарская Народная Советская Республика” аст. Пас аз се сол ранги парчам сурх шуд. Дар солҳои 1924-1929 парчами Тоҷикистон саросар сурх буд. Фақат дар канори чапи он акси доси тоҷикиву болға, ситора, пахта ва навиштаҷоти нав ба хати форсӣ – “Пролетариатҳои ҳамаи ҷаҳон, ба ҳам оед!” ҷой гирифт.
Соли 1953 Парчами Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон боз тағйир ёфт. Ин дафъа сохтораш нисбатан соддатар буд: аз боло ва поён ранги сурх ва дар миён ду хати нисбатан борики сафеду сабз дошт. Дар гӯшаи чап аз боло досу болға ва ситорача ҷойи худро ҳифз карданд. Ин парчам то соли 1992 арзи ҳастӣ кард.
Парчами нави давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24 уми моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин парчам бо таваҷҷӯҳ ва дар заминаи парчамҳои қадими миллӣ, аз ҷумла дирафши ковиёнӣ омода шуда, матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст. Рахи болои парчами давлатӣ ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи поёни сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз ин рахҳои ранга аст; – Рӯи рахи сафед дар мобайни пачам бо зарҳал расми тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст; – Ранги сурхи парчам рамзи мубориза ва ҷоннисории халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият; – Ранги сафед рамзи бахту иқболи сафед, нияти неки халқи кишвар; Ранги сабзи парчам рамзи саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишвар сарсабзу хуррам мегардад, маънӣ мешавад.
Ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азиз ва дар шахсияти Шумо тамоми миллати парчамбардори тоҷикро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, бароятон сарбаландию сарфарозӣ, иқболу комёбӣ ва хонаободиро таманно менамоем. Бигзор, Парчами давлатии халқи тоҷик, ҳамчун дирафши фатҳу иршоди нек то абад парафшон бошад!
Холмуродов Ф., Каримов Х.
Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ
 
 
 
 
 
 
 

ПАРЧАМ РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ВАТАНПАРВАРӢ

Маҳмадҷонова М.Т.,
доктори илмҳои фалсафа
  Парчами давлатӣ барои мо-тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон. 3.9.2011.
(Суханронӣ ба муносибати барафрохтани Парчами миллӣ, шаҳри Душанбе)
Рамзҳои сиёсӣ, ки парчам яке аз муҳимтарини онҳо ба шумор рафта, дар баробари нишони миллӣ, суруди миллӣ таҷассумгари маҷудияти давлат дар арсаи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба ҳисоб меравад, рамзи озодӣ ва истиқлолияти миллӣ буда, арзиши муҳиме барои ҳар як миллат мебошад.
Масъалаи истиқлолияти сиёсӣ дар ҷаҳони муосир истиқлолияти давлатеро ифода менамояд, ки мавҷудият ва амалу идоракунӣ, ҳудуд ва хусусиятҳои миллӣ-иҷтимоии аҳолии он, дарк ва ифодаи манфиатҳои миллиаш аз ҷониби ҷомеаи умум ба таври расмӣ қабул шуда бошад. Хусусан соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва эътироф гардидани он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, яъне зиёда аз яксаду навад кишвари ҷаҳон-узви Созмони Милали Муттаҳид, таҷассуми ташаккули истиқлоли сиёсии он буда боиси ифтихору эхтироми шаҳрвандони кишвари мо мебошад.
Истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон мавқеи онро дар ҳаёти сиёсии дохилӣ ва байналмилалӣ тағйироти куллиро ба миён овард, ки пеш аз ҳама дар ҷой ва мақоми муайянро соҳиб гардидани кишвар дар арсаи байналмилалӣ зоҳир гардид. Дар муддати кутоҳи таърихӣ Тоҷикистон мебоист ба истиқлолияти давлатӣ ва истиқлолияти иқтисодӣ ноил гардад, ки дар шароити солҳои 90 ва нобасомониҳои дар пай овардаи он яке аз корҳои хеле мушкил ва заҳматталаб буд. Имруз мо бо ифтихор мегуем, ки таҳти роҳбарии пурсамар ва дурбинонаи Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ватани мо ҳамаи мушкилотро паси сар намуда ба истиқлоли воқеии худ дар ҳамаи самтҳо ноил ва бо қудрату тавоноии ҷавонмардона онро таҳкиму истеҳком бахшида истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба туфайли ташккули истиқлоли худ ҳудуди сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян намуданро пайдо кард. Сарвари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анҷуманҳои бонуфузи байналмилалии сатҳи олӣ чун намояндаи аввали миллат иштирок ва суханрониҳо намуда ба ҷаҳониён оид ба пайдоиши давлати нав, сиёсати дохиливу хориҷии он ахборот дод, бо ташаббусҳои наҷиби сатҳи глобалӣ баромад карда ҳувияти сулҳдустона, хирадпарварона ва озодидусти тоҷиконро муаррифӣ кард.
Истиқлолияти сиёсии кишвар дар ҳаёти сиёсии ҷомеа тағқироти куллиро ба миён оварда зарурати ба таври фаврӣ барқарор ва ё эҷод намудани рамзҳои сиёсии давлатиро ба миён овард. Рамзҳои сиёсӣ муаррифгари кишвар, хатти пешгирифтаи сиёсӣ ва орзуву ормонҳо, яъне идеологияи давлатро дар дохил ва хориҷи он ифода менамоянд. Онҳо барои барҳам додани қафомонии иҷтимоиву иқтисодӣ, аз байн бурдани ҳар гуна зулму истибдод ва дигар раванду падидаҳои ҷомеаи инсонӣ заминаи воқеӣ муҳайё менамоянд.[1]
Рамзҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон арзишҳои олӣ, муқаддасотеанд, ки нишон, парчам, суруди миллӣ буда дахлнопазирии онҳо тариқи қонун ҳимоя карда мешаванд. Рамзи давлатӣ ин нишонаи махусест, ки дар он хусусияти таърихӣ, фарҳангию сиёсб ва миллии ифодакунандаи мазмуни ғоявӣ ва ҳувияту соҳибистиқлолӣ таҷассум ёфтааст.[2] Парчами давлатӣ дар байни нишонаҳои дигари давлатӣ мақоми махсус дошта, ҳамчун рамзи давлатӣ метавонад ҷузъҳои муайяни нишони миллиро дар бар гирад.
Дар ҳама давру замон парчамдорӣ чун нишонаи истиқлолхоҳӣ, озодӣ ва мубориза маънидод мешуд. Рисолати парчамдорӣ пуршараф буда, миллатҳое соҳиби парчам мешаванд, ки тавонистаанд дар ҳамаи печу тоби таърих аз ҳувият ва ягонагии худ дифоъ намуда онро дар парчами худ ифода намоянд.
Таърихи парчамдории тоҷикон гарчанде бо таърихи бостонии миллат вобастагии қавӣ дошта он бо дирафши ковиёнӣ марбут дониста мешавад, рамзиёти парчамҳои таърихи навтарини Тоҷикистон онро ифода намекард. Агар ба парчами давлатии Тоҷикистони даврони шуравӣ, ки камаш 7 маротиба тағйири шакл кардааст, рамзиёти таърихӣ дида намешавад. Ин чунин маънӣ дошт, ки ҷумҳурии навтаъсис аз таърихи пешинаи худ даст кашида ба истилоҳи Мавлоно, пайрави нав буда аз куҳна даст мекашид ва ба истилоҳи Ҳофизи Шерозӣ олам ва одами навро месохт. Дар ин олами нав, ки давлати коргару деҳқонро таҷассум мекард, рамзиёти меҳнати ин ду қишри ҷомеа, боигарии деҳқонӣ-пахта ва гандум, рамзи ситора ва ҳудудҳои ҷуғрофӣ ифода шуда буданд. Дар нишони давлатии то соли 1992 ситораи осмонии пешина ба ситораи сурх табдил шуда бо рамзиёти давлатҳои дохили Иттифоқ ҳамгун карда шуд. Дигар рамзи парчам ва нишон албатта офтоб ва нурҳои тиллоии он буд, ки аз табиати офтобии кишвар дарак дода рамзи ояндаи дурахшони онро ифода мекард. Дар парчами солҳои 1924 то 1953 номи ҷумҳурӣ бо расми хатти қабулшуда дарҷ карда шуда бошад, баъди соли 1953 номи кишвар дар парчам дарҷ карда намешавад.
Муҳаққиқи рамзиёти давлатии Тоҷикистон Муҳаммад Саъдӣ хеле дуруст қайд карда аст, ки дар рамзҳои сиёсӣ фаозия ва сохтори мафҳумии онҳо вазифаи коммуникатсиониро ба ҷо меоваранд, ки ҳадаф-ҷалби диққати шумораи бештари ҳамфикрону тарафдорон аст.[3] Аз ин лиҳоз, дар парчами соли 1991, ки дар он танҳо рангҳои миллӣ мавҷуд буда ягон ишорати дигаре ба чашм намерасад, таъсири муҳорибаи неруҳои мухталифи сиёсии навтаъсиси солзои 80-90-ум таҷассум ёфтааст. Дар ин давра дар муддати кутоҳ беш аз 8 ҳизби сиёсӣ, беш аз 12 ҷунбишҳои мардумӣ, созмон ва иттиҳодияҳои халқӣ 13 ҷамъияти маданию миллии халқҳои ғайритаҳҷоӣ ба миён омада ҳар яке ба ҳокимият, раванди идораи ҷомеа таъсир ворид карда, манфиатҳои худро пеш мебурданд. Онҳо новобаста аз мақом ва нақше, ки дар ҷомеа ва раванди идораи корҳои давлатию ҷамъиятӣ доштанд ба сиёсати калон даст мезаданд ва саъи тақсими ҳокимиятро доштанд.[4] Ин ваъияти ногувор дар шаклу намуди парчами он давра ифода гардид, ки дар он ваҳдату ягонагӣ, мақсаду мароми умум, ғояи муттаҳидгари амиқ дида намешавад ва танҳо ишорате ба мавҷудияти кишвар боқӣ мондааст.
Ҳамин тавр, дарки ҳуқуқу озодиҳо, масъулиятдорӣ аз арзишу манфиатҳои милливу давлатӣ аз ҷониби ҷомеа дар замони соҳибислиқлолӣ хеле муҳим аст. Масъалаи истиҷлолияти сиёсӣ бошад бо макон, замон ва низоми арзишҳо ва рамзҳои сиёсӣ пайвасти ногусастанӣ дорад.
Парчами миллӣ рамзи фарқкунандаи давлаӣ, ҳудудҳои марзии давлатии он мебошад, ки бо рангу нишонаҳои махсус ифода ёфта бо санадҳои қонунгузории махсус танзим карда мешавад.[5]
Иҷлосияи 16-ми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини кишвар нақш ва мавқеи ҳалкунанда дошта барои ҳалли фаврии масоили истиқрори сулҳ, инчунин тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми бесобиқа гузоштааст. Дар он сароғози таҳаввули бунёдӣ дар зиндагии иҷтимоӣ ва низоми идории кишвар гузошта шуда бо тасдиқ ва пешниҳоди Парчами давлат чун муқаддасоти миллӣ, роҳбарияти олии ишвар оид ба нияти неки зери он муттаҳид кардани тамоми қишрҳои ҷомеа ва ба шоҳроҳи тамаддун ворид намудани Тоҷикистони тозаиистиқлол эълом дошт. Азбаски вазъи кишвар хеле ноором буд, танҳо дар соли 1999 низомномаи марбут қабул ва тартиби афрохтан ва тасвири он муқаррар карда шуд. Бо истифода аз ташаббуси қонунгузории хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуда дар он тартиби афрохтани Прачам ва ҷойгиркунии тасвири он пешбинӣ гардид. Дар ин Қонун ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди кишвар будани Парчами давлатӣ эътироф гардида, худи Қонун 12 майи соли 2007 қабул гардид. Дар пешгуфтори қонуни мазкур гуфта мешавад: “Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди Миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”.[6]
Эътироф гардидани Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ рамзи ватандорӣ ва самимона дуст доштани Ватани маҳбуб, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва муҳтараму азиз донистани ҳар қатра хоку оби он ба шумор меравад. Меҳру муҳаббат ба Ватан эҳсоси олӣ аст ва алоҳаи шадидтар аз меҳри Ватан вуҷуд надорад. Тавре Мавлонои бузургвор мегуяд:
Дар сафар гар Рум бинӣ ё Хутан,
Аз дили ту кай равад ҳуббулватан?[7]
Парчами парафшон ифодаи обоодии ватан буда, акси он – нишонаи таназзули ҳар гун мамлакат аст. Парчам ифодаи нангу номи ҳар шаҳрванд, баёнгари истиқлоли мамлакат, ифодаи иззату икроми миллат, таҷассумгари ормонҳои миллӣ, инъикосгари фарҳангу тамаддун, азму иродаи устувори мардум, пайвандагари дирузу имруз, қутбнамои фардои нек ва ҳидоягари иттиҳоду ҳамбастагии мардуми кишвар ба шумор меравад. Маҳз ҳамин арзишҳо дар мазмуну муҳтавони рамзии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфта, аввалин маротиба дар таърихи навини он пайванди миллатро бо таърихи куҳани худ ифода менамояд.
Парчами миллии мо таърихи бою ғании чандинҳазорсоларо дар худ бо рамзи шери паррони ниёкони ориёӣ ва тоҷи заррини Исмоили Сомонӣ таҷассум намуда моро бо қавмҳои ориёӣ, ки яке аз аввалин қавмҳои олам буда ойини парчамдориро ҷорӣ кардаанд, пайванд медиҳад. Он моро бо аввалин давлати комили миллӣ, ки тавонист рушду нумуи фарҳангӣ, илмӣ, иҷтисодии кишварро таъмин намуда пойдевори миллати тоҷикро гузорад, тавъам месозад. Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзуб ормонҳои ҳар як миллату давлат аст. Ливои миллӣ қувваи сафарбар ва муттаҳидгари қавӣ дорад, ки барои муттаҳиду воҳид шудан даъват менамояд. Он ифодагари ватандустиву миҳанпарварӣ буда илҳомбахши ҷидду ҷаҳди мардум барои дифои марзу буми муқаддаси ватан, эъмори ҷомеаи адолатпарвари оянда мебошад. Он нишонаи бақоми давлат, ваҳдау ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ мебошад. Ҷорӣ кардани оини наҷиби парчамдории ниёгор дар байни ҷавонон дар онҳо ҳисси ифтихори ватандорӣ ва дарки масъулияти онро мепарварад.
Тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар руҳияи ватандустӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ аз ҷумлаи нуктаҳои муҳими стратегияи давлат ба шумор меравад. Насли ҷавон, ки даҳшат ва вазнинии тоқатфарсо ва маҳрумиятҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-умро надидааст, метавонад таҳти таъсири фарҳангҳои ғайр қарор гирад. Бинобар ин дар байни ҷавонону наврасон мебояд аз синну соли томактабӣ ва мактабӣ то таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҳисси муҳаббат ба Ватан ва ватанпарастӣ ташаккул дода шуда онҳоро дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, махсусан Парчами давлатӣ тарбия намуд.
24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХУ1- таърихии Шурои Олии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистонро таъсис дода минбаъд ин санаро ҳамчун Рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуд. Дар ин руз аҳолии кишвар худро бори дигар ҳамдилу ҳамнабзи он рузҳои таърихӣ дониста садоқати худро ба ин муқаддасоти олӣ ифода менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам бою ғанӣ гардонидани ҳисси ватандориву ифизори миллӣ 30ми августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе –пойтахти кишвар Парчами давлатии Тоҷикистонро бо тамоми шукуҳу ҷалоли нотакрораш, бо баландии 165 метр парафшон намуданд. Минбаъд ин иқдоми наҷибро мардуми кишвар ба роҳбарӣ гирифта, дар ҳар маркази воҳиди маъмурии худ Парчами давлатии Тоҷикистонро бо обод кардани боғу гулгаштҳои зебо бо тарзу намуди беҳтарини меъмориву шаҳрсозӣ эъмор намуда дар он ҷо бо арҷгузорӣ ва эҳтиром ба ин анъанаи ниёгон чорабиниҳои муҳими давлатӣ, тарбиявиву фарҳангӣ баргузор ва лаҳзаҳои нотакрори ҳаёташонро қайд менамоянд. Дар ин ҷои муқаддас кудакони мо аввалин дарси сиёсии худро бо дарки рамзиёти парчам меомузанд, ки онро Президенти кишвар хеле хуб шарҳ додаанд: “Рангҳои парчами миллӣ ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарзанги миллӣ ва сиёсӣ буда, Ранги сурх-рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед-нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабх- нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррумӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.[8]
Аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мо Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар маркази он тасвири Дирафши Ковиён иъикос ёфта он рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад. Шери болдор, ки дар маркази Дирафши Ковиён ҷойгир шудааст рамзи қудрат, нерумандӣ ва шукуҳи давлат буда он дар руи осмони кабул инъикос ёфтааст. Тоҷ ва ҳафт ситора ифодагари асоси Нишони давлатии кишвар буда дар қисмати болоии чубдасти Ливо лавҳаи заррин бо номи насаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри муҳлати салоҳияти конститутсионии ӯ ҳаккокӣ шудааст. Нуги ҷубдасти Ливо шакли гунбази зариинро дорад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани эҳтироми он ҷавобгарӣ муайян намудааст. Дар он таҳқири рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар шакле ки набошад манъ карда шудааст.
Хулоса, парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ таърихан дар тамаддуни башарият ифодагари арзишҳои муҳими фарҳангт, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва аз ҳама муҳим, ҳарбии миллатҳои соҳибистиқлол мебошад. Парчам матое мебошад, ки аксаран дар қисмати болоии чуб ва ё дигар воситае, амсоли нуги найза, ҳамеша барои намоён будан бо бардоштан ба баландии муайян, нигоҳ догтан дар қисмати болоии қасрҳо ва жар хаймаи размгоҳ парафшон мегашт. Парчам мутамарказии ғояи сиёсӣ буда, ду вазифаи асосӣ огоҳонии аҳолӣ ва ифодаи ҳокимиятро таҷассум менамояд.

Сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 21-22 ноябри соли 2023 ба шаҳри Москва Федератсияи Россия

   Муаллиф: Дороншоева Некбахт
  Сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 21-22 ноябр дар шаҳри Москва Федератсияи Россия идома дошт, ба анҷом расид.
Бояд қайд кард, ки 21 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Федератсияи Россия сафар карданд ва дар шаҳри Москва мулоқоту музокироти роҳбарони сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардиданд.
Баррасии масоили муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду кишвар дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин оғоз гардида, дар доираи васеъ, бо иштироки ҳайатҳои ду давлат идома ёфт.
Бояд қайд намуд, ки Сарони ду давлат таъкид карданд - соли равон барои ҳар ду давлат соли ҷашнӣ ба ҳисоб меравад. 30 сол қабл Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ ба имзо расида буд. Ба сатҳи расидаи ҳамкорӣ мутақобилан судманд баҳои баланд дода шуд.
Имрӯз заминаҳои қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравии Тоҷикистону Россияро зиёда аз 260 санад танзим менамоянд, ки дар раванди рушду тавсеаи ҳамгироию шарикии стратегии ду давлат мақоми шоиста доранд.
Қобили зикр аст, ки муносибати гуногунҷанбаи ду давлат заминаи мустаҳками анъанаҳои таърихӣ дошта, тайи солҳои охир дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобила ҷараёни густариши босуръатро дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳ касб кардаанд, дар замони пуртазоди ҷаҳонишавӣ дорои аҳамияти бузург ва ҳаётан муҳим мебошанд.
Зимни музокирот сарони ду давлат дар доираи мулоқоти хосса ва бо иштироки ҳайатҳои ҷонибҳо дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум, ки хоси муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар мебошад, маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории дутарафаро муҳокима намуданд. Қобили зикр аст, ки Сарони давлатҳо ҷанбаҳои кунунии шарикии стратегии ҷонибҳо, аз ҷумла масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин дар соҳаи амниятро баррасӣ намуданд. Ҳамчунин оид ба доираи васеи масъалаҳои дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом дода шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкориро баррасӣ карданд. Аз ҷумла:
- масъалаҳои ҳамкории энергетикӣ, инчунин ҳамкории саноатӣ бо таваҷҷуҳ ба саноати металлургӣ, кӯҳӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва дорусозӣ;
-омӯзиши забони русӣ;
-рушд ва таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ;
-густариши минбаъдаи ҷуғрофияи робитаҳои байниминтақавӣ ба рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар муносибатҳои байни давлатҳо;
-доир ба ҷараёни мусбати ҳамкории байнипарлумонӣ;
-ба аҳамияти ҳамёрии ду давлат дар соҳаи амният ва ғайра таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд:
Дар рафти вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду давлат дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз ҷумла, ҳамкории байнидавлатӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи иттилооти молиявӣ ба сатҳи сифатан нав баромад. Ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо пули миллӣ то 82 дарсад афзоиш ёфт. Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Русия ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ изҳори ҷонибдорӣ шуд.
Оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ҳамчунин, савдои хориҷии давлати миёни ду кишвар, дар соли 2022 ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол 1,7 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин 24 фоиз афзудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, ки Федератсияи Русия дар низоми умумии робитаҳои иқтисодии хориҷии Тоҷикистон имрӯз мақоми пешсафро доро мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои саноати кӯҳӣ, металлургӣ, мудофиавӣ, коркарди нафту кимиё, саноати хӯрокворию сабук, нассоҷӣ, фарматсевтӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд. Ҷалби сармояи Русия барои таъсиси паркҳои саноатӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ зарур шумурда шуд.
Баробари соҳаи тиҷорат ҷонибҳо дар рафти мулоқот ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои коркарди маҳсулот, саноати кӯҳӣ ва сабук, нақлиёту коммуникатсияҳои транзитӣ, энергетика, маҷмаи агросаноатӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ, дорусозӣ ва дигар бахшҳои иқтисодӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд. Таъкид гардид, ки муносибатҳои ҷонибҳо дар самтҳои гуногуни фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва варзиш фаъолона идома доранд. Ҷонибҳо дар ин зимн, аз ҷумла атрофи мавзӯи масъалаи пиряхҳо, захираҳои об, гидроэнергетикӣ, саёҳӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, масъалаҳои афзоиши таҳдиду хатарҳои терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, бо шумули қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ, табодули андеша карданд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид:
— Нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия;
— Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия дар бораи рушди ҳамкорӣ дар омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисон дар соҳаи нақлиёт;
— Нақшаи амалии ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои солҳои 2023-2025;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии приставҳои судии Федератсияи Русия;
— Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия дар бораи эътирофи тарафайни мақомоти танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ;
— Ёддошти тафоҳум оид ба масъалаҳои назорати меҳнат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли аҳолии Федератсияи Русия;
— Созишнома байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази миллии таҳқиқоти “Институти Курчатов”-и Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва илмию техникӣ.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.
Боиси хушнудӣ аст, ки аз ҷониби Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ордени «Барои хизмат дар назди Ватан» сарфароз гардонида шуданд.
Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин зимни супоридани мукофот саҳм ва хизматҳои хоси Пешвои миллатро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия, ки имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муваффақона рушд меёбанд, таъкид намуд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар навбати худ, аз ин тасмими олии Президенти Федератсияи Русия изҳори сипос намуда, онро, пеш аз ҳама, ба қадрдонии баланди хидматҳои тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушду таҳкими пайвастаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия мансуб донистанд.
 
 
 
 
 
 
 

ФОЛКЛОРШИНОС 100-СОЛА МЕШАВАД

   Дирӯз бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ дар толори Шурои олимони Институт ба муносибати 100-солагии фолклоршиноси тавоно, академик Раҷаб Амонов Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Раҷаб Амонов ва рушди фолклоршиносии тоҷик” баргузор гардид. 
   Дар конференсия директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ доктори илмҳои филологӣ Шарифзода Фарангис дар мавзуи “Корномаи илмии академик Раҷаб Амонов”, академик Носирҷон Салимӣ дар мавзуи “Рамзошнои маънӣ”, академик Кароматулло Олимов дар мавзуи “Муҳаққиқи варзидаи фолклори тоҷик”, профессори ДМТ Равшан Раҳмонӣ дар мавзуи “Академик Раҷаб Амонов ва масъалаҳои фолклоршиносии тоҷик”, мудири шуъбаи таҳрири Энсиклопедияи миллии тоҷик Шамсиддин Орумбекзода дар мавзуи “Садоқати устоду шогирд (академик Раҷаб Амонов ва профессор Нисор Шакармамад”, мудири шуъбаи фолклор, номзади илмҳои филологӣ Абдуламин Мажнунов дар мавзуи “Саҳми академик Раҷаб Амонов дар таъсис ва ташаккули шуъбаи фолклор дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ”, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти ДДОТ ба номи С.Айнӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саъдӣ Қосимӣ дар мавзуи “Нақши Раҷаб Амонов дар таҳияи китобҳои дарсии фолклоршиносӣ”, мудири Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ дар мавзуи “Шинохти рубоӣ ва рамзҳои он дар таҳқиқоти академик Раҷаб Амонов”, декани факултети филологияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдулмаҷид Қурбонов дар мавзуи “Раҷаб Амонов муҳаққиқи фолклори мардуми Кӯлоб” суханронӣ намуданд.
Дар музокира Шамсиддин Муҳаммадиев, Равшан Раҳмонӣ, Дилшод Раҳимӣ ва Шодигул Умарова суханронӣ намуданд. Дар анҷоми конференсия чунин пешниҳодҳо ироа гардиданд:
Дар шаҳри Душанбе кӯчае ба номи академик Раҷаб Амонов гузошта шавад.