Ҳабибуллоҳи Калаконӣ ва зарурати бозшиносии симоҳои миллӣ
Муаллиф: Нозим Нурзода
(гузоре иҷмолӣ дар ҳошияи конфронси илмӣ-назариявии Маркази мероси хаттии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Ҳабибуллоҳи Калаконӣ: аз айёрӣ то подшоҳӣ”)
Омӯзиш, таҳқиқ ва бозшиносии чеҳраҳои бонуфузи миллӣ дар шароити муосири бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ ва тезутунд шудани бозиҳои геополитикӣ аз ҷумлаи роҳкорҳои муҳими илмӣ, ихтисосӣ, маданӣ ва умумимиллӣ ба ҳисоб меравад. Муҳимтар аз ҳама, аз тариқи бозшиносии илмию ихтисосии таърихи миллӣ ва ташхиси ҳаводиси муҳими сиёсию иҷтимоӣ сатҳи худогоҳию худшиносӣ ва ҳувияту ифтихороти миллӣ боло рафта, роҳ барои рушду тавсеаи фикрӣ ва истиқлоли сиёсӣ ҳамвор мегардад. Гузашта аз ин, дар заминаи шинохту муаррифии симоҳои таъсиргузору номдори миллӣ доир намудани нишасту конфронсҳо ва маҳфилу семинарҳои илмӣ-омӯзишӣ ва эҷодӣ талаби давру замон аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, Маркази мероси хаттии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 23-юми майи соли ҷорӣ дар ростои шинохту муаррифии симои матраҳи сиёсию мафкуравии қаламрави Хуросони таърихӣ амир Ҳабибуллоҳи Калаконӣ конфронси илмӣ-назариявиеро таҳти унвони “Ҳабибуллоҳи Калаконӣ: аз айёрӣ то подшоҳӣ” баргузор намуд, ки дар кори он доираҳои илмию пажӯҳишӣ ва ҳавзаҳои маданӣ-маърифатии дохилию хориҷӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Конфронси илмӣ-назариявиро саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, професор Қосимшоҳ Искандаров ифтитоҳ намуда, дар мавзуи “Ҳабибуллоҳи Калаконӣ: аз айёрии Хуросон то подшоҳии Афғонистон” суҳбати ҷолиби илмӣ-ихтисосӣ анҷом дод. Мавсуф, аз ҷумла тазаккур дод, ки Ҳабибуллоҳи Калаконӣ аз ҷумлаи чеҳарҳои маъруфи миллӣ-мардумии Хуросон аст, ки ҳанӯз айёми ҷавонӣ миёни муҳитҳои рустоӣ ва мардуми маҳаллӣ бо мушаххасоти ахлоқию ҳувиятие назири росткорӣ, ростқавлӣ, ватандӯстӣ, меҳрубонӣ, ҷасурӣ, озодагӣ, силаҳшӯрӣ, ҷавонмардӣ, адолатпешагӣ, додварӣ, мардумсолорӣ, ҳимматбаландӣ ва масъулиятписандӣ соҳибэҳтиром гардида буд. Ба назари профессор Қосимшоҳ Искандаров, дар заминаи шинохти дурусти ин симои матраҳи сиёсиву иҷтимоии Афғонистон асару рисолаҳои зиёде таълиф гардида, ғолибан шахсияти Ҳабибуллоҳи Калаконӣ яктарафа ва бо назардошги манофеи қавмӣ-қабилавӣ таҳқиқ шудааст. Дар ин миён, муаллифони баъзе сарчашма ва таълифоти илмӣ-таҳқиқӣ дар ростои шинохти воқеии шахсияти Калаконӣ ҳадди инсофро нигоҳ доштаанд. Ин аст, ки бозбинии кору пайкору саргузашту сарнавишти Ҳабибуллоҳи Калаконӣ зарурат дорад.
Гузориши дигари илмӣ дар мавзуи “Ҳабибуллоҳи Калаконӣ – эҳёгари анъанаи давлатдории тоҷикони Хуросон” аз ҷониби шарқшиноси муосири тоҷик Умед Назар ироа гардид. Номбурда бо такя ба манобеи таърихӣ ва адабиёти илмӣ-таҳқиқӣ аз суннати омӯзандаи давлатдории тоҷикон дар қаламрави Хуросони бузург ёдовар шуда, нақши тоҷиконро дар ташаккули шуури сиёсӣ ва руҳияи давлатсозии минтақа бузург арзёбӣ намуд. Аз сӯйи дигар, бархурди нодуруст ва ғайримунсифона ба шахсияти Ҳабибуллоҳи Калаконӣ, ки аз ҷумлаи нухбагони сиёсию иҷтимоии тоҷик дар ибтидои садаи бист маҳсуб мешавад, ҷомеаи илмӣ ва мадании тоҷикро нигарон месозад. Ин аст, ки бозшиносию бозбинии сафаҳоти алоҳидаи таърихи Афғонистон ва ҳаводиси сиёсию иҷтимоие, ки бо шахсияти ин марди шуҷоъи миллӣ гиреҳ мехуранд, зарурати имрӯзист. Пажӯҳишгари варзида Умед Назар бо таваҷҷуҳ ба далоили мувассақи илмӣ собит намуд, ки саргузашти пурмоҷарои Ҳабибуллоҳи Калакониро метавон, бемуҳобо, бо корномаҳои қаҳрамонони дигари миллӣ Спитамен, Муқаннаъ, Деваштич ва Восеъ баробару ҳамрадиф донист. Воқеан, Ҳабибуллоҳи Калаконӣ ба лиҳози мавқеъгирӣ, адолатпарастӣ, ҷуръатмандӣ ва пуштибонии манофеи мардумӣ бо шахсиятҳои пешини мо Спитамен, Муқаннаъ, Деваштич ва Восеъ мутаносиб аст.
Баъдан, дар конфронс иддае аз меҳмонони афғонистонӣ ва иштирокдорони ватанӣ бо шумули Зуҳурулло Зуҳурӣ (яке аз раҳбарон-муҷриёни Ҷунбиши озодагон), Аҳмадвалӣ Масъуд (раиси Бунёди байналмилалии шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд), Наҷмиддини Шоҳинбод (шоир, нависанда ва рӯзноманигори варзидаи тоҷик), Саид Ҳомид (доктори илмҳои сиёсӣ, афғонистоншиноси ватанӣ) ва тариқи онлайнӣ Ҳоруни Муътариф (раиси Ҷунбиши гузор) дар атрофи шахсият ва фаъолияти сиёсӣ-идорӣ ва давлатии Ҳабибуллоҳи Калаконӣ гузоришҳои ҷолиб ироа карданд. Ба ин тартиб, конфронси илмӣ-назариявӣ дар робита ба шахсияти Ҳабибуллоҳи Калаконӣ бо ҳузури меҳмонони афғонистонӣ ва шарқшиносони ватанӣ дар сатҳи баланди илмӣ ва маданӣ ҷараён гирифт.
Мо, ки дар конфронс ба сифати шунаванда ва шоҳиди бевоситаи суҳбату гузоришҳои ҷолиб будем, бардоштҳои мухтасари хешро дар заминаи конфронси илмӣ-назариявӣ ва шахсияти Ҳабибуллоҳи Калаконӣ ироа мекунем.
Якум. Дар воқеъ, ҷомеаи илмӣ-академӣ ва мадании мо ба навбинию бозшиносии таърихи миллӣ, аз ҷумла симои Ҳабибуллоҳи Калаконӣ (1890-1929) ниёз дорад, чаро ки доираҳои муайяни манфиатхоҳу фурсатталаб, чи дар гузашта ва чи имрӯз бар мабнои манофеи қавмӣ-қабилаӣ ба таҳрифи таърих ва дигаргун ҷилва додани ҳаводиси сиёсӣ даст зада, дар бозтоби ғайримунсифонаи равандҳои сиёсию мафкуравӣ ва иҷтимоию мадании Афғонистон саҳм гирифтаанд. Мутаассифона, ин раванд ҳамчунон идома дорад. Ба ин маъно, агар имрӯз ҷомеаи илмӣ ва қишри таҳқиқию мадании мо сари мушкилоти фикрӣ, муаррифии чеҳраҳои таъсиргузори таърихӣ, мероси шоистаи аҷдодӣ ва бозшиносии ҳувияти миллӣ ҳадафмандона тамаркуз накунад ва бо назардошти ҳассосиятҳои замонӣ ва чолишҳои асрӣ иқдомоти зарурии илмӣ, фаннӣ, ихтисосӣ, мафкуравӣ ва фарҳангӣ рӯйи даст нагирад, фардо дер хоҳад шуд.
Дувум. Ҳабибуллоҳи Калаконӣ бо айёрӣ (далерӣ, чобукӣ, ҷавонмардӣ, силаҳшурӣ) миёни доираҳои маҳаллӣ маъруфу машҳур гардидааст. Мавсуф бо ибтикороти шахсӣ ва айёрии фардӣ алайҳи истибдоди дохилӣ қиём карда, 17 январи соли 1929 Амонуллохон (1892-1960)-ро аз тахти шоҳӣ барканор карда, ҳукуматро ба даст даровард ва бар мабнои адлу дод салтанат намуд. Бо он ки умри ҳукумати Ҳабибуллоҳи Калаконӣ хеле кам будааст (17 январи соли 1929 – 13 октябри соли 1929), низоми давлатдорие, ки бар асоси адлу додварӣ, нармиши иҷтимоӣ ва мусовоту баробарии қавмӣ-этникӣ машруият доштааст, дар сафаҳоти таърихи Афғонистон абадан сатб гардидааст. Махсусан, дар сарчашмаҳои таърихӣ ва маводи таҳқиқӣ-публитсистӣ аз додварӣ, хештандорӣ, меҳрубонӣ, ҷавонмардӣ. отифат, самимият ва масъулияти фардии шахси Калаконӣ зиёд ёд шудааст. Калаконӣ то вопасин нафасҳо аз мардум ва табақаҳои мазлуми мардумӣ ҳимоят карда, бар асоси раъйи халқӣ ва манофеи мардумӣ низоми давлатӣ ҷур намудааст. Дар сарчашмаҳо аз вежагиҳои мунҳасир ба фарди Ҳабибуллоҳи Калаконӣ низ ёд шудааст. Ба дараҷае иззати нафси баланд доштааст, ки ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ, аз занону фарзандон ва хешу ақрабои душманонаш қасду қасос намегирифт ва ба худ иҷоза намедод, ки аз ҳадди инсоф убур намояд. Ин аст, ки айёми таҷлили ҷашни Истиқлоли Афғонистон ба душмани ҷонии худ Амонуллохон (ки дар Рим фирорӣ буд) паёми шодбошӣ мефиристад ва ба истилоҳ, душман-оппоненти сиёсиашро табрик мекунад. Ин навъ ҷавонмардӣ реша дар ҳувияти хонаводагӣ ва ҷасорати фавқулодаи фардии Калаконӣ дорад.
Севум. Тавре ки ишора шуд, Ҳабибуллоҳи Калаконӣ аз айёрӣ ва силаҳшурӣ то ба мартабаи шоҳӣ расидааст. Айёр нафарест, ки бо ҷасорати фавқулода, талошу заҳмат, ғайрату ҷуръат, ғуруру ҳамият ва ҷавонмардию силаҳшӯрии инфиродӣ миёни доираву ҳавзаҳои иҷтимоии замон маҳбубият пайдо менамояд. Ба ин маъно, фаъолияти силаҳшӯрии Ҳабибуллоҳи Калаконӣ, ки бо ибтикороту ташаббусоти фардӣ то ба мақоми шоҳӣ расидааст, бо корномаи яке аз чеҳраҳои маъруфи маслаки айёрии хуросонӣ -- Яъқуб бини Лайси Саффорӣ (840-879) ҳамхонӣ дорад. Мусаллам аст, ки дар таърихи миллӣ табақаи айёрон (табақа ё гурӯҳи мардум дар Хуросону Мовароуннаҳру Сиистон, ки ҷасуру силаҳшур ва ҷавонмард буда, аз бенавоён ва мазлумон ҳимоят мекарданд) мақому ҷойгоҳи вежа доштааст. Ба ин манзур, дар таърихи асримиёнагии миллӣ бо исми айёри хуросонӣ Яъқуб бини Лайси Саффорӣ дучор меоем, ки бо заҳмату талошҳои фардӣ ва айёрӣ (силаҳшурӣ) ба мансаби амирии Хуросон расида буд. Яъқуби Лайс ҳам мисли Ҳабибуллоҳи Калаконӣ марди ҷасур ва дар айни замон хеле хоксор будааст. Тибқи тазаккури муаррихон, ба ғайр аз рӯзҳои пазириш ва ташрифоти дарборӣ, дигар ҳама вақт либоси одӣ мепӯшид, палосу қолинро хуш надошт, ҳангоми хоб ба ҷойи болишт таги сар сипар мегузошту мехобид (ниг.: Неъматов Нӯъмон. Давлати Сомониён: тоҷикон дар асрҳои 1Х – Х. Душанбе: Ирфон, 1989. С.23-24). Ҷуръат ва талошмандии Яъқуби Лайс ба дараҷае будааст, ки вақте дувумбора азми ҳаракат ба Бағдодро мекунад, халифа дар ҳарос меафтад ва расуле мефиристад, то ин ки Яъқубро ба мадорову созиш биоварад ва як дараҷа оромаш бикунад. Расул номаи халифаро ба ин мазмун ба Яъқуб мерасонад, ки мо (манзур халифа ва лашкари хилофат аст) ба ҳукми худованд бар ту пирӯз гардидем ва аз гуноҳат гузаштем. Ва туро ба аморати Хуросону Форс мегуморем. Яъқуб амр медиҳад, то қадре нони хушк, моҳӣ, тара (сабзиҳои хурданӣ мисли каду ва амсоли инҳо) ва пиёз бар табақи чӯбин ниҳода пеш оварданд. Расули халифаро гуфт: “Ба махдуми худ бигӯ: Ман руйгарзодаам (мисгарам) ва аз падарам руйгарӣ омӯхта, хуроки ман нони ҷавин ва пиёзу моҳиву тара буда ва ин давлату шавкат, ки мебинӣ, аз роҳи диловарӣ ва шермардӣ ба даст овардаам, на аз мероси падар ва неъмати ту. То хонадонат барнаяндозам, аз пой нашинам. Агар мурдам, аз ҷониби ман хоҳӣ осуд, агар мондам, сару корат бо ин шамшер аст ва агар мағлуб шудам, ба Систон бозмегардам ва ба ин нони хушку пиёз бақияи умрро ба анҷом мерасонам “ (ниг.: Оштиёнӣ, Иқбол, Оқилӣ, Боқир. Таърихи Ирон пас аз ислом: аз садри ислом то инқирози Қоҷория ва давраи паҳлавӣ. Теҳрон: Нашри Номак, 1378. С.179). Ҳабибуллоҳи Калаконӣ ҳам рустозода, боғбон ва деҳқоне будааст, ки бо зӯри дасту бозу нон ёфта, зиндагӣ кардааст. Аз ин ҷост, ки ин ду айёри хуросонӣ (Яъқуби Лайси Саффорӣ ва Ҳабибуллоҳи Калаконӣ) бо ҷасорати фардӣ ва ҳувияти қавмӣ собит карданд, ки аз касе ба касе вобаста набуда, бидуни подоше зери шонаҳои худ бори гарони мардуми мазлуми буҳуқуқро даркашидаанд. Бинобар ин, шинохт ва муаррифии шоистаю боистаи чеҳраҳои матраҳу таъсиргузори таърихӣ, сиёсӣ, давлатӣ, иҷтимоӣ ва мадании миллие назири Яъқуби Лайси Саффорӣ ва Ҳабибуллоҳи Калаконӣ амру зарурати имрӯзист.
Чорум. Албатта, дар шинохту бозшиносии уқдаҳои фикрӣ, муаммоҳои ҳувиятӣ ва бозсозии зеҳнӣ мушкил дорем. Ҳанӯз ҳам ба силсилаи мушкилоту муаммоҳои зиндагию замон бо содагӣ, зудбоварӣ, худкамбинӣ ва бегонапарастӣ менигарем ва баъзан дар партави ҳавою ҳаваси беҳувиятию худбохтагӣ таърихи пуршукӯҳи худро зери суол мебарем. Дар зимн, баъзан бо баҳонаи инсофи илмӣ ҳаводиси таърихиро нодуруст бозтоб медиҳем ва бо таваҷҷуҳ ба тангии ҷаҳонбинӣ ва шинохти ноқису иштибоҳӣ роҳро барои буҳронҳои ҳувиятӣ ҳамвор месозем. Ин навъ нигариш ва бознигарӣ, ки реша дар костиҳои фикрию фарҳангии мо дорад, на танҳо ба дарди имрӯз намехурад, балки равону руҳияи миллиро хадшадор месозад.
Панҷум. Фазои мағшуши имрӯзӣ ва шароити бозиҳои геополитикии минтақавию ҷаҳонӣ аз зиёиёну фарҳангиёну сиёсиён ва махсусан, ниҳодҳои илмӣ-пажӯҳишӣ тақозо менамояд, ки дар ростои ташхиси уқдаҳои равонӣ, тармими фикрӣ, бозсозии ҳувияти қавмӣ ва шиносоии манофеи миллӣ тасмимоти ҷиддӣ бигиранд ва бо истифода аз фурсату имконоти зеҳнию мафкуравӣ роҳи вуруди таҳдиду хатарҳои глобалӣ ва буҳронҳои ҳувиятиро барои муддатзамони тиулонӣ барбанданд.
Нозим Нурзода
пажӯҳишгар
Тавзеҳот илова шавад

ҲИФЗИ ҲУВИЯТ ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ – ҲИФЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИИ ДУНЯВӢ
Санаи 30 майи соли 2023 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тољикистон семнари ҳарҳафтаинаи илмӣ дар мавзуи «Ҳифзи ҳувият ва арзишҳои миллӣ – ҳифзи давлатдории миллии дунявӣ» баргузор гардид. Маърўзачии асосӣ Асрорӣ Мирзошоҳрух – номзади илмҳои фалсафа, сарходими илмии Шуъбаи таърихи фалсафаи Институт дар семинар муҳимтарин мафҳумҳои вобаста ба мавзуъ (арзиш, мақсадгузорӣ, меъёрҳо, ормонҳо, ҳувияти миллӣ ва ғ.)-ро шарҳ дода, аз љумла чунин таъкид доштанд:
Дар марҳалаи нави рушд низ масъалаи аввалин ва муҳимтарини мо ҳифзи давлатдории миллӣ боқӣ хоҳад монд. Ин масъалаи ҳаётӣ, хусусан, дар шароити мураккабтар шудани вазъи геополитикии минтақа, шиддат ёфтани бархўрди манфиатҳои қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, осебпазир шудани истиқлолияти давлатҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ғайра аҳамияти боз ҳам ҷиддитар касб мекунад. Аз ин рў, ҳам вазъи дохилӣ ва ҳам вазъи хориҷӣ ба мо имкон намедиҳад, ки ҳатто як лаҳза аз масъалаи ҳифзи давлату давлатдорй, дунявияти он ва суботу амнияти кишварамон сарфи назар кунем ва ё дар ин масъала саҳлангорӣ намоем.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тољикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳи дар солҳои соҳибистиқлолӣ тай намудаи халқи тоҷикро таҳлил намуда, оид ба зарурати баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷомеа чунин нигоштаанд: «Бояд ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи ташаккули давлатдории миллӣ, зарурати ҳифзи давлатдории миллӣ, аҳамияти истиқлолу соҳибихтиёрӣ, таҳдидҳои мавҷуда ба давлатдории мо, оқибатҳои амалии аз даст додани давлатдории миллӣ ва ғайраро бо тамоми вуҷудаш дарк намояд».
Зарурати дигар дар ин самт ба таври мақсаднок баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон аст. Дар баъзе аз консепсияҳои классикии давлатдорӣ таъкид мешавад, ки маҳз аз сиёсат, аз маърифати сиёсӣ ва аз дарки моҳияти равандҳои сиёсӣ дур доштани мардум сабаби усгувории давлат ва оромии кишвар мешавад. Мо ҳамчун як давлати миллӣ аз консепсияи «миллати огоҳ» пайравӣ намуда, бояд маърифати сиёсӣ ва ҳушёрии сиёсии мардуми худро ба сатҳи зарурӣ бардорем.
Ин нишондиҳанда, яъне огоҳии миллӣ, хусусан, зимни ҷаҳонишавӣ ва дар асри иттилоотӣ аҳамияти хос касб мекунад. Солҳои охир ҳамагон шоҳиди он будем, ки баъзе доираҳои байналмилалӣ фақат ба василаи бозӣ бо иттилоот ва бо истифода аз ноогоҳии мардум аз моҳияти равандҳои сиёсӣ вазъи баъзе кишварҳои қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаҳони исломро ба чӣ ҳол оварданд. Ҷавонони ин кишварҳо ба фиреби иттилоотӣ гирифтор шуда, бузургтарин дастовардҳои худро бохтанд ва акнун барои аз ин тўфону ноамнӣ берун омадани ин кишварҳо боз даҳсолаҳои дигар заруранд.
Бинобар ин, мо мехоҳем, ки мардуми кишвари азизамон аз назари сиёсӣ огоҳ ва аз моҳияти равандҳои сиёсӣ бохабар бошанд, ҳадафу моҳияти барномаҳои давлатиро сарфаҳм раванд, дуруст дарк намоянд, ки давлат ва Ҳукумати онҳо ба чӣ кор машғул мебошад, ба кадом самт равон аст, кадом корҳоро анҷом додааст ва кадом корҳои дигарро бояд иҷро намояд. Мардум бояд дуруст дарк кунанд, ки манфиати миллии онҳо дар чист ва манфиати неруҳои манфиатхоҳи берунӣ аз чӣ иборат аст, зери ин мавҷи таблиғоту иттилооти берунӣ, ки огоҳона ба сари ҷомеаи мо рехта мешавад, чӣ ҳадафҳо нуҳуфтаанд.
Ҳифзи давлатдории миллӣ, дунявият ва тамомияту суботу амнияти он як вазифаи ҷонии мост ва тамоми он паёму пешниҳодҳое, ки аз љониби Пешвои муаззами миллат ироа мешаванд, маҳз дар атрофи ҳамин ҳадафи меҳварӣ маъно паӣдо мекунанд. Ба ибораи дигар, ҳифзи истиклолият ва рушди давлатдории миллӣ бояд мазмуни асосии тамоми фаъолияти моро ташкил диҳад.
Дар марҳалаи нави рушди кишвар сулҳу ваҳдати миллӣ бояд ҳамчун як арзиши умумимиллӣ, ҳамчун як фарҳанг ва як андешаи фарогири мардумй фаҳмида шуда, ваҳдати мусолиматомези намояндагони ҳамаи неруҳои сиёсӣ, ҳизбу ҳаракатҳо, афкору ҷаҳонбиниҳо, дину мазҳабҳо ва қавму миллатҳои сокини Тоҷикистонро ифода кунад. Имрўз мо бояд маҳз ҳамин навъи фаҳмиши сулҳ ва ризояти миллиро барои мардум ва хусусан барои насли ҷавони худ таълим дода, онро ҳамчун яке аз меҳварҳои ҳувияти миллй ва яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ амалӣ гардонем.
Дар роҳи рушди ояндаи давлатдории мо, ки дар шароити мураккаби ҷаҳонишавй идома меёбад, ҳифзи ҳувияти миллӣ низ масъалаи усулӣ хоҳад буд. Имрўз башарият раванди ҷаҳонишавии босуръат ва омезиши арзишҳо, андешаҳо ва фарҳангҳоро аз cap мегузаронад. Мо ҳаргиз мухолифи бо ҳам наздик шудани фарҳангу тамаддунҳо ва арзишҳои ҳамдигарро шинохтану фаро гирифтани миллатҳо нестем, зеро ин як раванди табиӣ мебошад, вале аз сабаби он ки ин омезишу ҳамдигаршиносӣ дар шароити нобаробари сиёсӣ, иқтисодӣ ва технологи мегузарад, аксар вақт хусусияти якҷониба гирифта, ҷомеаҳои аз назари иқтисодию технологӣ заифтар зери таъсири шадиди фарҳангу арзишҳои миллатҳои аз назари технологӣ қавитар қарор мегиранд. Дар чунин раванд ҳатто бисёре аз афроди миллатҳои дорои фарҳангу тамаддуни асилу арзишманд ба тадриҷ фарҳангу арзишҳои миллии худро аз даст медиҳанд, ки дар натиҷа ҳувияти миллӣ заиф мегардад ва баъдан худи миллат бо хатари нобудӣ рў ба рў мешавад.
Имрўз танҳо ба сабаби қарор гирифтан дар вазъияти нобаробари рушди иқтисодӣ ва технологӣ бисёре аз арзишҳои асили миллии мо низ мавриди таҳдид қарор гирифтаанд. Маҳз бо дарназардошти ин воқеият, имрўз фарҳангу арзишҳои миллӣ ва ҳувияти миллии мо эҳтиёҷ ба дастгирии ҳамаҷонибаи давлатӣ дорад. Зеро дар шароити ҷаҳонишавии босуръат ҳифзи арзишҳои миллӣ фақат бо ҳимояи давлатӣ имконпазир мебошад.
Илова бар ин, ҳифзи ҳувият ва арзишҳои миллӣ танҳо як масъалаи фарҳангию тамаддунӣ набуда, балки моҳияти амалии сиёсию давлатӣ низ пайдо кардааст, зеро дар сурати заиф шудани ин арзишҳои баҳамоварандаи миллат, ваҳдати миллӣ рахна ёфта, пояҳои давлатдорӣ ва суботу амнияти миллии мо суст мегарданд.
Миллати мо дар тули ҳазорон сол соҳиб ва содиркунандаи андеша ва арзишҳо буд, пас шоиста нест, ки ворисони Рўдакиву Фирдавсӣ, Ибни Сино, Хайёму Носири Хусрав, Саъдиву Ҳофиз, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Камоли Хуҷандиву Аҳмади Дониш, Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода имрўз фақат ҳолати воридкунанда ва масрафкунандаи фарҳангиро дошта бошанд. Мо дар хазинаи азими тамаддуни чандҳазорсолаи худ барои башарият паёмҳо, арзишҳо ва гуфтаниҳои бисёре дорем, ки ҳаргиз аҳамияти худро аз даст надодаанд ва намедиҳанд. Ҳоло бояд худ онро дуруст фаро гирифта, тарзи муосири пешниҳод ва муаррифии онҳоро таҳия намоем.
Хулоса, шинохт, тарғиб, рушд ва амалисозии арзишҳои беҳтарини инсонии дар илмҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ ва адабиёт дарҷгашта, дунявияти тафаккур аз вазифаҳои муҳимтарини муҳаққиқони соҳаи илмҳои ҷамъиятӣ ба шумор мераванд. Дар ҳамин замина, омўзиши таҷрибаи ҷаҳонии шинохту муайяннамоии ҳувияти миллӣ, барои дарки воқеии масъала дар Тоҷикистон низ кўмак намуда, роҳи фарохеро барои муқоисаи назарияҳо ва страгегияи рушди миллатҳою давлатҳо ҳамвор месозад. Аз ин рў, падидаи иҷтимоие чун давлат ва миллат дар замони мо пайванди ногусастанӣ доранд. Маҳз ин пайвастагӣ метавонад омили вахдати миллӣ, таҳкими истиқлолият, дунявияти давлат ва устувории низоми сиёсӣ бошад.
АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. ОСОР. ҶИЛДИ ҲАФТУМ
Осори мутафаккири бузурги асрҳои миёнаи тоҷик Абуалӣ ибни Сино, ки дар ин ҷилди Осори ў ба хонанда пешниҳод карда мешавад, аз рисолаҳои «Ҷадал», «Хитоба», «Суфастоӣ» ва «Фанни шеър», ки аз бахшҳои муҳими илми мантиқи «Китоб-уш-шифо» ба шумор мераванд, иборат аст. Боиси шодмонист, ки аз нигоҳи аҳамияти илмӣ ва фарҳангии ин рисолаҳо ва назариёти мантиқӣ-гносеологии дар онҳо дарҷёфта то ҳанўз арзиши худро аз даст надодаанд. Муҳимтарин арзиши ин осор иборат аз он аст, ки дар он раванди ҳаракати ақлонии фикр аз таваҳҳумот ба сўи ҳақиқат, роҳи озод намудани тафаккури инсон аз шабаҳҳо, сафсатаву суханбозиву фиреб, дурўғу хаёлоти номатлубе, ки ба инсон ба таври мақсаднок, иҷборӣ ва ё тасодуфан бо роҳҳои мухталиф ворид мешаванд, нишон дода мешавад.
Абуалӣ ибни Сино. Осор. Ҷилди ҳафтум. – Душанбе, «Дониш», 2023. – 718 саҳ.
Ҳайати таҳририя:
Ф.К.Раҳимӣ (раис), Муҳаммад А.Н.(муовин), К.Олимов, А.Шарипов (котиб), Р.Назариев, М.Маҳмадҷонова, М.Шамсов, С.Маҳмадуллоев, И.Саидов, А.Хоҷиев, К.А.Аскардаев, Ғ.Ашуров, М.Диноршоев, Х.Додхудоев, Т.Мардонӣ, Ю.Нуралиев, С.Сулаймонов, С.Джонбобоев.
Аз арабӣ тарҷума карданд:
Рисолаи «Ҷадал» - Мақолаи аввал - С.Шаҳобиддинов, мақолаи 2 - С.Маҳмадуллоев, Ҳоҷиев, И.Саидов, Р.Назариев, мақолаҳои 3, 7 - Давлатов З., мақолаи 4-И.Гадоев; мақолаҳои 5-6 – А.Ҳоҷиев; Рисолаи «Хитоба» - А.Ҳоҷиев; Рисолаи «Суфастоӣ»- А.Ҳоҷиев, З.Давлатов; Рисолаи «Фанни шеър»- К.Аскардаев, З.Давлатов.
Муаллифони сарсухан:Муҳаммад А.Н.,Ҷонбобоев С.
Мураттиб: Кишвар Аскардаев
Муҳаррирони масъул: С. Маҳмадуллоев, М.Сайфуллаев ва А.Шарипов
Таҳрири ихтисосӣ: Маҳмадуллоев, Р. Назариев, И.Саидов, К.Аскардаев.
ИДОМАИ ҲАФРИЁТ ДАР ЁДГОРИИ БОСТОНИИ САНҶАРШОҲ

Бостоншиносони тоҷик ва шарикони хориҷии онҳо бо роҳбарии ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш, н.и.т. Шарофиддин Қурбонов ва Абдураҳмон Пулотов аз 15.05.2023 бо ҷалби донишҷӯёни факултети таърихи ДОТ дар ш. Панҷакент таҳқиқи қасри Санҷаршоҳ (ҳафриёти 7-8)-ро идома медиҳанд. Дар натиҷаи ҳафриёт дар ин мавзеъ ҳуҷрае пайдо гардид, ки андозаи он дар давраи якуми сохтмонӣ ба 15.6 x 19 метр мерасад. Бояд ёдовар шуд, ки дар натиҷаи ҳафриёти мавсими 2022 аз ин ҳуҷра пораҳои деворнигораҳо пайдо шуданд, ки аз ҳашамат ва зебоии ин қаср шаҳодат медиҳанд.
Аз нигоҳи таърихи ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ ёдгориҳои бостоншиносии Тоҷикистон ниҳоят пурарзишанд. Дар ин ҷо равшан нишон додан мумкин аст, ки маданияти аҷдодии ин сарзамин дар замонҳои дур то чӣ андоза ба қуллаи баланди ташаккули худ расида буд. Дар баробари ин алоқаи он бо тамоми марказҳои асосии тамаддуни ҷаҳонӣ равшану возеҳ мегардад. Бо дидани ёдгориҳои Тоҷикистон кас мутмаин хоҳад шуд, ки фарҳанги маҳаллӣ ба замони қадим решаҳои амиқ давондааст.
Ёдгории бостонии Санҷаршоҳи шаҳри Панҷакент аз замири чунин ёдгориҳои беназири кишвар мебошад, ки бо бозёфтҳову биноҳои нодири худ аз ҳунар, завқу ҳаваси меъмориву кулолгарии сокинони болооби водии Зарафшон дар ибтидои асрҳои миёна дарак медиҳад. Ёдгории аввали асримиёнагии Санҷаршоҳ дар деҳаи Суҷина, 12 км шарқтар аз шаҳри Панҷакент (вилояти Суғд) ҷойгир буда, мутааллиқ ба асрҳои 5-9 мелодӣ мебошад. Новабаста аз он ки қисми зиёди ёдгориро солҳои 50-70-уми асри гузашта бо мақсади бунёди боғ масъулини онвақтаи деҳаи Суҷина ҳамвор кардаанд, бостоншиносон дар талоши равшан намудани асрори зери он нуҳуфта ҳастанд. То имрӯз дар ҳудуди ёдгорӣ 8 ҳафриёти бостонӣ таҳқиқ шудааст, ки дар натиҷа барои дарки сохтори шаҳрак, ҳунар ва фарҳанги моддии он маводи пурқимати таърихӣ ба даст омадаанд.
Ҳамасола, шурӯъ аз соли 2008 аз ҷониби бостоншиносони тоҷик ва шарикони хориҷии онҳо дар асоси шартномаи ҳамкории байни Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ҷамъияти тадқиқоти Авруосиё дар ёдгории номбурда ҳафриёт гузаронида мешавад. Ҳафриёт то нимаи аввали моҳи июни соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.
Мақолаҳои дигар...
- ДАР ФАРОНСА КИТОБИ «ЛОГИСТИКА ВА ДИПЛОМАТИЯ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ» БА НАШР РАСИД
- Конференсияи байналмилалии илмии “Муштаракоти таърихиву фарҳангӣ ва робитаҳои иқтисодиву фарҳангии халқи тоҷик бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик ва дурнамои он”
- Ҷоизаи байнидавлатии доктори илмҳои физикаю математика, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон – Саидмуҳаммад ОДИНАЕВ
- ҲАШТУМИН КОНФРОНСИ БАЙНУЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ: НАҚШИ СОЗАНДАИ УЛАМОИ ҶАВОН ДАР РУШДУ ТАРАҚҚИИ ИЛМ, ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯ